Асосӣ › Сураҳо › Сураи Qaaf
Сураи Qaaf ق
45 оят · Макка · тартиби нузул 34
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ قٓ وَٱلْقُرْءَانِ ٱلْمَجِيدِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Қоф];[1] савганд ба Қуръони арҷманд [ки растохез омаданӣ аст]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
بَلْ عَجِبُوٓا۟ أَن جَآءَهُم مُّنذِرٌ مِّنْهُمْ فَقَالَ ٱلْكَٰفِرُونَ هَٰذَا شَىْءٌ عَجِيبٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Мушрикон аз ин ки ҳушдордиҳандае аз миёни худашон ба суроғашон омадааст, ибрози шигифтӣ мекунанд ва мегӯянд: «Моҷарои аҷибе аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَءِذَا مِتْنَا وَكُنَّا تُرَابًا ذَٰلِكَ رَجْعٌۢ بَعِيدٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Он ҳангоме ки мурдем ва хок шудем [дубора барангехта хоҳем шуд?]. Ин бозгаште баид аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَدْ عَلِمْنَا مَا تَنقُصُ ٱلْأَرْضُ مِنْهُمْ وَعِندَنَا كِتَٰبٌ حَفِيظٌۢ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бе тардид, зарроте, ки замин аз бадани онон мекоҳад, [ҳамаро] медонем; ва китобе нигоҳбон дар ихтиёр дорем [ки ҳарчи бар онон муқаддар гашта, дар он сабт аст]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
بَلْ كَذَّبُوا۟ بِٱلْحَقِّ لَمَّا جَآءَهُمْ فَهُمْ فِىٓ أَمْرٍ مَّرِيجٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Вақте ки [Қуръон, яъне каломи] ҳақ бар онон расид, такзибаш карданд; пас, дар ҳолати саргардонӣ [ва парешонӣ] ҳастанд [ва дар бораи Қуръон ҳайронанд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَفَلَمْ يَنظُرُوٓا۟ إِلَى ٱلسَّمَآءِ فَوْقَهُمْ كَيْفَ بَنَيْنَٰهَا وَزَيَّنَّٰهَا وَمَا لَهَا مِن فُرُوجٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё кофирон осмонро бар фарозашон наменигаранд, ки чи гуна онро барафроштем ва [ба зевари ситорагон] оростем ва орӣ аз [ҳар гуна] нуқсу халал аст?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلْأَرْضَ مَدَدْنَٰهَا وَأَلْقَيْنَا فِيهَا رَوَٰسِىَ وَأَنۢبَتْنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوْجٍۭ بَهِيجٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва заминро густурдем ва кӯҳҳои собит дар он пай афкандем ва аз ҳар навъ гиёҳи зебо [шодиангезе] дар он рӯёнидем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
تَبْصِرَةً وَذِكْرَىٰ لِكُلِّ عَبْدٍ مُّنِيبٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Онҳоро офаридем] То барои ҳар бандаи тавбакор муҷиби бинишу панд бошад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَنَزَّلْنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً مُّبَٰرَكًا فَأَنۢبَتْنَا بِهِۦ جَنَّٰتٍ وَحَبَّ ٱلْحَصِيدِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва аз осмон бороне пурбаракат фиристодем ва бо он боғҳо [-и мева] ва [мазореи] дона [ҳо]-и даравкарданӣ рӯёнидем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلنَّخْلَ بَاسِقَٰتٍ لَّهَا طَلْعٌ نَّضِيدٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва дарахтони саркашидаи хурмо бо хушаҳои барҳамнишаста
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
رِّزْقًا لِّلْعِبَادِ وَأَحْيَيْنَا بِهِۦ بَلْدَةً مَّيْتًا كَذَٰلِكَ ٱلْخُرُوجُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Барои рӯзии бандагон; ба василаи он [борон] сарзамини хазонзада ва хушкро ҳаёт бахшидем; хуруҷ аз қабрҳо [дар қиёмат] низ ҳамин гуна аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
كَذَّبَتْ قَبْلَهُمْ قَوْمُ نُوحٍ وَأَصْحَٰبُ ٱلرَّسِّ وَثَمُودُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пеш аз онон низ қавми Нуҳу аҳолии «Рас» [чоҳ] ва қавми Самуд [паёмбаронашонро] дурӯғгӯ шумурданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَعَادٌ وَفِرْعَوْنُ وَإِخْوَٰنُ لُوطٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ҳамчунин қавми] Оду Фиръавн ва қавми Лут
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَصْحَٰبُ ٱلْأَيْكَةِ وَقَوْمُ تُبَّعٍ كُلٌّ كَذَّبَ ٱلرُّسُلَ فَحَقَّ وَعِيدِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center ва аҳолии «Айка» [қавми Шуайб] ва қавми «Туббаъ»; ҳар як [аз онон] паёмбарони [илоҳӣ]-ро дурӯғгӯ шумурданд; пас, ваъдаи азоби ман [бар онон] таҳаққуқ ёфт
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَفَعَيِينَا بِٱلْخَلْقِ ٱلْأَوَّلِ بَلْ هُمْ فِى لَبْسٍ مِّنْ خَلْقٍ جَدِيدٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё мо дар офариниши нахустин фуру мондем [то аз бозофаринии он оҷиз бошем]? [Ҳаргиз] Балки онон аз офариниши ҷадид дар [ҳайрат ва] тардиданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ خَلَقْنَا ٱلْإِنسَٰنَ وَنَعْلَمُ مَا تُوَسْوِسُ بِهِۦ نَفْسُهُۥ وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنْ حَبْلِ ٱلْوَرِيدِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Мо инсонро офаридем ва аз васвасаҳои замираш огоҳем; ва аз шоҳрагаш ба ӯ наздиктарем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِذْ يَتَلَقَّى ٱلْمُتَلَقِّيَانِ عَنِ ٱلْيَمِينِ وَعَنِ ٱلشِّمَالِ قَعِيدٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Вақте ду фаришта, ки бар самти росту чап муроқиб нишастаанд, [рафторашро] сабт мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَّا يَلْفِظُ مِن قَوْلٍ إِلَّا لَدَيْهِ رَقِيبٌ عَتِيدٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳар сухане, ки бар забон меоварад, дар канораш [фариштаи] муроқибе омодааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَجَآءَتْ سَكْرَةُ ٱلْمَوْتِ بِٱلْحَقِّ ذَٰلِكَ مَا كُنتَ مِنْهُ تَحِيدُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Сахтиҳои марг, ба ростӣ, даррасид. [Эй инсони ғофил] Ин ҳамон чизест, ки аз он мегурехтӣ
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَنُفِخَ فِى ٱلصُّورِ ذَٰلِكَ يَوْمُ ٱلْوَعِيدِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [барои дувумин бор] дар «сур» дамида мешавад [ва қиёмат барпо мегардад]. Он рӯз [рӯзи таҳаққуқи] ваъда [-и азоб] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَجَآءَتْ كُلُّ نَفْسٍ مَّعَهَا سَآئِقٌ وَشَهِيدٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ҳар кас дар ҳоле [ки ду фаришта ҳамроҳиаш мекунанд, ба арсаи маҳшар] меояд; яке роҳ менамоёнад ва дигаре [бар аъмолаш] гувоҳ аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَّقَدْ كُنتَ فِى غَفْلَةٍ مِّنْ هَٰذَا فَكَشَفْنَا عَنكَ غِطَآءَكَ فَبَصَرُكَ ٱلْيَوْمَ حَدِيدٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ба ӯ гуфта мешавад:] «Ту аз ин [рӯз] дар ғафлат будӣ ва мо [бо азоби дузах] пардаи [ғафлат]-ро аз муқобилат бардоштем; акнун дидаат тезбин шудааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ قَرِينُهُۥ هَٰذَا مَا لَدَىَّ عَتِيدٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Фариштаи] Ҳамнишини вай мегӯяд: «Ин ҳамон [номаи аъмоли ӯ] аст, ки назди ман омадааст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَلْقِيَا فِى جَهَنَّمَ كُلَّ كَفَّارٍ عَنِيدٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Аллоҳ таоло ба он ду фаришта хитоб мекунад:] «Ҳар ситезаҷӯи ҳақситезеро дар дузах бияфканед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَّنَّاعٍ لِّلْخَيْرِ مُعْتَدٍ مُّرِيبٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ҳар] Монеи хайру мутаҷовиз ва бадгумонро
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلَّذِى جَعَلَ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَأَلْقِيَاهُ فِى ٱلْعَذَابِ ٱلشَّدِيدِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳамон касе, ки дар канори Аллоҳ таоло маъбуди дигаре қарор медод. Ӯро дар азобе сахт бияфканед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ قَرِينُهُۥ رَبَّنَا مَآ أَطْغَيْتُهُۥ وَلَٰكِن كَانَ فِى ضَلَٰلٍۭ بَعِيدٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Шайтони] Ҳамнишинаш мегӯяд: «Парвардигоро, ман ӯро ба туғён накашидам, вале ӯ худ дар гумроҳии бепоёне буд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ لَا تَخْتَصِمُوا۟ لَدَىَّ وَقَدْ قَدَّمْتُ إِلَيْكُم بِٱلْوَعِيدِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Дар пешгоҳи Ман ситез накунед, ки пеш аз ин ба шумо ҳушдор дода будем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَا يُبَدَّلُ ٱلْقَوْلُ لَدَىَّ وَمَآ أَنَا۠ بِظَلَّٰمٍ لِّلْعَبِيدِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Фармони муҷозот назди Ман тағйирпазир нест; ва Аллоҳ таоло [дар кайфару подош] ба бандагонаш ситам намекунад»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَوْمَ نَقُولُ لِجَهَنَّمَ هَلِ ٱمْتَلَأْتِ وَتَقُولُ هَلْ مِن مَّزِيدٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Рӯзе, ки ба дузах мегӯем: «Оё [аз ситамгарон] анбошташудаӣ?». [Ва ӯ] Мегӯяд: «Оё беш аз ин ҳам ҳаст?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأُزْلِفَتِ ٱلْجَنَّةُ لِلْمُتَّقِينَ غَيْرَ بَعِيدٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Дар он рӯз] Биҳиштро барои парҳезкорон пеш меоваранд [то неъматҳояшро] аз наздик [бубинанд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هَٰذَا مَا تُوعَدُونَ لِكُلِّ أَوَّابٍ حَفِيظٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ба онон гуфта мешавад:] «Ин ҳамон подошест, ки ба шумо ваъда дода мешуд, ки барои ҳар тавбакоре аст, ки [ба сӯйи Парвардигораш бозмегардад ва] пойбанд [ба паймону аҳкоми илоҳӣ] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَّنْ خَشِىَ ٱلرَّحْمَٰنَ بِٱلْغَيْبِ وَجَآءَ بِقَلْبٍ مُّنِيبٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳамон касе, ки дар ниҳон аз [хашми Аллоҳи] раҳмон метарсад ва бо қалбе тавбакор [ба пешгоҳаш] бозмегардад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱدْخُلُوهَا بِسَلَٰمٍ ذَٰلِكَ يَوْمُ ٱلْخُلُودِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бо саломат ба биҳишт дароед; ин аст рӯзи ҷовидонагӣ»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَهُم مَّا يَشَآءُونَ فِيهَا وَلَدَيْنَا مَزِيدٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Дар он ҷо ҳар чи бихоҳанд, дар ихтиёр доранд ва ҳатто бештар аз он низ дар ихтиёри мост
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَكَمْ أَهْلَكْنَا قَبْلَهُم مِّن قَرْنٍ هُمْ أَشَدُّ مِنْهُم بَطْشًا فَنَقَّبُوا۟ فِى ٱلْبِلَٰدِ هَلْ مِن مَّحِيصٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва чи бисёр умматҳоеро, ки пеш аз мушрикони Макка ҳалок кардем, ки онон [ба маротиб] аз инҳо қавитар буданд; пас, дар гӯша ва канори шаҳрҳо ҷустуҷӯ карданд [ки бубинанд оё аз азобу ҳалокати барояшон] ҳеҷ паноҳ ва гурезгоҳе вуҷуд дорад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَذِكْرَىٰ لِمَن كَانَ لَهُۥ قَلْبٌ أَوْ أَلْقَى ٱلسَّمْعَ وَهُوَ شَهِيدٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бе гумон дар ин [сухан] барои соҳибдилон ё касоне, ки бо ҳузур [-и қалб ба нидои тавҳид] гӯш фаро медиҳанд ва ҳушёранд, андарз аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ خَلَقْنَا ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا فِى سِتَّةِ أَيَّامٍ وَمَا مَسَّنَا مِن لُّغُوبٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Мо осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, дар шаш рӯз офаридем ва [ҳаргиз] ранҷу хастагӣ ба Мо нарасид
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱصْبِرْ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ قَبْلَ طُلُوعِ ٱلشَّمْسِ وَقَبْلَ ٱلْغُرُوبِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар] Дар баробари суханони мушрикон шикебо бош; ва пеш аз баромадани офтоб ва қабл аз фуру шуданаш Парвардигоратро ба покӣ ситоиш кун [ва намоз бигузор]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمِنَ ٱلَّيْلِ فَسَبِّحْهُ وَأَدْبَٰرَ ٱلسُّجُودِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва низ [дар посе] аз шаб ва пас аз ҳар намоз ӯро ба покӣ ситоиш кун
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱسْتَمِعْ يَوْمَ يُنَادِ ٱلْمُنَادِ مِن مَّكَانٍ قَرِيبٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй Паёмбар] он гоҳ ки мунодӣ [-и қиёмат] аз маконе наздик нидо медиҳад, гӯш фаро дор
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَوْمَ يَسْمَعُونَ ٱلصَّيْحَةَ بِٱلْحَقِّ ذَٰلِكَ يَوْمُ ٱلْخُرُوجِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Рӯзе, ки ҳамагон бонги саҳмноки растохезро ба ҳақ мешунаванд, [он рӯз] рӯзи хуруҷ [аз гурҳо] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّا نَحْنُ نُحْىِۦ وَنُمِيتُ وَإِلَيْنَا ٱلْمَصِيرُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Моем, ки ҳаёт мебахшем ва марг медиҳем; ва бозгашт [-и ҳамагон] ба сӯйи Мост
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَوْمَ تَشَقَّقُ ٱلْأَرْضُ عَنْهُمْ سِرَاعًا ذَٰلِكَ حَشْرٌ عَلَيْنَا يَسِيرٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Рӯзе, ки замин аз [фарози] онон шикофта мешавад, инсонҳо шитобон [берун меоянд]. Ин эҳзоре аст, ки барои Мо осон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
نَّحْنُ أَعْلَمُ بِمَا يَقُولُونَ وَمَآ أَنتَ عَلَيْهِم بِجَبَّارٍ فَذَكِّرْ بِٱلْقُرْءَانِ مَن يَخَافُ وَعِيدِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Мо ба он чи [кофирон] мегӯянд, донотарем; ва ту [эй Паёмбар] бар онон мусаллат нестӣ [ки бихоҳӣ ба имон овардан водорашон кунӣ]; пас, касеро, ки аз азоб [ва ҳушдори] Ман метарсад, ба [василаи] Қуръон андарз бидеҳ
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
← Сураи Al-Hujuraat
Сураи Adh-Dhaariyat →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→
Матни арабӣ ва тарҷумаҳо тавассути Tanzil ва QuranEnc — айнан, бетағйир · Тарҷумаҳо ба тарҷумонҳояшон тааллуқ доранд ва худи Қуръон нестанд
Ин ёрирасони таҳқиқотист, на манбаи фатво.