caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Burooj البروج

22 оят · Макка · тартиби нузул 27

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلْبُرُوجِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСавганд ба осмон, ки дорандаи бурҷҳост

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلْيَوْمِ ٱلْمَوْعُودِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа савганд ба рӯзи мавъуд [қиёмат]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَشَاهِدٍ وَمَشْهُودٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа савганд ба ҳар ки гувоҳӣ диҳад ва ба ҳар ки мавриди гувоҳӣ қарор гирад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُتِلَ أَصْحَٰبُ ٱلْأُخْدُودِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМарг бар одамсӯзони хандақ!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلنَّارِ ذَاتِ ٱلْوَقُودِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамон оташи] Афрӯхта аз ҳезумҳои бисёр [ки муъминонро дар он месӯзонданд];

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ هُمْ عَلَيْهَا قُعُودٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Centerҳангоме ки бар [канораи] он нишаста буданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُمْ عَلَىٰ مَا يَفْعَلُونَ بِٱلْمُؤْمِنِينَ شُهُودٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он чиро бо муъминон анҷом медоданд, тамошо мекарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا نَقَمُوا۟ مِنْهُمْ إِلَّآ أَن يُؤْمِنُوا۟ بِٱللَّهِ ٱلْعَزِيزِ ٱلْحَمِيدِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳеҷ эроде аз онон нагирифтанд, ҷуз ин ки ба Аллоҳи пирӯзманди сутуда имон оварда буданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِى لَهُۥ مُلْكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ شَهِيدٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамон] Касе, ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст; ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз гувоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ فَتَنُوا۟ ٱلْمُؤْمِنِينَ وَٱلْمُؤْمِنَٰتِ ثُمَّ لَمْ يَتُوبُوا۟ فَلَهُمْ عَذَابُ جَهَنَّمَ وَلَهُمْ عَذَابُ ٱلْحَرِيقِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, касоне, ки мардону занони муъминро шиканҷа [ва озор] доданд ва пас [аз анҷоми он кор] тавба накарданд, пас, барои эшон азоби ҷаҳаннам [муҳайё] аст ва азоби оташ [дар пеш доранд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمْ جَنَّٰتٌ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَٰرُ ذَٰلِكَ ٱلْفَوْزُ ٱلْكَبِيرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамоно барои касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, боғҳое [аз биҳишт] аст, ки ҷӯйборҳо зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ва ин аст комёбии бузург

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ بَطْشَ رَبِّكَ لَشَدِيدٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе гумон, [муҷозоту] сахтгирии Парвардигорат бисёр шадид аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّهُۥ هُوَ يُبْدِئُ وَيُعِيدُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳақиқат, Ӯст, ки [офаринишро] оғоз мекунад ва дубора [баъд аз марг] бозмегардонад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُوَ ٱلْغَفُورُ ٱلْوَدُودُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳам Ӯ омурзанда [ва] дӯстор [-и муъминон] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذُو ٱلْعَرْشِ ٱلْمَجِيدُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ӯ Аллоҳ таоло] Соҳиби Арш, [ва] баландмартаба [ва шукӯҳманд] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَعَّالٌ لِّمَا يُرِيدُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ва] Он чиро бихоҳад, анҷом медиҳад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هَلْ أَتَىٰكَ حَدِيثُ ٱلْجُنُودِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Оё достони лашкариён [-и ҳақситез] ба ту расидааст?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فِرْعَوْنَ وَثَمُودَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Лашкари] Фиръавн ва [қавми] Самуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ فِى تَكْذِيبٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБалки касоне, ки кофир шуданд, пайваста дар такзиб [-и ҳақ] ҳастанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱللَّهُ مِن وَرَآئِهِم مُّحِيطٌۢ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Аллоҳ таоло аз ҳар сӯ бар онон иҳота дорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَلْ هُوَ قُرْءَانٌ مَّجِيدٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОре, ин [оёт шеъру сеҳр нест, балки] Қуръони шукӯҳманд аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فِى لَوْحٍ مَّحْفُوظٍۭ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар Лавҳи маҳфуз [аз ҳар гуна таҳрифу табдил дар амон] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70