caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Muzzammil المزمل

20 оят · Макка · тартиби нузул 3

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ يَٰٓأَيُّهَا ٱلْمُزَّمِّلُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй ҷомабахудпечида!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُمِ ٱلَّيْلَ إِلَّا قَلِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterШабро – ҷуз андаке – ба по хез [ва ибодат кун]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

نِّصْفَهُۥٓ أَوِ ٱنقُصْ مِنْهُ قَلِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterНимае аз онро ё андаке аз он кам кун

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوْ زِدْ عَلَيْهِ وَرَتِّلِ ٱلْقُرْءَانَ تَرْتِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЁ андаке бар [нисфи] он биафзо ва Қуръонро бо тартил [-у тааммул] бихон

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّا سَنُلْقِى عَلَيْكَ قَوْلًا ثَقِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан Мо ба зудӣ сухане сангин бар ту нозил хоҳем кард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ نَاشِئَةَ ٱلَّيْلِ هِىَ أَشَدُّ وَطْـًٔا وَأَقْوَمُ قِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе гумон, шабзиндадорӣ [бар нафс] душвор аст ва барои гуфтор [ва ниёиш] муносибтар ва устувортар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ لَكَ فِى ٱلنَّهَارِ سَبْحًا طَوِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа яқинан ту дар рӯз машғулияти бисёр дорӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱذْكُرِ ٱسْمَ رَبِّكَ وَتَبَتَّلْ إِلَيْهِ تَبْتِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа номи Парвардигоратро ёд кун ва танҳо ба Ӯ дил бибанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

رَّبُّ ٱلْمَشْرِقِ وَٱلْمَغْرِبِ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ فَٱتَّخِذْهُ وَكِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамон] Парвардигори машриқу мағриб, ки маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест. Пас, Ӯро корсоз [-у нигаҳбони худ] баргузин

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱصْبِرْ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَٱهْجُرْهُمْ هَجْرًا جَمِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бар он чи [мушрикон] мегӯянд, шикебо бош ва ба шеваи наку [ва шоиста] аз онон дурӣ кун

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَذَرْنِى وَٱلْمُكَذِّبِينَ أُو۟لِى ٱلنَّعْمَةِ وَمَهِّلْهُمْ قَلِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа маро бо ин такзибкунандагони бархурдор аз неъмат вогузор ва ба онон каме муҳлат деҳ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ لَدَيْنَآ أَنكَالًا وَجَحِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе гумон, назди Мо қайд [-у бандҳо]-и сангин ва [оташи] дузах аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَطَعَامًا ذَا غُصَّةٍ وَعَذَابًا أَلِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа таоме гулугир ва азобе дарднок

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَوْمَ تَرْجُفُ ٱلْأَرْضُ وَٱلْجِبَالُ وَكَانَتِ ٱلْجِبَالُ كَثِيبًا مَّهِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterРӯзе, ки замину кӯҳҳо ба ларза дарояд ва кӯҳҳо [муталошӣ шаванд ва] ҳамчун тӯдаи реги нарм [равон] гарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّآ أَرْسَلْنَآ إِلَيْكُمْ رَسُولًا شَٰهِدًا عَلَيْكُمْ كَمَآ أَرْسَلْنَآ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ رَسُولًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан, Мо Паёмбаре ба сӯйи шумо фиристодем, ки бар шумо шоҳид [ва гувоҳ] аст, ҳамон гуна ки ба сӯйи Фиръавн паёмбаре фиристодем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَعَصَىٰ فِرْعَوْنُ ٱلرَّسُولَ فَأَخَذْنَٰهُ أَخْذًا وَبِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ Фиръавн аз он паёмбар нофармонӣ [ва бо ӯ мухолифат] кард ва Мо ӯро ба сахтӣ муҷозот кардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَكَيْفَ تَتَّقُونَ إِن كَفَرْتُمْ يَوْمًا يَجْعَلُ ٱلْوِلْدَٰنَ شِيبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, агар кофир шавед, чи гуна худро [аз азоб] дар амон медоред, [дар] рӯзе, ки кӯдаконро пир мекунад?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلسَّمَآءُ مُنفَطِرٌۢ بِهِۦ كَانَ وَعْدُهُۥ مَفْعُولًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Дар он рӯз] Осмон шикофта мешавад [ва] ваъдаи Ӯ, ҳатман, ба вуқуъ мепайвандад.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ هَٰذِهِۦ تَذْكِرَةٌ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ سَبِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе гумон, ин [оёт] панд [-у ҳушдоре] аст, то ҳар ки бихоҳад, ба сӯи Парвардигори худ роҳе дар пеш гирад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ رَبَّكَ يَعْلَمُ أَنَّكَ تَقُومُ أَدْنَىٰ مِن ثُلُثَىِ ٱلَّيْلِ وَنِصْفَهُۥ وَثُلُثَهُۥ وَطَآئِفَةٌ مِّنَ ٱلَّذِينَ مَعَكَ وَٱللَّهُ يُقَدِّرُ ٱلَّيْلَ وَٱلنَّهَارَ عَلِمَ أَن لَّن تُحْصُوهُ فَتَابَ عَلَيْكُمْ فَٱقْرَءُوا۟ مَا تَيَسَّرَ مِنَ ٱلْقُرْءَانِ عَلِمَ أَن سَيَكُونُ مِنكُم مَّرْضَىٰ وَءَاخَرُونَ يَضْرِبُونَ فِى ٱلْأَرْضِ يَبْتَغُونَ مِن فَضْلِ ٱللَّهِ وَءَاخَرُونَ يُقَٰتِلُونَ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ فَٱقْرَءُوا۟ مَا تَيَسَّرَ مِنْهُ وَأَقِيمُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُوا۟ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَقْرِضُوا۟ ٱللَّهَ قَرْضًا حَسَنًا وَمَا تُقَدِّمُوا۟ لِأَنفُسِكُم مِّنْ خَيْرٍ تَجِدُوهُ عِندَ ٱللَّهِ هُوَ خَيْرًا وَأَعْظَمَ أَجْرًا وَٱسْتَغْفِرُوا۟ ٱللَّهَ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌۢ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Яқинан Парвардигорат медонад, ки ту ва гурӯҳе аз онҳо, ки бо ту ҳастанд, наздики ду савуми шаб [аз cе ду ҳиссаи шаб] ва [ё] нисф [ё] як савум [сеяк]-и онро ба [намоз] бармехезед. Ва Аллоҳ таоло шабу рӯзро андозагирӣ мекунад. [Ӯ] Медонад, ки шумо наметавонед шумориши онро [дақиқ] муҳосиба кунед, пас, шуморо бахшид. Пас, акнун ҳар чи [барои шумо] муяссар бошад, аз Қуръон бихонед. [Аллоҳ таоло] Медонад, ки бархе аз шумо бемор хоҳанд шуд ва гурӯҳе [дигар] барои ба даст овардани фазлу неъмати Аллоҳ таоло дар замин сафар мекунанд ва гурӯҳе [низ] дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод мекунанд, пас, он чи муяссар бошад, аз он бихонед ва намоз барпо доред ва закот диҳед ва ба Аллоҳ таоло қарзи наку диҳед ва [бидонед, ки] он чи аз корҳои хайр пешопеш барои худ мефиристед, [онро] назди Аллоҳ таоло ба беҳтарин ваҷҳ ва бузургтарин подош хоҳед ёфт ва аз Аллоҳ таоло омурзиш бихоҳед, ки ҳамоно Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70