caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Taa-Haa طه

135 оят · Макка · тартиби нузул 45

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ طه

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо, ҳо.[1]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَآ أَنزَلْنَا عَلَيْكَ ٱلْقُرْءَانَ لِتَشْقَىٰٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, мо] Қуръонро бар ту нозил накардем, то дар ранҷ бияфтӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَّا تَذْكِرَةً لِّمَن يَخْشَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Онро нафиристодем] Магар он ки панде бошад, барои ҳар ки [аз азоби илоҳӣ] метарсад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

تَنزِيلًا مِّمَّنْ خَلَقَ ٱلْأَرْضَ وَٱلسَّمَٰوَٰتِ ٱلْعُلَى

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ин Қуръон] Фуруфиристодае аст аз ҷониби он ки замину осмонҳои баландро офаридааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلرَّحْمَٰنُ عَلَى ٱلْعَرْشِ ٱسْتَوَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Парвардигори] Раҳмон [онгуна ки шоистаи Ӯ аст ва бидуни он ки мӯҳтоҷ ба Арш бошад] бар Арш қарор гирифт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَهُۥ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا وَمَا تَحْتَ ٱلثَّرَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн чи дар осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост ва он чи зери хок [пинҳон] аст, [ҳамагӣ] аз они Ӯст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِن تَجْهَرْ بِٱلْقَوْلِ فَإِنَّهُۥ يَعْلَمُ ٱلسِّرَّ وَأَخْفَى

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар сухан ошкор бигӯӣ [ё онро пинҳон дорӣ], яқинан, Ӯ [рози] ниҳон ва [ҳатто] ниҳонтар [аз он]-ро низ медонад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ لَهُ ٱلْأَسْمَآءُ ٱلْحُسْنَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло аст, ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳақ] ҷуз Ӯ нест [ва] накутарин номҳо аз они Ӯст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهَلْ أَتَىٰكَ حَدِيثُ مُوسَىٰٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Оё хабари Мӯсо ба ту расидааст?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ رَءَا نَارًا فَقَالَ لِأَهْلِهِ ٱمْكُثُوٓا۟ إِنِّىٓ ءَانَسْتُ نَارًا لَّعَلِّىٓ ءَاتِيكُم مِّنْهَا بِقَبَسٍ أَوْ أَجِدُ عَلَى ٱلنَّارِ هُدًى

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ки оташеро [аз дур] диду ба хонаводааш гуфт: «[Лаҳзае] Диранг кунед [ки] ман оташе дидаам. Шояд шуълае аз он бароятон биёварам ё канори он оташ роҳнамое биёбам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّآ أَتَىٰهَا نُودِىَ يَٰمُوسَىٰٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, чун назди он [оташ] омад, нидо дода шуд, ки: «Эй Мӯсо

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنِّىٓ أَنَا۠ رَبُّكَ فَٱخْلَعْ نَعْلَيْكَ إِنَّكَ بِٱلْوَادِ ٱلْمُقَدَّسِ طُوًى

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, ман Парвардигорат ҳастам; пас, [барои муноҷот бо Парвардигор] кафшҳоятро даровар [ки] дар ҳақиқат, ту дар сарзамини муқаддаси «Туво» ҳастӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَنَا ٱخْتَرْتُكَ فَٱسْتَمِعْ لِمَا يُوحَىٰٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ман туро [ба паёмбарӣ] баргузидам; пас, ба он чи ваҳй мешавад, гӯш фаро дор

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّنِىٓ أَنَا ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنَا۠ فَٱعْبُدْنِى وَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ لِذِكْرِىٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, манам «Аллоҳ таоло», ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳаққе] ҷуз ман нест; пас, маро бипараст ва барои ёди ман намоз бар по дор

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلسَّاعَةَ ءَاتِيَةٌ أَكَادُ أُخْفِيهَا لِتُجْزَىٰ كُلُّ نَفْسٍۭ بِمَا تَسْعَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан, қиёмат омаданӣ аст; [вале] мехоҳам [вақти] онро пинҳон дорам, то ба ҳар касе дар баробари [кор ва] талоше, ки мекунад, подош дода шавад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَا يَصُدَّنَّكَ عَنْهَا مَن لَّا يُؤْمِنُ بِهَا وَٱتَّبَعَ هَوَىٰهُ فَتَرْدَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, мабодо касе, ки ба он имон надорад ва аз ҳавасҳояш пайравӣ мекунад, туро аз [накукорӣ ва омодагӣ барои] он боздорад, ки ҳалок мешавӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا تِلْكَ بِيَمِينِكَ يَٰمُوسَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа, эй Мӯсо, он чист ба [дасти] ростат?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ هِىَ عَصَاىَ أَتَوَكَّؤُا۟ عَلَيْهَا وَأَهُشُّ بِهَا عَلَىٰ غَنَمِى وَلِىَ فِيهَا مَـَٔارِبُ أُخْرَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ гуфт: «Ин асои ман аст; бар он такя мекунам ва бо он барои гӯсфандонам [барги дарахтонро] фуру мерезам ва бо он корҳои дигаре [низ] дорам [ки бароварда мекунам]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ أَلْقِهَا يَٰمُوسَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Мӯсо, онро бияфкан»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَلْقَىٰهَا فَإِذَا هِىَ حَيَّةٌ تَسْعَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [Мӯсо] онро [бар замин] афканд ва ногаҳон [табдил ба] море шуд, ки ба суръат мехазид

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ خُذْهَا وَلَا تَخَفْ سَنُعِيدُهَا سِيرَتَهَا ٱلْأُولَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Онро бигир ва натарс. Ба зудӣ онро ба шакли аввалаш бозмегардонем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱضْمُمْ يَدَكَ إِلَىٰ جَنَاحِكَ تَخْرُجْ بَيْضَآءَ مِنْ غَيْرِ سُوٓءٍ ءَايَةً أُخْرَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дастро дар бағал кун, то бидуни ҳеҷ газанде [ба унвони] муъҷизае дигар сафед [-у дурахшон] берун ояд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لِنُرِيَكَ مِنْ ءَايَٰتِنَا ٱلْكُبْرَى

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳадаф аз ироаи ду муъҷиза ин буд], ки бархе аз нишонаҳои бузурги хешро нишонат диҳем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱذْهَبْ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ إِنَّهُۥ طَغَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Инак] Ба сӯйи Фиръавн бирав [ки] бе тардид, [куфр варзида ва] саркашӣ кардааст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ رَبِّ ٱشْرَحْ لِى صَدْرِى

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мӯсо] Гуфт: «Парвардигоро, бар [ҳавсала ва] шикебоиям бияфзо

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَسِّرْ لِىٓ أَمْرِى

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа корамро бароям осон гардон

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱحْلُلْ عُقْدَةً مِّن لِّسَانِى

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа гиреҳ аз забонам боз кун

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَفْقَهُوا۟ قَوْلِى

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо суханамро дарёбанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱجْعَل لِّى وَزِيرًا مِّنْ أَهْلِى

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа барои ман ёваре аз [афроди] хонадонам қарор бидеҳ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هَٰرُونَ أَخِى

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲорун-бародарамро

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱشْدُدْ بِهِۦٓ أَزْرِى

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПуштамро бо ӯ устувор соз

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَشْرِكْهُ فِىٓ أَمْرِى

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ӯро дар кори [рисолати] ман шарик кун

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَىْ نُسَبِّحَكَ كَثِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТуро бисёр ба покӣ биситоем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَنَذْكُرَكَ كَثِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Centerва бисёр ёдат кунем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّكَ كُنتَ بِنَا بَصِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, Ту ба [ҳоли] мо биноӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ قَدْ أُوتِيتَ سُؤْلَكَ يَٰمُوسَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Мӯсо, хостаат ба ту дода шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ مَنَنَّا عَلَيْكَ مَرَّةً أُخْرَىٰٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳақиқат, мо [пештар] як бори дигар [низ] бар ту миннат ниҳода будем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ أَوْحَيْنَآ إِلَىٰٓ أُمِّكَ مَا يُوحَىٰٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ки он чиро, ки [бояд дар бораи ҳифозат аз ту] илҳом мешуд, ба модарат илҳом кардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَنِ ٱقْذِفِيهِ فِى ٱلتَّابُوتِ فَٱقْذِفِيهِ فِى ٱلْيَمِّ فَلْيُلْقِهِ ٱلْيَمُّ بِٱلسَّاحِلِ يَأْخُذْهُ عَدُوٌّ لِّى وَعَدُوٌّ لَّهُۥ وَأَلْقَيْتُ عَلَيْكَ مَحَبَّةً مِّنِّى وَلِتُصْنَعَ عَلَىٰ عَيْنِىٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКи: «ӯро дар сандуқе бигзор ва он [сандуқ]-ро ба дарё [рӯди Нил] бияндоз, то дарё ӯро ба соҳил бияфканад [ва] душмани Ман ва душмани ӯ онро [аз об] бигирад; ва бар ту аз ҷониби хеш муҳре [дар дилҳо] афкандам ва [ҳимоятат кардам] таҳти назар парвариш ёбӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ تَمْشِىٓ أُخْتُكَ فَتَقُولُ هَلْ أَدُلُّكُمْ عَلَىٰ مَن يَكْفُلُهُۥ فَرَجَعْنَٰكَ إِلَىٰٓ أُمِّكَ كَىْ تَقَرَّ عَيْنُهَا وَلَا تَحْزَنَ وَقَتَلْتَ نَفْسًا فَنَجَّيْنَٰكَ مِنَ ٱلْغَمِّ وَفَتَنَّٰكَ فُتُونًا فَلَبِثْتَ سِنِينَ فِىٓ أَهْلِ مَدْيَنَ ثُمَّ جِئْتَ عَلَىٰ قَدَرٍ يَٰمُوسَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ки хоҳарат [дар канори руд ҳамроҳ бо сандуқи ту] роҳ мерафт ва [ба касоне, ки туро аз об гирифтанд] гуфт: «Мехоҳед шахсеро нишонатон диҳам, ки сарпарастии ӯро ба уҳда бигирад?» Пас, туро ба модарат бозгардонидем, то чашмаш [ба дидорат] равшан гардад ва андуҳгин набошад; ва [баъдҳо] ту шахсе [қибтӣ]-ро куштӣ ва Мо аз андӯҳ [ва муҷозоти қатл] наҷотат додем ва туро борҳо озмудем. Пас [аз он] чанд сол байни мардуми Мадян ба сар бурдӣ; он гоҳ, эй Мӯсо, бар [тибқи] тақдири [илоҳӣ ва дар замони муқаррар ба ин ҷо] омадӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱصْطَنَعْتُكَ لِنَفْسِى

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа туро барои худам баргузидам [то паёмамро ба мардум бирасонӣ]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱذْهَبْ أَنتَ وَأَخُوكَ بِـَٔايَٰتِى وَلَا تَنِيَا فِى ذِكْرِى

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Инак] Ту ва бародарат бо нишонаҳои [қудрату ягонагии] Ман равона шавед ва дар [даъвати ҳақ ва] ёд кардани Ман сустӣ наварзед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱذْهَبَآ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ إِنَّهُۥ طَغَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа сӯйи Фиръавн биравед, ки ӯ [куфр варзида ва] саркашӣ кардааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَقُولَا لَهُۥ قَوْلًا لَّيِّنًا لَّعَلَّهُۥ يَتَذَكَّرُ أَوْ يَخْشَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ба нармӣ бо ӯ сухан бигӯед; бошад, ки панд гирад ё [аз азоби илоҳӣ] битарсад [ва тавба кунад]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَا رَبَّنَآ إِنَّنَا نَخَافُ أَن يَفْرُطَ عَلَيْنَآ أَوْ أَن يَطْغَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мӯсо ва Ҳорун] гуфтанд: «Парвардигоро, мо бимнокем, ки бар мо пешдастӣ намояд [ва пеш аз поёни даъват муҷозотамон кунад] ё [дар баробари сухани ҳақ] саркашӣ кунад»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ لَا تَخَافَآ إِنَّنِى مَعَكُمَآ أَسْمَعُ وَأَرَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] фармуд: «Натарсед [ки] яқинан, Ман ҳамроҳатон ҳастам [ва ҳама чизро] мешунавам ва мебинам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأْتِيَاهُ فَقُولَآ إِنَّا رَسُولَا رَبِّكَ فَأَرْسِلْ مَعَنَا بَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ وَلَا تُعَذِّبْهُمْ قَدْ جِئْنَٰكَ بِـَٔايَةٍ مِّن رَّبِّكَ وَٱلسَّلَٰمُ عَلَىٰ مَنِ ٱتَّبَعَ ٱلْهُدَىٰٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ба сӯи ӯ биравед ва бигӯед: «Мо фиристодагони Парвардигорат ҳастем. Бани Исроилро ҳамроҳи мо бифирист ва [таҳқиру] озорашон накун. Ба ростӣ, ки Мо барои ту аз ҷониби Парвардигорат нишонаҳои равшане овардаем; ва саломатӣ [аз азоби илоҳӣ] бар касест, ки аз ҳидоят пайравӣ кунад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّا قَدْ أُوحِىَ إِلَيْنَآ أَنَّ ٱلْعَذَابَ عَلَىٰ مَن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳақиқат, ба мо ваҳй шудааст, ки азоби [дузах] бар касест, ки [оёт ва муъҷизотро] дурӯғ ангошт ва [аз даъвати паёмбараш] рӯй гардонд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ فَمَن رَّبُّكُمَا يَٰمُوسَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Фиръавн] Гуфт: «Эй Мӯсо, Парвардигори шумо кист?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ رَبُّنَا ٱلَّذِىٓ أَعْطَىٰ كُلَّ شَىْءٍ خَلْقَهُۥ ثُمَّ هَدَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мӯсо] гуфт: «Парвардигори мо касест, ки ба ҳар чизе офариниши [зоҳир ва вижагиҳои муносиби] ӯро бахшида ва сипас [онро] ҳидоят намудааст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ فَمَا بَالُ ٱلْقُرُونِ ٱلْأُولَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Фиръавн] Гуфт: «Пас, ҳол [ва сарнавишти наслҳои гузашта [ки кофир будаанд] чист?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ عِلْمُهَا عِندَ رَبِّى فِى كِتَٰبٍ لَّا يَضِلُّ رَبِّى وَلَا يَنسَى

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мӯсо] Гуфт: «Дониши он дар китобе [Лавҳи Маҳфуз] назди Парвардигори ман [сабт] аст. Парвардигорам на иштибоҳ мекунад ва на фаромӯш менамояд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِى جَعَلَ لَكُمُ ٱلْأَرْضَ مَهْدًا وَسَلَكَ لَكُمْ فِيهَا سُبُلًا وَأَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً فَأَخْرَجْنَا بِهِۦٓ أَزْوَٰجًا مِّن نَّبَاتٍ شَتَّىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн [маъбуде], ки заминро бароятон [ҳамчун] гаҳворае [маҳалли осоиш] қарор дод ва дар он роҳҳое эҷод кард ва аз осмон обе фуру фиристод ва ба василаи он анвои гуногуни гиёҳонро [аз замин] берун овардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كُلُوا۟ وَٱرْعَوْا۟ أَنْعَٰمَكُمْ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَٰتٍ لِّأُو۟لِى ٱلنُّهَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳам худ аз он] Бихӯред ва [ҳам] чаҳорпоёнатонро бичаронед. Бе тардид, дар ин [умур] барои хирадмандон нишонаҳое [аз қудрати илоҳӣ] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مِنْهَا خَلَقْنَٰكُمْ وَفِيهَا نُعِيدُكُمْ وَمِنْهَا نُخْرِجُكُمْ تَارَةً أُخْرَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterШуморо аз он [хок] офаридем ва ба он бозмегардонем ва бори дигар [дар қиёмат] аз он берун меоварем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ أَرَيْنَٰهُ ءَايَٰتِنَا كُلَّهَا فَكَذَّبَ وَأَبَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба ростӣ, [Мо] ҳамаи нишонаҳои [қудрати] худро ба ӯ нишон додем; вале [ҳамаро] дурӯғ пиндошт ва [даъвати ҳақро] напазируфт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ أَجِئْتَنَا لِتُخْرِجَنَا مِنْ أَرْضِنَا بِسِحْرِكَ يَٰمُوسَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Он гоҳ] Гуфт: «Эй Мӯсо, оё назди мо омадӣ, ки бо ҷодуят моро аз сарзаминамон берун кунӣ?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَنَأْتِيَنَّكَ بِسِحْرٍ مِّثْلِهِۦ فَٱجْعَلْ بَيْنَنَا وَبَيْنَكَ مَوْعِدًا لَّا نُخْلِفُهُۥ نَحْنُ وَلَآ أَنتَ مَكَانًا سُوًى

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, яқинан, мо низ ҷодуе монанди он бароят меоварем; пас, дар маконе, ки [фосилааш аз ҳар ду тараф] яксон бошад, ваъдагоҳе миёни Мо ва худ таъйин кун, ки на Мо аз он хилоф кунем ва на ту

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ مَوْعِدُكُمْ يَوْمُ ٱلزِّينَةِ وَأَن يُحْشَرَ ٱلنَّاسُ ضُحًى

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мӯсо] гуфт: «Ваъдагоҳи шумо рӯзи ид бошад, ки [ҳамаи] мардум пеш аз зуҳр ҷамъ мешаванд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَتَوَلَّىٰ فِرْعَوْنُ فَجَمَعَ كَيْدَهُۥ ثُمَّ أَتَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ Фиръавн бозгашт ва [тамоми] найрангу ҳилаи хешро ҷамъ кард ва [ҳамроҳи ҷодугаронаш ба маҳалли мавриди назар] омад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ لَهُم مُّوسَىٰ وَيْلَكُمْ لَا تَفْتَرُوا۟ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا فَيُسْحِتَكُم بِعَذَابٍ وَقَدْ خَابَ مَنِ ٱفْتَرَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМӯсо ба онон гуфт: «Вой бар шумо! Бар Аллоҳ таоло дурӯғ набандед, ки бо азобе [сахт] нобудатон месозад; ва яқинан, ҳар ки [бо фиреб додани мардум бар Аллоҳ таоло] дурӯғ баст, зиёнкор гашт»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَتَنَٰزَعُوٓا۟ أَمْرَهُم بَيْنَهُمْ وَأَسَرُّوا۟ ٱلنَّجْوَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [ҷодугарон пас аз ҳушдори Мӯсо] дар корашон миёни худ ихтилоф карданд ва пинҳонӣ гуфтугӯ карданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوٓا۟ إِنْ هَٰذَٰنِ لَسَٰحِرَٰنِ يُرِيدَانِ أَن يُخْرِجَاكُم مِّنْ أَرْضِكُم بِسِحْرِهِمَا وَيَذْهَبَا بِطَرِيقَتِكُمُ ٱلْمُثْلَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Бархе аз онон] Гуфтанд: «Ин ду [нафар] ҳатман, ҷодугаранд [ва] бо ҷодуи хеш мехоҳанд шуморо аз сарзаминатон берун кунанд ва оин [ва роҳу расм]-и бартари шуморо аз миён бардоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَجْمِعُوا۟ كَيْدَكُمْ ثُمَّ ٱئْتُوا۟ صَفًّا وَقَدْ أَفْلَحَ ٱلْيَوْمَ مَنِ ٱسْتَعْلَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [ҳамаи] найранги хешро фароҳам кунед [ва ба кор бандед]; сипас дар як саф [барои мубориза] ба пеш оед. Бе тардид, ҳар ки имрӯз [бар душман] чира шавад, пирӯз [ва комёб] гаштааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ يَٰمُوسَىٰٓ إِمَّآ أَن تُلْقِىَ وَإِمَّآ أَن نَّكُونَ أَوَّلَ مَنْ أَلْقَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҷодугарон] гуфтанд: «Эй Мӯсо, оё ту [он чиро бо худ дорӣ] меафканӣ ё [мо] нахустин касе бошем, ки меафканад?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ بَلْ أَلْقُوا۟ فَإِذَا حِبَالُهُمْ وَعِصِيُّهُمْ يُخَيَّلُ إِلَيْهِ مِن سِحْرِهِمْ أَنَّهَا تَسْعَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мӯсо] Гуфт: «[На] балки шумо бияфканед». Пас, ногоҳ ресмонҳо ва чӯбдастҳои онон аз ҷодуяшон чунон ба назараш расид, ки гӯӣ ба шитоб мехазанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَوْجَسَ فِى نَفْسِهِۦ خِيفَةً مُّوسَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, Мӯсо дар дилаш тарсе эҳсос кард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْنَا لَا تَخَفْ إِنَّكَ أَنتَ ٱلْأَعْلَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterГуфтем: «Натарс, [ки] ту, ҳатман, [пирӯз ва] бартарӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَلْقِ مَا فِى يَمِينِكَ تَلْقَفْ مَا صَنَعُوٓا۟ إِنَّمَا صَنَعُوا۟ كَيْدُ سَٰحِرٍ وَلَا يُفْلِحُ ٱلسَّاحِرُ حَيْثُ أَتَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он чиро, ки дар дасти рости худ дорӣ, бияфкан, то [тамоми] он чиро, ки сохтаанд, бибалъад. Бе тардид, он чи онон сохтаанд, фақат найранги ҷодугар аст ва ҷодугар ҳар ҷо, ки бошад [ва ҳар чӣ кунад], пирӯз намегардад»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأُلْقِىَ ٱلسَّحَرَةُ سُجَّدًا قَالُوٓا۟ ءَامَنَّا بِرَبِّ هَٰرُونَ وَمُوسَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Пас, чун Мӯсо асояшро бар замин андохт, ба мори бузурге табдил шуд ва сохтаҳои ононро балъид], он гоҳ ҷодугарон ба саҷда афтоданд [ва] гуфтанд: «Ба Парвардигори Ҳорун ва Мӯсо имон овардем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ ءَامَنتُمْ لَهُۥ قَبْلَ أَنْ ءَاذَنَ لَكُمْ إِنَّهُۥ لَكَبِيرُكُمُ ٱلَّذِى عَلَّمَكُمُ ٱلسِّحْرَ فَلَأُقَطِّعَنَّ أَيْدِيَكُمْ وَأَرْجُلَكُم مِّنْ خِلَٰفٍ وَلَأُصَلِّبَنَّكُمْ فِى جُذُوعِ ٱلنَّخْلِ وَلَتَعْلَمُنَّ أَيُّنَآ أَشَدُّ عَذَابًا وَأَبْقَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Фиръавн] Гуфт: «Оё пеш аз он ки ба шумо иҷозат диҳам ба ӯ имон овардед? Ҳатман, ӯ бузурги шумост, ки ба шумо ҷодугарӣ омӯхтааст. Пас, ҳатман, дасту пойи шуморо бар акси якдигар [аз чапу рост] қатъ мекунам ва ҳамагиатонро дар танаҳои нахл ба дор меовезам ва он гоҳ хуб хоҳед донист, ки азоб [ва шиканҷаи] кадом яки аз мо сахттар ва пояндатар аст; [ман ё Парвардигори Мӯсо]»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ لَن نُّؤْثِرَكَ عَلَىٰ مَا جَآءَنَا مِنَ ٱلْبَيِّنَٰتِ وَٱلَّذِى فَطَرَنَا فَٱقْضِ مَآ أَنتَ قَاضٍ إِنَّمَا تَقْضِى هَٰذِهِ ٱلْحَيَوٰةَ ٱلدُّنْيَآ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҷодугарон] Гуфтанд: «Ҳаргиз [пайравӣ аз] туро бар ин далоили равшане, ки бароямон омадааст ва [ҳамчунин] бар он ки моро офаридааст, тарҷеҳ намедиҳем; пас, ба ҳар ҳукме, ки мехоҳӣ, ҳукм кун. Ту фақат метавонӣ дар зиндагии ин дунё ҳукм кунӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّآ ءَامَنَّا بِرَبِّنَا لِيَغْفِرَ لَنَا خَطَٰيَٰنَا وَمَآ أَكْرَهْتَنَا عَلَيْهِ مِنَ ٱلسِّحْرِ وَٱللَّهُ خَيْرٌ وَأَبْقَىٰٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, мо ба Парвардигорамон имон овардем, то гуноҳонамон ва он чиро аз ҷодугарӣ бар мо таҳмил кардаӣ, бибахшояд; ва Аллоҳ таоло беҳтару пояндатар аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّهُۥ مَن يَأْتِ رَبَّهُۥ مُجْرِمًا فَإِنَّ لَهُۥ جَهَنَّمَ لَا يَمُوتُ فِيهَا وَلَا يَحْيَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар ки дар пешгоҳи Парвардигораш гунаҳкор ҳозир шавад, яқинан, оташи дузах барои ӯст; дар он ҷо на мемирад [ ки раҳоӣ ёбад] ва на [ба хушӣ] зиндагӣ мекунад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَن يَأْتِهِۦ مُؤْمِنًا قَدْ عَمِلَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فَأُو۟لَٰٓئِكَ لَهُمُ ٱلدَّرَجَٰتُ ٱلْعُلَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳар ки муъмин назди ӯ биёяд, дар ҳоле ки корҳои шоиста анҷом дода бошад, пас, инон дараҷоти олӣ доранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

جَنَّٰتُ عَدْنٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَا وَذَٰلِكَ جَزَآءُ مَن تَزَكَّىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБоғҳои ҷовидони [биҳишт], ки ҷӯйборҳо зери [дарахтони] он ҷорӣ аст. Ҳамеша дар он хоҳанд буд; ва ин аст подоши касе, ки худро [аз олудагиҳои ширку гуноҳ] пок кардааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ أَوْحَيْنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ أَنْ أَسْرِ بِعِبَادِى فَٱضْرِبْ لَهُمْ طَرِيقًا فِى ٱلْبَحْرِ يَبَسًا لَّا تَخَٰفُ دَرَكًا وَلَا تَخْشَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба ростӣ, [Мо] ба Мӯсо ваҳй кардем, ки: «Бандагонамро шабона [аз Миср берун] бибар, сипас барои онон дар дарё роҳе хушк бикшо, ки на аз таъқиб [-и душманон] хоҳӣ тарсид ва на [аз ғарқ шудан дар дарё] бим дорӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَتْبَعَهُمْ فِرْعَوْنُ بِجُنُودِهِۦ فَغَشِيَهُم مِّنَ ٱلْيَمِّ مَا غَشِيَهُمْ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ Фиръавн бо сипоҳиёнаш ононро дунбол кард ва оби дарё эшонро фуру пӯшонид; чунон пӯшонидане [ки ҳақиқаташро касе ҷуз Аллоҳ таоло намедонад]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَضَلَّ فِرْعَوْنُ قَوْمَهُۥ وَمَا هَدَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [бад-ин сон Фиръавн қавми худро гумроҳ намуд ва ҳидоят накард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰبَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ قَدْ أَنجَيْنَٰكُم مِّنْ عَدُوِّكُمْ وَوَٰعَدْنَٰكُمْ جَانِبَ ٱلطُّورِ ٱلْأَيْمَنَ وَنَزَّلْنَا عَلَيْكُمُ ٱلْمَنَّ وَٱلسَّلْوَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй Бани Исроил, ба ростӣ, [Мо] шуморо аз [чанги] душманонатон наҷот додем ва дар самти рости [кӯҳи] Тӯр бо шумо ваъда гузоштем [то Тавротро нозил кунем] ва бар шумо манн [ширинӣ] ва салво [бедона] фуру фиристодем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كُلُوا۟ مِن طَيِّبَٰتِ مَا رَزَقْنَٰكُمْ وَلَا تَطْغَوْا۟ فِيهِ فَيَحِلَّ عَلَيْكُمْ غَضَبِى وَمَن يَحْلِلْ عَلَيْهِ غَضَبِى فَقَدْ هَوَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАз неъматҳои покизае, ки ба шумо рӯзӣ додаем, бихӯред ва дар он зиёдаравӣ накунед, ки хашми Ман бар шумо фуруд меояд; ва ҳар ки хашми ман бар ӯ фуруд ояд, ҳатман, ҳалок мегардад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنِّى لَغَفَّارٌ لِّمَن تَابَ وَءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحًا ثُمَّ ٱهْتَدَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа яқинан, ман омурзандаи касе ҳастам, ки тавба кунад ва имон оварад ва коре шоиста кунад ва он гоҳ бар ҳидоят [-и худ боқӣ] бимонад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَآ أَعْجَلَكَ عَن قَوْمِكَ يَٰمُوسَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй Мӯсо, чи чиз муҷиб шуд, ки ҷилавтар аз қавмат [ба сӯйи ваъдагоҳи Тӯр] бишитобӣ?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ هُمْ أُو۟لَآءِ عَلَىٰٓ أَثَرِى وَعَجِلْتُ إِلَيْكَ رَبِّ لِتَرْضَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мӯсо] Гуфт: «Парвардигоро, онон ба дунболам меоянд ва ман ба сӯят шитофтам, то [аз ман] хушнуд гардӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ فَإِنَّا قَدْ فَتَنَّا قَوْمَكَ مِنۢ بَعْدِكَ وَأَضَلَّهُمُ ٱلسَّامِرِىُّ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Пас, [бидон, ки] Мо қавматро пас аз [рафтани] ту озмудем ва Сомирӣ гумроҳашон кард»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَرَجَعَ مُوسَىٰٓ إِلَىٰ قَوْمِهِۦ غَضْبَٰنَ أَسِفًا قَالَ يَٰقَوْمِ أَلَمْ يَعِدْكُمْ رَبُّكُمْ وَعْدًا حَسَنًا أَفَطَالَ عَلَيْكُمُ ٱلْعَهْدُ أَمْ أَرَدتُّمْ أَن يَحِلَّ عَلَيْكُمْ غَضَبٌ مِّن رَّبِّكُمْ فَأَخْلَفْتُم مَّوْعِدِى

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, Мӯсо хашмгин [ва] андӯҳнок ба сӯйи қавмаш бозгашт [ва] гуфт: «Эй қавми ман, магар Парвардигоратон [дар бораи нузули Таврот] ваъдаи наку ба шумо надода буд? Оё бар паймони шумо [бо Аллоҳ таоло] замоне тӯлонӣ гузашт [ва ҳамаро аз ёд бурдед] ё хостед, хашме аз [сӯи] Парвардигоратон бар шумо фуруд ояд, ки ваъдаи маро хилоф кардед?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ مَآ أَخْلَفْنَا مَوْعِدَكَ بِمَلْكِنَا وَلَٰكِنَّا حُمِّلْنَآ أَوْزَارًا مِّن زِينَةِ ٱلْقَوْمِ فَقَذَفْنَٰهَا فَكَذَٰلِكَ أَلْقَى ٱلسَّامِرِىُّ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон гуфтанд: «[Мо] Ба ихтиёри худ паймони туро нашикастем, вале борҳои сангине аз зару зеварҳои қавм [-и Фиръавн]-ро, ки бар мо ниҳода буданд, [дар оташ] андохтем ва Сомирӣ низ [он чиро, ки иддао мекард, хоки суми асби Ҷабраил аст, дар оташ] андохт»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَخْرَجَ لَهُمْ عِجْلًا جَسَدًا لَّهُۥ خُوَارٌ فَقَالُوا۟ هَٰذَآ إِلَٰهُكُمْ وَإِلَٰهُ مُوسَىٰ فَنَسِىَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ барояшон муҷассамаи гӯсолае сохт, ки садое [ҳамчун садои гӯсола] дошт. Пас, [Сомирӣ ва пайравонаш ба мардум] гуфтанд: «Ин маъбуди шумо ва маъбуди Мӯсо аст, ки онро фаромӯш [ва ин ҷо раҳо] кардааст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَفَلَا يَرَوْنَ أَلَّا يَرْجِعُ إِلَيْهِمْ قَوْلًا وَلَا يَمْلِكُ لَهُمْ ضَرًّا وَلَا نَفْعًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё намедиданд, ки [ин гӯсола] ҳеҷ посухе ба онҳо намедиҳад ва ҳеҷ зиёне ва суде барояшон надорад?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ قَالَ لَهُمْ هَٰرُونُ مِن قَبْلُ يَٰقَوْمِ إِنَّمَا فُتِنتُم بِهِۦ وَإِنَّ رَبَّكُمُ ٱلرَّحْمَٰنُ فَٱتَّبِعُونِى وَأَطِيعُوٓا۟ أَمْرِى

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар ҳақиқат, пеш аз он [ки Мӯсо бозгардад] Ҳорун низ ба онҳо гуфта буд: «Эй қавми ман, ҷуз ин нест, ки шумо бо ин гӯсола имтиҳон шудаед ва бе тардид, Парвардигори [ҳақиқии] шумо [Аллоҳи] Раҳмон аст; пас, пайрави ман бошед ва аз фармонам итоат кунед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ لَن نَّبْرَحَ عَلَيْهِ عَٰكِفِينَ حَتَّىٰ يَرْجِعَ إِلَيْنَا مُوسَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Онон] Гуфтанд: «Мо пайваста бар ин [гӯсолапарастӣ] мемонем, то Мӯсо наздамон бозгардад»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ يَٰهَٰرُونُ مَا مَنَعَكَ إِذْ رَأَيْتَهُمْ ضَلُّوٓا۟

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Вақте Мӯсо бозомад] Гуфт: «Эй Ҳорун, ҳангоме ки дидӣ онон гумроҳ шудаанд,

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَّا تَتَّبِعَنِ أَفَعَصَيْتَ أَمْرِى

Tajiki Translation - Rowwad Translation Centerчи чизе туро аз пайравии ман боздошт [ва чаро ононро тарк накардӣ]? Оё аз фармонам сарпечӣ кардӣ?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ يَبْنَؤُمَّ لَا تَأْخُذْ بِلِحْيَتِى وَلَا بِرَأْسِىٓ إِنِّى خَشِيتُ أَن تَقُولَ فَرَّقْتَ بَيْنَ بَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ وَلَمْ تَرْقُبْ قَوْلِى

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳорун] Гуфт: «Эй писари модарам, ришу [мӯйи] сарамро нагир. Дар ҳақиқат, тарсидам, ки бигӯӣ, миёни Бани Исроил тафриқа андохтӣ ва сухан [ва супориш]-и маро ба кор набастӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ فَمَا خَطْبُكَ يَٰسَٰمِرِىُّ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мӯсо] Гуфт: «Эй Сомирӣ, ин чи коре аст, ки кардӣ?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ بَصُرْتُ بِمَا لَمْ يَبْصُرُوا۟ بِهِۦ فَقَبَضْتُ قَبْضَةً مِّنْ أَثَرِ ٱلرَّسُولِ فَنَبَذْتُهَا وَكَذَٰلِكَ سَوَّلَتْ لِى نَفْسِى

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ гуфт: «Ман чизеро дидам, ки онон надиданд ва муште аз хоки пойи [асби] фиристода [Ҷабраил]-ро бардоштам ва [дар пайкари гӯсола] андохтам ва [ҳавои] нафсам [ин корро] инчунин бароям орост»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ فَٱذْهَبْ فَإِنَّ لَكَ فِى ٱلْحَيَوٰةِ أَن تَقُولَ لَا مِسَاسَ وَإِنَّ لَكَ مَوْعِدًا لَّن تُخْلَفَهُۥ وَٱنظُرْ إِلَىٰٓ إِلَٰهِكَ ٱلَّذِى ظَلْتَ عَلَيْهِ عَاكِفًا لَّنُحَرِّقَنَّهُۥ ثُمَّ لَنَنسِفَنَّهُۥ فِى ٱلْيَمِّ نَسْفًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мӯсо] Гуфт: «Пас, бирав. Бе тардид, баҳраи ту дар зиндагӣ ин аст, ки [чунон матруд шавӣ, ки ба мардум] бигӯӣ: «[Ба ман] Даст назанед»; ва ваъдагоҳе [барои азоб] хоҳӣ дошт, ки ҳаргиз аз он тахаллуф нахоҳад шуд; ва [акнун] ба он маъбуде, ки пайваста дар ибодаташ будӣ, бингар; онро месӯзонем, он гоҳ [ки комилан хокистар шуд,] дар дарё парокандааш месозем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّمَآ إِلَٰهُكُمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِى لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ وَسِعَ كُلَّ شَىْءٍ عِلْمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй мардум] Маъбуди шумо Аллоҳ таоло аст, ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳақ] ҷуз Ӯ нест ва илмаш ҳама чизро фаро гирифтааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَذَٰلِكَ نَقُصُّ عَلَيْكَ مِنْ أَنۢبَآءِ مَا قَدْ سَبَقَ وَقَدْ ءَاتَيْنَٰكَ مِن لَّدُنَّا ذِكْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Ин гуна аз ахбор [ва достонҳои паёмбарони] гузашта бар ту ҳикоят мекунем; ва ба ростӣ, ки [мо] аз ҷониби хеш ба ту Қуръоне [пандомӯз] додаем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَّنْ أَعْرَضَ عَنْهُ فَإِنَّهُۥ يَحْمِلُ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ وِزْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар ки аз он рӯйгардон шавад, яқинан, рӯзи қиёмат бори сангине [аз гуноҳ] бар дӯш хоҳад кашид

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

خَٰلِدِينَ فِيهِ وَسَآءَ لَهُمْ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ حِمْلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҶовидона дар он [азоб] хоҳанд монд; ва чи бад аст боре, ки [кофирон] дар қиёмат хоҳанд кашид!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَوْمَ يُنفَخُ فِى ٱلصُّورِ وَنَحْشُرُ ٱلْمُجْرِمِينَ يَوْمَئِذٍ زُرْقًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterРӯзе, ки дар «сур» дамида мешавад ва дар он рӯз муҷримонро [ки бисёр тарсидаанд, бо чашму бадани] кабуд ҷамъ мекунем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَتَخَٰفَتُونَ بَيْنَهُمْ إِن لَّبِثْتُمْ إِلَّا عَشْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБайни худ оҳиста сухан мегӯянд: «[Шумо] Беш аз даҳ рӯз [дар дунё] ба сар набурдаед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

نَّحْنُ أَعْلَمُ بِمَا يَقُولُونَ إِذْ يَقُولُ أَمْثَلُهُمْ طَرِيقَةً إِن لَّبِثْتُمْ إِلَّا يَوْمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо ба он чи эшон мегӯянд, донотарем; он гоҳ ки хирадмандтаринашон мегӯяд: «[Шумо] Танҳо як рӯз ба сар бурдаед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَسْـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلْجِبَالِ فَقُلْ يَنسِفُهَا رَبِّى نَسْفًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй паёмбар] аз ту дар бораи кӯҳҳо [дар қиёмат] мепурсанд; пас, бигӯ: «Парвардигорам ононро сахт муталошӣ [ва пароканда] мекунад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَيَذَرُهَا قَاعًا صَفْصَفًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа онҳоро софу ҳамвор хоҳад намуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَّا تَرَىٰ فِيهَا عِوَجًا وَلَآ أَمْتًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамчун замине] Ки дар он ҳеҷ пастӣ ва баландӣ намебинӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَوْمَئِذٍ يَتَّبِعُونَ ٱلدَّاعِىَ لَا عِوَجَ لَهُۥ وَخَشَعَتِ ٱلْأَصْوَاتُ لِلرَّحْمَٰنِ فَلَا تَسْمَعُ إِلَّا هَمْسًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар он рӯз [ҳамаи мардум] бидуни ҳеҷ мухолифате аз даъваткунанда [-и илоҳӣ] пайравӣ мекунанд ва садоҳо дар баробари Худои меҳрубон паст мешаванд ва аз ҳеҷ чиз ҷуз садои пойе нахоҳӣ шунид

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَوْمَئِذٍ لَّا تَنفَعُ ٱلشَّفَٰعَةُ إِلَّا مَنْ أَذِنَ لَهُ ٱلرَّحْمَٰنُ وَرَضِىَ لَهُۥ قَوْلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар он рӯз шафоат суд надиҳад, магар онро, ки Худои Раҳмон ба ӯ иҷозат диҳад ва суханашро биписандад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَلَا يُحِيطُونَ بِهِۦ عِلْمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] Он чиро, ки инсонҳо [дар охират] дар пеш доранд ва он чиро, ки [дар дунё] пушти сар гузоштаанд, [ҳамаро] медонад, вале дониши онон ӯро фаро намегирад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَعَنَتِ ٱلْوُجُوهُ لِلْحَىِّ ٱلْقَيُّومِ وَقَدْ خَابَ مَنْ حَمَلَ ظُلْمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чеҳраҳо дар баробари [Парвардигори] зиндаи пойдор хор мегардад ва ҳар ки [бори] ситам бардошт, зиён дид

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَن يَعْمَلْ مِنَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَلَا يَخَافُ ظُلْمًا وَلَا هَضْمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касе, ки аз корҳои шоиста анҷом диҳад ва муъмин бошад, на аз ҳеҷ ситаме меҳаросад ва на аз костан [-и подошаш]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَذَٰلِكَ أَنزَلْنَٰهُ قُرْءَانًا عَرَبِيًّا وَصَرَّفْنَا فِيهِ مِنَ ٱلْوَعِيدِ لَعَلَّهُمْ يَتَّقُونَ أَوْ يُحْدِثُ لَهُمْ ذِكْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа, инчунин, онро Қуръоне [ба забони] арабӣ нозил кардем ва ҳушдорҳои гуногун дар он баён намудем; бошад, ки [аз азоби илоҳӣ] парҳезанд ё [ин китоб] барояшон панде падид оварад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَتَعَٰلَى ٱللَّهُ ٱلْمَلِكُ ٱلْحَقُّ وَلَا تَعْجَلْ بِٱلْقُرْءَانِ مِن قَبْلِ أَن يُقْضَىٰٓ إِلَيْكَ وَحْيُهُۥ وَقُل رَّبِّ زِدْنِى عِلْمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, баландмартаба аст Аллоҳ таоло, ки фармонравои ҳақ аст. Ва дар [хондани] Қуръон – пеш аз он ки ваҳйи он бар ту поён ёбад – шитоб макун; ва бигӯ: «Парвардигоро, бар донишам бияфзо»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ عَهِدْنَآ إِلَىٰٓ ءَادَمَ مِن قَبْلُ فَنَسِىَ وَلَمْ نَجِدْ لَهُۥ عَزْمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, пеш аз ин бо Одам паймон бастем [ки аз меваи дарахти мамнуа нахӯрад]; вале [паймонашро] фаромӯш кард ва дар ӯ азме [устувор] наёфтем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلَٰٓئِكَةِ ٱسْجُدُوا۟ لِـَٔادَمَ فَسَجَدُوٓا۟ إِلَّآ إِبْلِيسَ أَبَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ёд кун аз ҳангоме ки ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам саҷда кунед»; пас, [ҳамагӣ] саҷда карданд, магар Иблис, ки сарпечӣ намуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَقُلْنَا يَٰٓـَٔادَمُ إِنَّ هَٰذَا عَدُوٌّ لَّكَ وَلِزَوْجِكَ فَلَا يُخْرِجَنَّكُمَا مِنَ ٱلْجَنَّةِ فَتَشْقَىٰٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, гуфтем: «Эй Одам, ин [Иблис] душмани ту ва ҳамсари туст; мабодо шуморо аз биҳишт берун кунад, ки ба сахтӣ меафтӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ لَكَ أَلَّا تَجُوعَ فِيهَا وَلَا تَعْرَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳақиқат, ту ин [неъмат]-ро [дар биҳишт] дорӣ, ки на гурусна мешавӣ ва на бараҳна мемонӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَنَّكَ لَا تَظْمَؤُا۟ فِيهَا وَلَا تَضْحَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ин ки дар он ҷо на ташна мешавӣ ва на офтобзада

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَوَسْوَسَ إِلَيْهِ ٱلشَّيْطَٰنُ قَالَ يَٰٓـَٔادَمُ هَلْ أَدُلُّكَ عَلَىٰ شَجَرَةِ ٱلْخُلْدِ وَمُلْكٍ لَّا يَبْلَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, шайтон ӯро васваса кард [ва] гуфт: «Эй Одам, оё [мехоҳӣ] дарахти ҷовидонагӣ ва фармонравоии фанонопазирро нишонат диҳам?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَكَلَا مِنْهَا فَبَدَتْ لَهُمَا سَوْءَٰتُهُمَا وَطَفِقَا يَخْصِفَانِ عَلَيْهِمَا مِن وَرَقِ ٱلْجَنَّةِ وَعَصَىٰٓ ءَادَمُ رَبَّهُۥ فَغَوَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ аз он [дарахти мамнуа] хӯрданд ва шармгоҳашон бар онон намоён шуд ва шурӯъ карданд ба қарор додани барги [дарахтони] биҳишт бар худ [то авраташонро бипӯшонанд]; ва [инчунин буд, ки] Одам аз Парвардигораш сарпечӣ кард ва ба бероҳӣ рафт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ ٱجْتَبَٰهُ رَبُّهُۥ فَتَابَ عَلَيْهِ وَهَدَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас Парвардигораш ӯро баргузид ва тавбаашро пазируфт ва ҳидояташ кард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ ٱهْبِطَا مِنْهَا جَمِيعًۢا بَعْضُكُمْ لِبَعْضٍ عَدُوٌّ فَإِمَّا يَأْتِيَنَّكُم مِّنِّى هُدًى فَمَنِ ٱتَّبَعَ هُدَاىَ فَلَا يَضِلُّ وَلَا يَشْقَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterФармуд: «[Шумо ду тан хамроҳи Иблис] Ҳамагӣ аз биҳишт фуруд оед, дар ҳоле ки душмани якдигаред. Агар аз [ҷониби] ман раҳнамуде бароятон расид, [бидонед] ҳар ки аз ҳидоятам пайравӣ кунад, на гумроҳ мешавад ва на [аз азоби дузах] ба ранҷ меафтад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَنْ أَعْرَضَ عَن ذِكْرِى فَإِنَّ لَهُۥ مَعِيشَةً ضَنكًا وَنَحْشُرُهُۥ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ أَعْمَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касе, ки аз ёди Ман рӯйгардон шавад, яқинан зиндагии сахте хоҳад дошт ва рӯзи қиёмат ӯро нобино бармеангезем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ رَبِّ لِمَ حَشَرْتَنِىٓ أَعْمَىٰ وَقَدْ كُنتُ بَصِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВай мегӯяд: «Парвардигоро, чаро маро нобино барангехтӣ; ҳол он ки [дар дунё] бино будам?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ كَذَٰلِكَ أَتَتْكَ ءَايَٰتُنَا فَنَسِيتَهَا وَكَذَٰلِكَ ٱلْيَوْمَ تُنسَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Ҳамон тавр, ки оёти Мо бар ту омад ва онҳоро ба фаромӯшӣ супурдӣ, имрӯз ту [низ] ба ҳамон сурат фаромӯш мешавӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَذَٰلِكَ نَجْزِى مَنْ أَسْرَفَ وَلَمْ يُؤْمِنۢ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِۦ وَلَعَذَابُ ٱلْـَٔاخِرَةِ أَشَدُّ وَأَبْقَىٰٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касеро, ки [дар гумроҳӣ ва гуноҳ] зиёдаравӣ кунад ва ба оёти Парвардигораш имон наоварад, ин гуна кайфар медиҳем; ва ҳатман, азоби охират шадидтар ва пойдортар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَفَلَمْ يَهْدِ لَهُمْ كَمْ أَهْلَكْنَا قَبْلَهُم مِّنَ ٱلْقُرُونِ يَمْشُونَ فِى مَسَٰكِنِهِمْ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَٰتٍ لِّأُو۟لِى ٱلنُّهَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё барои ҳидояташон кофӣ нест, ки [бидонанд] чи наслҳоеро пеш аз онон нобуд кардем, ки [акнун ин мушрикон] дар хонаҳои эшон [наслҳои гузашта] роҳ мераванд? Ба ростӣ, дар ин [нукта] барои хирадмандон нишонаҳое [ибратангез] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْلَا كَلِمَةٌ سَبَقَتْ مِن رَّبِّكَ لَكَانَ لِزَامًا وَأَجَلٌ مُّسَمًّى

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар аз сӯйи Парвардигорат сухане [дар бораи итмоми ҳуҷҷат бо мардум] нагузашта буд ва замони муайяне дар кор набуд, ҳатман [азоби илоҳӣ дар ҳамин дунё бар онон] лозим мешуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱصْبِرْ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ قَبْلَ طُلُوعِ ٱلشَّمْسِ وَقَبْلَ غُرُوبِهَا وَمِنْ ءَانَآئِ ٱلَّيْلِ فَسَبِّحْ وَأَطْرَافَ ٱلنَّهَارِ لَعَلَّكَ تَرْضَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас [эй Паёмбар,] бар он чӣ мегӯянд, шикебо бош ва Парвардигоратро пеш аз тулуи офтоб [дар намози бомдод] ва пеш аз ғуруб [дар намози аср] ба покӣ ситоиш кун ва соате аз шаб [дар намози хуфтан] ва канораҳои рӯз [дар намози пешин ва шом низ ба ниёиш бипардоз]; бошад, ки [аз подоши илоҳӣ] хушнуд шавӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَمُدَّنَّ عَيْنَيْكَ إِلَىٰ مَا مَتَّعْنَا بِهِۦٓ أَزْوَٰجًا مِّنْهُمْ زَهْرَةَ ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا لِنَفْتِنَهُمْ فِيهِ وَرِزْقُ رَبِّكَ خَيْرٌ وَأَبْقَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳаргиз ба [неъматҳои дунявӣ ва] он чи ки гурӯҳҳое аз онон [мушрикон]-ро аз онҳо баҳраманд сохтаем, чашм надӯз. Инҳо зинати зиндагии дунёст, то ононро бад-он биозмояд; ва рӯзии Парвардигорат беҳтар ва пойдортар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأْمُرْ أَهْلَكَ بِٱلصَّلَوٰةِ وَٱصْطَبِرْ عَلَيْهَا لَا نَسْـَٔلُكَ رِزْقًا نَّحْنُ نَرْزُقُكَ وَٱلْعَٰقِبَةُ لِلتَّقْوَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа хонаводаатро ба намоз фармон бидеҳ ва [худ] бар [анҷоми] он шикебо бош [Мо] Аз ту рӯзӣ намехоҳем, [балки] худ ба ту рӯзӣ медиҳем; ва саранҷоми нек барои [аҳли] парҳез аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوا۟ لَوْلَا يَأْتِينَا بِـَٔايَةٍ مِّن رَّبِّهِۦٓ أَوَلَمْ تَأْتِهِم بَيِّنَةُ مَا فِى ٱلصُّحُفِ ٱلْأُولَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мушрикон] гуфтанд: «Чаро [Муҳаммад] муъҷизае аз ҷониби Парвардигораш барои мо намеоварад?» Бигӯ: «Оё [Қуръон ба унвони] далели равшан он чи дар китобҳои пешин аст, барояшон наёмадааст?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ أَنَّآ أَهْلَكْنَٰهُم بِعَذَابٍ مِّن قَبْلِهِۦ لَقَالُوا۟ رَبَّنَا لَوْلَآ أَرْسَلْتَ إِلَيْنَا رَسُولًا فَنَتَّبِعَ ءَايَٰتِكَ مِن قَبْلِ أَن نَّذِلَّ وَنَخْزَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар Мо ононро пеш аз он [ки паёмбар ва китоби осмонӣ биёяд] бо азобе ҳалок мекардем, ҳатман, [рӯзи қиёмат мушрикон] мегуфтанд: «Парвардигоро, чаро паёмбаре ба сӯямон нафиристодӣ, то пеш аз он ки хору расво шавем, аз оёти Ту пайравӣ кунем?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ كُلٌّ مُّتَرَبِّصٌ فَتَرَبَّصُوا۟ فَسَتَعْلَمُونَ مَنْ أَصْحَٰبُ ٱلصِّرَٰطِ ٱلسَّوِىِّ وَمَنِ ٱهْتَدَىٰ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Ҳама мунтазиранд; пас, шумо [низ] мунтазир бошед. Ба зудӣ хоҳед донист, ки раҳравони роҳи рост чи касоне ҳастанд ва ҳидоятёфта кист»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70