Асосӣ › Сураҳо › Сураи Al-Jinn
Сураи Al-Jinn الجن
28 оят · Макка · тартиби нузул 40
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ قُلْ أُوحِىَ إِلَىَّ أَنَّهُ ٱسْتَمَعَ نَفَرٌ مِّنَ ٱلْجِنِّ فَقَالُوٓا۟ إِنَّا سَمِعْنَا قُرْءَانًا عَجَبًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй паёмбар] Бигӯ: «Ба ман ваҳй шудааст, ки гурӯҳе аз ҷинниён [ба ин Қуръон] гӯш фаро додаанд, пас, гуфтанд: «Бе гумон, мо Қуръоне шигифтовар шунидем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَهْدِىٓ إِلَى ٱلرُّشْدِ فَـَٔامَنَّا بِهِۦ وَلَن نُّشْرِكَ بِرَبِّنَآ أَحَدًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ки ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Пас, мо ба он имон овардем ва ҳаргиз касеро бо Парвардигорамон шарик қарор намедиҳем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَنَّهُۥ تَعَٰلَىٰ جَدُّ رَبِّنَا مَا ٱتَّخَذَ صَٰحِبَةً وَلَا وَلَدًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ин ки шаъну азамати Парвардигорамон бас [азиму] баланд аст. Ӯ [ҳаргиз барои худ] ҳамсару фарзанде интихоб накардааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَنَّهُۥ كَانَ يَقُولُ سَفِيهُنَا عَلَى ٱللَّهِ شَطَطًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ин ки сафеҳ [-у нодон]-и мо [шайтон] дар бораи Аллоҳ таоло суханони норавое мегуфт
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَنَّا ظَنَنَّآ أَن لَّن تَقُولَ ٱلْإِنسُ وَٱلْجِنُّ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва мо [чунин] гумон мекардем, ки ҳаргиз инсу ҷин бар Аллоҳ таоло дурӯғ намебанданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَنَّهُۥ كَانَ رِجَالٌ مِّنَ ٱلْإِنسِ يَعُوذُونَ بِرِجَالٍ مِّنَ ٱلْجِنِّ فَزَادُوهُمْ رَهَقًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ин ки мардоне аз одамиён ба мардоне аз ҷинниён паноҳ мебурданд ва [бад-ин васила] бар гумроҳӣ ва саркашии эшон меафзуданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَنَّهُمْ ظَنُّوا۟ كَمَا ظَنَنتُمْ أَن لَّن يَبْعَثَ ٱللَّهُ أَحَدًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ин ки онон [кофирон] гумон мекарданд – ҳамон гуна ки шумо [ҷинниён] мепиндоштед – ки Аллоҳ таоло ҳеҷ касро [дубора] зинда намегардонад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَنَّا لَمَسْنَا ٱلسَّمَآءَ فَوَجَدْنَٰهَا مُلِئَتْ حَرَسًا شَدِيدًا وَشُهُبًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ин ки мо осмонро ҷустуҷӯ кардем, пас, онро пур аз муҳофизони неруманд ва тирҳои шиҳоб ёфтем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَنَّا كُنَّا نَقْعُدُ مِنْهَا مَقَٰعِدَ لِلسَّمْعِ فَمَن يَسْتَمِعِ ٱلْـَٔانَ يَجِدْ لَهُۥ شِهَابًا رَّصَدًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ин ки дар [осмон] барои шунидан ба камин менишастем, [аммо] акнун ҳар ки бихоҳад ба гӯш бошад, тири шиҳобе дар камини худ меёбад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَنَّا لَا نَدْرِىٓ أَشَرٌّ أُرِيدَ بِمَن فِى ٱلْأَرْضِ أَمْ أَرَادَ بِهِمْ رَبُّهُمْ رَشَدًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ин ки мо намедонем, оё барои аҳли замин шарре ирода шуда, ё Парвардигорашон хайру ҳидояти эшонро хостааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَنَّا مِنَّا ٱلصَّٰلِحُونَ وَمِنَّا دُونَ ذَٰلِكَ كُنَّا طَرَآئِقَ قِدَدًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ин ки дар миёни мо афроде солеҳ ва афроде нодуруст, мо гурӯҳҳое мутафовит [ва гуногун] ҳастем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَنَّا ظَنَنَّآ أَن لَّن نُّعْجِزَ ٱللَّهَ فِى ٱلْأَرْضِ وَلَن نُّعْجِزَهُۥ هَرَبًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ин ки мо яқин дорем, ки ҳаргиз наметавонем дар рӯйи замин Аллоҳро оҷизу нотавон кунем ва ҳаргиз бо гурез наметавонем, Ӯро нотавон созем [ва роҳи фироре надорем]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَنَّا لَمَّا سَمِعْنَا ٱلْهُدَىٰٓ ءَامَنَّا بِهِۦ فَمَن يُؤْمِنۢ بِرَبِّهِۦ فَلَا يَخَافُ بَخْسًا وَلَا رَهَقًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ин ки мо ҳангоме ки [сухани] ҳидоятро шунидем, ба он имон овардем. Пас, ҳар касе, ки ба Парвардигораш имон оварад, на аз нуқсон меҳаросаду на аз ситам [бим дорад]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَنَّا مِنَّا ٱلْمُسْلِمُونَ وَمِنَّا ٱلْقَٰسِطُونَ فَمَنْ أَسْلَمَ فَأُو۟لَٰٓئِكَ تَحَرَّوْا۟ رَشَدًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ин ки гурӯҳе аз мо мусулмон ва гурӯҳе кофир [ва золим] ҳастанд. Пас, ҳар кас, ки ислом оварда, ононанд, ки роҳи растагориро ҷустуҷу карда [ва баргузида]-анд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَمَّا ٱلْقَٰسِطُونَ فَكَانُوا۟ لِجَهَنَّمَ حَطَبًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва аммо кофирон [ва ситамгорон] ҳезуми [оташи] ҷаҳаннам хоҳанд буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَلَّوِ ٱسْتَقَٰمُوا۟ عَلَى ٱلطَّرِيقَةِ لَأَسْقَيْنَٰهُم مَّآءً غَدَقًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ин ки агар онҳо бар роҳи рост пойдорӣ кунанд, албатта, бо оби фаровон серобашон мекунем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لِّنَفْتِنَهُمْ فِيهِ وَمَن يُعْرِضْ عَن ذِكْرِ رَبِّهِۦ يَسْلُكْهُ عَذَابًا صَعَدًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center То онҳоро бо он [неъматҳо] биозмоем. Ва ҳар кас аз ёд [-у зикри] Парвардигораш рӯ бартобад, [Аллоҳ таоло] ӯро ба азобе сахт гирифтор месозад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَنَّ ٱلْمَسَٰجِدَ لِلَّهِ فَلَا تَدْعُوا۟ مَعَ ٱللَّهِ أَحَدًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ин ки масоҷид аз они Аллоҳ таоло аст, пас, касеро бо Аллоҳ таоло [ба парастишу ёрихоҳӣ] нахонед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَنَّهُۥ لَمَّا قَامَ عَبْدُ ٱللَّهِ يَدْعُوهُ كَادُوا۟ يَكُونُونَ عَلَيْهِ لِبَدًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ин ки ҳангоме ки бандаи Аллоҳ таоло [Муҳаммад] қиём кард, то Ӯро бихонад [ва ибодат кунад], наздик буд, ки [аз издиҳом бар гирди ӯ] бар сари ҳам фурӯ резанд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ إِنَّمَآ أَدْعُوا۟ رَبِّى وَلَآ أُشْرِكُ بِهِۦٓ أَحَدًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй паёмбар, ба онҳо] Бигӯ: «Ман танҳо Парвардигорамро мехонам ва касеро бо Ӯ шарик намесозам»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ إِنِّى لَآ أَمْلِكُ لَكُمْ ضَرًّا وَلَا رَشَدًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Бе гумон, ман наметавонам ба шумо зиёне бирасонам ва на хайру суде»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ إِنِّى لَن يُجِيرَنِى مِنَ ٱللَّهِ أَحَدٌ وَلَنْ أَجِدَ مِن دُونِهِۦ مُلْتَحَدًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «[Агар ман низ бар хилофи фармонаш рафтор кунам] ҳеҷ кас маро дар баробари Ӯ ҳимоят намекунад ва паноҳгоҳе ҷуз Ӯ намеёбам
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِلَّا بَلَٰغًا مِّنَ ٱللَّهِ وَرِسَٰلَٰتِهِۦ وَمَن يَعْصِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ فَإِنَّ لَهُۥ نَارَ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Вазифаи ман] Танҳо иблоғе аз ҷониби Аллоҳ таоло ва [расонидани] паёмҳои ӯст. Ва ҳар кас аз Аллоҳу паёмбараш нофармонӣ кунад, бе гумон, оташи ҷаҳаннам аз они Ӯст, ҷовидона дар он хоҳад монд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
حَتَّىٰٓ إِذَا رَأَوْا۟ مَا يُوعَدُونَ فَسَيَعْلَمُونَ مَنْ أَضْعَفُ نَاصِرًا وَأَقَلُّ عَدَدًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Кори кофирон ҳамчунон идома дорад] То замоне, ки он чиро ба онҳо ваъда дода шуда, бубинанд. Он гоҳ хоҳанд донист, ки чи касе ёвараш нотавонтар ва ҷамъияташ камтар аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ إِنْ أَدْرِىٓ أَقَرِيبٌ مَّا تُوعَدُونَ أَمْ يَجْعَلُ لَهُۥ رَبِّىٓ أَمَدًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй паёмбар] Бигӯ: «Ман намедонам, оё он чи ки ба шумо ваъда дода шуда, наздик аст ё Парвардигорам замоне [дур] барои он қарор медиҳад»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
عَٰلِمُ ٱلْغَيْبِ فَلَا يُظْهِرُ عَلَىٰ غَيْبِهِۦٓ أَحَدًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Аллоҳ таоло] Донои ғайб аст ва ҳеҷ касро бар [асрори] ғайби худ огоҳ намесозад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِلَّا مَنِ ٱرْتَضَىٰ مِن رَّسُولٍ فَإِنَّهُۥ يَسْلُكُ مِنۢ بَيْنِ يَدَيْهِ وَمِنْ خَلْفِهِۦ رَصَدًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Магар расулоне, ки ононро писандида [ва баргузида] аст. Пас, бе гумон, аз пеши рӯйи ӯ ва пушти сараш нигаҳбоне [аз фариштагон барои муҳофизат аз вай] мегуморад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لِّيَعْلَمَ أَن قَدْ أَبْلَغُوا۟ رِسَٰلَٰتِ رَبِّهِمْ وَأَحَاطَ بِمَا لَدَيْهِمْ وَأَحْصَىٰ كُلَّ شَىْءٍ عَدَدًۢا
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center То бидонад, ки [паёмбарон] рисолатҳои Парвардигорашонро иблоғ кардаанд ва [Аллоҳ таоло] ба он чи назди онҳост иҳота дорад ва ҳар чизеро ба адад баршумурдааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
← Сураи Nooh
Сураи Al-Muzzammil →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→
Матни арабӣ ва тарҷумаҳо тавассути Tanzil ва QuranEnc — айнан, бетағйир · Тарҷумаҳо ба тарҷумонҳояшон тааллуқ доранд ва худи Қуръон нестанд
Ин ёрирасони таҳқиқотист, на манбаи фатво.