caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Ahzaab الأحزاب

73 оят · Мадина · тартиби нузул 90

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِىُّ ٱتَّقِ ٱللَّهَ وَلَا تُطِعِ ٱلْكَٰفِرِينَ وَٱلْمُنَٰفِقِينَ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلِيمًا حَكِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй Паёмбар, аз Аллоҳ таоло парво кун ва аз кофирон ва мунофиқон итоат накун. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора донои ҳаким аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱتَّبِعْ مَا يُوحَىٰٓ إِلَيْكَ مِن رَّبِّكَ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз он чи аз ҷониби Парвардигорат ба ту ваҳй мешавад пайравӣ кун. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора ба он чи мекунед, огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَتَوَكَّلْ عَلَى ٱللَّهِ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ وَكِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бар Аллоҳ таоло таваккал кун ва ҳамин басанда аст, ки Аллоҳ таоло корсози ту бошад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَّا جَعَلَ ٱللَّهُ لِرَجُلٍ مِّن قَلْبَيْنِ فِى جَوْفِهِۦ وَمَا جَعَلَ أَزْوَٰجَكُمُ ٱلَّٰٓـِٔى تُظَٰهِرُونَ مِنْهُنَّ أُمَّهَٰتِكُمْ وَمَا جَعَلَ أَدْعِيَآءَكُمْ أَبْنَآءَكُمْ ذَٰلِكُمْ قَوْلُكُم بِأَفْوَٰهِكُمْ وَٱللَّهُ يَقُولُ ٱلْحَقَّ وَهُوَ يَهْدِى ٱلسَّبِيلَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло даруни ҳеҷ марде ду қалб барояш наниҳодааст ва [ба ҳамин сурат] ҳаргиз ҳамсаронатонро ки мавриди зиҳор [ва таҳрими ҷинсӣ] қарор медиҳед, [ҳамчун] модаронатон нагардондааст; ва [ҳамчунин] писархондаҳоятонро писаронатон насохтааст. Ин сухани [нодуруст] аст, ки бар забон меоваред ва Аллоҳ таоло ҳақро мегӯяд ва Ӯст, ки ба роҳи рост ҳидоят мекунад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱدْعُوهُمْ لِـَٔابَآئِهِمْ هُوَ أَقْسَطُ عِندَ ٱللَّهِ فَإِن لَّمْ تَعْلَمُوٓا۟ ءَابَآءَهُمْ فَإِخْوَٰنُكُمْ فِى ٱلدِّينِ وَمَوَٰلِيكُمْ وَلَيْسَ عَلَيْكُمْ جُنَاحٌ فِيمَآ أَخْطَأْتُم بِهِۦ وَلَٰكِن مَّا تَعَمَّدَتْ قُلُوبُكُمْ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورًا رَّحِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон [писархондаҳо]-ро ба падаронашон нисбат диҳед, [ки] назди Аллоҳ таоло одилонатар аст. Агар падаронашонро намешиносед, пас, онҳо бародарони динӣ ва бардагони озодшуда [ва дар ҳукми дӯстони] шумо ҳастанд. Дар мавриди он чи [қаблан] иштибоҳ кардаед, гуноҳе бар шумо нест; вале он чи дилҳоятон қасди онро дорад [ва амдан бар забон меоваред, гуноҳ аст; пас, агар тавба кунед] ҳамвора Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلنَّبِىُّ أَوْلَىٰ بِٱلْمُؤْمِنِينَ مِنْ أَنفُسِهِمْ وَأَزْوَٰجُهُۥٓ أُمَّهَٰتُهُمْ وَأُو۟لُوا۟ ٱلْأَرْحَامِ بَعْضُهُمْ أَوْلَىٰ بِبَعْضٍ فِى كِتَٰبِ ٱللَّهِ مِنَ ٱلْمُؤْمِنِينَ وَٱلْمُهَٰجِرِينَ إِلَّآ أَن تَفْعَلُوٓا۟ إِلَىٰٓ أَوْلِيَآئِكُم مَّعْرُوفًا كَانَ ذَٰلِكَ فِى ٱلْكِتَٰبِ مَسْطُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПаёмбар [дар тамоми умур] нисбат ба муъминон, аз худашон сазовортар аст [ва назар ва хосташ авлавият дорад] ва ҳамсарони ӯ [аз лиҳози ҳурмати издивоҷ дар ҳукм] модаронашон ҳастанд; ва дар китоби Аллоҳ таоло, хешовандон [дар ирс бурдан аз якдигар] нисбат ба муъмином ва муҳоҷирон авлавият доранд [ва милоки ирс, хешовандӣ аст на имон]; магар ин ки [бихоҳед] ба дӯстонатон некӣ кунед [ва бахше аз амволатонро ба эшон бидиҳед]. Ин [ҳукм] дар он китоб [Лавҳи маҳфуз] навишта шудааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذْ أَخَذْنَا مِنَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ مِيثَٰقَهُمْ وَمِنكَ وَمِن نُّوحٍ وَإِبْرَٰهِيمَ وَمُوسَىٰ وَعِيسَى ٱبْنِ مَرْيَمَ وَأَخَذْنَا مِنْهُم مِّيثَٰقًا غَلِيظًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй Паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки аз паёмбарон паймон [яктопарастӣ ва нубувват] гирифтем ва [ба вижа] аз ту ва Нуҳ ва Иброҳим ва Мӯсо ва Исо- писари Марям; ва аз ҳамаи онон паймони маҳкаме [дар бораи таблиғи дин] гирифтем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لِّيَسْـَٔلَ ٱلصَّٰدِقِينَ عَن صِدْقِهِمْ وَأَعَدَّ لِلْكَٰفِرِينَ عَذَابًا أَلِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло чунин кард] то [бо кофирон итмоми ҳуҷҷат карда бошад ва] аз ростгӯён [паёмбарон] дар бораи ростиашон бипурсад ва барои кофирон азобе дарднок муҳайё кардааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ٱذْكُرُوا۟ نِعْمَةَ ٱللَّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ جَآءَتْكُمْ جُنُودٌ فَأَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ رِيحًا وَجُنُودًا لَّمْ تَرَوْهَا وَكَانَ ٱللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред; он гоҳ ки сипоҳиёне [аз қабоили араб] ба сӯятон омаданд. Пас, Мо тундбоде [сахт] ва лашкаре [аз фариштагон] ки онҳоро намедидед, бар онон фиристодем [ва ба сахти шикасташон додем]; ва ҳамвора Аллоҳ таоло ба он чи мекунед биност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ جَآءُوكُم مِّن فَوْقِكُمْ وَمِنْ أَسْفَلَ مِنكُمْ وَإِذْ زَاغَتِ ٱلْأَبْصَٰرُ وَبَلَغَتِ ٱلْقُلُوبُ ٱلْحَنَاجِرَ وَتَظُنُّونَ بِٱللَّهِ ٱلظُّنُونَا۠

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВақте [дар ғазваи Хандақ] душманон аз боло ва поён [ва аз шарқ ва ғарби шаҳр] ба сӯятон омаданд [ва Мадинаро муҳосира карданд]; он гоҳ ки чашмҳо [ба фаровонии душман] хира гашта ва ҷонҳо [аз шиддат ва ваҳшат] ба гулугоҳ расида буд ва шумо ба Аллоҳ таоло гумонҳо [-и гуногун] мебурдед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُنَالِكَ ٱبْتُلِىَ ٱلْمُؤْمِنُونَ وَزُلْزِلُوا۟ زِلْزَالًا شَدِيدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнҷо буд, ки муъминон озмоиш шуданд ва шадидан ба ваҳшат ва изтироб афтоданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذْ يَقُولُ ٱلْمُنَٰفِقُونَ وَٱلَّذِينَ فِى قُلُوبِهِم مَّرَضٌ مَّا وَعَدَنَا ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥٓ إِلَّا غُرُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [низ ба ёд оваред] ҳангоме ки мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ [шак ва тардид] буд, мегуфтанд: «Он чи Аллоҳ таоло ва Паёмбараш [дар бораи пирӯзӣ бар кофирон] ваъда додаанд, ҷуз фиребе беш нест»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذْ قَالَت طَّآئِفَةٌ مِّنْهُمْ يَٰٓأَهْلَ يَثْرِبَ لَا مُقَامَ لَكُمْ فَٱرْجِعُوا۟ وَيَسْتَـْٔذِنُ فَرِيقٌ مِّنْهُمُ ٱلنَّبِىَّ يَقُولُونَ إِنَّ بُيُوتَنَا عَوْرَةٌ وَمَا هِىَ بِعَوْرَةٍ إِن يُرِيدُونَ إِلَّا فِرَارًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [низ] ҳангоме ки гурӯҳе аз онон гуфтанд: «Эй аҳли Ясриб, инҷо ҷойи мондани шумо нест; пас, [ба хонаҳоятон] бозгардед»; ва бархе аз онон аз Паёмбар иҷозати [бозгашт] мехостанд ва мегуфтанд: «Хонаҳои мо бе ҳифзкунанда аст»; дар ҳоле ки бе ҳифзкунанда набуд. Онон чизе ҷуз фирор [аз ҷиҳод] намехостанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ دُخِلَتْ عَلَيْهِم مِّنْ أَقْطَارِهَا ثُمَّ سُئِلُوا۟ ٱلْفِتْنَةَ لَـَٔاتَوْهَا وَمَا تَلَبَّثُوا۟ بِهَآ إِلَّا يَسِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар [лашкари душманон] аз атрофи он [шаҳр] бар онон ворид мешуданд [ва хонаҳояшонро муҳосира мекарданд] ва аз онон хоста мешуд, ба куфр ва ширк бозгарданд, ҳатман чунин [тааҳҳуде ба душман] доданд ва ҷуз теъдоде андак [дар баробари ин дархост] муқовимат намекарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ كَانُوا۟ عَٰهَدُوا۟ ٱللَّهَ مِن قَبْلُ لَا يُوَلُّونَ ٱلْأَدْبَٰرَ وَكَانَ عَهْدُ ٱللَّهِ مَسْـُٔولًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа пеш аз ин [вақте ҳамин мунофиқон дар ҷанги Уҳуд аз муқобили кофирон гурехтанд] бо Аллоҳ таоло паймон бастанд, ки [ҳаргиз ба душман] пушт накунанд [ва аз майдон нагурезанд]; ва ҳамвора паймони илоҳӣ бозхост дорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُل لَّن يَنفَعَكُمُ ٱلْفِرَارُ إِن فَرَرْتُم مِّنَ ٱلْمَوْتِ أَوِ ٱلْقَتْلِ وَإِذًا لَّا تُمَتَّعُونَ إِلَّا قَلِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба мунофиқон] бигӯ: « Агар аз марг ё кушта шудан фирор кунед, ҳаргиз суде ба ҳолатон надорад; ва дар он сурат низ [аз зиндагии дунё] ҷуз андаке баҳраманд намешавед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ مَن ذَا ٱلَّذِى يَعْصِمُكُم مِّنَ ٱللَّهِ إِنْ أَرَادَ بِكُمْ سُوٓءًا أَوْ أَرَادَ بِكُمْ رَحْمَةً وَلَا يَجِدُونَ لَهُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ وَلِيًّا وَلَا نَصِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Агар Аллоҳ таоло бароятон мусибат ё раҳмате хоста бошад, кист, ки шуморо дар баробари [иҷрои фармони] Ӯ ҳифз кунад?» ва онон барои хеш ба ҷуз Аллоҳ таоло ҳеҷ корсоз ва ёригаре намеёбанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَدْ يَعْلَمُ ٱللَّهُ ٱلْمُعَوِّقِينَ مِنكُمْ وَٱلْقَآئِلِينَ لِإِخْوَٰنِهِمْ هَلُمَّ إِلَيْنَا وَلَا يَأْتُونَ ٱلْبَأْسَ إِلَّا قَلِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло касонеро аз шумо, ки боздоранда [-и мардум аз ҷиҳод] ҳастанд ва ба бародаронашон мегӯянд: «Ба мо бипайвандед» ба хубӣ мешиносад. [Онон сустбоваранд] ва ҷуз андаке ба майдони ҷанг намеоянд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَشِحَّةً عَلَيْكُمْ فَإِذَا جَآءَ ٱلْخَوْفُ رَأَيْتَهُمْ يَنظُرُونَ إِلَيْكَ تَدُورُ أَعْيُنُهُمْ كَٱلَّذِى يُغْشَىٰ عَلَيْهِ مِنَ ٱلْمَوْتِ فَإِذَا ذَهَبَ ٱلْخَوْفُ سَلَقُوكُم بِأَلْسِنَةٍ حِدَادٍ أَشِحَّةً عَلَى ٱلْخَيْرِ أُو۟لَٰٓئِكَ لَمْ يُؤْمِنُوا۟ فَأَحْبَطَ ٱللَّهُ أَعْمَٰلَهُمْ وَكَانَ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мунофиқон дар ҳама чиз] бар шумо бухл меварзанд; ва ҳангоме ки бим [ҷанг пеш] меояд, дар ҳоле ки чашмҳояшон [аз ваҳшат дар косахона] мечархад, ҳамчун касе, ки аз [сахтии] марг беҳуш шуда бошад, туро нигоҳ мекунанд; ва чун [буҳрон ва] тарс бартараф шуд, ба хотири ҳирс ва тамаъе, ки ба ғаноим доранд, бо забонҳои тунд ва нешдор шуморо меранҷонанд. Онон [ҳаргиз] имон наёвардаанд; пас, Аллоҳ таоло аъмолашонро табоҳ мегардонад ва ин [кор] ҳамвора бар Аллоҳ таоло осон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَحْسَبُونَ ٱلْأَحْزَابَ لَمْ يَذْهَبُوا۟ وَإِن يَأْتِ ٱلْأَحْزَابُ يَوَدُّوا۟ لَوْ أَنَّهُم بَادُونَ فِى ٱلْأَعْرَابِ يَسْـَٔلُونَ عَنْ أَنۢبَآئِكُمْ وَلَوْ كَانُوا۟ فِيكُم مَّا قَٰتَلُوٓا۟ إِلَّا قَلِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мунофиқон] мепиндоранд [ки лашкариён] аҳзоб [ҳануз аз атрофи Мадина] нарафтаанд; ва агар аҳзоб бозгарданд, [ин сустбоварон] орзу мекунанд, ки миёни бодиянишинон [пинҳон] бошанд [ва аз ҳамон ҷо] ахбори [даргирии] шуморо ҷӯё шаванд; ва [ҳатто] агар байни [сипоҳи] шумо буданд, ҷуз андаке намеҷангиданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَّقَدْ كَانَ لَكُمْ فِى رَسُولِ ٱللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ لِّمَن كَانَ يَرْجُوا۟ ٱللَّهَ وَٱلْيَوْمَ ٱلْـَٔاخِرَ وَذَكَرَ ٱللَّهَ كَثِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, дар [ рафтор ва гуфтори] Расулуллоҳ, барои шумо сармашқи некуе аст; барои ҳар ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи охират умед дорад ва Аллоҳро бисёр ёд мекунад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَمَّا رَءَا ٱلْمُؤْمِنُونَ ٱلْأَحْزَابَ قَالُوا۟ هَٰذَا مَا وَعَدَنَا ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥ وَصَدَقَ ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥ وَمَا زَادَهُمْ إِلَّآ إِيمَٰنًا وَتَسْلِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чун муъминон [лашкари] аҳзобро диданд, гуфтанд: «Ин [имтиҳони илоҳӣ ва пирӯзии ниҳоияш] ҳамон чизе аст, ки Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ба мо ваъда додаанд ва [бар ҳақ ] Аллоҳ таоло ва Паёмбараш рост гуфтанд» ва [мушоҳидаи анбӯҳи душман] ҷуз бар имон ва таслимашон [дар муқобили Парвардигор] наяфзуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مِّنَ ٱلْمُؤْمِنِينَ رِجَالٌ صَدَقُوا۟ مَا عَٰهَدُوا۟ ٱللَّهَ عَلَيْهِ فَمِنْهُم مَّن قَضَىٰ نَحْبَهُۥ وَمِنْهُم مَّن يَنتَظِرُ وَمَا بَدَّلُوا۟ تَبْدِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАз миёни муъминон мардоне ҳастанд ба аҳд ва паймоне, ки бо Аллоҳ таоло баста буданд, [содиқона] вафо карданд; бархе аз онон то охир бар аҳд ва паймони худ истоданд [ ва дар ин роҳ даргузаштанд ё шаҳид шуданд] ва бархе дигар ҳануз чашминтизор [шаҳодат] ҳастанд ва ҳаргиз [паймони худро] дигаргун насохтаанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لِّيَجْزِىَ ٱللَّهُ ٱلصَّٰدِقِينَ بِصِدْقِهِمْ وَيُعَذِّبَ ٱلْمُنَٰفِقِينَ إِن شَآءَ أَوْ يَتُوبَ عَلَيْهِمْ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ غَفُورًا رَّحِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ин рӯйдодҳо пеш меояд] то Аллоҳ таоло ростгӯёнро ба [поси поймардӣ ва] ростгӯияшон подош диҳад ва мунофиқонро – агар бихоҳад – азоб кунад ё тавбаашонро бипазирад. Бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَرَدَّ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ بِغَيْظِهِمْ لَمْ يَنَالُوا۟ خَيْرًا وَكَفَى ٱللَّهُ ٱلْمُؤْمِنِينَ ٱلْقِتَالَ وَكَانَ ٱللَّهُ قَوِيًّا عَزِيزًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Аллоҳ таоло [сипоҳи ] касонеро, ки куфр варзида буданд бо [тамоми нокомӣ ва] хашмашон [аз ин ки] ба ҳеҷ ғанимате даст наёфта буданд, [аз атрофи Мадина] бозгардонд ва [пуштибонии] Аллоҳ таоло дар ҷанг, муъминонро кифоят кард; ва Аллоҳ таоло ҳамвора тавонову шикастнопазир аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَنزَلَ ٱلَّذِينَ ظَٰهَرُوهُم مِّنْ أَهْلِ ٱلْكِتَٰبِ مِن صَيَاصِيهِمْ وَقَذَفَ فِى قُلُوبِهِمُ ٱلرُّعْبَ فَرِيقًا تَقْتُلُونَ وَتَأْسِرُونَ فَرِيقًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] Гурӯҳе аз аҳли китоб [яҳудиёни Бани Қурайза]- ро, ки аз онон [мушрикон] пуштибонӣ карда буданд, аз қалъаҳояшон ба зер кашид ва дар дилҳояшон ваҳшат андохт; [чунон ки шумо] гурӯҳе [аз онон] –ро мекуштед ва гурӯҳеро ба асорат мегирифтед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَوْرَثَكُمْ أَرْضَهُمْ وَدِيَٰرَهُمْ وَأَمْوَٰلَهُمْ وَأَرْضًا لَّمْ تَطَـُٔوهَا وَكَانَ ٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа заминҳои кишоварзӣ ва хонаҳо ва амволашон ва [ҳамчунин] сарзаминеро, ки ҳаргиз по ба он ҷо нагузошта будед [Хайбар], дар ихтиёратон ниҳод; ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِىُّ قُل لِّأَزْوَٰجِكَ إِن كُنتُنَّ تُرِدْنَ ٱلْحَيَوٰةَ ٱلدُّنْيَا وَزِينَتَهَا فَتَعَالَيْنَ أُمَتِّعْكُنَّ وَأُسَرِّحْكُنَّ سَرَاحًا جَمِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй Паёмбар, ба ҳамсаронат [ки нафақаи бештаре мехоҳанд] бигӯ: « Агар зиндагии дунё ва зинатҳояшро мехоҳед, биёед, то шуморо [бо ҳадяи муносиб] баҳраманд созам ва [бидуни ҳеҷ озоре] ба шоистагӣ раҳоятон кунам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِن كُنتُنَّ تُرِدْنَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَٱلدَّارَ ٱلْـَٔاخِرَةَ فَإِنَّ ٱللَّهَ أَعَدَّ لِلْمُحْسِنَٰتِ مِنكُنَّ أَجْرًا عَظِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар муштоқи Аллоҳ таоло ва паёмбараш ва сарои охират ҳастед, пас, [бидонед, ки] бе тардид, Аллоҳ таоло барои некукоронатон подоши бузурге фароҳам кардаааст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰنِسَآءَ ٱلنَّبِىِّ مَن يَأْتِ مِنكُنَّ بِفَٰحِشَةٍ مُّبَيِّنَةٍ يُضَٰعَفْ لَهَا ٱلْعَذَابُ ضِعْفَيْنِ وَكَانَ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй занони Паёмбар, ҳар яке аз шумо, ки [гуноҳи] ношоисти ошкоре муртакиб шавад, азобаш дучандон мегардад; ва ин [кор] ҳамвора барои Аллоҳ таоло осон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَن يَقْنُتْ مِنكُنَّ لِلَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَتَعْمَلْ صَٰلِحًا نُّؤْتِهَآ أَجْرَهَا مَرَّتَيْنِ وَأَعْتَدْنَا لَهَا رِزْقًا كَرِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳар яке аз шумо, ки пайваста фармонбардори Аллоҳ таоло ва Паёмбараш бошад ва коре шоиста кунад, подошашро ду баробар медиҳем ва барояш [дар биҳишт] рӯзии арзишманде фароҳам овардаем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰنِسَآءَ ٱلنَّبِىِّ لَسْتُنَّ كَأَحَدٍ مِّنَ ٱلنِّسَآءِ إِنِ ٱتَّقَيْتُنَّ فَلَا تَخْضَعْنَ بِٱلْقَوْلِ فَيَطْمَعَ ٱلَّذِى فِى قَلْبِهِۦ مَرَضٌ وَقُلْنَ قَوْلًا مَّعْرُوفًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй занони Паёмбар, агар парҳезкорӣ кунед, [дар бартарӣ ва шарофат] монанди ҳеҷ як аз занони [одӣ] нахоҳед буд; пас, ҳангоми сухан гуфтан [бо мардон] ноз ва нармиш ба кор набаред, то [мабодо] он ки дар дилаш беморӣ аст, [дар шумо] тамаъ кунад ва ба шеваи шоиста сухан бигӯед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَرْنَ فِى بُيُوتِكُنَّ وَلَا تَبَرَّجْنَ تَبَرُّجَ ٱلْجَٰهِلِيَّةِ ٱلْأُولَىٰ وَأَقِمْنَ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتِينَ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَطِعْنَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥٓ إِنَّمَا يُرِيدُ ٱللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنكُمُ ٱلرِّجْسَ أَهْلَ ٱلْبَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар хонаҳоятон бимонед ва ҳамчун ҷилвагари [-и занон дар даврони] ҷоҳилияти пешин, ҷилвагарӣ [ва худнамоӣ] накунед ва намоз барпо доред ва закот бипардозед ва аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш итоат кунед. Эй аҳли хона [паёмбар], ҷуз ин нест Аллоҳ таоло мехоҳад палидӣ [ва озори бегонагон]-ро аз шумо дур намояд ва комилан покатон гардонад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱذْكُرْنَ مَا يُتْلَىٰ فِى بُيُوتِكُنَّ مِنْ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ وَٱلْحِكْمَةِ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ لَطِيفًا خَبِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳар он чиро, ки аз оёти илоҳӣ ва суннати Паёмбар дар хонаҳоятон хонда мешавад, ба ёд дошта бошед. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора борикбини огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلْمُسْلِمِينَ وَٱلْمُسْلِمَٰتِ وَٱلْمُؤْمِنِينَ وَٱلْمُؤْمِنَٰتِ وَٱلْقَٰنِتِينَ وَٱلْقَٰنِتَٰتِ وَٱلصَّٰدِقِينَ وَٱلصَّٰدِقَٰتِ وَٱلصَّٰبِرِينَ وَٱلصَّٰبِرَٰتِ وَٱلْخَٰشِعِينَ وَٱلْخَٰشِعَٰتِ وَٱلْمُتَصَدِّقِينَ وَٱلْمُتَصَدِّقَٰتِ وَٱلصَّٰٓئِمِينَ وَٱلصَّٰٓئِمَٰتِ وَٱلْحَٰفِظِينَ فُرُوجَهُمْ وَٱلْحَٰفِظَٰتِ وَٱلذَّٰكِرِينَ ٱللَّهَ كَثِيرًا وَٱلذَّٰكِرَٰتِ أَعَدَّ ٱللَّهُ لَهُم مَّغْفِرَةً وَأَجْرًا عَظِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло барои мардони мусулмон ва занони мусулмон ва мардони муъмин ва занони муъмин ва мардони фармонбардор ва занони фармонбардор ва мардони ростгӯ ва занони ростгӯ ва мардони шикебо ва занони шикебо ва мардони фурӯтан ва занони фурӯтан ва мардони инфоқгар ва занони инфоқгар ва мардони рӯзадор ва занони рӯзадор ва мардони покдоман ва занони покдоман ва мардон ва заноне, ки Аллоҳро бисёр ёд мекунанд, барои [ҳамаи] онон омурзиш ва подоши бузург фароҳам намудааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ وَلَا مُؤْمِنَةٍ إِذَا قَضَى ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥٓ أَمْرًا أَن يَكُونَ لَهُمُ ٱلْخِيَرَةُ مِنْ أَمْرِهِمْ وَمَن يَعْصِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَٰلًا مُّبِينًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБарои ҳеҷ мард ва зани муъмине шоиста нест, ки вақте Аллоҳ таоло ва расулаш ба коре фармон медиҳанд [дар иҷрои он фармон] ихтиёре дошта бошанд;ва ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва расулаш нофармонӣ кунад, ҳаққо, ки дар гумроҳии ошкоре гирифтор шудааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذْ تَقُولُ لِلَّذِىٓ أَنْعَمَ ٱللَّهُ عَلَيْهِ وَأَنْعَمْتَ عَلَيْهِ أَمْسِكْ عَلَيْكَ زَوْجَكَ وَٱتَّقِ ٱللَّهَ وَتُخْفِى فِى نَفْسِكَ مَا ٱللَّهُ مُبْدِيهِ وَتَخْشَى ٱلنَّاسَ وَٱللَّهُ أَحَقُّ أَن تَخْشَىٰهُ فَلَمَّا قَضَىٰ زَيْدٌ مِّنْهَا وَطَرًا زَوَّجْنَٰكَهَا لِكَىْ لَا يَكُونَ عَلَى ٱلْمُؤْمِنِينَ حَرَجٌ فِىٓ أَزْوَٰجِ أَدْعِيَآئِهِمْ إِذَا قَضَوْا۟ مِنْهُنَّ وَطَرًا وَكَانَ أَمْرُ ٱللَّهِ مَفْعُولًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ба ёд овар] Вақте ба [Зайд ибни Ҳориса]-касе, ки Аллоҳ таоло ба ӯ неъмат [Ислом] дода буд ва ту неъмат [озодӣ] бахшида будӣ- [ба насиҳат] мегуфтӣ: «Ҳамсаратро барои худ нигаҳ дор ва аз Аллоҳ таоло парво кун» ва дар дили хеш [дар мавриди издивоҷ бо Зайнаб пас аз талоқаш] пинҳон медоштӣ, ки Аллоҳ таоло ошкоркунандаи он буд ва [чун ин издивоҷ бо суннатҳои ҷоҳилӣ мухолиф буд] аз [сарзаниши] мардум метарсидӣ; ҳол он ки Аллоҳ таоло сазовортар аст, ки аз Ӯ битарсӣ. Пас, ҳангоме ки Зайд ниёзашро аз вай ба поён бурд [ва талоқаш дод], ӯро ба издивоҷи ту даровардем, то барои муъминон дар мавриди издивоҷ бо ҳамсарони писархондаҳояшон, ки аз онон ком гирифтаанд [ва талоқашон додаанд], ҳеҷ гуноҳе набошад; ва фармони Аллоҳ таоло ҳамвора анҷомпазир аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَّا كَانَ عَلَى ٱلنَّبِىِّ مِنْ حَرَجٍ فِيمَا فَرَضَ ٱللَّهُ لَهُۥ سُنَّةَ ٱللَّهِ فِى ٱلَّذِينَ خَلَوْا۟ مِن قَبْلُ وَكَانَ أَمْرُ ٱللَّهِ قَدَرًا مَّقْدُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБар Паёмбар, дар мавриди он чи Аллоҳ таоло барояш муқаррар [ва ҳалол] доштааст, ҳеҷ гуна гуноҳе вуҷуд надорад. [Ин кор] Суннати илоҳӣ аст [ва] дар бораи касоне [паёмбароне], ки пеш аз ин будаанд [низ сидқ мекунад]; ва фармони Аллоҳ таоло ҳамвора дақиқ ва ҳисобшуда аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ يُبَلِّغُونَ رِسَٰلَٰتِ ٱللَّهِ وَيَخْشَوْنَهُۥ وَلَا يَخْشَوْنَ أَحَدًا إِلَّا ٱللَّهَ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ حَسِيبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[ҳамон] касоне, ки паёмҳои Аллоҳро [ба мардум] мерасонанд ва танҳо аз Ӯ метарсанд ва аз ҳеҷ кас ҷуз Аллоҳ таоло тарсе надоранд; ва Аллоҳ таоло барои ҳисобрасии [корҳои бандагонаш] кофӣ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَّا كَانَ مُحَمَّدٌ أَبَآ أَحَدٍ مِّن رِّجَالِكُمْ وَلَٰكِن رَّسُولَ ٱللَّهِ وَخَاتَمَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ وَكَانَ ٱللَّهُ بِكُلِّ شَىْءٍ عَلِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМуҳаммад ҳаргиз падари ҳеҷ яки аз мардони шумо [аз ҷумла Зайд] нест; балки расули Аллоҳ таоло ва хотами паёмбарон аст; ва Аллоҳ таоло ҳамвора ба ҳар чизе доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ٱذْكُرُوا۟ ٱللَّهَ ذِكْرًا كَثِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, Аллоҳро бисёр ёд кунед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَسَبِّحُوهُ بُكْرَةً وَأَصِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бомдод ва шомгоҳ Ӯро ба покӣ биситоед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُوَ ٱلَّذِى يُصَلِّى عَلَيْكُمْ وَمَلَٰٓئِكَتُهُۥ لِيُخْرِجَكُم مِّنَ ٱلظُّلُمَٰتِ إِلَى ٱلنُّورِ وَكَانَ بِٱلْمُؤْمِنِينَ رَحِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮст, ки бар шумо дуруд [ва раҳмат] мефиристад ва фариштагонаш [низ дуоятон мекунанд], то шуморо аз торикиҳо ба сӯйи нур берун оварад ва [Аллоҳ таоло] ҳамвора нисбат ба муъминон меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

تَحِيَّتُهُمْ يَوْمَ يَلْقَوْنَهُۥ سَلَٰمٌ وَأَعَدَّ لَهُمْ أَجْرًا كَرِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterРӯзе, ки бо Ӯ дидор мекунанд, дурудашон «Салом» аст ва [Аллоҳ таоло] бар эшон подоше арҷманд фароҳам сохтааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِىُّ إِنَّآ أَرْسَلْنَٰكَ شَٰهِدًا وَمُبَشِّرًا وَنَذِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй Паёмбар, Мо туро гувоҳ ва башоратбахш ва бимдиҳанда фиристодаем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَدَاعِيًا إِلَى ٱللَّهِ بِإِذْنِهِۦ وَسِرَاجًا مُّنِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [туро] даъватгаре ба сӯйи Аллоҳ таоло ба фармони Ӯ ва чароғи равшанибахш [қарор додем]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَبَشِّرِ ٱلْمُؤْمِنِينَ بِأَنَّ لَهُم مِّنَ ٱللَّهِ فَضْلًا كَبِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба муъминон башорат бидеҳ, ки аз ҷониби Аллоҳ таоло бахшиши бузурге барояшон [дар пеш] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تُطِعِ ٱلْكَٰفِرِينَ وَٱلْمُنَٰفِقِينَ وَدَعْ أَذَىٰهُمْ وَتَوَكَّلْ عَلَى ٱللَّهِ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ وَكِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз кофирон ва мунофиқон итоат накун ва ба озорашон бетаваҷчуҳ бош ва бар Аллоҳ таоло таваккал кун; ва ҳамин басанда аст, ки Аллоҳ таоло [ёвар ва] коргузори ту бошад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِذَا نَكَحْتُمُ ٱلْمُؤْمِنَٰتِ ثُمَّ طَلَّقْتُمُوهُنَّ مِن قَبْلِ أَن تَمَسُّوهُنَّ فَمَا لَكُمْ عَلَيْهِنَّ مِنْ عِدَّةٍ تَعْتَدُّونَهَا فَمَتِّعُوهُنَّ وَسَرِّحُوهُنَّ سَرَاحًا جَمِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, ҳар гоҳ бо занони муъмин издивоҷ кардед, сипас пеш аз онки бо онон ҳамбистар шавед талоқашон додед, аз ҷониби шумо ҳеҷ иддае бар уҳдаи онон нест, ки ҳисобашро нигоҳ доред; аз ин рӯ, эшонро [бо ҳадяи муносиб] баҳраманд созед ва ба некутарин ваҷҳ раҳояшон созед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِىُّ إِنَّآ أَحْلَلْنَا لَكَ أَزْوَٰجَكَ ٱلَّٰتِىٓ ءَاتَيْتَ أُجُورَهُنَّ وَمَا مَلَكَتْ يَمِينُكَ مِمَّآ أَفَآءَ ٱللَّهُ عَلَيْكَ وَبَنَاتِ عَمِّكَ وَبَنَاتِ عَمَّٰتِكَ وَبَنَاتِ خَالِكَ وَبَنَاتِ خَٰلَٰتِكَ ٱلَّٰتِى هَاجَرْنَ مَعَكَ وَٱمْرَأَةً مُّؤْمِنَةً إِن وَهَبَتْ نَفْسَهَا لِلنَّبِىِّ إِنْ أَرَادَ ٱلنَّبِىُّ أَن يَسْتَنكِحَهَا خَالِصَةً لَّكَ مِن دُونِ ٱلْمُؤْمِنِينَ قَدْ عَلِمْنَا مَا فَرَضْنَا عَلَيْهِمْ فِىٓ أَزْوَٰجِهِمْ وَمَا مَلَكَتْ أَيْمَٰنُهُمْ لِكَيْلَا يَكُونَ عَلَيْكَ حَرَجٌ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورًا رَّحِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй Паёмбар, Мо ҳамсаронат, ки маҳрашонро пардохтаӣ ва [низ] канизонеро, ки Аллоҳ таоло [аз баҳраи ҷанг] ба ту арзонӣ доштааст, бароят ҳалол кардаем ва [низ издивоҷ бо] духтари амуҳоят ва духтари аммаҳоят ва духтартағоҳоят ва духтархолаҳоят, ки бо ту ҳиҷрат кардаанд ва [ҳамчунин] агар зани муъмине худро [бидуни маҳрия] ба Паёмбар бибахшад, чунончи Паёмбар бихоҳад, [метавонад] бо вай издивоҷ кунад. [Ин ҳукм] Вижаи туст, на дигар муъминон. Бе тардид, Мо медонем барои онон дар мавриди ҳамсарон ва канизонашон чи ҳукме таъйин кардаем. [Ин ҳукми вижаро барқарор кардем] То ҳеҷ тангное [дар роҳи анҷоми вазифа] бар ту набошад; ва Аллоҳ таоло ҳамвора омурзандаи меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

تُرْجِى مَن تَشَآءُ مِنْهُنَّ وَتُـْٔوِىٓ إِلَيْكَ مَن تَشَآءُ وَمَنِ ٱبْتَغَيْتَ مِمَّنْ عَزَلْتَ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْكَ ذَٰلِكَ أَدْنَىٰٓ أَن تَقَرَّ أَعْيُنُهُنَّ وَلَا يَحْزَنَّ وَيَرْضَيْنَ بِمَآ ءَاتَيْتَهُنَّ كُلُّهُنَّ وَٱللَّهُ يَعْلَمُ مَا فِى قُلُوبِكُمْ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلِيمًا حَلِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Навбати] ҳар як аз онон [ҳамсаронат]- ро, ки бихоҳӣ [метавонӣ] ба таъхир андозӣ ва ҳар кадомро бихоҳӣ, [метавонӣ] назди хеш ҷой диҳӣ; ва агар ҳар як аз ононро, ки аз ӯ канора гирифтаӣ [ва навбаташ ба таъхир афтодааст] талаб кунӣ, [дар ҳар ҳол] ҳеҷ гуноҳе бар ту нест. Ин [ихтиёр дар интихоб] наздиктар аст ва ин ки чашмашон равшан шавад ва андӯҳгин набошанд ва ҳамагиашон аз он чи ба онон бахшидаӣ хушнуд гардидаанд; ва Аллоҳ таоло медонад, ки шумо [мардон дар бораи муҳаббати бештар ба бархе занонатон] чи дар дил доред; ва Аллоҳ таоло ҳамвора донои бурдбор аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَّا يَحِلُّ لَكَ ٱلنِّسَآءُ مِنۢ بَعْدُ وَلَآ أَن تَبَدَّلَ بِهِنَّ مِنْ أَزْوَٰجٍ وَلَوْ أَعْجَبَكَ حُسْنُهُنَّ إِلَّا مَا مَلَكَتْ يَمِينُكَ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ رَّقِيبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАз ин пас [дигар издивоҷ бо] ҳеҷ зане бароят ҳалол нест ва набояд [бархе аз ҳамсаронатро талоқ диҳӣ, то] ҳамсаронеро ҷойнишини онон кунӣ, ҳатто агар зебоии онон [занони ҷадид] туро хуш ояд. Магар он ки [ба сурати каниз] дар ихтиёрат бошад; ва Аллоҳ таоло ҳамвора бар ҳар чизе нигаҳбон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ لَا تَدْخُلُوا۟ بُيُوتَ ٱلنَّبِىِّ إِلَّآ أَن يُؤْذَنَ لَكُمْ إِلَىٰ طَعَامٍ غَيْرَ نَٰظِرِينَ إِنَىٰهُ وَلَٰكِنْ إِذَا دُعِيتُمْ فَٱدْخُلُوا۟ فَإِذَا طَعِمْتُمْ فَٱنتَشِرُوا۟ وَلَا مُسْتَـْٔنِسِينَ لِحَدِيثٍ إِنَّ ذَٰلِكُمْ كَانَ يُؤْذِى ٱلنَّبِىَّ فَيَسْتَحْىِۦ مِنكُمْ وَٱللَّهُ لَا يَسْتَحْىِۦ مِنَ ٱلْحَقِّ وَإِذَا سَأَلْتُمُوهُنَّ مَتَٰعًا فَسْـَٔلُوهُنَّ مِن وَرَآءِ حِجَابٍ ذَٰلِكُمْ أَطْهَرُ لِقُلُوبِكُمْ وَقُلُوبِهِنَّ وَمَا كَانَ لَكُمْ أَن تُؤْذُوا۟ رَسُولَ ٱللَّهِ وَلَآ أَن تَنكِحُوٓا۟ أَزْوَٰجَهُۥ مِنۢ بَعْدِهِۦٓ أَبَدًا إِنَّ ذَٰلِكُمْ كَانَ عِندَ ٱللَّهِ عَظِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, ба хонаҳои Паёмбар дохил нашавед; магар он ки барои [сарфи] ғизое ба шумо иҷозат диҳанд; бе он ки [зудтар аз вақти ғизо биравед ва] мунтазири омода шуданаш шавед; вале ҳангоме ки шуморо фаро хонданд, ворид шавед ва чун ғизо хӯрдед, пароканда гардед ва саргарми [баҳс ва] гуфтугӯ нашавед. Ин [рафторатон] Паёмбарро меозорад ва ӯро аз [ибрози ин мавзӯъ дар баробари] шумо шарм дорад; [вале] Аллоҳ таоло аз [баёни] ҳақ шарм надорад. Ва ҳангоме ки аз ҳамсарони ӯ дархосте доред, [ниёзатонро] аз пушти пардае аз онон бихоҳед [ва дар чеҳраи онон нанигаред; чаро ки] ин [кор] барои дилҳои шумо ва эшон поктар аст; ва [ҳамчунин] бароятон сазовор нест, ки Расулуллоҳро биёзоред ва ҳаргиз шоистаи шумо нест, ки пас аз ӯ бо ҳамсаронаш издивоҷ кунед. Ба ростӣ, ки ин [кор] назди Аллоҳ таоло [гуноҳе] бузург аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِن تُبْدُوا۟ شَيْـًٔا أَوْ تُخْفُوهُ فَإِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِكُلِّ شَىْءٍ عَلِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар чизеро ошкор кунед ё пинҳон доред, [бидонед, ки] бетардид, Аллоҳ таоло ба ҳар чизе огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَّا جُنَاحَ عَلَيْهِنَّ فِىٓ ءَابَآئِهِنَّ وَلَآ أَبْنَآئِهِنَّ وَلَآ إِخْوَٰنِهِنَّ وَلَآ أَبْنَآءِ إِخْوَٰنِهِنَّ وَلَآ أَبْنَآءِ أَخَوَٰتِهِنَّ وَلَا نِسَآئِهِنَّ وَلَا مَا مَلَكَتْ أَيْمَٰنُهُنَّ وَٱتَّقِينَ ٱللَّهَ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ شَهِيدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБар онон [занони мусулмон] гуноҳе нест [дар надоштани ҳиҷоб] назди падаронашон ва писаронашон ва бародаронашон ва писарони бародаронашон ва писарони хоҳаронашон ва занон [ҳамдин]-ашон ва бардагонашон; ва [эй занони мусулмон] аз Аллоҳ таоло парво кунед. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳама чиз гувоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱللَّهَ وَمَلَٰٓئِكَتَهُۥ يُصَلُّونَ عَلَى ٱلنَّبِىِّ يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ صَلُّوا۟ عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا۟ تَسْلِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, Аллоҳ таоло ва фариштагонаш бар Паёмбар дуруд мефиристанд; [пас] эй касоне, ки имон овардаед [шумо низ] бар ӯ дуруд фиристед ва ба шоистагӣ салом гӯед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ يُؤْذُونَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ لَعَنَهُمُ ٱللَّهُ فِى ٱلدُّنْيَا وَٱلْـَٔاخِرَةِ وَأَعَدَّ لَهُمْ عَذَابًا مُّهِينًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне ки Аллоҳ таоло ва Паёмбарашро меозоранд, Аллоҳ таоло дар дунё ва охират ононро аз раҳмати хеш дур мекунад ва барояшон азоби хоркунанда омода кардааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِينَ يُؤْذُونَ ٱلْمُؤْمِنِينَ وَٱلْمُؤْمِنَٰتِ بِغَيْرِ مَا ٱكْتَسَبُوا۟ فَقَدِ ٱحْتَمَلُوا۟ بُهْتَٰنًا وَإِثْمًا مُّبِينًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа онон, ки мардон ва занони муъминро бе он ки муртакиби [амали зиште] шуда бошанд, [бо иттиҳомоти нораво] меозоранд, бори дурӯғ ва гуноҳи ошкорро бар дӯш мекашанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِىُّ قُل لِّأَزْوَٰجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَآءِ ٱلْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِن جَلَٰبِيبِهِنَّ ذَٰلِكَ أَدْنَىٰٓ أَن يُعْرَفْنَ فَلَا يُؤْذَيْنَ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورًا رَّحِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй Паёмбар, ба ҳамсарон ва духтаронат ва дигар занони муъмин бигӯ, ки чодарҳояшонро ба шоистагӣ бар [сар ва синаи] хеш бияфкананд. Ин [гуна пӯшиш] муносибтар аст ба ин ки [дар ҷомеа матонат ва виқор] шинохта шаванд ва [дар натиҷа] мавриди озор [ҳарзагон] қарор нагиранд, Ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَّئِن لَّمْ يَنتَهِ ٱلْمُنَٰفِقُونَ وَٱلَّذِينَ فِى قُلُوبِهِم مَّرَضٌ وَٱلْمُرْجِفُونَ فِى ٱلْمَدِينَةِ لَنُغْرِيَنَّكَ بِهِمْ ثُمَّ لَا يُجَاوِرُونَكَ فِيهَآ إِلَّا قَلِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ [нифоқ] аст ва овозасозӣ дар Мадина [аз дурӯғгӯӣ ва шоеасозӣ] даст барнадоранд, яқинан туро бар онон мусаллат мегардонем. Дар ин сурат ҷуз муддати кӯтоҳе наметавонанд дар ин шаҳр дар канори ту бимонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَّلْعُونِينَ أَيْنَمَا ثُقِفُوٓا۟ أُخِذُوا۟ وَقُتِّلُوا۟ تَقْتِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЛаънатшудагонанд ва ҳар ҷо ки ёфта шаванд, бояд бемуҳобо дастгир ва кушта шаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

سُنَّةَ ٱللَّهِ فِى ٱلَّذِينَ خَلَوْا۟ مِن قَبْلُ وَلَن تَجِدَ لِسُنَّةِ ٱللَّهِ تَبْدِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ин] Суннати Аллоҳ таоло дар мавриди афроде [аз мунофиқон] , ки пештар будаанд, ҷорӣ гаштааст; ва ҳаргиз дар суннати Аллоҳ таоло дигаргунӣ [ва тағйире] намеёбӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَسْـَٔلُكَ ٱلنَّاسُ عَنِ ٱلسَّاعَةِ قُلْ إِنَّمَا عِلْمُهَا عِندَ ٱللَّهِ وَمَا يُدْرِيكَ لَعَلَّ ٱلسَّاعَةَ تَكُونُ قَرِيبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Мардум дар бораи [замони вуқуъи] қиёмат аз ту мепурсанд; бигӯ: «Дониши он танҳо назди Аллоҳ таоло аст»; ва ту чи медонӣ? Шояд қиёмат наздик бошад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱللَّهَ لَعَنَ ٱلْكَٰفِرِينَ وَأَعَدَّ لَهُمْ سَعِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, Аллоҳ таоло кофиронро аз раҳмати хеш дур карда ва барояшон оташи афрӯхта муҳайё кардааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدًا لَّا يَجِدُونَ وَلِيًّا وَلَا نَصِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Оташе] Ки ҷовидона дар он хоҳанд монд [ва барои дифоъ аз худ] ҳеҷ корсоз ва ёригаре намеёбанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَوْمَ تُقَلَّبُ وُجُوهُهُمْ فِى ٱلنَّارِ يَقُولُونَ يَٰلَيْتَنَآ أَطَعْنَا ٱللَّهَ وَأَطَعْنَا ٱلرَّسُولَا۠

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterРӯзе, ки чеҳраҳояшон дар оташи дузах дигаргун мешавад, [бо пушаймонӣ] мегӯянд: «Эй кош, аз Аллоҳ таоло ва Паёмбар итоат карда будем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوا۟ رَبَّنَآ إِنَّآ أَطَعْنَا سَادَتَنَا وَكُبَرَآءَنَا فَأَضَلُّونَا ٱلسَّبِيلَا۠

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Онон баҳона меоваранд ва] мегӯянд: «Парвардигоро, мо аз раҳбарон ва бузургони худ итоат кардем ва онон [буданд], ки моро гумроҳ карданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

رَبَّنَآ ءَاتِهِمْ ضِعْفَيْنِ مِنَ ٱلْعَذَابِ وَٱلْعَنْهُمْ لَعْنًا كَبِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПарвардигоро! Азобашонро дучандон кун ва ба лаънати бузург [ва сахт] лаънат бифармо!»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ لَا تَكُونُوا۟ كَٱلَّذِينَ ءَاذَوْا۟ مُوسَىٰ فَبَرَّأَهُ ٱللَّهُ مِمَّا قَالُوا۟ وَكَانَ عِندَ ٱللَّهِ وَجِيهًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, [Паёмбарро наёзоред ва] монанди касоне набошед ки Мӯсоро [бо тӯҳматҳои нораво] озурданд, сипас Аллоҳ таоло ӯро [аз он чи дар ҳаққаш мегуфтанд] табриа намуд; ва [Мӯсо] ҳамвора назди Аллоҳ обрӯманд аст.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ وَقُولُوا۟ قَوْلًا سَدِيدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва сухани рост ва дуруст бигӯед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يُصْلِحْ لَكُمْ أَعْمَٰلَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَمَن يُطِعِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ فَقَدْ فَازَ فَوْزًا عَظِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Парҳезгор ва ростгӯ бошед] то Аллоҳ таоло корҳоятонро ислоҳ кунад ва гуноҳонатонро биёмурзад ва [бидонед] ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва Паёмбараш итоат кунад, яқинан ба комёбии бузурге даст ёфтааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّا عَرَضْنَا ٱلْأَمَانَةَ عَلَى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَٱلْجِبَالِ فَأَبَيْنَ أَن يَحْمِلْنَهَا وَأَشْفَقْنَ مِنْهَا وَحَمَلَهَا ٱلْإِنسَٰنُ إِنَّهُۥ كَانَ ظَلُومًا جَهُولًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо амонати [анҷоми амрҳои шаръӣ] – ро бар осмонҳо ва замин ва кӯҳсорон арза доштем ва онҳо аз таҳаммулаш сар боз заданд ва аз он тарсиданд ва [-ле] инсон онро пазируфт. Ҳаққо, ки ӯ [дар ҳаққи хеш] ҳамвора ситамгор ва нодон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لِّيُعَذِّبَ ٱللَّهُ ٱلْمُنَٰفِقِينَ وَٱلْمُنَٰفِقَٰتِ وَٱلْمُشْرِكِينَ وَٱلْمُشْرِكَٰتِ وَيَتُوبَ ٱللَّهُ عَلَى ٱلْمُؤْمِنِينَ وَٱلْمُؤْمِنَٰتِ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورًا رَّحِيمًۢا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Инсон чунин кард] то Аллоҳ таоло мардону занони мунофиқ ва мардону занони мушрикро азоб кунад ва тавбаи мардону занони муъминро [ки амонатдорони шоистае буданд] бипазирад; ва Аллоҳ таоло ҳамвора омурзандаи меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70