Асосӣ › Сураҳо › Сураи An-Nahl
Сураи An-Nahl النحل
128 оят · Макка · тартиби нузул 70
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ أَتَىٰٓ أَمْرُ ٱللَّهِ فَلَا تَسْتَعْجِلُوهُ سُبْحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشْرِكُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй кофирон, лаҳзаи вуқуи қиёмат ва] Фармони Аллоҳ таоло [барои азобатон] наздик шудааст; пас, барои [расидани] он шитоб накунед. Ӯ муназзаҳ аст ва аз он чи бо вай шарик месозанд бартар аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يُنَزِّلُ ٱلْمَلَٰٓئِكَةَ بِٱلرُّوحِ مِنْ أَمْرِهِۦ عَلَىٰ مَن يَشَآءُ مِنْ عِبَادِهِۦٓ أَنْ أَنذِرُوٓا۟ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنَا۠ فَٱتَّقُونِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Аллоҳ таоло] Ба фармони хеш фариштагонро бо ваҳй бар ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад, нозил мекунад [бо ин паём], ки: «[Эй паёмбарон, мардумро аз ширк ба Аллоҳ таоло] бим диҳед [ва ба онон бигӯед, ки] маъбуде [баҳақ] ҷуз ман нест; пас, [эй мардум] аз ман парво кунед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ بِٱلْحَقِّ تَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشْرِكُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ӯ осмонҳо ва заминро ба ҳақ [ва ҳадафманд] офарид [ва] аз он чи [бо вай] шарик месозанд, бартар аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
خَلَقَ ٱلْإِنسَٰنَ مِن نُّطْفَةٍ فَإِذَا هُوَ خَصِيمٌ مُّبِينٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Аллоҳ таоло] Инсонро аз нутфае офарид ва он гоҳ ӯ ситезагари ошкор шуд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلْأَنْعَٰمَ خَلَقَهَا لَكُمْ فِيهَا دِفْءٌ وَمَنَٰفِعُ وَمِنْهَا تَأْكُلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва чаҳорпоёнро бароятон офарид, ки дар онон пӯшиш [-и гарм] ва манофеъ [-и дигаре] аст ва аз [гӯшти бархе аз] онон мехӯред
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَكُمْ فِيهَا جَمَالٌ حِينَ تُرِيحُونَ وَحِينَ تَسْرَحُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва дар онҳо бароятон зебоӣ [ва шукӯҳ] аст, он гоҳ ки [онҳоро шомгоҳон] аз чаро бозмеоваред ва [бомдодон] барои чаро [ба саҳро] мефиристед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَتَحْمِلُ أَثْقَالَكُمْ إِلَىٰ بَلَدٍ لَّمْ تَكُونُوا۟ بَٰلِغِيهِ إِلَّا بِشِقِّ ٱلْأَنفُسِ إِنَّ رَبَّكُمْ لَرَءُوفٌ رَّحِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Онҳо] Борҳои сангини шуморо [аз шаҳре] ба шаҳре мебаранд, ки [агар чунин намекарданд] ҷуз бо заҳмат додан ба бадани хеш наметавонистед ба он ҷо бирасед. Ба ростӣ, ки Парвардигоратон дилсӯзу меҳрубон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلْخَيْلَ وَٱلْبِغَالَ وَٱلْحَمِيرَ لِتَرْكَبُوهَا وَزِينَةً وَيَخْلُقُ مَا لَا تَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва аспону шутурон ва харонро [низ офарид] то бар онҳо савор шавед ва [низ бароятон мояи] таҷаммул [аст] ва чизҳое меофаринад, ки намедонед.
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَعَلَى ٱللَّهِ قَصْدُ ٱلسَّبِيلِ وَمِنْهَا جَآئِرٌ وَلَوْ شَآءَ لَهَدَىٰكُمْ أَجْمَعِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бар Аллоҳ таоло аст, ки роҳи рост [ ислом]-ро [ба бандагонаш бинамояд] ва бархе аз он [роҳҳо] бероҳа аст; ва агар [Аллоҳ таоло] мехост, ҳамаи шуморо ҳидоят мекард
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هُوَ ٱلَّذِىٓ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً لَّكُم مِّنْهُ شَرَابٌ وَمِنْهُ شَجَرٌ فِيهِ تُسِيمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ӯст, ки аз осмон обе фурӯ фиристод, ки ошомидании шумо аз он аст ва [гиёҳ ва] дарахте, ки [чаҳорпоёни худро] дар он мечаронед, [низ] аз он [об] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يُنۢبِتُ لَكُم بِهِ ٱلزَّرْعَ وَٱلزَّيْتُونَ وَٱلنَّخِيلَ وَٱلْأَعْنَٰبَ وَمِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَةً لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Аллоҳ таоло] Ба василаи он кишт ва зайтун ва дарахтони хурмо ва ангур ва ҳама навъ меваҳо[-и гуногун] бароятон мерӯёнад. Ба ростӣ, ки дар инҳо барои мардуме, ки меандешанд нишонае [аз қудрати Парвардигор] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَسَخَّرَ لَكُمُ ٱلَّيْلَ وَٱلنَّهَارَ وَٱلشَّمْسَ وَٱلْقَمَرَ وَٱلنُّجُومُ مُسَخَّرَٰتٌۢ بِأَمْرِهِۦٓ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَٰتٍ لِّقَوْمٍ يَعْقِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва шабу рӯз ва хуршеду моҳро ба хидмататон гумошт; ва ситорагон [низ] ба фармонаш дар хидмат [-и инсон] ҳастанд. Бе тардид, дар ин [офариниш] барои мардуме, ки хирадварзӣ мекунанд, нишонае [аз қудрати Парвардигор] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا ذَرَأَ لَكُمْ فِى ٱلْأَرْضِ مُخْتَلِفًا أَلْوَٰنُهُۥٓ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَةً لِّقَوْمٍ يَذَّكَّرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва он чиро, ки бароятон дар замин ба рангҳои гуногун офарид [низ ба хидмати шумо гумошт]. Бе тардид, дар ин [умур] барои мардуме, ки панд мегиранд, нишонае [аз қудрати Парвардигор] аст.
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَهُوَ ٱلَّذِى سَخَّرَ ٱلْبَحْرَ لِتَأْكُلُوا۟ مِنْهُ لَحْمًا طَرِيًّا وَتَسْتَخْرِجُوا۟ مِنْهُ حِلْيَةً تَلْبَسُونَهَا وَتَرَى ٱلْفُلْكَ مَوَاخِرَ فِيهِ وَلِتَبْتَغُوا۟ مِن فَضْلِهِۦ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ӯст, ки дарёро ба хидмататон гумошт, то аз [сайди] он гӯшти тоза бихӯред ва аз он зеваре [ҳамчун марворид ва марҷон] берун меоваред, ки мепӯшед; ва киштиҳоро дар он [дарё] мебинӣ, ки [амвоҷро] мешикофанд, то шумо аз фазл [-у бахшиши] Аллоҳ таоло баҳраманд гардед ва бошад, ки сипос гузоред
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَلْقَىٰ فِى ٱلْأَرْضِ رَوَٰسِىَ أَن تَمِيدَ بِكُمْ وَأَنْهَٰرًا وَسُبُلًا لَّعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва дар замин кӯҳҳои устувор [ва муҳкаме] дарафканд, ки мабодо шуморо биларзонад ва ҷӯйборҳо [-е падид овард], то [бидуни гум шудан] роҳи худро биёбед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَعَلَٰمَٰتٍ وَبِٱلنَّجْمِ هُمْ يَهْتَدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва нишонаҳое [барои ёфтани масирҳо дар тӯли рӯз офарид] ва тавассути ситора[-ҳо низ дар шаб] роҳёбӣ мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَفَمَن يَخْلُقُ كَمَن لَّا يَخْلُقُ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё он ки меофаринад, ҳамчун касе аст, ки [ҳеҷ] намеофаринад? Оё панд намегиред?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِن تَعُدُّوا۟ نِعْمَةَ ٱللَّهِ لَا تُحْصُوهَآ إِنَّ ٱللَّهَ لَغَفُورٌ رَّحِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Агар [бихоҳед] неъмат[-ҳои] Аллоҳро бишморед, наметавонед онро ба шумораш дароваред. Бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱللَّهُ يَعْلَمُ مَا تُسِرُّونَ وَمَا تُعْلِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Аллоҳ таоло он чи пинҳон мекунед ва ошкор месозед, [ҳамаро] медонад.
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ يَدْعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ لَا يَخْلُقُونَ شَيْـًٔا وَهُمْ يُخْلَقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва онҳоеро, ки [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба парастиш] мехонанд, чизеро намеофаринанд ва худ офарида мешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْوَٰتٌ غَيْرُ أَحْيَآءٍ وَمَا يَشْعُرُونَ أَيَّانَ يُبْعَثُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Бутҳое, ки мепарастанд] мурдаанд на зинда; ва намедонанд, ки парастишкунандагонашон чи вақте зинда ва барангехта мешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِلَٰهُكُمْ إِلَٰهٌ وَٰحِدٌ فَٱلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِٱلْـَٔاخِرَةِ قُلُوبُهُم مُّنكِرَةٌ وَهُم مُّسْتَكْبِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Маъбуди шумо маъбуде ягона аст ва касоне, ки ба охират имон надоранд, дилҳояшон инкоркунанда [-и ҳақ] аст ва худ мутакаббиранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَا جَرَمَ أَنَّ ٱللَّهَ يَعْلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعْلِنُونَ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلْمُسْتَكْبِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳатман, Аллоҳ таоло он чиро, ки пинҳон мекунанд ва ошкор месозанд [ҳамаро] медонад. Бе тардид, Ӯ мутакаббиронро дӯст намедорад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا قِيلَ لَهُم مَّاذَآ أَنزَلَ رَبُّكُمْ قَالُوٓا۟ أَسَٰطِيرُ ٱلْأَوَّلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳангоме ки ба онон гуфта мешавад: «Парвардигоратон чӣ чизе нозил кардааст?» Мегӯянд: «Афсонаҳои пешиниён»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لِيَحْمِلُوٓا۟ أَوْزَارَهُمْ كَامِلَةً يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ وَمِنْ أَوْزَارِ ٱلَّذِينَ يُضِلُّونَهُم بِغَيْرِ عِلْمٍ أَلَا سَآءَ مَا يَزِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ҳамчунон дар куфр мемонанд] То рӯзи қиёмат, [ҳам] бори гуноҳони худро ба тамомӣ бар дӯш кашанд ва [ҳам бахше] аз бори гуноҳони касонеро, ки аз рӯйи нодонӣ гумроҳашон кардаанд. Ҳон! Чи бад аст, он чи бар дӯш мекашанд!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَدْ مَكَرَ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ فَأَتَى ٱللَّهُ بُنْيَٰنَهُم مِّنَ ٱلْقَوَاعِدِ فَخَرَّ عَلَيْهِمُ ٱلسَّقْفُ مِن فَوْقِهِمْ وَأَتَىٰهُمُ ٱلْعَذَابُ مِنْ حَيْثُ لَا يَشْعُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Дар ҳақиқат, касоне, ки пеш аз онон буданд, низ найранг [ва бадандешӣ] карданд; пас, фармони Аллоҳ таоло даррасид, ки бунёдашонро аз асос барандохт ва сақф бар сарашон фурӯ рехт ва аз [ҳамон] ҷойе, ки фикр намекарданд, азоб домангирашон шуд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ يُخْزِيهِمْ وَيَقُولُ أَيْنَ شُرَكَآءِىَ ٱلَّذِينَ كُنتُمْ تُشَٰٓقُّونَ فِيهِمْ قَالَ ٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْعِلْمَ إِنَّ ٱلْخِزْىَ ٱلْيَوْمَ وَٱلسُّوٓءَ عَلَى ٱلْكَٰفِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Сипас рӯзи қиёмат [Аллоҳ таоло бо азобе дарднок] хорашон месозад ва мефамояд: «Куҷо ҳастанд шарикони ман, ки дар бораи онон [бо паёмбарон ва муъминон] ситез мекардед?» Касоне, ки ба эшон илм дода шудааст [уламои раббонӣ], мегӯянд: «Имрӯз хорӣ ва азоб насиби кофирон аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلَّذِينَ تَتَوَفَّىٰهُمُ ٱلْمَلَٰٓئِكَةُ ظَالِمِىٓ أَنفُسِهِمْ فَأَلْقَوُا۟ ٱلسَّلَمَ مَا كُنَّا نَعْمَلُ مِن سُوٓءٍۭ بَلَىٰٓ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌۢ بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ҳамон] Касоне, ки фариштагон [-и азоб] дар ҳоле ҷонашонро мегиранд, ки [ба сабаби ширк дар дунё] ба худ ситам карда буданд. Пас, [онон дар ҳангоми марг] сари таслим фуруд меоваранд [ва мегӯянд:] «Мо ҳеҷ [кори] баде намекардем. Оре, мусалламан Аллоҳ таоло ба он чи мекардед доност
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱدْخُلُوٓا۟ أَبْوَٰبَ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَا فَلَبِئْسَ مَثْوَى ٱلْمُتَكَبِّرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, аз дарвозаҳои дузах ворид шавед [ки] ҷовидона дар он хоҳед буд; ва ба ростӣ, ҷойгоҳи гарданкашон чи бад аст!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقِيلَ لِلَّذِينَ ٱتَّقَوْا۟ مَاذَآ أَنزَلَ رَبُّكُمْ قَالُوا۟ خَيْرًا لِّلَّذِينَ أَحْسَنُوا۟ فِى هَٰذِهِ ٱلدُّنْيَا حَسَنَةٌ وَلَدَارُ ٱلْـَٔاخِرَةِ خَيْرٌ وَلَنِعْمَ دَارُ ٱلْمُتَّقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ба касоне, ки парҳезкорӣ карданд, гуфта мешавад: «Парвардигоратон [бар Паёмбар] чи чиз нозил кардааст?» Онон мегӯянд: «Хайр [ва накуии бисёр]». Барои касоне, ки дар ин дунё некӣ кардаанд, [подош] накуӣ аст ва, ҳатман, сарои охират беҳтар аст; ва, ба ростӣ, чи накуст сарои парҳезкорон!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
جَنَّٰتُ عَدْنٍ يَدْخُلُونَهَا تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَٰرُ لَهُمْ فِيهَا مَا يَشَآءُونَ كَذَٰلِكَ يَجْزِى ٱللَّهُ ٱلْمُتَّقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ҷойгоҳашон] Боғҳое [аз биҳишт] ҷовидон аст, ки ба он ворид мешаванд. Аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст [ва] дар он ҷо ҳар чи бихоҳанд, барояшон [фароҳам] аст. Аллоҳ таоло парҳезкоронро чунин подош медиҳад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلَّذِينَ تَتَوَفَّىٰهُمُ ٱلْمَلَٰٓئِكَةُ طَيِّبِينَ يَقُولُونَ سَلَٰمٌ عَلَيْكُمُ ٱدْخُلُوا۟ ٱلْجَنَّةَ بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ҳамон] Касоне, ки фариштагон дар ҳоле ҷонашонро меситонанд, ки [аз олудагии куфру гуноҳ] поканд [ва ба онон] мегӯянд: «Дуруд бар шумо. Ба подоши он чи мекардед, [инак] ба биҳишт дароед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هَلْ يَنظُرُونَ إِلَّآ أَن تَأْتِيَهُمُ ٱلْمَلَٰٓئِكَةُ أَوْ يَأْتِىَ أَمْرُ رَبِّكَ كَذَٰلِكَ فَعَلَ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ وَمَا ظَلَمَهُمُ ٱللَّهُ وَلَٰكِن كَانُوٓا۟ أَنفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё [кофирон] ҷуз ин интизор доранд, ки фариштагон [барои қабзи рӯҳ] ба суроғашон биёянд ё фармони Парвардигорат [барои азобашон] биёяд? Касоне, ки пеш аз онон буданд [низ] чунин мекарданд ва Аллоҳ таоло ба онон ситам накард, вале онон худ ба хештан ситам мекарданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَصَابَهُمْ سَيِّـَٔاتُ مَا عَمِلُوا۟ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُوا۟ بِهِۦ يَسْتَهْزِءُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, [кайфари] бадиҳое, ки карда буданд, гиребонгирашон шуд ва он чи масхара мекарданд, ононро фурӯ гирифт
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ ٱلَّذِينَ أَشْرَكُوا۟ لَوْ شَآءَ ٱللَّهُ مَا عَبَدْنَا مِن دُونِهِۦ مِن شَىْءٍ نَّحْنُ وَلَآ ءَابَآؤُنَا وَلَا حَرَّمْنَا مِن دُونِهِۦ مِن شَىْءٍ كَذَٰلِكَ فَعَلَ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ فَهَلْ عَلَى ٱلرُّسُلِ إِلَّا ٱلْبَلَٰغُ ٱلْمُبِينُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки ширк варзиданд, гуфтанд: «Агар Аллоҳ таоло мехост, на мо ва на падаронамон чизеро ғайр аз Ӯ намепарастидем ва чизеро ҷуз ба [хосту фармони] Ӯ ҳаром намекардем». Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ чунин карданд; пас, оё паёмбарон вазифае ҷуз расонидани ошкор [-и ваҳй] доранд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ بَعَثْنَا فِى كُلِّ أُمَّةٍ رَّسُولًا أَنِ ٱعْبُدُوا۟ ٱللَّهَ وَٱجْتَنِبُوا۟ ٱلطَّٰغُوتَ فَمِنْهُم مَّنْ هَدَى ٱللَّهُ وَمِنْهُم مَّنْ حَقَّتْ عَلَيْهِ ٱلضَّلَٰلَةُ فَسِيرُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ فَٱنظُرُوا۟ كَيْفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلْمُكَذِّبِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Яқинан, Мо дар ҳар уммате паёмбареро [бо ин паём] барангехтем, ки: «Аллоҳи якторо бипарастед ва аз тоғут [маъбудони ғайри Аллоҳ таоло] дурӣ кунед». Пас, Аллоҳ таоло бархе аз ононро ҳидоят кардааст ва бархе аз онон низ сазовори гумроҳӣ шуданд. Пас, дар замин гардиш кунед ва бингаред, ки саранҷоми такзибкунандагон [-и оёти илоҳӣ] чи гуна будааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِن تَحْرِصْ عَلَىٰ هُدَىٰهُمْ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهْدِى مَن يُضِلُّ وَمَا لَهُم مِّن نَّٰصِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар] ҳар андоза бар ҳидояти онон муштоқ бошӣ, [суде надорад, зеро] Аллоҳ таоло касеро, ки гумроҳ намояд, ҳидоят нахоҳад кард ва онон [ҳеҷ] ёваре надоранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَقْسَمُوا۟ بِٱللَّهِ جَهْدَ أَيْمَٰنِهِمْ لَا يَبْعَثُ ٱللَّهُ مَن يَمُوتُ بَلَىٰ وَعْدًا عَلَيْهِ حَقًّا وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Мушрикон] Бо сахттарин савгандҳояшон ба Аллоҳ таоло савганд хӯрданд, ки: «Аллоҳ таоло касеро, ки мемирад, барнамеангезад». Оре, ин [барангехтани мурдагон] ваъдаест, ки бар ҳақ бар уҳдаи Ӯст, вале бештари мардум намедонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لِيُبَيِّنَ لَهُمُ ٱلَّذِى يَخْتَلِفُونَ فِيهِ وَلِيَعْلَمَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ أَنَّهُمْ كَانُوا۟ كَٰذِبِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ӯ мурдагонро зинда мекунад] То саранҷоми [ҳақиқати] он чиро, ки дар он ихтилоф мекунанд, барояшон равшан созад ва то касоне, ки куфр варзиданд, бидонанд, ки дурӯғгӯ будаанд.
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّمَا قَوْلُنَا لِشَىْءٍ إِذَآ أَرَدْنَٰهُ أَن نَّقُولَ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Сухани Мо дар бораи чизе, ки иродаашро кардаем, фақат ин аст, ки ба он мегӯем: «Мавҷуд шав», пас, бедиранг мавҷуд мешавад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ هَاجَرُوا۟ فِى ٱللَّهِ مِنۢ بَعْدِ مَا ظُلِمُوا۟ لَنُبَوِّئَنَّهُمْ فِى ٱلدُّنْيَا حَسَنَةً وَلَأَجْرُ ٱلْـَٔاخِرَةِ أَكْبَرُ لَوْ كَانُوا۟ يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки дар [роҳи] Аллоҳ таоло – пас аз он ки мавриди ситам воқеъ шуданд – ҳиҷрат карданд, дар дунё [дар сарзамин ва] маконе наку ононро ҷой медиҳем; ва яқинан подоши охират бузургтар аст. Агар [онон, ки аз ҳиҷрат худдорӣ карданд, подоши ин корро] медонистанд, [ҳаргиз аз ҳиҷрат бознамемонданд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلَّذِينَ صَبَرُوا۟ وَعَلَىٰ رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Муҳоҷирон дар роҳи Аллоҳ таоло] касоне [ҳастанд], ки шикебоӣ намуданд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَآ أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ إِلَّا رِجَالًا نُّوحِىٓ إِلَيْهِمْ فَسْـَٔلُوٓا۟ أَهْلَ ٱلذِّكْرِ إِن كُنتُمْ لَا تَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй Паёмбар] Мо пеш аз ту ба ҷуз мардоне, ки ба онон ваҳй мекардем, [касеро ба рисолат] нафиристодем; пас, [эй мушрикон] агар намедонед, аз аҳли зикр [донишмандони аҳли китоб] бипурсед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
بِٱلْبَيِّنَٰتِ وَٱلزُّبُرِ وَأَنزَلْنَآ إِلَيْكَ ٱلذِّكْرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيْهِمْ وَلَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Он паёмбаронро] Бо далоили равшан ва китобҳо[-и осмонӣ фиристодем]; ва [Мо ин] Қуръонро бар ту нозил кардем, то барои мардум он чиро, ки бар эшон нозил шудааст, равшан созӣ; бошад, ки [дар мафоҳимаш] бияндешанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَفَأَمِنَ ٱلَّذِينَ مَكَرُوا۟ ٱلسَّيِّـَٔاتِ أَن يَخْسِفَ ٱللَّهُ بِهِمُ ٱلْأَرْضَ أَوْ يَأْتِيَهُمُ ٱلْعَذَابُ مِنْ حَيْثُ لَا يَشْعُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё касоне, ки бадандешӣ [ва тавтеа] карданд, [аз ин] эмин ҳастанд, ки Аллоҳ таоло [ҳамаи] ононро дар замин фурӯ барад ё азоби [илоҳӣ] аз ҷойе, ки намедонанд, [ба суроғашон] биёяд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَوْ يَأْخُذَهُمْ فِى تَقَلُّبِهِمْ فَمَا هُم بِمُعْجِزِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ё [он ки] ба ҳангоми рафту омадашон [гиребони] ононро бигирад? Пас, онон монеъ [-и расидани азоб] нестанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَوْ يَأْخُذَهُمْ عَلَىٰ تَخَوُّفٍ فَإِنَّ رَبَّكُمْ لَرَءُوفٌ رَّحِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ё [он ки азоби илоҳӣ] дар ҳоле ки [аз он] метарсанд, гиребонгирашон шавад? Пас, бе тардид, Парвардигоратон дилсӯзи меҳрубон аст [ки дар муҷозотатон шитоб намекунанд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَوَلَمْ يَرَوْا۟ إِلَىٰ مَا خَلَقَ ٱللَّهُ مِن شَىْءٍ يَتَفَيَّؤُا۟ ظِلَٰلُهُۥ عَنِ ٱلْيَمِينِ وَٱلشَّمَآئِلِ سُجَّدًا لِّلَّهِ وَهُمْ دَٰخِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё онон ба чизҳое [ҳамчун дарахтон ва кӯҳҳо], ки Аллоҳ таоло офарида аст, наменигаранд, ки [чи гуна бо ҳаракати хуршеду моҳ] сояҳояшон аз росту чап мегустурад ва дар ҳоле барои Аллоҳ таоло саҷда мекунанд, ки [дар баробараш] хоксоранд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلِلَّهِ يَسْجُدُ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ مِن دَآبَّةٍ وَٱلْمَلَٰٓئِكَةُ وَهُمْ لَا يَسْتَكْبِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ҳар чи дар осмонҳо ва замин аст – аз ҷунбандагону фариштагон - [ҳамагӣ] барои Аллоҳ таоло саҷда меоваранд ва гарданкашӣ намекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَخَافُونَ رَبَّهُم مِّن فَوْقِهِمْ وَيَفْعَلُونَ مَا يُؤْمَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Фариштагон] Аз Парвардигори хеш, ки [ба зот ва ғалаба ва қудраташ] болои онон аст, метарсанд ва он чӣ фармон дода мешаванд, ҳамон мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ ٱللَّهُ لَا تَتَّخِذُوٓا۟ إِلَٰهَيْنِ ٱثْنَيْنِ إِنَّمَا هُوَ إِلَٰهٌ وَٰحِدٌ فَإِيَّٰىَ فَٱرْهَبُونِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Аллоҳ таоло фармуд: «Ду маъбуд [-ро барои худ ба парастиш] нагиред. Ҷуз ин нест, ки [маъбуди шумо] ҳамон Аллоҳи яктост; пас, танҳо аз ман парво кунед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَهُۥ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَلَهُ ٱلدِّينُ وَاصِبًا أَفَغَيْرَ ٱللَّهِ تَتَّقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ва парастишу фармондорӣ [низ] ҳамеша ва пайваста барои Ӯст. Оё аз ғайри Аллоҳ таоло парво мекунед?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا بِكُم مِّن نِّعْمَةٍ فَمِنَ ٱللَّهِ ثُمَّ إِذَا مَسَّكُمُ ٱلضُّرُّ فَإِلَيْهِ تَجْـَٔرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй мардум] ҳар неъмате, ки доред, аз сӯи Аллоҳ таоло аст; сипас чун ба шумо газанде мерасад, ба пешгоҳи Ӯ нола ва зорӣ мекунед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ إِذَا كَشَفَ ٱلضُّرَّ عَنكُمْ إِذَا فَرِيقٌ مِّنكُم بِرَبِّهِمْ يُشْرِكُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Сипас вақте он газандро аз шумо бартараф сохт, он гоҳ гурӯҳе аз шумо ба Парвардигорашон ширк меварзанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لِيَكْفُرُوا۟ بِمَآ ءَاتَيْنَٰهُمْ فَتَمَتَّعُوا۟ فَسَوْفَ تَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center То саранҷом ба он чӣ ба эшон додаем, носипосӣ кунанд. Пас, [чанд рӯзе аз неъматҳои дунё] бархӯрдор шавед, ки ба зудӣ [натоиҷи кирдоратонро] хоҳед донист
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَجْعَلُونَ لِمَا لَا يَعْلَمُونَ نَصِيبًا مِّمَّا رَزَقْنَٰهُمْ تَٱللَّهِ لَتُسْـَٔلُنَّ عَمَّا كُنتُمْ تَفْتَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [мушрикон] аз он чӣ рӯзишон кардаем, барои чизҳое, ки ҳеҷ фаҳме надоранд [бутҳо] саҳме қарор медиҳанд. Ба Аллоҳ таоло савганд, ки дар бораи он ифтиро, ки мебастед, ҳатман, бозхост хоҳед шуд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَجْعَلُونَ لِلَّهِ ٱلْبَنَٰتِ سُبْحَٰنَهُۥ وَلَهُم مَّا يَشْتَهُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [онон фариштагонро] духтароне барои Аллоҳ таоло қарор медиҳанд – Ӯ муназзаҳ аст – ва он чиро майл доранд [писарон] барои худашон [қарор медиҳанд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا بُشِّرَ أَحَدُهُم بِٱلْأُنثَىٰ ظَلَّ وَجْهُهُۥ مُسْوَدًّا وَهُوَ كَظِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ҳар гоҳ яке аз ононро ба [таваллуди] духтаре башорат диҳанд, дар ҳоле ки хашмашро фурӯ мехӯрад, чеҳрааш [аз андӯҳ] тира мешавад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَتَوَٰرَىٰ مِنَ ٱلْقَوْمِ مِن سُوٓءِ مَا بُشِّرَ بِهِۦٓ أَيُمْسِكُهُۥ عَلَىٰ هُونٍ أَمْ يَدُسُّهُۥ فِى ٱلتُّرَابِ أَلَا سَآءَ مَا يَحْكُمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аз бадӣ [ва нороҳатии] он чӣ ба ӯ мужда додаанд, аз қавм [-и хеш] пинҳон мешавад [ва бо худ меандешад, ки] оё ӯро бо сарафкандагӣ нигаҳ дорад ё дар хок пинҳонаш кунад. Ҳон! Чи бад доварӣ мекунанд!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لِلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِٱلْـَٔاخِرَةِ مَثَلُ ٱلسَّوْءِ وَلِلَّهِ ٱلْمَثَلُ ٱلْأَعْلَىٰ وَهُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Сифати зишт [-и чаҳлу куфр] барои касонест, ки ба охират имон надоранд ва сифати бартар аз они Аллоҳ таоло аст ва Ӯ шикастнопазиру ҳаким аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَوْ يُؤَاخِذُ ٱللَّهُ ٱلنَّاسَ بِظُلْمِهِم مَّا تَرَكَ عَلَيْهَا مِن دَآبَّةٍ وَلَٰكِن يُؤَخِّرُهُمْ إِلَىٰٓ أَجَلٍ مُّسَمًّى فَإِذَا جَآءَ أَجَلُهُمْ لَا يَسْتَـْٔخِرُونَ سَاعَةً وَلَا يَسْتَقْدِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва агар Аллоҳ таоло мардумро ба хотири зулмашон бозхост мекард, ҷунбандае рӯйи замин боқӣ намегузошт; вале [кайфари] ононро то замони муайян ба таъхир меандозад; ва чун аҷалашон ба сар ояд, на соате [аз он] таъхир мекунанд ва на пешӣ мегиранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَجْعَلُونَ لِلَّهِ مَا يَكْرَهُونَ وَتَصِفُ أَلْسِنَتُهُمُ ٱلْكَذِبَ أَنَّ لَهُمُ ٱلْحُسْنَىٰ لَا جَرَمَ أَنَّ لَهُمُ ٱلنَّارَ وَأَنَّهُم مُّفْرَطُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [мушрикон] он чиро хуш надоранд барои Аллоҳ таоло қарор медиҳанд ва забонашон [чунин] дурӯғ месозад, ки [расттагорӣ ва] накуӣ аз они эшон аст. Ҳаққо, ки оташ насибашон аст ва онон, ҳатман, аз пешгомон [-и дузах] ҳастанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
تَٱللَّهِ لَقَدْ أَرْسَلْنَآ إِلَىٰٓ أُمَمٍ مِّن قَبْلِكَ فَزَيَّنَ لَهُمُ ٱلشَّيْطَٰنُ أَعْمَٰلَهُمْ فَهُوَ وَلِيُّهُمُ ٱلْيَوْمَ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар] Савганд ба Аллоҳ таоло, ки ба сӯи умматҳое, ки пеш аз ту буданд, [низ паёмбароне] фиристодем; пас, шайтон корҳояшонро барояшон орост; аз ин рӯ, имрӯз [низ дӯст ва] корсозашон ҳам ӯст ва барояшон азобе дарднок [дар пеш] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَآ أَنزَلْنَا عَلَيْكَ ٱلْكِتَٰبَ إِلَّا لِتُبَيِّنَ لَهُمُ ٱلَّذِى ٱخْتَلَفُوا۟ فِيهِ وَهُدًى وَرَحْمَةً لِّقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй Паёмбар] ин китобро бар ту нозил накардем, магар барои ин ки [ҳақиқати] он чиро, ки [мардум] дар он ихтилоф доранд, барояшон баён кунӣ ва ҳидояту раҳмате бошад барои гурӯҳе, ки имон меоваранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱللَّهُ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً فَأَحْيَا بِهِ ٱلْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَآ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَةً لِّقَوْمٍ يَسْمَعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Аллоҳ таоло аз осмон обе фурӯ фиристод ва бо он заминро пас аз хазон ва хушкиаш зинда кард. Ҳатман, дар ин амр барои мардуме, ки [сухани ҳақро] мешунаванд, нишонае [аз қудрати Парвардигор] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِنَّ لَكُمْ فِى ٱلْأَنْعَٰمِ لَعِبْرَةً نُّسْقِيكُم مِّمَّا فِى بُطُونِهِۦ مِنۢ بَيْنِ فَرْثٍ وَدَمٍ لَّبَنًا خَالِصًا سَآئِغًا لِّلشَّٰرِبِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй мардум,] дар [афзоиши] чаҳорпоён барои шумо ибрате аст: аз он чи дар шиками онҳост, аз миёни ғизоҳои ҳазмшуда ва хун шири холисе ба шумо менӯшонем, ки барои нӯшандагон гуворост
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمِن ثَمَرَٰتِ ٱلنَّخِيلِ وَٱلْأَعْنَٰبِ تَتَّخِذُونَ مِنْهُ سَكَرًا وَرِزْقًا حَسَنًا إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَةً لِّقَوْمٍ يَعْقِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [низ] аз меваҳои дарахтони хурмо ва ангур ҳам шароб [-и мастиовар] ва ҳам рӯзии наку [ва покиза] ба даст меоваред. Бе гумон, дар ин [амр] барои касоне, ки хирад меварзанд, нишонае [аз лутфу қудрати Парвардигор] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَوْحَىٰ رَبُّكَ إِلَى ٱلنَّحْلِ أَنِ ٱتَّخِذِى مِنَ ٱلْجِبَالِ بُيُوتًا وَمِنَ ٱلشَّجَرِ وَمِمَّا يَعْرِشُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Парвардигорат ба занбӯри асал илҳом кард, ки: аз кӯҳҳо ва дарахтон ва аз он чи [мардум] бино мекунанд, [барои худ] хонаҳое баргир
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ كُلِى مِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِ فَٱسْلُكِى سُبُلَ رَبِّكِ ذُلُلًا يَخْرُجُ مِنۢ بُطُونِهَا شَرَابٌ مُّخْتَلِفٌ أَلْوَٰنُهُۥ فِيهِ شِفَآءٌ لِّلنَّاسِ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَةً لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Он гоҳ аз [шираи] тамоми меваҳо [ва гулҳо] бихӯр ва роҳҳои Парвардигоратро фурӯтанона тай кун». Аз шиками онҳо шаҳде рангоранг берун меояд, ки шифои мардум дар он аст. Ба ростӣ, дар ин [амр] барои мардуме, ки меандешанд, нишонае [аз илму қудрати Парвардигор] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱللَّهُ خَلَقَكُمْ ثُمَّ يَتَوَفَّىٰكُمْ وَمِنكُم مَّن يُرَدُّ إِلَىٰٓ أَرْذَلِ ٱلْعُمُرِ لِكَىْ لَا يَعْلَمَ بَعْدَ عِلْمٍ شَيْـًٔا إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌ قَدِيرٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Аллоҳ таоло шуморо офаридааст ва сипас ҷонатонро мегирад; ва бархе аз шумо ба фурӯтарини [даврони] умр [куҳансолӣ] мерасанд, чунончи пас аз донистани [бисёре чизҳо, дигар] чизе намедонанд [ва ҳамаро фаромӯш мекунанд]. Бе тардид, Аллоҳ таоло донову тавоност
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱللَّهُ فَضَّلَ بَعْضَكُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ فِى ٱلرِّزْقِ فَمَا ٱلَّذِينَ فُضِّلُوا۟ بِرَآدِّى رِزْقِهِمْ عَلَىٰ مَا مَلَكَتْ أَيْمَٰنُهُمْ فَهُمْ فِيهِ سَوَآءٌ أَفَبِنِعْمَةِ ٱللَّهِ يَجْحَدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Аллоҳ таоло бархе аз шуморо бар бархе [дигар] дар [неъмату] рӯзӣ бартарӣ додаст; пас, касоне, ки бартарӣ дода шудаанд, ҳозир нестанд, ки аз рӯзии худ ба бардагонашон бидиҳанд, то ҳамагӣ дар он [неъмату дороӣ] баробар шаванд. [Агар худ аз шарик безоранд, чаро барои Аллоҳ таоло шарик қарор медиҳанд?] Пас, оё [бо ин ширкварзӣ] неъмати Аллоҳро инкор мекунанд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُم مِّنْ أَنفُسِكُمْ أَزْوَٰجًا وَجَعَلَ لَكُم مِّنْ أَزْوَٰجِكُم بَنِينَ وَحَفَدَةً وَرَزَقَكُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ أَفَبِٱلْبَٰطِلِ يُؤْمِنُونَ وَبِنِعْمَتِ ٱللَّهِ هُمْ يَكْفُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Аллоҳ таоло барои шумо аз [ҷинси] худатон ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон барои шумо фарзандон ва наводагоне офарид ва аз чизҳое покиза ба шумо рӯзӣ бахшид. Пас, оё [боз ҳам] ба ботил имон меоваранд ва ба неъмати Аллоҳ таоло носипосӣ мекунанд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَعْبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَمْلِكُ لَهُمْ رِزْقًا مِّنَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ شَيْـًٔا وَلَا يَسْتَطِيعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло чизҳоеро мепарастанд, ки молики ҳеҷ рӯзие дар осмонҳо ва замин барояшон нестанд ва тавоноӣ [-и ҳеҷ коре] надоранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَا تَضْرِبُوا۟ لِلَّهِ ٱلْأَمْثَالَ إِنَّ ٱللَّهَ يَعْلَمُ وَأَنتُمْ لَا تَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, барои Аллоҳ таоло амсол [ва шарикҳое мутааддид] қоил нашавед. Бе тардид, Аллоҳ таоло медонад ва шумо намедонед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلًا عَبْدًا مَّمْلُوكًا لَّا يَقْدِرُ عَلَىٰ شَىْءٍ وَمَن رَّزَقْنَٰهُ مِنَّا رِزْقًا حَسَنًا فَهُوَ يُنفِقُ مِنْهُ سِرًّا وَجَهْرًا هَلْ يَسْتَوُۥنَ ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аллоҳ таоло мисоле задааст: бардаи мамлуке, ки қодир ба ҳеҷ коре нест ва [дар муқобил,] касе, ки аз ҷониби хеш ба ӯ рӯзии накуе бахшидаем ва ӯ аз ҳамон [неъматҳои илоҳӣ] пинҳону ошкор инфоқ мекунад. Оё ин ду баробаранд? [Пас, шумо мушрикон чи гуна молики мутлақро бо бутҳои нотавон яксон медонед?] Ситоиш махсуси Аллоҳ таоло аст; аммо бештарашон [ҳаққи ягонагиашро] намедонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلًا رَّجُلَيْنِ أَحَدُهُمَآ أَبْكَمُ لَا يَقْدِرُ عَلَىٰ شَىْءٍ وَهُوَ كَلٌّ عَلَىٰ مَوْلَىٰهُ أَيْنَمَا يُوَجِّههُّ لَا يَأْتِ بِخَيْرٍ هَلْ يَسْتَوِى هُوَ وَمَن يَأْمُرُ بِٱلْعَدْلِ وَهُوَ عَلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسْتَقِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Аллоҳ таоло масали [дигаре] задааст: ду мардро [фарз кунед], ки яке аз он ду лол аст ва ҳеҷ коре аз вай барнамеояд ва сарбори дӯсти худ мебошад, ҳар куҷо ӯро мефиристад, ҳеҷ хайре ба ҳамроҳ намеоварад [ва вазоифашро ба дурустӣ анҷом намедиҳад]; оё ӯ бо касе, ки ба адолат фармон медиҳад ва худ бар роҳе мустақим қарор дорад, баробар аст? [Пас, шумо мушрикон чи гуна қодири мутлақро бо бутҳои беэҳсоси нотавон яксон медонед?]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلِلَّهِ غَيْبُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَمَآ أَمْرُ ٱلسَّاعَةِ إِلَّا كَلَمْحِ ٱلْبَصَرِ أَوْ هُوَ أَقْرَبُ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Илми] Ғайби осмонҳо ва замин танҳо аз они Аллоҳ таоло аст ва амри [барпоии] қиёмат ҷуз [ба суръати] як чашм бар ҳам задан нест; ё [ҳатто] сареътар. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱللَّهُ أَخْرَجَكُم مِّنۢ بُطُونِ أُمَّهَٰتِكُمْ لَا تَعْلَمُونَ شَيْـًٔا وَجَعَلَ لَكُمُ ٱلسَّمْعَ وَٱلْأَبْصَٰرَ وَٱلْأَفْـِٔدَةَ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй мардум] Аллоҳ таоло шуморо аз шиками модаронатон хориҷ намуд, дар ҳоле ки ҳеҷ чиз намедонистед; ва бароятон гӯшу чашм ва дил [-у ақл] падид овард [то қудратҳои илоҳиро дарк кунед]; бошад, ки сипос гузоред
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَلَمْ يَرَوْا۟ إِلَى ٱلطَّيْرِ مُسَخَّرَٰتٍ فِى جَوِّ ٱلسَّمَآءِ مَا يُمْسِكُهُنَّ إِلَّا ٱللَّهُ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَٰتٍ لِّقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё [мушрикон] парандагонро надидаанд, ки дар фазои осмон ром шудаанд [ва] касе ҷуз Аллоҳ таоло онҳоро [дар он ҳол] нигаҳ намедорад? Ба ростӣ, дар ин [амр] барои мардуме, ки имон доранд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُم مِّنۢ بُيُوتِكُمْ سَكَنًا وَجَعَلَ لَكُم مِّن جُلُودِ ٱلْأَنْعَٰمِ بُيُوتًا تَسْتَخِفُّونَهَا يَوْمَ ظَعْنِكُمْ وَيَوْمَ إِقَامَتِكُمْ وَمِنْ أَصْوَافِهَا وَأَوْبَارِهَا وَأَشْعَارِهَآ أَثَٰثًا وَمَتَٰعًا إِلَىٰ حِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аллоҳ таоло барои шумо аз хонаҳоятон маҳалли сукунат [ва оромиш] қарор дод ва аз пушти чаҳорпоён [низ] бароятон хонаҳое [хаймаҳое] қарор дод, то рӯзи кӯч кардан онҳоро сабук меёбед ва рӯзи иқомататон [низ барпоияш осон бошад]; ва аз пашму тибитҳо ва мӯйҳояшон то муддате муайян [бароятон] асоси [хона] ва асбоб [-у васоили зиндагӣ] фароҳам кард
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُم مِّمَّا خَلَقَ ظِلَٰلًا وَجَعَلَ لَكُم مِّنَ ٱلْجِبَالِ أَكْنَٰنًا وَجَعَلَ لَكُمْ سَرَٰبِيلَ تَقِيكُمُ ٱلْحَرَّ وَسَرَٰبِيلَ تَقِيكُم بَأْسَكُمْ كَذَٰلِكَ يُتِمُّ نِعْمَتَهُۥ عَلَيْكُمْ لَعَلَّكُمْ تُسْلِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аллоҳ таоло аз он чӣ офарид, сояҳое бароятон фароҳам овардааст ва аз кӯҳҳо [низ роҳҳо ва] паноҳгоҳҳое бароятон қарор додааст ва бароятон ҷомаҳое падид овардааст, ки аз [сармо] ва гармо нигоҳатон медорад ва [зиреҳҳо ва] танпӯшҳое, ки шуморо дар ҷанг[-ҳоя]-тон ҳифз мекунад. Ӯ, инчунин, неъматашро бар шумо тамом мегардонад; бошад, ки [дар баробари тавҳид] таслим шавед [ва ширк наварзед]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَإِن تَوَلَّوْا۟ فَإِنَّمَا عَلَيْكَ ٱلْبَلَٰغُ ٱلْمُبِينُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, [эй Паёмбар] агар [мушрикон] рӯй гардонанд, ҷуз ин нест, ки вазифаи ту [фақат] паёмрасонии ошкор аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَعْرِفُونَ نِعْمَتَ ٱللَّهِ ثُمَّ يُنكِرُونَهَا وَأَكْثَرُهُمُ ٱلْكَٰفِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Онон] неъмати Аллоҳро мешиносанд; он гоҳ [боз ҳам] инкораш мекунанд ва бештарашон носипосу кофиранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَوْمَ نَبْعَثُ مِن كُلِّ أُمَّةٍ شَهِيدًا ثُمَّ لَا يُؤْذَنُ لِلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَلَا هُمْ يُسْتَعْتَبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки аз ҳар уммате гувоҳе [барояшон] бармеангезем; он гоҳ ба касоне, ки куфр варзиданд, на иҷозат [-и сухан гуфтан] дода мешавад ва на аз эшон дархости пузиш мешавад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا رَءَا ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ ٱلْعَذَابَ فَلَا يُخَفَّفُ عَنْهُمْ وَلَا هُمْ يُنظَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки ситам карданд, ҳангоме ки азоби [охират]-ро мебинанд; на азобашон сабук мешавад ва на муҳлат дода мешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا رَءَا ٱلَّذِينَ أَشْرَكُوا۟ شُرَكَآءَهُمْ قَالُوا۟ رَبَّنَا هَٰٓؤُلَآءِ شُرَكَآؤُنَا ٱلَّذِينَ كُنَّا نَدْعُوا۟ مِن دُونِكَ فَأَلْقَوْا۟ إِلَيْهِمُ ٱلْقَوْلَ إِنَّكُمْ لَكَٰذِبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Онон, ки ширк варзиданд, вақте шарикони худро мебинанд, мегӯянд: «Парвардигоро, инҳо буданд он шариконе, ки мо ба ҷойи ту мехондем» ва[-ле шарикон] сухани ононро рад мекунанд, ки: «яқинан шумо дурӯғгӯед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَلْقَوْا۟ إِلَى ٱللَّهِ يَوْمَئِذٍ ٱلسَّلَمَ وَضَلَّ عَنْهُم مَّا كَانُوا۟ يَفْتَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Дар он рӯз дар баробари Аллоҳ таоло сари таслим меафкананд ва дурӯғҳое, ки [дар бораи шафоати ғайри Аллоҳ таоло] мебофтанд, ҳама маҳву нобуд мегардад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَصَدُّوا۟ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ زِدْنَٰهُمْ عَذَابًا فَوْقَ ٱلْعَذَابِ بِمَا كَانُوا۟ يُفْسِدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Касоне, ки куфр варзиданд ва [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд, ба [кайфари] он ки фасод мекарданд, азобе бар азобашон меафзоем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَوْمَ نَبْعَثُ فِى كُلِّ أُمَّةٍ شَهِيدًا عَلَيْهِم مِّنْ أَنفُسِهِمْ وَجِئْنَا بِكَ شَهِيدًا عَلَىٰ هَٰٓؤُلَآءِ وَنَزَّلْنَا عَلَيْكَ ٱلْكِتَٰبَ تِبْيَٰنًا لِّكُلِّ شَىْءٍ وَهُدًى وَرَحْمَةً وَبُشْرَىٰ لِلْمُسْلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва рӯзе [-ро ёд кун], ки аз ҳар уммате гувоҳе аз худашон бар онон мегирем [ки ба куфру имонашон гувоҳӣ диҳад] ва туро [эй Муҳаммад] бар инон гувоҳ мегирем; ва Мо ин китоб [Қуръон] - ро бар ту нозил кардем, ки равшангари ҳама чиз аст ва барои мусулмонон раҳнамуд ва раҳмату башорат аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱللَّهَ يَأْمُرُ بِٱلْعَدْلِ وَٱلْإِحْسَٰنِ وَإِيتَآئِ ذِى ٱلْقُرْبَىٰ وَيَنْهَىٰ عَنِ ٱلْفَحْشَآءِ وَٱلْمُنكَرِ وَٱلْبَغْىِ يَعِظُكُمْ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Дар ҳақиқат, Аллоҳ таоло [шуморо] ба адлу накукорӣ ва бахшиш ба хешовандон фармон медиҳад ва аз фаҳшо ва зишткорӣ ва саркашӣ наҳй мекунад. Ӯ шуморо панд медиҳад; бошад, ки панд гиред
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَوْفُوا۟ بِعَهْدِ ٱللَّهِ إِذَا عَٰهَدتُّمْ وَلَا تَنقُضُوا۟ ٱلْأَيْمَٰنَ بَعْدَ تَوْكِيدِهَا وَقَدْ جَعَلْتُمُ ٱللَّهَ عَلَيْكُمْ كَفِيلًا إِنَّ ٱللَّهَ يَعْلَمُ مَا تَفْعَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва чун бо Аллоҳ таоло [ё мардум] паймон бастед, ба он вафо кунед; ва савгандҳои худро пас аз муҳкам сохтанашон нашканед, дар ҳоле ки Аллоҳро бар [вафодории] хеш гувоҳ қарор додаед. Бе тардид, Аллоҳ таоло медонад, ки чи мекунед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَا تَكُونُوا۟ كَٱلَّتِى نَقَضَتْ غَزْلَهَا مِنۢ بَعْدِ قُوَّةٍ أَنكَٰثًا تَتَّخِذُونَ أَيْمَٰنَكُمْ دَخَلًۢا بَيْنَكُمْ أَن تَكُونَ أُمَّةٌ هِىَ أَرْبَىٰ مِنْ أُمَّةٍ إِنَّمَا يَبْلُوكُمُ ٱللَّهُ بِهِۦ وَلَيُبَيِّنَنَّ لَكُمْ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ مَا كُنتُمْ فِيهِ تَخْتَلِفُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва монанди он зан [-и нодоне] набошед, ки риштаи [пашмии тобидаи] хешро аз ҳам бозкушод [ва гусаст; пас, мабодо] савгандҳои худро василаи фиреби якдигар қарор диҳед [он ҳам танҳо] бад-ин сабаб, ки гурӯҳе [сарват ва] ҷамъияташон афзунтар аз дигаре аст. Ҷуз ин нест, ки Аллоҳ таоло шуморо бо ин [кор] меозмояд ва яқинан рӯзи қиёмат он чиро, ки дар он ихтилоф мекардед, бароятон равшан месозад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَوْ شَآءَ ٱللَّهُ لَجَعَلَكُمْ أُمَّةً وَٰحِدَةً وَلَٰكِن يُضِلُّ مَن يَشَآءُ وَيَهْدِى مَن يَشَآءُ وَلَتُسْـَٔلُنَّ عَمَّا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва агар мехост, ҳамаи шуморо як уммат қарор медод, вале [бо адолати хеш] ҳар киро бихоҳад гумроҳ мекунад ва [бо фазли хеш] ҳар киро бихоҳад, ҳидоят менамояд; ва шумо [рӯзи қиёмат], ҳатман, аз он чи мекардед, бозхост хоҳед шуд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَا تَتَّخِذُوٓا۟ أَيْمَٰنَكُمْ دَخَلًۢا بَيْنَكُمْ فَتَزِلَّ قَدَمٌۢ بَعْدَ ثُبُوتِهَا وَتَذُوقُوا۟ ٱلسُّوٓءَ بِمَا صَدَدتُّمْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلَكُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва савгандҳоятонро василаи найранг [ва фиребгарӣ] миёни хеш қарор надиҳед, то мабодо [имонатон ба хатар афтад ва] гоме пас аз устувориаш билағжад ва ба сазои он ки [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштаед, [кайфари] ногуворе бичашед ва азобе бузург бароятон [дар пеш] бошад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَا تَشْتَرُوا۟ بِعَهْدِ ٱللَّهِ ثَمَنًا قَلِيلًا إِنَّمَا عِندَ ٱللَّهِ هُوَ خَيْرٌ لَّكُمْ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва паймони Аллоҳро ба баҳои андак нафурӯшед. Агар бидонед, яқинан он чи назди Аллоҳ таоло аст, бароятон беҳтар аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَا عِندَكُمْ يَنفَدُ وَمَا عِندَ ٱللَّهِ بَاقٍ وَلَنَجْزِيَنَّ ٱلَّذِينَ صَبَرُوٓا۟ أَجْرَهُم بِأَحْسَنِ مَا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Он чи назди шумост, поён мепазирад ва[-ле] он чи назди Аллоҳ таоло аст, боқӣ [ва ҷовид] аст; ва, ҳатман, ба касоне, ки шикебоӣ кардаанд, аҷрашонро бар асоси накутарин [тоат ва] коре, ки мекарданд, хоҳем дод
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَنْ عَمِلَ صَٰلِحًا مِّن ذَكَرٍ أَوْ أُنثَىٰ وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَلَنُحْيِيَنَّهُۥ حَيَوٰةً طَيِّبَةً وَلَنَجْزِيَنَّهُمْ أَجْرَهُم بِأَحْسَنِ مَا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳар кас – аз мард ё зан – ки кори нек кунад ва муъмин бошад, ҳатман, ӯро [дар дунё] ба зиндагонии поку писандидае зинда медорем ва [дар охират низ] бар асоси накутарин [тоат ва] коре, ки мекарданд, ба онон подош медиҳем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَإِذَا قَرَأْتَ ٱلْقُرْءَانَ فَٱسْتَعِذْ بِٱللَّهِ مِنَ ٱلشَّيْطَٰنِ ٱلرَّجِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, [эй муъмин] ҳангоме ки Қуръон мехонӣ, аз [шарри] шайтони рондашуда ба Аллоҳ таоло паноҳ бибар
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّهُۥ لَيْسَ لَهُۥ سُلْطَٰنٌ عَلَى ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَلَىٰ رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бе тардид, ӯ бар касоне, ки имон овардаанд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд [ҳеҷ] тасаллуте надорад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّمَا سُلْطَٰنُهُۥ عَلَى ٱلَّذِينَ يَتَوَلَّوْنَهُۥ وَٱلَّذِينَ هُم بِهِۦ مُشْرِكُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Тасаллути ӯ танҳо бар касонест, ки ӯро [дӯсту] корсози худ гирифтаанд ва [ҳамчунин бар] касоне, ки ба Аллоҳ таоло ширк меварзанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا بَدَّلْنَآ ءَايَةً مَّكَانَ ءَايَةٍ وَٱللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا يُنَزِّلُ قَالُوٓا۟ إِنَّمَآ أَنتَ مُفْتَرٍۭ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ҳангоме ки [ҳукми] оятеро ҷойгузини ояте [дигар] мекунем – ҳол он ки Аллоҳ таоло ба он чи нозил мекунад, донотар аст - [кофирон] мегӯянд: «[Эй Муҳаммад] ҷуз ин нест, ки ту дурӯғбофӣ». [Чунин нест] Балки бештарашон [аз аҳкоми шаръ ва ҳикмати илоҳӣ чизе] намедонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ نَزَّلَهُۥ رُوحُ ٱلْقُدُسِ مِن رَّبِّكَ بِٱلْحَقِّ لِيُثَبِّتَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَهُدًى وَبُشْرَىٰ لِلْمُسْلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Рӯҳу-л-қудус [Ҷабраил] онро аз ҷониби Парвардигорат бар ҳақ нозил кардааст, то касонеро, ки имон овардаанд, собитқадам гардонад ва барои мусулмонон ҳидоят ва башорате бошад»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ نَعْلَمُ أَنَّهُمْ يَقُولُونَ إِنَّمَا يُعَلِّمُهُۥ بَشَرٌ لِّسَانُ ٱلَّذِى يُلْحِدُونَ إِلَيْهِ أَعْجَمِىٌّ وَهَٰذَا لِسَانٌ عَرَبِىٌّ مُّبِينٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва яқинан медонем, ки онон мегӯянд: «Ҳатман, башаре [ин оётро] ба ӯ омӯзиш медиҳад». [На, чунин нест; зеро] забони касе, ки [ин] нисбатро ба ӯ медиҳад, ғайри арабӣ аст, ҳол он ки ин [Қуръон] ба забони арабии равшан аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ لَا يَهْدِيهِمُ ٱللَّهُ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Яқинан, касоне, ки ба оёти Аллоҳ таоло имон намеоваранд, Аллоҳ таоло ҳидояташон намекунад ва барои онон азоби дардноке [дар пеш] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّمَا يَفْتَرِى ٱلْكَذِبَ ٱلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْكَٰذِبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Муҳаммад дурӯғгӯ нест, балки] Касоне дурӯғ мебофанд, ки ба оёти Аллоҳ таоло имон надоранд ва инон дурӯғгӯён [-и воқеӣ] ҳастанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَن كَفَرَ بِٱللَّهِ مِنۢ بَعْدِ إِيمَٰنِهِۦٓ إِلَّا مَنْ أُكْرِهَ وَقَلْبُهُۥ مُطْمَئِنٌّۢ بِٱلْإِيمَٰنِ وَلَٰكِن مَّن شَرَحَ بِٱلْكُفْرِ صَدْرًا فَعَلَيْهِمْ غَضَبٌ مِّنَ ٱللَّهِ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳар ки баъд аз имонаш ба Аллоҳ куфр биварзад [гирифтори азоби илоҳӣ хоҳад шуд]; магар касе, ки [ба ин кор] водор шуда бошад ва[-ле] дилаш ба имон ором [ва устувор] бошад; аммо ҳар ки синаашро ба куфр кушода кард, хашми Аллоҳ таоло бар онон аст ва азобе саҳмгин [дар пеш] доранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمُ ٱسْتَحَبُّوا۟ ٱلْحَيَوٰةَ ٱلدُّنْيَا عَلَى ٱلْـَٔاخِرَةِ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَا يَهْدِى ٱلْقَوْمَ ٱلْكَٰفِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ин [муҷозот] аз он рӯст, ки зиндагии дунёро бар охират тарҷеҳ доданд; ва Аллоҳ таоло гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أُو۟لَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ طَبَعَ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ وَسَمْعِهِمْ وَأَبْصَٰرِهِمْ وَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْغَٰفِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Инон касоне ҳастанд, ки [бар асари гуноҳонашон] Аллоҳ таоло бар дилҳо ва гӯшу чашмонашон муҳр ниҳодааст; ва инон ғофилон [-и воқеӣ] ҳастанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَا جَرَمَ أَنَّهُمْ فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ هُمُ ٱلْخَٰسِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Яқинан онон дар охират зиёнкоранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ إِنَّ رَبَّكَ لِلَّذِينَ هَاجَرُوا۟ مِنۢ بَعْدِ مَا فُتِنُوا۟ ثُمَّ جَٰهَدُوا۟ وَصَبَرُوٓا۟ إِنَّ رَبَّكَ مِنۢ بَعْدِهَا لَغَفُورٌ رَّحِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Сипас Парвардигорат нисбат ба касоне, ки пас аз заҷр кашидан [аз озори мушрикон] ҳиҷрат карданд ва сипас ба ҷиҳод бархостанд ва шикебоӣ намуданд, Парвардигорат [нисбат ба онон] пас аз он [ҳама сахтиҳо], ҳатман, омурзандаи меҳрубон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَوْمَ تَأْتِى كُلُّ نَفْسٍ تُجَٰدِلُ عَن نَّفْسِهَا وَتُوَفَّىٰ كُلُّ نَفْسٍ مَّا عَمِلَتْ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар, ёд кун аз] Рӯзе, ки ҳар кас дар ҳоле [ба пешгоҳи адли илоҳӣ] меояд, ки [танҳо] аз худ дифоъ мекунад; ва ҳар кас дар баробари он чи кардааст, бе каму кост подош мегирад ва бар онон ситам намеравад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلًا قَرْيَةً كَانَتْ ءَامِنَةً مُّطْمَئِنَّةً يَأْتِيهَا رِزْقُهَا رَغَدًا مِّن كُلِّ مَكَانٍ فَكَفَرَتْ بِأَنْعُمِ ٱللَّهِ فَأَذَٰقَهَا ٱللَّهُ لِبَاسَ ٱلْجُوعِ وَٱلْخَوْفِ بِمَا كَانُوا۟ يَصْنَعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Аллоҳ таоло шаҳре [ҳамчун Макка]-ро мисол мезанад, ки амну ором буд ва рӯзиаш аз ҳар сӯ ба осонӣ ва фаровонӣ мерасид, вале [мардумонаш] нисбат ба неъматҳои илоҳӣ носипосӣ намуданд ва он гоҳ Аллоҳ таоло низ ба сазои он чи мекарданд, таъми гуруснагӣ ва тарсро ба [аҳли] он чашонид
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ جَآءَهُمْ رَسُولٌ مِّنْهُمْ فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَهُمُ ٱلْعَذَابُ وَهُمْ ظَٰلِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва паёмбаре аз худашон ба сӯйи онон омад, аммо ӯро дурӯғгӯ ангоштанд; он гоҳ, дар ҳоле ки ситамгор [ва мушрик] буданд, азоби [илоҳӣ] ононро фурӯ гирифт
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَكُلُوا۟ مِمَّا رَزَقَكُمُ ٱللَّهُ حَلَٰلًا طَيِّبًا وَٱشْكُرُوا۟ نِعْمَتَ ٱللَّهِ إِن كُنتُمْ إِيَّاهُ تَعْبُدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас аз он чи Аллоҳ таоло рӯзиатон кардааст, ҳалолу покиза бихӯред ва агар фақат Ӯро мепарастед, бар неъмати илоҳӣ шукр гузоред
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّمَا حَرَّمَ عَلَيْكُمُ ٱلْمَيْتَةَ وَٱلدَّمَ وَلَحْمَ ٱلْخِنزِيرِ وَمَآ أُهِلَّ لِغَيْرِ ٱللَّهِ بِهِۦ فَمَنِ ٱضْطُرَّ غَيْرَ بَاغٍ وَلَا عَادٍ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҷуз ин нест, ки [Аллоҳ таоло] фақат мурдор ва хун ва гӯшти хук ва он чиро, ки [ҳангоми забҳ] номи ғайри Аллоҳ таоло бар он бурда шудааст, бар шумо ҳаром кардааст; пас, ҳар ки [барои ҳифзи ҷонаш ба хӯрдани онҳо] ночор шавад [ва] саркашу зиёдахоҳ набошад, [бар ӯ гуноҳ нест, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَا تَقُولُوا۟ لِمَا تَصِفُ أَلْسِنَتُكُمُ ٱلْكَذِبَ هَٰذَا حَلَٰلٌ وَهَٰذَا حَرَامٌ لِّتَفْتَرُوا۟ عَلَى ٱللَّهِ ٱلْكَذِبَ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَفْتَرُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلْكَذِبَ لَا يُفْلِحُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй мушрикон] бо дурӯғе, ки бар забонатон ҷорӣ мешавад, нагӯед: «Ин ҳалол аст ва он ҳаром», то бар Аллоҳ таоло дурӯғ бандед. Касоне, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд, ҳаргиз растагор намешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَتَٰعٌ قَلِيلٌ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Натиҷаи дунёдӯстияшон] Баҳрае андак аст ва [дар охират] азобе дарднок [дар пеш] доранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَعَلَى ٱلَّذِينَ هَادُوا۟ حَرَّمْنَا مَا قَصَصْنَا عَلَيْكَ مِن قَبْلُ وَمَا ظَلَمْنَٰهُمْ وَلَٰكِن كَانُوٓا۟ أَنفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва бар яҳудиён он чиро пештар бар ту ҳикоят кардем, ҳаром намудем ва Мо ба онон ситам накардем; балки онҳо худ [буданд, ки дар натиҷаи нофармонӣ] ба хештан ситам мекарданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ إِنَّ رَبَّكَ لِلَّذِينَ عَمِلُوا۟ ٱلسُّوٓءَ بِجَهَٰلَةٍ ثُمَّ تَابُوا۟ مِنۢ بَعْدِ ذَٰلِكَ وَأَصْلَحُوٓا۟ إِنَّ رَبَّكَ مِنۢ بَعْدِهَا لَغَفُورٌ رَّحِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Он гоҳ Парвардигорат нисбат ба касоне, ки аз рӯи нодонӣ гуноҳ карданд ва сипас аз он [иштибоҳот] тавба намуданд ва дурусткорӣ карданд, ҳатман, Парвардигорат пас аз он омурзандаи меҳрубон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ إِبْرَٰهِيمَ كَانَ أُمَّةً قَانِتًا لِّلَّهِ حَنِيفًا وَلَمْ يَكُ مِنَ ٱلْمُشْرِكِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бе гумон, Иброҳим пешвое фурӯтан дар баробари Аллоҳ таоло ва ҳақгаро буд ва [ҳаргиз] дар зумраи мушрикон набуд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
شَاكِرًا لِّأَنْعُمِهِ ٱجْتَبَىٰهُ وَهَدَىٰهُ إِلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسْتَقِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ӯ шукргузори неъматҳои Аллоҳ таоло буд. [Аллоҳ таоло] Вайро баргузид ва ба роҳи рост ҳидоят намуд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَءَاتَيْنَٰهُ فِى ٱلدُّنْيَا حَسَنَةً وَإِنَّهُۥ فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ لَمِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Мо] Дар дунё ба ӯ некӣ ато кардем ва, ҳатман, ӯ дар охират [низ] аз шоистагон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ أَوْحَيْنَآ إِلَيْكَ أَنِ ٱتَّبِعْ مِلَّةَ إِبْرَٰهِيمَ حَنِيفًا وَمَا كَانَ مِنَ ٱلْمُشْرِكِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Сипас [эй Паёмбар] ба ту ваҳй кардем, ки аз оини Иброҳим пайравӣ кун, ки ҳақгаро буд ва [ҳаргиз] дар зумраи мушрикон набуд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّمَا جُعِلَ ٱلسَّبْتُ عَلَى ٱلَّذِينَ ٱخْتَلَفُوا۟ فِيهِ وَإِنَّ رَبَّكَ لَيَحْكُمُ بَيْنَهُمْ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُوا۟ فِيهِ يَخْتَلِفُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Воҷиб будани бузургдошти рӯзҳои] Шанбе танҳо бар касоне қарор дода шуд, ки дар он ихтилоф карданд; ва, ҳатман, Парвардигорат рӯзи қиёмат дар мавриди он чи ихтилоф мекарданд, миёнашон доварӣ хоҳад кард
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱدْعُ إِلَىٰ سَبِيلِ رَبِّكَ بِٱلْحِكْمَةِ وَٱلْمَوْعِظَةِ ٱلْحَسَنَةِ وَجَٰدِلْهُم بِٱلَّتِى هِىَ أَحْسَنُ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعْلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبِيلِهِۦ وَهُوَ أَعْلَمُ بِٱلْمُهْتَدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар, мардумро] Бо ҳикмат ва панди наку ба роҳи Парвардигорат даъват намо ва бо равише, ки накутар аст, бо онон [баҳсу] мунозира кун. Бе тардид, Парвардигорат ба [ҳоли] касе, ки аз роҳи ӯ гумроҳ шуд, донотар аст ва ӯ ба [ҳоли] ҳидоятёфтагон [низ] донотар аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِنْ عَاقَبْتُمْ فَعَاقِبُوا۟ بِمِثْلِ مَا عُوقِبْتُم بِهِۦ وَلَئِن صَبَرْتُمْ لَهُوَ خَيْرٌ لِّلصَّٰبِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва агар [шумо муъминон] хостед [душманонатонро] муҷозот кунед, пас, чунон муҷозот кунед, ки [онон] шуморо муҷозот кардаанд; ва агар [хештандорӣ ва] шикебоӣ кунед, [бидонед, ки] ҳатман, ин [кор] барои шикебоён беҳтар аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱصْبِرْ وَمَا صَبْرُكَ إِلَّا بِٱللَّهِ وَلَا تَحْزَنْ عَلَيْهِمْ وَلَا تَكُ فِى ضَيْقٍ مِّمَّا يَمْكُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй Паёмбар] шикебоӣ пеша кун ва шикебоият ҷуз ба [ёрӣ ва] тавфиқи Аллоҳ таоло нест; ва бар онон [кофирон] андӯҳ махӯр ва аз найранге, ки меварзанд, дилтанг мабош
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَوا۟ وَّٱلَّذِينَ هُم مُّحْسِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бе тардид, Аллоҳ таоло бо касоне аст, ки парҳезкорӣ карданд ва касоне, ки накукоранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
← Сураи Al-Hijr
Сураи Al-Israa →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→
Матни арабӣ ва тарҷумаҳо тавассути Tanzil ва QuranEnc — айнан, бетағйир · Тарҷумаҳо ба тарҷумонҳояшон тааллуқ доранд ва худи Қуръон нестанд
Ин ёрирасони таҳқиқотист, на манбаи фатво.