Сураи As-Saaffaat الصافات
182 оят · Макка · тартиби нузул 56
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ وَٱلصَّٰٓفَّٰتِ صَفًّا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСавганд ба фариштагони саф ба саф [ки барои парастиши Парвардигор истодаанд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱلزَّٰجِرَٰتِ زَجْرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа савганд ба фариштагоне, ки абрҳоро меронанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱلتَّٰلِيَٰتِ ذِكْرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа савганд ба фариштагоне, ки Қуръон тиловат мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ إِلَٰهَكُمْ لَوَٰحِدٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[ки] Бе тардид, маъбуди шумо яктост
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا وَرَبُّ ٱلْمَشَٰرِقِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамон] Парвардигори осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост ва Парвардигори [хуршед дар ғурубгоҳҳо ва] тулуъгоҳҳо
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّا زَيَّنَّا ٱلسَّمَآءَ ٱلدُّنْيَا بِزِينَةٍ ٱلْكَوَاكِبِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, ки Мо осмони дунёро бо зевари ситорагон оростем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَحِفْظًا مِّن كُلِّ شَيْطَٰنٍ مَّارِدٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа онро аз [дастрасии] ҳар шайтони саркаш ҳифз кардем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَّا يَسَّمَّعُونَ إِلَى ٱلْمَلَإِ ٱلْأَعْلَىٰ وَيُقْذَفُونَ مِن كُلِّ جَانِبٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Он шаётин ҳаргиз] наметавонанд [суханони фариштагони] олами болоро бишунаванд ва аз ҳар сӯ [бо шаҳобҳои оташин] тирборон мешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
دُحُورًا وَلَهُمْ عَذَابٌ وَاصِبٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аз вуруди онон ба олами фариштагон ҷилавгирӣ мешавад ва ҳамвора ба] ақиб ронда мешаванд ва азоби ҷовидон [дар пеш] доранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِلَّا مَنْ خَطِفَ ٱلْخَطْفَةَ فَأَتْبَعَهُۥ شِهَابٌ ثَاقِبٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар касе, ки ногаҳон чизе [аз гуфтугӯи фариштагон]-ро дуздида гӯш диҳад, ки [дар ин сурат] шаҳоби дурахшон ӯро дунбол мекунад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱسْتَفْتِهِمْ أَهُمْ أَشَدُّ خَلْقًا أَم مَّنْ خَلَقْنَآ إِنَّا خَلَقْنَٰهُم مِّن طِينٍ لَّازِبٍۭ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАз онон [кофирон] бипурс, ки оё офариниши [пайкарҳои] онон сахттар аст ё он чи ки Мо [аз замину осмонҳо ва ҷаҳони бекарон] офаридаем; [дар ҳоле ки] Мо онҳоро аз гили [беарзиш ва] часпида падид овардем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
بَلْ عَجِبْتَ وَيَسْخَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТу [аз инкори онон] дар шигифтӣ ва онҳо [низ суханонатро дар бораи қиёмат] масхара мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا ذُكِّرُوا۟ لَا يَذْكُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чун панд дода шаванд, намепазиранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا رَأَوْا۟ ءَايَةً يَسْتَسْخِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чун нишонаҳои [дар мавриди ростгӯии Паёмбар] мебинанд, [онро] ба тамасхур мегиранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالُوٓا۟ إِنْ هَٰذَآ إِلَّا سِحْرٌ مُّبِينٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа мегӯянд: «Ин [Қуръон чизе] нест, магар ҷодуе ошкор
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَءِذَا مِتْنَا وَكُنَّا تُرَابًا وَعِظَٰمًا أَءِنَّا لَمَبْعُوثُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё ҳангоме ки мурдем ва хок ва устухон шудем, барангехта хоҳем шуд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَوَءَابَآؤُنَا ٱلْأَوَّلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё падарони мо [низ барангехта мешаванд]?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ نَعَمْ وَأَنتُمْ دَٰخِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Оре, шумо, дар ҳоле ки хор ҳастед [зинда мешавед]»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَإِنَّمَا هِىَ زَجْرَةٌ وَٰحِدَةٌ فَإِذَا هُمْ يَنظُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [вуқуи қиёмат] танҳо бо як бонг [-и саҳмнок] аст ва ногаҳон [ҳама аз қабрҳо берун меоянд ва дар интизори дастури Парвардигор, ваҳшати қиёматро] назорат мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالُوا۟ يَٰوَيْلَنَا هَٰذَا يَوْمُ ٱلدِّينِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа мегӯянд: «Вой бар мо! Ин [ҳамон] рӯзи ҷазост»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هَٰذَا يَوْمُ ٱلْفَصْلِ ٱلَّذِى كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Гуфта мешавад: Оре] ин ҳамон рӯзи довариест, ки дурӯғаш меангоштед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱحْشُرُوا۟ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ وَأَزْوَٰجَهُمْ وَمَا كَانُوا۟ يَعْبُدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ба фариштагон гуфта мешавад] «Касонеро, ки [бо ширк ба хеш] ситам карданд,ё бо [ҳамфикрон ва] ҳаммонандҳояшон
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مِن دُونِ ٱللَّهِ فَٱهْدُوهُمْ إِلَىٰ صِرَٰطِ ٱلْجَحِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Centerва он чи ба ҷои Аллоҳ таоло мепарастиданд, гирд оваред ва ба роҳи дузах ҳидояташон кунед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقِفُوهُمْ إِنَّهُم مَّسْـُٔولُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ононро нигаҳ доред, ки, ҳатман, [пеш аз рафтан ба дузах] бозхост хоҳанд шуд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَا لَكُمْ لَا تَنَاصَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аз дузахиён мепурсанд] «Чаро [монанди дунё] аз якдигар ҳимоят намекунед?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
بَلْ هُمُ ٱلْيَوْمَ مُسْتَسْلِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБалки имрӯз [ҳамагӣ] таслим [-и амри Парвардигор] ҳастанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَقْبَلَ بَعْضُهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ يَتَسَآءَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа сарзанишкунон ба якдигар рӯ меоранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوٓا۟ إِنَّكُمْ كُنتُمْ تَأْتُونَنَا عَنِ ٱلْيَمِينِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ва ба роҳбарон ва бузургони худ] мегӯянд: «Шумо [барои ба куфр кашонондани мо бо иддаои дини ростин ва] аз ҷониби ҳақ ба суроғамон меомадед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوا۟ بَل لَّمْ تَكُونُوا۟ مُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Роҳбаронашон] Мегӯянд: «Мо муқассир нестем], балки шумо худ имон надоштед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا كَانَ لَنَا عَلَيْكُم مِّن سُلْطَٰنٍۭ بَلْ كُنتُمْ قَوْمًا طَٰغِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа мо ҳеҷ тасаллуте бар шумо надоштем; балки шумо худ гурӯҳи саркаш будед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَحَقَّ عَلَيْنَا قَوْلُ رَبِّنَآ إِنَّا لَذَآئِقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [акнун] фармони муҷозоти Парвардигорамон бар мо муҳаққақ шуда ва ба ростӣ, мо [ҳамагӣ азоби дузахро] чашандаем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَغْوَيْنَٰكُمْ إِنَّا كُنَّا غَٰوِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, шуморо гумроҳ намудем [чаро ки] дар ҳақиқат, худ низ гумроҳ будем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَإِنَّهُمْ يَوْمَئِذٍ فِى ٱلْعَذَابِ مُشْتَرِكُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, яқинан он рӯз ҳамаи [онон] дар азоб шариканд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَفْعَلُ بِٱلْمُجْرِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, Мо бо гунаҳкорон инчунин [рафтор] мекунем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّهُمْ كَانُوٓا۟ إِذَا قِيلَ لَهُمْ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا ٱللَّهُ يَسْتَكْبِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон буданд, ки чун ба эшон гуфта мешуд: «Маъбуде [барҳақ] ҷуз Аллоҳ таоло нест» саркашӣ [ва такаббур] мекарданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَقُولُونَ أَئِنَّا لَتَارِكُوٓا۟ ءَالِهَتِنَا لِشَاعِرٍ مَّجْنُونٍۭ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Centerва мегуфтанд: «Оё мо маъбудонамонро ба хотири [сухани] шоире девона раҳо кунем?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
بَلْ جَآءَ بِٱلْحَقِّ وَصَدَّقَ ٱلْمُرْسَلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Чунин нест] балки ӯ ҳақ [тавҳид]- ро оварда ва паёмбарони [пешин] – ро тасдиқ кардааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّكُمْ لَذَآئِقُوا۟ ٱلْعَذَابِ ٱلْأَلِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterШумо [кофирон], ҳатман, азоби дардноки [дузах]-ро мечашед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا تُجْزَوْنَ إِلَّا مَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҷуз [дар баробари] он чи мекардед, муҷозот намешавед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلْمُخْلَصِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲама азоб мебинанд, магар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أُو۟لَٰٓئِكَ لَهُمْ رِزْقٌ مَّعْلُومٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон [дар пешгоҳи Парвардигор ризқу] рӯзии мушаххасе доранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَوَٰكِهُ وَهُم مُّكْرَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Анвои] меваҳо [-ро дар ихтиёр хоҳанд дошт] ва гиромӣ дошта мешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فِى جَنَّٰتِ ٱلنَّعِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар боғҳои пурнеъмати [биҳишт]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
عَلَىٰ سُرُرٍ مُّتَقَٰبِلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳоле ки муқобили якдигар бар тахтҳо [такя задаанд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يُطَافُ عَلَيْهِم بِكَأْسٍ مِّن مَّعِينٍۭ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Centerҷоме аз шароби ноб [ва зулол] перомунашон мегардонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
بَيْضَآءَ لَذَّةٍ لِّلشَّٰرِبِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Шаробе равшан ва] сафед, ки барои нӯшандагонашон лаззатбахш аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَا فِيهَا غَوْلٌ وَلَا هُمْ عَنْهَا يُنزَفُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Шаробе, ки хуморӣ ва] сардардӣ дар нӯшиданаш нест ва аз он маст намегарданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَعِندَهُمْ قَٰصِرَٰتُ ٱلطَّرْفِ عِينٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа наздашон занони дуруштчашм аст, ки [ танҳо ба шавҳарони худ] назар доранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
كَأَنَّهُنَّ بَيْضٌ مَّكْنُونٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Занон чунон сафедандоманд, ки] гӯё тухм [-и парандагон] ҳастанд [ва зери пар ва боли онҳо аз дастрасии ҳамагон] пинҳон мондаанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَقْبَلَ بَعْضُهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ يَتَسَآءَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Биҳиштиён дар бораи рӯйдодҳои дунё суҳбат мекунанд ва] бархе аз онон пурсишкунон рӯ ба бархе дигар мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ قَآئِلٌ مِّنْهُمْ إِنِّى كَانَ لِى قَرِينٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯке аз онон мегӯяд: «Ман [дар дунё] ҳамнишине доштам
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَقُولُ أَءِنَّكَ لَمِنَ ٱلْمُصَدِّقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ӯ пайваста] Мегуфт: Оё ту воқеан [ба қиёмат] бовар дорӣ?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَءِذَا مِتْنَا وَكُنَّا تُرَابًا وَعِظَٰمًا أَءِنَّا لَمَدِينُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё ҳангоме ки мурдем ва хок ва устухон шудем, оё ҳақиқатан [зинда мешавем ва ба хотири корҳоямон] ба мо кайфар медиҳанд?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ هَلْ أَنتُم مُّطَّلِعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Сипас, ба дӯстони биҳиштиаш] мегӯяд: «Оё [шумо низ ҳамроҳи ман] сар мекашед [то бидонем ӯ куҷост]?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱطَّلَعَ فَرَءَاهُ فِى سَوَآءِ ٱلْجَحِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ худи ӯ сар мекашад ва ӯро дар миёни дузах мебинад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ تَٱللَّهِ إِن كِدتَّ لَتُرْدِينِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ӯ мегӯяд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, ки наздик буд маро [бо васвасаҳои куфромезат] нобуд созӣ
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَوْلَا نِعْمَةُ رَبِّى لَكُنتُ مِنَ ٱلْمُحْضَرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар неъмати [ҳидояти] Парвардигорам набуд, ман низ аз ҳозиршудагон [дар дузах] будам»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَفَمَا نَحْنُ بِمَيِّتِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Он гоҳ ба биҳиштиён мегӯяд] «Оё мо дигар марге нахоҳем дошт
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِلَّا مَوْتَتَنَا ٱلْأُولَىٰ وَمَا نَحْنُ بِمُعَذَّبِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Centerҷуз марги нахустин, ва азоб намешавем?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ ٱلْفَوْزُ ٱلْعَظِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, ки ин ҳамон комёбии бузург аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لِمِثْلِ هَٰذَا فَلْيَعْمَلِ ٱلْعَٰمِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАҳли амал бояд барои чунин [подош] бикӯшанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَذَٰلِكَ خَيْرٌ نُّزُلًا أَمْ شَجَرَةُ ٱلزَّقُّومِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё ин [неъмати биҳишт, каримонатар ва] барои пазироӣ беҳтар аст ё дарахти зақум [дар дузах]?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّا جَعَلْنَٰهَا فِتْنَةً لِّلظَّٰلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, Мо он дарахтро мояи озмоиши ситамгорони [мушрик] додаем [чаро ки мегӯянд: «Ҳеҷ дарахте дар оташ намерӯяд»]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّهَا شَجَرَةٌ تَخْرُجُ فِىٓ أَصْلِ ٱلْجَحِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳақиқат, он [мояи азоб] дарахте аст, ки аз жарфои дузах мерӯяд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
طَلْعُهَا كَأَنَّهُۥ رُءُوسُ ٱلشَّيَٰطِينِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМеваҳояш [чунон бадманзар аст, ки] гӯё сарҳои шаётин аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَإِنَّهُمْ لَـَٔاكِلُونَ مِنْهَا فَمَالِـُٔونَ مِنْهَا ٱلْبُطُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон [дузахиён] аз [меваҳои талхи] он мехӯранд ва шикамҳоро аз онҳо анбошта мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ إِنَّ لَهُمْ عَلَيْهَا لَشَوْبًا مِّنْ حَمِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ рӯи ин [ғизои нопок, ба ҷойи нӯшидани] омезаҳои аз оби ҷӯшон доранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ إِنَّ مَرْجِعَهُمْ لَإِلَى ٱلْجَحِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас, яқинан, бозгашташон ба дузах аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّهُمْ أَلْفَوْا۟ ءَابَآءَهُمْ ضَآلِّينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон падарони худро гумроҳ ёфтанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَهُمْ عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِمْ يُهْرَعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ҳамчунон] дар пайи онон мешитофтанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ ضَلَّ قَبْلَهُمْ أَكْثَرُ ٱلْأَوَّلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа, ҳатман, қабл аз онон низ бештари пешиниён гумроҳ шуданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا فِيهِم مُّنذِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бе тардид, Мо миёнашон ҳушдордиҳандагон [-и бисёр] фиристодем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱنظُرْ كَيْفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلْمُنذَرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, бингар, ки саранҷоми ҳушдорёфтагон чи гуна буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلْمُخْلَصِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳама гирифтори азоб шуданд] магар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ نَادَىٰنَا نُوحٌ فَلَنِعْمَ ٱلْمُجِيبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterНуҳ ба даргоҳи Мо дуо кард ва [Мо] чи наку иҷобаткунанда будем!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَنَجَّيْنَٰهُ وَأَهْلَهُۥ مِنَ ٱلْكَرْبِ ٱلْعَظِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ӯ ва хонаводаашро [бо ҳамроҳи муъминон] аз балои бузурги [туфон] наҷот додем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَجَعَلْنَا ذُرِّيَّتَهُۥ هُمُ ٱلْبَاقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [пас аз туфон, фақат пайравони муъмин ва] хонаводаи ӯро [дар замин] боқӣ гузоштем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَتَرَكْنَا عَلَيْهِ فِى ٱلْـَٔاخِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа барояш дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
سَلَٰمٌ عَلَىٰ نُوحٍ فِى ٱلْعَٰلَمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСалом [ва ситоиши] ҷаҳониён бар Нуҳ бод
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجْزِى ٱلْمُحْسِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ Мо накукоронро, инчунин, подош медиҳем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّهُۥ مِنْ عِبَادِنَا ٱلْمُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, ӯ аз бандагони муъмини Мо буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ أَغْرَقْنَا ٱلْـَٔاخَرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ дигаронро [ки дар туфон монда буданд] ғарқ кардем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِنَّ مِن شِيعَتِهِۦ لَإِبْرَٰهِيمَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа, ҳатман, Иброҳим аз пайравони ӯ [Нуҳ] буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِذْ جَآءَ رَبَّهُۥ بِقَلْبٍ سَلِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ёд кун аз] ҳангоме ки вай бо дили пок [ва холӣ аз ширк] ба [даргоҳи] Парвардигораш омад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِذْ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوْمِهِۦ مَاذَا تَعْبُدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ки ба падар ва қавмаш гуфт: «Чи чизе мепарастед?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَئِفْكًا ءَالِهَةً دُونَ ٱللَّهِ تُرِيدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё ба ҷойи Аллоҳ таоло ин маъбудони дурӯғинро мехоҳед?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَمَا ظَنُّكُم بِرَبِّ ٱلْعَٰلَمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterГумонатон дар бораи Парвардигори ҷаҳониён чист?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَنَظَرَ نَظْرَةً فِى ٱلنُّجُومِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас нигоҳе ба ситорагон афканд [ва андешид]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَقَالَ إِنِّى سَقِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа гуфт: «Ман беморам [ва дар ҷашн ширкат намекунам]»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَتَوَلَّوْا۟ عَنْهُ مُدْبِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМардум ӯро тарк карданд ва рафтанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَرَاغَ إِلَىٰٓ ءَالِهَتِهِمْ فَقَالَ أَلَا تَأْكُلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ пинҳонӣ назди бутҳояшон рафт ва [бо тамасхур] гуфт: «Чизе намехуред?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَا لَكُمْ لَا تَنطِقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterШуморо чи шудааст, ки сухан намегӯед?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَرَاغَ عَلَيْهِمْ ضَرْبًۢا بِٱلْيَمِينِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас бо дасти рости худ зарбаҳои [муҳкам] бар онҳо ворид овард [ва ҷуз бути бузург ҳамаро шикаст]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَقْبَلُوٓا۟ إِلَيْهِ يَزِفُّونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, қавмаш шитофтанд ва ба сӯйи ӯ омаданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ أَتَعْبُدُونَ مَا تَنْحِتُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Иброҳим] гуфт: «Оё чизеро, ки худ метарошед, мепарастед?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱللَّهُ خَلَقَكُمْ وَمَا تَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳол он ки Аллоҳ таоло [ҳам] шумо ва [ ҳам] он чиро анҷом медиҳед офаридааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوا۟ ٱبْنُوا۟ لَهُۥ بُنْيَٰنًا فَأَلْقُوهُ فِى ٱلْجَحِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Вақте бутпарастон аз посух дармонданд] Гуфтанд: «Барояш бинои [баланд] бисозед ва ӯро дар оташ биафканед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَرَادُوا۟ بِهِۦ كَيْدًا فَجَعَلْنَٰهُمُ ٱلْأَسْفَلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, барои [нобудии] ӯ найранг хостанд, [вале] Мо ононро паст ва [мағлуб] сохтем [ва оташ бар Иброҳим сард ва беасар шуд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ إِنِّى ذَاهِبٌ إِلَىٰ رَبِّى سَيَهْدِينِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа гуфт: «Ман ба сӯи [сарзамини дигаре барои ибодати] Парвардигорам меравам ва Ӯ ҳидоятам хоҳад кард
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
رَبِّ هَبْ لِى مِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПарвардигоро, ба ман [фарзанде] аз шоистагон ато кун»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَبَشَّرْنَٰهُ بِغُلَٰمٍ حَلِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо [дуояшро мустаҷоб кардем ва] ӯро ба таваллуди писари бурдборе башорат додем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَمَّا بَلَغَ مَعَهُ ٱلسَّعْىَ قَالَ يَٰبُنَىَّ إِنِّىٓ أَرَىٰ فِى ٱلْمَنَامِ أَنِّىٓ أَذْبَحُكَ فَٱنظُرْ مَاذَا تَرَىٰ قَالَ يَٰٓأَبَتِ ٱفْعَلْ مَا تُؤْمَرُ سَتَجِدُنِىٓ إِن شَآءَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلصَّٰبِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чун [Исмоил] ба [синни навҷавонӣ ва] ҳадди талош [ва ҳамкорӣ] бо ӯ [Иброҳим] расид, ба вай гуфт: Писарам, дар хоб [ба ман ваҳй мешавад ва] мебинам, ки туро забҳ мекунам. Назарат дар ин бора чист?» [Исмоил] гуфт: «Падарҷон, он чиро ки ба ту амр шудааст анҷом бидеҳ. Иншоаллоҳ маро [дар баробари ин фармон] шикебо хоҳӣ ёфт»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَمَّآ أَسْلَمَا وَتَلَّهُۥ لِلْجَبِينِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, чун ҳар ду таслими [фармони Парвардигор] шуданд ва [Иброҳим] ӯро бо гуна [бар хок] ниҳод
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَنَٰدَيْنَٰهُ أَن يَٰٓإِبْرَٰهِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ӯ нидо додем, ки «Эй Иброҳим!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَدْ صَدَّقْتَ ٱلرُّءْيَآ إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجْزِى ٱلْمُحْسِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан хобатро таҳаққуқ бахшидӣ». Мо накукоронро чунин подош медиҳем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ ٱلْبَلَٰٓؤُا۟ ٱلْمُبِينُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, ин [хоб] озмоише ошкор буд [ва Иброҳим аз он сарбаланд берун омад]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَفَدَيْنَٰهُ بِذِبْحٍ عَظِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ҷони] ӯро дар баробари қурбонии бузурге бозхаридем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَتَرَكْنَا عَلَيْهِ فِى ٱلْـَٔاخِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа барояш дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
سَلَٰمٌ عَلَىٰٓ إِبْرَٰهِيمَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСалом бар Иброҳим
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
كَذَٰلِكَ نَجْزِى ٱلْمُحْسِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо накукоронро чунин подош медиҳем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّهُۥ مِنْ عِبَادِنَا ٱلْمُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, ӯ аз бандагони муъмини Мо буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَبَشَّرْنَٰهُ بِإِسْحَٰقَ نَبِيًّا مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ӯро ба [таваллуди] Исҳоқ, ки паёмбаре аз шоистагон буд, башорат додем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَبَٰرَكْنَا عَلَيْهِ وَعَلَىٰٓ إِسْحَٰقَ وَمِن ذُرِّيَّتِهِمَا مُحْسِنٌ وَظَالِمٌ لِّنَفْسِهِۦ مُبِينٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мо] Ба ӯ ва Исҳоқ баракат додем, ва [бархе] аз афроди дудмонашон накукор буданд ва [бархе дигар] ошкоро нисбат ба хештан ситамгор буданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ مَنَنَّا عَلَىٰ مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба ростӣ, бар Мӯсо ва Ҳорун миннат ниҳодем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَنَجَّيْنَٰهُمَا وَقَوْمَهُمَا مِنَ ٱلْكَرْبِ ٱلْعَظِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он дуро ҳамроҳи қавмашон аз андуҳи бузург [ситами Фиръавн ва хатари ғарқ шудан дар Нил] наҷот додем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَنَصَرْنَٰهُمْ فَكَانُوا۟ هُمُ ٱلْغَٰلِبِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ёриашон кардем, то пирӯз шуданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَءَاتَيْنَٰهُمَا ٱلْكِتَٰبَ ٱلْمُسْتَبِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба он ду китоби равшангар [Таврот] додем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَهَدَيْنَٰهُمَا ٱلصِّرَٰطَ ٱلْمُسْتَقِيمَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба роҳи рост ҳидояташон кардем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَتَرَكْنَا عَلَيْهِمَا فِى ٱلْـَٔاخِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа барояшон дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
سَلَٰمٌ عَلَىٰ مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСалом бар Мӯсо ва Ҳорун
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجْزِى ٱلْمُحْسِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо накукоронро чунин подош медиҳем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّهُمَا مِنْ عِبَادِنَا ٱلْمُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, он ду бандагони муъмини Мо буданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِنَّ إِلْيَاسَ لَمِنَ ٱلْمُرْسَلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа, ҳатман, Илёс [низ] яке аз паёмбарони [Мо] буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِۦٓ أَلَا تَتَّقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ёд кун аз] Ҳангоме ки ӯ ба қавмаш гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَتَدْعُونَ بَعْلًا وَتَذَرُونَ أَحْسَنَ ٱلْخَٰلِقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [бути] «Баъл»-ро [ба парастиш] мехонед ва беҳтарин офарандаро раҳо мекунед?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱللَّهَ رَبَّكُمْ وَرَبَّ ءَابَآئِكُمُ ٱلْأَوَّلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло [-ро тарк мекунед], ки Парвардигори шумо ва Парвардигори падаронатон аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَكَذَّبُوهُ فَإِنَّهُمْ لَمُحْضَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАммо ӯро дурӯғгӯ ангоштанд ва мусалламан, [барои азоб] ҳозир карда мешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلْمُخْلَصِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَتَرَكْنَا عَلَيْهِ فِى ٱلْـَٔاخِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо барояш дар миёни ояндагон [номи нек] бар ҷой ниҳодем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
سَلَٰمٌ عَلَىٰٓ إِلْ يَاسِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСалом бар Илёс
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجْزِى ٱلْمُحْسِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, Мо накукоронро чунин подош медиҳем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّهُۥ مِنْ عِبَادِنَا ٱلْمُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, ӯ аз бандагони муъмини Мо буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِنَّ لُوطًا لَّمِنَ ٱلْمُرْسَلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳатман, Лут [низ] яке аз паёмбарони [Мо] буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِذْ نَجَّيْنَٰهُ وَأَهْلَهُۥٓ أَجْمَعِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ёд кун аз] ҳангоме ки ӯ ва ҳамаи хонаводаашро наҷот додем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِلَّا عَجُوزًا فِى ٱلْغَٰبِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар пиразане, ки аз боқимондагон [дар азоб] буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ دَمَّرْنَا ٱلْـَٔاخَرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас дигаронро ҳалок кардем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِنَّكُمْ لَتَمُرُّونَ عَلَيْهِم مُّصْبِحِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа шумо [дар сафар ба сарзамини Шом] субҳгоҳон бар [вайронаҳои шаҳрҳои] онон мегузаред,
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَبِٱلَّيْلِ أَفَلَا تَعْقِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Centerва шабонгоҳ. Оё намеандешед [ва ибрат намегиред]?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِنَّ يُونُسَ لَمِنَ ٱلْمُرْسَلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа, ҳатман, Юнус [низ] яке аз паёмбарони [Мо] буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِذْ أَبَقَ إِلَى ٱلْفُلْكِ ٱلْمَشْحُونِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ёд кун аз] ҳангоме ки [ хашмгин аз куфри қавмаш, бидуни иҷозати Парвардигор] ба киштии анбошта [аз мусофир ва бор] гурехт
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَسَاهَمَ فَكَانَ مِنَ ٱلْمُدْحَضِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [чун киштӣ дар ҳоли ғарқ шудан буд, Юнус ҳамроҳи мусофирон барои берун андохтани бархе афрод] қуръа андохтанд ва бозанда шуд [ва ӯро ба дарё андохтанд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱلْتَقَمَهُ ٱلْحُوتُ وَهُوَ مُلِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас моҳии [бузурге] ӯро балъид [фурӯ бурд], дар ҳоле ки [худро ба хотири тарки вазифа] сарзаниш мекард
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَوْلَآ أَنَّهُۥ كَانَ مِنَ ٱلْمُسَبِّحِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, агар дар зумраи тасбеҳгӯёни [Парвардигор] набуд,
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَلَبِثَ فِى بَطْنِهِۦٓ إِلَىٰ يَوْمِ يُبْعَثُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан, то рӯзе, ки [мардум] барангехта мешаванд, дар шиками он [моҳӣ] боқӣ мемонд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَنَبَذْنَٰهُ بِٱلْعَرَآءِ وَهُوَ سَقِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ӯро дар ҳоле ки [заъиф ва] бемор буд ба сарзамини хушк [ва бегиёҳ] афкандем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَنۢبَتْنَا عَلَيْهِ شَجَرَةً مِّن يَقْطِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бар [сари] ӯ бутаи каду рӯёндем [то аз соя ва меваҳояш баҳра гирад]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَرْسَلْنَٰهُ إِلَىٰ مِا۟ئَةِ أَلْفٍ أَوْ يَزِيدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [дубора] ӯро ба сӯйи сад ҳазор нафар ё бештар [ба рисолат] фиристодем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَـَٔامَنُوا۟ فَمَتَّعْنَٰهُمْ إِلَىٰ حِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, онон имон оварданд ва Мо низ то муддате [аз неъматҳои зиндагӣ] баҳрамандашон сохтем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱسْتَفْتِهِمْ أَلِرَبِّكَ ٱلْبَنَاتُ وَلَهُمُ ٱلْبَنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, аз эшон [мушрикон] бипурс, оё духтарҳо барои Парвардигори ту ва писарҳо барои онҳост?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ خَلَقْنَا ٱلْمَلَٰٓئِكَةَ إِنَٰثًا وَهُمْ شَٰهِدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё Мо фариштагонро духтар офаридем ва онҳо ҳузур доштанд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَلَآ إِنَّهُم مِّنْ إِفْكِهِمْ لَيَقُولُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОгоҳ бош! Онон аз [рӯи туҳмат ва] дурӯғгӯӣ
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَدَ ٱللَّهُ وَإِنَّهُمْ لَكَٰذِبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Centerмегӯянд: «Аллоҳ таоло фарзанд дорад» ва, яқинан, дурӯғ мегӯянд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَصْطَفَى ٱلْبَنَاتِ عَلَى ٱلْبَنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [Аллоҳ таоло] духтаронро бар писарон тарҷеҳ додааст?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَا لَكُمْ كَيْفَ تَحْكُمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterШуморо чи шудааст? Чи гуна ҳукм мекунед?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [намеандешед ва] панд намегиред?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ لَكُمْ سُلْطَٰنٌ مُّبِينٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [бар иддаои ботили хеш] далели равшане доред?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأْتُوا۟ بِكِتَٰبِكُمْ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, агар ростгӯед, китобатонро биёваред
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَجَعَلُوا۟ بَيْنَهُۥ وَبَيْنَ ٱلْجِنَّةِ نَسَبًا وَلَقَدْ عَلِمَتِ ٱلْجِنَّةُ إِنَّهُمْ لَمُحْضَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мушрикон] байни Ӯ [Аллоҳ таоло] ва фариштагон, хешовандӣ қоил шудаанд; дар ҳоле ки фариштагон ба яқин медонанд, ки [мушрикон рӯзи қиёмат барои ҳисобрасӣ] эҳзор мешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
سُبْحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يَصِفُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло аз он чи [мушрикон] тавсиф мекунанд, муназзаҳ аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلْمُخْلَصِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мардум дар тавсифи Парвардигор, сухани газоф мегӯянд] магар бандагони мухлиси Аллоҳ таоло
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَإِنَّكُمْ وَمَا تَعْبُدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, шумо [мушрикон] ва он чи мепарастед,
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَآ أَنتُمْ عَلَيْهِ بِفَٰتِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[ҳаргиз] гумроҳгари [касе аз дини ҳақ] нестед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِلَّا مَنْ هُوَ صَالِ ٱلْجَحِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар он ки [ба тақдири илоҳӣ] аҳли дузах бошад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا مِنَّآ إِلَّا لَهُۥ مَقَامٌ مَّعْلُومٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [фариштагон мегӯянд]: «Ҳеҷ як аз мо нест, магар он ки мақоми мушаххасе [дар пешгоҳи илоҳӣ] дорад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِنَّا لَنَحْنُ ٱلصَّآفُّونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМоем, ки [барои парастиш ва ниёиш ба даргоҳи Парвардигор] ба саф истодаем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِنَّا لَنَحْنُ ٱلْمُسَبِّحُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бе тардид, моем, ки тасбеҳгӯи [Ӯ] ҳастем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِن كَانُوا۟ لَيَقُولُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [кофирон, пеш аз биъсат] ҳамвора мегуфтанд:
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَوْ أَنَّ عِندَنَا ذِكْرًا مِّنَ ٱلْأَوَّلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center«Агар китобе аз [китобҳои осмонии] пешиниён наздамон буд,
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَكُنَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلْمُخْلَصِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Centerяқинан, аз бандагони мухлиси Аллоҳ таоло мешудем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَكَفَرُوا۟ بِهِۦ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАммо [ҳангоме ки паёмбар бо Қуръон ба сӯяшон омад, ҳаққонияти] онро инкор карданд; пас, ба зудӣ [натиҷаи ин корашонро] хоҳанд донист
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ سَبَقَتْ كَلِمَتُنَا لِعِبَادِنَا ٱلْمُرْسَلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳатман суханони Мо дар бораи бандагони фиристодаамон аз пеш содир шудааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّهُمْ لَهُمُ ٱلْمَنصُورُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон, ҳатман, аз ҷониби Мо ёрӣ шудаанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِنَّ جُندَنَا لَهُمُ ٱلْغَٰلِبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бе тардид, лашкари Мо пирӯзанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَتَوَلَّ عَنْهُمْ حَتَّىٰ حِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [эй Паёмбар] то муддате аз онон [мушрикон] рӯй бигардон
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَبْصِرْهُمْ فَسَوْفَ يُبْصِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ононро [дар ҳангоми нузули азоб] бингар; пас, ба зудӣ худ [низ натиҷаи куфрашонро] хоҳанд дид
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَفَبِعَذَابِنَا يَسْتَعْجِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё онон азоби моро ба шитоб хосторанд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَإِذَا نَزَلَ بِسَاحَتِهِمْ فَسَآءَ صَبَاحُ ٱلْمُنذَرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ки [азоби илоҳӣ] бар хонаҳояшон фуруд ояд, чи бад аст бомдоди ҳушдорёфтагон!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَتَوَلَّ عَنْهُمْ حَتَّىٰ حِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа то муддате аз онон рӯй бигардон
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَبْصِرْ فَسَوْفَ يُبْصِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ононро [дар ҳангоми нузули азоб] бингар; пас, ба зудӣ худ [низ натиҷаи куфрашонро] хоҳанд дид
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
سُبْحَٰنَ رَبِّكَ رَبِّ ٱلْعِزَّةِ عَمَّا يَصِفُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПок ва муназзаҳ аст Парвардигорат - Парвардигори иззат ва қудрат-аз он чи [мушрикон ба дурӯғ] васф мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَسَلَٰمٌ عَلَى ٱلْمُرْسَلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа салом бар паёмбарон
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلْعَٰلَمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа сипос [ва ситоиш] аз они Аллоҳ таоло- Парвардигори ҷаҳониён- аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→