Сураи Adh-Dhaariyat الذاريات
60 оят · Макка · тартиби нузул 67
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ وَٱلذَّٰرِيَٰتِ ذَرْوًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСавганд ба бодҳои хокафшон
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱلْحَٰمِلَٰتِ وِقْرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа савганд ба абрҳои сангинбор
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱلْجَٰرِيَٰتِ يُسْرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа савганд ба киштиҳои сабуксайр
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱلْمُقَسِّمَٰتِ أَمْرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа савганд ба фариштагон, ки умури илоҳиро [миёни мардум] тақсим мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَصَادِقٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКи он чӣ ба шумо [дар мавриди подош ва азоб] ваъда дода шуда, ҳақиқат дорад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِنَّ ٱلدِّينَ لَوَٰقِعٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [рӯзи] ҷазо, ҳатман, ба вуқуъ мепайвандад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلْحُبُكِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСавганд ба осмон, ки [бо ситорагон ороста шуда ва гӯӣ] дорои роҳҳост
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّكُمْ لَفِى قَوْلٍ مُّخْتَلِفٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКи шумо [дар мавриди Паёмбару Қуръон] ихтилофи назар доред
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يُؤْفَكُ عَنْهُ مَنْ أُفِكَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар ки [аз роҳи ҳақ] бозгардонда шавад, аз [имон ба] Паёмбар ва Қуръон низ бозгардонда хоҳад шуд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُتِلَ ٱلْخَرَّٰصُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМарг [ва лаънат] бар дурӯғгӯён!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلَّذِينَ هُمْ فِى غَمْرَةٍ سَاهُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамон касоне, ки дар вартаи ҷаҳл ғофиланд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَسْـَٔلُونَ أَيَّانَ يَوْمُ ٱلدِّينِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон [пайваста ва аз рӯйи инкор] мепурсанд: «Рӯзи ҷазо чи замоне аст?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَوْمَ هُمْ عَلَى ٱلنَّارِ يُفْتَنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамон рӯзе аст, ки ба оташ муҷозот мешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ذُوقُوا۟ فِتْنَتَكُمْ هَٰذَا ٱلَّذِى كُنتُم بِهِۦ تَسْتَعْجِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ва ба онон гуфта мешавад:] «Азоби худро бичашед; ин ҳамон оташест, ки ба шитоб мехостед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱلْمُتَّقِينَ فِى جَنَّٰتٍ وَعُيُونٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Дар рӯзи қиёмат] Мусалламан, парҳезкорон дар боғҳое [аз биҳишт] ва [канори] чашмасорҳо ба сар мебаранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ءَاخِذِينَ مَآ ءَاتَىٰهُمْ رَبُّهُمْ إِنَّهُمْ كَانُوا۟ قَبْلَ ذَٰلِكَ مُحْسِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн чи Парвардигорашон ба онон ато кардааст, дарёфт медоранд; зеро дар [зиндагии] гузашта накукор будаанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
كَانُوا۟ قَلِيلًا مِّنَ ٱلَّيْلِ مَا يَهْجَعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон андаке аз шабро мехуфтанд [ва бақияро ба намоз ва ниёиш машғул буданд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَبِٱلْأَسْحَارِ هُمْ يَسْتَغْفِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа саҳаргоҳон омурзиш мехостанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَفِىٓ أَمْوَٰلِهِمْ حَقٌّ لِّلسَّآئِلِ وَٱلْمَحْرُومِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар амволашон барои соил ва маҳрум ҳаққе [муайян аз садақа ва закот] буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَفِى ٱلْأَرْضِ ءَايَٰتٌ لِّلْمُوقِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар замин нишонаҳо [-и қудрати илоҳӣ] барои аҳли яқин падидор аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَفِىٓ أَنفُسِكُمْ أَفَلَا تُبْصِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Centerва дар вуҷуди худатон; оё намебинед?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَفِى ٱلسَّمَآءِ رِزْقُكُمْ وَمَا تُوعَدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ризқу рӯзиатон ва он чӣ [аз кайфару подош ва хайру шар, ки] ба шумо ваъда дода мешавад, дар осмон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَوَرَبِّ ٱلسَّمَآءِ وَٱلْأَرْضِ إِنَّهُۥ لَحَقٌّ مِّثْلَ مَآ أَنَّكُمْ تَنطِقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас савганд ба Парвардигори осмону замин, ки ваъда [-и қиёмат ва подош ва азоб] ҳамчун сухан гуфтанатон ҳақиқӣ ва қатъӣ аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هَلْ أَتَىٰكَ حَدِيثُ ضَيْفِ إِبْرَٰهِيمَ ٱلْمُكْرَمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Оё достони меҳмонони гиромии Иброҳим ба ту расидааст?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِذْ دَخَلُوا۟ عَلَيْهِ فَقَالُوا۟ سَلَٰمًا قَالَ سَلَٰمٌ قَوْمٌ مُّنكَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЧун бар ӯ ворид шуданд ва салом гуфтанд, ӯ гуфт: «Салом» [ва зери лаб гуфт:] «Гурӯҳе ношиносанд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَرَاغَ إِلَىٰٓ أَهْلِهِۦ فَجَآءَ بِعِجْلٍ سَمِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ назди хонаводаи худ рафт ва [гӯшти бирёни] гӯсолаи фарбеҳе [барои пазироӣ] овард
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَقَرَّبَهُۥٓ إِلَيْهِمْ قَالَ أَلَا تَأْكُلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ӯ ғизоро] Назди онон гузошт ва [чанд лаҳза баъд] гуфт: «Оё намехӯред?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَوْجَسَ مِنْهُمْ خِيفَةً قَالُوا۟ لَا تَخَفْ وَبَشَّرُوهُ بِغُلَٰمٍ عَلِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Пас, чун даст ба ғизо назаданд] Аз онон эҳсоси тарс кард; гуфтанд: «Натарс [мо фариштаем]; ва ӯро ба [таваллуди] писари доно башорат доданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَقْبَلَتِ ٱمْرَأَتُهُۥ فِى صَرَّةٍ فَصَكَّتْ وَجْهَهَا وَقَالَتْ عَجُوزٌ عَقِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамсараш бо фарёд [-у шигифтӣ] пеш омад ва дар ҳоле ки ба рӯйи худ мезад, гуфт: «Пиразани нозо [фарзанд мезояд]?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوا۟ كَذَٰلِكِ قَالَ رَبُّكِ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلْحَكِيمُ ٱلْعَلِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Фариштагон] гуфтанд: «Парвардигорат чунин фармудааст; ва бе гумон, Ӯ ҳакиму доност»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ فَمَا خَطْبُكُمْ أَيُّهَا ٱلْمُرْسَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Иброҳим] Гуфт: «Эй фариштагон [-и Аллоҳ таоло], кору маъмурияти шумо чист?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوٓا۟ إِنَّآ أُرْسِلْنَآ إِلَىٰ قَوْمٍ مُّجْرِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Фариштагон] Гуфтанд: «Мо барои [муҷозоти] қавме муҷрим [ва гунаҳкор] фиристода шудаем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لِنُرْسِلَ عَلَيْهِمْ حِجَارَةً مِّن طِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо сангҳое аз гил [-и сахтшуда] бар сарашон фуру борем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مُّسَوَّمَةً عِندَ رَبِّكَ لِلْمُسْرِفِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Сангҳое] Ки назди Парвардигорат барои исрофкорон нишон гузошта шудааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَخْرَجْنَا مَن كَانَ فِيهَا مِنَ ٱلْمُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, муъминонеро, ки дар он [шаҳрҳои қавми Лут] буданд, [пеш аз нузули азоб] берун овардем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَمَا وَجَدْنَا فِيهَا غَيْرَ بَيْتٍ مِّنَ ٱلْمُسْلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВале фақат як хонаводаро ёфтем, ки [нисбат ба авомири илоҳӣ] таслим буданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَتَرَكْنَا فِيهَآ ءَايَةً لِّلَّذِينَ يَخَافُونَ ٱلْعَذَابَ ٱلْأَلِيمَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар он [шаҳрҳо] барои мардуме, ки аз азоби дарднок [-и илоҳӣ] тарс доранд, нишонае равшан бар ҷой гузоштем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَفِى مُوسَىٰٓ إِذْ أَرْسَلْنَٰهُ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ بِسُلْطَٰنٍ مُّبِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар [достони] Мӯсо [низ нишона ва ибратест]; он гоҳ ки ӯро бо далеле равшан назди Фиръавн фиристодем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَتَوَلَّىٰ بِرُكْنِهِۦ وَقَالَ سَٰحِرٌ أَوْ مَجْنُونٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВале [Фиръавн] бо такя бар қудраташ [ҳақро] напазируфт ва гуфт: [«Ин мард ё] Ҷодугар аст ё девона»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَخَذْنَٰهُ وَجُنُودَهُۥ فَنَبَذْنَٰهُمْ فِى ٱلْيَمِّ وَهُوَ مُلِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮро ҳамроҳ бо сипоҳиёнаш гирифтем ва ба дарё афкандем [ва ҳалок кардем]; дар ҳоле ки [дар лаҳзаи марг худро ба хотири нофармонӣ ва куфраш] сарзаниш мекард
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَفِى عَادٍ إِذْ أَرْسَلْنَا عَلَيْهِمُ ٱلرِّيحَ ٱلْعَقِيمَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар [достони қавми] Од [низ дарси ибратест]; он гоҳ ки тундбоде бе хайру баракат бар онон фиристодем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَا تَذَرُ مِن شَىْءٍ أَتَتْ عَلَيْهِ إِلَّا جَعَلَتْهُ كَٱلرَّمِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Тундбоде] Ки бар ҳар чиз вазид, хоку хошокаш кард
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَفِى ثَمُودَ إِذْ قِيلَ لَهُمْ تَمَتَّعُوا۟ حَتَّىٰ حِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар [достони қавми] Самуд [низ дарси ибрате аст] он гоҳ ки [тавассути паёмбарашон Солеҳ] ба онон гуфта шуд: «Андаке [аз лаззатҳои зиндагӣ] баҳраманд шавед [ки танҳо се рӯз фурсат доред]»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَعَتَوْا۟ عَنْ أَمْرِ رَبِّهِمْ فَأَخَذَتْهُمُ ٱلصَّٰعِقَةُ وَهُمْ يَنظُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон аз фармони Парвардигорашон сарпечӣ карданд; пас, дар ҳоле ки [ба чашми худ азобро] медиданд, соиқа ононро фаро гирифт
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَمَا ٱسْتَطَٰعُوا۟ مِن قِيَامٍ وَمَا كَانُوا۟ مُنتَصِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Чунон бар замин афтоданд, ки] На тавони бархостан [ва гурез] доштанд ва на ёрои дифоъ
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَوْمَ نُوحٍ مِّن قَبْلُ إِنَّهُمْ كَانُوا۟ قَوْمًا فَٰسِقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПеш аз он қавми Нуҳро, ки гурӯҳе нофармон буданд [ҳалок кардем]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلسَّمَآءَ بَنَيْنَٰهَا بِأَيْي۟دٍ وَإِنَّا لَمُوسِعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо осмонро ба тавон [-и худ] бино ниҳодем ва ҳамвора онро вусъат мебахшем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلْأَرْضَ فَرَشْنَٰهَا فَنِعْمَ ٱلْمَٰهِدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа заминро [барои зиндагӣ] густурдем ва чи нек густуронандае ҳастем!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمِن كُلِّ شَىْءٍ خَلَقْنَا زَوْجَيْنِ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳама чизро ба сурати завҷ [ҷуфт] офаридем; бошад, ки [таваҷҷуҳ кунед ва] панд гиред
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَفِرُّوٓا۟ إِلَى ٱللَّهِ إِنِّى لَكُم مِّنْهُ نَذِيرٌ مُّبِينٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба мардум бигӯ:] «Пас, ба сӯйи Аллоҳ таоло биштобед, ки ман аз ҷониби Ӯ барои шумо ҳушдордиҳандае ошкорам
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَا تَجْعَلُوا۟ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ إِنِّى لَكُم مِّنْهُ نَذِيرٌ مُّبِينٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар канори Аллоҳ таоло маъбуди дигаре қарор надиҳед, яқинан, ман аз [ҷониби] Ӯ барои шумо ҳушдордиҳандае ошкорам»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
كَذَٰلِكَ مَآ أَتَى ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِم مِّن رَّسُولٍ إِلَّا قَالُوا۟ سَاحِرٌ أَوْ مَجْنُونٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар паёмбаре, ки бар пешиниёнашон мабъус шуд, ҳамин гуна гуфтанд: «[Ӯ ё] Ҷодугар аст ё девона»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَتَوَاصَوْا۟ بِهِۦ بَلْ هُمْ قَوْمٌ طَاغُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё якдигарро ба ин [куфру такзиб] супориш карда буданд? На, балки мардуме саркаш буданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَتَوَلَّ عَنْهُمْ فَمَآ أَنتَ بِمَلُومٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [эй паёмбар] аз онон рӯй бигардон, ки ту [ба хотири куфри онон] ҳаргиз сазовори сарзаниш нестӣ
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَذَكِّرْ فَإِنَّ ٱلذِّكْرَىٰ تَنفَعُ ٱلْمُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [пайваста ба онон] тазаккур бидеҳ, ки, ҳатман, тазаккур барои муъминон судбахш аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا خَلَقْتُ ٱلْجِنَّ وَٱلْإِنسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҷинну инсро фақат барои ин офаридам, ки Маро ибодат кунанд [ва аз бандагии дигарон сар боз зананд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَآ أُرِيدُ مِنْهُم مِّن رِّزْقٍ وَمَآ أُرِيدُ أَن يُطْعِمُونِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterНа аз онон рӯзӣ мехоҳам, на ин ки Маро хӯрок диҳанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلرَّزَّاقُ ذُو ٱلْقُوَّةِ ٱلْمَتِينُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Зеро] Аллоҳ таоло аст, ки рӯзирасони неруманд ва барқарор аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَإِنَّ لِلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ ذَنُوبًا مِّثْلَ ذَنُوبِ أَصْحَٰبِهِمْ فَلَا يَسْتَعْجِلُونِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСитамгорон [-и мушрик низ] ҳамчун ёрон [-и гузашта]-и хеш саҳме аз азоб доранд; пас, ба шитоб [онро] аз Ман нахоҳанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَوَيْلٌ لِّلَّذِينَ كَفَرُوا۟ مِن يَوْمِهِمُ ٱلَّذِى يُوعَدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, вой бар кофирон аз [азоби] рӯзи мавъудашон!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→