caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Hijr الحجر

99 оят · Макка · тартиби нузул 54

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ الٓر تِلْكَ ءَايَٰتُ ٱلْكِتَٰبِ وَقُرْءَانٍ مُّبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАлиф, лом, ро.[1] Ин оёти китоб [-и илоҳӣ] ва Қуръони равшангар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

رُّبَمَا يَوَدُّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ لَوْ كَانُوا۟ مُسْلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЧи басо кофирон [ҳангоми рӯбарӯшавӣ бо азоби қиёмат] орзу кунанд, ки кош мусулмон буданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَرْهُمْ يَأْكُلُوا۟ وَيَتَمَتَّعُوا۟ وَيُلْهِهِمُ ٱلْأَمَلُ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигузор бихӯранд ва [аз лаззатҳои дунё] баҳраманд бошанд ва орзуҳо [-и моддӣ] саргармашон созад, пас, ба зудӣ хоҳанд донист

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَآ أَهْلَكْنَا مِن قَرْيَةٍ إِلَّا وَلَهَا كِتَابٌ مَّعْلُومٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо [сокинони] ҳеҷ [шаҳру] диёреро ҳалок накардем, магар ин ки [муҳлат ва] аҷале муайян доштанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَّا تَسْبِقُ مِنْ أُمَّةٍ أَجَلَهَا وَمَا يَسْتَـْٔخِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲеҷ уммате аз аҷали [муқаррарии] худ на пешӣ мегирад ва на [аз он] ақиб мемонад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوا۟ يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِى نُزِّلَ عَلَيْهِ ٱلذِّكْرُ إِنَّكَ لَمَجْنُونٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Кофирон] гуфтанд: «Эй касе, ки [иддао мекунӣ] Қуръон бар ту нозил шудааст, яқинан девонаӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَّوْ مَا تَأْتِينَا بِٱلْمَلَٰٓئِكَةِ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар рост мегӯӣ, чаро фариштагонро наздамон намеоварӣ [то дар бораи паёмбариат гувоҳӣ диҳанд]»?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَا نُنَزِّلُ ٱلْمَلَٰٓئِكَةَ إِلَّا بِٱلْحَقِّ وَمَا كَانُوٓا۟ إِذًا مُّنظَرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Бояд бидонанд, ки] Мо фариштагонро ба ҳақ [ва фақат дар ҳангоми азоби кофирон] нозил мекунем ва [агар барои азобашон нозил шаванд] дигар муҳлате намеёбанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا ٱلذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُۥ لَحَٰفِظُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, ки мо худ Қуръонро нозил кардем ва ҳатман, худ низ [аз ҳар гуна табдилу таҳрифе] нигаҳбонаш ҳастем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ فِى شِيَعِ ٱلْأَوَّلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] пеш аз ту низ [фиристодагони худро] миёни гурӯҳҳои пешин фиристодем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا يَأْتِيهِم مِّن رَّسُولٍ إِلَّا كَانُوا۟ بِهِۦ يَسْتَهْزِءُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲеҷ паёмбаре наздашон намеомад, магар он ки масхарааш мекарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَذَٰلِكَ نَسْلُكُهُۥ فِى قُلُوبِ ٱلْمُجْرِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИнчунин он [такзиб ва тамасхур]-ро дар дилҳои гунаҳгорон [кофирон] роҳ медиҳем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَا يُؤْمِنُونَ بِهِۦ وَقَدْ خَلَتْ سُنَّةُ ٱلْأَوَّلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон ба он [Қуръон] имон намеоваранд ва шеваи [Аллоҳ таоло дар муҷозоти] пешиниён [низ чунин] рафтааст [ки ононро бо азобе дарднок ҳалок намояд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ فَتَحْنَا عَلَيْهِم بَابًا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ فَظَلُّوا۟ فِيهِ يَعْرُجُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ҳатто] агар даре аз осмон ба рӯйи онон мекушодем, то пайваста дар он боло раванд [ва шигифтиҳои малакутро бубинанд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَقَالُوٓا۟ إِنَّمَا سُكِّرَتْ أَبْصَٰرُنَا بَلْ نَحْنُ قَوْمٌ مَّسْحُورُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан, боз ҳам мегуфтанд: «Бе тардид, моро чашмбандӣ кардаанд, балки мо гурӯҳе ҷодушудаем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ جَعَلْنَا فِى ٱلسَّمَآءِ بُرُوجًا وَزَيَّنَّٰهَا لِلنَّٰظِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба ростӣ, мо дар осмон ситорагоне [бузургу дурахшон] қарор додем ва онҳоро барои тамошогарон оростем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَحَفِظْنَٰهَا مِن كُلِّ شَيْطَٰنٍ رَّجِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа онро аз [вуруду дастбурди] ҳар шайтони рондашуда ҳифз кардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَّا مَنِ ٱسْتَرَقَ ٱلسَّمْعَ فَأَتْبَعَهُۥ شِهَابٌ مُّبِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар он ки [аз малакутиён] дуздона сухане бишнавад, ки [дар он сурат] шиҳобе равшан ӯро дунбол мекунад [ва месӯзонад]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلْأَرْضَ مَدَدْنَٰهَا وَأَلْقَيْنَا فِيهَا رَوَٰسِىَ وَأَنۢبَتْنَا فِيهَا مِن كُلِّ شَىْءٍ مَّوْزُونٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа заминро густурдем ва дар он кӯҳҳои устуворе афкандем ва аз ҳар гиёҳи санҷида [ва муносибе] дар он руёнидем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَعَلْنَا لَكُمْ فِيهَا مَعَٰيِشَ وَمَن لَّسْتُمْ لَهُۥ بِرَٰزِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар он барои шумо ва барои касе, ки рӯзирасонаш нестед [соири мардум ва мавҷудоти зинда], асбоби зиндагӣ падид овардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِن مِّن شَىْءٍ إِلَّا عِندَنَا خَزَآئِنُهُۥ وَمَا نُنَزِّلُهُۥٓ إِلَّا بِقَدَرٍ مَّعْلُومٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳеҷ чиз нест, магар он ки ганҷинаҳояш назди Мост ва Мо онро ҷуз ба андозаи муайян фурӯ намефиристем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَرْسَلْنَا ٱلرِّيَٰحَ لَوَٰقِحَ فَأَنزَلْنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً فَأَسْقَيْنَٰكُمُوهُ وَمَآ أَنتُمْ لَهُۥ بِخَٰزِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бодҳоро борваркунанда [-и абрҳо] фиристодем, сипас аз осмонҳо обе нозил кардем ва бо он серобатон сохтем, дар ҳоле ки шумо захиракунандааш нестед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّا لَنَحْنُ نُحْىِۦ وَنُمِيتُ وَنَحْنُ ٱلْوَٰرِثُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа яқинан, моем, ки зинда мекунем ва мемиронем ва Мо [бозмондаи ҷовиду] ворис [-и ҳамаи ҷаҳониён] ҳастем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ عَلِمْنَا ٱلْمُسْتَقْدِمِينَ مِنكُمْ وَلَقَدْ عَلِمْنَا ٱلْمُسْتَـْٔخِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бе тардид, [таваллуду марги] гузаштагони шуморо донистаем ва яқинан [таваллуду марги] ояндагонро [низ ба хубӣ] медонем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّ رَبَّكَ هُوَ يَحْشُرُهُمْ إِنَّهُۥ حَكِيمٌ عَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй паёмбар] бе гумон, Парвардигорат [ҳамаи] ононро [дар қиёмат] маҳшур мекунад. Ба ростӣ, ки Ӯ ҳакиму доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ خَلَقْنَا ٱلْإِنسَٰنَ مِن صَلْصَٰلٍ مِّنْ حَمَإٍ مَّسْنُونٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар ҳақиқат, Мо [нахустин] инсон [Одам]-ро аз гили хушк [-и бозмонда] аз лойи бӯйгирифта офаридем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلْجَآنَّ خَلَقْنَٰهُ مِن قَبْلُ مِن نَّارِ ٱلسَّمُومِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа пеш аз он ҷинро аз оташе сӯзон офаридем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَٰٓئِكَةِ إِنِّى خَٰلِقٌۢ بَشَرًا مِّن صَلْصَٰلٍ مِّنْ حَمَإٍ مَّسْنُونٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ёд кун] аз ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон фармуд: «Ҳамоно ман башареро аз гили хушк [-и бозмонда] аз лойи бӯйгирифта хоҳем офарид

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِذَا سَوَّيْتُهُۥ وَنَفَخْتُ فِيهِ مِن رُّوحِى فَقَعُوا۟ لَهُۥ سَٰجِدِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, чун [ӯро офаридем ва] ба ӯ сомон додем ва аз рӯҳи хеш дар вай дамидем, [ба нишонаи итоат аз фармони Ман ҳамагӣ] бар ӯ саҷда кунед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَسَجَدَ ٱلْمَلَٰٓئِكَةُ كُلُّهُمْ أَجْمَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَّآ إِبْلِيسَ أَبَىٰٓ أَن يَكُونَ مَعَ ٱلسَّٰجِدِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар Иблис, ки аз он ки бо саҷдакунандагон бошад, сарпечӣ кард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ يَٰٓإِبْلِيسُ مَا لَكَ أَلَّا تَكُونَ مَعَ ٱلسَّٰجِدِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Иблис, чаро ту бо саҷдакунандагон [ҳамроҳ] нестӣ»?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ لَمْ أَكُن لِّأَسْجُدَ لِبَشَرٍ خَلَقْتَهُۥ مِن صَلْصَٰلٍ مِّنْ حَمَإٍ مَّسْنُونٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Иблис] гуфт: «Ман он нестам, ки барои башаре, ки ӯро аз гили хушк [-и бозмонда] аз лойи бӯйгирифта офаридаӣ саҷда кунам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ فَٱخْرُجْ مِنْهَا فَإِنَّكَ رَجِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Аз он ҷо [биҳишт] берун шав, [ки] бе тардид, ту [аз боргоҳи Мо] рондашудаӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّ عَلَيْكَ ٱللَّعْنَةَ إِلَىٰ يَوْمِ ٱلدِّينِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа яқинан, то рӯзи қиёмат бар ту лаънат хоҳад буд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ رَبِّ فَأَنظِرْنِىٓ إِلَىٰ يَوْمِ يُبْعَثُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Иблис] Гуфт: «Парвардигоро, то рӯзе, ки [мардум] барангехта мешаванд, ба ман муҳлат бидеҳ [ва намирон]»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ فَإِنَّكَ مِنَ ٱلْمُنظَرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] Фармуд: «[Бирав, ки] Яқинан, ту аз муҳлатёфтагонӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَىٰ يَوْمِ ٱلْوَقْتِ ٱلْمَعْلُومِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо рӯзи он вақти маълум [ки тамоми махлуқот бо нафхаи нахуст мемиранд]»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ رَبِّ بِمَآ أَغْوَيْتَنِى لَأُزَيِّنَنَّ لَهُمْ فِى ٱلْأَرْضِ وَلَأُغْوِيَنَّهُمْ أَجْمَعِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ӯ] Гуфт: «Парвардигоро, ба сабаби он ки маро гумроҳ сохтӣ, дар замин [бадиҳоро] дар назарашон нек ҷилва медиҳам ва ҳамаи ононро ба гумроҳӣ мекашонам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَّا عِبَادَكَ مِنْهُمُ ٱلْمُخْلَصِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар бандагони холиси Ту аз [миёни] онон [ки ҳидояташон кардаӣ]»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ هَٰذَا صِرَٰطٌ عَلَىَّ مُسْتَقِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Ин [ихлос] роҳи мустақимест [ки ба Ман мерасад]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ عِبَادِى لَيْسَ لَكَ عَلَيْهِمْ سُلْطَٰنٌ إِلَّا مَنِ ٱتَّبَعَكَ مِنَ ٱلْغَاوِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан, ту бар бандагонам тасаллуте надорӣ, магар [бар он мушрикон ва] гумроҳоне, ки аз ту пайравӣ мекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمَوْعِدُهُمْ أَجْمَعِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бе тардид, дузах ваъдагоҳи ҳамаи онон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَهَا سَبْعَةُ أَبْوَٰبٍ لِّكُلِّ بَابٍ مِّنْهُمْ جُزْءٌ مَّقْسُومٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Дузах] Ҳафт дар дорад [ва] барои ҳар даре гурӯҳе аз онон тақсим [ва мушаххас] шудаанд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلْمُتَّقِينَ فِى جَنَّٰتٍ وَعُيُونٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан, парҳезгорон дар боғҳо [-и биҳишт] ва дар [канори] чашмаҳо ҳастанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱدْخُلُوهَا بِسَلَٰمٍ ءَامِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲангоми вуруд ба онон гуфта мешавад] «Ба саломат ва эминӣ ба он [боғҳо] ворид шавед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَنَزَعْنَا مَا فِى صُدُورِهِم مِّنْ غِلٍّ إِخْوَٰنًا عَلَىٰ سُرُرٍ مُّتَقَٰبِلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн чи дар дилҳояшон аз кина [ва ҳасад] аст, бармеканем, бародарона бар тахтҳо рӯбарӯйи якдигаранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَا يَمَسُّهُمْ فِيهَا نَصَبٌ وَمَا هُم مِّنْهَا بِمُخْرَجِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар он ҷо на ранҷе ба онон мерасад ва на аз он ҷо берун ронда мешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

نَبِّئْ عِبَادِىٓ أَنِّىٓ أَنَا ٱلْغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Ба бандагонам хабар бидеҳ, ки ман омурзандаи меҳрубонам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَنَّ عَذَابِى هُوَ ٱلْعَذَابُ ٱلْأَلِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ин ки азоби ман азобе дарднок аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَنَبِّئْهُمْ عَن ضَيْفِ إِبْرَٰهِيمَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз меҳмонони Иброҳим [низ] ба онон хабар бидеҳ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ دَخَلُوا۟ عَلَيْهِ فَقَالُوا۟ سَلَٰمًا قَالَ إِنَّا مِنكُمْ وَجِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲангоме ки бар ӯ ворид шуданд, салом гуфтанд, [аммо чун даст ба ғизо набурданд, Иброҳим] гуфт: «Мо аз шумо ҳаросонем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ لَا تَوْجَلْ إِنَّا نُبَشِّرُكَ بِغُلَٰمٍ عَلِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон гуфтанд: «Натарс, мо туро ба писаре доно мужда медиҳем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ أَبَشَّرْتُمُونِى عَلَىٰٓ أَن مَّسَّنِىَ ٱلْكِبَرُ فَبِمَ تُبَشِّرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Иброҳим] Гуфт: «Оё бо ин ки солхӯрда шудаам, мужда [-и таваллуди фарзанд] ба ман медиҳед? Ба чи [далел инчунин] башорат медиҳед»?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ بَشَّرْنَٰكَ بِٱلْحَقِّ فَلَا تَكُن مِّنَ ٱلْقَٰنِطِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон гуфтанд: «Мо туро ба дурустӣ башорат додем, пас, ноумед набош»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ وَمَن يَقْنَطُ مِن رَّحْمَةِ رَبِّهِۦٓ إِلَّا ٱلضَّآلُّونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Иброҳим] Гуфт: «Ва ҷуз гумроҳон чи касе аз раҳмати Парвардигораш ноумед мегардад»?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ فَمَا خَطْبُكُمْ أَيُّهَا ٱلْمُرْسَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Он гоҳ ба фариштагон] гуфт: «Эй фиристодагон, кор [-у маъмурият]-и шумо чист»?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوٓا۟ إِنَّآ أُرْسِلْنَآ إِلَىٰ قَوْمٍ مُّجْرِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон гуфтанд: «Дар ҳақиқат, мо ба сӯйи қавми гунаҳгор [-и Лут] фиристода шудаем [то ҳалокашон кунем]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَّآ ءَالَ لُوطٍ إِنَّا لَمُنَجُّوهُمْ أَجْمَعِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ҷуз хонаводаи Лут, ки мо яқинан, ҳамаи ононро наҷот хоҳем дод

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَّا ٱمْرَأَتَهُۥ قَدَّرْنَآ إِنَّهَا لَمِنَ ٱلْغَٰبِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар ҳамсараш, ки муқаддар кардаем, ки аз бозмондагон [дар азоб] бошад»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا جَآءَ ءَالَ لُوطٍ ٱلْمُرْسَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳангоме ки фариштагон [-и Аллоҳ таоло ба шакли инсон] назди хонадони Лут омаданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ إِنَّكُمْ قَوْمٌ مُّنكَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ӯ] Гуфт: «Шумо гурӯҳе ношинос ҳастед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ بَلْ جِئْنَٰكَ بِمَا كَانُوا۟ فِيهِ يَمْتَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Фариштагон] Гуфтанд: «Балки мо ҳамон чизеро бароят овардаем, ки [ин мардуми гунаҳгор] дар борааш тардид мекарданд [нузули азоб]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَتَيْنَٰكَ بِٱلْحَقِّ وَإِنَّا لَصَٰدِقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа мо бароят [хабари ҳақиқӣ ва] рост овардаем ва ҳатман, мо ростгӯем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَسْرِ بِأَهْلِكَ بِقِطْعٍ مِّنَ ٱلَّيْلِ وَٱتَّبِعْ أَدْبَٰرَهُمْ وَلَا يَلْتَفِتْ مِنكُمْ أَحَدٌ وَٱمْضُوا۟ حَيْثُ تُؤْمَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, посе аз шаб [ки гузашт] хонаводаатро бо худ [аз ин ҷо] бибар ва [худат] ба дунболашон бирав ва ҳеҷ як аз шумо пушти сарашро нигоҳ накунад ва ба ҷойе, ки ба шумо фармон медиҳанд, биравед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَضَيْنَآ إِلَيْهِ ذَٰلِكَ ٱلْأَمْرَ أَنَّ دَابِرَ هَٰٓؤُلَآءِ مَقْطُوعٌ مُّصْبِحِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Мо ӯ [Лут]-ро аз ин амр огоҳ кардем, ки субҳгоҳон решаи онон канда хоҳад шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَآءَ أَهْلُ ٱلْمَدِينَةِ يَسْتَبْشِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аҳли шаҳр, дар ҳоле ки [дар бораи омадани афроди ҷадид] бо шодӣ [ба якдигар] хабар медоданд, [ба сӯйи хонаи Лут] омаданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ ضَيْفِى فَلَا تَفْضَحُونِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Лут] Гуфт: «Инҳо меҳмонони ман ҳастанд, пас, маро расво [ва шармандаи меҳмононам] накунед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ وَلَا تُخْزُونِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз Аллоҳ таоло битарсед ва саршикастаам насозед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوٓا۟ أَوَلَمْ نَنْهَكَ عَنِ ٱلْعَٰلَمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Онон] Гуфтанд: «Магар мо туро аз [мизбонии] афроди [ғариб] наҳй накардем»?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ هَٰٓؤُلَآءِ بَنَاتِىٓ إِن كُنتُمْ فَٰعِلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Лут] Гуфт: «Агар мехоҳед, [коре ҳалол] анҷом диҳед, инҳо духтарони [уммати] ман ҳастанд [бо эшон издивоҷ кунед]»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَعَمْرُكَ إِنَّهُمْ لَفِى سَكْرَتِهِمْ يَعْمَهُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСавганд ба ҷони ту [эй паёмбар], ки онон дар мастии хеш саргашта буданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَخَذَتْهُمُ ٱلصَّيْحَةُ مُشْرِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳангоми баромадани офтоб бонги [маргбор] ононро фаро гирифт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَجَعَلْنَا عَٰلِيَهَا سَافِلَهَا وَأَمْطَرْنَا عَلَيْهِمْ حِجَارَةً مِّن سِجِّيلٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ он [сарзамин]-ро зерурӯ кардем ва бар онон санггилҳое паёпай боридем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَٰتٍ لِّلْمُتَوَسِّمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа яқин, дар ин [кайфар] барои ҳушёрон ибратҳост

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّهَا لَبِسَبِيلٍ مُّقِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он [шаҳрҳои вайрона ҳанӯз] бар сари роҳи [мусофирон] побарҷост.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَةً لِّلْمُؤْمِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан, дар ин [азоб] нишонаҳое барои [ибрат гирифтани] муъминон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِن كَانَ أَصْحَٰبُ ٱلْأَيْكَةِ لَظَٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа асҳоби Айка [қавми Шуайб], ҳатман, ситамгор буданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱنتَقَمْنَا مِنْهُمْ وَإِنَّهُمَا لَبِإِمَامٍ مُّبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [Мо] аз онон интиқом гирифтем ва [шаҳрҳои вайроншудаи] ин ду [қавм] бар сари роҳ ошкор аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ كَذَّبَ أَصْحَٰبُ ٱلْحِجْرِ ٱلْمُرْسَلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бе тардид, аҳли Ҳиҷр [қавми Самуд] паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَءَاتَيْنَٰهُمْ ءَايَٰتِنَا فَكَانُوا۟ عَنْهَا مُعْرِضِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [Мо муъҷизот ва] нишонаҳои худро ба онон додем, ва [-ле] аз онҳо рӯйгардон шуданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَانُوا۟ يَنْحِتُونَ مِنَ ٱلْجِبَالِ بُيُوتًا ءَامِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз кӯҳҳо хонаҳое [барои худ] метарошиданд, ки дар амон бимонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَخَذَتْهُمُ ٱلصَّيْحَةُ مُصْبِحِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, субҳгоҳон бонг [-и маргбор] ононро фаро гирифт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَمَآ أَغْنَىٰ عَنْهُم مَّا كَانُوا۟ يَكْسِبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он чи [аз амволу хонаҳои маҳкам] ба даст оварда буданд, суде ба ҳолашон надошт [ва азоби илоҳиро дафъ накард]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا خَلَقْنَا ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَآ إِلَّا بِٱلْحَقِّ وَإِنَّ ٱلسَّاعَةَ لَـَٔاتِيَةٌ فَٱصْفَحِ ٱلصَّفْحَ ٱلْجَمِيلَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Мо осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ҷуз ба ҳақ наофаридаем ва қиёмат ҳатман, омаданӣ аст, пас, [эй паёмбар аз кофирон] ба накуӣ гузашт кун.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ رَبَّكَ هُوَ ٱلْخَلَّٰقُ ٱلْعَلِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, Парвардигорат ҳамон офаринишгари доност.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ ءَاتَيْنَٰكَ سَبْعًا مِّنَ ٱلْمَثَانِى وَٱلْقُرْءَانَ ٱلْعَظِيمَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба ростӣ, Мо ба ту [сабъу-л-масонӣ» [сураи Фотиҳа] ва Қуръони бузургро додем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَا تَمُدَّنَّ عَيْنَيْكَ إِلَىٰ مَا مَتَّعْنَا بِهِۦٓ أَزْوَٰجًا مِّنْهُمْ وَلَا تَحْزَنْ عَلَيْهِمْ وَٱخْفِضْ جَنَاحَكَ لِلْمُؤْمِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Бинобар ин] Ҳаргиз ба он чи [аз неъматҳои дунявие], ки гурӯҳҳое аз онон [кофирон]-ро баҳраманд кардаем, чашм надӯз ва ба хотири [носипосӣ ва ширки] онон андуҳгин мабош ва бо муъминон фурӯтанӣ кун

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقُلْ إِنِّىٓ أَنَا ٱلنَّذِيرُ ٱلْمُبِينُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бигӯ: «Ба ростӣ, ки ман ҳамон бимдиҳандаи ошкорам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَمَآ أَنزَلْنَا عَلَى ٱلْمُقْتَسِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ва ононро аз азоб битарсон] Ҳамон гуна ки [онро] бар тақсимкунандагон [-и оёти илоҳӣ] фиристодем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ جَعَلُوا۟ ٱلْقُرْءَانَ عِضِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамон касоне, ки Қуръонро [ба] бахшҳо [-е ҳамчун шеъру пешгӯӣ ва ҷоду тақсим] карданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَوَرَبِّكَ لَنَسْـَٔلَنَّهُمْ أَجْمَعِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, савганд ба Парвардигорат, ҳатман, [дар қиёмат] аз ҳамаи онон суол хоҳем кард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

عَمَّا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАз он чи мекарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱصْدَعْ بِمَا تُؤْمَرُ وَأَعْرِضْ عَنِ ٱلْمُشْرِكِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [эй Паёмбар] он чи [-ро, ки аз сӯйи Аллоҳ таоло] дастур ёфтаӣ, ошкор кун ва аз мушрикон рӯ бигардон

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّا كَفَيْنَٰكَ ٱلْمُسْتَهْزِءِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, Мо [шарри] масхаракунандагонро аз ту дур мекунем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ يَجْعَلُونَ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон, ки [барои худ] бо Аллоҳ таоло маъбуди дигаре қарор медиҳанд, пас, ба зудӣ [натиҷаи ширки хешро] хоҳанд донист

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ نَعْلَمُ أَنَّكَ يَضِيقُ صَدْرُكَ بِمَا يَقُولُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй паёмбар] яқинан, Мо медонем, ки ту аз он чи онон [кофирон] мегӯянд, озурдахотир мегардӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ وَكُن مِّنَ ٱلسَّٰجِدِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ бигӯ ва аз саҷдакунандагон бош

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱعْبُدْ رَبَّكَ حَتَّىٰ يَأْتِيَكَ ٱلْيَقِينُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа то ҳангоме ки маргат фаро мерасад, Парвардигоратро парастиш кун

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70