caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Luqman لقمان

34 оят · Макка · тартиби нузул 57

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ الٓمٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАлиф, лом, мим.[1]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

تِلْكَ ءَايَٰتُ ٱلْكِتَٰبِ ٱلْحَكِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн оёти китоби ҳаким аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُدًى وَرَحْمَةً لِّلْمُحْسِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ки] Ҳидоят ва раҳмате барои накукорон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ يُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤْتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَهُم بِٱلْـَٔاخِرَةِ هُمْ يُوقِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки намоз барпо медоранд ва закот мепардозанд ва ба охират яқин доранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أُو۟لَٰٓئِكَ عَلَىٰ هُدًى مِّن رَّبِّهِمْ وَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْمُفْلِحُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон аз ҷониби Парвардигорашон аз ҳидояте бархурдоранд ва ононанд, ки растагоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَشْتَرِى لَهْوَ ٱلْحَدِيثِ لِيُضِلَّ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍ وَيَتَّخِذَهَا هُزُوًا أُو۟لَٰٓئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ مُّهِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз мардум касе ҳаст, ки дар пайи сухани ёва аст, то [дигаронро] аз роҳи Аллоҳ таоло гумроҳ созад ва он [оёти равшангар]-ро ба тамасхур мегирад. Онон [ки рафторашон чунин аст], азоби хоркунанда [дар пеш] доранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِ ءَايَٰتُنَا وَلَّىٰ مُسْتَكْبِرًا كَأَن لَّمْ يَسْمَعْهَا كَأَنَّ فِىٓ أُذُنَيْهِ وَقْرًا فَبَشِّرْهُ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳангоме ки оёти Мо бар ӯ хонда мешавад, мутакаббирона рӯй мегардонад, гӯё онро нашнида [ва] гӯё дар гӯшҳояш сангинӣ аст. Пас, ӯро ба азобе дарднок башорат деҳ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمْ جَنَّٰتُ ٱلنَّعِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, боғҳои пурнеъмати [биҳишт] барои эшон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

خَٰلِدِينَ فِيهَا وَعْدَ ٱللَّهِ حَقًّا وَهُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар он ҷо ҷовидонанд. Ваъдаи Аллоҳ таоло рост аст ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ بِغَيْرِ عَمَدٍ تَرَوْنَهَا وَأَلْقَىٰ فِى ٱلْأَرْضِ رَوَٰسِىَ أَن تَمِيدَ بِكُمْ وَبَثَّ فِيهَا مِن كُلِّ دَآبَّةٍ وَأَنزَلْنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً فَأَنۢبَتْنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوْجٍ كَرِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЧунон ки мебинед, [Аллоҳ таоло] осмонҳоро бидуни сутун офарид ва дар замин кӯҳҳои устувор [-у муҳкаме] пайафканад, то [замини] шуморо наларзонад ва аз ҳар гуна ҷунбандае дар он пароканда сохт ва аз осмон обе фиристодем ва аз ҳар [гиёҳ]-и судманде дар он рӯёндем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هَٰذَا خَلْقُ ٱللَّهِ فَأَرُونِى مَاذَا خَلَقَ ٱلَّذِينَ مِن دُونِهِۦ بَلِ ٱلظَّٰلِمُونَ فِى ضَلَٰلٍ مُّبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн офариниши Аллоҳ таоло аст. Инак [эй мушрикон] ба ман нишон диҳед, ки касоне, ки ғайр аз Ӯ ҳастанд [ва шумо мепарастедашон] чи офаридаанд? Балки ситамгорон [мушрикон] дар гумроҳии ошкоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ ءَاتَيْنَا لُقْمَٰنَ ٱلْحِكْمَةَ أَنِ ٱشْكُرْ لِلَّهِ وَمَن يَشْكُرْ فَإِنَّمَا يَشْكُرُ لِنَفْسِهِۦ وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَنِىٌّ حَمِيدٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, Мо ба Луқмон дониш [-и фаҳми дин ва тадбири зиндагӣ] бахшидем [ва ба ӯ гуфтем], ки: Шукри Аллоҳро ба ҷой овар, пас, ҳар ки шукр кунад, танҳо ба суди хеш шукргузоранда аст ва ҳар ки носипосӣ кунад, пас, [бидонад, ки] бе тардид, Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذْ قَالَ لُقْمَٰنُ لِٱبْنِهِۦ وَهُوَ يَعِظُهُۥ يَٰبُنَىَّ لَا تُشْرِكْ بِٱللَّهِ إِنَّ ٱلشِّرْكَ لَظُلْمٌ عَظِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ёд кун аз] он гоҳ ки Луқмон ба писараш [чунин] панд медод: «Писарам, ба Аллоҳ таоло ширк наовар [ва чизеро ҳамтояш қарор мадеҳ, чаро ки] яқинан, ширк ситами бузургест»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَوَصَّيْنَا ٱلْإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيْهِ حَمَلَتْهُ أُمُّهُۥ وَهْنًا عَلَىٰ وَهْنٍ وَفِصَٰلُهُۥ فِى عَامَيْنِ أَنِ ٱشْكُرْ لِى وَلِوَٰلِدَيْكَ إِلَىَّ ٱلْمَصِيرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо инсонро [дар бораи накуӣ] ба падару модараш супориш кардем, [аз он рӯ, ки] модараш ӯро бо нотавонии рӯзафзун бордор шуд ва [даврони ширхорагӣ ва] бозгирифтанаш аз шир ду сол тӯл мекашад. [Ба ӯ гуфтем] Ки: «шукри Ман ва падару модаратро ба ҷо овар, [ки] бозгашт [ҳама] ба сӯйи Ман аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِن جَٰهَدَاكَ عَلَىٰٓ أَن تُشْرِكَ بِى مَا لَيْسَ لَكَ بِهِۦ عِلْمٌ فَلَا تُطِعْهُمَا وَصَاحِبْهُمَا فِى ٱلدُّنْيَا مَعْرُوفًا وَٱتَّبِعْ سَبِيلَ مَنْ أَنَابَ إِلَىَّ ثُمَّ إِلَىَّ مَرْجِعُكُمْ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар он ду [мушрик бошанд ва] талош кунанд, ки ту чизеро шарики Ман қарор диҳӣ, ки нисбат ба он донише надорӣ, пас, аз он ду итоат накун ва дар дунё бо эшон ба шоистагӣ [ва накуӣ] рафтор кун ва аз роҳи касе пайравӣ кун, ки [муваҳҳидона] ба сӯйи Ман бозомадааст. Бозгашти ҳама ба сӯйи Ман аст ва аз он чи мекардед, огоҳатон мекунам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰبُنَىَّ إِنَّهَآ إِن تَكُ مِثْقَالَ حَبَّةٍ مِّنْ خَرْدَلٍ فَتَكُن فِى صَخْرَةٍ أَوْ فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ أَوْ فِى ٱلْأَرْضِ يَأْتِ بِهَا ٱللَّهُ إِنَّ ٱللَّهَ لَطِيفٌ خَبِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Луқмон гуфт] «Писарам, агар [амали нек ё бад] ҳамсанги донаи хардал бошад ва даруни тахтасанге ё дар [гӯшае аз] осмонҳо ё дар замин [нуҳуфта] бошад, Аллоҳ таоло онро [рӯзи қиёмат ба ҳисоб] меоварад. Бе тардид, Аллоҳ таоло борикбини огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰبُنَىَّ أَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ وَأْمُرْ بِٱلْمَعْرُوفِ وَٱنْهَ عَنِ ٱلْمُنكَرِ وَٱصْبِرْ عَلَىٰ مَآ أَصَابَكَ إِنَّ ذَٰلِكَ مِنْ عَزْمِ ٱلْأُمُورِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПисарам, намоз барпо дор ва [мардумро] ба некӣ фармон бидеҳ ва аз нописанд боздор ва бар он чи [ки аз сахтиҳои ин кор] ба ту мерасад, шикебо бош. Бе тардид, ин аз [ҷумлаи корҳоест, ки ниёзманди иродаи қавӣ ва] азми устувор аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تُصَعِّرْ خَدَّكَ لِلنَّاسِ وَلَا تَمْشِ فِى ٱلْأَرْضِ مَرَحًا إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ كُلَّ مُخْتَالٍ فَخُورٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [бо беэътиноӣ] аз мардум рӯй нагардон ва мағрурона дар замин роҳ нарав. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло ҳеҷ мутакаббиру фахрфурӯшеро дӯст намедорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱقْصِدْ فِى مَشْيِكَ وَٱغْضُضْ مِن صَوْتِكَ إِنَّ أَنكَرَ ٱلْأَصْوَٰتِ لَصَوْتُ ٱلْحَمِيرِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [дар манишу рафторат] миёнарав бош ва ба оромӣ сухан бигӯ [на бо садои баланд, чаро ки] ҳатман, зишттарин садо садои харон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَمْ تَرَوْا۟ أَنَّ ٱللَّهَ سَخَّرَ لَكُم مَّا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ وَأَسْبَغَ عَلَيْكُمْ نِعَمَهُۥ ظَٰهِرَةً وَبَاطِنَةً وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يُجَٰدِلُ فِى ٱللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍ وَلَا هُدًى وَلَا كِتَٰبٍ مُّنِيرٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй мардум] Оё надидаед, ки Аллоҳ таоло он чиро дар осмонҳо ва замин аст, ба хидмататон гумошта ва [бахшиши] неъматҳои ошкор ва пинҳони хешро бар шумо тамом кард? [Бо ин ҳол] Аз мардум касе ҳаст, ки бидуни ҳеҷ дониш ва ҳидоят ва китоби равшангаре дар [мавриди] Аллоҳ таоло муҷодала мекунад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱتَّبِعُوا۟ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ قَالُوا۟ بَلْ نَتَّبِعُ مَا وَجَدْنَا عَلَيْهِ ءَابَآءَنَآ أَوَلَوْ كَانَ ٱلشَّيْطَٰنُ يَدْعُوهُمْ إِلَىٰ عَذَابِ ٱلسَّعِيرِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳангоме ки ба онон гуфта мешавад: «Аз он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст, пайравӣ кунед». Мегӯянд: «[На] Балки аз чизе пайравӣ мекунем, ки падаронамонро бар он ёфтем». Оё агар шайтон ононро ба сӯйи азоби [оташи] сӯзон даъват кунад [боз ҳам аз падаронашон пайравӣ мекунанд]?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَن يُسْلِمْ وَجْهَهُۥٓ إِلَى ٱللَّهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ فَقَدِ ٱسْتَمْسَكَ بِٱلْعُرْوَةِ ٱلْوُثْقَىٰ وَإِلَى ٱللَّهِ عَٰقِبَةُ ٱلْأُمُورِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар ки [холисона] ба Аллоҳ таоло рӯ оварад ва накукор бошад, ба ростӣ, ки ба дастовези муҳкаме чанг задааст ва саранҷоми корҳо ба сӯйи Аллоҳ таоло аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَن كَفَرَ فَلَا يَحْزُنكَ كُفْرُهُۥٓ إِلَيْنَا مَرْجِعُهُمْ فَنُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُوٓا۟ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар ки куфр варзад, куфраш туро ғамгин насозад. Бозгашти онон ба сӯи Мост, он гоҳ аз он чи кардаанд, огоҳашон месозем. Бе тардид, Аллоҳ таоло аз [рози] дилҳо огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

نُمَتِّعُهُمْ قَلِيلًا ثُمَّ نَضْطَرُّهُمْ إِلَىٰ عَذَابٍ غَلِيظٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон [кофирон]-ро андаке [аз неъматҳои дунё] баҳраманд месозем, он гоҳ ба таҳаммули азобе сахт дучорашон мекунем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَئِن سَأَلْتَهُم مَّنْ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُ قُلِ ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар аз мушрикон бипурсӣ: Чи касе осмонҳо ва заминро офаридааст?», қатъан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло». Бигӯ: Сипос [-у ситоиш] махсуси Аллоҳ таоло аст [ки шуморо аз ин ҳақиқат огоҳ намуд]», балки бештарашон намедонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لِلَّهِ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلْغَنِىُّ ٱلْحَمِيدُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст. Бе тардид, Аллоҳ таоло бениёзу сутуда аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ أَنَّمَا فِى ٱلْأَرْضِ مِن شَجَرَةٍ أَقْلَٰمٌ وَٱلْبَحْرُ يَمُدُّهُۥ مِنۢ بَعْدِهِۦ سَبْعَةُ أَبْحُرٍ مَّا نَفِدَتْ كَلِمَٰتُ ٱللَّهِ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар [ҳамаи] дарахтони рӯи замин қалам шавад ва дарё [ранг гардад] ва ҳафт дарёи дигар ба ёриашон биёяд [то дониши илоҳиро бинависанд], суханони Аллоҳ таоло поён намеёбад. Бе тардид, Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَّا خَلْقُكُمْ وَلَا بَعْثُكُمْ إِلَّا كَنَفْسٍ وَٰحِدَةٍ إِنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌۢ بَصِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй мардум] Офариниш ва барангехтани шумо [дар қиёмат] ҳамчун як нафар беш нест. Бе тардид, Аллоҳ таоло шунавову биност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَمْ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ يُولِجُ ٱلَّيْلَ فِى ٱلنَّهَارِ وَيُولِجُ ٱلنَّهَارَ فِى ٱلَّيْلِ وَسَخَّرَ ٱلشَّمْسَ وَٱلْقَمَرَ كُلٌّ يَجْرِىٓ إِلَىٰٓ أَجَلٍ مُّسَمًّى وَأَنَّ ٱللَّهَ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё надидӣ, ки Аллоҳ таоло аз шаб мекоҳад ва бар рӯз меафзояд ва аз рӯз мекоҳад ва бар шаб меафзояд ва хуршеду моҳро ба хидмат [-и инсон] гумоштааст, ки ҳар як то замоне муайян дар [мадори худ] равон бошад? Бе тардид, Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلْحَقُّ وَأَنَّ مَا يَدْعُونَ مِن دُونِهِ ٱلْبَٰطِلُ وَأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلْعَلِىُّ ٱلْكَبِيرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн [тақдиру тадбир] аз он рӯст, ки Аллоҳ таоло ҳақ аст ва он чи ҷуз Ӯ мехонанд, [ҳама] ботил аст ва Аллоҳ таоло аст, ки баландмартаба [ва] бузург аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَمْ تَرَ أَنَّ ٱلْفُلْكَ تَجْرِى فِى ٱلْبَحْرِ بِنِعْمَتِ ٱللَّهِ لِيُرِيَكُم مِّنْ ءَايَٰتِهِۦٓ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَٰتٍ لِّكُلِّ صَبَّارٍ شَكُورٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё надидӣ, ки киштиҳо ба [фармону] неъмати Аллоҳ таоло дар дарё равонанд, то бархе аз нишонаҳои хешро ба шумо бинамояд? Бе тардид, дар ин амр барои ҳар шикебои сипосгузор нишонаҳое [аз қудрату лутфи Парвардигор] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا غَشِيَهُم مَّوْجٌ كَٱلظُّلَلِ دَعَوُا۟ ٱللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ فَلَمَّا نَجَّىٰهُمْ إِلَى ٱلْبَرِّ فَمِنْهُم مُّقْتَصِدٌ وَمَا يَجْحَدُ بِـَٔايَٰتِنَآ إِلَّا كُلُّ خَتَّارٍ كَفُورٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он гоҳ ки мавҷи кӯҳпайкаре ононро иҳота мекунад, Аллоҳро дар ҳоли холисона мехонанд, ки дин [-у парастиш]-ро танҳо вижаи Ӯ медонанд. Он гоҳ чун ононро [аз марг] раҳонад ва ба хушкӣ расонад, бархе аз эшон миёнарав [мешаванд, вале чунон ки бояд, сипос намегузоранд, дар ҳоле ки бархе дигар носипосанд] ва оёти Моро касе ҷуз паймоншиканони носипос инкор намекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ٱتَّقُوا۟ رَبَّكُمْ وَٱخْشَوْا۟ يَوْمًا لَّا يَجْزِى وَالِدٌ عَن وَلَدِهِۦ وَلَا مَوْلُودٌ هُوَ جَازٍ عَن وَالِدِهِۦ شَيْـًٔا إِنَّ وَعْدَ ٱللَّهِ حَقٌّ فَلَا تَغُرَّنَّكُمُ ٱلْحَيَوٰةُ ٱلدُّنْيَا وَلَا يَغُرَّنَّكُم بِٱللَّهِ ٱلْغَرُورُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй мардум, аз Парвардигоратон парво кунед ва аз рӯзе битарсед, ки на ҳеҷ падаре барои фарзандаш суде дорад ва на ҳеҷ фарзанде судрасони падар аст. Яқинан, ваъдаи Аллоҳ таоло [дар мавриди қиёмат] ҳақиқат дорад. Пас, [ҳушёр бошед, ки лаззатҳои] зиндагии дунёӣ шуморо нафиребад ва шайтон нисбат ба [таъхири азоб ва шикебоии] Аллоҳ таоло фиребатон надиҳад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱللَّهَ عِندَهُۥ عِلْمُ ٱلسَّاعَةِ وَيُنَزِّلُ ٱلْغَيْثَ وَيَعْلَمُ مَا فِى ٱلْأَرْحَامِ وَمَا تَدْرِى نَفْسٌ مَّاذَا تَكْسِبُ غَدًا وَمَا تَدْرِى نَفْسٌۢ بِأَىِّ أَرْضٍ تَمُوتُ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٌۢ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, огоҳӣ [аз замони вуқуи] қиёмат [танҳо] назди Аллоҳ таоло аст ва [Ӯст, ки] борон нозил мекунад ва он чиро, ки дар раҳимҳост, медонад ва касе намедонад, фардо чи ба даст меоварад ва ҳеҷ кас огоҳ нест, ки дар кадом сарзамин мемирад. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло донову огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70