caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи As-Sajda السجدة

30 оят · Макка · тартиби нузул 75

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ الٓمٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАлиф, лом, мим.[1]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

تَنزِيلُ ٱلْكِتَٰبِ لَا رَيْبَ فِيهِ مِن رَّبِّ ٱلْعَٰلَمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterНузули ин китоб, ки дар [ҳаққонияти] он ҳеҷ шакке нест, аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمْ يَقُولُونَ ٱفْتَرَىٰهُ بَلْ هُوَ ٱلْحَقُّ مِن رَّبِّكَ لِتُنذِرَ قَوْمًا مَّآ أَتَىٰهُم مِّن نَّذِيرٍ مِّن قَبْلِكَ لَعَلَّهُمْ يَهْتَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Кофирон] Мегӯянд: «[Муҳаммад] Онро ба дурӯғ [ба Парвардигораш] нисбат медиҳад». [Ҳаргиз чунин нест] Балки он [оёт сухани] ҳаққе аз ҷониби Парвардигори туст, то ба қавме, ки пеш аз ту барояшон [ҳеҷ] бимдиҳандае наомадааст, ҳушдор диҳӣ, бошад, ки ҳидоят шаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱللَّهُ ٱلَّذِى خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا فِى سِتَّةِ أَيَّامٍ ثُمَّ ٱسْتَوَىٰ عَلَى ٱلْعَرْشِ مَا لَكُم مِّن دُونِهِۦ مِن وَلِىٍّ وَلَا شَفِيعٍ أَفَلَا تَتَذَكَّرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло аст, ки осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, дар шаш рӯз офарид, он гоҳ, [ки шоистаи шукӯҳи Ӯст] бар Арш қарор гирифт. Шумо ба ҷуз Ӯ ҳеҷ корсозу шафоатгаре надоред. Оё панд намегиред?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يُدَبِّرُ ٱلْأَمْرَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ إِلَى ٱلْأَرْضِ ثُمَّ يَعْرُجُ إِلَيْهِ فِى يَوْمٍ كَانَ مِقْدَارُهُۥٓ أَلْفَ سَنَةٍ مِّمَّا تَعُدُّونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКор [-и ҷаҳони ҳастӣ]-ро аз осмон то замин тадбир мекунад. Он гоҳ дар рӯзе, ки миқдори он барои шумо [инсонҳо] ҳазор сол аст, [ин корҳо] ба сӯи Ӯ боло меравад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَٰلِكَ عَٰلِمُ ٱلْغَيْبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ ٱلْعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн [Парвардигори шумост] донои пинҳону ошкор, шикастнопазири меҳрубон

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِىٓ أَحْسَنَ كُلَّ شَىْءٍ خَلَقَهُۥ وَبَدَأَ خَلْقَ ٱلْإِنسَٰنِ مِن طِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамон] Касе, ки ҳар чи офарид, ба накутарин [шакл] офарид ва офариниши [нахустини] инсонро аз гил оғоз кард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ جَعَلَ نَسْلَهُۥ مِن سُلَٰلَةٍ مِّن مَّآءٍ مَّهِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас насли ӯро аз чакидаи оби беарзиш падид овард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ سَوَّىٰهُ وَنَفَخَ فِيهِ مِن رُّوحِهِۦ وَجَعَلَ لَكُمُ ٱلسَّمْعَ وَٱلْأَبْصَٰرَ وَٱلْأَفْـِٔدَةَ قَلِيلًا مَّا تَشْكُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ [андоми] ӯро сомон дод ва аз руҳи хеш [руҳе, ки худ офарид] дар вай дамид ва барои шумо [неъмати] гӯшу чашм ва дил қарор дод. Чи андак сипос мегузоред!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوٓا۟ أَءِذَا ضَلَلْنَا فِى ٱلْأَرْضِ أَءِنَّا لَفِى خَلْقٍ جَدِيدٍۭ بَلْ هُم بِلِقَآءِ رَبِّهِمْ كَٰفِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мушрикон] Мегӯянд: «Оё вақте [мурдем ва] дар замин нопадид шудем, офариниши ҷадиде хоҳем ёфт»? Балки онон дидори Парвардигорашонро мункиранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ يَتَوَفَّىٰكُم مَّلَكُ ٱلْمَوْتِ ٱلَّذِى وُكِّلَ بِكُمْ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّكُمْ تُرْجَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] бигӯ: «Фариштаи марг, ки бар шумо гумошта шудааст, ҷонатонро мегирад, он гоҳ ба сӯйи Парвардигоратон бозгардонда мешавед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ تَرَىٰٓ إِذِ ٱلْمُجْرِمُونَ نَاكِسُوا۟ رُءُوسِهِمْ عِندَ رَبِّهِمْ رَبَّنَآ أَبْصَرْنَا وَسَمِعْنَا فَٱرْجِعْنَا نَعْمَلْ صَٰلِحًا إِنَّا مُوقِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чун [дар қиёмат] гунаҳгоронро дар пешгоҳи Парвардигорашон бубинӣ, сар ба зер афкандаанд [ва мегӯянд] «Парвардигоро, [акнун ҳақиқатро] дидем ва шунидем, пас, моро бозгардон, то кори шоистае анҷом диҳем. Бе тардид, мо [ба қиёмат] яқин дорем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ شِئْنَا لَـَٔاتَيْنَا كُلَّ نَفْسٍ هُدَىٰهَا وَلَٰكِنْ حَقَّ ٱلْقَوْلُ مِنِّى لَأَمْلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنَ ٱلْجِنَّةِ وَٱلنَّاسِ أَجْمَعِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар мехостем, ба ҳар касе [тавфиқ ва] ҳидояташро арзонӣ медоштем, вале ин сухан [-у ваъдаи] ман ҳақ аст, ки: «Дузахро аз ҳамаи ҷинниён ва одамиён [-и кофир] анбошта хоҳам кард»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَذُوقُوا۟ بِمَا نَسِيتُمْ لِقَآءَ يَوْمِكُمْ هَٰذَآ إِنَّا نَسِينَٰكُمْ وَذُوقُوا۟ عَذَابَ ٱلْخُلْدِ بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ба онон гуфта мешавад] «Ба сазои он ки дидори имрӯзатонро фаромӯш кардед, [азоби сӯзонро] бичашед. Яқинан, мо [низ] шуморо [дар оташ] раҳо кардаем ва [акнун] ба сазои он чи мекардед, азоби ҷовидонро бичашед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّمَا يُؤْمِنُ بِـَٔايَٰتِنَا ٱلَّذِينَ إِذَا ذُكِّرُوا۟ بِهَا خَرُّوا۟ سُجَّدًا وَسَبَّحُوا۟ بِحَمْدِ رَبِّهِمْ وَهُمْ لَا يَسْتَكْبِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterФақат касоне ба оёти Мо имон меоваранд, ки чун ба онҳо панд дода шавад, ба саҷда меафтанд ва Парвардигорашонро ба покӣ меситоянд ва такаббур намекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

تَتَجَافَىٰ جُنُوبُهُمْ عَنِ ٱلْمَضَاجِعِ يَدْعُونَ رَبَّهُمْ خَوْفًا وَطَمَعًا وَمِمَّا رَزَقْنَٰهُمْ يُنفِقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Дар дили шаб] Аз бистарҳо бармехезанд ва Парвардигорашонро бо биму умед [ба ниёиш] мехонанд ва аз он чи ба онон рӯзӣ додаем, инфоқ мекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَا تَعْلَمُ نَفْسٌ مَّآ أُخْفِىَ لَهُم مِّن قُرَّةِ أَعْيُنٍ جَزَآءًۢ بِمَا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳеҷ кас намедонад, ба [поси] он чи [ин муъминон дар дунё] анҷом медиҳанд, чи [бисёр мояи] равшании чашмҳо барояшон нуҳуфта аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَفَمَن كَانَ مُؤْمِنًا كَمَن كَانَ فَاسِقًا لَّا يَسْتَوُۥنَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [подоши] касе, ки муъмин аст, ҳамчун касест, ки нофармон аст? Ҳаргиз баробар нестанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فَلَهُمْ جَنَّٰتُ ٱلْمَأْوَىٰ نُزُلًۢا بِمَا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАммо касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ҷойгоҳашон боғҳо [-и биҳишт] аст. Подошест ба [поси] он чи мекарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَمَّا ٱلَّذِينَ فَسَقُوا۟ فَمَأْوَىٰهُمُ ٱلنَّارُ كُلَّمَآ أَرَادُوٓا۟ أَن يَخْرُجُوا۟ مِنْهَآ أُعِيدُوا۟ فِيهَا وَقِيلَ لَهُمْ ذُوقُوا۟ عَذَابَ ٱلنَّارِ ٱلَّذِى كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аммо касоне, ки нофармонӣ карданд, ҷойгоҳашон оташ [-и дузах] аст. Ҳар гоҳ бихоҳанд аз он хориҷ шаванд, ба дарунаш бозгардонда мешаванд ва ба онон гуфта мешавад: «Бичашед азоби оташеро, ки ҳамвора дурӯғаш меангоштед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَنُذِيقَنَّهُم مِّنَ ٱلْعَذَابِ ٱلْأَدْنَىٰ دُونَ ٱلْعَذَابِ ٱلْأَكْبَرِ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан пеш аз азоби бузурги [охират] аз азоби наздик [ва сахтиҳои ин дунё] ба онон мечашонем, бошад, ки [ба даргоҳи илоҳӣ] бозгарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن ذُكِّرَ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِۦ ثُمَّ أَعْرَضَ عَنْهَآ إِنَّا مِنَ ٱلْمُجْرِمِينَ مُنتَقِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКист ситамгортар аз он ки ӯро ба оёти Парвардигораш панд дода мешавад, сипас аз он рӯй мегардонад? Бе тардид, Мо аз гунаҳгорон интиқом мегирем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ ءَاتَيْنَا مُوسَى ٱلْكِتَٰبَ فَلَا تَكُن فِى مِرْيَةٍ مِّن لِّقَآئِهِۦ وَجَعَلْنَٰهُ هُدًى لِّبَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо ба Мӯсо китоб [Таврот] додем – пас, [эй паёмбар] аз дидори Ӯ дар тардид набош – ва онро раҳнамуди Бани Исроил гардонидем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَعَلْنَا مِنْهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا لَمَّا صَبَرُوا۟ وَكَانُوا۟ بِـَٔايَٰتِنَا يُوقِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Centerва чун онон [бар ибодат ва дурӣ аз гуноҳ] шикебоӣ мекарданд ва ба оёти Мо яқин доштанд, аз миёнашон пешвоёне баргумоштем, ки ба фармони Мо [мардумро] ҳидоят мекарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ رَبَّكَ هُوَ يَفْصِلُ بَيْنَهُمْ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُوا۟ فِيهِ يَخْتَلِفُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМусалламан, Парвардигори туст, ки рӯзи қиёмат дар мавриди он чи ихтилоф доштанд, миёнашон доварӣ мекунад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوَلَمْ يَهْدِ لَهُمْ كَمْ أَهْلَكْنَا مِن قَبْلِهِم مِّنَ ٱلْقُرُونِ يَمْشُونَ فِى مَسَٰكِنِهِمْ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَٰتٍ أَفَلَا يَسْمَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё барояшон равшан нашудааст, ки чи бисёр наслҳоеро пеш аз онон нобуд кардем, ки [акнун ин кофирон] дар хонаҳои онҳо роҳ мераванд? Ба ростӣ, ки дар ин [азобу нобудӣ] ибратҳост. Оё [боз ҳам сухани ҳақро] намешунаванд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوَلَمْ يَرَوْا۟ أَنَّا نَسُوقُ ٱلْمَآءَ إِلَى ٱلْأَرْضِ ٱلْجُرُزِ فَنُخْرِجُ بِهِۦ زَرْعًا تَأْكُلُ مِنْهُ أَنْعَٰمُهُمْ وَأَنفُسُهُمْ أَفَلَا يُبْصِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё надиданд, ки Мо боронро ба сӯйи замини хушк [ва бегиёҳ] мефиристем ва ба василаи он киштзоре падид меоварем, ки худ ва чаҳорпоёнашон аз он мехӯранд? Оё [нишонаҳои қудрати Аллоҳ таоло бар растохезро] намебинанд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلْفَتْحُ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [кофирон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин доварӣ [миёни мо ва шумо] кай фаро мерасад»?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ يَوْمَ ٱلْفَتْحِ لَا يَنفَعُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ إِيمَٰنُهُمْ وَلَا هُمْ يُنظَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Дар рӯзи доварӣ [ки ҷудоии ҳақ ва ботил аст] имон овардани касоне, ки куфр варзиданд, суде надорад ва ба онон муҳлат [-и тавба] дода намешавад»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَعْرِضْ عَنْهُمْ وَٱنتَظِرْ إِنَّهُم مُّنتَظِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [эй Паёмбар, акнун ки бар ширк пофишорӣ мекунанд] аз эшон рӯй бигардон ва мунтазири [азобашон] бош [ки] бе тардид, онон [низ] мунтазиранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70