Асосӣ › Сураҳо › Сураи At-Tur
Сураи At-Tur الطور
49 оят · Макка · тартиби нузул 76
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ وَٱلطُّورِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Савганд ба кӯҳи Тур
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَكِتَٰبٍ مَّسْطُورٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center ва савганд ба китоби навишташуда
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فِى رَقٍّ مَّنشُورٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Дар саҳифаҳои кушуда
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلْبَيْتِ ٱلْمَعْمُورِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва савганд ба «Байту-л-маъмур» [ки фариштагон дар он ба ибодати Парвардигор машғуланд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلسَّقْفِ ٱلْمَرْفُوعِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва савганд ба [осмони баланд ҳамон] сақфи барафрошта [бар замин]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلْبَحْرِ ٱلْمَسْجُورِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва савганд ба дарёи оганда [аз об]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ عَذَابَ رَبِّكَ لَوَٰقِعٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ки бе тардид, азоби Парвардигорат ба вуқуъ хоҳад пайваст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَّا لَهُۥ مِن دَافِعٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ҳеҷ боздорандае онро бознадорад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَوْمَ تَمُورُ ٱلسَّمَآءُ مَوْرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Рӯзе, ки осмон ба сахтӣ дар ҷунбиш ва изтироб афтад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَتَسِيرُ ٱلْجِبَالُ سَيْرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва кӯҳҳо ба ҳаракате шадид равон шаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَوَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Дар он рӯз вой ба ҳоли такзибкунандагон
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلَّذِينَ هُمْ فِى خَوْضٍ يَلْعَبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳамон касоне, ки дар беҳудагӯӣ саргарми бозианд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَوْمَ يُدَعُّونَ إِلَىٰ نَارِ جَهَنَّمَ دَعًّا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Рӯзе, ки бо хушунат ба сӯйи оташи дузах ронда мешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هَٰذِهِ ٱلنَّارُ ٱلَّتِى كُنتُم بِهَا تُكَذِّبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ба онон гуфта мешавад] «Ин [ҳамон] оташест, ки онро дурӯғ мепиндоштед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَفَسِحْرٌ هَٰذَآ أَمْ أَنتُمْ لَا تُبْصِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё ин [оташу азоби] ҷодуст ё [ҳанӯз ҳам онро] намебинед?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱصْلَوْهَا فَٱصْبِرُوٓا۟ أَوْ لَا تَصْبِرُوا۟ سَوَآءٌ عَلَيْكُمْ إِنَّمَا تُجْزَوْنَ مَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ба оташ дароед [ва бисӯзед], ки шикебоӣ ва ношикебоии шумо [дар баробари шуълаҳои сӯзонаш] бароятон яксон аст; танҳо дар баробари он чи кардаед, муҷозот мешавед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱلْمُتَّقِينَ فِى جَنَّٰتٍ وَنَعِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ба ростӣ, ки парҳезкорон дар боғҳои биҳишт дар нозу неъматанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٰكِهِينَ بِمَآ ءَاتَىٰهُمْ رَبُّهُمْ وَوَقَىٰهُمْ رَبُّهُمْ عَذَابَ ٱلْجَحِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва аз бахшишҳои [бедареғи] Парвардигорашон ва аз ин ки аз азоби дузах нигоҳашон доштааст, шодмонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
كُلُوا۟ وَٱشْرَبُوا۟ هَنِيٓـًٔۢا بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ба онон гуфта мешавад] «Ба подоши кирдоратон [дар дунё инак] гуворо бихӯред ва биошомед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مُتَّكِـِٔينَ عَلَىٰ سُرُرٍ مَّصْفُوفَةٍ وَزَوَّجْنَٰهُم بِحُورٍ عِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Дар ҳоле ки бар тахтҳое радифшуда такя задаанд ва ҳурони ғизолчашмро ба ҳамсарии онон дармеоварем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَٱتَّبَعَتْهُمْ ذُرِّيَّتُهُم بِإِيمَٰنٍ أَلْحَقْنَا بِهِمْ ذُرِّيَّتَهُمْ وَمَآ أَلَتْنَٰهُم مِّنْ عَمَلِهِم مِّن شَىْءٍ كُلُّ ٱمْرِئٍۭ بِمَا كَسَبَ رَهِينٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Муъминоне, ки фарзандонашон дар имон пайрави онон буданд, фарзандонашонро [низ дар биҳишт] ба онон мулҳақ хоҳем кард ва аз [подоши] амалашон заррае намекоҳем; чаро ки [сарнавишти] ҳар кас дар гарави дастоварди худи ӯст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَمْدَدْنَٰهُم بِفَٰكِهَةٍ وَلَحْمٍ مِّمَّا يَشْتَهُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Дар биҳишт аз] Ҳар навъ мева ва гӯште, ки бихоҳанд, пайдарпай дар дастрасашон қарор медиҳем.
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَتَنَٰزَعُونَ فِيهَا كَأْسًا لَّا لَغْوٌ فِيهَا وَلَا تَأْثِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Дар он ҷо ҷомҳои шаробе аз дасти якдигар мегиранд, ки на муҷиби беҳудагӯӣ аст ва на гуноҳ;
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَطُوفُ عَلَيْهِمْ غِلْمَانٌ لَّهُمْ كَأَنَّهُمْ لُؤْلُؤٌ مَّكْنُونٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва навҷавононе [ки барои хидмат] перомунашон дар рафту омаданд, гӯӣ [аз зебоӣ ва сапедрӯӣ] ҳамчун марвориде дар садаф ҳастанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَقْبَلَ بَعْضُهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ يَتَسَآءَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Биҳиштиён] Ба якдигар рӯ меоваранд ва аз [дунё ва аҳволи гузаштаи] худ суол мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوٓا۟ إِنَّا كُنَّا قَبْلُ فِىٓ أَهْلِنَا مُشْفِقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Мегӯянд: «Мо дар дунё дар хонаводаи худ [аз азоби илоҳӣ] метарсидем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَمَنَّ ٱللَّهُ عَلَيْنَا وَوَقَىٰنَا عَذَابَ ٱلسَّمُومِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аллоҳ таоло [бо неъмти ислом] бар мо миннат ниҳод ва аз азоби сӯзон [-и дузах] ҳифзамон кард
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّا كُنَّا مِن قَبْلُ نَدْعُوهُ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلْبَرُّ ٱلرَّحِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Мо дар зиндагии дунё ҳамвора Ӯро [парастиш мекардем ва ба рубубият] мехондем. Бе тардид, Ӯ накукору меҳрубон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَذَكِّرْ فَمَآ أَنتَ بِنِعْمَتِ رَبِّكَ بِكَاهِنٍ وَلَا مَجْنُونٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, [эй Паёмбар, бо оёти Қуръон ба мардум] андарз бидеҳ, ки ба лутфи Парвардигорат [ту бар хилофи иддаои кофирон] на коҳинӣ ва на маҷнун
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ يَقُولُونَ شَاعِرٌ نَّتَرَبَّصُ بِهِۦ رَيْبَ ٱلْمَنُونِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё мегӯянд: «[Муҳаммад] Шоирест, ки мунтазирем, то маргаш фаро расад [ва аз суханонаш раҳоӣ ёбем]?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ تَرَبَّصُوا۟ فَإِنِّى مَعَكُم مِّنَ ٱلْمُتَرَبِّصِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Мунтазир [-и марги ман] бошед; ман низ бо шумо мунтазир хоҳам монд [то азобатонро ба чашм бинам]»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ تَأْمُرُهُمْ أَحْلَٰمُهُم بِهَٰذَآ أَمْ هُمْ قَوْمٌ طَاغُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё ақлҳояшон ба [баёни] ин [суханони ботил] ҳукм мекунад, ё [асосан] мардуме саркаш ҳастанд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ يَقُولُونَ تَقَوَّلَهُۥ بَل لَّا يُؤْمِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё мегӯянд: «[Муҳаммад] Қуръонро ҷаъл кардааст?». [Ҳаргиз чунин нест] Балки [ғарқ дар такаббуранд, ки] имон намеоваранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلْيَأْتُوا۟ بِحَدِيثٍ مِّثْلِهِۦٓ إِن كَانُوا۟ صَٰدِقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Агар рост мегӯянд, сухане монанди он биёваранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ خُلِقُوا۟ مِنْ غَيْرِ شَىْءٍ أَمْ هُمُ ٱلْخَٰلِقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё онон аз ҳеҷ офарида шудаанд ё худ офаринандаи хешанд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ خَلَقُوا۟ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ بَل لَّا يُوقِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё онон осмонҳо ва заминро офаридаанд? [На] Балки онон яқин надоранд [ки Аллоҳ таоло офаринандаи мутлақ аст]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ عِندَهُمْ خَزَآئِنُ رَبِّكَ أَمْ هُمُ ٱلْمُصَۣيْطِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё ганҷинаҳои [неъмат ва ҳидояти] Парвардигорат назди эшон аст? Оё [бар ҳама чиз] тасаллут доранд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ لَهُمْ سُلَّمٌ يَسْتَمِعُونَ فِيهِ فَلْيَأْتِ مُسْتَمِعُهُم بِسُلْطَٰنٍ مُّبِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё нардбоне доранд, ки ба василаи он [гуфтори фариштагони ваҳйро] мешунаванд? Пас, ҳар ки шунидааст, бояд далеле равшан биёварад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ لَهُ ٱلْبَنَٰتُ وَلَكُمُ ٱلْبَنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё Аллоҳ таоло фарзандони духтар дорад ва шумо писар?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ تَسْـَٔلُهُمْ أَجْرًا فَهُم مِّن مَّغْرَمٍ مُّثْقَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар] Оё аз онон подоше дархост мекунӣ, ки [аз пардохташ дар ранҷанд ва харҷаш] барояшон [гарону] сангин аст?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ عِندَهُمُ ٱلْغَيْبُ فَهُمْ يَكْتُبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё аз илми ғайб огоҳанд ва [хабарҳои ниҳонро] менависанд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ يُرِيدُونَ كَيْدًا فَٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ هُمُ ٱلْمَكِيدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё қасди найранг[ва нақшаи палиде бароят] доранд? Вале кофирон худ гирифтори найранг [ва тадбири илоҳӣ] ҳастанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ لَهُمْ إِلَٰهٌ غَيْرُ ٱللَّهِ سُبْحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يُشْرِكُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё онон маъбуде ғайр аз Аллоҳ таоло доранд? Аллоҳ таоло аз он чи бо Ӯ шарик қарор медиҳанд, поку муназзаҳ аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِن يَرَوْا۟ كِسْفًا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ سَاقِطًا يَقُولُوا۟ سَحَابٌ مَّرْكُومٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ин кофирон, ҳатто] Агар порае аз осмонро низ дар ҳоли суқут бубинанд, [боз ҳам имон намеоваранд ва] мегӯянд: «Абре мутароким аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَذَرْهُمْ حَتَّىٰ يُلَٰقُوا۟ يَوْمَهُمُ ٱلَّذِى فِيهِ يُصْعَقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, ононро [ба ҳоли худ] раҳо кун, то бо рӯзи мавъудашон, ки [бо нахустин дамидани сур] мадҳуши марг мегарданд, мувоҷеҳ шаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَوْمَ لَا يُغْنِى عَنْهُمْ كَيْدُهُمْ شَيْـًٔا وَلَا هُمْ يُنصَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Рӯзе, ки найрангашон судманд нахоҳад буд ва [аз ҳеҷ сӯ] ёрӣ намешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِنَّ لِلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ عَذَابًا دُونَ ذَٰلِكَ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ситамгорон [дар дунё низ ба дасти муъминон] ба азоби дигаре гирифтор хоҳанд шуд; вале бештарашон намедонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱصْبِرْ لِحُكْمِ رَبِّكَ فَإِنَّكَ بِأَعْيُنِنَا وَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ حِينَ تَقُومُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар] Дар баробари ҳукми Парвардигорат шикебо бош; зеро ту таҳти назар ва ҳифозати Моӣ; ва ҳангоме ки [аз хоб ё ба қасди ибодат] бармехезӣ, Парвардигоратро ба покӣ ситоиш кун
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمِنَ ٱلَّيْلِ فَسَبِّحْهُ وَإِدْبَٰرَ ٱلنُّجُومِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва низ [дар посе] аз шаб Ӯро ситоиш кун [ва намоз бигузор] ва ба ҳангоми нопадид шудани ситорагон [дар сапедадам низ намози субҳ бигузор]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
← Сураи Adh-Dhaariyat
Сураи An-Najm →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→
Матни арабӣ ва тарҷумаҳо тавассути Tanzil ва QuranEnc — айнан, бетағйир · Тарҷумаҳо ба тарҷумонҳояшон тааллуқ доранд ва худи Қуръон нестанд
Ин ёрирасони таҳқиқотист, на манбаи фатво.