caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Saad ص

88 оят · Макка · тартиби нузул 38

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ صٓ وَٱلْقُرْءَانِ ذِى ٱلذِّكْرِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСод.[1] Савганд ба Қуръони пандомӯз [ки Аллоҳ таоло ҳеҷ шарике надорад]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ فِى عِزَّةٍ وَشِقَاقٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАммо кофирон гирифтори таассуб [-у ҷоҳилият] ва ситезанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَمْ أَهْلَكْنَا مِن قَبْلِهِم مِّن قَرْنٍ فَنَادَوا۟ وَّلَاتَ حِينَ مَنَاصٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЧи бисёр наслҳои кофирро пеш аз онон ҳалок кардем, ки [дар ҳангоми нузули азоб] фарёд мезаданд, аммо [он замон дигар] ҳангоми наҷот набуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَعَجِبُوٓا۟ أَن جَآءَهُم مُّنذِرٌ مِّنْهُمْ وَقَالَ ٱلْكَٰفِرُونَ هَٰذَا سَٰحِرٌ كَذَّابٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМушрикон аз ин ки бимдиҳандае аз миёни худашон ба суроғашон омадааст, ибрози шигифтӣ карданд ва гуфтанд: «Ин мард ҷодугару дурӯғгӯст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَجَعَلَ ٱلْـَٔالِهَةَ إِلَٰهًا وَٰحِدًا إِنَّ هَٰذَا لَشَىْءٌ عُجَابٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё ба ҷойи маъбудони мухталиф маъбуде ягона қарор додааст? Воқеан, кори аҷибе аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱنطَلَقَ ٱلْمَلَأُ مِنْهُمْ أَنِ ٱمْشُوا۟ وَٱصْبِرُوا۟ عَلَىٰٓ ءَالِهَتِكُمْ إِنَّ هَٰذَا لَشَىْءٌ يُرَادُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБузургонашон ба по хостанд [ва ба пайравони худ гуфтанд]: «Биравед ва бар [парастишу ҳифзи] маъбудонатон истодагарӣ кунед. Бе тардид, [Муҳаммад бо] ин кор хостааст [ки шуморо гумроҳ кунад ва худро ба раёсат бирасонад]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَا سَمِعْنَا بِهَٰذَا فِى ٱلْمِلَّةِ ٱلْـَٔاخِرَةِ إِنْ هَٰذَآ إِلَّا ٱخْتِلَٰقٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо ин [назарияи тавҳид]-ро ҳатто дар оини масеҳият ҳам нашнидаем. Ин сухан ҷуз дурӯғ [чизе] нест

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَءُنزِلَ عَلَيْهِ ٱلذِّكْرُ مِنۢ بَيْنِنَا بَلْ هُمْ فِى شَكٍّ مِّن ذِكْرِى بَل لَّمَّا يَذُوقُوا۟ عَذَابِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё аз миёни [ҳамаи] мо Қуръон ба ӯ нозил шудааст»? [Чунин нест, ки онон мегӯянд] Балки онон дар [асли] ваҳйи Ман тардид доранд ва ҳанӯз азоби Маро начашидаанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمْ عِندَهُمْ خَزَآئِنُ رَحْمَةِ رَبِّكَ ٱلْعَزِيزِ ٱلْوَهَّابِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё ганҷинаҳои раҳмати Парвардигори шикастнопазири бахшандаат наздашон ҳаст?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمْ لَهُم مُّلْكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا فَلْيَرْتَقُوا۟ فِى ٱلْأَسْبَٰبِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё фармонравои осмонҳо ва замин ва байни онҳо ҳастанд? [Агар чунин аст] Бо васоил [-у имконоти худ ба осмон] авҷ бигиранд [ва монеи нузули ваҳй гарданд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

جُندٌ مَّا هُنَالِكَ مَهْزُومٌ مِّنَ ٱلْأَحْزَابِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ин кофирон] Лашкаре шикастхӯрда аз ҷумла соири гурӯҳҳо [ва аҳзоби мухолифи паёмбарон] ҳастанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَذَّبَتْ قَبْلَهُمْ قَوْمُ نُوحٍ وَعَادٌ وَفِرْعَوْنُ ذُو ٱلْأَوْتَادِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПеш аз онон низ қавми Нуҳ ва Од ва Фиръавни соҳибсипоҳ низ [паёмбарони Моро] такзиб карданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَثَمُودُ وَقَوْمُ لُوطٍ وَأَصْحَٰبُ لْـَٔيْكَةِ أُو۟لَٰٓئِكَ ٱلْأَحْزَابُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҚавми Самуд ва қавми Лут ва асҳоби Айка [қавми Шуайб] низ аз он гурӯҳҳо буданд [ки паёмбаронро такзиб карданд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِن كُلٌّ إِلَّا كَذَّبَ ٱلرُّسُلَ فَحَقَّ عِقَابِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар як [аз ин гурӯҳҳо] паёмбарон [-и худ]-ро такзиб карданд ва кайфари ман [дар мавридашон] таҳаққуқ ёфт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا يَنظُرُ هَٰٓؤُلَآءِ إِلَّا صَيْحَةً وَٰحِدَةً مَّا لَهَا مِن فَوَاقٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИнон фақат бонге саҳмнокро интизор мекашанд, ки ҳеҷ бозгаште надорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوا۟ رَبَّنَا عَجِّل لَّنَا قِطَّنَا قَبْلَ يَوْمِ ٱلْحِسَابِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Бо тамасхур] Мегӯянд: «Парвардигоро, пеш аз фаро расидани рӯзи ҳисоб баҳраи моро [аз азоб] ба шитоб бидеҳ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱصْبِرْ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَٱذْكُرْ عَبْدَنَا دَاوُۥدَ ذَا ٱلْأَيْدِ إِنَّهُۥٓ أَوَّابٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Дар баробари гуфторашон шикебо бош ва аз Довуд, бандаи тавонманди Мо ёд кун, ки ҳамвора [бо тавба ва анҷоми кори хайр ба даргоҳи мо] бозмегашт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّا سَخَّرْنَا ٱلْجِبَالَ مَعَهُۥ يُسَبِّحْنَ بِٱلْعَشِىِّ وَٱلْإِشْرَاقِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо кӯҳҳоро ба ӯ ба хидмат гумоштем, ки ҳамнаво бо ӯ шомгоҳон ва бомдодон [Парвардигорро] тасбеҳ мегуфтанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلطَّيْرَ مَحْشُورَةً كُلٌّ لَّهُۥٓ أَوَّابٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа парандагонро [низ ба хидмат гумоштем], ки гирд меомаданд ва ҳамагӣ мутеаш буданд [ва бо вай дар зикри Парвардигор ҳамовозӣ мекарданд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَشَدَدْنَا مُلْكَهُۥ وَءَاتَيْنَٰهُ ٱلْحِكْمَةَ وَفَصْلَ ٱلْخِطَابِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо фармонравоиашро устувор намудем ва ба ӯ паёмбарӣ ва каломе файсалабахш ато кардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهَلْ أَتَىٰكَ نَبَؤُا۟ ٱلْخَصْمِ إِذْ تَسَوَّرُوا۟ ٱلْمِحْرَابَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё хабари афроде ба ту расидааст, ки барои додхоҳӣ [ба суроғи Довуд омаданд ва] аз девори ибодатгоҳаш боло рафтанд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ دَخَلُوا۟ عَلَىٰ دَاوُۥدَ فَفَزِعَ مِنْهُمْ قَالُوا۟ لَا تَخَفْ خَصْمَانِ بَغَىٰ بَعْضُنَا عَلَىٰ بَعْضٍ فَٱحْكُم بَيْنَنَا بِٱلْحَقِّ وَلَا تُشْطِطْ وَٱهْدِنَآ إِلَىٰ سَوَآءِ ٱلصِّرَٰطِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЧун [бидуни иттилоъ] бар Довуд ворид шуданд, аз диданашон ба ваҳшат афтод; онон гуфтанд: «Натарс, мо ду нафари шокӣ [шикояткунанда] ҳастем, ки яке бар дигаре ситам кардааст. Миёнамон ба адолат доварӣ кун ва аз ҳақ дур нашав ва моро ба роҳи рост ҳидоят кун»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ هَٰذَآ أَخِى لَهُۥ تِسْعٌ وَتِسْعُونَ نَعْجَةً وَلِىَ نَعْجَةٌ وَٰحِدَةٌ فَقَالَ أَكْفِلْنِيهَا وَعَزَّنِى فِى ٱلْخِطَابِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Яке аз онон гуфт] «Ин мард бародари ман аст. Ӯ наваду нуҳ меш дорад ва ман як меш дорам ва [ба исрор] мегӯяд: «Он [як меш]-ро ҳам ба ман во гузор» ва дар баҳс бар ман пирӯз шудааст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ لَقَدْ ظَلَمَكَ بِسُؤَالِ نَعْجَتِكَ إِلَىٰ نِعَاجِهِۦ وَإِنَّ كَثِيرًا مِّنَ ٱلْخُلَطَآءِ لَيَبْغِى بَعْضُهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَقَلِيلٌ مَّا هُمْ وَظَنَّ دَاوُۥدُ أَنَّمَا فَتَنَّٰهُ فَٱسْتَغْفَرَ رَبَّهُۥ وَخَرَّ رَاكِعًا وَأَنَابَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Довуд] Гуфт: «Мусалламан, ӯ бо хостани меши ту [барои афзудан] ба мешҳои худаш бар ту ситам кардааст ва бисёре аз шарикон [ва ҳамкорон] дар ҳаққи якдигар ситам мекунанд, магар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ки [онҳо низ] бисёр нодиранд». Довуд [ки бидуни тавзеҳ хостан аз тарафи дигар ҳукм содир карда буд] мутаваҷҷеҳ шуд, ки имтиҳонаш кардаем. Он гоҳ аз Парвардигораш омурзиш хост ва бо фурӯтанӣ ба замин афтод ва [ба даргоҳи илоҳӣ] тавба кард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَغَفَرْنَا لَهُۥ ذَٰلِكَ وَإِنَّ لَهُۥ عِندَنَا لَزُلْفَىٰ وَحُسْنَ مَـَٔابٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ӯро ба хотири он [хато] бахшидем ва барояш дар пешгоҳи худ мақоме воло қарор додем ва [дар охират] бозгашти некуе хоҳад дошт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰدَاوُۥدُ إِنَّا جَعَلْنَٰكَ خَلِيفَةً فِى ٱلْأَرْضِ فَٱحْكُم بَيْنَ ٱلنَّاسِ بِٱلْحَقِّ وَلَا تَتَّبِعِ ٱلْهَوَىٰ فَيُضِلَّكَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَضِلُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ لَهُمْ عَذَابٌ شَدِيدٌۢ بِمَا نَسُوا۟ يَوْمَ ٱلْحِسَابِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй Довуд, мо туро дар замин халифа ва фармонраво қарор додем; Пас, дар миёни мардум ба ҳақ доварӣ кун ва пайрави ҳаво [-и нафс] набош, ки аз роҳи Аллоҳ таоло гумроҳат мекунад. Бе гумон касоне, ки аз роҳи Аллоҳ таоло гумроҳ мешаванд, ба сазои он ки рӯзи ҳисобро фаромӯш кардаанд, азоби шадиде [дар пеш] доранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا خَلَقْنَا ٱلسَّمَآءَ وَٱلْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا بَٰطِلًا ذَٰلِكَ ظَنُّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ فَوَيْلٌ لِّلَّذِينَ كَفَرُوا۟ مِنَ ٱلنَّارِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо осмон ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, беҳуда наофаридаем. Ин гумони кофирон аст. Пас, вой бар кофирон аз оташи дузах!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمْ نَجْعَلُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ كَٱلْمُفْسِدِينَ فِى ٱلْأَرْضِ أَمْ نَجْعَلُ ٱلْمُتَّقِينَ كَٱلْفُجَّارِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, монанди касоне ба ҳисоб меоварем, ки дар замин табаҳкорӣ кардаанд? Оё парҳезкоронро монанди бадкорон ба ҳисоб меоварем?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كِتَٰبٌ أَنزَلْنَٰهُ إِلَيْكَ مُبَٰرَكٌ لِّيَدَّبَّرُوٓا۟ ءَايَٰتِهِۦ وَلِيَتَذَكَّرَ أُو۟لُوا۟ ٱلْأَلْبَٰبِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Муҳаммад, ин Қуръон] Китобест пурбаракат, ки бар ту нозил кардем, то [мардум] дар оёташ биандешанд ва хирадмандон панд гиранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَوَهَبْنَا لِدَاوُۥدَ سُلَيْمَٰنَ نِعْمَ ٱلْعَبْدُ إِنَّهُۥٓ أَوَّابٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо Сулаймонро ба Довуд ато кардем, неку бандае буд ва ҳамвора [ба даргоҳи Парвардигораш] тавба мекард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ عُرِضَ عَلَيْهِ بِٱلْعَشِىِّ ٱلصَّٰفِنَٰتُ ٱلْجِيَادُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ёд кун] Он гоҳ ки асргоҳон аспҳои асил [ва тундпо] барояш оварданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَقَالَ إِنِّىٓ أَحْبَبْتُ حُبَّ ٱلْخَيْرِ عَن ذِكْرِ رَبِّى حَتَّىٰ تَوَارَتْ بِٱلْحِجَابِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Сулаймон саргарми тамошои аспҳо шуд ва вақти намоз гузашт.] Он гоҳ гуфт: «Ба ростӣ, ки дӯстии ин аспҳо, маро аз ёди Парвардигорам ғофил кард, то он ки [хуршед] дар пардаи мағриб пинҳон шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

رُدُّوهَا عَلَىَّ فَطَفِقَ مَسْحًۢا بِٱلسُّوقِ وَٱلْأَعْنَاقِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Бори дигар] Онҳоро назди ман бозгардонед». Он гоҳ [ба нишонаи вақф дар роҳи Аллоҳ таоло] ба соқу гардани аспҳо даст кашид

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ فَتَنَّا سُلَيْمَٰنَ وَأَلْقَيْنَا عَلَىٰ كُرْسِيِّهِۦ جَسَدًا ثُمَّ أَنَابَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСулаймонро озмудем ва ҷасади навзодеро [ки бидуни таваккал бар Аллоҳ таоло муштоқона дар интизори таваллудаш буд] бар тахташ афкандем [то дарёбад, ки қудрат ба тамомӣ дар ихтиёри Аллоҳ таоло аст]. Он гоҳ [тавба кард ва ба даргоҳи илоҳӣ] бозгашт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ رَبِّ ٱغْفِرْ لِى وَهَبْ لِى مُلْكًا لَّا يَنۢبَغِى لِأَحَدٍ مِّنۢ بَعْدِىٓ إِنَّكَ أَنتَ ٱلْوَهَّابُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterГуфт: «Парвардигоро, маро биомурз ва ҳукумате ба ман арзонӣ дор, ки пас аз ман беназир бошад, ки бахшоянда Туӣ, Ту»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَسَخَّرْنَا لَهُ ٱلرِّيحَ تَجْرِى بِأَمْرِهِۦ رُخَآءً حَيْثُ أَصَابَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [Мо] бодро дар хидматаш гумоштем, ки ҳар куҷо ирода мекард, ба фармони Ӯ ба оромӣ равон мешуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلشَّيَٰطِينَ كُلَّ بَنَّآءٍ وَغَوَّاصٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳар бинокор ва ғаввосе аз ҷинниёнро [ки мехост, ба фармонаш даровардем]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَءَاخَرِينَ مُقَرَّنِينَ فِى ٱلْأَصْفَادِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [гурӯҳи] дигаре [аз ҷиниён]-ро [ки ҳамагӣ] дар ғулу занҷир буданд, [таҳти султааш] даровардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هَٰذَا عَطَآؤُنَا فَٱمْنُنْ أَوْ أَمْسِكْ بِغَيْرِ حِسَابٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ба ӯ гуфтем] «Ин атои Мост, пас, [ба ҳар кас мехоҳӣ] бибахш ва аз ҳар ки мехоҳӣ, боз дор. Ҳисобе бар ту нест»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّ لَهُۥ عِندَنَا لَزُلْفَىٰ وَحُسْنَ مَـَٔابٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, барои Сулаймон дар пешгоҳи худ мақоми воло қарор додем ва [дар охират] бозгаште неку хоҳад дошт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱذْكُرْ عَبْدَنَآ أَيُّوبَ إِذْ نَادَىٰ رَبَّهُۥٓ أَنِّى مَسَّنِىَ ٱلشَّيْطَٰنُ بِنُصْبٍ وَعَذَابٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Аз бандаи Мо Аюб ёд кун, он гоҳ ки Парвардигорашро нидо дод, ки: «Шайтон маро ба ранҷу дард овардааст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱرْكُضْ بِرِجْلِكَ هَٰذَا مُغْتَسَلٌۢ بَارِدٌ وَشَرَابٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ба ӯ фармон додем] «Пойи худро бар замин бикӯб [то чашмае биҷӯшад]. Ин чашмасоре хунук барои шустушӯ ва ошомиданист»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَوَهَبْنَا لَهُۥٓ أَهْلَهُۥ وَمِثْلَهُم مَّعَهُمْ رَحْمَةً مِّنَّا وَذِكْرَىٰ لِأُو۟لِى ٱلْأَلْبَٰبِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа хонаводаашро [ки аз даст дода буд] дучанд ба вай бахшидем, то [нишонаи] раҳмате аз ҷониби Мо ва андарзе барои хирадмандон бошад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَخُذْ بِيَدِكَ ضِغْثًا فَٱضْرِب بِّهِۦ وَلَا تَحْنَثْ إِنَّا وَجَدْنَٰهُ صَابِرًا نِّعْمَ ٱلْعَبْدُ إِنَّهُۥٓ أَوَّابٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ба ӯ фармон додем] «Дастае аз шохаҳо [-и борикро] баргир ва бо он [ҳамсаратро] бизан ва савгандатро [ки дар ҳангоми хашм ёд карда будӣ] нашикан. Бе тардид, ӯ марди шикебое буд. Чи неку бандае! Ба ростӣ, ки ӯ бисёр тавбакор буд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱذْكُرْ عِبَٰدَنَآ إِبْرَٰهِيمَ وَإِسْحَٰقَ وَيَعْقُوبَ أُو۟لِى ٱلْأَيْدِى وَٱلْأَبْصَٰرِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй паёмбар] аз бандагони Мо Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб, ки тавонманду бобасират буданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّآ أَخْلَصْنَٰهُم بِخَالِصَةٍ ذِكْرَى ٱلدَّارِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо бо [мавҳибати] ёди охират ба онон хулуси вижае бахшидем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّهُمْ عِندَنَا لَمِنَ ٱلْمُصْطَفَيْنَ ٱلْأَخْيَارِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон дар пешгоҳи Мо некмард ва баргузида буданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱذْكُرْ إِسْمَٰعِيلَ وَٱلْيَسَعَ وَذَا ٱلْكِفْلِ وَكُلٌّ مِّنَ ٱلْأَخْيَارِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [низ] ёд кун аз Исмоил ва Ясаъ ва Зулкифл, ки ҳамагӣ аз некон буданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هَٰذَا ذِكْرٌ وَإِنَّ لِلْمُتَّقِينَ لَحُسْنَ مَـَٔابٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн [Қуръон] пандест ва бе гумон, парҳезгорон [дар биҳишт] манзилгоҳе неку хоҳанд дошт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

جَنَّٰتِ عَدْنٍ مُّفَتَّحَةً لَّهُمُ ٱلْأَبْوَٰبُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБоғҳое ҷовидон, ки дарҳояш ба рӯяшон кушодааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مُتَّكِـِٔينَ فِيهَا يَدْعُونَ فِيهَا بِفَٰكِهَةٍ كَثِيرَةٍ وَشَرَابٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн ҷо, дар ҳоле ки бар тахтҳо такя задаанд, дастури меваҳои фаровон ва нӯшиданӣ медиҳанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَعِندَهُمْ قَٰصِرَٰتُ ٱلطَّرْفِ أَتْرَابٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа наздашон занони дуруштчашм аст, ки [ танҳо ба шавҳарони худ] назар доранд ва [ҳамагӣ] ҳамсин ҳастанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هَٰذَا مَا تُوعَدُونَ لِيَوْمِ ٱلْحِسَابِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн ҳамон неъматҳоест, ки барои рӯзи ҳисоб ба шумо ваъда дода мешавад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ هَٰذَا لَرِزْقُنَا مَا لَهُۥ مِن نَّفَادٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн ризқу рӯзӣ аз ҷониби Мост, ки ҳаргиз [қатъ намешавад ва] поён намепазирад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هَٰذَا وَإِنَّ لِلطَّٰغِينَ لَشَرَّ مَـَٔابٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн [подоши парҳезкорон] аст ва саркашон бадтарин бозгаштро доранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

جَهَنَّمَ يَصْلَوْنَهَا فَبِئْسَ ٱلْمِهَادُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамон] Дузах, ки дар он ворид мешаванд ва чи бад қароргоҳе аст!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هَٰذَا فَلْيَذُوقُوهُ حَمِيمٌ وَغَسَّاقٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн [муҷозот] оби ҷӯшон ва хунобаи чирколудест, ки бояд аз он бичашанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَءَاخَرُ مِن شَكْلِهِۦٓ أَزْوَٰجٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҷуз инҳо кайфарҳои гуногуни дигаре ҳаммонанди он доранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هَٰذَا فَوْجٌ مُّقْتَحِمٌ مَّعَكُمْ لَا مَرْحَبًۢا بِهِمْ إِنَّهُمْ صَالُوا۟ ٱلنَّارِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ба раҳбарони дузахӣ гуфта мешавад] «Ин гурӯҳ низ ҳамроҳи шумо [ба дузах] дармеоянд». [Онон посух медиҳанд] «Хуш омад бар онон мабод! Чаро ки ба оташ дармеоянд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ بَلْ أَنتُمْ لَا مَرْحَبًۢا بِكُمْ أَنتُمْ قَدَّمْتُمُوهُ لَنَا فَبِئْسَ ٱلْقَرَارُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Пайравон] Мегӯянд: «Балки, шуморо хушомад мабод, ки ин [азоб]-ро пеши пойи мо ниҳодед. Пас, [дузах] чи бад қароргоҳе аст»!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ رَبَّنَا مَن قَدَّمَ لَنَا هَٰذَا فَزِدْهُ عَذَابًا ضِعْفًا فِى ٱلنَّارِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Сипас] Мегӯянд: «Парвардигоро, ҳар кас, ки ин [азоб]-ро барои Мо фароҳам кардааст, азобашро дар оташ дучанд кун»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوا۟ مَا لَنَا لَا نَرَىٰ رِجَالًا كُنَّا نَعُدُّهُم مِّنَ ٱلْأَشْرَارِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Дузахиёни мутакаббир] Мегӯянд: «Чаро касонеро, ки [дар дунё] дар зумраи ашрор мепиндоштем, [дар дузах] намебинем?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَتَّخَذْنَٰهُمْ سِخْرِيًّا أَمْ زَاغَتْ عَنْهُمُ ٱلْأَبْصَٰرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [бе ҷиҳат] ононро, ки тамасхур мегирифтем ё [ин ҷо ҳастанд ва] чашмон [-и мо] бар эшон намеафтад?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ذَٰلِكَ لَحَقٌّ تَخَاصُمُ أَهْلِ ٱلنَّارِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн муҷодалаи аҳли оташ қатъан рост аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ إِنَّمَآ أَنَا۠ مُنذِرٌ وَمَا مِنْ إِلَٰهٍ إِلَّا ٱللَّهُ ٱلْوَٰحِدُ ٱلْقَهَّارُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Ман фақат бимдиҳандаам ва ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Аллоҳи ягонаи пирӯзманд нест

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا ٱلْعَزِيزُ ٱلْغَفَّٰرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПарвардигори осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост. [Он] Шикастнопазири омурзанда»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ هُوَ نَبَؤٌا۟ عَظِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ин [Қуръон] хабаре бузург аст,

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَنتُمْ عَنْهُ مُعْرِضُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Centerшумо аз он рӯйгардонед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَا كَانَ لِىَ مِنْ عِلْمٍۭ بِٱلْمَلَإِ ٱلْأَعْلَىٰٓ إِذْ يَخْتَصِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Агар ба ман ваҳй намешуд] Аз олами болотар он гоҳ, ки фариштагон [дар мавриди офариниши инсон] ҷидол мекарданд, ҳеҷ иттилое надоштам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِن يُوحَىٰٓ إِلَىَّ إِلَّآ أَنَّمَآ أَنَا۠ نَذِيرٌ مُّبِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТанҳо аз он рӯй ба ман ваҳй мешавад, ки бимдиҳандае ошкорам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَٰٓئِكَةِ إِنِّى خَٰلِقٌۢ بَشَرًا مِّن طِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ёд кун аз] Ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман башаре аз гил меофаринам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِذَا سَوَّيْتُهُۥ وَنَفَخْتُ فِيهِ مِن رُّوحِى فَقَعُوا۟ لَهُۥ سَٰجِدِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ки ӯро сомон додам ва аз рӯҳи хеш дар ӯ дамидам, дар баробараш саҷда кунед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَسَجَدَ ٱلْمَلَٰٓئِكَةُ كُلُّهُمْ أَجْمَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [чун Одам халқ шуд] фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَّآ إِبْلِيسَ ٱسْتَكْبَرَ وَكَانَ مِنَ ٱلْكَٰفِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар Иблис, ки такаббур варзид ва кофир шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ يَٰٓإِبْلِيسُ مَا مَنَعَكَ أَن تَسْجُدَ لِمَا خَلَقْتُ بِيَدَىَّ أَسْتَكْبَرْتَ أَمْ كُنتَ مِنَ ٱلْعَالِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Иблис, чи чиз муҷиб шуд, ки дар баробари он чи ба дастони худ офаридаам, саҷда накунӣ? Оё такаббур варзидӣ ё бартариҷӯӣ кардӣ»?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ أَنَا۠ خَيْرٌ مِّنْهُ خَلَقْتَنِى مِن نَّارٍ وَخَلَقْتَهُۥ مِن طِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterГуфт: «Ман аз ӯ бартарам: Маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ فَٱخْرُجْ مِنْهَا فَإِنَّكَ رَجِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло фармуд: «Аз биҳишт берун шав, ки ту [манфуру] рондашудаӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّ عَلَيْكَ لَعْنَتِىٓ إِلَىٰ يَوْمِ ٱلدِّينِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа лаънати Ман то рӯзи қиёмат бар ту хоҳад буд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ رَبِّ فَأَنظِرْنِىٓ إِلَىٰ يَوْمِ يُبْعَثُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Иблис] Гуфт: «Парвардигоро, пас то рӯзе, ки [бандагонат] барангехта мешаванд, ба ман муҳлат бидеҳ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ فَإِنَّكَ مِنَ ٱلْمُنظَرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Муҳлат хоҳӣ дошт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَىٰ يَوْمِ ٱلْوَقْتِ ٱلْمَعْلُومِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо [рӯзи қиёмат] он вақти муайян»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ فَبِعِزَّتِكَ لَأُغْوِيَنَّهُمْ أَجْمَعِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Иблис] Гуфт: «Ба иззатат савганд, ки ҳамаи ононро гумроҳ хоҳам кард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَّا عِبَادَكَ مِنْهُمُ ٱلْمُخْلَصِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар бандагони холиси Ту аз [миёни] онон [ки ҳидояташон кардаӣ]»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ فَٱلْحَقُّ وَٱلْحَقَّ أَقُولُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Пас, [сухани Ман] ҳақ аст ва ҳақро мегӯям

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَأَمْلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنكَ وَمِمَّن تَبِعَكَ مِنْهُمْ أَجْمَعِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҚатъан, ҷаҳаннамро аз ту ва ҳар ки аз ту пайравӣ кунад, анбошта хоҳам сохт»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ مَآ أَسْـَٔلُكُمْ عَلَيْهِ مِنْ أَجْرٍ وَمَآ أَنَا۠ مِنَ ٱلْمُتَكَلِّفِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам ва фиребкор нестам [ва ба дурӯғ иддаои нубувват намекунам]»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنْ هُوَ إِلَّا ذِكْرٌ لِّلْعَٰلَمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَتَعْلَمُنَّ نَبَأَهُۥ بَعْدَ حِينٍۭ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа қатъан, пас аз марг аз хабари [ҳаққоният ва ростии] он огоҳ хоҳед шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70