Сураи Al-Ma'aarij المعارج
44 оят · Макка · тартиби нузул 79
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ سَأَلَ سَآئِلٌۢ بِعَذَابٍ وَاقِعٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДархосткунандае [ба тамасхур] тақозои азоберо кард, ки вуқуаш [дар қиёмат] ҳатмӣ аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لِّلْكَٰفِرِينَ لَيْسَ لَهُۥ دَافِعٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ин азоб] Барои кофирон аст [ва] ҳеҷ дафъкунандае надорад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مِّنَ ٱللَّهِ ذِى ٱلْمَعَارِجِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАз сӯйи Аллоҳ таоло [ба вуқуъ мепайвандад, ки] соҳиби маротиб ва дараҷоти волост
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
تَعْرُجُ ٱلْمَلَٰٓئِكَةُ وَٱلرُّوحُ إِلَيْهِ فِى يَوْمٍ كَانَ مِقْدَارُهُۥ خَمْسِينَ أَلْفَ سَنَةٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterФариштагон ва Руҳ [Ҷабраил] ба сӯйи Ӯ уруҷ мекунанд, дар рӯзе, ки миқдораш [дар миқёси башарӣ] панҷоҳ ҳазор сол аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱصْبِرْ صَبْرًا جَمِيلًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ту [эй Паёмбар, дар баробари тамасхури эшон] сабри наку пеша кун
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّهُمْ يَرَوْنَهُۥ بَعِيدًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе гумон, онҳо он [рӯз]-ро дур мебинанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَنَرَىٰهُ قَرِيبًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Мо онро наздик мебинем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَوْمَ تَكُونُ ٱلسَّمَآءُ كَٱلْمُهْلِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамон] Рӯзе, ки осмон чун миси гудохта шавад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَتَكُونُ ٱلْجِبَالُ كَٱلْعِهْنِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа кӯҳҳо монанди пашми рангин [муталошӣ ва пароканда] шавад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَا يَسْـَٔلُ حَمِيمٌ حَمِيمًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳеҷ дӯсти самимӣ [ва хешованде] аз [ҳоли] дӯсти самимӣ [ва хешовандаш] намепурсад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يُبَصَّرُونَهُمْ يَوَدُّ ٱلْمُجْرِمُ لَوْ يَفْتَدِى مِنْ عَذَابِ يَوْمِئِذٍۭ بِبَنِيهِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Дар ҳоле ки] Онон ба якдигар нишон дода мешаванд, гунаҳгор [дӯст дорад ва] орзу мекунад, ки фарзандони худро дар баробари [раҳоӣ аз] азоби он рӯз бидиҳад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَصَٰحِبَتِهِۦ وَأَخِيهِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ҳамчунин] ҳамсару бародарашро
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَفَصِيلَتِهِ ٱلَّتِى تُـْٔوِيهِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Centerва қабилаашро, ки [ҳамеша] ба ӯ ҷо ва паноҳ медод
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَن فِى ٱلْأَرْضِ جَمِيعًا ثُمَّ يُنجِيهِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ҳамчунин] ҳамаи онҳоеро, ки рӯйи замин ҳастанд, [фидо кунад] то наҷот ёбад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
كَلَّآ إِنَّهَا لَظَىٰ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аммо] Ҳаргиз чунин нест! Бе гумон, он шуълаҳои [оташи] сӯзон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
نَزَّاعَةً لِّلشَّوَىٰ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ки] пӯст аз сар бармеканад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
تَدْعُوا۟ مَنْ أَدْبَرَ وَتَوَلَّىٰ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасонеро, ки [ба фармони Аллоҳ таоло] пушт карданд ва [аз ҳақ] рӯй гардониданд, [ба сӯи худ] фаро мехонад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَجَمَعَ فَأَوْعَىٰٓ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [низ касонеро, ки] амволро ҷамъоварӣ ва захира карданд [ва ҳаққи онро напардохтанд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱلْإِنسَٰنَ خُلِقَ هَلُوعًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан, инсон камтоқат [-у ҳарис] офарида шудааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِذَا مَسَّهُ ٱلشَّرُّ جَزُوعًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар гоҳ бадӣ [ва мусибате] ба ӯ расад, бетобӣ мекунад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا مَسَّهُ ٱلْخَيْرُ مَنُوعًا
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳар гоҳ хубӣ ба ӯ расад, боздоранда [ва бахил] мегардад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِلَّا ٱلْمُصَلِّينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар намозгузорон
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلَّذِينَ هُمْ عَلَىٰ صَلَاتِهِمْ دَآئِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамон касоне, ки бар намозҳояшон ҳамеша пойдорӣ мекунанд.
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ فِىٓ أَمْوَٰلِهِمْ حَقٌّ مَّعْلُومٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касоне, ки дар амволашон ҳаққи [муайяну] маълуме ҳаст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لِّلسَّآئِلِ وَٱلْمَحْرُومِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБарои мустаманд ва маҳрум
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ يُصَدِّقُونَ بِيَوْمِ ٱلدِّينِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ҳамон] касоне, ки рӯзи ҷазоро тасдиқ мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ هُم مِّنْ عَذَابِ رَبِّهِم مُّشْفِقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касоне, ки аз азоби Парвардигорашон метарсанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ عَذَابَ رَبِّهِمْ غَيْرُ مَأْمُونٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Чаро ки] Бе гумон, аз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ هُمْ لِفُرُوجِهِمْ حَٰفِظُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касоне, ки шармгоҳҳояшонро нигаҳ медоранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِلَّا عَلَىٰٓ أَزْوَٰجِهِمْ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَٰنُهُمْ فَإِنَّهُمْ غَيْرُ مَلُومِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар бо ҳамсарону канизоне, ки молики онҳо ҳастанд, ки [дар ин сурат] сарзанише бар онҳо нест
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَمَنِ ٱبْتَغَىٰ وَرَآءَ ذَٰلِكَ فَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْعَادُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳар кас фаротар аз инҳоро бихоҳад, онон мутаҷовизон ҳастанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ هُمْ لِأَمَٰنَٰتِهِمْ وَعَهْدِهِمْ رَٰعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касоне, ки амонатҳо ва паймонҳояшонро риоя мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ هُم بِشَهَٰدَٰتِهِمْ قَآئِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касоне, ки ба шаҳодатҳои худ мутааҳҳиданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ هُمْ عَلَىٰ صَلَاتِهِمْ يُحَافِظُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касоне, ки бар намозашон пойдорӣ мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أُو۟لَٰٓئِكَ فِى جَنَّٰتٍ مُّكْرَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИнон дар боғҳо [-и биҳишт] гиромӣ дошта мешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَمَالِ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ قِبَلَكَ مُهْطِعِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [эй Паёмбар] кофиронро чи шудааст, ки ба сӯйи ту мешитобанд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
عَنِ ٱلْيَمِينِ وَعَنِ ٱلشِّمَالِ عِزِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ва] Аз росту чап гурӯҳ-гурӯҳ [ҳуҷум меоваранд?]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَيَطْمَعُ كُلُّ ٱمْرِئٍ مِّنْهُمْ أَن يُدْخَلَ جَنَّةَ نَعِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё ҳар кадом аз онҳо [бо он аъмоли нописандашон] тамаъ доранд, ки дар биҳишти пурнеъмат [-и илоҳӣ] дароварда шаванд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
كَلَّآ إِنَّا خَلَقْنَٰهُم مِّمَّا يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲаргиз чунин нест! Бе гумон, Мо онҳоро аз он чи [худ] медонанд, офаридаем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَآ أُقْسِمُ بِرَبِّ ٱلْمَشَٰرِقِ وَٱلْمَغَٰرِبِ إِنَّا لَقَٰدِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ба Парвардигори машриқҳо ва мағрибҳо савганд мехӯрам, ки Мо яқинан қодирем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
عَلَىٰٓ أَن نُّبَدِّلَ خَيْرًا مِّنْهُمْ وَمَا نَحْنُ بِمَسْبُوقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБар ин ки [касони дигаре] беҳтар аз эшонро ҷойгузин кунем ва Мо [барои анҷоми ин кор] дармонда ва нотавон нестем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَذَرْهُمْ يَخُوضُوا۟ وَيَلْعَبُوا۟ حَتَّىٰ يُلَٰقُوا۟ يَوْمَهُمُ ٱلَّذِى يُوعَدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [эй Паёмбар] ононро ба ҳоли худ вогузор, то дар ботили худ фуру раванд ва бозӣ кунанд, то ба рӯзе бирасанд, ки бад-эшон ваъда дода шудааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَوْمَ يَخْرُجُونَ مِنَ ٱلْأَجْدَاثِ سِرَاعًا كَأَنَّهُمْ إِلَىٰ نُصُبٍ يُوفِضُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамон] Рӯзе, ки шитобон аз қабрҳо хориҷ мешаванд, гӯӣ ба сӯйи бутҳо медаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
خَٰشِعَةً أَبْصَٰرُهُمْ تَرْهَقُهُمْ ذِلَّةٌ ذَٰلِكَ ٱلْيَوْمُ ٱلَّذِى كَانُوا۟ يُوعَدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Дар ҳоле ки] Чашмҳояшон [аз шарму ваҳшат] ба зер афтода ва зиллат [-у хорӣ] ононро пӯшидааст. Ин ҳамон рӯзест, ки ба эшон ваъда дода мешавад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→