caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Kahf الكهف

110 оят · Макка · тартиби нузул 69

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ ٱلَّذِىٓ أَنزَلَ عَلَىٰ عَبْدِهِ ٱلْكِتَٰبَ وَلَمْ يَجْعَل لَّهُۥ عِوَجَا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамду сипос махсуси Аллоҳ таоло аст, ки Қуръонро бар бандааш [Муҳаммад] нозил кард ва ҳеҷ гуна инҳирофе дар он қарор надод

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَيِّمًا لِّيُنذِرَ بَأْسًا شَدِيدًا مِّن لَّدُنْهُ وَيُبَشِّرَ ٱلْمُؤْمِنِينَ ٱلَّذِينَ يَعْمَلُونَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أَنَّ لَهُمْ أَجْرًا حَسَنًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Китобе] Устувор то [кофиронро] аз азобе сахт аз ҷониби Ӯ [Аллоҳ таоло] бим диҳад ва ба муъминоне, ки корҳои шоиста мекунанд, мужда диҳад, ки подоши накуе барояшон [дар пеш] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَّٰكِثِينَ فِيهِ أَبَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамон биҳиште] ки ҷовидона дар он хоҳанд монад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيُنذِرَ ٱلَّذِينَ قَالُوا۟ ٱتَّخَذَ ٱللَّهُ وَلَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [низ] касонеро, ки гуфтанд: «Аллоҳ таоло фарзанде [барои худ] баргузида аст», бим диҳад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَّا لَهُم بِهِۦ مِنْ عِلْمٍ وَلَا لِـَٔابَآئِهِمْ كَبُرَتْ كَلِمَةً تَخْرُجُ مِنْ أَفْوَٰهِهِمْ إِن يَقُولُونَ إِلَّا كَذِبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterНа худашон ба ин [гуфтори нодуруст] илм [-у яқин] доранд на падаронашон. Сухани бисёр нописандест, ки аз даҳонашон берун меояд [ва] ҷуз дурӯғ намегӯянд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَعَلَّكَ بَٰخِعٌ نَّفْسَكَ عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِمْ إِن لَّمْ يُؤْمِنُوا۟ بِهَٰذَا ٱلْحَدِيثِ أَسَفًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [эй Паёмбар] наздик аст, агар [қавмат ба ин сухан [Қуръон]] имон наёваранд, дар пайи [беимонии] онон худро [аз таассуф ва андӯҳ] ҳалок кунӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّا جَعَلْنَا مَا عَلَى ٱلْأَرْضِ زِينَةً لَّهَا لِنَبْلُوَهُمْ أَيُّهُمْ أَحْسَنُ عَمَلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳақиқат, Мо он чиро, ки рӯйи замин аст, зеваре барои он қарор додаем, то ононро биёзмоем, ки кадомашон накукортаранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّا لَجَٰعِلُونَ مَا عَلَيْهَا صَعِيدًا جُرُزًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Мо [пас аз поёни ҳаёт] он чиро, ки рӯйи замин аст, ба биёбоне хушк ва бегиёҳ табдил хоҳем кард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمْ حَسِبْتَ أَنَّ أَصْحَٰبَ ٱلْكَهْفِ وَٱلرَّقِيمِ كَانُوا۟ مِنْ ءَايَٰتِنَا عَجَبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё пиндоштаӣ, ки [моҷарои] асҳоби Каҳф ва он сангнавишта [ки номашон бар он ҳак шуда буд] аз ҷумлаи нишонаҳои шигифтангез [ва ғайримумкини] Мо будааст?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ أَوَى ٱلْفِتْيَةُ إِلَى ٱلْكَهْفِ فَقَالُوا۟ رَبَّنَآ ءَاتِنَا مِن لَّدُنكَ رَحْمَةً وَهَيِّئْ لَنَا مِنْ أَمْرِنَا رَشَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲангоме ки он ҷавонмардон ба ғор паноҳ бурданд ва гуфтанд: «Парвардигоро, моро аз ҷониби хеш раҳмате арзонӣ дор ва дар кори [ҳиҷрати] мо бароямон ҳидоят ва наҷот фароҳам соз»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَضَرَبْنَا عَلَىٰٓ ءَاذَانِهِمْ فِى ٱلْكَهْفِ سِنِينَ عَدَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, дар он ғор бар гӯшҳояшон то солиёни дароз [пардае аз сукуту оромиш] задем [то ба хоб раванд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ بَعَثْنَٰهُمْ لِنَعْلَمَ أَىُّ ٱلْحِزْبَيْنِ أَحْصَىٰ لِمَا لَبِثُوٓا۟ أَمَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас бедорашон кардем, то бидонем кадом як аз он ду гурӯҳ муддатеро, ки [дар хоб] мондаанд, дурусттар ҳисоб кардааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

نَّحْنُ نَقُصُّ عَلَيْكَ نَبَأَهُم بِٱلْحَقِّ إِنَّهُمْ فِتْيَةٌ ءَامَنُوا۟ بِرَبِّهِمْ وَزِدْنَٰهُمْ هُدًى

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Мо достони ононро, ба дурустӣ, бароят бозгӯ мекунем. Онон ҷавононе [шоиста] буданд, ки ба Парвардигорашон имон оварда буданд ва Мо [низ] бар ҳидояташон афзудем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَرَبَطْنَا عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ إِذْ قَامُوا۟ فَقَالُوا۟ رَبُّنَا رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ لَن نَّدْعُوَا۟ مِن دُونِهِۦٓ إِلَٰهًا لَّقَدْ قُلْنَآ إِذًا شَطَطًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дилҳояшонро [бар имон] устувор сохтем, он гоҳ ки [дар баробари подшоҳи кофир] қиём карданд ва гуфтанд: «Парвардигори мо парвардигори осмонҳо ва замин аст; ва ҳаргиз ҷуз ӯ маъбудеро намепарастем, ки он гоҳ [агар чунин кунем] сухане газофу нораво гуфтаем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هَٰٓؤُلَآءِ قَوْمُنَا ٱتَّخَذُوا۟ مِن دُونِهِۦٓ ءَالِهَةً لَّوْلَا يَأْتُونَ عَلَيْهِم بِسُلْطَٰنٍۭ بَيِّنٍ فَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ ٱفْتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Сипас ба ҳамфикронашон гуфтанд:] «Ин қавми мо [ки] ба ҷои Ӯ [Аллоҳ таоло] маъбудоне [дигар] баргузидаанд, чаро далели ошкоре бар [ҳаққонияти] онон намеоваранд? Пас, кист ситамгортар аз он ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ баст [ва барояш шарик қоил шуд]?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذِ ٱعْتَزَلْتُمُوهُمْ وَمَا يَعْبُدُونَ إِلَّا ٱللَّهَ فَأْوُۥٓا۟ إِلَى ٱلْكَهْفِ يَنشُرْ لَكُمْ رَبُّكُم مِّن رَّحْمَتِهِۦ وَيُهَيِّئْ لَكُم مِّنْ أَمْرِكُم مِّرْفَقًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чун аз онон ва аз он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастанд, канорагирӣ кардед, пас, ба ғор паноҳ бибаред, то Парвардигоратон аз [сояи] раҳмати хеш бар шумо бигустаронад ва дар коратон [осоишу] кушоише падид оварад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَتَرَى ٱلشَّمْسَ إِذَا طَلَعَت تَّزَٰوَرُ عَن كَهْفِهِمْ ذَاتَ ٱلْيَمِينِ وَإِذَا غَرَبَت تَّقْرِضُهُمْ ذَاتَ ٱلشِّمَالِ وَهُمْ فِى فَجْوَةٍ مِّنْهُ ذَٰلِكَ مِنْ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ مَن يَهْدِ ٱللَّهُ فَهُوَ ٱلْمُهْتَدِ وَمَن يُضْلِلْ فَلَن تَجِدَ لَهُۥ وَلِيًّا مُّرْشِدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй Муҳаммад, агар он ҷо будӣ] хуршедро медидӣ, ки вақте тулуъ мекунад, ба самти рост [-и ғор] мутамоил мегардад ва вақте ғуруб мекунад, аз самти чапи онон дур мешуд [ва гармо озорашон намедод]; ва онон дар маҳалле густарда аз он [ғор] буданд. Ин аз нишонаҳои [қудрати] Аллоҳ таоло аст. Ҳар киро Аллоҳ таоло ҳидоят кунад, пас, ӯ ҳидоятёфта [-и воқеӣ] аст ва ҳар киро гумроҳ кунад, ҳаргиз дӯст [ва] роҳнамое барояш намеёбӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَتَحْسَبُهُمْ أَيْقَاظًا وَهُمْ رُقُودٌ وَنُقَلِّبُهُمْ ذَاتَ ٱلْيَمِينِ وَذَاتَ ٱلشِّمَالِ وَكَلْبُهُم بَٰسِطٌ ذِرَاعَيْهِ بِٱلْوَصِيدِ لَوِ ٱطَّلَعْتَ عَلَيْهِمْ لَوَلَّيْتَ مِنْهُمْ فِرَارًا وَلَمُلِئْتَ مِنْهُمْ رُعْبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [агар ба онҳо нигоҳ мекардӣ] мепиндоштӣ, бедоранд; дар ҳоле ки [бо чашмони боз] хуфта буданд; ва Мо ононро ба паҳлуи росту чап мегардондем [то баданашон осеб набинад]; ва сагашон бар остонаи ғор [нишаста ва ба ҳолати посбонӣ] дастҳояшро кушода буд. Агар [нигоҳашон мекардӣ ва] аз ҳолашон огоҳ мешудӣ, ҳатман, [аз ваҳшат] фирор мекардӣ ва дилат аз тарси онон лабрез мешуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَذَٰلِكَ بَعَثْنَٰهُمْ لِيَتَسَآءَلُوا۟ بَيْنَهُمْ قَالَ قَآئِلٌ مِّنْهُمْ كَمْ لَبِثْتُمْ قَالُوا۟ لَبِثْنَا يَوْمًا أَوْ بَعْضَ يَوْمٍ قَالُوا۟ رَبُّكُمْ أَعْلَمُ بِمَا لَبِثْتُمْ فَٱبْعَثُوٓا۟ أَحَدَكُم بِوَرِقِكُمْ هَٰذِهِۦٓ إِلَى ٱلْمَدِينَةِ فَلْيَنظُرْ أَيُّهَآ أَزْكَىٰ طَعَامًا فَلْيَأْتِكُم بِرِزْقٍ مِّنْهُ وَلْيَتَلَطَّفْ وَلَا يُشْعِرَنَّ بِكُمْ أَحَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳамчунон [ки хобашон кардем] ононро [аз хоб] бедор намудем, то байни худ аз якдигар суол кунанд. Яке аз онон гуфт: «Чи муддат дар хоб мондед?» [Бақия] Гуфтанд: «Як рӯз ё бахше аз як рӯз». [Саранҷом] Гуфтанд: «Парвардигоратон донотар аст, ки чи қадар [дар ин ҳолат] мондаед. Пас, [акнун] як нафар аз худатонро бо ин сикка[-ҳоя]-тон ба шаҳр бифиристед, то бубинад, кадом як аз [фурушандагони он ҷо косибӣ ва] ғизояш покизатар аст ва аз [назди] ӯ ғизое бароятон биёварад; ва бояд [дар рафтуомаду харид пинҳонкорӣ ва] зиракӣ намояд ва ҳеҷ касро аз [ҳоли] шумо огоҳ насозад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّهُمْ إِن يَظْهَرُوا۟ عَلَيْكُمْ يَرْجُمُوكُمْ أَوْ يُعِيدُوكُمْ فِى مِلَّتِهِمْ وَلَن تُفْلِحُوٓا۟ إِذًا أَبَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, агар онон [маконатонро бидонанд ва] бар шумо даст ёбанд, сангсоратон мекунанд ё шуморо ба оини хеш бозмегардонанд ва дар он сурат, ҳаргиз растагор нахоҳед шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَذَٰلِكَ أَعْثَرْنَا عَلَيْهِمْ لِيَعْلَمُوٓا۟ أَنَّ وَعْدَ ٱللَّهِ حَقٌّ وَأَنَّ ٱلسَّاعَةَ لَا رَيْبَ فِيهَآ إِذْ يَتَنَٰزَعُونَ بَيْنَهُمْ أَمْرَهُمْ فَقَالُوا۟ ٱبْنُوا۟ عَلَيْهِم بُنْيَٰنًا رَّبُّهُمْ أَعْلَمُ بِهِمْ قَالَ ٱلَّذِينَ غَلَبُوا۟ عَلَىٰٓ أَمْرِهِمْ لَنَتَّخِذَنَّ عَلَيْهِم مَّسْجِدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бад-ин гуна [мардуми он сарзамин]-ро аз ҳоли онон огоҳ кардем, то бидонанд, ки ваъдаи Аллоҳ таоло [дар бораи ёрии муъминон ва барангехтани мурдагон] росту дуруст аст ва ин ки дар [фаро расидани] қиёмат тардиде нест. Ҳангоме ки [мардуми шаҳр] байни худ [дар бораи он ҷавонмардони мутаваффо] дучори ихтилоф шуданд, пас, гурӯҳе гуфтанд: «Деворе бар [вуруди] он [ғор] бисозед. Парвардигорашон ба ҳоли онон огоҳтар аст». Бархе дигар, ки [ноогоҳ буданд ва нуфузу] қудрат доштанд, гуфтанд: «[Ба нишонаи бузургдошт] Бар [ғори] эшон парастишгоҳе месозем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

سَيَقُولُونَ ثَلَٰثَةٌ رَّابِعُهُمْ كَلْبُهُمْ وَيَقُولُونَ خَمْسَةٌ سَادِسُهُمْ كَلْبُهُمْ رَجْمًۢا بِٱلْغَيْبِ وَيَقُولُونَ سَبْعَةٌ وَثَامِنُهُمْ كَلْبُهُمْ قُل رَّبِّىٓ أَعْلَمُ بِعِدَّتِهِم مَّا يَعْلَمُهُمْ إِلَّا قَلِيلٌ فَلَا تُمَارِ فِيهِمْ إِلَّا مِرَآءً ظَٰهِرًا وَلَا تَسْتَفْتِ فِيهِم مِّنْهُمْ أَحَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Дар бораи теъдодашон] Хоҳанд, гуфт: «Се нафар буданд ва чаҳорумини онон сагашон буд». Ва [гурӯҳе] мегӯянд: «Панҷ нафар буданд ва шашумини онон сагашон буд» - [ки албатта] ҳама аз рӯи ҳадс ва гумон аст – ва [гурӯҳе] мегӯянд: «Ҳафт нафар буданд ва ҳаштумини онон сагашон буд». Бигӯ: «Парвадигорам аз теъдоди онон огоҳтар аст [ва] ҷуз гурӯҳе андак теъдодашонро касе намедонад. Пас, дар бораи онон гуфтугӯе мухтасар [ва баҳсе ором ва гузаро] дошта бош ва дар бораи онон аз ҳеҷ кас суол накун

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَقُولَنَّ لِشَا۟ىْءٍ إِنِّى فَاعِلٌ ذَٰلِكَ غَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳаргиз дар мавриди коре нагӯ: «Фардо онро анҷом медиҳам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ وَٱذْكُر رَّبَّكَ إِذَا نَسِيتَ وَقُلْ عَسَىٰٓ أَن يَهْدِيَنِ رَبِّى لِأَقْرَبَ مِنْ هَٰذَا رَشَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар ин ки [бигӯӣ] «Иншоаллоҳ»; ва ҳар гоҳ фаромӯш кардӣ, [бо гуфтани ин лафз] Парвардигоратро ёд кун ва бигӯ: «Умедворам Парвардигорам маро ба роҳе раҳнамун гардад, ки аз ин [роҳ] ба ҳидоят [ва салоҳ] наздиктар бошад»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَبِثُوا۟ فِى كَهْفِهِمْ ثَلَٰثَ مِا۟ئَةٍ سِنِينَ وَٱزْدَادُوا۟ تِسْعًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа онон [асҳоби Каҳф] сесад сол дар ғорашон [дар ҳолати хоб] монданд ва нуҳ сол [низ] бар он афзуданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلِ ٱللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا لَبِثُوا۟ لَهُۥ غَيْبُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ أَبْصِرْ بِهِۦ وَأَسْمِعْ مَا لَهُم مِّن دُونِهِۦ مِن وَلِىٍّ وَلَا يُشْرِكُ فِى حُكْمِهِۦٓ أَحَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Бигӯ: «Аллоҳ таоло аз [муддати] монданашон [дар ғор] огоҳтар аст; ғайби осмонҳо ва замин аз они Ӯст. [Ба ростӣ, ки] Ӯ чи бино ва чи шунаво аст! Онон [ҷаҳониён] ба ҷуз Ӯ ҳеҷ [дӯсту] корсозе надоранд ва Ӯ ҳеҷ касро дар ҳукм [-у фармон]-и хеш шарик намесозад»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱتْلُ مَآ أُوحِىَ إِلَيْكَ مِن كِتَابِ رَبِّكَ لَا مُبَدِّلَ لِكَلِمَٰتِهِۦ وَلَن تَجِدَ مِن دُونِهِۦ مُلْتَحَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй паёмбар] аз китоби Парвардигорат он чиро ба ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Ҳеҷ кас тағйирдиҳандаи суханони Ӯ [Аллоҳ таоло] нест ва ҳаргиз паноҳгоҳе ҷуз Ӯ намеёбӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱصْبِرْ نَفْسَكَ مَعَ ٱلَّذِينَ يَدْعُونَ رَبَّهُم بِٱلْغَدَوٰةِ وَٱلْعَشِىِّ يُرِيدُونَ وَجْهَهُۥ وَلَا تَعْدُ عَيْنَاكَ عَنْهُمْ تُرِيدُ زِينَةَ ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا وَلَا تُطِعْ مَنْ أَغْفَلْنَا قَلْبَهُۥ عَن ذِكْرِنَا وَٱتَّبَعَ هَوَىٰهُ وَكَانَ أَمْرُهُۥ فُرُطًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа худро [бар мусоҳибат] бо касоне ҳамроҳ [ва шикебо] гардон, ки Парвардигорашонро бомдод ва шомгоҳ мехонанд [ва бо он ки фақиранд, танҳо] ризояти Ӯро мехоҳанд; ва ҳаргиз чашмонатро аз онон барнагардон, то зеварҳои дунё [ва ҳамнишинӣ бо ашроф ва қудратмандон]-ро бихоҳӣ ва [ҳамчунин] аз касе пайравӣ накун, ки дилашро аз ёди хеш ғофил сохтаем ва аз ҳавои нафси хеш пайравӣ карда ва кораш табоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقُلِ ٱلْحَقُّ مِن رَّبِّكُمْ فَمَن شَآءَ فَلْيُؤْمِن وَمَن شَآءَ فَلْيَكْفُرْ إِنَّآ أَعْتَدْنَا لِلظَّٰلِمِينَ نَارًا أَحَاطَ بِهِمْ سُرَادِقُهَا وَإِن يَسْتَغِيثُوا۟ يُغَاثُوا۟ بِمَآءٍ كَٱلْمُهْلِ يَشْوِى ٱلْوُجُوهَ بِئْسَ ٱلشَّرَابُ وَسَآءَتْ مُرْتَفَقًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «[Ин Қуръон сухани] Ҳақ аст аз ҷониби Парвардигоратон; пас, ҳар ки мехоҳад, имон оварад ва ҳар ки мехоҳад, кофир шавад». Мо барои ситамгорон оташе омода кардаем, ки саропардаҳояш ононро аз ҳар сӯ фаро мегирад; ва агар [дар талаби об] фарёдрасе биҷӯянд, бо обе ҳамчун миси гудохта ба фарёдашон мерасанд; [обе, ки ҳарораташ] чеҳраҳоро бирён мекунад. Чи бад нушиданӣ ва чи бад ҷойгаҳе аст!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ إِنَّا لَا نُضِيعُ أَجْرَ مَنْ أَحْسَنَ عَمَلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом додаанд [ба яқин, бидонанд, ки] Мо подоши касеро, ки кори накӯ карда бошад, ҳаргиз табоҳ намекунем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أُو۟لَٰٓئِكَ لَهُمْ جَنَّٰتُ عَدْنٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهِمُ ٱلْأَنْهَٰرُ يُحَلَّوْنَ فِيهَا مِنْ أَسَاوِرَ مِن ذَهَبٍ وَيَلْبَسُونَ ثِيَابًا خُضْرًا مِّن سُندُسٍ وَإِسْتَبْرَقٍ مُّتَّكِـِٔينَ فِيهَا عَلَى ٱلْأَرَآئِكِ نِعْمَ ٱلثَّوَابُ وَحَسُنَتْ مُرْتَفَقًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнонанд, ки биҳиштҳои ҷовидонӣ доранд, ки [аз зери дарахтони] онҳо ҷӯйборҳо ҷорӣ аст. Дар он ҷо бо дастбандҳои заррин ороста мешаванд ва ҷомаҳои [фохири] сабзранг аз ҳарири нозук ва ҳарири захим бар тан мекунанд, дар ҳоле ки бар тахтҳо такя задаанд. Чи подоши шоиста ва чи наку ҷойгоҳе аст!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱضْرِبْ لَهُم مَّثَلًا رَّجُلَيْنِ جَعَلْنَا لِأَحَدِهِمَا جَنَّتَيْنِ مِنْ أَعْنَٰبٍ وَحَفَفْنَٰهُمَا بِنَخْلٍ وَجَعَلْنَا بَيْنَهُمَا زَرْعًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй Паёмбар] барои онон мисоле бизан: ду мард [кофир ва муъмин], ки барои яке аз онон [ки кофир аст] ду боғи ангур қарор додем ва перомуни он ду [боғ]-ро бо дарахтони нахл пӯшонидем ва миёни он киштзоре [пурбор] ниҳодем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كِلْتَا ٱلْجَنَّتَيْنِ ءَاتَتْ أُكُلَهَا وَلَمْ تَظْلِم مِّنْهُ شَيْـًٔا وَفَجَّرْنَا خِلَٰلَهُمَا نَهَرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар ду боғ мева медод ва чизе аз он намекост; ва миёни он ду [боғ] наҳре бузург ҷорӣ кардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَانَ لَهُۥ ثَمَرٌ فَقَالَ لِصَٰحِبِهِۦ وَهُوَ يُحَاوِرُهُۥٓ أَنَا۠ أَكْثَرُ مِنكَ مَالًا وَأَعَزُّ نَفَرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ [соҳиби боғ] меваҳое [бисёр ва даромаде фаровон] дошт; пас, ба дӯсти худ, ки бо ӯ гуфтугӯ мекард, гуфт: «Сарвати ман аз ту бештар аст ва аз лиҳози хонавода [ва нафарон] аз ту тавонмандтарам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَدَخَلَ جَنَّتَهُۥ وَهُوَ ظَالِمٌ لِّنَفْسِهِۦ قَالَ مَآ أَظُنُّ أَن تَبِيدَ هَٰذِهِۦٓ أَبَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ӯ дар ҳоле ба боғи хеш дохил шуд, ки [ба хотири куфру ғурур] дар ҳаққи хеш ситамгор буд; [пас, ба дӯсташ рӯ оварда] гуфт: «Гумон намекунам, ки ин [боғ] ҳаргиз нобуд гардад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَآ أَظُنُّ ٱلسَّاعَةَ قَآئِمَةً وَلَئِن رُّدِدتُّ إِلَىٰ رَبِّى لَأَجِدَنَّ خَيْرًا مِّنْهَا مُنقَلَبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа гумон намекунам, ки қиёмат барпо гардад; ва агар [қиёмате дар кор бошад ва] ба сӯйи Парвардигорам бозгарданда шавам, ҳатман, ҷойгоҳе беҳтар аз ин меёбам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ لَهُۥ صَاحِبُهُۥ وَهُوَ يُحَاوِرُهُۥٓ أَكَفَرْتَ بِٱلَّذِى خَلَقَكَ مِن تُرَابٍ ثُمَّ مِن نُّطْفَةٍ ثُمَّ سَوَّىٰكَ رَجُلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДӯсташ, ки бо вай гуфтугӯ мекард, ба ӯ гуфт: «Оё ба он касе, ки туро аз хок [ва] сипас аз нутфа офарид ва сипас туро марде [комил] сомон дод, кофир шудаӣ?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَّٰكِنَّا۠ هُوَ ٱللَّهُ رَبِّى وَلَآ أُشْرِكُ بِرَبِّىٓ أَحَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАммо ман [мегӯям:] Ӯ Аллоҳ таоло парвардигори ман аст ва ҳеҷ касро бо Парвардигорам шарик намедонам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْلَآ إِذْ دَخَلْتَ جَنَّتَكَ قُلْتَ مَا شَآءَ ٱللَّهُ لَا قُوَّةَ إِلَّا بِٱللَّهِ إِن تَرَنِ أَنَا۠ أَقَلَّ مِنكَ مَالًا وَوَلَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВақте вориди боғат шудӣ, чаро нагуфтӣ, ҳар чи Аллоҳ таоло бихоҳад [ҳамон мешавад] ва ҳеҷ неруе ҷуз ба [таъйиди] Аллоҳ таоло нест? Агар мебинӣ ман аз назари молу фарзанд аз ту камтарам [муҳим нест]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَعَسَىٰ رَبِّىٓ أَن يُؤْتِيَنِ خَيْرًا مِّن جَنَّتِكَ وَيُرْسِلَ عَلَيْهَا حُسْبَانًا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ فَتُصْبِحَ صَعِيدًا زَلَقًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЧи басо Парвардигорам [чизе] беҳтар аз боғи ту ба ман бидиҳад ва аз осмон чунон азобе [оташбор] бар боғат фурӯ борад, ки [табдил ба замин] бегиёҳи лағжандае гардад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوْ يُصْبِحَ مَآؤُهَا غَوْرًا فَلَن تَسْتَطِيعَ لَهُۥ طَلَبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЁ обаш дар [аъмоқи замин чунон] фурӯ равад, ки ҳаргиз натавонӣ ба он даст биёбӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأُحِيطَ بِثَمَرِهِۦ فَأَصْبَحَ يُقَلِّبُ كَفَّيْهِ عَلَىٰ مَآ أَنفَقَ فِيهَا وَهِىَ خَاوِيَةٌ عَلَىٰ عُرُوشِهَا وَيَقُولُ يَٰلَيْتَنِى لَمْ أُشْرِكْ بِرَبِّىٓ أَحَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Саранҷом азоби илоҳӣ фаро расид] Ва тамоми меваҳояшро дар бар гирифт [ва нобуд шуд]. Ва ӯ ба хотири харҷҳое, ки cарфи он ҷо карда буд, пайваста дастҳояшро [аз пушаймонӣ ва андӯҳ] бар ҳам мезад ва дар ҳоле ки дорбаст ва чуббандҳояш фурӯ рехта буд, мегуфт: «Эй кош [дар парастиш] касеро шарики Парвардигорам қарор надода будам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَمْ تَكُن لَّهُۥ فِئَةٌ يَنصُرُونَهُۥ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَمَا كَانَ مُنتَصِرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ӯ [ки ба хондани худ меболид, инак] гурӯҳе надошт, ки дар баробари [азоби] Аллоҳ таоло ёриаш кунанд ва худ [низ] ёрикунандаи хеш набуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُنَالِكَ ٱلْوَلَٰيَةُ لِلَّهِ ٱلْحَقِّ هُوَ خَيْرٌ ثَوَابًا وَخَيْرٌ عُقْبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн ҷо [собит шуд, ки ёрӣ ва] корсозӣ аз они [Парвардигори] ҳақ аст. Ӯ подоши [ибодаташ] беҳтар аст ва саранҷоми [бандагони муъминаш] накутар

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱضْرِبْ لَهُم مَّثَلَ ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا كَمَآءٍ أَنزَلْنَٰهُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ فَٱخْتَلَطَ بِهِۦ نَبَاتُ ٱلْأَرْضِ فَأَصْبَحَ هَشِيمًا تَذْرُوهُ ٱلرِّيَٰحُ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ مُّقْتَدِرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй Паёмбар, фанопазирии] зиндагии дунёро ба обе масал бизан, ки аз осмон фурӯ фиристодем ва ба василаи он гиёҳи замин [сарсабз шуд ва] дар ҳам омехт; сипас [чунон] хушку шикаста шуд, ки бодҳо [ба ҳар сӯ] парокандааш мегардонад; ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلْمَالُ وَٱلْبَنُونَ زِينَةُ ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا وَٱلْبَٰقِيَٰتُ ٱلصَّٰلِحَٰتُ خَيْرٌ عِندَ رَبِّكَ ثَوَابًا وَخَيْرٌ أَمَلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМолу фарзандон зинати зиндагии дунёст ва некиҳои пойдор [рафтору гуфтори шоиста] назди Парвардигорат подошаш беҳтар аст, умед доштан [ба савобаш] накутар

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَوْمَ نُسَيِّرُ ٱلْجِبَالَ وَتَرَى ٱلْأَرْضَ بَارِزَةً وَحَشَرْنَٰهُمْ فَلَمْ نُغَادِرْ مِنْهُمْ أَحَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ёд кун аз] рӯзе, ки кӯҳҳоро ба ҳаракат дармеоварем ва заминро ошкор [ва ҳамвор] мебинӣ ва ҳама [махлуқот]-ро ҷамъ мекунем ва ҳеҷ як аз ононро [ба ҳоли худ] раҳо намекунем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَعُرِضُوا۟ عَلَىٰ رَبِّكَ صَفًّا لَّقَدْ جِئْتُمُونَا كَمَا خَلَقْنَٰكُمْ أَوَّلَ مَرَّةٍۭ بَلْ زَعَمْتُمْ أَلَّن نَّجْعَلَ لَكُم مَّوْعِدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ҳамагӣ] сафкашида бар Парвардигорат арза мешаванд [ва ба онон мегӯянд:] «Бе тардид, чунон ки нахустин бор шуморо офаридем, [имрӯз низ танҳо ва побараҳна] назди Мо омадед; балки мепиндоштед, ки ҳаргиз ваъдагоҳе бароятон қарор намедиҳем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَوُضِعَ ٱلْكِتَٰبُ فَتَرَى ٱلْمُجْرِمِينَ مُشْفِقِينَ مِمَّا فِيهِ وَيَقُولُونَ يَٰوَيْلَتَنَا مَالِ هَٰذَا ٱلْكِتَٰبِ لَا يُغَادِرُ صَغِيرَةً وَلَا كَبِيرَةً إِلَّآ أَحْصَىٰهَا وَوَجَدُوا۟ مَا عَمِلُوا۟ حَاضِرًا وَلَا يَظْلِمُ رَبُّكَ أَحَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа нома [-и аъмол дар миён] ниҳода мешавад; пас, гунаҳкоронро мебинӣ, ки аз он чи дар он [нома] аст, тарсон ва нигаронанд ва мегӯянд: «Эй вой бар мо! Ин чи номае аст, ки ҳеҷ [гуфтору рафтори] кучак ва бузургро раҳо накардааст, магар ин ки онро дар шумор овардааст?» Ва ҳар чи кардаанд, ҳозир меёбанд ва Парвардигорат ба ҳеҷ касе ситам намекунад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلَٰٓئِكَةِ ٱسْجُدُوا۟ لِـَٔادَمَ فَسَجَدُوٓا۟ إِلَّآ إِبْلِيسَ كَانَ مِنَ ٱلْجِنِّ فَفَسَقَ عَنْ أَمْرِ رَبِّهِۦٓ أَفَتَتَّخِذُونَهُۥ وَذُرِّيَّتَهُۥٓ أَوْلِيَآءَ مِن دُونِى وَهُمْ لَكُمْ عَدُوٌّۢ بِئْسَ لِلظَّٰلِمِينَ بَدَلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ёд кун аз] ҳангоме ки ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам саҷда кунед»; пас, [ҳама] саҷда карданд, магар Иблис, ки аз ҷин буд ва аз фармони Парвардигораш сар печид. Пас, [эй мардум] оё ба ҷойи Ман ӯ ва фарзандонашро дӯстон [-и худ] мегиред, ҳол он ки онон душманатон ҳастанд? Ситамгорон [-и мушрик барои Аллоҳ таоло] чи бад ҷойгузине доранд!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَّآ أَشْهَدتُّهُمْ خَلْقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَلَا خَلْقَ أَنفُسِهِمْ وَمَا كُنتُ مُتَّخِذَ ٱلْمُضِلِّينَ عَضُدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМан ононро [ки мушрикона ба парастиш мегиред] на ҳангоми офариниши осмону замин ба гувоҳӣ гирифтам ва на ҳангоми офариниши худашон; ва ман ҳаргиз гумроҳгаронро ёру мададгори [хеш] нагирифтаам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَوْمَ يَقُولُ نَادُوا۟ شُرَكَآءِىَ ٱلَّذِينَ زَعَمْتُمْ فَدَعَوْهُمْ فَلَمْ يَسْتَجِيبُوا۟ لَهُمْ وَجَعَلْنَا بَيْنَهُم مَّوْبِقًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ёд кун аз] рӯзе, ки Аллоҳ таоло [ба мушрикон] мефармояд: «Шариконеро, ки барои ман мепиндоштед, фаро бихонед [то шуморо аз азоб бираҳонанд]; пас, онҳоро мехонанд, вале посухашонро намедиҳанд; ва Мо дар миёни ин ду гурӯҳ маҳлакае [аз оташи дузах] қарор додаем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَرَءَا ٱلْمُجْرِمُونَ ٱلنَّارَ فَظَنُّوٓا۟ أَنَّهُم مُّوَاقِعُوهَا وَلَمْ يَجِدُوا۟ عَنْهَا مَصْرِفًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа гунаҳгорон оташ [-и дузах]-ро мебинанд ва ба яқин дармеёбанд, ки дар он хоҳанд афтод ва аз он ҷо ҳеҷ роҳи бозгаште надоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ صَرَّفْنَا فِى هَٰذَا ٱلْقُرْءَانِ لِلنَّاسِ مِن كُلِّ مَثَلٍ وَكَانَ ٱلْإِنسَٰنُ أَكْثَرَ شَىْءٍ جَدَلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба ростӣ, дар ин Қуръон барои мардум аз ҳар гуна масале овардем; ва[-ле] инсон беш аз ҳар чизе ба ситез [ва чунучаро] мепардозад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا مَنَعَ ٱلنَّاسَ أَن يُؤْمِنُوٓا۟ إِذْ جَآءَهُمُ ٱلْهُدَىٰ وَيَسْتَغْفِرُوا۟ رَبَّهُمْ إِلَّآ أَن تَأْتِيَهُمْ سُنَّةُ ٱلْأَوَّلِينَ أَوْ يَأْتِيَهُمُ ٱلْعَذَابُ قُبُلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чизе мардумро бознадошт, ки вақте ҳидоят [паёмбар ва Қуръон] ба сӯяшон омад, имон биёваранд ва аз Парвардигорашон омурзиш бихоҳанд, магар ин ки [аз рӯи лаҷоҷат мехостанд] суннати [Аллоҳ таоло дар мавриди азоби] пешиниён бар [сари] онон [низ] биёяд ё азоби рӯ дар рӯ ба онон бирасад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا نُرْسِلُ ٱلْمُرْسَلِينَ إِلَّا مُبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَ وَيُجَٰدِلُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ بِٱلْبَٰطِلِ لِيُدْحِضُوا۟ بِهِ ٱلْحَقَّ وَٱتَّخَذُوٓا۟ ءَايَٰتِى وَمَآ أُنذِرُوا۟ هُزُوًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа мо паёмбаронро ҷуз башоратгар ва бимдиҳанда намефиристем ва касоне, ки куфр варзиданд, ба [суханони беҳуда ва] ботил ситеза мекунанд, то ба василаи он ҳақ [Қуръон]-ро поймол кунанд ва [муъҷизоту] оёти ман ва он чиро, ки ба он бим дода шудаанд, ба тамасхур гирифтанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن ذُكِّرَ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِۦ فَأَعْرَضَ عَنْهَا وَنَسِىَ مَا قَدَّمَتْ يَدَاهُ إِنَّا جَعَلْنَا عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ أَكِنَّةً أَن يَفْقَهُوهُ وَفِىٓ ءَاذَانِهِمْ وَقْرًا وَإِن تَدْعُهُمْ إِلَى ٱلْهُدَىٰ فَلَن يَهْتَدُوٓا۟ إِذًا أَبَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКист ситамгортар аз он ки ба оёти Парвардигораш панд дода шавад, вале аз он рӯ бигардонад ва корҳои [зишти] гузаштаашро фаромӯш кунад? Мо бар дилҳояшон пардаҳое афкандаем, то [паёми ҳақ]-ро дарнаёбанд ва дар гӯшҳояшон сангинӣ [ниҳодаем, то сухани ҳақро нашнаванд]; ва агар ононро ба сӯи ҳидоят бихонӣ, ҳаргиз ҳидоят намешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَرَبُّكَ ٱلْغَفُورُ ذُو ٱلرَّحْمَةِ لَوْ يُؤَاخِذُهُم بِمَا كَسَبُوا۟ لَعَجَّلَ لَهُمُ ٱلْعَذَابَ بَل لَّهُم مَّوْعِدٌ لَّن يَجِدُوا۟ مِن دُونِهِۦ مَوْئِلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Парвардигорат омурзанда ва дорои раҳмат [фаровон] аст. Агар онон [кофирон]-ро ба [сазои] он чи кардаанд, бозхост мекард, ҳатман, дар азобашон шитоб менамуд; [аммо чунин намекунад] балки онон мавъиде доранд, ки ҳаргиз аз он гурезе нахоҳанд дошт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَتِلْكَ ٱلْقُرَىٰٓ أَهْلَكْنَٰهُمْ لَمَّا ظَلَمُوا۟ وَجَعَلْنَا لِمَهْلِكِهِم مَّوْعِدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо [сокинони] он шаҳрҳоро ҳангоме ҳалок намудем, ки [ба хотири куфру гуноҳ] ба худ ситам карданд ва барои ҳалокаташон мавъиде таъйин кардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِفَتَىٰهُ لَآ أَبْرَحُ حَتَّىٰٓ أَبْلُغَ مَجْمَعَ ٱلْبَحْرَيْنِ أَوْ أَمْضِىَ حُقُبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ёд кун аз] Ҳангоме ки Мӯсо ба [хидматкори] ҷавони худ [Юшаъ ибни Нун] гуфт: «Ҳамчунон хоҳам рафт, то ба маҳалли бархурди ду дарё бирасам ё барои муддати тулонӣ роҳ бипаймоям [то бандаи дурусткоре биёбам ва нодонистаҳоямро аз ӯ биёмӯзам]»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا بَلَغَا مَجْمَعَ بَيْنِهِمَا نَسِيَا حُوتَهُمَا فَٱتَّخَذَ سَبِيلَهُۥ فِى ٱلْبَحْرِ سَرَبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, чун ба маҳалли бархурди ду дарё расиданд, моҳии худро [ки барои хӯрдан ҳамроҳ доштанд] фаромӯш карданд [пас, Аллоҳ таоло онро зинда кард ва ба об андохт] ва моҳӣ роҳи худро дар дарё пеш гирифт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا جَاوَزَا قَالَ لِفَتَىٰهُ ءَاتِنَا غَدَآءَنَا لَقَدْ لَقِينَا مِن سَفَرِنَا هَٰذَا نَصَبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳангоме ки [ба роҳ афтоданд ва аз он ҷо] гузаштанд, [Мӯсо] ба [хидматкори] ҷавони худ гуфт: «Ғизоямонро биёвар, ки аз ин сафар бисёр хаста шудаем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ أَرَءَيْتَ إِذْ أَوَيْنَآ إِلَى ٱلصَّخْرَةِ فَإِنِّى نَسِيتُ ٱلْحُوتَ وَمَآ أَنسَىٰنِيهُ إِلَّا ٱلشَّيْطَٰنُ أَنْ أَذْكُرَهُۥ وَٱتَّخَذَ سَبِيلَهُۥ فِى ٱلْبَحْرِ عَجَبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Юшаъ] Гуфт: «Ба ёд дорӣ, ҳангоме ки [барои истироҳат] ба канори он тахтасанг ҷой гирифтем, ман [дар он ҷо достони зинда шудани] моҳиро фаромӯш кардам [ки бо ту бигӯям] ва ҷуз шайтон [касе] маро аз ёдоварии он [достон] ба фаромӯшӣ наандохт ва моҳӣ ба тарзе шигифтовар роҳашро дар дарё пеш гирифт»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ ذَٰلِكَ مَا كُنَّا نَبْغِ فَٱرْتَدَّا عَلَىٰٓ ءَاثَارِهِمَا قَصَصًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мӯсо] Гуфт: «Он ҳамон чизест, ки мехостем [ва ҷойгоҳи он бандаи накукор ҳамон ҷост]». Пас, ҷустуҷӯкунон пайи пои худро гирифтанд [ва аз ҳамон роҳ] бозгаштанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَوَجَدَا عَبْدًا مِّنْ عِبَادِنَآ ءَاتَيْنَٰهُ رَحْمَةً مِّنْ عِندِنَا وَعَلَّمْنَٰهُ مِن لَّدُنَّا عِلْمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [дар он ҷо] бандае аз бандагони мо [Хизр]-ро ёфтанд, ки аз ҷониби хеш ба ӯ раҳмате дода будем ва аз назди худ ба вай донише омӯхта будем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ لَهُۥ مُوسَىٰ هَلْ أَتَّبِعُكَ عَلَىٰٓ أَن تُعَلِّمَنِ مِمَّا عُلِّمْتَ رُشْدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМӯсо ба ӯ гуфт: «Оё [иҷозат медиҳӣ] ҳамроҳат биёям, то аз он чи ба ту омӯхта шуда ва мояи ҳидояту иршод аст ба ман биёмӯзӣ?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ إِنَّكَ لَن تَسْتَطِيعَ مَعِىَ صَبْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Хизр] Гуфт: «Ту ҳаргиз наметавонӣ, [дар итоат ва ҳамроҳӣ] ҳамроҳи ман шикебоӣ кунӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَيْفَ تَصْبِرُ عَلَىٰ مَا لَمْ تُحِطْ بِهِۦ خُبْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чи гуна бар [анҷоми] коре, ки ба [рози] он огоҳ нестӣ, шикебоӣ мекунӣ?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ سَتَجِدُنِىٓ إِن شَآءَ ٱللَّهُ صَابِرًا وَلَآ أَعْصِى لَكَ أَمْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мӯсо] Гуфт: «Иншоаллоҳ шикебо хоҳам буд ва дар ҳеҷ коре аз ту нофармонӣ намекунам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ فَإِنِ ٱتَّبَعْتَنِى فَلَا تَسْـَٔلْنِى عَن شَىْءٍ حَتَّىٰٓ أُحْدِثَ لَكَ مِنْهُ ذِكْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Хизр] Гуфт: «Пас, агар бо ман ҳамроҳ шудӣ, дар бораи ҳеҷ чиз аз ман суол накун, то худ бо ту дар борааш сухане бигӯям»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱنطَلَقَا حَتَّىٰٓ إِذَا رَكِبَا فِى ٱلسَّفِينَةِ خَرَقَهَا قَالَ أَخَرَقْتَهَا لِتُغْرِقَ أَهْلَهَا لَقَدْ جِئْتَ شَيْـًٔا إِمْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, он ду ба роҳ афтоданд, то он ки савори киштӣ шуданд. [Хизр] Киштиро сӯрох кард. [Мӯсо] гуфт: «Онро сӯрох кардӣ, то сарнишинонашро ғарқ кунӣ? Ростӣ, чи кори норавое кардӣ!»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ أَلَمْ أَقُلْ إِنَّكَ لَن تَسْتَطِيعَ مَعِىَ صَبْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Хизр] Гуфт: «Оё нагуфтам, ту ҳаргиз наметавонӣ бо ман шикебоӣ кунӣ?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ لَا تُؤَاخِذْنِى بِمَا نَسِيتُ وَلَا تُرْهِقْنِى مِنْ أَمْرِى عُسْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мӯсо] гуфт: «Ба хотири он чи фаромӯш кардам, сарзанишам накун ва дар корам бар ман сахт нагир»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱنطَلَقَا حَتَّىٰٓ إِذَا لَقِيَا غُلَٰمًا فَقَتَلَهُۥ قَالَ أَقَتَلْتَ نَفْسًا زَكِيَّةًۢ بِغَيْرِ نَفْسٍ لَّقَدْ جِئْتَ شَيْـًٔا نُّكْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ба роҳ афтоданд, то ҳангоме ки ба навҷавоне расиданд ва [Хизр] ӯро кушт. [Мӯсо] гуфт: «Шахси [бегуноҳу] покеро куштӣ [он ҳам] бидуни ин ки касеро кушта бошад? Воқеан, кори нописанде кардӣ!»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ أَلَمْ أَقُل لَّكَ إِنَّكَ لَن تَسْتَطِيعَ مَعِىَ صَبْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterХизр гуфт: «Ба ту нагуфтам, ки ҳаргиз наметавонӣ бо ман шикебоӣ кунӣ?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ إِن سَأَلْتُكَ عَن شَىْءٍۭ بَعْدَهَا فَلَا تُصَٰحِبْنِى قَدْ بَلَغْتَ مِن لَّدُنِّى عُذْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМӯсо гуфт: «Агар аз ин пас чизе аз ту пурсидам, дигар бо ман ҳамроҳӣ накун ва аз ҷониби ман, ҳатман, маъзур хоҳӣ буд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱنطَلَقَا حَتَّىٰٓ إِذَآ أَتَيَآ أَهْلَ قَرْيَةٍ ٱسْتَطْعَمَآ أَهْلَهَا فَأَبَوْا۟ أَن يُضَيِّفُوهُمَا فَوَجَدَا فِيهَا جِدَارًا يُرِيدُ أَن يَنقَضَّ فَأَقَامَهُۥ قَالَ لَوْ شِئْتَ لَتَّخَذْتَ عَلَيْهِ أَجْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ба роҳ афтоданд, то ба аҳли шаҳре расиданд [ва] аз онон ғизо хостанд; [аммо онон] аз меҳмон кардани эшон худдорӣ карданд. Сипас дар он ҷо деворе ёфтанд, ки мехост фурӯ бирезад ва [Хизр] онро росту устувор кард. [Мӯсо] Гуфт: «Агар мехостӣ, [метавонистӣ] барои он [кор аз онон] музде бигирӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ هَٰذَا فِرَاقُ بَيْنِى وَبَيْنِكَ سَأُنَبِّئُكَ بِتَأْوِيلِ مَا لَمْ تَسْتَطِع عَّلَيْهِ صَبْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Хизр] Гуфт: «Ин ки замони ҷудоии ману ту фаро расидааст. Ба зудӣ туро аз тавзеҳ [ва далели] он чи ки натавонистӣ дар баробараш шикебоӣ кунӣ, огоҳ хоҳам сохт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمَّا ٱلسَّفِينَةُ فَكَانَتْ لِمَسَٰكِينَ يَعْمَلُونَ فِى ٱلْبَحْرِ فَأَرَدتُّ أَنْ أَعِيبَهَا وَكَانَ وَرَآءَهُم مَّلِكٌ يَأْخُذُ كُلَّ سَفِينَةٍ غَصْبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАммо он киштӣ аз они бенавоёне буд, ки дар дарё кор мекарданд; пас, хостам маъюбаш кунам; [зеро] пеши роҳашон [дар дарё] подшоҳе [ситамгор] буд, ки ҳар киштии [солиме]-ро ба зӯр мегирифт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَمَّا ٱلْغُلَٰمُ فَكَانَ أَبَوَاهُ مُؤْمِنَيْنِ فَخَشِينَآ أَن يُرْهِقَهُمَا طُغْيَٰنًا وَكُفْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аммо он навҷавон падару модараш муъмин буданд; пас, тарсидем, ки он дуро ба саркашӣ ва куфр во дорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَرَدْنَآ أَن يُبْدِلَهُمَا رَبُّهُمَا خَيْرًا مِّنْهُ زَكَوٰةً وَأَقْرَبَ رُحْمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАз ин рӯ, хостем, ки Парвардигорашон ба ҷойи ӯ [фарзанди] поктару меҳрубонтаре ба онҳо ато фармояд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَمَّا ٱلْجِدَارُ فَكَانَ لِغُلَٰمَيْنِ يَتِيمَيْنِ فِى ٱلْمَدِينَةِ وَكَانَ تَحْتَهُۥ كَنزٌ لَّهُمَا وَكَانَ أَبُوهُمَا صَٰلِحًا فَأَرَادَ رَبُّكَ أَن يَبْلُغَآ أَشُدَّهُمَا وَيَسْتَخْرِجَا كَنزَهُمَا رَحْمَةً مِّن رَّبِّكَ وَمَا فَعَلْتُهُۥ عَنْ أَمْرِى ذَٰلِكَ تَأْوِيلُ مَا لَمْ تَسْطِع عَّلَيْهِ صَبْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аммо он девор барои ба ду писарбачаи ятим дар он шаҳр буд ва зери он ганҷе буд, ки ба он ду тааллуқ дошт ва падарашон [низ] марде дурусткор буд; пас, Парвардигорат хост, ки онон ба ҳадди булуғ бирасанд ва ганҷи хешро [аз зери он девор] берун оваранд. Ин раҳмате аз ҷониби Парвардигори ту буд ва ман ин [корҳо]-ро худсарона накардам, ин буд тавзеҳ [ва далели] корҳое, ки натавонистӣ дар баробараш шикебоӣ кунӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَسْـَٔلُونَكَ عَن ذِى ٱلْقَرْنَيْنِ قُلْ سَأَتْلُوا۟ عَلَيْكُم مِّنْهُ ذِكْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй Паёмбар, мушрикону яҳудиён] дар бораи «Зу-л-қарнайн» аз ту мепурсанд; бигӯ: «Ба зудӣ чизе аз саргузашти ӯ бароятон хоҳам хонд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّا مَكَّنَّا لَهُۥ فِى ٱلْأَرْضِ وَءَاتَيْنَٰهُ مِن كُلِّ شَىْءٍ سَبَبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо дар замин ба ӯ қудрату ҳукумат додем ва василаи [расидан ба] ҳар чизеро дар ихтиёраш ниҳодем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَتْبَعَ سَبَبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ӯ [аз ин] васоил [барои расидан ба аҳдофаш] истифода кард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

حَتَّىٰٓ إِذَا بَلَغَ مَغْرِبَ ٱلشَّمْسِ وَجَدَهَا تَغْرُبُ فِى عَيْنٍ حَمِئَةٍ وَوَجَدَ عِندَهَا قَوْمًا قُلْنَا يَٰذَا ٱلْقَرْنَيْنِ إِمَّآ أَن تُعَذِّبَ وَإِمَّآ أَن تَتَّخِذَ فِيهِمْ حُسْنًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Рӯзе дар замин ба роҳ афтод] То ба маҳалли ғуруби хуршед расид. [Чунин ба назараш расид] Ки хуршед дар чашмае гарм ва гилолуд ғуруб мекунад ва дар [наздикии он ҷо қавме [кофир]] ёфт. [Ба ӯ] Гуфтем: «Эй Зулқарнайн, ё [ононро] муҷозот мекунӣ ё дар миёнашон [рафтори] накуе пеш мегирӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ أَمَّا مَن ظَلَمَ فَسَوْفَ نُعَذِّبُهُۥ ثُمَّ يُرَدُّ إِلَىٰ رَبِّهِۦ فَيُعَذِّبُهُۥ عَذَابًا نُّكْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Зулқарнайн] Гуфт: «Аммо касеро, ки ситам карда [ва ширк варзида] аст, муҷозот хоҳем кард, сипас ба сӯйи Парвардигораш бозгардонида мешавад, он гоҳ ӯро ба азобе бисёр сахт муҷозот хоҳад кард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَمَّا مَنْ ءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحًا فَلَهُۥ جَزَآءً ٱلْحُسْنَىٰ وَسَنَقُولُ لَهُۥ مِنْ أَمْرِنَا يُسْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аммо касе, ки имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, пас, [дар охират] накутарин подош [биҳишт]-ро хоҳад дошт ва бо мулоимат [ва меҳрубонӣ] бо вай сухан хоҳем гуфт»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ أَتْبَعَ سَبَبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас [Зулқарнайн] аз васоили [худ] истифода кард [ва ба сӯйи машриқ рафт]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

حَتَّىٰٓ إِذَا بَلَغَ مَطْلِعَ ٱلشَّمْسِ وَجَدَهَا تَطْلُعُ عَلَىٰ قَوْمٍ لَّمْ نَجْعَل لَّهُم مِّن دُونِهَا سِتْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо он ки ба ҷойгоҳи баромадани хуршед расид. [Дар он ҷо хуршедро] Дид, ки бар мардумоне тулуъ мекунад, ки дар баробари он [нуру гармои офтоб] барояшон пӯшише қарор надода будем [на сарпаноҳе на сояи дарахте]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَذَٰلِكَ وَقَدْ أَحَطْنَا بِمَا لَدَيْهِ خُبْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Кори Зулқарнайн] Инчунин, буд ва Мо ба он чи ӯ дар ихтиёр дошт [ва анҷом медод], комилан огоҳ будем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ أَتْبَعَ سَبَبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас [Зулқарнайн] аз имконот [-и худ] истифода кард [ва ба ҷойе байни шарқу ғарб рафт]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

حَتَّىٰٓ إِذَا بَلَغَ بَيْنَ ٱلسَّدَّيْنِ وَجَدَ مِن دُونِهِمَا قَوْمًا لَّا يَكَادُونَ يَفْقَهُونَ قَوْلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ӯ ҳамчунон рафт] То ба [дарае] миёни ду кӯҳ расид ва дар канори он ду [кӯҳ] мардумеро ёфт, ки сухане [ба ҷуз забони худро] намефаҳмиданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ يَٰذَا ٱلْقَرْنَيْنِ إِنَّ يَأْجُوجَ وَمَأْجُوجَ مُفْسِدُونَ فِى ٱلْأَرْضِ فَهَلْ نَجْعَلُ لَكَ خَرْجًا عَلَىٰٓ أَن تَجْعَلَ بَيْنَنَا وَبَيْنَهُمْ سَدًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Онон] Гуфтанд: «Эй Зулқарнайн, Яъҷуҷу Маъҷуҷ дар ин сарзамин [табаҳкорӣ ва] фасод мекунанд. Пас, оё [мумкин аст] харҷе дар ихтиёр қарор диҳем, то миёни мо ва онон садде бисозӣ?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ مَا مَكَّنِّى فِيهِ رَبِّى خَيْرٌ فَأَعِينُونِى بِقُوَّةٍ أَجْعَلْ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُمْ رَدْمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ гуфт: «Он чи [аз қудрату сарват] ки Парвардигорам дар он ба ман тавоноӣ додааст [аз он чи арза мекунед], беҳтар аст; пас, маро бо неру [-и инсонӣ] ёрӣ кунед, [то] миёни шумо ва онон садде муҳками устувор созем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ءَاتُونِى زُبَرَ ٱلْحَدِيدِ حَتَّىٰٓ إِذَا سَاوَىٰ بَيْنَ ٱلصَّدَفَيْنِ قَالَ ٱنفُخُوا۟ حَتَّىٰٓ إِذَا جَعَلَهُۥ نَارًا قَالَ ءَاتُونِىٓ أُفْرِغْ عَلَيْهِ قِطْرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲатман, пораҳои оҳан бароям биёваред [ва рӯйи ҳам бичинед]», то вақте комилан миёни ду кӯҳро баробар сохт [ва пӯшонд. Сипас] гуфт: «[Дар атрофи девораи оҳанин оташ бияфрӯзед ва] дар он бидамед». [Онон чунин карданд] То вақте он [пораҳои оҳан]-ро гудохта кард; [сипас] гуфт: «[Акнун] миси обшуда бароям биёваред, то рӯйи он [девор] бирезам».

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَمَا ٱسْطَٰعُوٓا۟ أَن يَظْهَرُوهُ وَمَا ٱسْتَطَٰعُوا۟ لَهُۥ نَقْبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [Яъҷуҷу Маъҷуҷ] дигар натавонистанд аз он боло раванд ва [ҳатто] натавонистанд сӯрохе дар он эҷод кунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ هَٰذَا رَحْمَةٌ مِّن رَّبِّى فَإِذَا جَآءَ وَعْدُ رَبِّى جَعَلَهُۥ دَكَّآءَ وَكَانَ وَعْدُ رَبِّى حَقًّا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Он гоҳ Зулқарнайн] Гуфт: «Ин [сад] аз раҳмати Парвардигори ман аст [ва то Аллоҳ таоло бихоҳад, боқӣ мемонад]; аммо ҳангоме ки ваъдаи Парвардигорам фаро расад, онро дарҳам мекӯбад ва ваъдаи Парвардигорам ҳақ аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَتَرَكْنَا بَعْضَهُمْ يَوْمَئِذٍ يَمُوجُ فِى بَعْضٍ وَنُفِخَ فِى ٱلصُّورِ فَجَمَعْنَٰهُمْ جَمْعًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар он рӯз [ки ҷаҳон поён мепазирад] ононро [чунон] раҳо мекунем, ки [аз фаровонии ҷамъият] дар ҳам меомезанд ва [ҳамин, ки] дар сур дамида шуд, ҳамаро [дар як ҷо] ҷамъ мекунем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَعَرَضْنَا جَهَنَّمَ يَوْمَئِذٍ لِّلْكَٰفِرِينَ عَرْضًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он рӯз дузахро ошкоро бар кофирон арза медорем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ كَانَتْ أَعْيُنُهُمْ فِى غِطَآءٍ عَن ذِكْرِى وَكَانُوا۟ لَا يَسْتَطِيعُونَ سَمْعًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамон] Касоне, ки чашмонашон аз ёди ман дар парда [-и ғафлат] буд ва тавони шунидан [-и оёти илоҳиро] надоштанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَفَحَسِبَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ أَن يَتَّخِذُوا۟ عِبَادِى مِن دُونِىٓ أَوْلِيَآءَ إِنَّآ أَعْتَدْنَا جَهَنَّمَ لِلْكَٰفِرِينَ نُزُلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё касоне, ки куфр варзиданд, пиндоштаанд, ки [метавонанд] ба ҷойи ман бандагонамро корсоз [ва дӯсти худ] бигиранд? Бе тардид, Мо дузахро барои кофирон ҷойгоҳи пазироӣ сохтаем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ هَلْ نُنَبِّئُكُم بِٱلْأَخْسَرِينَ أَعْمَٰلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Бигӯ: «[Мехоҳед] Шуморо аз зиёнкортарин [мардум] дар корҳо огоҳ созам?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ ضَلَّ سَعْيُهُمْ فِى ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا وَهُمْ يَحْسَبُونَ أَنَّهُمْ يُحْسِنُونَ صُنْعًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки талошашон дар зиндагии дунё табоҳ гаштааст ва худ мепиндорад, ки кори наку мекунанд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أُو۟لَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمْ وَلِقَآئِهِۦ فَحَبِطَتْ أَعْمَٰلُهُمْ فَلَا نُقِيمُ لَهُمْ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ وَزْنًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон касоне ҳастанд, ки ба оёти Парвардигорашон ва дидори Ӯ [дар охират] кофир шуданд; пас, корҳояшон табоҳ гашт ва рӯзи қиёмат барояшон [ҳеҷ қадру] арзише қоил намешавем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَٰلِكَ جَزَآؤُهُمْ جَهَنَّمُ بِمَا كَفَرُوا۟ وَٱتَّخَذُوٓا۟ ءَايَٰتِى وَرُسُلِى هُزُوًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИнчунин аст, ки ба хотири куфре, ки варзидаанд ва оёту паёмбарони Маро ба тамасхур гирифтаанд подошашон дузах аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ كَانَتْ لَهُمْ جَنَّٰتُ ٱلْفِرْدَوْسِ نُزُلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, касоне, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста анҷом додаанд, боғҳои [биҳишти] барин манзилгоҳашон хоҳад буд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

خَٰلِدِينَ فِيهَا لَا يَبْغُونَ عَنْهَا حِوَلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҶовидона дар он хоҳанд монд ва ҳаргиз аз он ҷо ба ҷойи дигаре гароиш надоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُل لَّوْ كَانَ ٱلْبَحْرُ مِدَادًا لِّكَلِمَٰتِ رَبِّى لَنَفِدَ ٱلْبَحْرُ قَبْلَ أَن تَنفَدَ كَلِمَٰتُ رَبِّى وَلَوْ جِئْنَا بِمِثْلِهِۦ مَدَدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Агар дарё барои [нигориши] калимоти Парвардигорам ранг шавад, пеш аз он ки калимоти Парвардигорам поён ёбад, ҳатман, дарё ба поён мерасад; ҳарчанд [дарёҳое дигар] ҳаммонанди он [дарёро низ] ба кумак биёварем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ إِنَّمَآ أَنَا۠ بَشَرٌ مِّثْلُكُمْ يُوحَىٰٓ إِلَىَّ أَنَّمَآ إِلَٰهُكُمْ إِلَٰهٌ وَٰحِدٌ فَمَن كَانَ يَرْجُوا۟ لِقَآءَ رَبِّهِۦ فَلْيَعْمَلْ عَمَلًا صَٰلِحًا وَلَا يُشْرِكْ بِعِبَادَةِ رَبِّهِۦٓ أَحَدًۢا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ман фақат башаре [одӣ] ҳамчун шумо ҳастам. Ба ман ваҳй мешавад, ки танҳо маъбудатон Аллоҳ таоло яктост; пас, ҳар ки ба дидори Парвардигораш [дар охират] умед дорад, бояд кори шоиста анҷом диҳад ва ҳеҷ касро дар парастиши Парвардигораш шарик насозад»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70