caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Hujuraat الحجرات

18 оят · Мадина · тартиби нузул 106

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ لَا تُقَدِّمُوا۟ بَيْنَ يَدَىِ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ إِنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй муъминон, дар баробари Аллоҳ таоло ва паёмбараш [дар ҳеҷ коре] пешӣ нагиред; ва аз Аллоҳ таоло парво кунед, ки Аллоҳ таоло шунавову доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ لَا تَرْفَعُوٓا۟ أَصْوَٰتَكُمْ فَوْقَ صَوْتِ ٱلنَّبِىِّ وَلَا تَجْهَرُوا۟ لَهُۥ بِٱلْقَوْلِ كَجَهْرِ بَعْضِكُمْ لِبَعْضٍ أَن تَحْبَطَ أَعْمَٰلُكُمْ وَأَنتُمْ لَا تَشْعُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй муъминон, садоятонро баландтар аз садои Паёмбар накунед; ва ҳамчунон ки бархе аз шумо бо бархе дигар баланд сухан мегӯяд, бо ӯ ба садои баланд сухан нагӯед. Мабодо бе онки бидонед, аъмолатон табоҳ гардад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ يَغُضُّونَ أَصْوَٰتَهُمْ عِندَ رَسُولِ ٱللَّهِ أُو۟لَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ ٱمْتَحَنَ ٱللَّهُ قُلُوبَهُمْ لِلتَّقْوَىٰ لَهُم مَّغْفِرَةٌ وَأَجْرٌ عَظِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон, ки садои худро назди расулуллоҳ поин меоваранд, Аллоҳ таоло дилҳояшонро барои парҳезкоре озмуда [ва холис гардонида] аст. Барои онон омурзишу подоши бузурге [дар пеш] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ يُنَادُونَكَ مِن وَرَآءِ ٱلْحُجُرَٰتِ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Вале] Онон, ки аз пушти утоқҳо [-и ҳамсаронат] туро садо мезананд, бештарашон бехираданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ أَنَّهُمْ صَبَرُوا۟ حَتَّىٰ تَخْرُجَ إِلَيْهِمْ لَكَانَ خَيْرًا لَّهُمْ وَٱللَّهُ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар сабр мекарданд, то худ барои мулоқоташон хориҷ шавӣ, барояшон беҳтар буд; ва Аллоҳ таоло омурзгору меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِن جَآءَكُمْ فَاسِقٌۢ بِنَبَإٍ فَتَبَيَّنُوٓا۟ أَن تُصِيبُوا۟ قَوْمًۢا بِجَهَٰلَةٍ فَتُصْبِحُوا۟ عَلَىٰ مَا فَعَلْتُمْ نَٰدِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй муъминон, агар шахси мунҳарифе хабаре бароятон оварад, таҳқиқ кунед, то мабодо надониста ба гурӯҳе [бегуноҳ] осеб бирасонед ва аз кардаи худ пушаймон шавед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّ فِيكُمْ رَسُولَ ٱللَّهِ لَوْ يُطِيعُكُمْ فِى كَثِيرٍ مِّنَ ٱلْأَمْرِ لَعَنِتُّمْ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ حَبَّبَ إِلَيْكُمُ ٱلْإِيمَٰنَ وَزَيَّنَهُۥ فِى قُلُوبِكُمْ وَكَرَّهَ إِلَيْكُمُ ٱلْكُفْرَ وَٱلْفُسُوقَ وَٱلْعِصْيَانَ أُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلرَّٰشِدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБидонед, ки расулуллоҳ миёни шумост [ва салоҳатонро беҳтар медонад]; агар дар бисёре аз умур аз [майлу назари] шумо пайравӣ кунад, дучори заҳмат мешавед; вале Аллоҳ таоло имонро маҳбуби шумо намуд ва онро дар қалбҳоятон биёрост [то ислом биёваред] ва куфру нофармонӣ ва саркаширо дар назаратон нохушоянд гардонд. Онон [ки ороста ба ин авсофанд] пӯяндагони роҳи ҳидоят ва камоланд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَضْلًا مِّنَ ٱللَّهِ وَنِعْمَةً وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ин иноят] Ба унвони фазилату неъмате аз ҷониби Аллоҳ таоло [муқаррар шудааст] ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِن طَآئِفَتَانِ مِنَ ٱلْمُؤْمِنِينَ ٱقْتَتَلُوا۟ فَأَصْلِحُوا۟ بَيْنَهُمَا فَإِنۢ بَغَتْ إِحْدَىٰهُمَا عَلَى ٱلْأُخْرَىٰ فَقَٰتِلُوا۟ ٱلَّتِى تَبْغِى حَتَّىٰ تَفِىٓءَ إِلَىٰٓ أَمْرِ ٱللَّهِ فَإِن فَآءَتْ فَأَصْلِحُوا۟ بَيْنَهُمَا بِٱلْعَدْلِ وَأَقْسِطُوٓا۟ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلْمُقْسِطِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар ду гурӯҳ аз муъминон бо ҳам даргир шуданд, миёнашон оштӣ барқарор кунед ва агар як гурӯҳ бар дигаре таҷовуз кард, бо гурӯҳи мутаҷовиз биҷангед, то ба фармони Аллоҳ таоло боз ояд; агар бозгашт, байнашон сулҳе одилона барқарор кунед ва ба адолат рафтор кунед, ки Аллоҳ таоло одилонро дӯст дорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّمَا ٱلْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ فَأَصْلِحُوا۟ بَيْنَ أَخَوَيْكُمْ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАлбатта, муъминон бародари якдигаранд; пас, миёни бародарон оштӣ барқарор кунед ва аз Аллоҳ таоло парво кунед; бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ لَا يَسْخَرْ قَوْمٌ مِّن قَوْمٍ عَسَىٰٓ أَن يَكُونُوا۟ خَيْرًا مِّنْهُمْ وَلَا نِسَآءٌ مِّن نِّسَآءٍ عَسَىٰٓ أَن يَكُنَّ خَيْرًا مِّنْهُنَّ وَلَا تَلْمِزُوٓا۟ أَنفُسَكُمْ وَلَا تَنَابَزُوا۟ بِٱلْأَلْقَٰبِ بِئْسَ ٱلِٱسْمُ ٱلْفُسُوقُ بَعْدَ ٱلْإِيمَٰنِ وَمَن لَّمْ يَتُبْ فَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّٰلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲаргиз набояд гурӯҳе [аз шумо] гурӯҳи дигареро масхара кунад; чи басо инон аз онон беҳтар бошанд; ва занон низ набояд занони дигарро масхара намоянд; чи басо инон аз онон бартар бошанд; ва аз якдигар айбҷӯӣ накунед; ва якдигарро бо лақабҳо [-и зишт] хитоб накунед [ки ин кор мисдоқи нофармонӣ аз авомири илоҳӣ аст]; ва бадтарин вижагӣ [барои як мусулмон] ин аст, ки пас аз имон овардан [фисқу] нофармонӣ кунад; ва онон, ки тавба накунанд, [нисбат ба нафси хеш] ситамгоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ٱجْتَنِبُوا۟ كَثِيرًا مِّنَ ٱلظَّنِّ إِنَّ بَعْضَ ٱلظَّنِّ إِثْمٌ وَلَا تَجَسَّسُوا۟ وَلَا يَغْتَب بَّعْضُكُم بَعْضًا أَيُحِبُّ أَحَدُكُمْ أَن يَأْكُلَ لَحْمَ أَخِيهِ مَيْتًا فَكَرِهْتُمُوهُ وَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ إِنَّ ٱللَّهَ تَوَّابٌ رَّحِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй муъминон, аз бисёре аз гумонҳои бад бипарҳезед; чаро ки бархе аз гумонҳо гуноҳ аст; ва дар бораи якдигар таҷассусу ғайбат накунед; оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаашро бихӯрад? [Ҳатман] Онро хуш надоред [ғайбат низ ба ҳамин зиштӣ аст]; аз Аллоҳ таоло парво кунед, ки Аллоҳ таоло тавбапазиру меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَٰكُم مِّن ذَكَرٍ وَأُنثَىٰ وَجَعَلْنَٰكُمْ شُعُوبًا وَقَبَآئِلَ لِتَعَارَفُوٓا۟ إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِندَ ٱللَّهِ أَتْقَىٰكُمْ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй мардум, мо шуморо аз [омезиши] марду зане офаридем ва ба ҷамоатҳо ва қабилаҳои мухталиф тақсим кардем, то якдигарро бозшиносед. Бе тардид, бузургвортарини шумо назди Аллоҳ таоло Парҳезкортарини шумост; ва Аллоҳ таоло [ба он чи мекунед] доно ва огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَتِ ٱلْأَعْرَابُ ءَامَنَّا قُل لَّمْ تُؤْمِنُوا۟ وَلَٰكِن قُولُوٓا۟ أَسْلَمْنَا وَلَمَّا يَدْخُلِ ٱلْإِيمَٰنُ فِى قُلُوبِكُمْ وَإِن تُطِيعُوا۟ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ لَا يَلِتْكُم مِّنْ أَعْمَٰلِكُمْ شَيْـًٔا إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАъроб [-и бодиянишин дар ҳузури паёмбар] гуфтанд: «Имон овардаем». [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Шумо имон наёвардаед; вале бигӯед: «Ислом овардаем»; ва ҳанӯз имон дар қалбҳоятон нуфуз накардааст. Агар аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунед, аз [подоши] аъмоли шумо ҳеҷ нахоҳад кост. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзгору меҳрубон аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّمَا ٱلْمُؤْمِنُونَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ ثُمَّ لَمْ يَرْتَابُوا۟ وَجَٰهَدُوا۟ بِأَمْوَٰلِهِمْ وَأَنفُسِهِمْ فِى سَبِيلِ ٱللَّهِ أُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلصَّٰدِقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМуъминон [-и ҳақиқӣ] касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳ таоло ва паёмбараш имон овардаанд ва [лаҳзае дар имонашон] тардид накарданд ва бо молу ҷонашон дар роҳи Аллоҳ таоло ба мубориза бархостанд; инонанд, ки [дар эътиқод ва амал] садоқат доранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ أَتُعَلِّمُونَ ٱللَّهَ بِدِينِكُمْ وَٱللَّهُ يَعْلَمُ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَىْءٍ عَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба бодиянишинон] Бигӯ: «Оё мехоҳед, Аллоҳро аз дини хеш огоҳ кунед? Дар ҳоле ки Аллоҳ таоло ҳар чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, медонад; ва Аллоҳ таоло ба ҳар чизе огоҳ аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَمُنُّونَ عَلَيْكَ أَنْ أَسْلَمُوا۟ قُل لَّا تَمُنُّوا۟ عَلَىَّ إِسْلَٰمَكُم بَلِ ٱللَّهُ يَمُنُّ عَلَيْكُمْ أَنْ هَدَىٰكُمْ لِلْإِيمَٰنِ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон бар ту миннат мениҳанд, ки ислом овардаанд; бигӯ: «Миннати исломи хеш бар ман нагузоред; балки агар [дар ошкор кардани имон] садоқат доред, ин Аллоҳ таоло аст, ки бар шумо миннат дорад, ки ба сӯйи имон ҳидоятатон намудааст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱللَّهَ يَعْلَمُ غَيْبَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَٱللَّهُ بَصِيرٌۢ بِمَا تَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, Аллоҳ таоло асрори осмонҳо ва заминро медонад ва ба он чи мекунед, биност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70