Сураи Al-Qalam القلم
52 оят · Макка · тартиби нузул 2
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ نٓ وَٱلْقَلَمِ وَمَا يَسْطُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterНун.[1] Савганд ба қалам ва он чи менависанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَآ أَنتَ بِنِعْمَةِ رَبِّكَ بِمَجْنُونٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКи ту [эй паёмбар] ба неъмат [ва фазли] Парвардигорат девона нестӣ
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِنَّ لَكَ لَأَجْرًا غَيْرَ مَمْنُونٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа барои ту подоше бепоён [дар пеш] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِنَّكَ لَعَلَىٰ خُلُقٍ عَظِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа яқинан ту ахлоқи бисёр наку ва волое дорӣ
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَسَتُبْصِرُ وَيُبْصِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ба зудӣ хоҳӣ дид ва онҳо [низ] хоҳанд дид,
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
بِأَييِّكُمُ ٱلْمَفْتُونُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Centerки кадом як аз шумо девона аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعْلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبِيلِهِۦ وَهُوَ أَعْلَمُ بِٱلْمُهْتَدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПарвардигорат беҳтар медонад, чи касе аз роҳи Ӯ гумроҳ гашта ва [низ] Ӯ ба ҳидоятёфтагон донотар аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَا تُطِعِ ٱلْمُكَذِّبِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас аз такзибкунандагон итоат макун
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَدُّوا۟ لَوْ تُدْهِنُ فَيُدْهِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнҳо дӯст медоранд [ва мехоҳанд], ки нармӣ [ва мадоро] кунӣ, то онон [низ] нармӣ [ва мадоро] кунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَا تُطِعْ كُلَّ حَلَّافٍ مَّهِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз ҳар фурумояе, ки бисёр савганд [-и дурӯғ] ёд мекунад, итоат макун
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هَمَّازٍ مَّشَّآءٍۭ بِنَمِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Он ки] Бисёр айбҷуст ва ба суханчинӣ омадушуд мекунад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَّنَّاعٍ لِّلْخَيْرِ مُعْتَدٍ أَثِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бисёр монеи кори хайр ва мутаҷовизу гунаҳгор аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
عُتُلٍّۭ بَعْدَ ذَٰلِكَ زَنِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterГузашта аз он, дурушту бетабор ва бадном аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَن كَانَ ذَا مَالٍ وَبَنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБад-он хотир, ки соҳиби молу фарзандони бисёр аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِ ءَايَٰتُنَا قَالَ أَسَٰطِيرُ ٱلْأَوَّلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲангоме ки оёти Мо бар ӯ хонда шавад, мегӯяд: «[Инҳо] Афсонаҳои гузаштагон аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
سَنَسِمُهُۥ عَلَى ٱلْخُرْطُومِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа зудӣ бар бинии ӯ доғ [-и нангу расвоӣ] мениҳем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّا بَلَوْنَٰهُمْ كَمَا بَلَوْنَآ أَصْحَٰبَ ٱلْجَنَّةِ إِذْ أَقْسَمُوا۟ لَيَصْرِمُنَّهَا مُصْبِحِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо онҳоро озмоиш кардем, ҳамон гуна ки соҳибони боғро озмудем, ҳангоме ки савганд ёд карданд, ки субҳгоҳон [ки мустамандон набошанд] меваҳои боғро бичинанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَا يَسْتَثْنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [-ле] «иншоаллоҳ» нагуфтанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَطَافَ عَلَيْهَا طَآئِفٌ مِّن رَّبِّكَ وَهُمْ نَآئِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, азобе [фарогир] аз сӯйи Парвардигорат бар [боғи] онҳо фуруд омад, дар ҳоле ки ҳама дар хоб буданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَصْبَحَتْ كَٱلصَّرِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, он боғ [-и сабзу хуррам пас аз оташсӯзӣ] ҳамчун шаби сиёҳ шуд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَتَنَادَوْا۟ مُصْبِحِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ субҳгоҳон якдигарро нидо доданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَنِ ٱغْدُوا۟ عَلَىٰ حَرْثِكُمْ إِن كُنتُمْ صَٰرِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКи агар мехоҳед, дарав кунед, ба сӯйи киштзор [ва боғ]-и хеш биравед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱنطَلَقُوا۟ وَهُمْ يَتَخَٰفَتُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас [ба сӯйи киштзор] ҳаракат карданд, дар ҳоле ки оҳиста бо ҳам мегуфтанд:
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَن لَّا يَدْخُلَنَّهَا ٱلْيَوْمَ عَلَيْكُم مِّسْكِينٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center«[Муроқиб бошед] Ки имрӯз ҳеҷ [ниёзманд ва] бенавое дар он [боғ] ворид нашавад!»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَغَدَوْا۟ عَلَىٰ حَرْدٍ قَٰدِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа субҳгоҳон бо тасмими ҷиддӣ бар ҷилавгирӣ [аз вуруди мустамандон ба самти боғ] берун шуданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَمَّا رَأَوْهَا قَالُوٓا۟ إِنَّا لَضَآلُّونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳангоме ки он [боғ]-ро диданд, гуфтанд: «Яқинан мо [иштибоҳ омадаем ва] роҳро гум кардаем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
بَلْ نَحْنُ مَحْرُومُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Centerбалки ҳама чизро аз даст додаем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ أَوْسَطُهُمْ أَلَمْ أَقُل لَّكُمْ لَوْلَا تُسَبِّحُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯке аз беҳтарин [ва хирадмандтарин]-и эшон гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, чаро [шукру] тасбеҳ [-и Аллоҳро] намегӯед?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوا۟ سُبْحَٰنَ رَبِّنَآ إِنَّا كُنَّا ظَٰلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterГуфтанд: «Парвардигори мо поку муназзаҳ аст. Мусалламан, мо ситамгор будем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَقْبَلَ بَعْضُهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ يَتَلَٰوَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ маломаткунон ба якдигар рӯ оварданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوا۟ يَٰوَيْلَنَآ إِنَّا كُنَّا طَٰغِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[ва] Гуфтанд: «Вой бар мо, ки туғёнгар [ва саркаш] будем!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
عَسَىٰ رَبُّنَآ أَن يُبْدِلَنَا خَيْرًا مِّنْهَآ إِنَّآ إِلَىٰ رَبِّنَا رَٰغِبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterУмедворем, ки Парвардигорамон [моро бибахшад ва] дар иваз чизе беҳтар аз он [боғ] ба мо диҳад, [чаро ки] бе гумон, мо ба сӯи Парвардигори худ рӯй овардаем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
كَذَٰلِكَ ٱلْعَذَابُ وَلَعَذَابُ ٱلْـَٔاخِرَةِ أَكْبَرُ لَوْ كَانُوا۟ يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАзоби [Аллоҳ таоло дар дунё] чунин аст ва агар медонистанд, азоби охират мусалламан бузургтар [-у бештар] аст.
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ لِلْمُتَّقِينَ عِندَ رَبِّهِمْ جَنَّٰتِ ٱلنَّعِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, барои парҳезкорон назди Парвардигорашон боғҳои пурнеъмат аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَفَنَجْعَلُ ٱلْمُسْلِمِينَ كَٱلْمُجْرِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё мо мусулмононро ҳамчун муҷримон [ва гунаҳгорон] қарор медиҳем?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَا لَكُمْ كَيْفَ تَحْكُمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterШуморо чи шудааст? Чӣ гуна доварӣ мекунед?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ لَكُمْ كِتَٰبٌ فِيهِ تَدْرُسُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё шумо китобе [осмонӣ] доред, ки дар он фаромегиред?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ لَكُمْ فِيهِ لَمَا تَخَيَّرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [оё] он чиро интихоб мекунед, дар он [китоб] барои шумо [навишта шуда] аст?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ لَكُمْ أَيْمَٰنٌ عَلَيْنَا بَٰلِغَةٌ إِلَىٰ يَوْمِ ٱلْقِيَٰمَةِ إِنَّ لَكُمْ لَمَا تَحْكُمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЁ ин ки бар [уҳдаи] Мо аҳду паймони устуворе то рӯзи қиёмат доред, ки ҳар чиро ҳукм кунед, [ҳақ] барои шумо бошад?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
سَلْهُمْ أَيُّهُم بِذَٰلِكَ زَعِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар,] аз онҳо бипурс кадом як аз онон дар баробари ин [иддаоҳо] мутааҳҳид аст?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ لَهُمْ شُرَكَآءُ فَلْيَأْتُوا۟ بِشُرَكَآئِهِمْ إِن كَانُوا۟ صَٰدِقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ё ин ки [маъбудон ва] шариконе доранд? Пас агар рост мегӯянд, бояд шарикон [ва маъбудони] хешро биёваранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَوْمَ يُكْشَفُ عَن سَاقٍ وَيُدْعَوْنَ إِلَى ٱلسُّجُودِ فَلَا يَسْتَطِيعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterРӯзе, ки [соқ ошкор гардад ва] кор сахту душвор шавад ва [мардум] ба саҷда фаро хонда мешаванд, вале [кофирон ва мунофиқон] наметавонанд [саҷда кунанд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
خَٰشِعَةً أَبْصَٰرُهُمْ تَرْهَقُهُمْ ذِلَّةٌ وَقَدْ كَانُوا۟ يُدْعَوْنَ إِلَى ٱلسُّجُودِ وَهُمْ سَٰلِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Дар ҳоле ки] Дидагонашон [аз тарсу надомат] фуру афтода ва зиллату хорӣ вуҷудашонро фаро гирифтааст ва, яқинан, пеш аз ин [дар дунё] дар ҳоле ки тандуруст буданд, ба саҷда фаро хонда мешуданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَذَرْنِى وَمَن يُكَذِّبُ بِهَٰذَا ٱلْحَدِيثِ سَنَسْتَدْرِجُهُم مِّنْ حَيْثُ لَا يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [эй Паёмбар] Маро бо он касе, ки ин сухан [Қуръон]-ро такзиб мекунад, вогузор. Мо ононро андак-андак [ва] ба гунае ки дарнаёбанд [ва аз ҷое ки мутаваҷҷеҳ нагарданд], ба сӯйи азоб хоҳем кашонд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأُمْلِى لَهُمْ إِنَّ كَيْدِى مَتِينٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба онон муҳлат медиҳам. Ба ростӣ, ки тадбири Ман устувор [ва ҳисобшуда] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ تَسْـَٔلُهُمْ أَجْرًا فَهُم مِّن مَّغْرَمٍ مُّثْقَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Магар ту аз эшон музде дархост мекунӣ, ки [аз адои он дар ранҷанд ва] бар эшон сангин аст?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ عِندَهُمُ ٱلْغَيْبُ فَهُمْ يَكْتُبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЁ [асрори] ғайб назди онҳост ва онон [он чиро мегуянд, аз рӯи он] менависанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱصْبِرْ لِحُكْمِ رَبِّكَ وَلَا تَكُن كَصَاحِبِ ٱلْحُوتِ إِذْ نَادَىٰ وَهُوَ مَكْظُومٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [эй Паёмбар] барои фармон [ва ҳукми] Парвардигорат сабр кун ва монанди соҳиби моҳӣ [Юнус] мабош, ки бо диле шармсор аз хашму андӯҳ [Аллоҳро] нидо дод.
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَّوْلَآ أَن تَدَٰرَكَهُۥ نِعْمَةٌ مِّن رَّبِّهِۦ لَنُبِذَ بِٱلْعَرَآءِ وَهُوَ مَذْمُومٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар неъмат [-у раҳмате] аз сӯи Парвардигораш ба ёрии ӯ наомада буд, яқинан, дар ҳоле ки накӯҳида буд, [аз шиками моҳӣ] ба саҳрои хушкида берун афканда мешуд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱجْتَبَٰهُ رَبُّهُۥ فَجَعَلَهُۥ مِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, Парвардигораш ӯро баргузид ва аз солеҳон қарор дод
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِن يَكَادُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ لَيُزْلِقُونَكَ بِأَبْصَٰرِهِمْ لَمَّا سَمِعُوا۟ ٱلذِّكْرَ وَيَقُولُونَ إِنَّهُۥ لَمَجْنُونٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй Паёмбар] наздик аст онон, ки кофир шуданд, ҳангоме ки оёти Қуръонро мешунаванд, туро чашмзахм зананд ва [ба хотири хашму ҳасадашон] мегӯянд: «Ҳатман, ӯ девона аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا هُوَ إِلَّا ذِكْرٌ لِّلْعَٰلَمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳоле ки ин [Қуръон] ҷуз панде барои ҷаҳониён нест.
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→