Сураи Al-Inshiqaaq الإنشقاق
25 оят · Макка · тартиби нузул 83
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنشَقَّتْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ки осмон шикофта шавад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَذِنَتْ لِرَبِّهَا وَحُقَّتْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба [фармони] Парвардигораш гӯш фаро диҳад [ва таслим шавад]; ва сазовор аст [ки чунин кунад]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا ٱلْأَرْضُ مُدَّتْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он гоҳ ки замин густурда [ва ҳамвор] шавад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَلْقَتْ مَا فِيهَا وَتَخَلَّتْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳар чиро даруни худ дорад, берун резад ва тиҳӣ гардад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَذِنَتْ لِرَبِّهَا وَحُقَّتْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба [фармони] Парвардигораш гӯш фаро диҳад [ва таслим шавад]; ва сазовор аст [ки чунин кунад]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَٰٓأَيُّهَا ٱلْإِنسَٰنُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَىٰ رَبِّكَ كَدْحًا فَمُلَٰقِيهِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй инсон, бе гумон, ту дар роҳи [расидан ба] Парвардигорат сахт талошу кӯшиш мекунӣ; пас, Ӯро мулоқот хоҳӣ кард
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَمَّا مَنْ أُوتِىَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аммо касе, ки нома [-и аъмолаш] ба дасти росташ дода шавад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَسَوْفَ يُحَاسَبُ حِسَابًا يَسِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа зудӣ ба ҳисобе осон муҳосиба мешавад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَنقَلِبُ إِلَىٰٓ أَهْلِهِۦ مَسْرُورًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа шодмон ба сӯйи хонаводааш бозмегардад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَمَّا مَنْ أُوتِىَ كِتَٰبَهُۥ وَرَآءَ ظَهْرِهِۦ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аммо касе, ки номаи [аъмолаш] аз пушти сараш ба ӯ дода шавад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَسَوْفَ يَدْعُوا۟ ثُبُورًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳалоки худро хоҳад талабид
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَصْلَىٰ سَعِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба [оташи] ҷаҳаннами шуълавар хоҳад даромад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّهُۥ كَانَ فِىٓ أَهْلِهِۦ مَسْرُورًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе гумон, ӯ дар [дунё ба хотири гуноҳонаш] миёни хонаводаи худ шодмон буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّهُۥ ظَنَّ أَن لَّن يَحُورَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ гумон мекард, ки ҳаргиз [ба назди Аллоҳ таоло] бознахоҳад гашт
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
بَلَىٰٓ إِنَّ رَبَّهُۥ كَانَ بِهِۦ بَصِيرًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОре, ҳамоно Парвардигораш аз ҳоли вай огоҳ буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَآ أُقْسِمُ بِٱلشَّفَقِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ба шафақ савганд мехӯрам
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّيْلِ وَمَا وَسَقَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа савганд ба шаб ва он чиро фуру мепӯшад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلْقَمَرِ إِذَا ٱتَّسَقَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа савганд ба моҳ чун [фурӯғаш] комил шавад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَتَرْكَبُنَّ طَبَقًا عَن طَبَقٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲатман, маротибу ҳолоти мухталиферо яке пас аз дигаре [дар масири зиндагии дунявӣ] тай хоҳед кард
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَمَا لَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ононро чи шуда, ки имон намеоваранд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا قُرِئَ عَلَيْهِمُ ٱلْقُرْءَانُ لَا يَسْجُدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [чаро] ҳангоме ки Қуръон бар онон тиловат шавад, саҷда намекунанд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ يُكَذِّبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБалки касоне, ки кофир шуданд, пайваста [оёти илоҳиро] такзиб мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا يُوعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Аллоҳ таоло ба он чи дар дил пинҳон медоранд, донотар аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَبَشِّرْهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [эй Паёмбар] ононро ба азоби дардноке башорат деҳ
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمْ أَجْرٌ غَيْرُ مَمْنُونٍۭ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ки барои онон подоше беминнат ва пайваста аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→