caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Faatir فاطر

45 оят · Макка · тартиби нузул 43

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ فَاطِرِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ جَاعِلِ ٱلْمَلَٰٓئِكَةِ رُسُلًا أُو۟لِىٓ أَجْنِحَةٍ مَّثْنَىٰ وَثُلَٰثَ وَرُبَٰعَ يَزِيدُ فِى ٱلْخَلْقِ مَا يَشَآءُ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипос [ва ситоиш] аз они Аллоҳи офаринандаи осмонҳо ва замин аст; [Парвардигоре, ки] фариштагонро бо болҳои дугона ва сегона ва чаҳоргона, фиристодагон [-и хеш ба сӯйи мардум] қарор дод [ва] ҳар чи бихоҳад дар офариниш меафзояд. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَّا يَفْتَحِ ٱللَّهُ لِلنَّاسِ مِن رَّحْمَةٍ فَلَا مُمْسِكَ لَهَا وَمَا يُمْسِكْ فَلَا مُرْسِلَ لَهُۥ مِنۢ بَعْدِهِۦ وَهُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар [бахшоиш ва] раҳмате, ки Аллоҳ таоло барои мардумон бикушояд, ҳеҷ боздорандае барояш нест ва ҳар чиро бозгирад, фиристандае пас аз Ӯ вуҷуд надорад; ва Ӯ шикастнопазиру ҳаким аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ٱذْكُرُوا۟ نِعْمَتَ ٱللَّهِ عَلَيْكُمْ هَلْ مِنْ خَٰلِقٍ غَيْرُ ٱللَّهِ يَرْزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلْأَرْضِ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ فَأَنَّىٰ تُؤْفَكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй мардум, неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред. Оё офаринандае ҷуз Аллоҳ таоло ҳаст, ки шуморо аз осмон ва замин рӯзӣ диҳад? Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест. Пас, чи гуна [аз ҳақ] мунҳариф мешавед?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِن يُكَذِّبُوكَ فَقَدْ كُذِّبَتْ رُسُلٌ مِّن قَبْلِكَ وَإِلَى ٱللَّهِ تُرْجَعُ ٱلْأُمُورُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Агар мушрикон туро дурӯғгӯ меангоранд [ғамгин мабош; зеро] паёмбарони пеш аз туро низ дурӯғгӯ ангоштанд ва [саранҷом ҳамаи] корҳо ба Аллоҳ таоло боз гардонида мешавад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنَّ وَعْدَ ٱللَّهِ حَقٌّ فَلَا تَغُرَّنَّكُمُ ٱلْحَيَوٰةُ ٱلدُّنْيَا وَلَا يَغُرَّنَّكُم بِٱللَّهِ ٱلْغَرُورُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй мардум, яқинан, ваъдаи Аллоҳ таоло [дар мавриди қиёмат] ҳақ аст; пас, [ҳушёр бошед, ки лаззатҳои] зиндагии дунё шуморо нафиребад ва шайтон шуморо нисбат ба [таъхир дар азоб ва шикебоӣ] Аллоҳ таоло нафиребад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلشَّيْطَٰنَ لَكُمْ عَدُوٌّ فَٱتَّخِذُوهُ عَدُوًّا إِنَّمَا يَدْعُوا۟ حِزْبَهُۥ لِيَكُونُوا۟ مِنْ أَصْحَٰبِ ٱلسَّعِيرِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, шайтон душмани шумост; пас, шумо низ ӯро душман [-и худ] гиред. Ҷуз ин нест, ки ӯ пайравонашро [ба куфр] мехонад, то аз аҳли оташ бошанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ لَهُمْ عَذَابٌ شَدِيدٌ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُم مَّغْفِرَةٌ وَأَجْرٌ كَبِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки куфр варзидаанд, азобе сахт [дар пеш] доранд ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд омурзиш ва подоше бузург [дар итизор] доранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَفَمَن زُيِّنَ لَهُۥ سُوٓءُ عَمَلِهِۦ فَرَءَاهُ حَسَنًا فَإِنَّ ٱللَّهَ يُضِلُّ مَن يَشَآءُ وَيَهْدِى مَن يَشَآءُ فَلَا تَذْهَبْ نَفْسُكَ عَلَيْهِمْ حَسَرَٰتٍ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌۢ بِمَا يَصْنَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, оё касе, ки кирдори зишташ дар назараш ороста гаштааст ва онро неку мебинад [ҳамчун муъмини ҳақиқатбин аст?] пас, бе тардид, Аллоҳ таоло ҳар киро хоҳад гумроҳ месозад ва ҳар киро бихоҳад ҳидоят мекунад; пас, [эй паёмбар] вуҷудатро ба хотири дареғҳо [-и фаровон] бар [гумроҳии] онон табоҳ накун. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар он чи мекунанд, огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱللَّهُ ٱلَّذِىٓ أَرْسَلَ ٱلرِّيَٰحَ فَتُثِيرُ سَحَابًا فَسُقْنَٰهُ إِلَىٰ بَلَدٍ مَّيِّتٍ فَأَحْيَيْنَا بِهِ ٱلْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا كَذَٰلِكَ ٱلنُّشُورُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло аст, ки бодҳоро равон мекунад ва [онҳо низ] абреро бармеангезанд; сипас Мо он [абр]-ро ба сӯйи сарзамине [хушк ва] мурда мефиристем ва ба [василаи] он заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш–зинда мекунем. Барангехтан [-и мурдагон аз қабрҳо низ] чунин аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَن كَانَ يُرِيدُ ٱلْعِزَّةَ فَلِلَّهِ ٱلْعِزَّةُ جَمِيعًا إِلَيْهِ يَصْعَدُ ٱلْكَلِمُ ٱلطَّيِّبُ وَٱلْعَمَلُ ٱلصَّٰلِحُ يَرْفَعُهُۥ وَٱلَّذِينَ يَمْكُرُونَ ٱلسَّيِّـَٔاتِ لَهُمْ عَذَابٌ شَدِيدٌ وَمَكْرُ أُو۟لَٰٓئِكَ هُوَ يَبُورُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар ки сарбаландӣ [-и дунё ва охиратро] мехоҳад, [бидонад, ки] сарбаландӣ ҳама аз они Аллоҳ таоло аст. Гуфтори пок [ва зикри илоҳӣ] ба сӯяш авҷ мегирад ва кирдори шоистаи он [гуфтор]-ро боло мебарад; ва онон, ки зиштиҳо [ва гуноҳон]-ро дасисачинӣ мекунанд, азоби сахте [дар пеш] доранд ва [нақша ва] найрангашон нобуд мегардад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱللَّهُ خَلَقَكُم مِّن تُرَابٍ ثُمَّ مِن نُّطْفَةٍ ثُمَّ جَعَلَكُمْ أَزْوَٰجًا وَمَا تَحْمِلُ مِنْ أُنثَىٰ وَلَا تَضَعُ إِلَّا بِعِلْمِهِۦ وَمَا يُعَمَّرُ مِن مُّعَمَّرٍ وَلَا يُنقَصُ مِنْ عُمُرِهِۦٓ إِلَّا فِى كِتَٰبٍ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Аллоҳ таоло [нахустин] шуморо аз хоке офарид ва он гоҳ [фарзандонаш] аз нутфае [падид овард]; сипас шуморо ҷуфтҳо [-и якдигар] қарор дод. Ҳеҷ [ҷондори] модае бордор намешавад ва зоймон намекунад, магар бо дониш [ва огоҳии] Ӯ; ва ҳеҷ [ҷондори] куҳансоле умри тӯлонӣ намекунад ва аз умраш коста намегардад, магар он ки дар китобе [Лавҳи маҳфуз] сабт аст. Ба ростӣ, ки ин кор барои Аллоҳ таоло осон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا يَسْتَوِى ٱلْبَحْرَانِ هَٰذَا عَذْبٌ فُرَاتٌ سَآئِغٌ شَرَابُهُۥ وَهَٰذَا مِلْحٌ أُجَاجٌ وَمِن كُلٍّ تَأْكُلُونَ لَحْمًا طَرِيًّا وَتَسْتَخْرِجُونَ حِلْيَةً تَلْبَسُونَهَا وَتَرَى ٱلْفُلْكَ فِيهِ مَوَاخِرَ لِتَبْتَغُوا۟ مِن فَضْلِهِۦ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он ду дарё яксон нестанд: ин яке ширин ва хушгувор аст ва нӯшиданаш гуворост ва он яке шӯру талх аст; ва аз [сайди] ҳар як гӯште тоза мехӯред ва зеваре [ҳамчун марворид ва марҷон аз аъмоқаш] берун меоваред, ки онҳоро бар тан мекунед; ва киштиҳоро дар он дарё мебинӣ, ки [синаи амвоҷро] мешикофанд, то аз бахшоиши он баҳраманд гардед; бошад, ки сипос гузоред

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يُولِجُ ٱلَّيْلَ فِى ٱلنَّهَارِ وَيُولِجُ ٱلنَّهَارَ فِى ٱلَّيْلِ وَسَخَّرَ ٱلشَّمْسَ وَٱلْقَمَرَ كُلٌّ يَجْرِى لِأَجَلٍ مُّسَمًّى ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمْ لَهُ ٱلْمُلْكُ وَٱلَّذِينَ تَدْعُونَ مِن دُونِهِۦ مَا يَمْلِكُونَ مِن قِطْمِيرٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] шабро дар рӯз дармеоварад ва рӯзро дар шаб дармеоварад [ва инчунин бар тӯли ҳар яке меафзояд] ва хуршед ва моҳро ба хидмат [-и инсон] гумошт, ки ҳар як то замоне муайян [ дар мадори худ] равон бошанд. Ин аст Аллоҳ таоло–Парвардгори шумо; фармонравоӣ аз они Ӯст ва касонеро, ки ба ҷойи Ӯ мехонед, [дар баробараш чунон фақиранд, ки ҳатто] пусти ҳастаи хурмоеро доро нестанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِن تَدْعُوهُمْ لَا يَسْمَعُوا۟ دُعَآءَكُمْ وَلَوْ سَمِعُوا۟ مَا ٱسْتَجَابُوا۟ لَكُمْ وَيَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ يَكْفُرُونَ بِشِرْكِكُمْ وَلَا يُنَبِّئُكَ مِثْلُ خَبِيرٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар ононро бихонед, садоятонро намешунаванд ва [ба фарзи маҳол] агар бишнаванд, посухатонро намедиҳанд ва рӯзи қиёмат аз ширки шумо безорӣ меҷӯянд; ва [эй паёмбар] ҳеҷ кас ҳамчун [Парвардгори] огоҳ туро [аз ҳақоиқ] хабардор намесозад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ أَنتُمُ ٱلْفُقَرَآءُ إِلَى ٱللَّهِ وَٱللَّهُ هُوَ ٱلْغَنِىُّ ٱلْحَمِيدُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй мардум, [ҳамаи] шумо ба Аллоҳ таоло ниёзмандед ва [танҳо] Аллоҳ таоло аст, ки бениёзи сутуда аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِن يَشَأْ يُذْهِبْكُمْ وَيَأْتِ بِخَلْقٍ جَدِيدٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ агар бихоҳад, шуморо [аз миён] мебарад ва офаринише ҷадид [ба ҷойи шумо падид] меоварад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ بِعَزِيزٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [анҷоми] ин кор барои Аллоҳ таоло душвор нест

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرَىٰ وَإِن تَدْعُ مُثْقَلَةٌ إِلَىٰ حِمْلِهَا لَا يُحْمَلْ مِنْهُ شَىْءٌ وَلَوْ كَانَ ذَا قُرْبَىٰٓ إِنَّمَا تُنذِرُ ٱلَّذِينَ يَخْشَوْنَ رَبَّهُم بِٱلْغَيْبِ وَأَقَامُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَمَن تَزَكَّىٰ فَإِنَّمَا يَتَزَكَّىٰ لِنَفْسِهِۦ وَإِلَى ٱللَّهِ ٱلْمَصِيرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳеҷ гунаҳгоре, бори гуноҳи дигареро ба дӯш намегирад ва агар [шахси] гаронборе, [дигареро] барои ҳамли бори [гуноҳони] хеш фаро бихонад, [чизе аз он бор] бардошта намешавад; ҳарчанд, ки ӯ хешованд [-и наздикаш] бошад. [Эй паёмбар] Ҷуз ин нест, ки ту фақат ба касоне ҳушдор медиҳӣ, ки дар ниҳон аз [муҷозоти] Парвардгорашон метарсанд ва намоз барпо медоранд. Ҳар ки [аз гуноҳон] пок шавад, пас? яқинан танҳо ба суди хеш пок гаштааст ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Аллоҳ таоло аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا يَسْتَوِى ٱلْأَعْمَىٰ وَٱلْبَصِيرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [кофир ва муъмин баробар нестанд; чунонки] нобино ва бино яксон нестанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا ٱلظُّلُمَٰتُ وَلَا ٱلنُّورُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа на торикиҳо ва нур

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا ٱلظِّلُّ وَلَا ٱلْحَرُورُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа на соя ва боди сӯзон

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا يَسْتَوِى ٱلْأَحْيَآءُ وَلَا ٱلْأَمْوَٰتُ إِنَّ ٱللَّهَ يُسْمِعُ مَن يَشَآءُ وَمَآ أَنتَ بِمُسْمِعٍ مَّن فِى ٱلْقُبُورِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа зиндагон ва мурдагон яксон нестанд. Бе тардид, Аллоҳ таоло [нидои ҳақро] ба гӯши ҳар ки бихоҳад мерасонад ва ту [эй паёмбар] наметавонӣ касонеро, ки дар гӯрҳо ҳастанд, шунаво созӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنْ أَنتَ إِلَّا نَذِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТу ҷуз бимдиҳандае [беш] нестӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّآ أَرْسَلْنَٰكَ بِٱلْحَقِّ بَشِيرًا وَنَذِيرًا وَإِن مِّنْ أُمَّةٍ إِلَّا خَلَا فِيهَا نَذِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, Мо туро ба ҳақ башоратдиҳанда ва бимдиҳанда фиристодем ва [дар наслҳои гузашта низ] ҳеҷ уммате набуд, магар он ки миёнашон бимдиҳандае гузашта аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِن يُكَذِّبُوكَ فَقَدْ كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ جَآءَتْهُمْ رُسُلُهُم بِٱلْبَيِّنَٰتِ وَبِٱلزُّبُرِ وَبِٱلْكِتَٰبِ ٱلْمُنِيرِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар [мушрикон] туро дурӯғгӯ меангоранд, [аҷиб нест; чаро ки] бе тардид, касоне, ки пеш аз онон буданд, [низ] паёмбаронашонро, ки бо далоили равшан ва китобҳои осмонӣ ва китоби равшангар ба суроғашон омаданд, дурӯғгӯ ангоштанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ أَخَذْتُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ فَكَيْفَ كَانَ نَكِيرِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ [Ман низ] касонеро, ки куфр варзида буданд, нобуд кардам; пас, [бингар, ки] кайфари Ман чи гуна буд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَمْ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً فَأَخْرَجْنَا بِهِۦ ثَمَرَٰتٍ مُّخْتَلِفًا أَلْوَٰنُهَا وَمِنَ ٱلْجِبَالِ جُدَدٌۢ بِيضٌ وَحُمْرٌ مُّخْتَلِفٌ أَلْوَٰنُهَا وَغَرَابِيبُ سُودٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё надидаӣ, ки Аллоҳ таоло аз осмон обе нозил кард ва ба [василаи] он [аз дарахтони мухталиф] меваҳое падид овардем, ки рангҳояш гуногун аст ва аз кӯҳҳо [низ рагаҳо ва] роҳҳое сафед ва қирмиз ва комилан сиёҳ [офаридем], ки рангҳояш гуногун аст?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمِنَ ٱلنَّاسِ وَٱلدَّوَآبِّ وَٱلْأَنْعَٰمِ مُخْتَلِفٌ أَلْوَٰنُهُۥ كَذَٰلِكَ إِنَّمَا يَخْشَى ٱللَّهَ مِنْ عِبَادِهِ ٱلْعُلَمَٰٓؤُا۟ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ غَفُورٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳамчунин аз инсонҳо ва ҷунбандагон ва чаҳорпоён [низ махлуқоте офаридем, ки] рангҳояш гуногун аст. Ба ростӣ, аз [миёни] бандагони Аллоҳ таоло, танҳо доноён [ҳастанд, ки ба сифот ва аҳкоми илоҳӣ огоҳӣ доранд ва] аз Ӯ метарсанд. Бе тардид, Аллоҳ таоло шикастнопазири омурзанда аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ يَتْلُونَ كِتَٰبَ ٱللَّهِ وَأَقَامُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَأَنفَقُوا۟ مِمَّا رَزَقْنَٰهُمْ سِرًّا وَعَلَانِيَةً يَرْجُونَ تِجَٰرَةً لَّن تَبُورَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳақиқат, касоне, ки китоби Аллоҳро мехонанд ва намоз барпо медоранд ва аз он чи ба эшон рӯзӣ додаем, пинҳону ошкор инфоқ мекунанд, ба тиҷорате [пурсуд] умед доранд, ки ҳаргиз зиён [ва касодӣ] надорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لِيُوَفِّيَهُمْ أُجُورَهُمْ وَيَزِيدَهُم مِّن فَضْلِهِۦٓ إِنَّهُۥ غَفُورٌ شَكُورٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо [Аллоҳ таоло] подошашонро ба тамомӣ бидиҳад ва аз фазли хеш бар [ҳаққи] онон биафзояд. Бе тардид, Ӯ омурзандаи сипосгузор аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِىٓ أَوْحَيْنَآ إِلَيْكَ مِنَ ٱلْكِتَٰبِ هُوَ ٱلْحَقُّ مُصَدِّقًا لِّمَا بَيْنَ يَدَيْهِ إِنَّ ٱللَّهَ بِعِبَادِهِۦ لَخَبِيرٌۢ بَصِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] он чи аз ин китоб ба ту ваҳй кардем ҳақ аст ва он [китобҳои осмонӣ]-ро, ки пештар будааст, тасдиқ мекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба [ҳоли] бандагонаш огоҳ ва биност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ أَوْرَثْنَا ٱلْكِتَٰبَ ٱلَّذِينَ ٱصْطَفَيْنَا مِنْ عِبَادِنَا فَمِنْهُمْ ظَالِمٌ لِّنَفْسِهِۦ وَمِنْهُم مُّقْتَصِدٌ وَمِنْهُمْ سَابِقٌۢ بِٱلْخَيْرَٰتِ بِإِذْنِ ٱللَّهِ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلْفَضْلُ ٱلْكَبِيرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнгоҳ ин китоб [Қуръон]-ро ба гурӯҳе аз бандагонамон, ки баргузидем [уммати Муҳаммад] ба мерос додем; пас, [бархе] аз онон дар ҳаққи хеш ситамгоранд ва [бархе дигар] аз онон миёнарав ҳастанд ва [бархе] аз онон ба фармони Аллоҳ таоло дар некиҳо пештозанд. Ин [мусулмонӣ ва баҳрамандӣ аз Қуръон, фазилат ва] бахшоиши бузург аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

جَنَّٰتُ عَدْنٍ يَدْخُلُونَهَا يُحَلَّوْنَ فِيهَا مِنْ أَسَاوِرَ مِن ذَهَبٍ وَلُؤْلُؤًا وَلِبَاسُهُمْ فِيهَا حَرِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Подошашон] боғҳои ҷовидон [-и биҳиштӣ] аст, ки ба он ворид мешаванд. Дар он ҷо ба дастбандҳое аз тилло ва марворид ороста мегарданд ва либосашон аз ҳарир аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوا۟ ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ ٱلَّذِىٓ أَذْهَبَ عَنَّا ٱلْحَزَنَ إِنَّ رَبَّنَا لَغَفُورٌ شَكُورٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Онон пас аз вуруд] мегӯянд: «Сипос [ва ситоиш] аз они Аллоҳ таоло аст, ки андӯҳро аз мо дур кард. Ба ростӣ, ки Парвардигорамон омурзандаи сипосгузор аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِىٓ أَحَلَّنَا دَارَ ٱلْمُقَامَةِ مِن فَضْلِهِۦ لَا يَمَسُّنَا فِيهَا نَصَبٌ وَلَا يَمَسُّنَا فِيهَا لُغُوبٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн [маъбуде], ки аз фазли хеш моро дар ин сарои ҷовид ҷой дод; дар он ҷо ранҷе ба мо намерасад ва дучори хастагӣ [ва касолат] намешавем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ لَهُمْ نَارُ جَهَنَّمَ لَا يُقْضَىٰ عَلَيْهِمْ فَيَمُوتُوا۟ وَلَا يُخَفَّفُ عَنْهُم مِّنْ عَذَابِهَا كَذَٰلِكَ نَجْزِى كُلَّ كَفُورٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа барои касоне, ки куфр варзидаанд оташи дузах [дар пеш] аст. На фармон [-и марг] бар онон ҷорӣ мешавад, то бимиранд ва на [чизе] аз азобаш бар онон коста мегардад. Мо ҳар носипосеро чунин ҷазо медиҳем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُمْ يَصْطَرِخُونَ فِيهَا رَبَّنَآ أَخْرِجْنَا نَعْمَلْ صَٰلِحًا غَيْرَ ٱلَّذِى كُنَّا نَعْمَلُ أَوَلَمْ نُعَمِّرْكُم مَّا يَتَذَكَّرُ فِيهِ مَن تَذَكَّرَ وَجَآءَكُمُ ٱلنَّذِيرُ فَذُوقُوا۟ فَمَا لِلظَّٰلِمِينَ مِن نَّصِيرٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Дузахиён] Дар он [оташ] фарёд мезананд: «Парвардигоро, моро [аз ин азоб] берун овар, то ғайр аз он чи [пештар] мекардем, кори шоистае анҷом диҳем». [Ба онон гуфта мешавад] «Оё ба шумо [он қадар фурсат ва] умр надодем, то ҳар ки пандпазир аст, дар он [муддат] панд гирад? Ва [паёмбар низ ба унвони] бимдиҳанда наздатон омад; пас, [ҳоло ки итоат накардед, таъми азобро] бичашед, ки ситамгорон ҳеҷ ёригаре надоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱللَّهَ عَٰلِمُ غَيْبِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ إِنَّهُۥ عَلِيمٌۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, Аллоҳ таоло донои ниҳони осмонҳо ва замин аст [ва] Ӯст, ки ба рози дилҳо доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُوَ ٱلَّذِى جَعَلَكُمْ خَلَٰٓئِفَ فِى ٱلْأَرْضِ فَمَن كَفَرَ فَعَلَيْهِ كُفْرُهُۥ وَلَا يَزِيدُ ٱلْكَٰفِرِينَ كُفْرُهُمْ عِندَ رَبِّهِمْ إِلَّا مَقْتًا وَلَا يَزِيدُ ٱلْكَٰفِرِينَ كُفْرُهُمْ إِلَّا خَسَارًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮст, ки шуморо дар замин ҷонишин [-и пешиниён] қарор дод; пас, ҳар ки куфр биварзад, куфраш ба зиёни худи ӯст; ва кофиронро куфрашон назди Парвардгорашон ҷуз хашм [ва безорӣ] намеафзояд; ва кофиронро куфрашон ҷуз зиён [ва гуноҳ, чизе] намеафзояд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ أَرَءَيْتُمْ شُرَكَآءَكُمُ ٱلَّذِينَ تَدْعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَرُونِى مَاذَا خَلَقُوا۟ مِنَ ٱلْأَرْضِ أَمْ لَهُمْ شِرْكٌ فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ أَمْ ءَاتَيْنَٰهُمْ كِتَٰبًا فَهُمْ عَلَىٰ بَيِّنَتٍ مِّنْهُ بَلْ إِن يَعِدُ ٱلظَّٰلِمُونَ بَعْضُهُم بَعْضًا إِلَّا غُرُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Он маъбудоне, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мехонед, нишонам диҳед, чи чизе аз заминро офаридаанд? Ё [ҳамроҳи Аллоҳ таоло] дар офариниши осмонҳо ширкат доштаанд? Ё ба онон [мушрикон] китобе додаем ва аз [матолиби] он нишонаи равшане [бар ҳаққонияти худ] доранд?» [Чунин нест] Балки ситамгорон [-и мушрик] ҷуз фиреб, ба якдигар ваъдае намедиҳанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱللَّهَ يُمْسِكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ أَن تَزُولَا وَلَئِن زَالَتَآ إِنْ أَمْسَكَهُمَا مِنْ أَحَدٍ مِّنۢ بَعْدِهِۦٓ إِنَّهُۥ كَانَ حَلِيمًا غَفُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, Аллоҳ таоло, ки осмонҳо ва заминро нигаҳ медорад, то [аз масиру мадори худ] мунҳариф нашаванд ва агар инҳироф ёбанд, пас, аз Ӯ касе онҳоро нигаҳ намедорад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора бурдбори омурзанда аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَقْسَمُوا۟ بِٱللَّهِ جَهْدَ أَيْمَٰنِهِمْ لَئِن جَآءَهُمْ نَذِيرٌ لَّيَكُونُنَّ أَهْدَىٰ مِنْ إِحْدَى ٱلْأُمَمِ فَلَمَّا جَآءَهُمْ نَذِيرٌ مَّا زَادَهُمْ إِلَّا نُفُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Кофирон] Бо сахттарин савгандҳояшон ба Аллоҳ таоло савганд ёд карданд, ки агар [паёмбари] бимдиҳандае бар эшон биёяд, аз ҳар уммате роҳёфтатаранд; аммо чун [Муҳаммад ба унвони] бимдиҳандае наздашон омад, ҷуз дурӣ [ва нафрат аз ҳақ чизе] бар онон наафзуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱسْتِكْبَارًا فِى ٱلْأَرْضِ وَمَكْرَ ٱلسَّيِّئِ وَلَا يَحِيقُ ٱلْمَكْرُ ٱلسَّيِّئُ إِلَّا بِأَهْلِهِۦ فَهَلْ يَنظُرُونَ إِلَّا سُنَّتَ ٱلْأَوَّلِينَ فَلَن تَجِدَ لِسُنَّتِ ٱللَّهِ تَبْدِيلًا وَلَن تَجِدَ لِسُنَّتِ ٱللَّهِ تَحْوِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Савгандҳояшон содиқона набуд; балки] Аз рӯйи гарданкашӣ дар замин ва найранги зишт [буд] ва найранги зишт, ҷуз домангири соҳибаш намегардад. Пас, оё [кофирон чизе] ҷуз суннати [илоҳӣ ва кайфари] пешиниёнро интизор доранд? Пас, ҳаргиз дар суннати Аллоҳ таоло табдиле намеёбӣ ва ҳаргиз дар суннати Аллоҳ таоло тағйире намеёбӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوَلَمْ يَسِيرُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ فَيَنظُرُوا۟ كَيْفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ وَكَانُوٓا۟ أَشَدَّ مِنْهُمْ قُوَّةً وَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيُعْجِزَهُۥ مِن شَىْءٍ فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَلَا فِى ٱلْأَرْضِ إِنَّهُۥ كَانَ عَلِيمًا قَدِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [кофирон] дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон ва нерумандтар аз онон буданд, чи гуна шуд? Ҳеҷ чизе дар осмонҳо ва замин нест, ки Аллоҳро нотавон созад [ва аз ҳавзаи қудраташ берун равад]. Бе тардид, Ӯ ҳамвора донову тавоност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ يُؤَاخِذُ ٱللَّهُ ٱلنَّاسَ بِمَا كَسَبُوا۟ مَا تَرَكَ عَلَىٰ ظَهْرِهَا مِن دَآبَّةٍ وَلَٰكِن يُؤَخِّرُهُمْ إِلَىٰٓ أَجَلٍ مُّسَمًّى فَإِذَا جَآءَ أَجَلُهُمْ فَإِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِعِبَادِهِۦ بَصِيرًۢا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар Аллоҳ таоло мардумро ба сабаби он чи кардаанд, муҷозот мекард, ҳеҷ ҷунбандаеро бар пушти замин боқӣ намегузошт, аммо [муҳлат медиҳад ва кайфари] ононро то саромади муайяне ба таъхир меандозад; пас, ҳангоме ки аҷалашон [дар қиёмат] фаро расад, яқинан, Аллоҳ таоло ба ҳоли бандагонаш биност.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70