caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Israa الإسراء

111 оят · Макка · тартиби нузул 50

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ سُبْحَٰنَ ٱلَّذِىٓ أَسْرَىٰ بِعَبْدِهِۦ لَيْلًا مِّنَ ٱلْمَسْجِدِ ٱلْحَرَامِ إِلَى ٱلْمَسْجِدِ ٱلْأَقْصَا ٱلَّذِى بَٰرَكْنَا حَوْلَهُۥ لِنُرِيَهُۥ مِنْ ءَايَٰتِنَآ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلْبَصِيرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПоку муназзаҳ аст он [Парвардигоре] ки бандааш [Муҳаммад]-ро шабонгоҳ аз масҷиду-л-ҳаром ба сӯйи Масҷид-ул-ақсо – ки перомунашро баракат додаем – сайр дод, то бархе аз нишонаҳои [қудрати] хешро ба ӯ бинмоёнем. Бе тардид, Ӯ ҳамон шунавои биност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَءَاتَيْنَا مُوسَى ٱلْكِتَٰبَ وَجَعَلْنَٰهُ هُدًى لِّبَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ أَلَّا تَتَّخِذُوا۟ مِن دُونِى وَكِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Мо ба Мӯсо китоби [Таврот] додем ва онро [мояи] ҳидояти Бани Исроил сохтем [ва фармудем], ки: «Ҷуз ман коргузоре [барои худ] барнагузинед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذُرِّيَّةَ مَنْ حَمَلْنَا مَعَ نُوحٍ إِنَّهُۥ كَانَ عَبْدًا شَكُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй фарзандони касоне, ки бо Нуҳ [бар киштӣ] саворашон кардем, ба ростӣ ӯ [Нуҳ] бандае шукргузор буд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَضَيْنَآ إِلَىٰ بَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ فِى ٱلْكِتَٰبِ لَتُفْسِدُنَّ فِى ٱلْأَرْضِ مَرَّتَيْنِ وَلَتَعْلُنَّ عُلُوًّا كَبِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар китоби [Таврот] ба Бани Исроил ваҳй кардем, ки ҳатман, ду бор дар замин фасод хоҳед кард ва ҳатман, саркашӣ [ва туғёни] бузурге хоҳед намуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِذَا جَآءَ وَعْدُ أُولَىٰهُمَا بَعَثْنَا عَلَيْكُمْ عِبَادًا لَّنَآ أُو۟لِى بَأْسٍ شَدِيدٍ فَجَاسُوا۟ خِلَٰلَ ٱلدِّيَارِ وَكَانَ وَعْدًا مَّفْعُولًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳар гоҳ ваъдаи нахустин аз он ду [бор] фаро расид, гурӯҳе аз бандагони бисёр неруманд [ва пайкорҷӯйи] худро бар шумо бармеангезем, то миёни хонаҳо [-ятон барои қатлу ғорати шумо] ба ҷустуҷӯ дароянд; ва ин ваъдаи анҷомшуданӣ [ва қатъӣ] буд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ رَدَدْنَا لَكُمُ ٱلْكَرَّةَ عَلَيْهِمْ وَأَمْدَدْنَٰكُم بِأَمْوَٰلٍ وَبَنِينَ وَجَعَلْنَٰكُمْ أَكْثَرَ نَفِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ [пас аз муддате] шуморо бар онон мусаллат мегардонем ва бо амволу фарзандон ёриатон мекунем, ва [теъдоди] нафароти шуморо бештар [аз душман] мегардонем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنْ أَحْسَنتُمْ أَحْسَنتُمْ لِأَنفُسِكُمْ وَإِنْ أَسَأْتُمْ فَلَهَا فَإِذَا جَآءَ وَعْدُ ٱلْـَٔاخِرَةِ لِيَسُـۥٓـُٔوا۟ وُجُوهَكُمْ وَلِيَدْخُلُوا۟ ٱلْمَسْجِدَ كَمَا دَخَلُوهُ أَوَّلَ مَرَّةٍ وَلِيُتَبِّرُوا۟ مَا عَلَوْا۟ تَتْبِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар [дар гуфтору рафтор] некӣ кунед, ба худ некӣ кардаед; ва агар бадӣ кунед, [боз ҳам ба] худ кардаед. Пас, ҳангоме ки ваъдаи дигар фаро расид [душман ончунон хоратон месозад], ки осори ғаму андӯҳ дар чеҳраҳоятон зоҳир мешавад ва ҳамон гуна ки бори нахуст ворид шуданд [ин бор низ ҳамла меоваранд], то ба Масҷид[-ул-ақсо] дохил шаванд ва то бар ҳар чи даст ёбанд, яксара нобуд кунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

عَسَىٰ رَبُّكُمْ أَن يَرْحَمَكُمْ وَإِنْ عُدتُّمْ عُدْنَا وَجَعَلْنَا جَهَنَّمَ لِلْكَٰفِرِينَ حَصِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Бани Исроил агар тавба кунед] Умед аст, ки Парвардигоратон бар шумо раҳмат оварад ва агар [ба табоҳӣ] бозгаштед, Мо низ бозмегардем ва дузахро зиндони кофирон кардаем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ هَٰذَا ٱلْقُرْءَانَ يَهْدِى لِلَّتِى هِىَ أَقْوَمُ وَيُبَشِّرُ ٱلْمُؤْمِنِينَ ٱلَّذِينَ يَعْمَلُونَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أَنَّ لَهُمْ أَجْرًا كَبِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, ки ин Қуръон ба устувортарин роҳ ҳидоят мекунад ва ба муъминоне, ки корҳои шоиста мекунанд, мужда медиҳад, ки барояшон подоше бузург [дар пеш] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِٱلْـَٔاخِرَةِ أَعْتَدْنَا لَهُمْ عَذَابًا أَلِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа барои касоне, ки ба охират имон намеоваранд, азобе дарднок муҳайё кардаем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَدْعُ ٱلْإِنسَٰنُ بِٱلشَّرِّ دُعَآءَهُۥ بِٱلْخَيْرِ وَكَانَ ٱلْإِنسَٰنُ عَجُولًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИнсон [дар ҳангоми хашм, аз рӯи нодонӣ ва шитоб нафрин мекунад ва] бадиро металабад, ҳамон гуна ки некиро мехоҳад; ва инсон ҳамвора шитобзада аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَعَلْنَا ٱلَّيْلَ وَٱلنَّهَارَ ءَايَتَيْنِ فَمَحَوْنَآ ءَايَةَ ٱلَّيْلِ وَجَعَلْنَآ ءَايَةَ ٱلنَّهَارِ مُبْصِرَةً لِّتَبْتَغُوا۟ فَضْلًا مِّن رَّبِّكُمْ وَلِتَعْلَمُوا۟ عَدَدَ ٱلسِّنِينَ وَٱلْحِسَابَ وَكُلَّ شَىْءٍ فَصَّلْنَٰهُ تَفْصِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterШабу рӯзро ду нишона [-и қудрату ягонагии хеш] қарор додем; ва нишонаи шабро маҳв [ва тира] кардем ва нишонаи рӯзро ошкору равшан қарор додем, то аз Парвардигоратон рӯзӣ биҷӯед ва шумори солҳо ва ҳисоб [-и вақоеъ]-ро бидонед; ва ҳар чизеро ба тафсил баён кардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكُلَّ إِنسَٰنٍ أَلْزَمْنَٰهُ طَٰٓئِرَهُۥ فِى عُنُقِهِۦ وَنُخْرِجُ لَهُۥ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ كِتَٰبًا يَلْقَىٰهُ مَنشُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [сарнавишти] рафтори ҳар инсонеро [то лаҳзаи ҳисобрасӣ] дар гарданаш бастаем ва рӯзи қиёмат барояш навиштае берун меоварем, ки онро кушода мебинад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱقْرَأْ كِتَٰبَكَ كَفَىٰ بِنَفْسِكَ ٱلْيَوْمَ عَلَيْكَ حَسِيبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ба ӯ мегӯем] «Номаатро бихон. Кофӣ аст, ки имрӯз худ ҳисобгари хеш бошӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَّنِ ٱهْتَدَىٰ فَإِنَّمَا يَهْتَدِى لِنَفْسِهِۦ وَمَن ضَلَّ فَإِنَّمَا يَضِلُّ عَلَيْهَا وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرَىٰ وَمَا كُنَّا مُعَذِّبِينَ حَتَّىٰ نَبْعَثَ رَسُولًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар ки роҳ [-и рост] ёфт, ҷуз ин нест, ки ба суди хеш роҳ ёфтааст ва ҳар ки гумроҳ шуд, яқинан ба зиёни худ гумроҳ шудааст; ва ҳеҷ гунаҳкоре бори гуноҳи дигареро барнамедорад; ва мо ҳаргиз [қавмеро] муҷозот нахоҳем кард, магар он ки [миёнашон] паёмбаре мабъус карда бошем [то вазоифашонро баён кунад]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَآ أَرَدْنَآ أَن نُّهْلِكَ قَرْيَةً أَمَرْنَا مُتْرَفِيهَا فَفَسَقُوا۟ فِيهَا فَحَقَّ عَلَيْهَا ٱلْقَوْلُ فَدَمَّرْنَٰهَا تَدْمِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чун бихоҳем, [мардуми] шаҳреро нобуд кунем, [нахуст] ба сарватмандони cаркаши он ҷо фармони] итоат аз Аллоҳ таоло ва пайравӣ аз паёмбарон] медиҳем, сипас вақте дар он ҷо ба фасод [ва мухолифат] бархостанд, ваъдаи [азоби илоҳӣ бар] он муҳаққақ мегардад; пас, ононро ба сахтӣ нобуд мекунем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَمْ أَهْلَكْنَا مِنَ ٱلْقُرُونِ مِنۢ بَعْدِ نُوحٍ وَكَفَىٰ بِرَبِّكَ بِذُنُوبِ عِبَادِهِۦ خَبِيرًۢا بَصِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чи бисёр наслҳоеро, ки пас аз Нуҳ [зиндагӣ мекарданд] ҳалок кардем ва [ҳамин] кофӣ аст, ки Парвардигорат аз гуноҳони бандагонаш огоҳ [ва нисбат ба онон] биност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَّن كَانَ يُرِيدُ ٱلْعَاجِلَةَ عَجَّلْنَا لَهُۥ فِيهَا مَا نَشَآءُ لِمَن نُّرِيدُ ثُمَّ جَعَلْنَا لَهُۥ جَهَنَّمَ يَصْلَىٰهَا مَذْمُومًا مَّدْحُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар ки хоҳони [дунёе] зудгузар аст, ҳар чи бихоҳем [ва] ба ҳар ки бихоҳем [баҳрае] аз он медиҳем; он гоҳ дузахро насибаш мекунем, ки дар он ҷо хору рондашуда ворид мегардад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَنْ أَرَادَ ٱلْـَٔاخِرَةَ وَسَعَىٰ لَهَا سَعْيَهَا وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَأُو۟لَٰٓئِكَ كَانَ سَعْيُهُم مَّشْكُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳар ки [зиндагии] охиратро бихоҳад ва барои [расидан ба] он бо ҷиддият бикӯшад ва муъмин бошад, пас, инонанд, ки аз талошашон қадрдонӣ хоҳад шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كُلًّا نُّمِدُّ هَٰٓؤُلَآءِ وَهَٰٓؤُلَآءِ مِنْ عَطَآءِ رَبِّكَ وَمَا كَانَ عَطَآءُ رَبِّكَ مَحْظُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамаро - [хоҳ] ин гурӯҳи [бадкор] ва [ё] он гурӯҳи [накукор] - аз бахшиш [ва неъматҳои дунявии] Парвардигорат баҳраманд месозем ва бахшиши Парвардигорат [аз касе] манъ нашудааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱنظُرْ كَيْفَ فَضَّلْنَا بَعْضَهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ وَلَلْـَٔاخِرَةُ أَكْبَرُ دَرَجَٰتٍ وَأَكْبَرُ تَفْضِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБингар, ки чигуна бархе аз ононро [аз лиҳози молу мақом] бар бархи дигар бартарӣ додаем ва қатъан охират [дар муқоиса бо дунё] аз назари дараҷот, бузургтар ва аз лиҳози фазилат, бартар аст [пас муъмин бояд ба он иштиёқ варзад]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَّا تَجْعَلْ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَتَقْعُدَ مَذْمُومًا مَّخْذُولًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй инсон, ҳаргиз ҳеҷ] Маъбуди дигареро бо Аллоҳ таоло [шарик] қарор надеҳ, ки накуҳида ва беёвар хоҳӣ монд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوٓا۟ إِلَّآ إِيَّاهُ وَبِٱلْوَٰلِدَيْنِ إِحْسَٰنًا إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِندَكَ ٱلْكِبَرَ أَحَدُهُمَآ أَوْ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُل لَّهُمَآ أُفٍّ وَلَا تَنْهَرْهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Парвардигорат чунин фармон додааст, ки: «Ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ яке аз он ду ё ҳар дуи онҳо дар канори ту ба синни пирӣ расиданд, [ҳатто] ба онҳо уфф магӯ ва бар сарашон фарёд назан ва бо онон ба некӣ [ва меҳрубонӣ] сухан бигӯ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ ٱلذُّلِّ مِنَ ٱلرَّحْمَةِ وَقُل رَّبِّ ٱرْحَمْهُمَا كَمَا رَبَّيَانِى صَغِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз рӯйи меҳрубонӣ боли фурӯтанӣ ва тавозуатро барояшон фуруд ор ва бигӯ: «Парвардигоро, ҳамон гуна ки [бар ман раҳмат оварданд ва] дар кӯдакӣ парваришам доданд, [Ту низ] ба онон раҳмат овар»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

رَّبُّكُمْ أَعْلَمُ بِمَا فِى نُفُوسِكُمْ إِن تَكُونُوا۟ صَٰلِحِينَ فَإِنَّهُۥ كَانَ لِلْأَوَّٰبِينَ غَفُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПарвардигори шумо ба он чи дар дилҳоятон аст, огоҳтар аст. Агар шоиста бошед, яқинан Ӯ дар ҳаққи тавбакорон омурзанда аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَءَاتِ ذَا ٱلْقُرْبَىٰ حَقَّهُۥ وَٱلْمِسْكِينَ وَٱبْنَ ٱلسَّبِيلِ وَلَا تُبَذِّرْ تَبْذِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳаққи хешовандро ба ӯ бидеҳ [силаи раҳим ба ҷой овар] ва тиҳидаст ва дарроҳмонда [-ро ёрӣ кун] ва ҳеҷ исрофкорӣ накун

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلْمُبَذِّرِينَ كَانُوٓا۟ إِخْوَٰنَ ٱلشَّيَٰطِينِ وَكَانَ ٱلشَّيْطَٰنُ لِرَبِّهِۦ كَفُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳақиқат, исрофкорон бародарони шаётин ҳастанд ва шайтон нисбат ба Парвардигораш ҳамвора носипос будааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِمَّا تُعْرِضَنَّ عَنْهُمُ ٱبْتِغَآءَ رَحْمَةٍ مِّن رَّبِّكَ تَرْجُوهَا فَقُل لَّهُمْ قَوْلًا مَّيْسُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар ба умеди раҳмат ва [кушоиши рӯзӣ] аз ҷониби Парвардигорат [ба ночор] аз онон рӯй мегардонӣ, пас, ба эшон сухане нарм бигӯ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَجْعَلْ يَدَكَ مَغْلُولَةً إِلَىٰ عُنُقِكَ وَلَا تَبْسُطْهَا كُلَّ ٱلْبَسْطِ فَتَقْعُدَ مَلُومًا مَّحْسُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ҳаргиз] даст аз инфоқ набанд ва [низ] кушодадастии бисёр накун, ки маломатшуда ва ҳасратзада мегардӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ رَبَّكَ يَبْسُطُ ٱلرِّزْقَ لِمَن يَشَآءُ وَيَقْدِرُ إِنَّهُۥ كَانَ بِعِبَادِهِۦ خَبِيرًۢا بَصِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе гумон, Парвардигорат [неъмат ва] рӯзиро бар ҳар кӣ бихоҳад, густурда медорад ва ё танг мегирад. Бе тардид, Ӯ ҳамвора ба [аҳволи] бандагонаш огоҳ ва биност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَقْتُلُوٓا۟ أَوْلَٰدَكُمْ خَشْيَةَ إِمْلَٰقٍ نَّحْنُ نَرْزُقُهُمْ وَإِيَّاكُمْ إِنَّ قَتْلَهُمْ كَانَ خِطْـًٔا كَبِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа фарзандонатонро аз бими тангдастӣ накушед. Мо ба эшон ва шумо рӯзӣ мебахшем. Яқинан куштани онҳо ҳамвора хатое бузург аст.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَقْرَبُوا۟ ٱلزِّنَىٰٓ إِنَّهُۥ كَانَ فَٰحِشَةً وَسَآءَ سَبِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба зино наздик нашавед. Бе тардид, он [кор] бисёр зишту роҳе нописанд аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَقْتُلُوا۟ ٱلنَّفْسَ ٱلَّتِى حَرَّمَ ٱللَّهُ إِلَّا بِٱلْحَقِّ وَمَن قُتِلَ مَظْلُومًا فَقَدْ جَعَلْنَا لِوَلِيِّهِۦ سُلْطَٰنًا فَلَا يُسْرِف فِّى ٱلْقَتْلِ إِنَّهُۥ كَانَ مَنصُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касеро, ки Аллоҳ таоло [куштанашро] ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ накушед; ва ҳар ки ба ситам кушта шавад, ба валии ӯ қудрат [ва ҳаққи қисос] додаем; пас, вай низ набояд дар [кайфари] қатл зиёдаравӣ кунад. Бе тардид, ӯ [валии дам] таҳти ҳимоя [-и Аллоҳ таоло ва шаръи муқаддас] қарор дорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَقْرَبُوا۟ مَالَ ٱلْيَتِيمِ إِلَّا بِٱلَّتِى هِىَ أَحْسَنُ حَتَّىٰ يَبْلُغَ أَشُدَّهُۥ وَأَوْفُوا۟ بِٱلْعَهْدِ إِنَّ ٱلْعَهْدَ كَانَ مَسْـُٔولًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба моли ятим – ҷуз шевае, ки накутар аст – наздик нашавед, то он гоҳ ки ба ҳадди [рушд ва] булуғаш бирасад ва ба паймон [-и хеш] вафо кунед; чаро ки [аз шумо] дар бораи паймон пурсида хоҳад шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَوْفُوا۟ ٱلْكَيْلَ إِذَا كِلْتُمْ وَزِنُوا۟ بِٱلْقِسْطَاسِ ٱلْمُسْتَقِيمِ ذَٰلِكَ خَيْرٌ وَأَحْسَنُ تَأْوِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳангоме ки [дар хариду фурӯш аҷносро] паймона мекунед, паймонаро комил [-у тамом] бидиҳед ва [онҳоро] бо тарозуи дуруст вазн кунед. Ин [кор] барои шумо беҳтар ва саранҷомаш накутар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَقْفُ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِۦ عِلْمٌ إِنَّ ٱلسَّمْعَ وَٱلْبَصَرَ وَٱلْفُؤَادَ كُلُّ أُو۟لَٰٓئِكَ كَانَ عَنْهُ مَسْـُٔولًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз он чи дар борааш донише надорӣ, пайравӣ накун. Бе тардид, [дар қиёмат] гӯшу чашм ва дил аз ҳама инҳо бозхост хоҳад шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَمْشِ فِى ٱلْأَرْضِ مَرَحًا إِنَّكَ لَن تَخْرِقَ ٱلْأَرْضَ وَلَن تَبْلُغَ ٱلْجِبَالَ طُولًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар замин бо такаббур роҳ нарав. Ту ҳаргиз наметавонӣ [бо роҳ рафтани ғуруромезат] заминро бишкофӣ ва дар баландӣ [ва гарданфарозӣ низ] ба кӯҳҳо намерасӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كُلُّ ذَٰلِكَ كَانَ سَيِّئُهُۥ عِندَ رَبِّكَ مَكْرُوهًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамаи инҳо назди Парвардигорат нописанд аст.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَٰلِكَ مِمَّآ أَوْحَىٰٓ إِلَيْكَ رَبُّكَ مِنَ ٱلْحِكْمَةِ وَلَا تَجْعَلْ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَتُلْقَىٰ فِى جَهَنَّمَ مَلُومًا مَّدْحُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн аз он ҳикмат [-ҳое] аст, ки аз ҷониби Парвардигорат ба ту ваҳй шудааст; ва бо Аллоҳ таоло маъбуди дигаре қарор надеҳ, ки накуҳида ва рондашуда ба дузах хоҳӣ афтод

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَفَأَصْفَىٰكُمْ رَبُّكُم بِٱلْبَنِينَ وَٱتَّخَذَ مِنَ ٱلْمَلَٰٓئِكَةِ إِنَٰثًا إِنَّكُمْ لَتَقُولُونَ قَوْلًا عَظِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [шумо мушрикон гумон мекунед, ки] Парвардигоратон [доштани] писаронро ба шумо ихтисос додааст ва худ аз [миёни] фариштагон духтароне баргирифтааст? Ба ростӣ, ки сухане бисёр бузург [ва нораво] мегӯед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ صَرَّفْنَا فِى هَٰذَا ٱلْقُرْءَانِ لِيَذَّكَّرُوا۟ وَمَا يَزِيدُهُمْ إِلَّا نُفُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бе тардид, Мо дар ин Қуръон [аҳкому андарзҳоро бо шеваҳои] гуногун баён кардем, то [мардум] панд бигиранд; ва[-ле ин суханон] ҷуз дурӣ [аз ҳақ] бар онон намеафзояд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُل لَّوْ كَانَ مَعَهُۥٓ ءَالِهَةٌ كَمَا يَقُولُونَ إِذًا لَّٱبْتَغَوْا۟ إِلَىٰ ذِى ٱلْعَرْشِ سَبِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Агар [бар фарзи маҳол] чунон ки [мушрикон] мегӯянд, бо Ӯ [Аллоҳ таоло] маъбудоне [дигар] буд, дар ин сурат, онон [барои тақарруб ва касби хушнудии Парвардигор] ба сӯи [Аллоҳ таоло] соҳиби Арш роҳе меҷустанд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

سُبْحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يَقُولُونَ عُلُوًّا كَبِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ поку муназзаҳ аст ва аз он чи онон мегӯянд, басе бартар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

تُسَبِّحُ لَهُ ٱلسَّمَٰوَٰتُ ٱلسَّبْعُ وَٱلْأَرْضُ وَمَن فِيهِنَّ وَإِن مِّن شَىْءٍ إِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهِۦ وَلَٰكِن لَّا تَفْقَهُونَ تَسْبِيحَهُمْ إِنَّهُۥ كَانَ حَلِيمًا غَفُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОсмонҳои ҳафтгонаву замин ва ҳар ки дар онҳост, Ӯро ба покӣ меситоянд; ва ҳеҷ чиз нест, магар он ки Ӯро ба покӣ ёд мекунад; вале шумо тасбеҳи ононро дарнамеёбед. Бе тардид, Ӯ ҳамвора бурдбор [ва] омурзанда аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا قَرَأْتَ ٱلْقُرْءَانَ جَعَلْنَا بَيْنَكَ وَبَيْنَ ٱلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِٱلْـَٔاخِرَةِ حِجَابًا مَّسْتُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй Паёмбар] ҳангоме ки Қуръон мехонӣ, миёни ту ва касоне, ки ба охират имон надоранд, пардае пӯшида қарор медиҳем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَعَلْنَا عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ أَكِنَّةً أَن يَفْقَهُوهُ وَفِىٓ ءَاذَانِهِمْ وَقْرًا وَإِذَا ذَكَرْتَ رَبَّكَ فِى ٱلْقُرْءَانِ وَحْدَهُۥ وَلَّوْا۟ عَلَىٰٓ أَدْبَٰرِهِمْ نُفُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бар дилҳояшон пӯшише қарор додем, то [паёми] онро дарнаёбанд ва дар гӯшҳояшон сангинӣ [ниҳодем, то ҳақро нашнаванд]; ва чун Парвардигоратро дар Қуръон ба ягонагӣ ёд мекунӣ, бо нафрат пушт мекунанд [ва мегурезанд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

نَّحْنُ أَعْلَمُ بِمَا يَسْتَمِعُونَ بِهِۦٓ إِذْ يَسْتَمِعُونَ إِلَيْكَ وَإِذْ هُمْ نَجْوَىٰٓ إِذْ يَقُولُ ٱلظَّٰلِمُونَ إِن تَتَّبِعُونَ إِلَّا رَجُلًا مَّسْحُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он гоҳ ки [кофирон] ба ту гӯш месупоранд, Мо беҳтар медонем, ки ба чи [манзур ва чи гуна] гӯш медиҳанд ва [низ] он гоҳ ки наҷво мекунанд [Мо аз суханонаншон огоҳем]; он гоҳ ки ситмакорон [-и мушрик ба мардум] мегӯянд: «Шумо ҷуз аз марди ҷодушудае пайравӣ намекунед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱنظُرْ كَيْفَ ضَرَبُوا۟ لَكَ ٱلْأَمْثَالَ فَضَلُّوا۟ فَلَا يَسْتَطِيعُونَ سَبِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБингар, ки чи гуна бароят мисолҳо задаанд, пас, гумроҳ шуданд ва дар натиҷа наметавонанд роҳе [ба сӯйи ҳақ] бибаранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوٓا۟ أَءِذَا كُنَّا عِظَٰمًا وَرُفَٰتًا أَءِنَّا لَمَبْعُوثُونَ خَلْقًا جَدِيدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [мушрикон] гуфтанд: «Оё ҳангоме ки устухонҳое [пӯсида ва] пароканда шудем, дубора бо офариниши ҷадид барангехта мешавем?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ كُونُوا۟ حِجَارَةً أَوْ حَدِيدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «[Ҳатто агар] Санг бошед ё оҳан

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوْ خَلْقًا مِّمَّا يَكْبُرُ فِى صُدُورِكُمْ فَسَيَقُولُونَ مَن يُعِيدُنَا قُلِ ٱلَّذِى فَطَرَكُمْ أَوَّلَ مَرَّةٍ فَسَيُنْغِضُونَ إِلَيْكَ رُءُوسَهُمْ وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هُوَ قُلْ عَسَىٰٓ أَن يَكُونَ قَرِيبًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЁ [Ҳар] Офаридае, ки дар хотиратон бузург менамояд [боз ҳам Аллоҳ таоло метавонад шуморо зинда кунад]. Пас, хоҳанд гуфт: «Чи касе моро бозмегардонад?». Бигӯ: [Ҳамон Парвардигоре, ки] ки нахустин бор шуморо офарид». Он гоҳ сарҳояшонро [ба нишонаи нобоварӣ] муқобилат такон медиҳанд ва мегӯянд: «Он [ҳодиса] кай хоҳад буд?». Бигӯ: «Чи басо наздик бошад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَوْمَ يَدْعُوكُمْ فَتَسْتَجِيبُونَ بِحَمْدِهِۦ وَتَظُنُّونَ إِن لَّبِثْتُمْ إِلَّا قَلِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterРӯзе, ки [Аллоҳ таоло] шуморо [ба саҳрои маҳшар] фаро мехонад ва шумо бо сипосу ситоиш иҷобаташ мекунед ва мепиндоред, ки ҷуз андаке [дар дунё] ба сар набурдаед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقُل لِّعِبَادِى يَقُولُوا۟ ٱلَّتِى هِىَ أَحْسَنُ إِنَّ ٱلشَّيْطَٰنَ يَنزَغُ بَيْنَهُمْ إِنَّ ٱلشَّيْطَٰنَ كَانَ لِلْإِنسَٰنِ عَدُوًّا مُّبِينًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй Паёмбар] бандагонамро бигӯ бо беҳтарин [алфоз бо якдигар] суҳбат кунанд [ва аз баддаҳонӣ бипарҳезанд; чаро ки] бе тардид, шайтон миёнашон душманӣ меафканад. Ба ростӣ, ки шайтон барои инсон душмане ошкор аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

رَّبُّكُمْ أَعْلَمُ بِكُمْ إِن يَشَأْ يَرْحَمْكُمْ أَوْ إِن يَشَأْ يُعَذِّبْكُمْ وَمَآ أَرْسَلْنَٰكَ عَلَيْهِمْ وَكِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй мардум] Парвардигоратон ба [аҳволи] шумо донотар аст; агар бихоҳад, бар шумо раҳмат меоварад ё агар бихоҳад, азобатон мекунад; ва [эй Паёмбар] Мо туро [барои онон нигаҳбон ва] муроқиб нафиристодаем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَرَبُّكَ أَعْلَمُ بِمَن فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَلَقَدْ فَضَّلْنَا بَعْضَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ عَلَىٰ بَعْضٍ وَءَاتَيْنَا دَاوُۥدَ زَبُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПарвардигорат ба [ҳар чи ва] ҳар ки дар осмонҳо ва замин аст, донотар аст; ва ба ростӣ, [Мо] бархе паёмбаронро [бо афзунии пайравон ва додани китоб] бар бархе [дигар] бартарӣ бахшидем ва ба Довуд Забур додем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلِ ٱدْعُوا۟ ٱلَّذِينَ زَعَمْتُم مِّن دُونِهِۦ فَلَا يَمْلِكُونَ كَشْفَ ٱلضُّرِّ عَنكُمْ وَلَا تَحْوِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Касонеро, ки ба ҷойи Ӯ [маъбуд ва корсози хеш] пиндоштаед, фаро бихонед; пас, [хоҳед дид, ки] наметавонанд газандеро аз шумо дур кунанд ва на қодиранд, онро [сӯйи дигаре] бигардонанд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أُو۟لَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ يَدْعُونَ يَبْتَغُونَ إِلَىٰ رَبِّهِمُ ٱلْوَسِيلَةَ أَيُّهُمْ أَقْرَبُ وَيَرْجُونَ رَحْمَتَهُۥ وَيَخَافُونَ عَذَابَهُۥٓ إِنَّ عَذَابَ رَبِّكَ كَانَ مَحْذُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасонеро, ки онон мехонанд, худ [бо парастиш ва накукорӣ] василае [барои тақарруб] ба Парвардигорашон меҷӯянд [ва дар рақобатанд, то бидонанд] кадом як аз аз онон [ба парастиши Аллоҳ таоло] наздиктаранд ва ба раҳматаш умедворанд ва аз азобаш метарсанд; [чаро ки] бе тардид, азоби Парвардигорат ҳамвора шоистаи парҳез аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِن مِّن قَرْيَةٍ إِلَّا نَحْنُ مُهْلِكُوهَا قَبْلَ يَوْمِ ٱلْقِيَٰمَةِ أَوْ مُعَذِّبُوهَا عَذَابًا شَدِيدًا كَانَ ذَٰلِكَ فِى ٱلْكِتَٰبِ مَسْطُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳеҷ шаҳре нест, ки магар ин ки [дар сурати нофармонӣ мардуми] онро пеш аз рӯзи қиёмат нобуд мекунем ё ба азобе сахт гирифтор месозем. Ин [кайфар] дар китоби илоҳӣ [Лавҳи Маҳфуз] сабт аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا مَنَعَنَآ أَن نُّرْسِلَ بِٱلْـَٔايَٰتِ إِلَّآ أَن كَذَّبَ بِهَا ٱلْأَوَّلُونَ وَءَاتَيْنَا ثَمُودَ ٱلنَّاقَةَ مُبْصِرَةً فَظَلَمُوا۟ بِهَا وَمَا نُرْسِلُ بِٱلْـَٔايَٰتِ إِلَّا تَخْوِيفًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Чизе] Моро аз фиристодани муъҷизот [дархости мушрикон] бознадошт, магар ин ки пешиниён онро дурӯғ пиндоштанд; ва Мо ба Самуд [қавми Солеҳ] он модашутурро ба унвони нишонаи равшан додем; пас, ба он ситам карданд ва Мо нишонаҳо [ва муъҷизот]-ро ҷуз барои бим додан [-и мардум] намефиристем.

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذْ قُلْنَا لَكَ إِنَّ رَبَّكَ أَحَاطَ بِٱلنَّاسِ وَمَا جَعَلْنَا ٱلرُّءْيَا ٱلَّتِىٓ أَرَيْنَٰكَ إِلَّا فِتْنَةً لِّلنَّاسِ وَٱلشَّجَرَةَ ٱلْمَلْعُونَةَ فِى ٱلْقُرْءَانِ وَنُخَوِّفُهُمْ فَمَا يَزِيدُهُمْ إِلَّا طُغْيَٰنًا كَبِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ба ёд овар] ҳангоме ки ба ту гуфтем: «Яқинан, Парвардигорат бар мардум иҳота дорад»; ва он руъёеро, ки [дар шаби меъроҷ] ба ту намоёндем; ва [ҳамчунин] он дарахти лаънатшуда [-и зақум] дар Қуръонро ҷуз барои озмоиши мардум қарор надодем; ва Мо ононро бим медиҳем, вале ҷуз бар cаркашии бештарашон намеафзояд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلَٰٓئِكَةِ ٱسْجُدُوا۟ لِـَٔادَمَ فَسَجَدُوٓا۟ إِلَّآ إِبْلِيسَ قَالَ ءَأَسْجُدُ لِمَنْ خَلَقْتَ طِينًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ёд кун аз] ҳангоме ки ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам саҷда кунед»; пас, [ҳамагӣ] саҷда карданд, ба ҷуз Иблис, ки гуфт: «Оё барои касе саҷда кунам, ки [ӯро] аз гил офаридаӣ?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ أَرَءَيْتَكَ هَٰذَا ٱلَّذِى كَرَّمْتَ عَلَىَّ لَئِنْ أَخَّرْتَنِ إِلَىٰ يَوْمِ ٱلْقِيَٰمَةِ لَأَحْتَنِكَنَّ ذُرِّيَّتَهُۥٓ إِلَّا قَلِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ва] Гуфт: «Ба ман хабар бидеҳ, ин аст он ки бар ман [бартарӣ додӣ ва] гиромӣ доштӣ? Агар ба ман то рӯзи қиёмат муҳлат диҳӣ, фарзандонашро – ҷуз иддаи каме- [маҳорзада ва] решакан хоҳам кард»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ ٱذْهَبْ فَمَن تَبِعَكَ مِنْهُمْ فَإِنَّ جَهَنَّمَ جَزَآؤُكُمْ جَزَآءً مَّوْفُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Бирав, ки ҳар як аз эшон аз ту пайравӣ кунад, пас, яқинан дузах подошатон хоҳад буд, ки подоше комил аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱسْتَفْزِزْ مَنِ ٱسْتَطَعْتَ مِنْهُم بِصَوْتِكَ وَأَجْلِبْ عَلَيْهِم بِخَيْلِكَ وَرَجِلِكَ وَشَارِكْهُمْ فِى ٱلْأَمْوَٰلِ وَٱلْأَوْلَٰدِ وَعِدْهُمْ وَمَا يَعِدُهُمُ ٱلشَّيْطَٰنُ إِلَّا غُرُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз эшон ҳар киро тавонистӣ, ба овози худ барангез [ва ба сӯйи гуноҳ бикаш] ва ба саворону пиёдагонат бар онон бонг бизан [то олудаи гуноҳ гарданд] ва дар амволу фарзандон шарикашон шав ва ба онон ваъда[-ҳои воҳӣ] бидеҳ; ва[-ле] шайтон ба онон ваъда намедиҳад, магар ба фиреб

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ عِبَادِى لَيْسَ لَكَ عَلَيْهِمْ سُلْطَٰنٌ وَكَفَىٰ بِرَبِّكَ وَكِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй шайтон] Ту ҳаргиз бар бандагони ман тасаллуте нахоҳӣ дошт»; ва [эй Паёмбар] ҳамин бас, ки Парвардигорат [коргузору] нигаҳбони онон [муъминон] бошад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

رَّبُّكُمُ ٱلَّذِى يُزْجِى لَكُمُ ٱلْفُلْكَ فِى ٱلْبَحْرِ لِتَبْتَغُوا۟ مِن فَضْلِهِۦٓ إِنَّهُۥ كَانَ بِكُمْ رَحِيمًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй мардум] Парвардигори шумо касест, ки киштиро дар дарё бароятон ба ҳаракат дармеоварад, то аз фазлаш баҳраманд гардед. Бе тардид, Ӯ ҳамвора нисбат ба шумо меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا مَسَّكُمُ ٱلضُّرُّ فِى ٱلْبَحْرِ ضَلَّ مَن تَدْعُونَ إِلَّآ إِيَّاهُ فَلَمَّا نَجَّىٰكُمْ إِلَى ٱلْبَرِّ أَعْرَضْتُمْ وَكَانَ ٱلْإِنسَٰنُ كَفُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он гоҳ ки дар дарё газанде ба шумо мерасад, ҳар киро [ба ҳоҷатхоҳӣ] мехонед, нопадид [ва фаромӯш] мегардад, магар [зоти поки] Ӯ; аммо вақте шуморо [аз хатари марг] раҳонад ва ба хушкӣ расонад, [аз яктопарастӣ] рӯйгардон мешавед; ва инсон ҳамвора носипос аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَفَأَمِنتُمْ أَن يَخْسِفَ بِكُمْ جَانِبَ ٱلْبَرِّ أَوْ يُرْسِلَ عَلَيْكُمْ حَاصِبًا ثُمَّ لَا تَجِدُوا۟ لَكُمْ وَكِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [мепиндоред] аз ин ки [Аллоҳ таоло] шуморо дар канораи хушкӣ [дар замин] фурӯ барад ё тӯфони сахте ба сӯятон бифиристад [ва сангборонатон кунад] эмин шудаед? Он гоҳ барои худ ҳеҷ [коргузор ва] нигаҳбоне намеёбед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمْ أَمِنتُمْ أَن يُعِيدَكُمْ فِيهِ تَارَةً أُخْرَىٰ فَيُرْسِلَ عَلَيْكُمْ قَاصِفًا مِّنَ ٱلرِّيحِ فَيُغْرِقَكُم بِمَا كَفَرْتُمْ ثُمَّ لَا تَجِدُوا۟ لَكُمْ عَلَيْنَا بِهِۦ تَبِيعًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЁ эмин аз ин шудаед, ки бори дигар шуморо ба дарё бозгардонад ва тундбоде кӯбанда ба сӯятон бифиристад ва ба сазои куфратон шуморо ғарқ кунад? Он гоҳ барои худ дар баробари Мо ҳеҷ бозпурсе намеёбед [ки далели корамонро ҷӯё шавад]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ كَرَّمْنَا بَنِىٓ ءَادَمَ وَحَمَلْنَٰهُمْ فِى ٱلْبَرِّ وَٱلْبَحْرِ وَرَزَقْنَٰهُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَفَضَّلْنَٰهُمْ عَلَىٰ كَثِيرٍ مِّمَّنْ خَلَقْنَا تَفْضِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба ростӣ, Мо фарзандони Одамро гиромӣ доштем ва ононро дар хушкӣ ва дарё [бар васоили сафар] савор кардем ва аз анвои [неъматҳои] покиза ба онон рӯзӣ додем ва ононро бар бисёре аз мавҷудоте, ки офаридаем, бартарии бисёр бахшидем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَوْمَ نَدْعُوا۟ كُلَّ أُنَاسٍۭ بِإِمَٰمِهِمْ فَمَنْ أُوتِىَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ فَأُو۟لَٰٓئِكَ يَقْرَءُونَ كِتَٰبَهُمْ وَلَا يُظْلَمُونَ فَتِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ёд кун аз] рӯзе, ки ҳар гурӯҳеро бо пешвояшон фаро мехонем; пас, касоне, ки нома [и аъмол]-ашон ба [дасти] росташон дода мешавад, инон номаи худро [бо шодмонӣ] мехонанд ва кучактарин ситаме намебинанд; [ҳатто ба андозаи риштаи миёни ҳастаи хурмо]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَن كَانَ فِى هَٰذِهِۦٓ أَعْمَىٰ فَهُوَ فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ أَعْمَىٰ وَأَضَلُّ سَبِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа[-ле] касе, ки дар ин [дунё аз дидани ҳақ] нопайдо будааст, дар охират [низ] нобино ва гумроҳтар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِن كَادُوا۟ لَيَفْتِنُونَكَ عَنِ ٱلَّذِىٓ أَوْحَيْنَآ إِلَيْكَ لِتَفْتَرِىَ عَلَيْنَا غَيْرَهُۥ وَإِذًا لَّٱتَّخَذُوكَ خَلِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Наздик буд онҳо туро [бо васвасаҳои худ] аз он чи бар ту ваҳй кардаем, бифиребанд, то [алфозе] ғайр аз онро [ки ваҳй кардаем] ба дурӯғ ба Мо нисбат диҳӣ ва онгоҳ туро ба дӯстӣ бигиранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْلَآ أَن ثَبَّتْنَٰكَ لَقَدْ كِدتَّ تَرْكَنُ إِلَيْهِمْ شَيْـًٔا قَلِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар [Мо] туро собитқадам намекардем, ба ростӣ, наздик буд андаке ба онон гароиш биёбӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذًا لَّأَذَقْنَٰكَ ضِعْفَ ٱلْحَيَوٰةِ وَضِعْفَ ٱلْمَمَاتِ ثُمَّ لَا تَجِدُ لَكَ عَلَيْنَا نَصِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар он сурат, ҳатман, ду чандон [азоб дар ин] зиндагӣ ва ду чандон [пас аз] марг ба ту мечашондем ва он гоҳ барои хеш дар баробари мо ёваре намеёфтӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِن كَادُوا۟ لَيَسْتَفِزُّونَكَ مِنَ ٱلْأَرْضِ لِيُخْرِجُوكَ مِنْهَا وَإِذًا لَّا يَلْبَثُونَ خِلَٰفَكَ إِلَّا قَلِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа наздик буд [ки кофирон бо найранг ва душманӣ] туро аз сарзамин [-и Макка] баркананд, то аз он ҷо берунат кунанд ва [агар чунин мекарданд] дар он сурат онон [низ] пас аз ту ҷуз [замони] андаке намемонданд [ва гирифтори азоб мешуданд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

سُنَّةَ مَن قَدْ أَرْسَلْنَا قَبْلَكَ مِن رُّسُلِنَا وَلَا تَجِدُ لِسُنَّتِنَا تَحْوِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн [шеваи бархӯрд бо миллатҳои носипос] суннати [Мо дар бораи] паёмбароне аст, ки пеш аз ту фиристодем; ва [ҳаргиз] дар суннати Мо [дигаргунӣ ва] тағйире намеёбӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ لِدُلُوكِ ٱلشَّمْسِ إِلَىٰ غَسَقِ ٱلَّيْلِ وَقُرْءَانَ ٱلْفَجْرِ إِنَّ قُرْءَانَ ٱلْفَجْرِ كَانَ مَشْهُودًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterНамозро аз заволи хуршед [ҳангоми зуҳр] то ниҳояти торикии шаб [нимаи шаб] бар по дор ва [ба вижа] намози субҳро. Ба ростӣ, ки намози субҳ [ва тиловати Қуръон дар ин вақт] мавриди мушоҳида [ва дар ҳузури фариштагони рӯзу шаб] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمِنَ ٱلَّيْلِ فَتَهَجَّدْ بِهِۦ نَافِلَةً لَّكَ عَسَىٰٓ أَن يَبْعَثَكَ رَبُّكَ مَقَامًا مَّحْمُودًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй Паёмабр] посе аз шабро [аз хоб] бархез ва намоз бигузор. Ҳатман, [ин намози шаб] барои афзунии мақому мартабаи туст. Умед аст, Парвардигорат туро ба мақоме писандида [шафоат] барангезад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقُل رَّبِّ أَدْخِلْنِى مُدْخَلَ صِدْقٍ وَأَخْرِجْنِى مُخْرَجَ صِدْقٍ وَٱجْعَل لِّى مِن لَّدُنكَ سُلْطَٰنًا نَّصِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бигӯ: «Парвардигоро, маро [дар ҳар коре] ба дурустӣ дохил намо ва ба дурустӣ хориҷ соз [чунон ки мавриди ризои туст]; ва аз ҷониби хеш барои ман [дар баробари душманонам] далеле ёрибахше қарор бидеҳ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقُلْ جَآءَ ٱلْحَقُّ وَزَهَقَ ٱلْبَٰطِلُ إِنَّ ٱلْبَٰطِلَ كَانَ زَهُوقًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бигӯ: «Ҳақ [ислом] омад ва ботил [ширк] нобуд шуд. Ба ростӣ, ки ботил нобудшуданӣ аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَنُنَزِّلُ مِنَ ٱلْقُرْءَانِ مَا هُوَ شِفَآءٌ وَرَحْمَةٌ لِّلْمُؤْمِنِينَ وَلَا يَزِيدُ ٱلظَّٰلِمِينَ إِلَّا خَسَارًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз Қуръон он чи дармони [ширку куфр] ва раҳмате барои муъминон аст, нозил мекунем ва [ин китоб] бар ситамгорони [мушрик] ҷуз зиён намеафзояд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَآ أَنْعَمْنَا عَلَى ٱلْإِنسَٰنِ أَعْرَضَ وَنَـَٔا بِجَانِبِهِۦ وَإِذَا مَسَّهُ ٱلشَّرُّ كَانَ يَـُٔوسًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чун ба инсон неъмат [-и сарват ва саломатӣ] медиҳем, рӯй мегардонад ва [аз шукргузорӣ ва парастиш] дурӣ мекунад ва чун бадӣ [ва газанде] ба ӯ мерасад, [аз раҳмати илоҳӣ] ноумед мегардад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ كُلٌّ يَعْمَلُ عَلَىٰ شَاكِلَتِهِۦ فَرَبُّكُمْ أَعْلَمُ بِمَنْ هُوَ أَهْدَىٰ سَبِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ҳар кас тибқи равиши хеш [ва мутаносиб бо ҳидоят ё гумроҳияш] рафтор мекунад; ва Парвардигоратон беҳтар медонад, ки чи касе ҳидоятёфтатар аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَسْـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلرُّوحِ قُلِ ٱلرُّوحُ مِنْ أَمْرِ رَبِّى وَمَآ أُوتِيتُم مِّنَ ٱلْعِلْمِ إِلَّا قَلِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй Паёмбар, кофирон] аз ту дарбораи Рӯҳ мепурсанд; бигӯ: Рӯҳ аз [ҷумлаи умури ғайбӣ ва бархоста аз] фармони Парвардигори ман аст ва ба ҷуз андаке дониш ба шумо надодаанд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَئِن شِئْنَا لَنَذْهَبَنَّ بِٱلَّذِىٓ أَوْحَيْنَآ إِلَيْكَ ثُمَّ لَا تَجِدُ لَكَ بِهِۦ عَلَيْنَا وَكِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар мехостем, ҳатман, он чиро ба ту ваҳй кардаем, [аз ёдат] мебурдем; он гоҳ дар баробари Мо барои худ ҳеҷ [коргузор ва] нигаҳбоне намеёфтӣ [ки монеи фаромӯшиат гардад]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَّا رَحْمَةً مِّن رَّبِّكَ إِنَّ فَضْلَهُۥ كَانَ عَلَيْكَ كَبِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВале [чунин накардем ва ин лутф ба хотири] раҳмате аз ҷониби Парвардигори туст. Бе тардид, ҳамвора бахшиши Ӯ бар ту бисёр аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُل لَّئِنِ ٱجْتَمَعَتِ ٱلْإِنسُ وَٱلْجِنُّ عَلَىٰٓ أَن يَأْتُوا۟ بِمِثْلِ هَٰذَا ٱلْقُرْءَانِ لَا يَأْتُونَ بِمِثْلِهِۦ وَلَوْ كَانَ بَعْضُهُمْ لِبَعْضٍ ظَهِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Агар инсу ҷин [ҳамагӣ] ҷамъ шаванд, то ҳаммонанди ин Қуръонро биёваранд, [ҳаргиз] ҳаммонандашро нахоҳанд овард; ҳарчанд онон пуштибони якдигар бошанд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ صَرَّفْنَا لِلنَّاسِ فِى هَٰذَا ٱلْقُرْءَانِ مِن كُلِّ مَثَلٍ فَأَبَىٰٓ أَكْثَرُ ٱلنَّاسِ إِلَّا كُفُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба ростӣ, Мо дар ин Қуръон барои мардум аз ҳар мисол [ва андарзу достон] овардем, вале бештари мардум [аз пазириши он] худдорӣ карданд [ва] ҷуз сари инкор надоштанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوا۟ لَن نُّؤْمِنَ لَكَ حَتَّىٰ تَفْجُرَ لَنَا مِنَ ٱلْأَرْضِ يَنۢبُوعًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа гуфтанд: «Мо ҳаргиз ба ту имон намеоварем, магар ин ки аз замин [-и Макка] бароямон чашмае ҷорӣ кунӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوْ تَكُونَ لَكَ جَنَّةٌ مِّن نَّخِيلٍ وَعِنَبٍ فَتُفَجِّرَ ٱلْأَنْهَٰرَ خِلَٰلَهَا تَفْجِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЁ боғе аз нахл ва ангур дошта бошӣ ва миёни [дарахтони он] ҷӯйҳо равон гардонӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوْ تُسْقِطَ ٱلسَّمَآءَ كَمَا زَعَمْتَ عَلَيْنَا كِسَفًا أَوْ تَأْتِىَ بِٱللَّهِ وَٱلْمَلَٰٓئِكَةِ قَبِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЁ чунончи иддао кардӣ, аз осмон пораҳое [аз азоб] бар сарамон бияфканӣ ё Аллоҳ таоло ва фариштагонро дар баробарамон ҳозир кунӣ [то ба ростгӯият гувоҳӣ диҳад]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوْ يَكُونَ لَكَ بَيْتٌ مِّن زُخْرُفٍ أَوْ تَرْقَىٰ فِى ٱلسَّمَآءِ وَلَن نُّؤْمِنَ لِرُقِيِّكَ حَتَّىٰ تُنَزِّلَ عَلَيْنَا كِتَٰبًا نَّقْرَؤُهُۥ قُلْ سُبْحَانَ رَبِّى هَلْ كُنتُ إِلَّا بَشَرًا رَّسُولًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЁ хонае [ороста аз тилло дошта бошӣ ё дар осмон боло равӣ; ва ҳаргиз боло рафтанатро бовар намекунем, магар он ки навиштае бар мо фуруд оварӣ, ки онро бихонем». Бигӯ: «Парвардигорам муназзаҳ аст. Оё ман ҷуз башаре фиристодашуда ҳастам?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا مَنَعَ ٱلنَّاسَ أَن يُؤْمِنُوٓا۟ إِذْ جَآءَهُمُ ٱلْهُدَىٰٓ إِلَّآ أَن قَالُوٓا۟ أَبَعَثَ ٱللَّهُ بَشَرًا رَّسُولًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [чизе] имон овардани мардум нашуд–он гоҳ ки ҳидоят барояшон омад–ҷуз ин ки гуфтанд: «Оё Аллоҳ таоло як инсонро ба паёмбарӣ барангехта аст?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُل لَّوْ كَانَ فِى ٱلْأَرْضِ مَلَٰٓئِكَةٌ يَمْشُونَ مُطْمَئِنِّينَ لَنَزَّلْنَا عَلَيْهِم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ مَلَكًا رَّسُولًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Агар дар замин [ба ҷойи инсон] фариштагоне буданд, ки [ҳамчун шумо] бо оромиш роҳ мерафтанд, ҳатман, аз осмон фариштаеро [аз ҷинси худашон ба унвони] паёмбар бар онон нозил мекардем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ كَفَىٰ بِٱللَّهِ شَهِيدًۢا بَيْنِى وَبَيْنَكُمْ إِنَّهُۥ كَانَ بِعِبَادِهِۦ خَبِيرًۢا بَصِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Кофист, ки Аллоҳ таоло миёни ману шумо гувоҳ бошад. Бе тардид, Ӯ ҳамвора [нисбат] ба бандагонаш огоҳ [ва] биност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَن يَهْدِ ٱللَّهُ فَهُوَ ٱلْمُهْتَدِ وَمَن يُضْلِلْ فَلَن تَجِدَ لَهُمْ أَوْلِيَآءَ مِن دُونِهِۦ وَنَحْشُرُهُمْ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ عَلَىٰ وُجُوهِهِمْ عُمْيًا وَبُكْمًا وَصُمًّا مَّأْوَىٰهُمْ جَهَنَّمُ كُلَّمَا خَبَتْ زِدْنَٰهُمْ سَعِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳар киро Аллоҳ таоло ҳидоят кунад, ӯ ҳидоятёфта [-и воқеӣ] аст ва ҳар киро гумроҳ созад, ҳаргиз барояшон ба ҷуз Ӯ [Аллоҳ таоло] дӯстоне нахоҳӣ ёфт; ва ононро дар қиёмат нобино ва гунг ва ношунаво маҳшур мегардонем, [дар ҳоле ки] бар суратҳояшон [кашида мешаванд]; ҷойгоҳашон дузах аст [ки] ҳар гоҳ шуълааш фурӯ нишинад, шарорае бар онон меафзоем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَٰلِكَ جَزَآؤُهُم بِأَنَّهُمْ كَفَرُوا۟ بِـَٔايَٰتِنَا وَقَالُوٓا۟ أَءِذَا كُنَّا عِظَٰمًا وَرُفَٰتًا أَءِنَّا لَمَبْعُوثُونَ خَلْقًا جَدِيدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн ҷазои онон аст; чаро ки оёти Моро инкор карданд ва гуфтанд: «Оё ҳангоме ки устухонҳое [пӯсида ва] пароканда шудем, дубора бо офаринише ҷадид барангехта мешавем?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوَلَمْ يَرَوْا۟ أَنَّ ٱللَّهَ ٱلَّذِى خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ قَادِرٌ عَلَىٰٓ أَن يَخْلُقَ مِثْلَهُمْ وَجَعَلَ لَهُمْ أَجَلًا لَّا رَيْبَ فِيهِ فَأَبَى ٱلظَّٰلِمُونَ إِلَّا كُفُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё надонистанд Аллоҳро, ки осмонҳо ва заминро офарида аст, метавонад ҳаммонанди ононро биёфаринад ва барояшон аҷале таъйин кардааст, ки ҳеҷ тардиде дар он нест? Ва [-ле] ситамгорон ҷуз инкор [-и чизеро] напазируфтанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُل لَّوْ أَنتُمْ تَمْلِكُونَ خَزَآئِنَ رَحْمَةِ رَبِّىٓ إِذًا لَّأَمْسَكْتُمْ خَشْيَةَ ٱلْإِنفَاقِ وَكَانَ ٱلْإِنسَٰنُ قَتُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Агар шумо молики ганҷинаҳои [бахшишу] раҳмати Парвардигорам будед, [боз ҳам] аз бими харҷ кардан [ва тангдастӣ] аз инфоқ худдорӣ мекардед; ва инсон ҳамвора бахил [ва тангназар] аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ ءَاتَيْنَا مُوسَىٰ تِسْعَ ءَايَٰتٍۭ بَيِّنَٰتٍ فَسْـَٔلْ بَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ إِذْ جَآءَهُمْ فَقَالَ لَهُۥ فِرْعَوْنُ إِنِّى لَأَظُنُّكَ يَٰمُوسَىٰ مَسْحُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба ростӣ, Мо нуҳ муъҷизаи равшан [-ро ба унвони нишонаҳои паёмбарӣ] ба Мӯсо додем; пас, аз Бани Исроил бипурс, он гоҳ ки [Мӯсо] наздашон омад ва Фиръавн ба ӯ гуфт: «Эй Мӯсо, яқинан туро афсуншуда мепиндорам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ لَقَدْ عَلِمْتَ مَآ أَنزَلَ هَٰٓؤُلَآءِ إِلَّا رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ بَصَآئِرَ وَإِنِّى لَأَظُنُّكَ يَٰفِرْعَوْنُ مَثْبُورًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Мӯсо] Гуфт: «Ту, ҳатман, медонӣ, ки инҳо [муъҷизот]-ро [касе] ҷуз Парвардигори осмонҳо ва замин нафиристодааст. [Ин муъҷизот] Далоили равшан [дар бораи қудрату ягонагии Аллоҳ таоло ва ростгӯии паёмбараш ҳастанд]; ва, эй Фиръавн, ба ростӣ, ки туро ҳалокшуда [ва зиёндида] мепиндорам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَرَادَ أَن يَسْتَفِزَّهُم مِّنَ ٱلْأَرْضِ فَأَغْرَقْنَٰهُ وَمَن مَّعَهُۥ جَمِيعًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [Фиръавн] хост, ки онон [Бани Исроил]-ро аз он сарзамин берун кунад; ва[-ле Мо] ӯ ва тамоми касонеро, ки ҳамроҳаш буданд, ғарқ кардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقُلْنَا مِنۢ بَعْدِهِۦ لِبَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ ٱسْكُنُوا۟ ٱلْأَرْضَ فَإِذَا جَآءَ وَعْدُ ٱلْـَٔاخِرَةِ جِئْنَا بِكُمْ لَفِيفًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа пас аз [нобудии] ӯ ба Бани Исроил гуфтем: «Дар сарзамин [-и Шом] сокин шавед ва ҳангоме ки ваъдаи охират фаро расид, ҳамаи шуморо бо ҳам [ба сарои маҳшар] меоварем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَبِٱلْحَقِّ أَنزَلْنَٰهُ وَبِٱلْحَقِّ نَزَلَ وَمَآ أَرْسَلْنَٰكَ إِلَّا مُبَشِّرًا وَنَذِيرًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ин [Қуръон]-ро бар ҳақ нозил кардем ва бар ҳақ [ва бидуни ҳеҷ таҳрифу тағйире] нозил шуд; ва [эй Муҳаммад] туро ҷуз башоратгар ва бимдиҳанда нафиристодем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقُرْءَانًا فَرَقْنَٰهُ لِتَقْرَأَهُۥ عَلَى ٱلنَّاسِ عَلَىٰ مُكْثٍ وَنَزَّلْنَٰهُ تَنزِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Қуръон [-и гаронқадр]-ро бахш-бахш [ва ба мурур бар ту] нозил кардем, то онро бо диранг [ва оҳистагӣ] барои мардум бихонӣ ва онро ба тадриҷ [ва бар ҳасби рӯйдодҳои мухталиф] нозил кардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ ءَامِنُوا۟ بِهِۦٓ أَوْ لَا تُؤْمِنُوٓا۟ إِنَّ ٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْعِلْمَ مِن قَبْلِهِۦٓ إِذَا يُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ يَخِرُّونَ لِلْأَذْقَانِ سُجَّدًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба кофирон] бигӯ: «[Чи] Ба он имон биёваред ё наёваред [фарқе ба ҳолатон надорад]. Бе тардид, касоне, ки қабл аз [нузули] он дониш [-и китобҳои осмонии пешинро] ёфтаанд, чун [оёти Қуръон] бар онон хонда шавад, саҷдакунон [ бар замин] меафтанд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَقُولُونَ سُبْحَٰنَ رَبِّنَآ إِن كَانَ وَعْدُ رَبِّنَا لَمَفْعُولًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа мегӯянд: «Парвардигорамон поку муназзаҳ аст. Яқинан, ваъдаи Парвардигорамон анҷомшуданӣ аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَخِرُّونَ لِلْأَذْقَانِ يَبْكُونَ وَيَزِيدُهُمْ خُشُوعًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [он гоҳ] гирякунон бар [замин] меафтанд ва [тиловати Қуръон ва тадаббур дар оёташ] бар фурӯтаниашон меафзояд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلِ ٱدْعُوا۟ ٱللَّهَ أَوِ ٱدْعُوا۟ ٱلرَّحْمَٰنَ أَيًّا مَّا تَدْعُوا۟ فَلَهُ ٱلْأَسْمَآءُ ٱلْحُسْنَىٰ وَلَا تَجْهَرْ بِصَلَاتِكَ وَلَا تُخَافِتْ بِهَا وَٱبْتَغِ بَيْنَ ذَٰلِكَ سَبِيلًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Аллоҳ таоло»-ро бихонед ё «Раҳмон»-ро бихонед; ҳар кадомро, ки бихонед, накутарини номҳо барои Ӯст». Ва [эй Паёмбар] намозатро [ончунон] ба садои баланд нахон [ки мушрикон бишнаванд] ва онро [он қадр низ] оҳиста нахон [ки ҳатто асҳобат нашнаванд]; ва миёни ин [ду ҳолат] роҳе [миёна] биҷӯй

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقُلِ ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ ٱلَّذِى لَمْ يَتَّخِذْ وَلَدًا وَلَمْ يَكُن لَّهُۥ شَرِيكٌ فِى ٱلْمُلْكِ وَلَمْ يَكُن لَّهُۥ وَلِىٌّ مِّنَ ٱلذُّلِّ وَكَبِّرْهُ تَكْبِيرًۢا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бигӯ: «Ситоиш махсуси Аллоҳ таоло аст, ки фарзанде [барои хеш] барнагузидааст ва дар фармонравоӣ ҳеҷ шарике надорад ва ҳаргиз хору нотавон намегардад, ки [ниёз ба дӯст ва] корсоз дошта бошад» ва Ӯро бузург бидор; бузургдоште шоиста

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70