caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Qiyaama القيامة

40 оят · Макка · тартиби нузул 31

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ لَآ أُقْسِمُ بِيَوْمِ ٱلْقِيَٰمَةِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа рӯзи қиёмат савганд мехӯрам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَآ أُقْسِمُ بِٱلنَّفْسِ ٱللَّوَّامَةِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба нафси маломатгар савганд мехӯрам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَيَحْسَبُ ٱلْإِنسَٰنُ أَلَّن نَّجْمَعَ عِظَامَهُۥ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё инсон мепиндорад, ки [пас аз марг] ҳаргиз устухонҳояшро ҷамъ нахоҳем кард?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَلَىٰ قَٰدِرِينَ عَلَىٰٓ أَن نُّسَوِّىَ بَنَانَهُۥ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОре, Мо қодирем, ки [ҳатто хутути сари] ангуштонашро яксону мураттаб кунем.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَلْ يُرِيدُ ٱلْإِنسَٰنُ لِيَفْجُرَ أَمَامَهُۥ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБалки инсон мехоҳад, ки [озодона ва бидуни тарс аз охират] дар гуноҳу бадкорӣ мудовимат кунад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَسْـَٔلُ أَيَّانَ يَوْمُ ٱلْقِيَٰمَةِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аз ин рӯ] Мепурсад: «Рӯзи қиёмат кай хоҳад буд?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِذَا بَرِقَ ٱلْبَصَرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳангоме ки чашм хира шавад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَخَسَفَ ٱلْقَمَرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа моҳ тира [ва бе нур] гардад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجُمِعَ ٱلشَّمْسُ وَٱلْقَمَرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа хуршеду моҳ як ҷо ҷамъ шаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَقُولُ ٱلْإِنسَٰنُ يَوْمَئِذٍ أَيْنَ ٱلْمَفَرُّ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн рӯз инсон мегӯяд: «Роҳи гурез куҷост?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَلَّا لَا وَزَرَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲаргиз! Ҳеҷ гурезгоҳе нест

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَىٰ رَبِّكَ يَوْمَئِذٍ ٱلْمُسْتَقَرُّ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн рӯз қароргоҳ [-и ниҳоне] ба сӯйи Парвардигори туст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يُنَبَّؤُا۟ ٱلْإِنسَٰنُ يَوْمَئِذٍۭ بِمَا قَدَّمَ وَأَخَّرَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар он рӯз инсонро аз тамоми корҳое, ки аз пеш ё пас фиристода, огоҳ мекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَلِ ٱلْإِنسَٰنُ عَلَىٰ نَفْسِهِۦ بَصِيرَةٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБалки инсон ба хубӣ бар хештан огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ أَلْقَىٰ مَعَاذِيرَهُۥ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгарчи [дар дифоъ аз худ] узрҳояшро дар миён оварад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَا تُحَرِّكْ بِهِۦ لِسَانَكَ لِتَعْجَلَ بِهِۦٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар, ҳангоми нузули Қуръон] забонатро барои [такрор ва хондани] он шитобзада ҳаракат мадеҳ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ عَلَيْنَا جَمْعَهُۥ وَقُرْءَانَهُۥ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМусалламан, ҷамъоварӣ ва хондани он бар [уҳдаи] Мост

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِذَا قَرَأْنَٰهُ فَٱتَّبِعْ قُرْءَانَهُۥ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳар гоҳ [тавассути Ҷабраил] онро [бар ту] хондем, аз хондани ӯ пайравӣ кун

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ إِنَّ عَلَيْنَا بَيَانَهُۥ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас баён карданаш бар [уҳдаи] Мост

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَلَّا بَلْ تُحِبُّونَ ٱلْعَاجِلَةَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲаргиз чунин нест [ки шумо мушрикон мепиндоред]! Балки дунё [-и зудгузар]-ро дӯст медоред

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَتَذَرُونَ ٱلْـَٔاخِرَةَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа охиратро раҳо мекунед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ نَّاضِرَةٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн рӯз чеҳраҳое тоза [ва шодоб] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَىٰ رَبِّهَا نَاظِرَةٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа сӯйи Парвардигораш менигарад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَوُجُوهٌ يَوْمَئِذٍۭ بَاسِرَةٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар он рӯз чеҳраҳое абус [ва дарҳамкашида] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

تَظُنُّ أَن يُفْعَلَ بِهَا فَاقِرَةٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқин дорад, ки осебе камаршикан ба ӯ мерасад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَلَّآ إِذَا بَلَغَتِ ٱلتَّرَاقِىَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОре, чун [ҷон] ба гулугоҳаш бирасад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقِيلَ مَنْ رَاقٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа гуфта шавад: «Чи касест, ки афсун бихонад? [Ва ӯро наҷот диҳад]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَظَنَّ أَنَّهُ ٱلْفِرَاقُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа яқин кунад, ки замони ҷудоӣ [аз дунё] аст.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلْتَفَّتِ ٱلسَّاقُ بِٱلسَّاقِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [кор боло гирад ва] соқҳо[-и пояш аз сахтии ҷон додан] ба ҳам печад.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَىٰ رَبِّكَ يَوْمَئِذٍ ٱلْمَسَاقُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар он рӯз масири ҳама ба сӯйи Парвардигорат хоҳад буд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَا صَدَّقَ وَلَا صَلَّىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [мункири меод] на тасдиқ карда ва на намоз гузоридааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَٰكِن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБалки [Қуръонро] такзиб кард ва [аз имон] рӯ гардонд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ ذَهَبَ إِلَىٰٓ أَهْلِهِۦ يَتَمَطَّىٰٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас хиромон ба сӯйи хонаводааш бозгашт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوْلَىٰ لَكَ فَأَوْلَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВой бар ту! Пас, вой бар ту!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ أَوْلَىٰ لَكَ فَأَوْلَىٰٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБоз ҳам вой бар ту! Пас, вой бар ту!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَيَحْسَبُ ٱلْإِنسَٰنُ أَن يُتْرَكَ سُدًى

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё инсон гумон мекунад, ки [бе ҳадаф ва бидуни ҳисоб ва ҷазо] ба худ раҳо мешавад?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَمْ يَكُ نُطْفَةً مِّن مَّنِىٍّ يُمْنَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [ӯ] нутфае аз манӣ набуд, ки [дар раҳим] рехта мешавад?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ كَانَ عَلَقَةً فَخَلَقَ فَسَوَّىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ба сурати хуни баста даромад ва [Аллоҳ таоло ӯро] офарид ва дурусту устувор сохт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَجَعَلَ مِنْهُ ٱلزَّوْجَيْنِ ٱلذَّكَرَ وَٱلْأُنثَىٰٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас аз ӯ ду завҷи нару мода падид овард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَيْسَ ذَٰلِكَ بِقَٰدِرٍ عَلَىٰٓ أَن يُحْـِۧىَ ٱلْمَوْتَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [чунин Офаридгоре] қодир нест, ки мурдагонро [дубора] зинда кунад?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70