caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Insaan الانسان

31 оят · Мадина · тартиби нузул 98

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ هَلْ أَتَىٰ عَلَى ٱلْإِنسَٰنِ حِينٌ مِّنَ ٱلدَّهْرِ لَمْ يَكُن شَيْـًٔا مَّذْكُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан, замони тӯлоние бар инсон гузашт, ки чизе [муҳимму] қобили зикр набуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّا خَلَقْنَا ٱلْإِنسَٰنَ مِن نُّطْفَةٍ أَمْشَاجٍ نَّبْتَلِيهِ فَجَعَلْنَٰهُ سَمِيعًۢا بَصِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, Мо инсонро аз нутфаи мухталит [омехта]-е офаридем, ӯро меозмоем. Пас, ӯро шунавову бино қарор додем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّا هَدَيْنَٰهُ ٱلسَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرًا وَإِمَّا كَفُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамоно Мо роҳро ба ӯ нишон додем, хоҳ сипосгузор бошад ё носипос

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّآ أَعْتَدْنَا لِلْكَٰفِرِينَ سَلَٰسِلَا۟ وَأَغْلَٰلًا وَسَعِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, Мо барои кофирон занҷирҳо ва бандҳо ва оташи сӯзон муҳайё кардаем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلْأَبْرَارَ يَشْرَبُونَ مِن كَأْسٍ كَانَ مِزَاجُهَا كَافُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе гумон, накукорон [дар биҳишт] аз ҷоме менӯшанд, ки омехта ба кофур аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

عَيْنًا يَشْرَبُ بِهَا عِبَادُ ٱللَّهِ يُفَجِّرُونَهَا تَفْجِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аз] Чашмае, ки бандагони [хоси] Аллоҳ таоло аз он менӯшанд, [ҳар вақту] ҳар ҷо бихоҳанд он [чашма]-ро ҷорӣ месозанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يُوفُونَ بِٱلنَّذْرِ وَيَخَافُونَ يَوْمًا كَانَ شَرُّهُۥ مُسْتَطِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Бандагони накукор] Ба назр вафо мекунанд ва аз рӯзе метарсанд, ки [азобу] шарри он фарогир аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيُطْعِمُونَ ٱلطَّعَامَ عَلَىٰ حُبِّهِۦ مِسْكِينًا وَيَتِيمًا وَأَسِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ғизоро бо ин ки [ниёз ва] дӯст доранд, ба мустаманду ятим ва асир мебахшанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّمَا نُطْعِمُكُمْ لِوَجْهِ ٱللَّهِ لَا نُرِيدُ مِنكُمْ جَزَآءً وَلَا شُكُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ва дар дил мегӯянд] «Мо фақат ба хотири Аллоҳ таоло ба шумо ғизо медиҳем, на аз шумо подоше мехоҳем ва на сипосе

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّا نَخَافُ مِن رَّبِّنَا يَوْمًا عَبُوسًا قَمْطَرِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамоно мо аз Парвардигорамон метарсем, [аз азоби] рӯзе, ки туршрӯ ва душвор аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَوَقَىٰهُمُ ٱللَّهُ شَرَّ ذَٰلِكَ ٱلْيَوْمِ وَلَقَّىٰهُمْ نَضْرَةً وَسُرُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, Аллоҳ таоло ононро аз [сахтӣ ва] шарри он рӯз нигаҳ дошт ва ба эшон хуррамӣ ва шодмонӣ бахшид

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَزَىٰهُم بِمَا صَبَرُوا۟ جَنَّةً وَحَرِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба [шукронаи] сабре, ки карданд, биҳишт ва [либосҳои] ҳарир [-и биҳиштӣ] ба эшон подош дод

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مُّتَّكِـِٔينَ فِيهَا عَلَى ٱلْأَرَآئِكِ لَا يَرَوْنَ فِيهَا شَمْسًا وَلَا زَمْهَرِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар он ҷо бар тахтҳо [-и зебо] такя кардаанд, на [ҳарорати] офтобе дар он ҷо мебинед ва на [сӯзи] сармое

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَدَانِيَةً عَلَيْهِمْ ظِلَٰلُهَا وَذُلِّلَتْ قُطُوفُهَا تَذْلِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа сояҳояш бар онон фурӯ афтода ва меваҳояш [барои чидан] дар дастрас аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيُطَافُ عَلَيْهِم بِـَٔانِيَةٍ مِّن فِضَّةٍ وَأَكْوَابٍ كَانَتْ قَوَارِيرَا۠

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар гирдогирди эшон зарфҳои симин [-и ғизо] ва косаҳои булурин [-и нӯшиданӣ] гардонида мешавад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَوَارِيرَا۟ مِن فِضَّةٍ قَدَّرُوهَا تَقْدِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Косаҳои] Булурине аз нуқра, ки онҳоро ба андозаи муносиб [лабрез ва] омода кардаанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيُسْقَوْنَ فِيهَا كَأْسًا كَانَ مِزَاجُهَا زَنجَبِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар он ҷо ҷомҳое сероб мешаванд, ки омезааш занҷабил аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

عَيْنًا فِيهَا تُسَمَّىٰ سَلْسَبِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ин ҷомҳо аз] Чашмае пур мегардад, ки дар он ҷо Салсабил номида мешавад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَطُوفُ عَلَيْهِمْ وِلْدَٰنٌ مُّخَلَّدُونَ إِذَا رَأَيْتَهُمْ حَسِبْتَهُمْ لُؤْلُؤًا مَّنثُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳамвора навҷавононе ҷовидона бар гирдашон мечарханд, ки ҳар гоҳ онҳоро бубинӣ, гумон мекунӣ, ки марвориди пароканда ҳастанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا رَأَيْتَ ثَمَّ رَأَيْتَ نَعِيمًا وَمُلْكًا كَبِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чун [ба ҳар самте] бингарӣ, он ҷо неъмати бисёр ва фармонравоии азиме мебинӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

عَٰلِيَهُمْ ثِيَابُ سُندُسٍ خُضْرٌ وَإِسْتَبْرَقٌ وَحُلُّوٓا۟ أَسَاوِرَ مِن فِضَّةٍ وَسَقَىٰهُمْ رَبُّهُمْ شَرَابًا طَهُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБар онон [биҳиштиён] либосҳое сабзранг аз дебои нозук ва дебои захим [пӯшонида шуда]- аст ва бо дастбандҳое аз нуқра ороста шудаанд ва Парвардигорашон шароби пок ба эшон менӯшонад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ هَٰذَا كَانَ لَكُمْ جَزَآءً وَكَانَ سَعْيُكُم مَّشْكُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ва ба онҳо гуфта мешавад] «Ин [неъматҳо] подоши шумост ва [бидонед, ки] аз саъю кӯшиши шумо қадрдонӣ шудааст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا عَلَيْكَ ٱلْقُرْءَانَ تَنزِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Яқинан, Мо Қуръонро бар ту тадриҷан нозил кардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱصْبِرْ لِحُكْمِ رَبِّكَ وَلَا تُطِعْ مِنْهُمْ ءَاثِمًا أَوْ كَفُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, бар ҳукми Парвардигорат шикебо бош ва аз ҳеҷ кадом аз гунаҳгорон ва бединонашон фармон мабар

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱذْكُرِ ٱسْمَ رَبِّكَ بُكْرَةً وَأَصِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа субҳу шом номи Парвардигоратро ёд кун

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمِنَ ٱلَّيْلِ فَٱسْجُدْ لَهُۥ وَسَبِّحْهُ لَيْلًا طَوِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [низ] бахше аз шаб барояш саҷда кун [ва намоз бигузор] ва дар бахши баланде аз шаб [қисмати дарози шаб, ки ҳама дар хобанд] Ӯро тасбеҳ гӯй

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ يُحِبُّونَ ٱلْعَاجِلَةَ وَيَذَرُونَ وَرَآءَهُمْ يَوْمًا ثَقِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе гумон, инон [кофирон] дунёи зудгузарро дӯст медоранд ва рӯзи сахте [-ро, ки дар пеш доранд] пушти сари худ раҳо мекунанд [ва ба он аҳамият намедиҳанд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

نَّحْنُ خَلَقْنَٰهُمْ وَشَدَدْنَآ أَسْرَهُمْ وَإِذَا شِئْنَا بَدَّلْنَآ أَمْثَٰلَهُمْ تَبْدِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо онҳоро офаридем ва пайванди вуҷудашонро муҳкам кардем ва ҳар замон, ки бихоҳем, ҷойи ононро ба [гурӯҳи дигаре] монандашон медиҳем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ هَٰذِهِۦ تَذْكِرَةٌ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ سَبِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе гумон, ин ёдоварӣ [ва панд] аст, пас, ҳар кас, ки бихоҳад, роҳе ба сӯйи Парвардигораш баргузинад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا تَشَآءُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلِيمًا حَكِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа шумо чизеро намехоҳед, магар ин ки Аллоҳ таоло бихоҳад. Бе гумон, Аллоҳ таоло донои ҳаким аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يُدْخِلُ مَن يَشَآءُ فِى رَحْمَتِهِۦ وَٱلظَّٰلِمِينَ أَعَدَّ لَهُمْ عَذَابًا أَلِيمًۢا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар касро, ки бихоҳад, дар раҳмати худ ворид мекунад ва барои ситамгорон азоби дардноке омода кардааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70