caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Infitaar الإنفطار

19 оят · Макка · тартиби нузул 82

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنفَطَرَتْ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ки осмон шикофта шавад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا ٱلْكَوَاكِبُ ٱنتَثَرَتْ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ки ситорагон пароканда шаванд [ва фуру резанд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا ٱلْبِحَارُ فُجِّرَتْ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он гоҳ ки дарёҳо [ба ҳам омезанд ва] равон гарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا ٱلْقُبُورُ بُعْثِرَتْ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он гоҳ ки қабрҳо зеру рӯ шавад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

عَلِمَتْ نَفْسٌ مَّا قَدَّمَتْ وَأَخَّرَتْ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Дар он ҳангом] Ҳар кас медонад, чи чизҳоеро пешопеш фиристода ва чи чизҳоеро вопас ниҳода [ва бар ҷой гузоштааст]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلْإِنسَٰنُ مَا غَرَّكَ بِرَبِّكَ ٱلْكَرِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй инсон, чи чизе туро [нисбат] ба Парвардигори каримат мағрур сохтааст?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِى خَلَقَكَ فَسَوَّىٰكَ فَعَدَلَكَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн [Парвардигоре], ки туро офарид ва сипас сару сомонат дод ва он гоҳ мутаодил ва муносибат кардааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فِىٓ أَىِّ صُورَةٍ مَّا شَآءَ رَكَّبَكَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба ҳар шакле [ва сурате], ки хост, туро таркиб намуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَلَّا بَلْ تُكَذِّبُونَ بِٱلدِّينِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲаргиз чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; балки шумо рӯзи ҷазоро такзиб мекунед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّ عَلَيْكُمْ لَحَٰفِظِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бе гумон, нигоҳбононе [аз фариштагон] бар шумо гуморида шудаанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كِرَامًا كَٰتِبِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКи нависандагоне бузургворанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَعْلَمُونَ مَا تَفْعَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн чиро анҷом медиҳед, медонанд [ва аъмоли неку бади шуморо сабт мекунанд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلْأَبْرَارَ لَفِى نَعِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМусалламан, накукорон дар неъмат [-ҳои биҳишт] ҳастанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّ ٱلْفُجَّارَ لَفِى جَحِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа яқинан бадкорон дар [оташи] ҷаҳаннаманд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَصْلَوْنَهَا يَوْمَ ٱلدِّينِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterРӯзи ҷазо ба он дароянд [ва бисӯзанд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا هُمْ عَنْهَا بِغَآئِبِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳаргиз онон аз он ҷо ба дур ва [дар амон] набошанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَآ أَدْرَىٰكَ مَا يَوْمُ ٱلدِّينِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ту чи донӣ, ки рӯзи ҷазо чист?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ مَآ أَدْرَىٰكَ مَا يَوْمُ ٱلدِّينِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБоз ту чи медонӣ, ки рӯзи ҷазо чист?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَوْمَ لَا تَمْلِكُ نَفْسٌ لِّنَفْسٍ شَيْـًٔا وَٱلْأَمْرُ يَوْمَئِذٍ لِّلَّهِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterРӯзе, ки ҳеҷ кас қодир ба анҷоми коре барои дигаре нест; ва дар он рӯзи ҳукм [ва фармон] аз они Аллоҳ таоло аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70