caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Nooh نوح

28 оят · Макка · тартиби нузул 71

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ إِنَّآ أَرْسَلْنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوْمِهِۦٓ أَنْ أَنذِرْ قَوْمَكَ مِن قَبْلِ أَن يَأْتِيَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе гумон, Мо Нуҳро ба сӯйи қавмаш фиристодем [ва гуфтем]: «Қавми худро – пеш аз он ки азоби дарднок ба суроғашон ояд – ҳушдор деҳ [ва битарсон]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ يَٰقَوْمِ إِنِّى لَكُمْ نَذِيرٌ مُّبِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Нуҳ] Гуфт: «Эй қавм, ман барои шумо бимдиҳандае ошкор ҳастам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَنِ ٱعْبُدُوا۟ ٱللَّهَ وَٱتَّقُوهُ وَأَطِيعُونِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКи Аллоҳро бипарастед ва аз Ӯ парво намоед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَغْفِرْ لَكُم مِّن ذُنُوبِكُمْ وَيُؤَخِّرْكُمْ إِلَىٰٓ أَجَلٍ مُّسَمًّى إِنَّ أَجَلَ ٱللَّهِ إِذَا جَآءَ لَا يُؤَخَّرُ لَوْ كُنتُمْ تَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Пас, агар чунин кардед, Аллоҳ таоло] гуноҳони шуморо меомурзад ва шуморо то замони муайяне муҳлат медиҳад, зеро ҳангоме ки аҷали илоҳӣ фаро расад, таъхир нахоҳад дошт, агар медонистед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ رَبِّ إِنِّى دَعَوْتُ قَوْمِى لَيْلًا وَنَهَارًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Нуҳ [пас аз насиҳату даъват] гуфт: «Парвардигоро, ба ростӣ, ки ман қавми худро шабу рӯз [ба имон] даъват кардам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمْ يَزِدْهُمْ دُعَآءِىٓ إِلَّا فِرَارًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВале даъвати ман ҷуз ба гурезашон [аз ҳақ] наафзуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنِّى كُلَّمَا دَعَوْتُهُمْ لِتَغْفِرَ لَهُمْ جَعَلُوٓا۟ أَصَٰبِعَهُمْ فِىٓ ءَاذَانِهِمْ وَٱسْتَغْشَوْا۟ ثِيَابَهُمْ وَأَصَرُّوا۟ وَٱسْتَكْبَرُوا۟ ٱسْتِكْبَارًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ман ҳар чи даъваташон кардам, то саранҷоми ононро биёмурзӣ, ангуштони худро дар гӯшҳояшон фурӯ карданд ва либосҳояшонро [ба худ] печиданд ва [дар мухолифат] исрор [-у пофишорӣ] карданд ва ба шиддат гарданкашӣ ва такаббур намуданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ إِنِّى دَعَوْتُهُمْ جِهَارًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ онҳоро бо садои баланд [ва ошкор] даъват кардам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ إِنِّىٓ أَعْلَنتُ لَهُمْ وَأَسْرَرْتُ لَهُمْ إِسْرَارًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ошкоро барояшон гуфтам ва дар ниҳон барои [ҳар кадом аз] онон баён кардам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَقُلْتُ ٱسْتَغْفِرُوا۟ رَبَّكُمْ إِنَّهُۥ كَانَ غَفَّارًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, гуфтам: «Аз Парвардигори хеш омурзиш бихоҳед [ки] бе гумон, Ӯ бисёр омурзанда аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يُرْسِلِ ٱلسَّمَآءَ عَلَيْكُم مِّدْرَارًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо аз осмон [борони] паёпай бар шумо бифиристад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيُمْدِدْكُم بِأَمْوَٰلٍ وَبَنِينَ وَيَجْعَل لَّكُمْ جَنَّٰتٍ وَيَجْعَل لَّكُمْ أَنْهَٰرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа шуморо бо амволу фарзандони бисёр ёрӣ кунад, ба шумо боғҳои [сарсабз] бидиҳад ва бароятон ҷӯйборҳо[-и ҷорӣ] қарор диҳад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَّا لَكُمْ لَا تَرْجُونَ لِلَّهِ وَقَارًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterШуморо чи шудааст, ки барои Аллоҳ таоло азамат [-у шукӯҳ] қоил нестед?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَدْ خَلَقَكُمْ أَطْوَارًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳоле ки шуморо дар мароҳили гуногун офарид

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَمْ تَرَوْا۟ كَيْفَ خَلَقَ ٱللَّهُ سَبْعَ سَمَٰوَٰتٍ طِبَاقًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё намебинед, чи гуна Аллоҳ таоло ҳафт осмонро бар фарози якдигар офарид?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَعَلَ ٱلْقَمَرَ فِيهِنَّ نُورًا وَجَعَلَ ٱلشَّمْسَ سِرَاجًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа моҳро дар миёни осмонҳо мояи рӯшноӣ қарор дод ва хуршедро чароғи [фурӯзоне] гардонид?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱللَّهُ أَنۢبَتَكُم مِّنَ ٱلْأَرْضِ نَبَاتًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Аллоҳ таоло шуморо ҳамчун гиёҳе аз замин рӯёнид

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ يُعِيدُكُمْ فِيهَا وَيُخْرِجُكُمْ إِخْرَاجًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас шуморо ба он [замин] бозмегардонад ва бори дигар шуморо берун меоварад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُمُ ٱلْأَرْضَ بِسَاطًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Аллоҳ таоло заминро барои шумо густурда сохт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لِّتَسْلُكُوا۟ مِنْهَا سُبُلًا فِجَاجًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо аз роҳҳои паҳновари он [ба сӯйи мақсади худ] рафтуомад кунед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ نُوحٌ رَّبِّ إِنَّهُمْ عَصَوْنِى وَٱتَّبَعُوا۟ مَن لَّمْ يَزِدْهُ مَالُهُۥ وَوَلَدُهُۥٓ إِلَّا خَسَارًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterНуҳ гуфт: «Парвардигоро, онҳо аз ман нофармонӣ намуданд ва аз касе пайравӣ карданд, ки молу фарзандаш чизе ҷуз зиёнкорӣ бар ӯ наафзудааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَكَرُوا۟ مَكْرًا كُبَّارًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [он пешвоёни гумроҳ] найранги бузурге ба кор бурданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوا۟ لَا تَذَرُنَّ ءَالِهَتَكُمْ وَلَا تَذَرُنَّ وَدًّا وَلَا سُوَاعًا وَلَا يَغُوثَ وَيَعُوقَ وَنَسْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа гуфтанд: «Маъбудони худро раҳо накунед ва [ба хусус] «Вадда» ва «Сувоъ» ва «Яғус» ва «Яъуқ» ва «Наср»-ро [раҳо накунед]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَدْ أَضَلُّوا۟ كَثِيرًا وَلَا تَزِدِ ٱلظَّٰلِمِينَ إِلَّا ضَلَٰلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, онҳо бисёреро гумроҳ карданд ва [ту эй Парвардигор] ситамгоронро ҷуз гумроҳӣ маафзой»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مِّمَّا خَطِيٓـَٰٔتِهِمْ أُغْرِقُوا۟ فَأُدْخِلُوا۟ نَارًا فَلَمْ يَجِدُوا۟ لَهُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ أَنصَارًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Саранҷом онон] Ба кайфари гуноҳонашон [ҳамагӣ] ғарқ шуданд, пас, дар оташ [-и дузах] дароварда шуданд ва дар баробари [азоби] илоҳӣ ёвар [-у мададгоре] барои худ наёфтанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالَ نُوحٌ رَّبِّ لَا تَذَرْ عَلَى ٱلْأَرْضِ مِنَ ٱلْكَٰفِرِينَ دَيَّارًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterНуҳ гуфт: «Парвардигоро, ҳеҷ як аз кофиронро бар рӯйи замин боқӣ магузор

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّكَ إِن تَذَرْهُمْ يُضِلُّوا۟ عِبَادَكَ وَلَا يَلِدُوٓا۟ إِلَّا فَاجِرًا كَفَّارًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЧаро ки агар онҳоро боқӣ гузорӣ, бандагонатро гумроҳ мекунанд ва ҷуз [насле] бадкор ва кофир ба вуҷуд намеоваранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

رَّبِّ ٱغْفِرْ لِى وَلِوَٰلِدَىَّ وَلِمَن دَخَلَ بَيْتِىَ مُؤْمِنًا وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَٱلْمُؤْمِنَٰتِ وَلَا تَزِدِ ٱلظَّٰلِمِينَ إِلَّا تَبَارًۢا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПарвардигоро, маро ва падару модарам ва ҳар он касеро, ки бо имон вориди хонаи ман мешавад ва [тамоми] мардони муъмин ва занони муъминро биёмурз ва ситамгоронро ҷуз ҳалокат [ва нобудӣ] маафзо»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70