Сураи Al-Fajr الفجر
30 оят · Макка · тартиби нузул 10
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ وَٱلْفَجْرِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСавганд ба субҳ
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَيَالٍ عَشْرٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба шабҳои даҳгона [-и оғози зулҳиҷҷа]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلشَّفْعِ وَٱلْوَتْرِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба завҷ ва фард [-и ашё]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّيْلِ إِذَا يَسْرِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа савганд ба шаб, ҳангоме ки [ҳаракат мекунад ва] меравад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هَلْ فِى ذَٰلِكَ قَسَمٌ لِّذِى حِجْرٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё дар ин [чизҳо] савганде барои соҳибхирад нест [ки ӯро қонеъ намояд]?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَلَمْ تَرَ كَيْفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِعَادٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Оё надидӣ, ки Парвардигорат бо [қавми] Од чи кард?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِرَمَ ذَاتِ ٱلْعِمَادِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамон қабилаи] Ирам, ки дорои [кохҳои бо] сутунҳои баланд буданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلَّتِى لَمْ يُخْلَقْ مِثْلُهَا فِى ٱلْبِلَٰدِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКи ҳаммонанди он дар шаҳрҳо офарида нашуда буд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَثَمُودَ ٱلَّذِينَ جَابُوا۟ ٱلصَّخْرَ بِٱلْوَادِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [низ қавми] Самуд, онҳое, ки сахраҳои сахтро аз [канори] водӣ метарошиданд [ва барои худ хона месохтанд]?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَفِرْعَوْنَ ذِى ٱلْأَوْتَادِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Фиръавн соҳиби сипоҳи [бузург ва қудратманд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلَّذِينَ طَغَوْا۟ فِى ٱلْبِلَٰدِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамон] Касоне, ки дар шаҳрҳо туғён [ва саркашӣ] карданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَكْثَرُوا۟ فِيهَا ٱلْفَسَادَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар онҳо фасоди бисёр ба бор оварданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَصَبَّ عَلَيْهِمْ رَبُّكَ سَوْطَ عَذَابٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ Парвардигорат тозиёнаи азобро бар онон фуруд овард
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ رَبَّكَ لَبِٱلْمِرْصَادِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан Парвардигори ту дар камингоҳ аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَمَّا ٱلْإِنسَٰنُ إِذَا مَا ٱبْتَلَىٰهُ رَبُّهُۥ فَأَكْرَمَهُۥ وَنَعَّمَهُۥ فَيَقُولُ رَبِّىٓ أَكْرَمَنِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аммо инсон ҳангоме ки Парвардигораш ӯро биозмояд ва гиромӣ дорад ва ба ӯ неъмат бахшад, [мағрур мегардад ва] мегӯяд: «Парвардигорам маро гиромӣ доштааст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَمَّآ إِذَا مَا ٱبْتَلَىٰهُ فَقَدَرَ عَلَيْهِ رِزْقَهُۥ فَيَقُولُ رَبِّىٓ أَهَٰنَنِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аммо ҳангоме ки ӯро биозмояд ва рӯзиашро бар ӯ танг гирад, [дилсард шуда] мегӯяд: «Парвардигорам маро хор кардааст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
كَلَّا بَل لَّا تُكْرِمُونَ ٱلْيَتِيمَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲаргиз чунин нест [ки шумо мепиндоред]; балки шумо ятимро гиромӣ намедоред
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَا تَحَٰٓضُّونَ عَلَىٰ طَعَامِ ٱلْمِسْكِينِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа якдигарро бар итъоми мустамандон тарғиб намекунед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَتَأْكُلُونَ ٱلتُّرَاثَ أَكْلًا لَّمًّا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа меросро ҳарисона мехӯред [ва ҳаққи заифонро намедиҳед]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَتُحِبُّونَ ٱلْمَالَ حُبًّا جَمًّا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа молу сарват [-и дунё]-ро бисёр дӯст медоред
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
كَلَّآ إِذَا دُكَّتِ ٱلْأَرْضُ دَكًّا دَكًّا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲаргиз чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; ҳангоме ки замин сахт дарҳам кӯбида шавад [ва ҳамвор гардад]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَجَآءَ رَبُّكَ وَٱلْمَلَكُ صَفًّا صَفًّا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Парвардигорат [барои додрасӣ] биёяд ва [низ] фариштагон саф дар саф [биистанд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَجِا۟ىٓءَ يَوْمَئِذٍۭ بِجَهَنَّمَ يَوْمَئِذٍ يَتَذَكَّرُ ٱلْإِنسَٰنُ وَأَنَّىٰ لَهُ ٱلذِّكْرَىٰ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар он рӯз ҷаҳаннам оварда шавад, дар он рӯз инсони [кофир] панд мегирад [ва тавба мекунад]; ва [аммо] ин панд гирифтан чи суде барояш дорад?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَقُولُ يَٰلَيْتَنِى قَدَّمْتُ لِحَيَاتِى
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВай мегӯяд: «Эй кош, [дар дунё] барои [ин] зиндагиам [чизе аз] пеш фиристода будам!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَيَوْمَئِذٍ لَّا يُعَذِّبُ عَذَابَهُۥٓ أَحَدٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, дар он рӯз ҳеҷ кас ҳаммонанди азоби Ӯ [Аллоҳ таоло] азоб намекунад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَا يُوثِقُ وَثَاقَهُۥٓ أَحَدٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳеҷ кас ҳамчун банд кашидани Ӯ [Аллоҳ таоло] касеро ба банд намекашад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَٰٓأَيَّتُهَا ٱلنَّفْسُ ٱلْمُطْمَئِنَّةُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аммо ба муъмин нидо мешавад] «Эй рӯҳи оромёфта!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱرْجِعِىٓ إِلَىٰ رَبِّكِ رَاضِيَةً مَّرْضِيَّةً
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа сӯйи Парвардигорат бозгард, дар ҳоле ки ту [аз подоши Аллоҳ таоло] хушнудӣ ва Ӯ аз [аъмоли] ту хушнуд аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱدْخُلِى فِى عِبَٰدِى
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, дар зумраи бандагони [хосси] Ман даро
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱدْخُلِى جَنَّتِى
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба биҳишти Ман ворид шав»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→