caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Yaseen يس

83 оят · Макка · тартиби нузул 41

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ يسٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЁ, син.[1]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلْقُرْءَانِ ٱلْحَكِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСавганд ба Қуръони ҳаким

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّكَ لَمِنَ ٱلْمُرْسَلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, ту аз паёмбарон [-и Мо] ҳастӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

عَلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسْتَقِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ва] Бар роҳи рост [Ислом қарор дорӣ]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

تَنزِيلَ ٱلْعَزِيزِ ٱلرَّحِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ин Қуръон] Фуруфиристодаи [Парвардигори] шикастнопазири меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لِتُنذِرَ قَوْمًا مَّآ أُنذِرَ ءَابَآؤُهُمْ فَهُمْ غَٰفِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо мардумеро [дар бораи азоби қиёмат] бим диҳӣ, ки падаронашон ҳушдор наёфтаанд ва [бад-ин сабаб] онҳо низ ғофиланд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَقَدْ حَقَّ ٱلْقَوْلُ عَلَىٰٓ أَكْثَرِهِمْ فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан, фармон [-и азоби илоҳӣ] бар бештарашон таҳаққуқ ёфтааст; пас, [лаҷоҷат мекунанд ва] имон намеоваранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّا جَعَلْنَا فِىٓ أَعْنَٰقِهِمْ أَغْلَٰلًا فَهِىَ إِلَى ٱلْأَذْقَانِ فَهُم مُّقْمَحُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мисоли гумроҳии кофирон, чунон аст, ки гӯӣ] Мо бар гарданҳояшон занҷирҳое ниҳодаем, ки то зери манаҳҳояшон [печидашуда] аст, чунонки сарҳояшон боло мондааст [ва аз анҷоми ҳар хайре оҷизанд ва роҳи ҳидоятро намеёбанд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَعَلْنَا مِنۢ بَيْنِ أَيْدِيهِمْ سَدًّا وَمِنْ خَلْفِهِمْ سَدًّا فَأَغْشَيْنَٰهُمْ فَهُمْ لَا يُبْصِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз пеши рӯяшон деворе ва аз пушти сарашон низ деворе ниҳодаем ва чашмонашонро бо пардае пӯшонидаем; аз ин рӯст, ки [ҳақиқатро] намебинанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَسَوَآءٌ عَلَيْهِمْ ءَأَنذَرْتَهُمْ أَمْ لَمْ تُنذِرْهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] барояшон яксон аст, ки ононро бим диҳӣ ё надиҳӣ; [дар ҳар ҳол] имон намеоваранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّمَا تُنذِرُ مَنِ ٱتَّبَعَ ٱلذِّكْرَ وَخَشِىَ ٱلرَّحْمَٰنَ بِٱلْغَيْبِ فَبَشِّرْهُ بِمَغْفِرَةٍ وَأَجْرٍ كَرِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҶуз ин нест, ки ту ба касе бим медиҳӣ [ва ин кор барои касе суд дорад], ки пайрави Қуръон бошад ва дар ниҳон аз [Парвардигори] Раҳмон битарсад; пас, Ӯро [ки чунин аст] ба омурзиш ва подоши арҷманд башорат бидеҳ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّا نَحْنُ نُحْىِ ٱلْمَوْتَىٰ وَنَكْتُبُ مَا قَدَّمُوا۟ وَءَاثَٰرَهُمْ وَكُلَّ شَىْءٍ أَحْصَيْنَٰهُ فِىٓ إِمَامٍ مُّبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан, Моем, ки мурдагонро зинда мекунем ва он чиро, ки аз пеш фиристодаанд ва осори [боқимонда аз] эшонро менависем; ва ҳама чизро дар Китоби равшан [Лавҳ-ул-маҳфуз] ба шумор овардаем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱضْرِبْ لَهُم مَّثَلًا أَصْحَٰبَ ٱلْقَرْيَةِ إِذْ جَآءَهَا ٱلْمُرْسَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] барояшон [моҷарои] мардуми он шаҳрро мисол бизан, он гоҳ ки паёмбарон наздашон рафтанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ أَرْسَلْنَآ إِلَيْهِمُ ٱثْنَيْنِ فَكَذَّبُوهُمَا فَعَزَّزْنَا بِثَالِثٍ فَقَالُوٓا۟ إِنَّآ إِلَيْكُم مُّرْسَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа вақте ду нафар аз паёмбаронро ба сӯяшон фиристодем; аммо [мардум] ононро дурӯғгӯ ангоштанд; пас, бо фиристодани паёмбари савум он дуро [таъйид ва] тақвият кардем. Онон [ба аҳолии шаҳр] мегуфтанд: «Мо фиристодагон [-и илоҳӣ] ба сӯи шумо ҳастем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ مَآ أَنتُمْ إِلَّا بَشَرٌ مِّثْلُنَا وَمَآ أَنزَلَ ٱلرَّحْمَٰنُ مِن شَىْءٍ إِنْ أَنتُمْ إِلَّا تَكْذِبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Онон дар посух] гуфтанд: «Шумо ҷуз башаре ҳаммонанди мо нестед ва [Парвардигори] Раҳмон чизе [аз ваҳй] нозил накардааст. Шумо ҷуз дурӯғ намегӯед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ رَبُّنَا يَعْلَمُ إِنَّآ إِلَيْكُمْ لَمُرْسَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Паёмбарон] гуфтанд: «Парвардигорамон медонад, ки қатъан, ба сӯйи шумо фиристода шудаем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا عَلَيْنَآ إِلَّا ٱلْبَلَٰغُ ٱلْمُبِينُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа мо вазифае ҷуз расонидани ошкор [-и ваҳй] надорем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوٓا۟ إِنَّا تَطَيَّرْنَا بِكُمْ لَئِن لَّمْ تَنتَهُوا۟ لَنَرْجُمَنَّكُمْ وَلَيَمَسَّنَّكُم مِّنَّا عَذَابٌ أَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мардум] Гуфтанд: «Мо шуморо ба фоли бад гирифтаем. Агар [аз таблиғ] даст барнадоред, ҳатман, сангсоратон мекунем ва бе тардид, азоби дардноке аз [ҷониби] мо ба шумо хоҳад расид»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ طَٰٓئِرُكُم مَّعَكُمْ أَئِن ذُكِّرْتُم بَلْ أَنتُمْ قَوْمٌ مُّسْرِفُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Паёмбарон] Гуфтанд: «Шумии шумо бо худатон [ва ношӣ аз куфру гуноҳ] аст. Оё агар пандатон диҳанд, [онро шум мепиндоред?] балки [ҳақиқат ин аст, ки шумо дар иртикоби гуноҳ] мардуми исрофкоред»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَآءَ مِنْ أَقْصَا ٱلْمَدِينَةِ رَجُلٌ يَسْعَىٰ قَالَ يَٰقَوْمِ ٱتَّبِعُوا۟ ٱلْمُرْسَلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа марде аз дуртарин нуқтаи шаҳр шитобон омад [ва] гуфт: «Эй қавми ман, аз ин паёмбарон пайравӣ кунед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱتَّبِعُوا۟ مَن لَّا يَسْـَٔلُكُمْ أَجْرًا وَهُم مُّهْتَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПайрави касоне бошед, ки аз шумо подоше намехоҳанд ва худ ҳидоят ёфтаанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا لِىَ لَآ أَعْبُدُ ٱلَّذِى فَطَرَنِى وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чаро маъбудеро напарастам, ки маро офаридааст ва [шумо низ] ба сӯяш бозгардонда мешавед?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ءَأَتَّخِذُ مِن دُونِهِۦٓ ءَالِهَةً إِن يُرِدْنِ ٱلرَّحْمَٰنُ بِضُرٍّ لَّا تُغْنِ عَنِّى شَفَٰعَتُهُمْ شَيْـًٔا وَلَا يُنقِذُونِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё ба ҷои Ӯ маъбудоне баргузинам, ки агар [Парвардигори] Раҳмон бихоҳад, газанде ба ман бирасонад, на шафоаташон бароям суде дорад ва на метавонанд [аз азоби илоҳӣ] наҷотам диҳанд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنِّىٓ إِذًا لَّفِى ضَلَٰلٍ مُّبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар он сурат, яқинан, дар гумроҳии ошкоре хоҳам буд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنِّىٓ ءَامَنتُ بِرَبِّكُمْ فَٱسْمَعُونِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМан ба Парвардигоратон имон овардаам [ва аз марг ҳаросе надорам] пас, суханонамро бишунавед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قِيلَ ٱدْخُلِ ٱلْجَنَّةَ قَالَ يَٰلَيْتَ قَوْمِى يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Пас, чун он мард ба дасти қавмаш ба шаҳодат расид] Ба вай гуфта шуд: «Вориди биҳишт шав». Ӯ гуфт: «Эй кош, қавми ман медонистанд,

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بِمَا غَفَرَ لِى رَبِّى وَجَعَلَنِى مِنَ ٱلْمُكْرَمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Centerки Парвардигорам маро омурзида ва гиромӣ доштааст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَآ أَنزَلْنَا عَلَىٰ قَوْمِهِۦ مِنۢ بَعْدِهِۦ مِن جُندٍ مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَمَا كُنَّا مُنزِلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас аз [шаҳодати] ӯ бар қавмаш ҳеҷ сипоҳе аз осмон нафиристодем ва [пеш аз ин низ] фуру фиристанда набудем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِن كَانَتْ إِلَّا صَيْحَةً وَٰحِدَةً فَإِذَا هُمْ خَٰمِدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Кайфарашон] Ҷуз як бонги маргбор набуд; пас, ба ногоҳ ҳамагӣ [мурда ва] хомӯш гаштанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰحَسْرَةً عَلَى ٱلْعِبَادِ مَا يَأْتِيهِم مِّن رَّسُولٍ إِلَّا كَانُوا۟ بِهِۦ يَسْتَهْزِءُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй афсӯс, бар ин бандагон! Ҳеҷ паёмбаре ба сӯяшон наёмад, магар он ки масхарааш мекарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَمْ يَرَوْا۟ كَمْ أَهْلَكْنَا قَبْلَهُم مِّنَ ٱلْقُرُونِ أَنَّهُمْ إِلَيْهِمْ لَا يَرْجِعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё надиданд [ва намедонанд] ки қабл аз онон чи бисёр наслҳоро ҳалок кардаем, ки дигар назди инҳо [ба дунё] бознамегарданд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِن كُلٌّ لَّمَّا جَمِيعٌ لَّدَيْنَا مُحْضَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [рӯзи қиёмат] ҳеҷ кас нест, магар он ки ҳамагӣ назди Мо эҳзор мешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَءَايَةٌ لَّهُمُ ٱلْأَرْضُ ٱلْمَيْتَةُ أَحْيَيْنَٰهَا وَأَخْرَجْنَا مِنْهَا حَبًّا فَمِنْهُ يَأْكُلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБарои онон [ки қиёматро бовар надоранд] замини хушк нишонае [ибратомӯз] аст: Мо он [замин]-ро зинда кардем ва аз [хоки] он донаҳое рӯёнидем, ки [махлуқоти илоҳӣ] аз он мехӯранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَعَلْنَا فِيهَا جَنَّٰتٍ مِّن نَّخِيلٍ وَأَعْنَٰبٍ وَفَجَّرْنَا فِيهَا مِنَ ٱلْعُيُونِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар он [замин] боғҳое аз нахл ва ангур падид овардем ва дар он чашмаҳо равон сохтем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لِيَأْكُلُوا۟ مِن ثَمَرِهِۦ وَمَا عَمِلَتْهُ أَيْدِيهِمْ أَفَلَا يَشْكُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо мардум аз мевааш бихӯранд, дар ҳоле ки ин [маҳсулот, ҳосили талоши онҳо нест ва онҳо]-ро бо дастони худ амал наовардаанд. Пас, оё сипос намегузоранд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

سُبْحَٰنَ ٱلَّذِى خَلَقَ ٱلْأَزْوَٰجَ كُلَّهَا مِمَّا تُنۢبِتُ ٱلْأَرْضُ وَمِنْ أَنفُسِهِمْ وَمِمَّا لَا يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПок ва муназзаҳ аст, он [Парвардигоре] ки ҳамаи нару модаҳоро офарида аст; аз он чи замин мерӯёнад [гиёҳону дарахтон] ва аз худашон [инсонҳо] ва аз он чи намедонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَءَايَةٌ لَّهُمُ ٱلَّيْلُ نَسْلَخُ مِنْهُ ٱلنَّهَارَ فَإِذَا هُم مُّظْلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа шаб барои онон нишонае [дигар аз қудрати илоҳӣ] аст, [ки] рӯзро аз он барканор мекунем ва ногаҳон [ҳама] дар торикӣ фуру мераванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلشَّمْسُ تَجْرِى لِمُسْتَقَرٍّ لَّهَا ذَٰلِكَ تَقْدِيرُ ٱلْعَزِيزِ ٱلْعَلِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа хуршед [низ пайваста] ба сӯйи қароргоҳаш дар ҳаракат аст. Ин тақдири [Парвардигори] шикастнопазиру доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلْقَمَرَ قَدَّرْنَٰهُ مَنَازِلَ حَتَّىٰ عَادَ كَٱلْعُرْجُونِ ٱلْقَدِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа барои моҳ [низ] манзилгоҳҳое муқаррар намудаем, то [саранҷом аз қурси комил ба ҳилол ва] ба шакли шохаи хушки хурмо бозгардад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَا ٱلشَّمْسُ يَنۢبَغِى لَهَآ أَن تُدْرِكَ ٱلْقَمَرَ وَلَا ٱلَّيْلُ سَابِقُ ٱلنَّهَارِ وَكُلٌّ فِى فَلَكٍ يَسْبَحُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterНа хуршедро сазовор аст, ки [дар сайри худ] ба моҳ бирасад в на шаб бар рӯз пешӣ мегирад; ва ҳар як аз [ситораву сайёра] дар мадоре шиноваранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَءَايَةٌ لَّهُمْ أَنَّا حَمَلْنَا ذُرِّيَّتَهُمْ فِى ٱلْفُلْكِ ٱلْمَشْحُونِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterНишонае [дигар аз қудрати Парвардигор] барои онон ин аст, ки падаронашонро дар киштӣ анбошта [аз сарнишин ва бор] ҳамл кардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَخَلَقْنَا لَهُم مِّن مِّثْلِهِۦ مَا يَرْكَبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамчунин, барояшон чизе ҳаммонанди он [киштӣ] офаридаем, ки савораш шаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِن نَّشَأْ نُغْرِقْهُمْ فَلَا صَرِيخَ لَهُمْ وَلَا هُمْ يُنقَذُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар бихоҳем, ғарқашон мекунем; дар ин сурат, на фарёдрасе доранд ва на [аз тақдири илоҳӣ] раҳоӣ меёбанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَّا رَحْمَةً مِّنَّا وَمَتَٰعًا إِلَىٰ حِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар ин ки раҳмате аз ҷониби Мо [бинанд] ва баҳрамандӣ [аз неъматҳои дунё] то замоне [муайян шомили ҳолашон шавад]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱتَّقُوا۟ مَا بَيْنَ أَيْدِيكُمْ وَمَا خَلْفَكُمْ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чун ба онон [мушрикон] гуфта мешавад: «Аз он чи пешорӯи шумост [азоби охират] ва он чи пушти сар мегузоред [сахтиҳои дунё] парво кунед; бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред», [итоат намекунанд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا تَأْتِيهِم مِّنْ ءَايَةٍ مِّنْ ءَايَٰتِ رَبِّهِمْ إِلَّا كَانُوا۟ عَنْهَا مُعْرِضِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲеҷ нишонае аз нишонаҳои [қудрат ва бузургии] Парвардигорашон бар онон арза намегардад, магар он ки аз он рӯй мегардонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ أَنفِقُوا۟ مِمَّا رَزَقَكُمُ ٱللَّهُ قَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ لِلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ أَنُطْعِمُ مَن لَّوْ يَشَآءُ ٱللَّهُ أَطْعَمَهُۥٓ إِنْ أَنتُمْ إِلَّا فِى ضَلَٰلٍ مُّبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чун ба онон гуфта мешавад: «Аз он чи Аллоҳ таоло рӯзиятон кардааст, инфоқ кунед», касоне, ки куфр варзидаанд, ба онон, ки имон овардаанд мегӯянд: «Оё ба касе ғизо бидиҳем, ки агар Аллоҳ таоло мехост, [Худ] ба ӯ ғизо медод? Шумо ҷуз дар гумроҳии ошкор нестед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلْوَعْدُ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [бо тамасхур ба муъминон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда [қиёмат] кай хоҳад буд»?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَا يَنظُرُونَ إِلَّا صَيْحَةً وَٰحِدَةً تَأْخُذُهُمْ وَهُمْ يَخِصِّمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ин мункирони қиёмат] ҷуз дар интизори як бонги маргбор нестанд, ки ногаҳон, дар ҳоле ки саргарми ҷидол [дар умури дунё] ҳастанд, ононро фаро гирад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَا يَسْتَطِيعُونَ تَوْصِيَةً وَلَآ إِلَىٰٓ أَهْلِهِمْ يَرْجِعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [дар он ҳангом] наметавонанд [ба касе] васият кунанд ва на ба сӯи хонаводаи худ бозгарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَنُفِخَ فِى ٱلصُّورِ فَإِذَا هُم مِّنَ ٱلْأَجْدَاثِ إِلَىٰ رَبِّهِمْ يَنسِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ҳангоме ки барои дувумин бор] дар сур дамида шавад ва ногаҳон аз қабрҳояшон [берун меоянд ва] ба сӯи Парвардигорашон мешитобанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ يَٰوَيْلَنَا مَنۢ بَعَثَنَا مِن مَّرْقَدِنَا هَٰذَا مَا وَعَدَ ٱلرَّحْمَٰنُ وَصَدَقَ ٱلْمُرْسَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ва бо нобоварӣ] Мегӯянд: «Вой бар мо! Чи касе моро аз қабрҳоямон барангехт?» [Ба онон гуфта мешавад] «Ин ҳамон [рӯзе] аст, ки [Парвардигори] Раҳмон ваъда дода буд; ва паёмбарон [дар ин бора] рост мегуфтанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِن كَانَتْ إِلَّا صَيْحَةً وَٰحِدَةً فَإِذَا هُمْ جَمِيعٌ لَّدَيْنَا مُحْضَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Барангехтани мурдагон аз гӯр] Ҷуз як бонги ҳавлнок [дувумин дамидани сур] нест ва ногаҳон ҳамаро назди Мо ҳозир мекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱلْيَوْمَ لَا تُظْلَمُ نَفْسٌ شَيْـًٔا وَلَا تُجْزَوْنَ إِلَّا مَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [бидонед, ки] имрӯз, ба ҳеҷ кас ситаме намешавад ва ҷуз дар баробари он чи [дар дунё] кардаед, ҷазо намебинед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ أَصْحَٰبَ ٱلْجَنَّةِ ٱلْيَوْمَ فِى شُغُلٍ فَٰكِهُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, аҳли биҳишт имрӯз бо шодмонӣ саргарм [-и неъматҳои илоҳӣ] ҳастанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُمْ وَأَزْوَٰجُهُمْ فِى ظِلَٰلٍ عَلَى ٱلْأَرَآئِكِ مُتَّكِـُٔونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон ва ҳамсаронашон дар сояҳо [-и густурдаи биҳиштӣ] бар тахтҳо такя задаанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَهُمْ فِيهَا فَٰكِهَةٌ وَلَهُم مَّا يَدَّعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар он ҷо [ҳар гуна] мева ва ҳар чи бихоҳанд, барояшон [фароҳам] ҳаст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

سَلَٰمٌ قَوْلًا مِّن رَّبٍّ رَّحِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Бартар аз ин неъматҳо] саломест, ки сухани Парвардигори меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱمْتَٰزُوا۟ ٱلْيَوْمَ أَيُّهَا ٱلْمُجْرِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Он гоҳ ба мушрикон хитоб мешавад] «Эй гунаҳкорон, имрӯз [аз муъминон] ҷудо шавед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَمْ أَعْهَدْ إِلَيْكُمْ يَٰبَنِىٓ ءَادَمَ أَن لَّا تَعْبُدُوا۟ ٱلشَّيْطَٰنَ إِنَّهُۥ لَكُمْ عَدُوٌّ مُّبِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй фарзандони Одам, оё бо шумо паймон набастам [ва фармон надодам], ки шайтонро напарастед, [ки] қатъан ӯ душмани ошкори шумост?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَنِ ٱعْبُدُونِى هَٰذَا صِرَٰطٌ مُّسْتَقِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ин ки [танҳо] Маро бипарастед, [ки] роҳи рост ҳамин аст?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ أَضَلَّ مِنكُمْ جِبِلًّا كَثِيرًا أَفَلَمْ تَكُونُوا۟ تَعْقِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бе тардид, шайтон бисёре аз шуморо гумроҳ сохт. Оё андеша намекардед?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هَٰذِهِۦ جَهَنَّمُ ٱلَّتِى كُنتُمْ تُوعَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн [ҳамон] дузахест, ки ба шумо ваъда дода мешуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱصْلَوْهَا ٱلْيَوْمَ بِمَا كُنتُمْ تَكْفُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИмрӯз ба сазои он ки куфр меварзидед, ба он [оташ] ворид шавед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلْيَوْمَ نَخْتِمُ عَلَىٰٓ أَفْوَٰهِهِمْ وَتُكَلِّمُنَآ أَيْدِيهِمْ وَتَشْهَدُ أَرْجُلُهُم بِمَا كَانُوا۟ يَكْسِبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИмрӯз бар даҳонҳояшон муҳр мениҳем ва дастҳояшон бо Мо сухан мегӯянд ва пойҳояшон ба он чи мекарданд, гувоҳӣ медиҳанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ نَشَآءُ لَطَمَسْنَا عَلَىٰٓ أَعْيُنِهِمْ فَٱسْتَبَقُوا۟ ٱلصِّرَٰطَ فَأَنَّىٰ يُبْصِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар бихоҳем, бе тардид, чашмонашонро маҳв мекунем, пас, [бо чашми баста] ба сӯйи [пули] сирот [аз якдигар] пешӣ мегиранд [то ба биҳишт роҳ ёбанд]; аммо магар куҷоро мебинанд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ نَشَآءُ لَمَسَخْنَٰهُمْ عَلَىٰ مَكَانَتِهِمْ فَمَا ٱسْتَطَٰعُوا۟ مُضِيًّا وَلَا يَرْجِعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар бихоҳем [зоҳирашонро тағйир медиҳем ва чунон] ононро дар ҷои худ масх [ва замингир] мекунем, ки натавонанд гоме ба пеш бигузоранд ё ба ақиб бозгарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَن نُّعَمِّرْهُ نُنَكِّسْهُ فِى ٱلْخَلْقِ أَفَلَا يَعْقِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Мо ба ҳар ки умри тӯлонӣ бидиҳем, дар офариниш дигаргунаш мекунем [ва ӯро ба нотавонии зеҳнӣ ва бадани даврони кӯдакӣ бармегардонем]. Пас, оё [дар бораи қудрати Парвардигор] намеандешанд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا عَلَّمْنَٰهُ ٱلشِّعْرَ وَمَا يَنۢبَغِى لَهُۥٓ إِنْ هُوَ إِلَّا ذِكْرٌ وَقُرْءَانٌ مُّبِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Мо ба ӯ [Муҳаммад] шеър наомӯхтаем ва [шоирӣ] шоистаи ӯ нест. Ин [ки омӯхтаем, чизе] нест, магар андарз ва Қуръоне равшан

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لِّيُنذِرَ مَن كَانَ حَيًّا وَيَحِقَّ ٱلْقَوْلُ عَلَى ٱلْكَٰفِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо ҳар киро зинда [-дил] бошад, бим диҳад ва азоб бар кофирон муҳаққақ гардад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوَلَمْ يَرَوْا۟ أَنَّا خَلَقْنَا لَهُم مِّمَّا عَمِلَتْ أَيْدِينَآ أَنْعَٰمًا فَهُمْ لَهَا مَٰلِكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё надидаанд, ки Мо аз он чи дастҳоямон сохтааст, чаҳорпоёне барояшон офаридаем, ки молики онҳо ҳастанд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَذَلَّلْنَٰهَا لَهُمْ فَمِنْهَا رَكُوبُهُمْ وَمِنْهَا يَأْكُلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа онҳоро дар хидмати эшон гузоштаем, то бар бархе савор шаванд ва аз [гӯшти] бархе тағзия кунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَهُمْ فِيهَا مَنَٰفِعُ وَمَشَارِبُ أَفَلَا يَشْكُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз он [ҳайвонот] баҳраҳои дигар ва нӯшиданиҳое [шир] доранд. Пас, оё сипос намегузоранд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱتَّخَذُوا۟ مِن دُونِ ٱللَّهِ ءَالِهَةً لَّعَلَّهُمْ يُنصَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Бо ин ҳама неъмат мушрикон] ба ҷои Аллоҳ таоло маъбудоне баргузидаанд; ба ин умед, ки [аз сӯйи онҳо] ёрӣ шаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَا يَسْتَطِيعُونَ نَصْرَهُمْ وَهُمْ لَهُمْ جُندٌ مُّحْضَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн [маъбудҳои беҷон] қодир ба ёриашон нестанд; ва ин [мушрикон дар қиёмат] лашкаре барои онҳо [бутҳо] хоҳанд буд, ки [ҳамагӣ дар оташи дузах] эҳзор мешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَا يَحْزُنكَ قَوْلُهُمْ إِنَّا نَعْلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعْلِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] сухани онон туро ғамгин насозад. Бе тардид, Мо он чиро пинҳон мекунанд ва ошкор месозанд, [ба хубӣ] медонем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوَلَمْ يَرَ ٱلْإِنسَٰنُ أَنَّا خَلَقْنَٰهُ مِن نُّطْفَةٍ فَإِذَا هُوَ خَصِيمٌ مُّبِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё инсон надидааст, ки Мо ӯро аз нутфае офаридаем [он гоҳ мароҳили рушдро тай кард ва] сипас душмане ошкор шуд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَضَرَبَ لَنَا مَثَلًا وَنَسِىَ خَلْقَهُۥ قَالَ مَن يُحْىِ ٱلْعِظَٰمَ وَهِىَ رَمِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа барои Мо мисоле зад ва офариниши хешро фаромӯш кард [ва] гуфт: «Чи касе ин устухонҳоро [дубора] зинда мекунад, дар ҳоле ки пӯсидааст?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ يُحْيِيهَا ٱلَّذِىٓ أَنشَأَهَآ أَوَّلَ مَرَّةٍ وَهُوَ بِكُلِّ خَلْقٍ عَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «ҳамон касе зиндааш мекунад, ки нахустин бор онро падид овард ва Ӯ ба ҳар офаринише доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِى جَعَلَ لَكُم مِّنَ ٱلشَّجَرِ ٱلْأَخْضَرِ نَارًا فَإِذَآ أَنتُم مِّنْهُ تُوقِدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамон ки аз дарахти сабз оташе бароятон падид овард ва шумо [дар сурати ниёз] худ аз он [дарахт] оташ меафрӯзед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوَلَيْسَ ٱلَّذِى خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ بِقَٰدِرٍ عَلَىٰٓ أَن يَخْلُقَ مِثْلَهُم بَلَىٰ وَهُوَ ٱلْخَلَّٰقُ ٱلْعَلِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё касе, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, наметавонад ҳаммонанди инҳоро [пас аз маргашон дубора] биофаринад? Оре [метавонад] ва Ӯ Офаринандаи доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّمَآ أَمْرُهُۥٓ إِذَآ أَرَادَ شَيْـًٔا أَن يَقُولَ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterФармони Ӯ чун чизеро ирода кунад, танҳо ин аст, ки ба он мегӯяд: «Мавҷуд шав»; пас, [бедиранг] мавҷуд мешавад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَسُبْحَٰنَ ٱلَّذِى بِيَدِهِۦ مَلَكُوتُ كُلِّ شَىْءٍ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, пок ва муназзаҳ аст Парвардигоре, ки [ҳокимият ва] ихтиёри ҳама чиз ба дасти Ӯст ва [ҳамагӣ] ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70