caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Maryam مريم

98 оят · Макка · тартиби нузул 44

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ كٓهيعٓصٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКоф, ҳо, ё, ъайн, сод.[1]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذِكْرُ رَحْمَتِ رَبِّكَ عَبْدَهُۥ زَكَرِيَّآ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ин] Баёни раҳмати Парвардигорат [нисбат] ба бандааш Закариёст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ نَادَىٰ رَبَّهُۥ نِدَآءً خَفِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ки Парвардигорашро ба нидое пинҳон [ба дуо] хонд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ رَبِّ إِنِّى وَهَنَ ٱلْعَظْمُ مِنِّى وَٱشْتَعَلَ ٱلرَّأْسُ شَيْبًا وَلَمْ أَكُنۢ بِدُعَآئِكَ رَبِّ شَقِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterГуфт: «Парвардигоро, ба ростӣ, ки устухонам суст шуда ва мӯйҳоям аз пирӣ сапед гашта ва эй Парвардигорам, [ҳаргиз] дар дуои ту [аз иҷобат] бебаҳра набудаам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنِّى خِفْتُ ٱلْمَوَٰلِىَ مِن وَرَآءِى وَكَانَتِ ٱمْرَأَتِى عَاقِرًا فَهَبْ لِى مِن لَّدُنكَ وَلِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ман пас аз [марги] худ аз хешовандонам [нисбат ба ҳифзи дини Ту] бимнокам ва ҳамсарам [низ] нозост; пас, ба лутфи хеш фарзанде ба ман ато фармо

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَرِثُنِى وَيَرِثُ مِنْ ءَالِ يَعْقُوبَ وَٱجْعَلْهُ رَبِّ رَضِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Писаре, ки] Вориси ману вориси хонадони Яъқуб бошад; ва Парвардигоро, ӯро [дар илму дин инсоне] писандида гардон»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰزَكَرِيَّآ إِنَّا نُبَشِّرُكَ بِغُلَٰمٍ ٱسْمُهُۥ يَحْيَىٰ لَمْ نَجْعَل لَّهُۥ مِن قَبْلُ سَمِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло дуояшро иҷобат карду фармуд] «Эй Закариё, Мо туро ба [таваллуди] писаре башорат медиҳем, ки номаш Яҳё аст [ва] пеш аз ин ҳамноме барояш қарор надодаем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ رَبِّ أَنَّىٰ يَكُونُ لِى غُلَٰمٌ وَكَانَتِ ٱمْرَأَتِى عَاقِرًا وَقَدْ بَلَغْتُ مِنَ ٱلْكِبَرِ عِتِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Закариё] Гуфт: «Парвардигоро, чи гуна писаре хоҳам дошт, дар ҳоле ки ҳамсарам нозост ва ман [низ] аз шиддати пирӣ ба нотавонӣ расидаам?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ كَذَٰلِكَ قَالَ رَبُّكَ هُوَ عَلَىَّ هَيِّنٌ وَقَدْ خَلَقْتُكَ مِن قَبْلُ وَلَمْ تَكُ شَيْـًٔا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Фаришта] Гуфт: «Ин гуна аст [ки ту мегӯӣ, вале] Парвардигорат фармудааст: «Ин [амр] барои Ман осон аст ва ба ростӣ, пеш аз ин [низ] туро офаридем, дар ҳоле ки чизе набудӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ رَبِّ ٱجْعَل لِّىٓ ءَايَةً قَالَ ءَايَتُكَ أَلَّا تُكَلِّمَ ٱلنَّاسَ ثَلَٰثَ لَيَالٍ سَوِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Закариё] Гуфт: «Парвардигоро, барои ман нишонае [бар таҳаққуқи ин башорат] қарор бидеҳ». [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Нишонаи ту ин аст, ки cе шабона [рӯз] дар ҳоле ки солим [ва тандуруст] ҳастӣ, бо мардум сухан намегӯӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَخَرَجَ عَلَىٰ قَوْمِهِۦ مِنَ ٱلْمِحْرَابِ فَأَوْحَىٰٓ إِلَيْهِمْ أَن سَبِّحُوا۟ بُكْرَةً وَعَشِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ӯ аз меҳроб [ ҷойгоҳи ибодаташ] ба сӯйи қавмаш рафт ва ба онон ишора кард, ки: «бомдоду шомгоҳ [Парвардигорро] ба покӣ ёд кунед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰيَحْيَىٰ خُذِ ٱلْكِتَٰبَ بِقُوَّةٍ وَءَاتَيْنَٰهُ ٱلْحُكْمَ صَبِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло фармуд] «Эй Яҳё, китоби [Таврот]-ро бо қувват [ва ҷиддият] бигир» ва дар кӯдакӣ ба ӯ дониш [ва ҳикмат] додем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَحَنَانًا مِّن لَّدُنَّا وَزَكَوٰةً وَكَانَ تَقِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз ҷониби хеш [ба ӯ] муҳаббату покӣ [аз гуноҳон ато кардем] ва ӯ парҳезкор буд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَبَرًّۢا بِوَٰلِدَيْهِ وَلَمْ يَكُن جَبَّارًا عَصِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа нисбат ба падару модараш накукор буд ва саркаш [-у] нофармон набуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَسَلَٰمٌ عَلَيْهِ يَوْمَ وُلِدَ وَيَوْمَ يَمُوتُ وَيَوْمَ يُبْعَثُ حَيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа салом [ва амнияти Аллоҳ таоло] бар ӯ бод, рӯзе, ки мутаваллид шуд ва рӯзе, ки мемирад ва рӯзе, ки зинда барангехта мешавад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱذْكُرْ فِى ٱلْكِتَٰبِ مَرْيَمَ إِذِ ٱنتَبَذَتْ مِنْ أَهْلِهَا مَكَانًا شَرْقِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар [ин] китоб [Қуръон] аз Марям ёд кун, он гоҳ ки аз хонаводааш канора гирифт [ва дар] ноҳияи шарқӣ [аз онон] мустақар шуд.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱتَّخَذَتْ مِن دُونِهِمْ حِجَابًا فَأَرْسَلْنَآ إِلَيْهَا رُوحَنَا فَتَمَثَّلَ لَهَا بَشَرًا سَوِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа миёни худ ва онҳо пардае афканд [то хилватгоҳи ибодаташ бошад]. Он гоҳ [мо] Рӯҳи худ [Ҷабраил]-ро ба сӯяш фиристодем ва ба шакли инсоне хушандом бар вай намоён гашт.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَتْ إِنِّىٓ أَعُوذُ بِٱلرَّحْمَٰنِ مِنكَ إِن كُنتَ تَقِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Марям] Гуфт: «Ман аз [шарри] ту ба [Аллоҳи] Раҳмон паноҳ мебарам. Агар парҳезкорӣ [ба ман осеб нарасон]»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ إِنَّمَآ أَنَا۠ رَسُولُ رَبِّكِ لِأَهَبَ لَكِ غُلَٰمًا زَكِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҷабраил] гуфт: «Яқинан, ман фиристодаи Парвардигорат ҳастам, то ба ту писари покизае бахшам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَتْ أَنَّىٰ يَكُونُ لِى غُلَٰمٌ وَلَمْ يَمْسَسْنِى بَشَرٌ وَلَمْ أَكُ بَغِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Марям] гуфт: «Чи гуна мумкин аст писаре дошта бошам; ҳол он ки дасти ҳеҷ инсоне ба ман нарасидааст ва бадкор [низ] набудаам?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ كَذَٰلِكِ قَالَ رَبُّكِ هُوَ عَلَىَّ هَيِّنٌ وَلِنَجْعَلَهُۥٓ ءَايَةً لِّلنَّاسِ وَرَحْمَةً مِّنَّا وَكَانَ أَمْرًا مَّقْضِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҷабраил] Гуфт: «[Дастур] чунин аст. Парвардигорат фармуд: «Ин [кор] бар ман осон аст ва ӯро барои мардум нишонае [аз қудрати хеш] қарор медиҳем ва [низ] раҳмате аз сӯйи Мост; ва ин [шеваи таваллуд] амре анҷомёфта [ва ҳатмӣ] аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَحَمَلَتْهُ فَٱنتَبَذَتْ بِهِۦ مَكَانًا قَصِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [Марям] ба ӯ бордор шуд. Ва бо ӯ ба ҷойе дурдаст [рафт ва аз мардум] канора гирифт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَجَآءَهَا ٱلْمَخَاضُ إِلَىٰ جِذْعِ ٱلنَّخْلَةِ قَالَتْ يَٰلَيْتَنِى مِتُّ قَبْلَ هَٰذَا وَكُنتُ نَسْيًا مَّنسِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, дарди зойиш ӯро ба самти як танаи нахл кашонд [ва ӯ дар ҳоле ки дард мекашид] гуфт: «Эй кош, пеш аз ин мемурдам ва ба куллӣ аз ёдҳо мерафтам [то касе дар бораам хаёли ботил накунад]»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَنَادَىٰهَا مِن تَحْتِهَآ أَلَّا تَحْزَنِى قَدْ جَعَلَ رَبُّكِ تَحْتَكِ سَرِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterНогаҳон аз зери [пойи] ӯ [Исо] нидояш дод, ки: «Ғамгин мабош. Парвардигорат зери [пойи] ту чашмаи обе равон сохтааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُزِّىٓ إِلَيْكِ بِجِذْعِ ٱلنَّخْلَةِ تُسَٰقِطْ عَلَيْكِ رُطَبًا جَنِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа танаи нахлро ба тарафи худ такон бидеҳ, [то] рутаби тоза бар ту фурӯ резад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَكُلِى وَٱشْرَبِى وَقَرِّى عَيْنًا فَإِمَّا تَرَيِنَّ مِنَ ٱلْبَشَرِ أَحَدًا فَقُولِىٓ إِنِّى نَذَرْتُ لِلرَّحْمَٰنِ صَوْمًا فَلَنْ أُكَلِّمَ ٱلْيَوْمَ إِنسِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [аз он хурмо] бихӯр ва [аз оби чашма] бинӯш ва дидагонро [ба ин фарзанд] равшан дор; ва агар ҳар як аз мардумро дидӣ, [бо ишора] бигӯ: «Ман барои [Аллоҳи] Раҳмон рӯзаи [cукут] назр кардам ва имрӯз бо ҳеҷ инсоне сухан нахоҳам гуфт»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَتَتْ بِهِۦ قَوْمَهَا تَحْمِلُهُۥ قَالُوا۟ يَٰمَرْيَمُ لَقَدْ جِئْتِ شَيْـًٔا فَرِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [Марям] дар ҳоле ки ӯ [Исо]-ро бардошта буд, назди қавмаш омад. Онон гуфтанд: «Эй Марям, ба ростӣ, дурӯғи бузурге мегӯӣ [ки навзод бидуни падар мутаваллид шудааст]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأُخْتَ هَٰرُونَ مَا كَانَ أَبُوكِ ٱمْرَأَ سَوْءٍ وَمَا كَانَتْ أُمُّكِ بَغِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй хоҳари Ҳорун, на падарат марди бадкоре буд ва на модарат [зани] бадкорае»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَشَارَتْ إِلَيْهِ قَالُوا۟ كَيْفَ نُكَلِّمُ مَن كَانَ فِى ٱلْمَهْدِ صَبِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, Марям ба ӯ [Исо] ишора кард. Онон гуфтанд: «Чи гуна бо кӯдаке дар гаҳвора сухан бигӯем?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ إِنِّى عَبْدُ ٱللَّهِ ءَاتَىٰنِىَ ٱلْكِتَٰبَ وَجَعَلَنِى نَبِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Исо ба сухан омад ва] гуфт: «Ман бандаи Аллоҳ таоло ҳастам. Ӯ ба ман китоб дода ва маро паёмбар сохтааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَعَلَنِى مُبَارَكًا أَيْنَ مَا كُنتُ وَأَوْصَٰنِى بِٱلصَّلَوٰةِ وَٱلزَّكَوٰةِ مَا دُمْتُ حَيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа маро – ҳар ҷо ки бошам – пурбаракат намуда ва то зинда ҳастам, ба намозу закот супоришам кардааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَبَرًّۢا بِوَٰلِدَتِى وَلَمْ يَجْعَلْنِى جَبَّارًا شَقِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа нисбат ба модарам накукор [гардонида] ва маро [дар баробари Парвардигорам] саркаш [-у] нофармон қарор надодааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلسَّلَٰمُ عَلَىَّ يَوْمَ وُلِدتُّ وَيَوْمَ أَمُوتُ وَيَوْمَ أُبْعَثُ حَيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа салом бар ман рӯзе, ки мутаваллид шудам ва рӯзе, ки мемирам ва рӯзе, ки зинда барангехта мешавам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَٰلِكَ عِيسَى ٱبْنُ مَرْيَمَ قَوْلَ ٱلْحَقِّ ٱلَّذِى فِيهِ يَمْتَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн аст [ҳикояти] Исо писари Марям; [ҳамон] гуфтори росте, ки [гумроҳон] дар борааш тардид [ва ихтилоф] мекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَا كَانَ لِلَّهِ أَن يَتَّخِذَ مِن وَلَدٍ سُبْحَٰنَهُۥٓ إِذَا قَضَىٰٓ أَمْرًا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳаргиз] Сазовор нест, ки Аллоҳ таоло [барои хеш] фарзанде бигирад. Ӯ [поку] муназзаҳ аст. [Аллоҳ таоло] Ҳар гоҳ кореро ирода кунад, фақат ба он мегӯяд: «Мавҷуд шав»; пас [бедиранг] мавҷуд мешавад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّ ٱللَّهَ رَبِّى وَرَبُّكُمْ فَٱعْبُدُوهُ هَٰذَا صِرَٰطٌ مُّسْتَقِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [Исо ба қавмаш гуфт] «Бе тардид, Аллоҳ таоло Парвардигори ман ва шумост; пас, ӯро парастед [ки] роҳи рост ин аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱخْتَلَفَ ٱلْأَحْزَابُ مِنۢ بَيْنِهِمْ فَوَيْلٌ لِّلَّذِينَ كَفَرُوا۟ مِن مَّشْهَدِ يَوْمٍ عَظِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ гурӯҳҳо [-и мухталифи қавмаш] дар миёни худ дучори ихтилоф шуданд. Пас, вой бар онҳо, ки куфр варзиданд аз мушоҳидаи рӯзи бузург [қиёмат]!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَسْمِعْ بِهِمْ وَأَبْصِرْ يَوْمَ يَأْتُونَنَا لَٰكِنِ ٱلظَّٰلِمُونَ ٱلْيَوْمَ فِى ضَلَٰلٍ مُّبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн рӯз, ки назди мо меоянд, чи [хуб] шунаво ва бино ҳастанд! Аммо имрӯз [дар зиндагии дунё] ситамгорон дар гумроҳии ошкоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَنذِرْهُمْ يَوْمَ ٱلْحَسْرَةِ إِذْ قُضِىَ ٱلْأَمْرُ وَهُمْ فِى غَفْلَةٍ وَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй паёмбар] ба онон дар бораи рӯзи [пушаймонӣ ва] ҳасрат ҳушдор бидеҳ; он гоҳ ки кори [доварӣ] анҷом мегирад; ва [имрӯз] онон дар ғафлатанд ва имон намеоваранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّا نَحْنُ نَرِثُ ٱلْأَرْضَ وَمَنْ عَلَيْهَا وَإِلَيْنَا يُرْجَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан, Мо замин ва ҳар киро бар он аст, ба ирс мебарем ва [ҳама] ба сӯйи Мо бозгардонида шаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱذْكُرْ فِى ٱلْكِتَٰبِ إِبْرَٰهِيمَ إِنَّهُۥ كَانَ صِدِّيقًا نَّبِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй Паёмбар] дар ин китоб аз Иброҳим ёд кун. Бе тардид, ӯ паёмбаре ростгӯ буд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ قَالَ لِأَبِيهِ يَٰٓأَبَتِ لِمَ تَعْبُدُ مَا لَا يَسْمَعُ وَلَا يُبْصِرُ وَلَا يُغْنِى عَنكَ شَيْـًٔا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲангоме ки ба падараш [Озар] гуфт: «Падарҷон, чаро чизеро парастиш мекунӣ, ки на [дуоятро] мешунавад ва на [ибодататро] мебинад ва на газандеро аз ту дур месозад?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَبَتِ إِنِّى قَدْ جَآءَنِى مِنَ ٱلْعِلْمِ مَا لَمْ يَأْتِكَ فَٱتَّبِعْنِىٓ أَهْدِكَ صِرَٰطًا سَوِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПадарҷон, яқинан, аз дониши [ваҳй] чизе ба ман расидааст, ки [ҳаргиз] ба ту нарасидааст; пас, аз ман пайравӣ кун, то ба роҳе рост ҳидоят кунам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَبَتِ لَا تَعْبُدِ ٱلشَّيْطَٰنَ إِنَّ ٱلشَّيْطَٰنَ كَانَ لِلرَّحْمَٰنِ عَصِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПадарҷон, аз шайтон пайравӣ накун, [чаро ки] бе тардид, шайтон нисбат ба [Аллоҳи] Раҳмон нофармон буд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَبَتِ إِنِّىٓ أَخَافُ أَن يَمَسَّكَ عَذَابٌ مِّنَ ٱلرَّحْمَٰنِ فَتَكُونَ لِلشَّيْطَٰنِ وَلِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПадарҷон, ман метарсам, ки аз [ҷониби Аллоҳи] Раҳмон азобе ба ту расад ва [дар дузах] аз дӯстон [ва ҳамнишинони] шайтон бошӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ أَرَاغِبٌ أَنتَ عَنْ ءَالِهَتِى يَٰٓإِبْرَٰهِيمُ لَئِن لَّمْ تَنتَهِ لَأَرْجُمَنَّكَ وَٱهْجُرْنِى مَلِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Озар] Гуфт: «Эй Иброҳим, оё аз маъбудҳои ман рӯйгардонӣ? Агар [аз ақидаат] даст барнадорӣ, ҳатман, сангсорат мекунам; [бирав] ва муддати зиёде аз ман дур шав»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ سَلَٰمٌ عَلَيْكَ سَأَسْتَغْفِرُ لَكَ رَبِّىٓ إِنَّهُۥ كَانَ بِى حَفِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Иброҳим] Гуфт: «Салом [ва амният аз ҷониби ман] бар ту. Ба зудӣ аз Парвардигорам бароят омурзиш хоҳам хост. Бе тардид, ӯ нисбат ба ман бисёр меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَعْتَزِلُكُمْ وَمَا تَدْعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَأَدْعُوا۟ رَبِّى عَسَىٰٓ أَلَّآ أَكُونَ بِدُعَآءِ رَبِّى شَقِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз шумо [кофирон] ва он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мехонед, канорагирӣ мекунам ва Парвардигорамро мехонам. Умед аст, ки дар хондани Парвардигорам [аз иҷобат] бебаҳра набошам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا ٱعْتَزَلَهُمْ وَمَا يَعْبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَهَبْنَا لَهُۥٓ إِسْحَٰقَ وَيَعْقُوبَ وَكُلًّا جَعَلْنَا نَبِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, чун аз онон ва он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастиданд, канорагирӣ кард, Исҳоқ ва Яъқубро ба ӯ бахшидем ва ҳамаи [онон]-ро паёмбар намудем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَوَهَبْنَا لَهُم مِّن رَّحْمَتِنَا وَجَعَلْنَا لَهُمْ لِسَانَ صِدْقٍ عَلِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа эшонро аз раҳмати хеш баҳраманд сохтем ва барояшон [дар миёни мардум овозаи баланд ва] номи наку ниҳодем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱذْكُرْ فِى ٱلْكِتَٰبِ مُوسَىٰٓ إِنَّهُۥ كَانَ مُخْلَصًا وَكَانَ رَسُولًا نَّبِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар ин китоб аз Мӯсо ёд кун. Бе тардид, ӯ [баргузидае] мухлис ва фиристодаву паёмбар буд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَنَٰدَيْنَٰهُ مِن جَانِبِ ٱلطُّورِ ٱلْأَيْمَنِ وَقَرَّبْنَٰهُ نَجِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [мо] ӯро аз самти рости [кӯҳи] Тӯр нидо додем ва муноҷоткунон [ба хеш] наздикаш сохтем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَوَهَبْنَا لَهُۥ مِن رَّحْمَتِنَآ أَخَاهُ هَٰرُونَ نَبِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз раҳмати худ бародараш Ҳорунро – ки, паёмбар [ва ёвари ӯ] буд – ва ба вай ато кардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱذْكُرْ فِى ٱلْكِتَٰبِ إِسْمَٰعِيلَ إِنَّهُۥ كَانَ صَادِقَ ٱلْوَعْدِ وَكَانَ رَسُولًا نَّبِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар ин китоб аз Исмоил ёд кун. Бе тардид, ӯ ростваъда ва фиристодаву паёмбар буд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَانَ يَأْمُرُ أَهْلَهُۥ بِٱلصَّلَوٰةِ وَٱلزَّكَوٰةِ وَكَانَ عِندَ رَبِّهِۦ مَرْضِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ҳамвора] хонаводаашро ба намозу закот фармон медод ва назди Парвардигораш писандида буд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱذْكُرْ فِى ٱلْكِتَٰبِ إِدْرِيسَ إِنَّهُۥ كَانَ صِدِّيقًا نَّبِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар ин китоб аз Идрис ёд кун. Бе тардид, ӯ ростгуфтору паёмбаре буд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَرَفَعْنَٰهُ مَكَانًا عَلِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [мо] ӯро ба мақоме баланд баркашидем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أُو۟لَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ أَنْعَمَ ٱللَّهُ عَلَيْهِم مِّنَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ مِن ذُرِّيَّةِ ءَادَمَ وَمِمَّنْ حَمَلْنَا مَعَ نُوحٍ وَمِن ذُرِّيَّةِ إِبْرَٰهِيمَ وَإِسْرَٰٓءِيلَ وَمِمَّنْ هَدَيْنَا وَٱجْتَبَيْنَآ إِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ ءَايَٰتُ ٱلرَّحْمَٰنِ خَرُّوا۟ سُجَّدًا وَبُكِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИнон касоне аз паёмбарон ҳастанд, ки Аллоҳ таоло бар эшон неъмат [ҳидоят] дод; [афроде] аз фарзандони Одам ва аз касоне, ки ҳамроҳи Нуҳ [бар киштӣ] савор кардем ва аз фарзандони Иброҳим ва Яъқуб ва аз [ҷумла] афроде, ки ҳидоят кардем ва баргузидем [ва] ҳар гоҳ оёти [Парвардигори] Раҳмон бар эшон хонда мешуд, саҷдакунон ва гирён ба хок меафтоданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَخَلَفَ مِنۢ بَعْدِهِمْ خَلْفٌ أَضَاعُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَٱتَّبَعُوا۟ ٱلشَّهَوَٰتِ فَسَوْفَ يَلْقَوْنَ غَيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ пас аз онон ҷонишиноне гумроҳ ва ношоиста омаданд, ки намозро табоҳ сохтанд [дар он саҳлангорӣ намуданд] ва аз ҳавасҳо [ва шаҳавот] пайравӣ карданд; ва ба зудӣ [кайфари] гумроҳии [хеш]-ро хоҳанд дид

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَّا مَن تَابَ وَءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحًا فَأُو۟لَٰٓئِكَ يَدْخُلُونَ ٱلْجَنَّةَ وَلَا يُظْلَمُونَ شَيْـًٔا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар касе, ки тавба намуд ва имон овард ва коре шоиста кард. Пас, инон ба биҳишт дохил мешаванд ва бар онон ҳеҷ ситаме намеравад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

جَنَّٰتِ عَدْنٍ ٱلَّتِى وَعَدَ ٱلرَّحْمَٰنُ عِبَادَهُۥ بِٱلْغَيْبِ إِنَّهُۥ كَانَ وَعْدُهُۥ مَأْتِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБоғҳое ҷовидон, ки [Аллоҳи] Раҳмон аз [олам] нопайдо ба бандагонаш ваъда додааст. Яқинан, ваъдаи ӯ омаданӣ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَّا يَسْمَعُونَ فِيهَا لَغْوًا إِلَّا سَلَٰمًا وَلَهُمْ رِزْقُهُمْ فِيهَا بُكْرَةً وَعَشِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар он ҷо сухани беҳудае намешунавад [ва гуфторашон] ҷуз салом [у таҳият нест]; ва дар он ҷо бар эшон [ҳар] субҳу шом рӯзӣ [беҳисоб фароҳам] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

تِلْكَ ٱلْجَنَّةُ ٱلَّتِى نُورِثُ مِنْ عِبَادِنَا مَن كَانَ تَقِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн ҳамон биҳиште аст, ки ба ҳар кас аз бандагонамон, ки [дар дунё] парҳезкор бошад, ба мерос медиҳем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا نَتَنَزَّلُ إِلَّا بِأَمْرِ رَبِّكَ لَهُۥ مَا بَيْنَ أَيْدِينَا وَمَا خَلْفَنَا وَمَا بَيْنَ ذَٰلِكَ وَمَا كَانَ رَبُّكَ نَسِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй Ҷабраил, ба Муҳаммад бигӯ] «Мо ҷуз ба фармони Парвардигорат фуруд намеоем. Ӯ ҳоким бар оянда ва гузашта ва ҳоли мост; ва Парвардигорат фаромӯшкор нест

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا فَٱعْبُدْهُ وَٱصْطَبِرْ لِعِبَٰدَتِهِۦ هَلْ تَعْلَمُ لَهُۥ سَمِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамон] Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост; пас, ӯро парастиш кун ва бар ибодаташ шикебо [ва пойдор] бош. Оё [ҳаммонанд ва] ҳамноме барояш мешиносӣ?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَقُولُ ٱلْإِنسَٰنُ أَءِذَا مَا مِتُّ لَسَوْفَ أُخْرَجُ حَيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа инсони [кофир] мегӯяд: «Оё ҳангоме ки бимирам, ба ростӣ, маро зинда [аз гӯр] берун хоҳанд овард?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوَلَا يَذْكُرُ ٱلْإِنسَٰنُ أَنَّا خَلَقْنَٰهُ مِن قَبْلُ وَلَمْ يَكُ شَيْـًٔا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё инсон ба ёд намеоварад, ки мо пеш аз ин ӯро офаридем, дар ҳоле ки ҳеҷ набуд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَوَرَبِّكَ لَنَحْشُرَنَّهُمْ وَٱلشَّيَٰطِينَ ثُمَّ لَنُحْضِرَنَّهُمْ حَوْلَ جَهَنَّمَ جِثِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, савганд ба Парвардигорат, ки яқинан, онон [мункирони қиёмат]-ро бо шаётин маҳшур хоҳем кард; сипас ҳамаро ба зону дароварда гирдогирди дузах ҳозир мекунем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ لَنَنزِعَنَّ مِن كُلِّ شِيعَةٍ أَيُّهُمْ أَشَدُّ عَلَى ٱلرَّحْمَٰنِ عِتِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас аз ҳар гурӯҳе касонеро дар баробари [фармони Аллоҳи] Раҳмон саркаштар будаанд, берун мекашем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ لَنَحْنُ أَعْلَمُ بِٱلَّذِينَ هُمْ أَوْلَىٰ بِهَا صِلِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ, яқинан, Мо ба [ҳоли] касоне, ки барои [дарафтодан ба] он [оташи даҳшатнок] сазовортаранд, донотарем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِن مِّنكُمْ إِلَّا وَارِدُهَا كَانَ عَلَىٰ رَبِّكَ حَتْمًا مَّقْضِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳеҷ як аз шумо [мардум] нест, магар он ки вориди он мегардад; [муъминон барои убур ва дидан, кофирон барои вуруд ва мондан]. Ин [амр] ҳамвора бар Парвардигорат қазои ҳатмӣ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ نُنَجِّى ٱلَّذِينَ ٱتَّقَوا۟ وَّنَذَرُ ٱلظَّٰلِمِينَ فِيهَا جِثِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас касонеро, ки парҳезкорӣ кардаанд, [аз оташ] наҷот медиҳем ва золимонро ба зону даромада, дар он раҳо мекунем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ ءَايَٰتُنَا بَيِّنَٰتٍ قَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ لِلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ أَىُّ ٱلْفَرِيقَيْنِ خَيْرٌ مَّقَامًا وَأَحْسَنُ نَدِيًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳангоме ки оёти равшани Мо бар онон тиловат мешавад, касоне, ки куфр варзидаанд, ба афроде, ки имон овардаанд, мегӯянд: «Кадом як аз [мо] ду гурӯҳ ҷойгоҳе беҳтару маҷлисе накутар дорад?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَمْ أَهْلَكْنَا قَبْلَهُم مِّن قَرْنٍ هُمْ أَحْسَنُ أَثَٰثًا وَرِءْيًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЧи бисёр наслҳоро пеш аз онон нобуд кардем, ки сарвате бештар ва зоҳире оростатар доштанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ مَن كَانَ فِى ٱلضَّلَٰلَةِ فَلْيَمْدُدْ لَهُ ٱلرَّحْمَٰنُ مَدًّا حَتَّىٰٓ إِذَا رَأَوْا۟ مَا يُوعَدُونَ إِمَّا ٱلْعَذَابَ وَإِمَّا ٱلسَّاعَةَ فَسَيَعْلَمُونَ مَنْ هُوَ شَرٌّ مَّكَانًا وَأَضْعَفُ جُندًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ҳар ки дар гумроҳӣ аст, [Аллоҳи] Раҳмон ба ӯ муҳлат медиҳад [то гумроҳиаш бештар шавад] то замоне, ки ваъдаи илоҳиро [ба чашми худ] бубинанд: ё азоби [дунё] ё [кайфари] қиёмат. Пас, ба зудӣ хоҳанд донист, ки чи касе ҷойгоҳаш бадтар ва сипоҳаш нотавонтар аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَزِيدُ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ٱهْتَدَوْا۟ هُدًى وَٱلْبَٰقِيَٰتُ ٱلصَّٰلِحَٰتُ خَيْرٌ عِندَ رَبِّكَ ثَوَابًا وَخَيْرٌ مَّرَدًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [аммо] касоне, ки роҳ ёфтаанд, Аллоҳ таоло бар ҳидояташон меафзояд; ва некиҳои пойдор [рафтору гуфтори шоиста] дар пешгоҳи Парвардигорат подоше беҳтар ва саранҷоме накутар дорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَفَرَءَيْتَ ٱلَّذِى كَفَرَ بِـَٔايَٰتِنَا وَقَالَ لَأُوتَيَنَّ مَالًا وَوَلَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё дидӣ он касеро, ки ба оёти Мо кофир шуд ва гуфт: «Ҳатман, молу фарзанд [-и фаровоне дар охират] ба ман дода хоҳад шуд?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَطَّلَعَ ٱلْغَيْبَ أَمِ ٱتَّخَذَ عِندَ ٱلرَّحْمَٰنِ عَهْدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё ӯ бар ғайб огоҳӣ ёфтааст, ё аз [Аллоҳи] Раҳмон паймоне гирифтааст?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَلَّا سَنَكْتُبُ مَا يَقُولُ وَنَمُدُّ لَهُۥ مِنَ ٱلْعَذَابِ مَدًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳаргиз] Чунин нест; гуфтаашро менависем ва бар азобаш меафзоем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَنَرِثُهُۥ مَا يَقُولُ وَيَأْتِينَا فَرْدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он чи [аз амволу фарзандон], ки мегӯяд, аз ӯ ба ирс мебарем ва [рӯзи қиёмат тиҳидаст ва] танҳо назди мо меояд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱتَّخَذُوا۟ مِن دُونِ ٱللَّهِ ءَالِهَةً لِّيَكُونُوا۟ لَهُمْ عِزًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло маъбудоне баргузидаанд, то [ёвару] пуштибонашон бошад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَلَّا سَيَكْفُرُونَ بِعِبَادَتِهِمْ وَيَكُونُونَ عَلَيْهِمْ ضِدًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЧунин нест; [балки он маъбудҳо дар қиёмат] ибодати ононро инкор хоҳанд кард ва душманашон хоҳанд буд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَمْ تَرَ أَنَّآ أَرْسَلْنَا ٱلشَّيَٰطِينَ عَلَى ٱلْكَٰفِرِينَ تَؤُزُّهُمْ أَزًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Оё надидӣ, ки Мо шаётинро бар кофирон фиристодем, то ононро [бо васвасаҳои худ] таҳрик кунанд [ва аз роҳи Аллоҳ таоло боздоранд]?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَا تَعْجَلْ عَلَيْهِمْ إِنَّمَا نَعُدُّ لَهُمْ عَدًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, дар бораи [нобудии] онон шитоб накун. Ҷуз ин нест, ки Мо [рӯзҳои марг ва фаро расидани азобро] ба диққат барояшон мешуморем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَوْمَ نَحْشُرُ ٱلْمُتَّقِينَ إِلَى ٱلرَّحْمَٰنِ وَفْدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ёд кун аз] Рӯзе, ки парҳезкоронро [бо иззату эҳтиром] ба меҳмонии [Аллоҳи] Раҳмон гирд меоварем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَنَسُوقُ ٱلْمُجْرِمِينَ إِلَىٰ جَهَنَّمَ وِرْدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа муҷримонро ташнаком ба сӯйи ҷаҳаннам меронем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَّا يَمْلِكُونَ ٱلشَّفَٰعَةَ إِلَّا مَنِ ٱتَّخَذَ عِندَ ٱلرَّحْمَٰنِ عَهْدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон ҳаргиз [тавони] шафоат надоранд; магар касе, ки [бо имон ва амали шоистааш] аз [Аллоҳи] Раҳмон паймоне гирифта бошад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوا۟ ٱتَّخَذَ ٱلرَّحْمَٰنُ وَلَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [мушрикон] гуфтанд: «[Аллоҳи] Раҳмон фарзанде [барои хеш] баргузидааст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَّقَدْ جِئْتُمْ شَيْـًٔا إِدًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, [бо ин иддао] чизе бисёр зишт [ба миён] овардед!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

تَكَادُ ٱلسَّمَٰوَٰتُ يَتَفَطَّرْنَ مِنْهُ وَتَنشَقُّ ٱلْأَرْضُ وَتَخِرُّ ٱلْجِبَالُ هَدًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАз ин [сухани куфромез] наздик аст осмонҳо аз ҳам бипошад ва замин бишкофад ва кӯҳҳо дар ҳам бишкананд ва фуру резанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَن دَعَوْا۟ لِلرَّحْمَٰنِ وَلَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Чаро] Ки барои [Аллоҳи] Раҳмон фарзанде иддао кардаанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا يَنۢبَغِى لِلرَّحْمَٰنِ أَن يَتَّخِذَ وَلَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳаргиз сазовори [Аллоҳи] Раҳмон нест, ки фарзанде баргузинад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِن كُلُّ مَن فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ إِلَّآ ءَاتِى ٱلرَّحْمَٰنِ عَبْدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар осмонҳо ва замин ҳеҷ касе нест, магар он ки [дар рӯзи қиёмат хоксор ва] бандавор назди Аллоҳи Раҳмон меояд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَّقَدْ أَحْصَىٰهُمْ وَعَدَّهُمْ عَدًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан, [Аллоҳ таоло ҳамаи] ононро дар шумор оварда ва дуруст баршумурдааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكُلُّهُمْ ءَاتِيهِ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ فَرْدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳамагиашон рӯзи қиёмат танҳо [ва тиҳидаст] назди Ӯ ҳозир мешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ سَيَجْعَلُ لَهُمُ ٱلرَّحْمَٰنُ وُدًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, яқинан, [Аллоҳи] Раҳмон [дар дилҳои бандагонаш] барояшон муҳаббате хоҳад ниҳод

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِنَّمَا يَسَّرْنَٰهُ بِلِسَانِكَ لِتُبَشِّرَ بِهِ ٱلْمُتَّقِينَ وَتُنذِرَ بِهِۦ قَوْمًا لُّدًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Бе тардид, Мо ин [Қуръон]-ро бар забони ту осон намудем, то парҳезкоронро бо он башорат диҳӣ ва ситезагарон [-и сарсахт]-ро бим диҳӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَمْ أَهْلَكْنَا قَبْلَهُم مِّن قَرْنٍ هَلْ تُحِسُّ مِنْهُم مِّنْ أَحَدٍ أَوْ تَسْمَعُ لَهُمْ رِكْزًۢا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чи бисёр наслҳои гузаштаро пеш аз онон нобуд кардем. Оё [вуҷуди] ҳеҷ як аз ононро эҳсос мекунӣ ё камтарин садое аз онон мешунавӣ?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70