caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Mulk الملك

30 оят · Макка · тартиби нузул 77

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ تَبَٰرَكَ ٱلَّذِى بِيَدِهِ ٱلْمُلْكُ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПурбаракату бузургвор аст касе, ки фармонравоии ҷаҳони ҳастӣ ба дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳар чиз тавоност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِى خَلَقَ ٱلْمَوْتَ وَٱلْحَيَوٰةَ لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلًا وَهُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْغَفُورُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамон] Касе, ки маргу зиндагиро офарид, то шуморо биозмояд, ки кадом яке аз шумо накукортар аст; ва Ӯ пирӯзманду бахшанда аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِى خَلَقَ سَبْعَ سَمَٰوَٰتٍ طِبَاقًا مَّا تَرَىٰ فِى خَلْقِ ٱلرَّحْمَٰنِ مِن تَفَٰوُتٍ فَٱرْجِعِ ٱلْبَصَرَ هَلْ تَرَىٰ مِن فُطُورٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн ки ҳафт осмонро бар фарози якдигар офарид. Дар офариниш [-и Аллоҳ таоло] ҳеҷ беназмӣ ва халале намебинӣ. Бори дигар нигоҳ кун; оё нуқсе мебинӣ?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ ٱرْجِعِ ٱلْبَصَرَ كَرَّتَيْنِ يَنقَلِبْ إِلَيْكَ ٱلْبَصَرُ خَاسِئًا وَهُوَ حَسِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБори дигар [ба олами ҳастӣ] нигоҳ кун; [нуқсе нахоҳӣ дид ва] чашми ту, дар ҳоле ки хаста ва нотавон аст ба сӯйи ту бозмегардад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ زَيَّنَّا ٱلسَّمَآءَ ٱلدُّنْيَا بِمَصَٰبِيحَ وَجَعَلْنَٰهَا رُجُومًا لِّلشَّيَٰطِينِ وَأَعْتَدْنَا لَهُمْ عَذَابَ ٱلسَّعِيرِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, Мо осмони дунёро бо чароғҳо оростем ва онҳоро барои рондани шаётин қарор додем ва барои онон азоби [оташи] сӯзон омода сохтем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلِلَّذِينَ كَفَرُوا۟ بِرَبِّهِمْ عَذَابُ جَهَنَّمَ وَبِئْسَ ٱلْمَصِيرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа барои касоне, ки ба Парвардигорашон кофир шуданд, азоби ҷаҳаннам аст; ва чӣ бад ҷойгоҳе аст!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذَآ أُلْقُوا۟ فِيهَا سَمِعُوا۟ لَهَا شَهِيقًا وَهِىَ تَفُورُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲангоме ки дар он андохта шаванд, аз он наърае [ваҳшатнок] мешунаванд, дар ҳоле ки он меҷӯшад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

تَكَادُ تَمَيَّزُ مِنَ ٱلْغَيْظِ كُلَّمَآ أُلْقِىَ فِيهَا فَوْجٌ سَأَلَهُمْ خَزَنَتُهَآ أَلَمْ يَأْتِكُمْ نَذِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАз шиддати хашм наздик аст [ҷаҳаннам] пора-пора шавад. Ҳар гоҳ ки гурӯҳе дар он андохта мешаванд, нигаҳбононаш аз онон мепурсанд: «Оё бимдиҳандае ба суроғатон наомад?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ بَلَىٰ قَدْ جَآءَنَا نَذِيرٌ فَكَذَّبْنَا وَقُلْنَا مَا نَزَّلَ ٱللَّهُ مِن شَىْءٍ إِنْ أَنتُمْ إِلَّا فِى ضَلَٰلٍ كَبِيرٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМегӯянд: «Бале; бимдиҳанда ба сӯи мо омад, он гоҳ мо ӯро такзиб кардем ва гуфтем; «Ҳаргиз Аллоҳ таоло чизе нозил накардааст. Шумо ҷуз дар гумроҳии бузург нестед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوا۟ لَوْ كُنَّا نَسْمَعُ أَوْ نَعْقِلُ مَا كُنَّا فِىٓ أَصْحَٰبِ ٱلسَّعِيرِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [боз] мегӯянд: «Агар мо мешунидем ё тааққул мекардем, дар [зумраи] дузахиён набудем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱعْتَرَفُوا۟ بِذَنۢبِهِمْ فَسُحْقًا لِّأَصْحَٰبِ ٱلسَّعِيرِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, онҳо ба гуноҳи худ эътироф мекунанд. Пас, дурӣ [аз раҳмати Аллоҳ таоло] баҳраи дузахиён бод!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ يَخْشَوْنَ رَبَّهُم بِٱلْغَيْبِ لَهُم مَّغْفِرَةٌ وَأَجْرٌ كَبِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе гумон, касоне, ки дар ниҳон аз Парвардигорашон метарсанд, онон омурзишу подоши бузурге доранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَسِرُّوا۟ قَوْلَكُمْ أَوِ ٱجْهَرُوا۟ بِهِۦٓ إِنَّهُۥ عَلِيمٌۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Хоҳ] Гуфтори худро пинҳон доред ё онро ошкор созед, [ба ҳар ҳол] Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَا يَعْلَمُ مَنْ خَلَقَ وَهُوَ ٱللَّطِيفُ ٱلْخَبِيرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё касе, ки [ҳамаи мавҷудотро] офаридааст, [ҳоли бандагонро] намедонад? Дар ҳоле ки Ӯ борикбин ва огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُوَ ٱلَّذِى جَعَلَ لَكُمُ ٱلْأَرْضَ ذَلُولًا فَٱمْشُوا۟ فِى مَنَاكِبِهَا وَكُلُوا۟ مِن رِّزْقِهِۦ وَإِلَيْهِ ٱلنُّشُورُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ касе аст, ки заминро барои шумо ром гардонид, пас, дар гӯша ва канори он роҳ биравед ва аз рӯзии Ӯ бихӯред; ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Ӯст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ءَأَمِنتُم مَّن فِى ٱلسَّمَآءِ أَن يَخْسِفَ بِكُمُ ٱلْأَرْضَ فَإِذَا هِىَ تَمُورُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё худро аз [азоби] касе, ки дар осмон аст, дар амон медонед, ки [фармон диҳад] замин шуморо фуру барад ва ногаҳон ба ларзиш дарояд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمْ أَمِنتُم مَّن فِى ٱلسَّمَآءِ أَن يُرْسِلَ عَلَيْكُمْ حَاصِبًا فَسَتَعْلَمُونَ كَيْفَ نَذِيرِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЁ худро аз касе, ки дар осмон аст, дар амон медонед, ки тӯфони сахте бар шумо фиристад? Пас, ба зудӣ хоҳед донист, ки ҳушдори Ман чи гуна аст!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ فَكَيْفَ كَانَ نَكِيرِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамоно касоне, ки пеш аз онон буданд, [низ даъвати паёмбаронро] такзиб карданд; пас, [бингар, ки] уқубати Ман чи гуна буд!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوَلَمْ يَرَوْا۟ إِلَى ٱلطَّيْرِ فَوْقَهُمْ صَٰٓفَّٰتٍ وَيَقْبِضْنَ مَا يُمْسِكُهُنَّ إِلَّا ٱلرَّحْمَٰنُ إِنَّهُۥ بِكُلِّ شَىْءٍۭ بَصِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё ба парандагоне, ки бар фарози сарашон аст, нигоҳ накарданд, ки гоҳе болҳои худро мегушоянд ва гоҳе фуру мебанданд? Ҷуз [Аллоҳи] Раҳмон [касе] онҳоро [бар фарози осмон] нигоҳ намедорад; бе гумон, Ӯ ба ҳар чиз биност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمَّنْ هَٰذَا ٱلَّذِى هُوَ جُندٌ لَّكُمْ يَنصُرُكُم مِّن دُونِ ٱلرَّحْمَٰنِ إِنِ ٱلْكَٰفِرُونَ إِلَّا فِى غُرُورٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё он касе, ки лашкари шумост, метавонад шуморо дар баробари Аллоҳ таоло ёрӣ диҳад? Кофирон ҷуз дар фиреб [ва ғурурашон] нестанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمَّنْ هَٰذَا ٱلَّذِى يَرْزُقُكُمْ إِنْ أَمْسَكَ رِزْقَهُۥ بَل لَّجُّوا۟ فِى عُتُوٍّ وَنُفُورٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЁ он касе, ки шуморо рӯзӣ медиҳад, агар рӯзиашро боздорад, [чи касе метавонад ниёзи шуморо таъмин кунад?]. Вале онҳо дар саркашӣ ва фирор аз ҳақиқат лаҷоҷат меварзанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَفَمَن يَمْشِى مُكِبًّا عَلَىٰ وَجْهِهِۦٓ أَهْدَىٰٓ أَمَّن يَمْشِى سَوِيًّا عَلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسْتَقِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё касе, ки ба рӯ афтода [ва нагунсор] ҳаракат мекунад, ба ҳидоят наздиктар аст, ё он ки росту устувор бар роҳи рост гом бармедорад?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ هُوَ ٱلَّذِىٓ أَنشَأَكُمْ وَجَعَلَ لَكُمُ ٱلسَّمْعَ وَٱلْأَبْصَٰرَ وَٱلْأَفْـِٔدَةَ قَلِيلًا مَّا تَشْكُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Ӯ касе аст, ки шуморо офарид ва бароятон гӯшу чашмон ва дил қарор дод; [аммо шумо] андаке сипосгузорӣ мекунед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ هُوَ ٱلَّذِى ذَرَأَكُمْ فِى ٱلْأَرْضِ وَإِلَيْهِ تُحْشَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Ӯ касест шуморо дар замин пароканд ва ба сӯйи Ӯ ҳашр мешавед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلْوَعْدُ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда [-и қиёмат] чи замоне аст?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ إِنَّمَا ٱلْعِلْمُ عِندَ ٱللَّهِ وَإِنَّمَآ أَنَا۠ نَذِيرٌ مُّبِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Илм [-и қиёмат] танҳо назди Аллоҳ таоло аст ва ман фақат бимдиҳандаи ошкорам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا رَأَوْهُ زُلْفَةً سِيٓـَٔتْ وُجُوهُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَقِيلَ هَٰذَا ٱلَّذِى كُنتُم بِهِۦ تَدَّعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, чун он [ваъда ва азоби илоҳӣ]-ро аз наздик бубинанд, чеҳраи касоне, ки кофир шудаанд, сиёҳу андӯҳгин мегардад ва [ба онон] гуфта мешавад: «Ин ҳамон чизе аст, ки дархост мекардед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ أَرَءَيْتُمْ إِنْ أَهْلَكَنِىَ ٱللَّهُ وَمَن مَّعِىَ أَوْ رَحِمَنَا فَمَن يُجِيرُ ٱلْكَٰفِرِينَ مِنْ عَذَابٍ أَلِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, агар Аллоҳ таоло маро ва касонеро, ки бо ман ҳастанд, нобуд кунад, ё бар мо раҳмат оварад, пас, кист, ки кофиронро аз азоби дарднок паноҳ диҳад?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ هُوَ ٱلرَّحْمَٰنُ ءَامَنَّا بِهِۦ وَعَلَيْهِ تَوَكَّلْنَا فَسَتَعْلَمُونَ مَنْ هُوَ فِى ضَلَٰلٍ مُّبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Ӯ [Аллоҳи] Раҳмон аст? ба Ӯ имон овардаем ва бар Ӯ таваккал кардаем, пас, [эй кофирон] ба зудӣ хоҳед донист, ки чи касе дар гумроҳии ошкор аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ أَرَءَيْتُمْ إِنْ أَصْبَحَ مَآؤُكُمْ غَوْرًا فَمَن يَأْتِيكُم بِمَآءٍ مَّعِينٍۭ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, агар оби [ошомидании] шумо [дар замин] фуру равад, чи касе метавонад барои шумо оби равону гуворо] биёварад?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70