caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи An-Naml النمل

93 оят · Макка · тартиби нузул 48

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ طسٓ تِلْكَ ءَايَٰتُ ٱلْقُرْءَانِ وَكِتَابٍ مُّبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо, син.[1] Ин оёти Қуръон ва китобе равшангар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُدًى وَبُشْرَىٰ لِلْمُؤْمِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ки] Ҳидояту башорате барои муъминон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ يُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤْتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَهُم بِٱلْـَٔاخِرَةِ هُمْ يُوقِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамон] Касоне, ки намоз барпо медоранд ва закот мепардозанд ва ба охират яқин доранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِٱلْـَٔاخِرَةِ زَيَّنَّا لَهُمْ أَعْمَٰلَهُمْ فَهُمْ يَعْمَهُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳақиқат, касоне, ки ба охират имон намеоваранд, аъмолашонро барояшон оростаем, пас, [кӯрдилу] саргаштаанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أُو۟لَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ لَهُمْ سُوٓءُ ٱلْعَذَابِ وَهُمْ فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ هُمُ ٱلْأَخْسَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнонанд, ки азоби дарднок [дар пеш] доранд ва дар охират зиёнкортаранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّكَ لَتُلَقَّى ٱلْقُرْءَانَ مِن لَّدُنْ حَكِيمٍ عَلِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй паёмбар] яқинан, ту Қуръонро аз пешгоҳи [Парвардигори] ҳакими доно дарёфт мекунӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِأَهْلِهِۦٓ إِنِّىٓ ءَانَسْتُ نَارًا سَـَٔاتِيكُم مِّنْهَا بِخَبَرٍ أَوْ ءَاتِيكُم بِشِهَابٍ قَبَسٍ لَّعَلَّكُمْ تَصْطَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ёд кун аз] Ҳангоме ки Мӯсо ба хонаводааш гуфт: “[Биистед] Ман оташе [аз дур] дидам. Ба зудӣ хабаре аз он бароятон меоварам ё шуълаи оташе меоварам, то гарм шавед”

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا جَآءَهَا نُودِىَ أَنۢ بُورِكَ مَن فِى ٱلنَّارِ وَمَنْ حَوْلَهَا وَسُبْحَٰنَ ٱللَّهِ رَبِّ ٱلْعَٰلَمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, чун ба он [оташ] расид, нидо дода шуд, ки: “Муборак [ва хуҷаста] бод он ки дар оташ аст ва ҳар [фариштае], ки перомуни он аст ва поку муназзаҳ аст Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰمُوسَىٰٓ إِنَّهُۥٓ أَنَا ٱللَّهُ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй Мӯсо, ба ростӣ, ки Манам Аллоҳи шикастнопазири ҳаким

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَلْقِ عَصَاكَ فَلَمَّا رَءَاهَا تَهْتَزُّ كَأَنَّهَا جَآنٌّ وَلَّىٰ مُدْبِرًا وَلَمْ يُعَقِّبْ يَٰمُوسَىٰ لَا تَخَفْ إِنِّى لَا يَخَافُ لَدَىَّ ٱلْمُرْسَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа асоятро биафкан. Пас, чун [Мӯсо] онро дид, ки ҳамчун море [бо суръат] мехазад, [аз тарс] пушт кард ва гурехт ва бознагашт. [Нидо омад] “Эй Мӯсо, натарс! Паёмбарон дар пешгоҳи Ман ҳеҷ тарсе надоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَّا مَن ظَلَمَ ثُمَّ بَدَّلَ حُسْنًۢا بَعْدَ سُوٓءٍ فَإِنِّى غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАммо касе, ки ситам кунад, он гоҳ [пас аз тавба] бадиро ба некӣ табдил намояд, [бидонад, ки] бе тардид, Ман омурзандаи меҳрубонам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَدْخِلْ يَدَكَ فِى جَيْبِكَ تَخْرُجْ بَيْضَآءَ مِنْ غَيْرِ سُوٓءٍ فِى تِسْعِ ءَايَٰتٍ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ وَقَوْمِهِۦٓ إِنَّهُمْ كَانُوا۟ قَوْمًا فَٰسِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дастатро дар гиребон фурӯ бар, [то] сапед ва бидуни айб [-у бемории песӣ] хориҷ шавад. [Ин муъҷизаест] Дар зумраи муъҷизоти нуҳгона [ки бояд] ба сӯйи Фиръавн ва қавмаш [бибарӣ, чаро ки] бе тардид, онон гурӯҳе нофармонанд”

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا جَآءَتْهُمْ ءَايَٰتُنَا مُبْصِرَةً قَالُوا۟ هَٰذَا سِحْرٌ مُّبِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, чун оёти Мо равшан [-у возеҳ] ба сӯяшон омад, гуфтанд: “Ин ҷодуе ошкор аст”

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَحَدُوا۟ بِهَا وَٱسْتَيْقَنَتْهَآ أَنفُسُهُمْ ظُلْمًا وَعُلُوًّا فَٱنظُرْ كَيْفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلْمُفْسِدِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа онҳоро аз рӯи ситаму саркашӣ инкор карданд, дар ҳоле ки дилҳояшон ба онҳо яқин доштанд; пас бингар, ки саранҷоми муфсидон чи гуна бувад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ ءَاتَيْنَا دَاوُۥدَ وَسُلَيْمَٰنَ عِلْمًا وَقَالَا ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ ٱلَّذِى فَضَّلَنَا عَلَىٰ كَثِيرٍ مِّنْ عِبَادِهِ ٱلْمُؤْمِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба ростӣ, ба Довуд ва Сулаймон донише [азим] додем ва онон гуфтанд: “Ситоиш аз они Аллоҳ таоло аст, ки моро бар бисёре аз бандагони муъмини худ бартарӣ бахшид”

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَوَرِثَ سُلَيْمَٰنُ دَاوُۥدَ وَقَالَ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ عُلِّمْنَا مَنطِقَ ٱلطَّيْرِ وَأُوتِينَا مِن كُلِّ شَىْءٍ إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ ٱلْفَضْلُ ٱلْمُبِينُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Сулаймон аз Довуд мерос бурд ва гуфт: “Эй мардум, [фаҳми] забони парандагон ба мо омӯхта шуда ва аз ҳар чиз ба мо [баҳрае] додаанд. Бе тардид, ин фазле ошкор [аз ҷониби Парвардигор] аст”

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَحُشِرَ لِسُلَيْمَٰنَ جُنُودُهُۥ مِنَ ٱلْجِنِّ وَٱلْإِنسِ وَٱلطَّيْرِ فَهُمْ يُوزَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа сипоҳиёни Сулаймон – аз ҷинну инс ва парандагон – наздаш гирд омаданд; он гоҳ муназзам [ва пайваста дар канори якдигар] мерафтанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

حَتَّىٰٓ إِذَآ أَتَوْا۟ عَلَىٰ وَادِ ٱلنَّمْلِ قَالَتْ نَمْلَةٌ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّمْلُ ٱدْخُلُوا۟ مَسَٰكِنَكُمْ لَا يَحْطِمَنَّكُمْ سُلَيْمَٰنُ وَجُنُودُهُۥ وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Онон ба роҳи худ идома доданд], то вақте ба сарзамини мӯрчагон [дар Шом] расиданд. Мӯрчае гуфт: "Эй мӯрчагон, ба лонаҳои худ биравед, то Сулаймон ва лашкариёнаш шуморо [надида ва] надониста поймол накунанд”

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَتَبَسَّمَ ضَاحِكًا مِّن قَوْلِهَا وَقَالَ رَبِّ أَوْزِعْنِىٓ أَنْ أَشْكُرَ نِعْمَتَكَ ٱلَّتِىٓ أَنْعَمْتَ عَلَىَّ وَعَلَىٰ وَٰلِدَىَّ وَأَنْ أَعْمَلَ صَٰلِحًا تَرْضَىٰهُ وَأَدْخِلْنِى بِرَحْمَتِكَ فِى عِبَادِكَ ٱلصَّٰلِحِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас [Сулаймон] аз сухани он [мӯрча] хандид ва гуфт: «Парвардигоро, ба ман тавфиқ бидеҳ, то шукри неъматеро, ки бар ман ва бар падару модарам арзонӣ доштаӣ ба ҷой оварам ва [ёриам кун, то] коре шоистае анҷом диҳам, ки мояи хушнудиат гардад ва ба раҳмати хеш маро дар ҷамъи бандагони шоистаат ворид кун”

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَتَفَقَّدَ ٱلطَّيْرَ فَقَالَ مَا لِىَ لَآ أَرَى ٱلْهُدْهُدَ أَمْ كَانَ مِنَ ٱلْغَآئِبِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [Сулаймон ҳоли] парандагонро ҷӯё шуд ва гуфт: «Чи шудааст, ки ҳудҳудро намебинам? [Оё ҷойе пинҳон шуда] ё ғоиб аст?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَأُعَذِّبَنَّهُۥ عَذَابًا شَدِيدًا أَوْ لَأَا۟ذْبَحَنَّهُۥٓ أَوْ لَيَأْتِيَنِّى بِسُلْطَٰنٍ مُّبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Пас, чун ӯро наёфт гуфт] Ҳатман, ба сахтӣ муҷозот мекунам ё сарашро мебурам, магар он ки далели равшане [барои ғайбаташ] биёварад»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَمَكَثَ غَيْرَ بَعِيدٍ فَقَالَ أَحَطتُ بِمَا لَمْ تُحِطْ بِهِۦ وَجِئْتُكَ مِن سَبَإٍۭ بِنَبَإٍ يَقِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, дере напоид [ки ҳудҳуд омад] ва гуфт: «Аз чизе огоҳӣ ёфтаам, ки ту бад-он огоҳӣ наёфтаӣ ва аз [сарзамини] Сабаъ бароят хабаре боэътимод овардаам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنِّى وَجَدتُّ ٱمْرَأَةً تَمْلِكُهُمْ وَأُوتِيَتْ مِن كُلِّ شَىْءٍ وَلَهَا عَرْشٌ عَظِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМан [он ҷо] занеро ёфтаам, ки бар онон фармонравоӣ мекунад ва [ба ӯ] аз ҳар гуна неъмате додаанд ва тахти бузурге дорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَدتُّهَا وَقَوْمَهَا يَسْجُدُونَ لِلشَّمْسِ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَزَيَّنَ لَهُمُ ٱلشَّيْطَٰنُ أَعْمَٰلَهُمْ فَصَدَّهُمْ عَنِ ٱلسَّبِيلِ فَهُمْ لَا يَهْتَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ ва қавмашро дидам, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло барои хуршед саҷда мекунанд ва шайтон корҳои [ботили] ононро барояшон ороста ва эшонро аз роҳ [-и рост] боздоштааст, аз ин рӯ, ҳидоят намешаванд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَّا يَسْجُدُوا۟ لِلَّهِ ٱلَّذِى يُخْرِجُ ٱلْخَبْءَ فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَيَعْلَمُ مَا تُخْفُونَ وَمَا تُعْلِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Шайтон фиребашон додааст] То барои Аллоҳ таоло саҷда накунанд [ҳамон маъбуде], ки ниҳони осмонҳо ва заминро ошкор мекунад ва он чиро, ки пинҳон мекунед ва ошкор месозед, [ҳамаро] медонад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ رَبُّ ٱلْعَرْشِ ٱلْعَظِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло, ки ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз ӯ нест, Парвардигори Арши бузург аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ سَنَنظُرُ أَصَدَقْتَ أَمْ كُنتَ مِنَ ٱلْكَٰذِبِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Сулаймон] гуфт: «Хоҳем дид, ки оё рост гуфтаӣ ё дурӯғгӯӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱذْهَب بِّكِتَٰبِى هَٰذَا فَأَلْقِهْ إِلَيْهِمْ ثُمَّ تَوَلَّ عَنْهُمْ فَٱنظُرْ مَاذَا يَرْجِعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн номаи маро бибар ва ба сӯйи онон бияфкан, он гоҳ дур шав ва [дар гӯшае биист ва] бингар, ки [дар бораи он] чи мегӯянд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَتْ يَٰٓأَيُّهَا ٱلْمَلَؤُا۟ إِنِّىٓ أُلْقِىَ إِلَىَّ كِتَٰبٌ كَرِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Маликаи Сабаъ] гуфт: «Эй бузургон, номаи арҷманде ба сӯйи ман афканда шудааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّهُۥ مِن سُلَيْمَٰنَ وَإِنَّهُۥ بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн [нома] аз ҷониби Сулаймон аст ва чунин аст: «Ба номи Аллоҳи бахшандаи меҳрубон

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَّا تَعْلُوا۟ عَلَىَّ وَأْتُونِى مُسْلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБар ман бартарӣ маҷӯед ва дар ҳоле ки [аз ширк даст бардошта ва] таслим [-и ҳақ ва тавҳид] шудаед, назди ман биёед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَتْ يَٰٓأَيُّهَا ٱلْمَلَؤُا۟ أَفْتُونِى فِىٓ أَمْرِى مَا كُنتُ قَاطِعَةً أَمْرًا حَتَّىٰ تَشْهَدُونِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Малика] Гуфт: «Эй бузургон, назари худро дар ин маврид бигӯед, [чаро ки] ман ҳаргиз бидуни ҳузур [-у машварат]-и шумо дар бораи коре тасмим нагирифтаам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ نَحْنُ أُو۟لُوا۟ قُوَّةٍ وَأُو۟لُوا۟ بَأْسٍ شَدِيدٍ وَٱلْأَمْرُ إِلَيْكِ فَٱنظُرِى مَاذَا تَأْمُرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон гуфтанд: «Мо неруи бисёр ва ҷангҷӯёни қудратманде дорем, вале ихтиёр [-у тасмими ниҳоӣ] бо туст. Пас, баррасӣ кун, ки чи дастуре бидиҳӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَتْ إِنَّ ٱلْمُلُوكَ إِذَا دَخَلُوا۟ قَرْيَةً أَفْسَدُوهَا وَجَعَلُوٓا۟ أَعِزَّةَ أَهْلِهَآ أَذِلَّةً وَكَذَٰلِكَ يَفْعَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Малика] гуфт: «Бе тардид, вақте подшоҳон [ба унвони фотеҳ] вориди шаҳре мешаванд, онро вайрон [ва табоҳ] месозанд ва бузургонашро хору залил мекунанд ва рафторашон ҳамвора чунин будааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنِّى مُرْسِلَةٌ إِلَيْهِم بِهَدِيَّةٍ فَنَاظِرَةٌۢ بِمَ يَرْجِعُ ٱلْمُرْسَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ман ҳадяе барояшон мефиристам ва мунтазир мемонам, то бубинам, ки фиристодагон чи посухе [бароям] меоваранд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا جَآءَ سُلَيْمَٰنَ قَالَ أَتُمِدُّونَنِ بِمَالٍ فَمَآ ءَاتَىٰنِۦَ ٱللَّهُ خَيْرٌ مِّمَّآ ءَاتَىٰكُم بَلْ أَنتُم بِهَدِيَّتِكُمْ تَفْرَحُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, чун [фиристодаи малика] назди Сулаймон омад, [Сулаймон] гуфт: «Оё [мехоҳед] бо мол [-у сарват] ба ман кумак кунед? Он чи Аллоҳ таоло [аз паёмбарӣ ва донишу фармонравӣ] ба ман бахшида, аз он чизе, ки ба шумо ато карда беҳтар аст, балки шумоед, ки ба ҳадяи хеш [ва сарватҳои дунё] шодмон мешавед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱرْجِعْ إِلَيْهِمْ فَلَنَأْتِيَنَّهُم بِجُنُودٍ لَّا قِبَلَ لَهُم بِهَا وَلَنُخْرِجَنَّهُم مِّنْهَآ أَذِلَّةً وَهُمْ صَٰغِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterНазди онон бозгард [ва бигӯ, ки] ҳатман, бо лашкариёне ба сӯяшон хоҳем омад, ки тавони муқобила бо онро надошта бошанд ва бе тардид, ононро аз он [сарзамин] хору зор берун мекунем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ يَٰٓأَيُّهَا ٱلْمَلَؤُا۟ أَيُّكُمْ يَأْتِينِى بِعَرْشِهَا قَبْلَ أَن يَأْتُونِى مُسْلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Он гоҳ] Гуфт: «Эй бузургон, кадом яке аз шумо, пеш аз он ки онон таслимшуда назди ман биёянд, тахти ӯро бароям меоварад?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ عِفْرِيتٌ مِّنَ ٱلْجِنِّ أَنَا۠ ءَاتِيكَ بِهِۦ قَبْلَ أَن تَقُومَ مِن مَّقَامِكَ وَإِنِّى عَلَيْهِ لَقَوِىٌّ أَمِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯке аз ҷинниёни тануманд гуфт: «Пеш аз он ки аз ҷоят бархезӣ, ман онро наздат меоварам ва ҳатман, барои анҷоми ин кор неруманду аминам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ ٱلَّذِى عِندَهُۥ عِلْمٌ مِّنَ ٱلْكِتَٰبِ أَنَا۠ ءَاتِيكَ بِهِۦ قَبْلَ أَن يَرْتَدَّ إِلَيْكَ طَرْفُكَ فَلَمَّا رَءَاهُ مُسْتَقِرًّا عِندَهُۥ قَالَ هَٰذَا مِن فَضْلِ رَبِّى لِيَبْلُوَنِىٓ ءَأَشْكُرُ أَمْ أَكْفُرُ وَمَن شَكَرَ فَإِنَّمَا يَشْكُرُ لِنَفْسِهِۦ وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ رَبِّى غَنِىٌّ كَرِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасе, ки донише аз китоб [-и илоҳӣ] дошт, гуфт: «Пеш аз он ки чашм бар ҳам бизанӣ, онро бароят меоварам». Пас, чун [Сулаймон] он [тахт]-ро назди худ мустақар дид, гуфт: «Ин аз фазли Парвардигори ман аст, то биозмоядам, ки оё сипос медорам ё носипосӣ мекунам. Пас, ҳар ки сипос гузорад, танҳо ба суди хеш сипос мегузорад ва ҳар ки носипосӣ кунад, пас, [ба зиёни худ носипосӣ кардааст, чаро ки] бе тардид, Парвардигорам бениёзи карим аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ نَكِّرُوا۟ لَهَا عَرْشَهَا نَنظُرْ أَتَهْتَدِىٓ أَمْ تَكُونُ مِنَ ٱلَّذِينَ لَا يَهْتَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Сулаймон] гуфт: «Тахташро [тағйири шакл диҳед ва] барояш ношинос кунед, то бубинам, оё [онро] ташхис медиҳад ё аз касонест, ки [ашё ва амволи худро] намешиносанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا جَآءَتْ قِيلَ أَهَٰكَذَا عَرْشُكِ قَالَتْ كَأَنَّهُۥ هُوَ وَأُوتِينَا ٱلْعِلْمَ مِن قَبْلِهَا وَكُنَّا مُسْلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, чун [маликаи Сабаъ] омад, [ба ӯ] гуфта шуд: «Оё тахти ту ин гуна аст?». [Малика] гуфт: «Гӯё ҳамон аст». Ва [Сулаймон гуфт] «Ин дониш [ва тавоноӣ] пеш аз ин ба мо дода шудааст ва ҳамвора фармонбардор будаем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَصَدَّهَا مَا كَانَت تَّعْبُدُ مِن دُونِ ٱللَّهِ إِنَّهَا كَانَتْ مِن قَوْمٍ كَٰفِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед, ӯро [аз имон ва тавҳид] боздошта буд. Бе тардид, [малика] аз ҷумлаи кофирон буд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قِيلَ لَهَا ٱدْخُلِى ٱلصَّرْحَ فَلَمَّا رَأَتْهُ حَسِبَتْهُ لُجَّةً وَكَشَفَتْ عَن سَاقَيْهَا قَالَ إِنَّهُۥ صَرْحٌ مُّمَرَّدٌ مِّن قَوَارِيرَ قَالَتْ رَبِّ إِنِّى ظَلَمْتُ نَفْسِى وَأَسْلَمْتُ مَعَ سُلَيْمَٰنَ لِلَّهِ رَبِّ ٱلْعَٰلَمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа вай гуфта шуд: «Ба саҳн [-и қаср] ворид шав». Пас, ҳангоме ки онро дид, пиндошт, ки оби амиқест ва ҷома аз соқҳо [-и пои] хеш боло кашид [то аз об бигзарад. Сулаймон] Гуфт: «Ин [об нест, балки] кохе аст, ки бо [қитаоти булур фарш шудааст». [Он гоҳ ӯро ба тавҳид даъват кард. Маликаи Сабаъ] Гуфт: «Парвардигоро, ман ба худ ситам кардаам ва [инак] ҳамроҳи Сулаймон таслими Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён – шудам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ أَرْسَلْنَآ إِلَىٰ ثَمُودَ أَخَاهُمْ صَٰلِحًا أَنِ ٱعْبُدُوا۟ ٱللَّهَ فَإِذَا هُمْ فَرِيقَانِ يَخْتَصِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба сӯйи қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, ки [бигӯяд] «Аллоҳи ягонаро бипарастед», вале онон ба ду гурӯҳ [муъминон ва кофирон] тақсим шуданд ва ба ситез пардохтанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ يَٰقَوْمِ لِمَ تَسْتَعْجِلُونَ بِٱلسَّيِّئَةِ قَبْلَ ٱلْحَسَنَةِ لَوْلَا تَسْتَغْفِرُونَ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Солеҳ] Гуфт: «Эй қавми ман, чаро ба ҷойи раҳмат шитобзада хоҳони азоби илоҳӣ ҳастед? Чаро аз Аллоҳ таоло омурзиш намехоҳед? Бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ ٱطَّيَّرْنَا بِكَ وَبِمَن مَّعَكَ قَالَ طَٰٓئِرُكُمْ عِندَ ٱللَّهِ بَلْ أَنتُمْ قَوْمٌ تُفْتَنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон гуфтанд: «Мо ту ва касонеро, ки ҳамроҳат ҳастанд, ба фоли бад гирифтаем». [Солеҳ] Гуфт: «Фоли бади шумо [ва дониши он] назди Аллоҳ таоло аст, балки шумо гурӯҳе ҳастед, ки озмоиш мешавед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَانَ فِى ٱلْمَدِينَةِ تِسْعَةُ رَهْطٍ يُفْسِدُونَ فِى ٱلْأَرْضِ وَلَا يُصْلِحُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар шаҳр [-и Ҳиҷр] нуҳ нафар [сардастаи гурӯҳ] буданд, ки дар он сарзамин ба фасод мепардохтанд ва [ҳеҷ] кори шоистае намекарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ تَقَاسَمُوا۟ بِٱللَّهِ لَنُبَيِّتَنَّهُۥ وَأَهْلَهُۥ ثُمَّ لَنَقُولَنَّ لِوَلِيِّهِۦ مَا شَهِدْنَا مَهْلِكَ أَهْلِهِۦ وَإِنَّا لَصَٰدِقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Онон ба якдигар] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ таоло савганд ёд кунед, ки бар ӯ [Солеҳ] ва хонаводааш шабехун бизанем [ва ононро бикушем]. Он гоҳ ба хунхоҳаш бигӯем: «Мо ҳангоми куштори хонаводааш ҳозир набудем ва ҳатман, рост мегӯем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَكَرُوا۟ مَكْرًا وَمَكَرْنَا مَكْرًا وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон [барои қатли Солеҳ ва пайравонаш] найранге ба кор бурданд ва Мо [барои нобудии кофирон] низ найранге андешидем, дар ҳоле ки онон намедонистанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱنظُرْ كَيْفَ كَانَ عَٰقِبَةُ مَكْرِهِمْ أَنَّا دَمَّرْنَٰهُمْ وَقَوْمَهُمْ أَجْمَعِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, бингар оқибати найрангашон чи шуд: мо ҳамаи он афрод ва қавмашонро нобуд кардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَتِلْكَ بُيُوتُهُمْ خَاوِيَةًۢ بِمَا ظَلَمُوٓا۟ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَةً لِّقَوْمٍ يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИнак хонаҳояшон ба сазои ситаме, ки карданд, [вайрону] тиҳӣ мондааст. Бе гумон, дар ин [кайфар] барои касоне, ки медонанд [ва имон доранд] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَنجَيْنَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَكَانُوا۟ يَتَّقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касонеро, ки имон оварда ва парҳезкор буданд, [ҳамроҳи Солеҳ] наҷот додем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلُوطًا إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِۦٓ أَتَأْتُونَ ٱلْفَٰحِشَةَ وَأَنتُمْ تُبْصِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ёд кун аз] Лут он гоҳ ки ба қавмаш гуфт: «Бо он ки [зиштӣ ва гуноҳи ливотро] медонед, оё [боз ҳам] муртакиби ин амали бешармона мешавед?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَئِنَّكُمْ لَتَأْتُونَ ٱلرِّجَالَ شَهْوَةً مِّن دُونِ ٱلنِّسَآءِ بَلْ أَنتُمْ قَوْمٌ تَجْهَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё аз рӯйи шаҳват ба ҷойи занон бо мардон дармеомезед? Балки шумо гурӯҳе нодонед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوْمِهِۦٓ إِلَّآ أَن قَالُوٓا۟ أَخْرِجُوٓا۟ ءَالَ لُوطٍ مِّن قَرْيَتِكُمْ إِنَّهُمْ أُنَاسٌ يَتَطَهَّرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, посухи қавмаш ҷуз ин набуд, ки [ба якдигар] гуфтанд: «Хонаводаи Лутро аз шаҳри худ берун кунед, [чаро ки] бе тардид, инҳо афроде покдоман ҳастанд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَنجَيْنَٰهُ وَأَهْلَهُۥٓ إِلَّا ٱمْرَأَتَهُۥ قَدَّرْنَٰهَا مِنَ ٱلْغَٰبِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ӯ ва хонаводаашро наҷот додем, магар ҳамсарашро, ки муқаддар кардем аз бозмондагон [дар азоб] бошад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَمْطَرْنَا عَلَيْهِم مَّطَرًا فَسَآءَ مَطَرُ ٱلْمُنذَرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бар онон бороне [аз санг] борондем ва борони бимдодашудагон чи бад бувад!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلِ ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ وَسَلَٰمٌ عَلَىٰ عِبَادِهِ ٱلَّذِينَ ٱصْطَفَىٰٓ ءَآللَّهُ خَيْرٌ أَمَّا يُشْرِكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Ситоишу сипос аз они Аллоҳ таоло аст ва салом бар бандагонаш, ки [ононро] баргузидааст» Оё Аллоҳ таоло беҳтар аст ё он чи [бо Ӯ] шарик месозанд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمَّنْ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ وَأَنزَلَ لَكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً فَأَنۢبَتْنَا بِهِۦ حَدَآئِقَ ذَاتَ بَهْجَةٍ مَّا كَانَ لَكُمْ أَن تُنۢبِتُوا۟ شَجَرَهَآ أَءِلَٰهٌ مَّعَ ٱللَّهِ بَلْ هُمْ قَوْمٌ يَعْدِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки осмонҳо ва заминро офарид ва аз осмон бароятон обе нозил кард ва бо он борон бӯстонҳое хуррам [-у зебо] рӯёнидем, ки ҳаргиз тавони рӯёнидани дарахтонро надоштед? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло аст? [Ҳаргиз] Балки онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки [махлуқотро] ҳамтирози [Аллоҳ таоло] қарор медиҳанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمَّن جَعَلَ ٱلْأَرْضَ قَرَارًا وَجَعَلَ خِلَٰلَهَآ أَنْهَٰرًا وَجَعَلَ لَهَا رَوَٰسِىَ وَجَعَلَ بَيْنَ ٱلْبَحْرَيْنِ حَاجِزًا أَءِلَٰهٌ مَّعَ ٱللَّهِ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки заминро қароргоҳи [амне] сохт ва миёнаш ҷӯйборҳое равон кард ва барояш кӯҳҳое [устувор] падид овард ва миёни ду дарё монеае қарор дод [то оби шӯру ширин бо ҳам наёмезанд]? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло вуҷуд дорад? [Ҳаргиз] Аммо бештарашон намедонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمَّن يُجِيبُ ٱلْمُضْطَرَّ إِذَا دَعَاهُ وَيَكْشِفُ ٱلسُّوٓءَ وَيَجْعَلُكُمْ خُلَفَآءَ ٱلْأَرْضِ أَءِلَٰهٌ مَّعَ ٱللَّهِ قَلِيلًا مَّا تَذَكَّرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки [дуои] дармондаро – чун бихондаш – иҷобат мекунад ва гирифториро бартараф месозад ва шуморо ҷонишинони [пешиниён дар] замин қарор медиҳад? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло вуҷуд дорад? Чи андак панд мегиред!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمَّن يَهْدِيكُمْ فِى ظُلُمَٰتِ ٱلْبَرِّ وَٱلْبَحْرِ وَمَن يُرْسِلُ ٱلرِّيَٰحَ بُشْرًۢا بَيْنَ يَدَىْ رَحْمَتِهِۦٓ أَءِلَٰهٌ مَّعَ ٱللَّهِ تَعَٰلَى ٱللَّهُ عَمَّا يُشْرِكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки дар торикиҳои биёбон ва дарё [ба василаи моҳу ситорагон] ҳидоятатон мекунад ва он ки пеш аз [борони] раҳматаш бодҳоро ба мужда мефиристад? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло вуҷуд дорад? Аллоҳ таоло аз он чи [барояш] шарик қарор медиҳанд, бартар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمَّن يَبْدَؤُا۟ ٱلْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ وَمَن يَرْزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلْأَرْضِ أَءِلَٰهٌ مَّعَ ٱللَّهِ قُلْ هَاتُوا۟ بُرْهَٰنَكُمْ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Оё маъбудони шумо беҳтаранд] Ё касе, ки офаринишро оғоз кард ва сипас онро бозмегардонад ва [ё] он ки аз осмон ва замин ба шумо рӯзӣ медиҳад? Оё маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло вуҷуд дорад? Бигӯ: «Агар ростгӯед, далелатонро биёваред»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُل لَّا يَعْلَمُ مَن فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ ٱلْغَيْبَ إِلَّا ٱللَّهُ وَمَا يَشْعُرُونَ أَيَّانَ يُبْعَثُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Касе дар осмонҳо ва замин аз ғайб огоҳ нест, магар Аллоҳ таоло. Ва намедонанд чи замоне барангехта мешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَلِ ٱدَّٰرَكَ عِلْمُهُمْ فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ بَلْ هُمْ فِى شَكٍّ مِّنْهَا بَلْ هُم مِّنْهَا عَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё илмашон дар бораи охират ба камол расидааст [ва дар борааш яқин доранд? Ҳаргиз], балки онон дар ин маврид дар шак [-у ҳайронӣ] ҳастанд, балки эшон нисбат ба [фаҳми] он [бебасират ва] кӯрдиланд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ أَءِذَا كُنَّا تُرَٰبًا وَءَابَآؤُنَآ أَئِنَّا لَمُخْرَجُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касоне, ки куфр варзиданд, гуфтанд: «Оё ҳангоме ки мо ва падаронамон хок шудем, моро [зинда мекунанд ва аз гӯр] берун меоваранд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَقَدْ وُعِدْنَا هَٰذَا نَحْنُ وَءَابَآؤُنَا مِن قَبْلُ إِنْ هَٰذَآ إِلَّآ أَسَٰطِيرُ ٱلْأَوَّلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳақиқат, инро ба мо ва пеш аз ин ба падаронамон [низ] ваъда додаанд. Ин [сухан чизе] нест, магар афсонаҳои пешиниён»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ سِيرُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ فَٱنظُرُوا۟ كَيْفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلْمُجْرِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Дар замин гардиш кунед ва бингаред, ки саранҷоми гунаҳгорон чи гуна будааст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَحْزَنْ عَلَيْهِمْ وَلَا تَكُن فِى ضَيْقٍ مِّمَّا يَمْكُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз [рӯйгардонии] онон ғамгин набош ва аз найрангҳое, ки меварзанд, дилтанг нашав

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلْوَعْدُ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [кофирон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда [-и азоб] кай хоҳад буд»?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ عَسَىٰٓ أَن يَكُونَ رَدِفَ لَكُم بَعْضُ ٱلَّذِى تَسْتَعْجِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Чи басо бархе аз он чи ба шитоб мехоҳед, ба шумо наздик бошад»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّ رَبَّكَ لَذُو فَضْلٍ عَلَى ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَشْكُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бе гумон, Парвардигорат нисбат ба мардум бахшиш [-у раҳмат] дорад, вале бештарашон сипос намегузоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّ رَبَّكَ لَيَعْلَمُ مَا تُكِنُّ صُدُورُهُمْ وَمَا يُعْلِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бе тардид, Парвардигорат он чиро дар синаҳояшон пинҳон мекунанд ва он чиро ошкор месозанд, ба хубӣ медонад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا مِنْ غَآئِبَةٍ فِى ٱلسَّمَآءِ وَٱلْأَرْضِ إِلَّا فِى كِتَٰبٍ مُّبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳеҷ пинҳонӣ дар осмону замин нест, магар он ки дар китобе равшан [Лавҳи маҳфуз] сабт аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ هَٰذَا ٱلْقُرْءَانَ يَقُصُّ عَلَىٰ بَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ أَكْثَرَ ٱلَّذِى هُمْ فِيهِ يَخْتَلِفُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе гумон, ин Қуръон бештар он чиро, ки Бани Исроил дар борааш ихтилоф доранд, барояшон баён мекунад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّهُۥ لَهُدًى وَرَحْمَةٌ لِّلْمُؤْمِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳаққо, ки раҳнамун ва раҳмате барои муъминон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ رَبَّكَ يَقْضِى بَيْنَهُم بِحُكْمِهِۦ وَهُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْعَلِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМусалламан, Парвардигорат [дар қиёмат] ба ҳукми хеш миёнашон доварӣ мекунад ва Ӯ шикастнопазири доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَتَوَكَّلْ عَلَى ٱللَّهِ إِنَّكَ عَلَى ٱلْحَقِّ ٱلْمُبِينِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, бар Аллоҳ таоло таваккал кун. Ба ростӣ, ки ту бар ҳақиқати ошкор ҳастӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّكَ لَا تُسْمِعُ ٱلْمَوْتَىٰ وَلَا تُسْمِعُ ٱلصُّمَّ ٱلدُّعَآءَ إِذَا وَلَّوْا۟ مُدْبِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ту ҳаргиз наметавонӣ мурдадилонро шунаво созӣ ва [нидои] даъват [-и ҳақ]-ро ба гӯши карон бирасонӣ, он гоҳ ки онон пушт мекунанд ва рӯй мегардонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَآ أَنتَ بِهَٰدِى ٱلْعُمْىِ عَن ضَلَٰلَتِهِمْ إِن تُسْمِعُ إِلَّا مَن يُؤْمِنُ بِـَٔايَٰتِنَا فَهُم مُّسْلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ту наметавонӣ кӯрдилонро аз гумроҳиашон [бозгардонӣ ва] ҳидоят кунӣ. Ту [метавонӣ паёми ҳақро танҳо] ба гӯши касоне бирасонӣ, ки ба оёти Мо имон доранд ва [дар баробари ҳақ] таслиманд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا وَقَعَ ٱلْقَوْلُ عَلَيْهِمْ أَخْرَجْنَا لَهُمْ دَآبَّةً مِّنَ ٱلْأَرْضِ تُكَلِّمُهُمْ أَنَّ ٱلنَّاسَ كَانُوا۟ بِـَٔايَٰتِنَا لَا يُوقِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он гоҳ ки [дар остонаи қиёмат] фармони [азоб] бар онон воҷиб гардад, ҷунбандаеро барояшон аз замин бурун меоварем, ки бо онон [дар ин маврид] сухан бигӯяд, ки мардум ба оёти Мо яқин надоштанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَوْمَ نَحْشُرُ مِن كُلِّ أُمَّةٍ فَوْجًا مِّمَّن يُكَذِّبُ بِـَٔايَٰتِنَا فَهُمْ يُوزَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ёд кун аз] рӯзе, ки аз ҳар уммате гурӯҳе аз онон, ки оёти Моро дурӯғ меангоштанд, ҷамъ мекунем, он гоҳ [барои ҳисобрасӣ ба саф] нигоҳ дошта мешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءُو قَالَ أَكَذَّبْتُم بِـَٔايَٰتِى وَلَمْ تُحِيطُوا۟ بِهَا عِلْمًا أَمَّاذَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо ҳангоме ки [ба ҷойгоҳи ҳисобрасӣ] бирасанд, [дар он ҷо Аллоҳ таоло] мефармояд: «Оё дар ҳоле ки нисбат ба [ҳақиқати] оётам донише надоштед, онҳоро дурӯғ меангоштед? Ин чи коре буд, ки мекардед?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَوَقَعَ ٱلْقَوْلُ عَلَيْهِم بِمَا ظَلَمُوا۟ فَهُمْ لَا يَنطِقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба хотири ситаме, ки карданд, фармон [-и азоб] бар онон воқеъ мегардад ва ҳеҷ сухане [дар дифоъ аз худ] намегӯянд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَمْ يَرَوْا۟ أَنَّا جَعَلْنَا ٱلَّيْلَ لِيَسْكُنُوا۟ فِيهِ وَٱلنَّهَارَ مُبْصِرًا إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَٰتٍ لِّقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё надиданд, ки шабро падид овардаем, то дар он оромиш ёбанд ва рӯзро равшанибахш [сохтаем, то ба кор ва талош бипардозанд]? Бе тардид, дар ин [офариниш] барои онон, ки имон меоваранд, нишонаҳо [-и равшане аз қудрати Аллоҳ таоло] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَوْمَ يُنفَخُ فِى ٱلصُّورِ فَفَزِعَ مَن فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَن فِى ٱلْأَرْضِ إِلَّا مَن شَآءَ ٱللَّهُ وَكُلٌّ أَتَوْهُ دَٰخِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ёд кун аз] рӯзе, ки дар сур дамида мешавад ва ҳар ки дар осмонҳо ва замин аст, ваҳшат мекунад, магар он ки Аллоҳ таоло бихоҳад ва ҳамагӣ бо хорӣ [ва зиллат] ба пешгоҳи Аллоҳ таоло меоянд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَتَرَى ٱلْجِبَالَ تَحْسَبُهَا جَامِدَةً وَهِىَ تَمُرُّ مَرَّ ٱلسَّحَابِ صُنْعَ ٱللَّهِ ٱلَّذِىٓ أَتْقَنَ كُلَّ شَىْءٍ إِنَّهُۥ خَبِيرٌۢ بِمَا تَفْعَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа кӯҳҳоро мебинӣ [ва] онҳоро беҳаракат мепиндорӣ, ҳол он ки монанди гузари абрҳо дар ҳаракатанд. Ин офариниши илоҳӣ аст, ки ҳар чизеро маҳкам [-у устувор] падид овардааст. Бе тардид, Ӯ ба он чи мекунед огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَن جَآءَ بِٱلْحَسَنَةِ فَلَهُۥ خَيْرٌ مِّنْهَا وَهُم مِّن فَزَعٍ يَوْمَئِذٍ ءَامِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар ки [дар рӯзӣ қиёмат] некӣ биёварад, [подоше] беҳтар аз он хоҳад дошт ва аз ваҳшати он рӯз дар амонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَن جَآءَ بِٱلسَّيِّئَةِ فَكُبَّتْ وُجُوهُهُمْ فِى ٱلنَّارِ هَلْ تُجْزَوْنَ إِلَّا مَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳар ки бадӣ биёварад, бо рӯяш дар оташ нагунсор мешаванд [ва ба онон гуфта мешавад]: «Оё ҷуз дар баробари он чи кардаед, муҷозот мешавед?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّمَآ أُمِرْتُ أَنْ أَعْبُدَ رَبَّ هَٰذِهِ ٱلْبَلْدَةِ ٱلَّذِى حَرَّمَهَا وَلَهُۥ كُلُّ شَىْءٍ وَأُمِرْتُ أَنْ أَكُونَ مِنَ ٱلْمُسْلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба кофирон бигӯ] «Ман фақат маъмурам, ки Парвардигори ин шаҳр [Макка]-ро бипарастам, ҳамон ки ба ин ҷо ҳурмат бахшида ва ҳама чиз аз они Ӯст ва маъмурам, ки таслим [-и фармонаш] бошам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَنْ أَتْلُوَا۟ ٱلْقُرْءَانَ فَمَنِ ٱهْتَدَىٰ فَإِنَّمَا يَهْتَدِى لِنَفْسِهِۦ وَمَن ضَلَّ فَقُلْ إِنَّمَآ أَنَا۠ مِنَ ٱلْمُنذِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ин ки Қуръонро тиловат кунам. Пас, ҳар ки ҳидоят шавад, ба суди хеш ҳидоят ёфтааст, ва [ба] ҳар ки гумроҳ мегардад, бигӯ: «Ман фақат бимдиҳандаам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقُلِ ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ سَيُرِيكُمْ ءَايَٰتِهِۦ فَتَعْرِفُونَهَا وَمَا رَبُّكَ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бигӯ: «Ситоиш аз они Аллоҳ таоло аст. Ба зудӣ нишонаҳо [-и қудрат]-и хешро нишонатон хоҳад дод ва онҳоро хоҳед шинохт». Ва Парвардигорат аз он чи мекунед, ғофил нест

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70