Асосӣ › Сураҳо › Сураи Ibrahim
Сураи Ibrahim ابراهيم
52 оят · Макка · тартиби нузул 72
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ الٓر كِتَٰبٌ أَنزَلْنَٰهُ إِلَيْكَ لِتُخْرِجَ ٱلنَّاسَ مِنَ ٱلظُّلُمَٰتِ إِلَى ٱلنُّورِ بِإِذْنِ رَبِّهِمْ إِلَىٰ صِرَٰطِ ٱلْعَزِيزِ ٱلْحَمِيدِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Алиф, лом, ро.[1] Ин [Қуръон] китобест, ки бар ту нозил кардем, то мардумро ба фармони Парвардигорашон аз торикиҳо [-и ширку ҷаҳл] ба рӯшноӣ [-и имон ва дониш] берун оварӣ, ба роҳи [Парвардигори] шикастнопазири сутуда
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱللَّهِ ٱلَّذِى لَهُۥ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ وَوَيْلٌ لِّلْكَٰفِرِينَ مِنْ عَذَابٍ شَدِيدٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳамон] Аллоҳ таоло, ки он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ва вой бар кофирон аз азобе сахт!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلَّذِينَ يَسْتَحِبُّونَ ٱلْحَيَوٰةَ ٱلدُّنْيَا عَلَى ٱلْـَٔاخِرَةِ وَيَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَيَبْغُونَهَا عِوَجًا أُو۟لَٰٓئِكَ فِى ضَلَٰلٍۭ بَعِيدٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Касоне, ки зиндагии дунёро бар охират тарҷеҳ медиҳанд ва [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоранд ва он роҳро мунҳариф мехоҳанд, инон дар гумроҳии дуру дарозе ҳастанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَآ أَرْسَلْنَا مِن رَّسُولٍ إِلَّا بِلِسَانِ قَوْمِهِۦ لِيُبَيِّنَ لَهُمْ فَيُضِلُّ ٱللَّهُ مَن يَشَآءُ وَيَهْدِى مَن يَشَآءُ وَهُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Мо ҳеҷ паёмбареро ҷуз ба забони қавмаш нафиристодем, то [битавонад паёми илоҳиро] барояшон баён кунад. Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, [ба адолати хеш] гумроҳ месозад ва [ба фазли хеш] ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مُوسَىٰ بِـَٔايَٰتِنَآ أَنْ أَخْرِجْ قَوْمَكَ مِنَ ٱلظُّلُمَٰتِ إِلَى ٱلنُّورِ وَذَكِّرْهُم بِأَيَّىٰمِ ٱللَّهِ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَٰتٍ لِّكُلِّ صَبَّارٍ شَكُورٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ба ростӣ, Мо Мӯсоро бо нишонаҳое равшани худ фиристодем [ва ба ӯ дастур додем], ки: «Қавматро аз торикиҳо [-и куфр] ба рӯшноии [тавҳид] берун овар ва рӯзҳои Аллоҳро ба онон ёдоварӣ кун. Бе тардид, дар ин [ёдоварӣ] барои ҳар шикебои шукргузор нишонаҳое [аз яктоӣ ва бузургии Аллоҳ таоло] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِ ٱذْكُرُوا۟ نِعْمَةَ ٱللَّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ أَنجَىٰكُم مِّنْ ءَالِ فِرْعَوْنَ يَسُومُونَكُمْ سُوٓءَ ٱلْعَذَابِ وَيُذَبِّحُونَ أَبْنَآءَكُمْ وَيَسْتَحْيُونَ نِسَآءَكُمْ وَفِى ذَٰلِكُم بَلَآءٌ مِّن رَّبِّكُمْ عَظِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй Паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред, он гоҳ, ки аз [чанголи] фиръавниён наҷотатон дод, ки бадтарин [ва сахттарин] азобро бар саратон меоварданд: писаронатонро мекуштанд ва занонатонро [барои канизӣ] зинда мегузоштанд ва дар ин [амр] аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо озмоише бузург буд [то шикебоиятонро биёзмояд]»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذْ تَأَذَّنَ رَبُّكُمْ لَئِن شَكَرْتُمْ لَأَزِيدَنَّكُمْ وَلَئِن كَفَرْتُمْ إِنَّ عَذَابِى لَشَدِيدٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ёд кунед аз] ҳангоме ки Парвардигоратон фармуд, ки: «Агар шукр гузоред, яқинан, [неъматамро] бар шумо меафзоям ва агар носипосӣ кунед, яқинан, азоби ман сахт аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ مُوسَىٰٓ إِن تَكْفُرُوٓا۟ أَنتُمْ وَمَن فِى ٱلْأَرْضِ جَمِيعًا فَإِنَّ ٱللَّهَ لَغَنِىٌّ حَمِيدٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Мӯсо ба [онон] гуфт: «Агар шумо ва ҳамаи мардуми рӯи замин кофир шавед, пас, [ба Аллоҳ таоло ҳеҷ зиёне намерасад, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَلَمْ يَأْتِكُمْ نَبَؤُا۟ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ قَوْمِ نُوحٍ وَعَادٍ وَثَمُودَ وَٱلَّذِينَ مِنۢ بَعْدِهِمْ لَا يَعْلَمُهُمْ إِلَّا ٱللَّهُ جَآءَتْهُمْ رُسُلُهُم بِٱلْبَيِّنَٰتِ فَرَدُّوٓا۟ أَيْدِيَهُمْ فِىٓ أَفْوَٰهِهِمْ وَقَالُوٓا۟ إِنَّا كَفَرْنَا بِمَآ أُرْسِلْتُم بِهِۦ وَإِنَّا لَفِى شَكٍّ مِّمَّا تَدْعُونَنَآ إِلَيْهِ مُرِيبٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй кофирон] Оё хабари [ҳалокати] касоне, ки пеш аз шумо буданд, [монанди] қавми Нуҳ ва Од ва Самуд ва [низ] онон, ки баъд аз эшон буданд [ва] ҷуз Аллоҳ таоло касе аз онон хабар надорад, ба шумо нарасидааст? Паёмбаронашон бо далоил [-у муъҷизот]-и равшан ба сӯяшон омаданд, вале онон [ба нишонаи мухолифат] дастҳояшонро бар даҳонҳояшон ниҳоданд ва [ангушт ба дандон газиданду] гуфтанд: «Мо он чиро, ки шумо барои [иблоғи] он фиристода шудаед, инкор мекунем ва дар бораи он чи моро ба сӯяш мехонед, сахт дар тардидем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَتْ رُسُلُهُمْ أَفِى ٱللَّهِ شَكٌّ فَاطِرِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ يَدْعُوكُمْ لِيَغْفِرَ لَكُم مِّن ذُنُوبِكُمْ وَيُؤَخِّرَكُمْ إِلَىٰٓ أَجَلٍ مُّسَمًّى قَالُوٓا۟ إِنْ أَنتُمْ إِلَّا بَشَرٌ مِّثْلُنَا تُرِيدُونَ أَن تَصُدُّونَا عَمَّا كَانَ يَعْبُدُ ءَابَآؤُنَا فَأْتُونَا بِسُلْطَٰنٍ مُّبِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Паёмбаронашон гуфтанд: «Оё дар [ягонагии] Аллоҳ таоло – Офаринандаи осмонҳо ва замин тардиде ҳаст? Ӯ шуморо [ба имон] фаро мехонад, то гуноҳонатонро бибахшояд ва ба шумо то муддати муайяне муҳлат диҳад». Онон гуфтанд: «Шумо ҷуз башаре ҳаммонанди мо нестед, [ва] мехоҳед моро аз он чи ки падаронамон мепарастиданд, боздоред. Пас, далели ошкоре [дар мавриди ростгӯиятон] бароямон биёваред»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَتْ لَهُمْ رُسُلُهُمْ إِن نَّحْنُ إِلَّا بَشَرٌ مِّثْلُكُمْ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يَمُنُّ عَلَىٰ مَن يَشَآءُ مِنْ عِبَادِهِۦ وَمَا كَانَ لَنَآ أَن نَّأْتِيَكُم بِسُلْطَٰنٍ إِلَّا بِإِذْنِ ٱللَّهِ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ ٱلْمُؤْمِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Паёмбаронашон ба онон гуфтанд: «[Оре] Мо ҷуз инсонҳое монанди шумо нестем, вале Аллоҳ таоло бар ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад [бо неъмати нубувват] миннат мениҳад ва сазовор нест, ки мо ҷуз ба иҷозати Аллоҳ таоло барои шумо далеле биёварем. Пас, муъминон бояд бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا لَنَآ أَلَّا نَتَوَكَّلَ عَلَى ٱللَّهِ وَقَدْ هَدَىٰنَا سُبُلَنَا وَلَنَصْبِرَنَّ عَلَىٰ مَآ ءَاذَيْتُمُونَا وَعَلَى ٱللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ ٱلْمُتَوَكِّلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва чаро бар Аллоҳ таоло таваккал накунем ва ҳол он ки ӯ моро ба роҳҳои [саодат]-амон ҳидоят намуд? Ва мо бар озоре, ки [дар роҳи рисолат] ба мо мерасонед, ҳатман, шикебоӣ мекунем ва таваккалкунандагон бояд фақат бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ لِرُسُلِهِمْ لَنُخْرِجَنَّكُم مِّنْ أَرْضِنَآ أَوْ لَتَعُودُنَّ فِى مِلَّتِنَا فَأَوْحَىٰٓ إِلَيْهِمْ رَبُّهُمْ لَنُهْلِكَنَّ ٱلظَّٰلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки куфр варзиданд ба паёмбаронашон гуфтанд: «Ё шуморо аз сарзаминамон берун мекунем ё ба оини мо бозгардед». Пас, Парвардигорашон ба онон ваҳй кард, ки: «Яқинан ситамгоронро нобуд мекунем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَنُسْكِنَنَّكُمُ ٱلْأَرْضَ مِنۢ بَعْدِهِمْ ذَٰلِكَ لِمَنْ خَافَ مَقَامِى وَخَافَ وَعِيدِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ҳатман, шуморо пас аз онон дар замин ҷой хоҳем дод. Ин [азобу подош] барои касест, ки аз истодан [ба ҳангоми ҳисобрасӣ] дар пешгоҳи ман битарсад ва аз таҳдидам биҳаросад»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱسْتَفْتَحُوا۟ وَخَابَ كُلُّ جَبَّارٍ عَنِيدٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [паёмбарон аз Аллоҳ таоло] дархости пирӯзӣ [бар кофиронро] карданд ва [саранҷом] ҳар гарданкаши ситезаҷӯ ноком [-у нобуд] шуд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مِّن وَرَآئِهِۦ جَهَنَّمُ وَيُسْقَىٰ مِن مَّآءٍ صَدِيدٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ҳамон ки] Дузах пешорӯи ӯст ва ба вай обе аз чирки хунолуди [дузахиён] менӯшонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَتَجَرَّعُهُۥ وَلَا يَكَادُ يُسِيغُهُۥ وَيَأْتِيهِ ٱلْمَوْتُ مِن كُلِّ مَكَانٍ وَمَا هُوَ بِمَيِّتٍ وَمِن وَرَآئِهِۦ عَذَابٌ غَلِيظٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Обе] Ки онро ҷуръа-ҷуръа меошомад ва [аз фарти тааффуну талхӣ] фурӯ бурданаш осону гуворо нест ва марг аз ҳар тараф рӯ ба сӯяш меоварад, вале намемирад ва азобе сахт [-у саҳмгине] пешорӯйи ӯст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَّثَلُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ بِرَبِّهِمْ أَعْمَٰلُهُمْ كَرَمَادٍ ٱشْتَدَّتْ بِهِ ٱلرِّيحُ فِى يَوْمٍ عَاصِفٍ لَّا يَقْدِرُونَ مِمَّا كَسَبُوا۟ عَلَىٰ شَىْءٍ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلضَّلَٰلُ ٱلْبَعِيدُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Масали касоне, ки ба Правардигорашон куфр варзидаанд, [ин аст, ки] рафторашон ҳамчун хокистарест, ки дар рӯзи тӯфонӣ бод бар он мевазад, ки аз он чи кардаанд, чизе дар даст надоранд. Ин ҳамон гумроҳии дуру дароз аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَلَمْ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ بِٱلْحَقِّ إِن يَشَأْ يُذْهِبْكُمْ وَيَأْتِ بِخَلْقٍ جَدِيدٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй инсон] Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло осмонҳо ва заминро ба ҳақ офаридааст? Агар бихоҳад, шуморо [аз миён] мебарад ва офаринише ҷадид [ба ҷоятон падид] меоварад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ بِعَزِيزٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ин [кор] бар Аллоҳ таоло душвор нест
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَبَرَزُوا۟ لِلَّهِ جَمِيعًا فَقَالَ ٱلضُّعَفَٰٓؤُا۟ لِلَّذِينَ ٱسْتَكْبَرُوٓا۟ إِنَّا كُنَّا لَكُمْ تَبَعًا فَهَلْ أَنتُم مُّغْنُونَ عَنَّا مِنْ عَذَابِ ٱللَّهِ مِن شَىْءٍ قَالُوا۟ لَوْ هَدَىٰنَا ٱللَّهُ لَهَدَيْنَٰكُمْ سَوَآءٌ عَلَيْنَآ أَجَزِعْنَآ أَمْ صَبَرْنَا مَا لَنَا مِن مَّحِيصٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [рӯзи қиёмат] ҳамагӣ дар пешгоҳи Аллоҳ таоло ҳозир [-у ошкор] мешаванд, пас, [дар ин ҳангом] ситамдидагон ба касоне, ки гарданкашӣ мекарданд, мегӯянд: « Мо [дар дунё] пайрави шумо будем, пас, оё [имрӯз] метавонед, чизе аз азоби Аллоҳро аз мо боздоред»? Онон мегӯянд: «Агар Аллоҳ таоло моро [дар дунё ба сӯйи растагорӣ] роҳнамоӣ мекард, мо низ роҳро ба шумо нишон медодем. Чи бетобӣ кунем ё шикебоӣ намоем, бароямон яксон аст. [Ҳеҷ] Гурезгоҳе надорем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ ٱلشَّيْطَٰنُ لَمَّا قُضِىَ ٱلْأَمْرُ إِنَّ ٱللَّهَ وَعَدَكُمْ وَعْدَ ٱلْحَقِّ وَوَعَدتُّكُمْ فَأَخْلَفْتُكُمْ وَمَا كَانَ لِىَ عَلَيْكُم مِّن سُلْطَٰنٍ إِلَّآ أَن دَعَوْتُكُمْ فَٱسْتَجَبْتُمْ لِى فَلَا تَلُومُونِى وَلُومُوٓا۟ أَنفُسَكُم مَّآ أَنَا۠ بِمُصْرِخِكُمْ وَمَآ أَنتُم بِمُصْرِخِىَّ إِنِّى كَفَرْتُ بِمَآ أَشْرَكْتُمُونِ مِن قَبْلُ إِنَّ ٱلظَّٰلِمِينَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва чун кори [доварӣ] анҷом шуд, шайтон мегӯяд: «Бе тардид, Аллоҳ таоло ба шумо ваъда дод ва ваъдаи росту дуруст ва ман ба шумо ваъда[-и дурӯғин] додам ва бо шумо хилофи ваъда кардам ва ман бар шумо ҳеҷ тасаллуте надоштам, ҷуз ин ки даъвататон кардам ва шумо [низ] иҷобатам намудед. Пас, маро сарзаниш накунед ва худро сарзаниш кунед. [Имрӯз] На ман фарёдраси шумо ҳастам ва на шумо фарёдраси ман ҳастед. Ман безорам аз ин ки пеш аз ин маро [бо Аллоҳ таоло] шарик мегирифтед. Ситамгорони [мушрик] азобе пурдард хоҳанд дошт
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأُدْخِلَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ جَنَّٰتٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ تَحِيَّتُهُمْ فِيهَا سَلَٰمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, ба боғҳои [биҳиште] дароварда мешаванд, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст. Ба фармони Парвардигорашон дар он ҷовидонанд ва дурудашон дар он ҷо «салом» аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَلَمْ تَرَ كَيْفَ ضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلًا كَلِمَةً طَيِّبَةً كَشَجَرَةٍ طَيِّبَةٍ أَصْلُهَا ثَابِتٌ وَفَرْعُهَا فِى ٱلسَّمَآءِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар] Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло чи гуна масал задааст? Калимаи пок [-и ло илоҳа иллаллоҳ] ҳамчун дарахти [нахли тануманду] покест, ки решааш [дар аъмоқи замин] устувор аст ва шохааш бар осмон [сар бароварда] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
تُؤْتِىٓ أُكُلَهَا كُلَّ حِينٍۭ بِإِذْنِ رَبِّهَا وَيَضْرِبُ ٱللَّهُ ٱلْأَمْثَالَ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Меваашро ҳар лаҳза ба фармони Парвардигораш медиҳад ва Аллоҳ таоло [барои ҳидояти мардум] масалҳо мезанад, бошад, ки панд гиранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَثَلُ كَلِمَةٍ خَبِيثَةٍ كَشَجَرَةٍ خَبِيثَةٍ ٱجْتُثَّتْ مِن فَوْقِ ٱلْأَرْضِ مَا لَهَا مِن قَرَارٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва масали калимаи палид [ширк] ҳамчун дарахти палидест, ки аз замин барканда шуда [ва ҳеҷ] қарору суботе надорад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يُثَبِّتُ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ بِٱلْقَوْلِ ٱلثَّابِتِ فِى ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا وَفِى ٱلْـَٔاخِرَةِ وَيُضِلُّ ٱللَّهُ ٱلظَّٰلِمِينَ وَيَفْعَلُ ٱللَّهُ مَا يَشَآءُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аллоҳ таоло касонеро, ки имон овардаанд, дар зиндагии дунё ва дар охират бо сухани устувор [-и тавҳид] собит мегардонад ва ситамгарон [-и мушрик]-ро гумроҳ мекунад ва Аллоҳ таоло ҳар чи бихоҳад мекунад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَلَمْ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ بَدَّلُوا۟ نِعْمَتَ ٱللَّهِ كُفْرًا وَأَحَلُّوا۟ قَوْمَهُمْ دَارَ ٱلْبَوَارِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё надидӣ он касоне [аз Қурайш]-ро, ки [сипоси] неъмати Аллоҳ таоло [Ҳарами амн ва вуҷуди паёмбар]-ро ба [носипосӣ ва] куфр бадал карданд ва қавмашонро ба сарои ҳалок дароварданд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
جَهَنَّمَ يَصْلَوْنَهَا وَبِئْسَ ٱلْقَرَارُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Он сарои ҳалок] Дузах аст, [ки] дар он ворид мешаванд ва чи бад ҷойгоҳест!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَجَعَلُوا۟ لِلَّهِ أَندَادًا لِّيُضِلُّوا۟ عَن سَبِيلِهِۦ قُلْ تَمَتَّعُوا۟ فَإِنَّ مَصِيرَكُمْ إِلَى ٱلنَّارِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Мушрикон] Барои Аллоҳ таоло ҳамтоёне қарор додаанд, то [мардумро] аз роҳи Ӯ гумроҳ кунанд. Бигӯ: «[Чанд рӯзе аз неъматҳои дунё] Баҳра гиред, пас, яқинан бозгаштатон ба сӯйи оташи [дузах] аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُل لِّعِبَادِىَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ يُقِيمُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُنفِقُوا۟ مِمَّا رَزَقْنَٰهُمْ سِرًّا وَعَلَانِيَةً مِّن قَبْلِ أَن يَأْتِىَ يَوْمٌ لَّا بَيْعٌ فِيهِ وَلَا خِلَٰلٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар] ба бандагони ман, ки имон овардаанд, бигӯ, намоз барпо доранд ва аз он чи рӯзиашон кардаем, пинҳоу ошкор инфоқ кунанд, пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки дар он на хариду фурӯшест ва на дӯстие
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱللَّهُ ٱلَّذِى خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ وَأَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً فَأَخْرَجَ بِهِۦ مِنَ ٱلثَّمَرَٰتِ رِزْقًا لَّكُمْ وَسَخَّرَ لَكُمُ ٱلْفُلْكَ لِتَجْرِىَ فِى ٱلْبَحْرِ بِأَمْرِهِۦ وَسَخَّرَ لَكُمُ ٱلْأَنْهَٰرَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аллоҳ таоло аст, ки осмонҳо ва заминро офарид ва аз осмон обе фурӯ фиристод ва бо он [анвои] меваҳоро барои рӯзии шумо падид овард ва киштиҳоро ба хидмататон гумошт, то ба фармонаш дар дарё равон бошанд ва ҷуйборҳоро [низ] дар хидмати шумо ниҳод
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَسَخَّرَ لَكُمُ ٱلشَّمْسَ وَٱلْقَمَرَ دَآئِبَيْنِ وَسَخَّرَ لَكُمُ ٱلَّيْلَ وَٱلنَّهَارَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва хуршеду моҳро, ки пайваста [дар мадори худ] равонанд ва [ҳамчунин] шабу рӯзро ба хидмататон гумошт
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَءَاتَىٰكُم مِّن كُلِّ مَا سَأَلْتُمُوهُ وَإِن تَعُدُّوا۟ نِعْمَتَ ٱللَّهِ لَا تُحْصُوهَآ إِنَّ ٱلْإِنسَٰنَ لَظَلُومٌ كَفَّارٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва аз ҳар он чи аз ӯ хостед, ба шумо бахшид ва агар неъмати Аллоҳро бишморед, [чунон фаровон аст, ки] наметавонед онро шумориш кунед. Ба ростӣ, ки инсон, [дар ҳаққи хеш] ситамгор [ва нисбат ба Аллоҳ таоло] носипос аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذْ قَالَ إِبْرَٰهِيمُ رَبِّ ٱجْعَلْ هَٰذَا ٱلْبَلَدَ ءَامِنًا وَٱجْنُبْنِى وَبَنِىَّ أَن نَّعْبُدَ ٱلْأَصْنَامَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ёд кун аз] Иброҳим ҳангоме ки гуфт: «Парвардигоро, ин шаҳр [Макка]-ро амн бигардон ва ману фарзандонамро аз парастиши бутҳо дур бидор
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
رَبِّ إِنَّهُنَّ أَضْلَلْنَ كَثِيرًا مِّنَ ٱلنَّاسِ فَمَن تَبِعَنِى فَإِنَّهُۥ مِنِّى وَمَنْ عَصَانِى فَإِنَّكَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Парвардигоро, ба ростӣ, ки онҳо [бутҳо] бисёре аз мардумро [бо тасаввури шафоат] гумроҳ сохтаанд, пас, ҳар ки [дар яктопарастӣ] аз ман пайравӣ кунад, яқинан, аз ман аст ва ҳар ки аз ман нофармонӣ кунад, пас, бе тардид, ту омурзандаи меҳрубонӣ
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
رَّبَّنَآ إِنِّىٓ أَسْكَنتُ مِن ذُرِّيَّتِى بِوَادٍ غَيْرِ ذِى زَرْعٍ عِندَ بَيْتِكَ ٱلْمُحَرَّمِ رَبَّنَا لِيُقِيمُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ فَٱجْعَلْ أَفْـِٔدَةً مِّنَ ٱلنَّاسِ تَهْوِىٓ إِلَيْهِمْ وَٱرْزُقْهُم مِّنَ ٱلثَّمَرَٰتِ لَعَلَّهُمْ يَشْكُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Парвардигоро, ман бархе фарзандонам [Исмоил ва хонадонаш]-ро дар замини беобу кишт назди хонаи муҳтарам [-у шукӯҳманд]-и Ту ҷой додам. Парвардигоро, [чунин кардам] то намоз барпо доранд, пас, дилҳои бархе аз мардумро чунон кун, ки ба сӯйи онон [ва ин сарзамин] мутамоил гардад ва ба эшон аз маҳсулоти [мавриди ниёзашон] рӯзӣ бибахш, бошад, ки сипос гузоранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
رَبَّنَآ إِنَّكَ تَعْلَمُ مَا نُخْفِى وَمَا نُعْلِنُ وَمَا يَخْفَىٰ عَلَى ٱللَّهِ مِن شَىْءٍ فِى ٱلْأَرْضِ وَلَا فِى ٱلسَّمَآءِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Парвардигоро, ту он чиро, ки пинҳон мекунему ошкор месозем, [ҳамаро] медонӣ ва чизе дар замину осмон аз Аллоҳ таоло пӯшида нест
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ ٱلَّذِى وَهَبَ لِى عَلَى ٱلْكِبَرِ إِسْمَٰعِيلَ وَإِسْحَٰقَ إِنَّ رَبِّى لَسَمِيعُ ٱلدُّعَآءِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ситоиш аз они Аллоҳ таоло аст, ки дар куҳансолӣ Исмоил ва Исҳоқро ба ман ато фармуд. Бе тардид, Парвардигорам шунавандаи дуост
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
رَبِّ ٱجْعَلْنِى مُقِيمَ ٱلصَّلَوٰةِ وَمِن ذُرِّيَّتِى رَبَّنَا وَتَقَبَّلْ دُعَآءِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Парвардигоро, маро барподорандаи намоз қарор бидеҳ ва аз фарзандонам [низ чунин кун]. Парвардигоро, дуоямро бипазир
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
رَبَّنَا ٱغْفِرْ لِى وَلِوَٰلِدَىَّ وَلِلْمُؤْمِنِينَ يَوْمَ يَقُومُ ٱلْحِسَابُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Парвардигоро, ман ва падару модарам ва [ҳамаи] муъминонро рӯзе, ки ҳисоб барпо мешавад, биёмурз»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَا تَحْسَبَنَّ ٱللَّهَ غَٰفِلًا عَمَّا يَعْمَلُ ٱلظَّٰلِمُونَ إِنَّمَا يُؤَخِّرُهُمْ لِيَوْمٍ تَشْخَصُ فِيهِ ٱلْأَبْصَٰرُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй Паёмбар, ҳаргиз] мапиндор, ки Аллоҳ таоло аз он чи ситамгорон мекунанд, ғофил аст. [На, балки кайфари] ононро барои рӯзе ба таъхир меафканад, ки чашмҳо дар он [аз ваҳшат] хира мешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مُهْطِعِينَ مُقْنِعِى رُءُوسِهِمْ لَا يَرْتَدُّ إِلَيْهِمْ طَرْفُهُمْ وَأَفْـِٔدَتُهُمْ هَوَآءٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Дар ҳоле ки [ба сӯйи мунодии маҳшар] шитобонанд ва сарҳоро боло гирифтаанд [ва бо беқарорӣ ба осмон менигаранд] ва чашм бар ҳам намезананд ва дилҳояшон [аз ваҳшат] тиҳӣ гаштааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَنذِرِ ٱلنَّاسَ يَوْمَ يَأْتِيهِمُ ٱلْعَذَابُ فَيَقُولُ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ رَبَّنَآ أَخِّرْنَآ إِلَىٰٓ أَجَلٍ قَرِيبٍ نُّجِبْ دَعْوَتَكَ وَنَتَّبِعِ ٱلرُّسُلَ أَوَلَمْ تَكُونُوٓا۟ أَقْسَمْتُم مِّن قَبْلُ مَا لَكُم مِّن زَوَالٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй Паёмбар] мардумро аз рӯзе битарсон, ки азоби илоҳӣ ба суроғашон меояд, пас, онон, ки [бо куфру ширк ба хеш] ситам кардаанд, мегӯянд: «Парвардигоро, андаке ба мо муҳлат бидеҳ, то [ба дунё бозгардем ва] даъвататро посух гӯем ва аз паёмбарон пайравӣ кунем. [Гуфта шавад] «Шумо набудед, ки пештар савганд мехӯрдед, ки шуморо фаное нест»?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَسَكَنتُمْ فِى مَسَٰكِنِ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓا۟ أَنفُسَهُمْ وَتَبَيَّنَ لَكُمْ كَيْفَ فَعَلْنَا بِهِمْ وَضَرَبْنَا لَكُمُ ٱلْأَمْثَالَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [магар на ин аст, ки] дар хонаҳои касоне, ки [бо ширку носипосӣ] ба хештан ситам карда буданд [қавми Ҳуд ва Солеҳ] сокин шудед ва бароятон равшан шуд, ки [чун куфр варзиданд] бо онон чи гуна рафтор кардем ва [аз саргузашти пешиниён] бароятон масалҳо задем [вале боз ҳам панд нагирифтед]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَدْ مَكَرُوا۟ مَكْرَهُمْ وَعِندَ ٱللَّهِ مَكْرُهُمْ وَإِن كَانَ مَكْرُهُمْ لِتَزُولَ مِنْهُ ٱلْجِبَالُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва онон ниҳояти найранги худро [барои мухолифат бо паёмбар ва куштани ӯ] ба кор бурданд ва макрашон назди Аллоҳ таоло [ошкор] аст, ҳарчанд найрангашон [чунон заиф аст, ки] наметавонад кӯҳҳоро аз ҷой бардорад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَا تَحْسَبَنَّ ٱللَّهَ مُخْلِفَ وَعْدِهِۦ رُسُلَهُۥٓ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ ذُو ٱنتِقَامٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, ҳаргиз мапиндор, ки Аллоҳ таоло ваъдаи хешро [дар бораи пирӯзии ҳақ] бо паёмбаронаш хилоф мекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло шикастнопазири додситон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَوْمَ تُبَدَّلُ ٱلْأَرْضُ غَيْرَ ٱلْأَرْضِ وَٱلسَّمَٰوَٰتُ وَبَرَزُوا۟ لِلَّهِ ٱلْوَٰحِدِ ٱلْقَهَّارِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Дар он рӯз [ин] замин ба замине дигар ва осмонҳо [ба осмонҳои дигар] табдил мешаванд ва [мардум] дар муқобили Аллоҳи ягонаи пирӯзманд зоҳир мегарданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَتَرَى ٱلْمُجْرِمِينَ يَوْمَئِذٍ مُّقَرَّنِينَ فِى ٱلْأَصْفَادِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва гунаҳгоронро дар он рӯз мебинӣ, ки дар занҷирҳо баста шудаанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
سَرَابِيلُهُم مِّن قَطِرَانٍ وَتَغْشَىٰ وُجُوهَهُمُ ٱلنَّارُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҷомаҳояшон аз қири гудохта аст ва оташ суратҳояшонро мепӯшонад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لِيَجْزِىَ ٱللَّهُ كُلَّ نَفْسٍ مَّا كَسَبَتْ إِنَّ ٱللَّهَ سَرِيعُ ٱلْحِسَابِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center То Аллоҳ таоло ҳар киро ба [сазои] он чи кардааст, кайфар диҳад. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هَٰذَا بَلَٰغٌ لِّلنَّاسِ وَلِيُنذَرُوا۟ بِهِۦ وَلِيَعْلَمُوٓا۟ أَنَّمَا هُوَ إِلَٰهٌ وَٰحِدٌ وَلِيَذَّكَّرَ أُو۟لُوا۟ ٱلْأَلْبَٰبِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ин [Қуръон] паёме расо барои мардум аст [то ба василаи он ҳидоят шаванд] ва бо он ҳушдор ёбанд ва бидонанд, ки Ӯ маъбуде яктост ва то хирадмандон панд гиранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
← Сураи Ar-Ra'd
Сураи Al-Hijr →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→
Матни арабӣ ва тарҷумаҳо тавассути Tanzil ва QuranEnc — айнан, бетағйир · Тарҷумаҳо ба тарҷумонҳояшон тааллуқ доранд ва худи Қуръон нестанд
Ин ёрирасони таҳқиқотист, на манбаи фатво.