Асосӣ › Сураҳо › Сураи Al-Qasas
Сураи Al-Qasas القصص
88 оят · Макка · тартиби нузул 49
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ طسٓمٓ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center То, син, мим.[1]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
تِلْكَ ءَايَٰتُ ٱلْكِتَٰبِ ٱلْمُبِينِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ин оёти китоби равшангар аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
نَتْلُوا۟ عَلَيْكَ مِن نَّبَإِ مُوسَىٰ وَفِرْعَوْنَ بِٱلْحَقِّ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [бахшҳое] аз достони Мӯсо ва Фиръавнро барои касоне, ки имон овардаанд, ба дурустӣ бар ту тиловат мекунем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ فِرْعَوْنَ عَلَا فِى ٱلْأَرْضِ وَجَعَلَ أَهْلَهَا شِيَعًا يَسْتَضْعِفُ طَآئِفَةً مِّنْهُمْ يُذَبِّحُ أَبْنَآءَهُمْ وَيَسْتَحْىِۦ نِسَآءَهُمْ إِنَّهُۥ كَانَ مِنَ ٱلْمُفْسِدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бе тардид, Фиръавн дар сарзамини [Миср] бартарихоҳӣ кард ва мардумашро ба гурӯҳҳо тақсим намуд. Гурӯҳе аз ононро ба нотавонӣ [ва хорӣ] мекашонд, [чунон ки] писаронашонро мекушт ва занонашонро [барои канизӣ] зинда нигаҳ медошт. Ба ростӣ, ки ӯ аз табаҳкорон буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَنُرِيدُ أَن نَّمُنَّ عَلَى ٱلَّذِينَ ٱسْتُضْعِفُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ وَنَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً وَنَجْعَلَهُمُ ٱلْوَٰرِثِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва мехостем бар Бани Исроил, ки дар он сарзамин ба нотавонӣ кашида шуда буданд, [бо нобуд кардани душманашон] миннат бигузорем ва пешвоён [-и мардум] қарорашон диҳем ва [пас аз нобудии Фиръавн] ононро ворисон [-и сарзамини Шом] намоем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَنُمَكِّنَ لَهُمْ فِى ٱلْأَرْضِ وَنُرِىَ فِرْعَوْنَ وَهَٰمَٰنَ وَجُنُودَهُمَا مِنْهُم مَّا كَانُوا۟ يَحْذَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва дар он сарзамин ҳукумат ба эшон диҳем ва он чиро Фиръавн ва [вазираш] Ҳомон ва сипоҳиёнашон ҳамвора аз он метарсиданд [суқути ҳукумат], ба онон нишон диҳем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَوْحَيْنَآ إِلَىٰٓ أُمِّ مُوسَىٰٓ أَنْ أَرْضِعِيهِ فَإِذَا خِفْتِ عَلَيْهِ فَأَلْقِيهِ فِى ٱلْيَمِّ وَلَا تَخَافِى وَلَا تَحْزَنِىٓ إِنَّا رَآدُّوهُ إِلَيْكِ وَجَاعِلُوهُ مِنَ ٱلْمُرْسَلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ба модари Мӯсо илҳом кардем, ки: «Ӯро шир бидеҳ ва ҳангоме ки [аз осеби фиръавниён] бар ӯ тарсидӣ, [кӯдакро дар сандуқе бигзор ва] ба рӯд [-и Нил] биандозаш ва натарс ва андуҳгин нашав [зеро] ҳатман, ӯро ба ту бозмегардонем ва аз паёмбарон қарораш медиҳем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱلْتَقَطَهُۥٓ ءَالُ فِرْعَوْنَ لِيَكُونَ لَهُمْ عَدُوًّا وَحَزَنًا إِنَّ فِرْعَوْنَ وَهَٰمَٰنَ وَجُنُودَهُمَا كَانُوا۟ خَٰطِـِٔينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, [чун модари Мӯсо чунин кард] хонадони Фиръавн ӯро [аз об] гирифтанд, то саранҷом [солҳо баъд ин фарзанди Бани Исроил] душман ва [мояи] андуҳашон гардад. Ба ростӣ, ки Фиръавн ва Ҳомон ва сипоҳиёнашон гунаҳгор буданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَتِ ٱمْرَأَتُ فِرْعَوْنَ قُرَّتُ عَيْنٍ لِّى وَلَكَ لَا تَقْتُلُوهُ عَسَىٰٓ أَن يَنفَعَنَآ أَوْ نَتَّخِذَهُۥ وَلَدًا وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [чун Фиръавн дастури қатли Мӯсоро дод, Осия] ҳамсари Фиръавн гуфт: «[Ин писар] Нури чашми ману туст. Ӯро накушед. Чи басо ба мо суде бибахшад, ё ӯро ба фарзандӣ бигирем», ҳол он ки [оқибати корро] намедонистанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَصْبَحَ فُؤَادُ أُمِّ مُوسَىٰ فَٰرِغًا إِن كَادَتْ لَتُبْدِى بِهِۦ لَوْلَآ أَن رَّبَطْنَا عَلَىٰ قَلْبِهَا لِتَكُونَ مِنَ ٱلْمُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва дили модари Мӯсо [аз ҳама чиз ҷуз ёди писараш] тиҳӣ гашт ва агар қалбашро қавӣ накарда будем, ки [ба ваъдаи Мо] имон дошта бошад, наздик буд он розро фош кунад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَتْ لِأُخْتِهِۦ قُصِّيهِ فَبَصُرَتْ بِهِۦ عَن جُنُبٍ وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [модари Мӯсо пас аз он ки ӯро дар Нил раҳо кард] ба хоҳари ӯ гуфт: «Ба дунболаш бирав», пас, [хоҳараш] аз дур ба ӯ менигарист, дар ҳоле ки онон намедонистанд [ки он духтар, хоҳари ин кӯдак аст]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَحَرَّمْنَا عَلَيْهِ ٱلْمَرَاضِعَ مِن قَبْلُ فَقَالَتْ هَلْ أَدُلُّكُمْ عَلَىٰٓ أَهْلِ بَيْتٍ يَكْفُلُونَهُۥ لَكُمْ وَهُمْ لَهُۥ نَٰصِحُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Мо [шири] ҳамаи занони ширдеҳро аз қабл бар ӯ ҳаром кардем [чунон ки синаи ҳеҷ якро напазируфт]. Он гоҳ [хоҳараш] гуфт: «Мехоҳед хонаводаеро нишонатон диҳам, ки ӯро бароятон нигаҳ доранд ва хайрхоҳаш бошанд?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَرَدَدْنَٰهُ إِلَىٰٓ أُمِّهِۦ كَىْ تَقَرَّ عَيْنُهَا وَلَا تَحْزَنَ وَلِتَعْلَمَ أَنَّ وَعْدَ ٱللَّهِ حَقٌّ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, [онон пазируфтанд ва бад-ин сурат] ӯро ба модараш бозгардонидем, то чашмаш равшан гардад ва ғамгин набошад ва то бидонад, ки ваъдаи Аллоҳ таоло ҳақ аст, вале бештарашон намедонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَمَّا بَلَغَ أَشُدَّهُۥ وَٱسْتَوَىٰٓ ءَاتَيْنَٰهُ حُكْمًا وَعِلْمًا وَكَذَٰلِكَ نَجْزِى ٱلْمُحْسِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва чун Мӯсо ба рушду камоли хеш расид ва баруманд шуд, ба ӯ ҳикмату дониш [-и оини Бани Исроилро] ато кардем ва накукоронро инчунин подош медиҳем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَدَخَلَ ٱلْمَدِينَةَ عَلَىٰ حِينِ غَفْلَةٍ مِّنْ أَهْلِهَا فَوَجَدَ فِيهَا رَجُلَيْنِ يَقْتَتِلَانِ هَٰذَا مِن شِيعَتِهِۦ وَهَٰذَا مِنْ عَدُوِّهِۦ فَٱسْتَغَٰثَهُ ٱلَّذِى مِن شِيعَتِهِۦ عَلَى ٱلَّذِى مِنْ عَدُوِّهِۦ فَوَكَزَهُۥ مُوسَىٰ فَقَضَىٰ عَلَيْهِ قَالَ هَٰذَا مِنْ عَمَلِ ٱلشَّيْطَٰنِ إِنَّهُۥ عَدُوٌّ مُّضِلٌّ مُّبِينٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳангоме ки мардум [машғули истироҳат ва] бехабар буданд, Мӯсо [махфиёна] вориди шаҳр шуд ва ду мардро дид, ки бо якдигар даргир шудаанд. Яке аз онон [аз қавми Бани Исроил ва] аз дӯстони Мӯсо буд ва дигаре [қибтӣ буд ва] аз душманонаш. Пас, он ки аз дӯстони ӯ буд, алайҳи душманаш аз Мӯсо ёрӣ хост, пас, [Мӯсо] мушт [-и маҳкам]-е ба вай заду ӯро аз пой даровард [он гоҳ] гуфт: «Ин кори шайтон буд. Ҳаққо, ки ӯ душман [-и инсон ва] гумроҳкунандаи ошкоре аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ رَبِّ إِنِّى ظَلَمْتُ نَفْسِى فَٱغْفِرْ لِى فَغَفَرَ لَهُۥٓ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلْغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Сипас] Гуфт: «Парвардигоро, ман ба худ ситам кардаам, пас, маро бибахш» ва [Аллоҳ таоло] ӯро бахшид. Бе тардид, Ӯ омурзандаи меҳрубон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ رَبِّ بِمَآ أَنْعَمْتَ عَلَىَّ فَلَنْ أَكُونَ ظَهِيرًا لِّلْمُجْرِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Он гоҳ] Гуфт: «Парвардигоро, ба шукронаи он ки бар ман неъмат [-и қудрату дониш] арзонӣ доштаӣ, ҳаргиз пуштибони муҷримон нахоҳам буд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَصْبَحَ فِى ٱلْمَدِينَةِ خَآئِفًا يَتَرَقَّبُ فَإِذَا ٱلَّذِى ٱسْتَنصَرَهُۥ بِٱلْأَمْسِ يَسْتَصْرِخُهُۥ قَالَ لَهُۥ مُوسَىٰٓ إِنَّكَ لَغَوِىٌّ مُّبِينٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Мӯсо] Шабро бо тарсу нигаронӣ дар шаҳр ба субҳ расонд, ки ногоҳ марде, ки дирӯз аз ӯ ёрӣ хоста буд, боз ба фарёд аз ӯ ёрӣ хост. Мӯсо ба ӯ гуфт: «Воқеан, ошкор аст, ки ту [моҷароҷӯ ва] гумроҳӣ»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَمَّآ أَنْ أَرَادَ أَن يَبْطِشَ بِٱلَّذِى هُوَ عَدُوٌّ لَّهُمَا قَالَ يَٰمُوسَىٰٓ أَتُرِيدُ أَن تَقْتُلَنِى كَمَا قَتَلْتَ نَفْسًۢا بِٱلْأَمْسِ إِن تُرِيدُ إِلَّآ أَن تَكُونَ جَبَّارًا فِى ٱلْأَرْضِ وَمَا تُرِيدُ أَن تَكُونَ مِنَ ٱلْمُصْلِحِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, ҳангоме ки [Мӯсо] хост, ба касе, ки душмани ҳар дуи онон буд, ҳамла кунад, [он марди қибтӣ] гуфт: «Эй Мӯсо, оё мехоҳӣ ҳамон гуна ки дирӯз касеро куштӣ, [имрӯз низ] маро бикушӣ? Қасди ту фақат зӯргӯӣ дар ин сарзамин аст ва намехоҳӣ аз ислоҳгарон [байни афрод] бошӣ»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَجَآءَ رَجُلٌ مِّنْ أَقْصَا ٱلْمَدِينَةِ يَسْعَىٰ قَالَ يَٰمُوسَىٰٓ إِنَّ ٱلْمَلَأَ يَأْتَمِرُونَ بِكَ لِيَقْتُلُوكَ فَٱخْرُجْ إِنِّى لَكَ مِنَ ٱلنَّٰصِحِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [дар ин ҳангом] марде [ки аз дӯстони Мӯсо буд] аз дуртарин нуқтаи шаҳр шитобон омад [ва] гуфт: «Эй Мӯсо, бузургон [-и қавми Фиръавн] дар бораи куштанат ба машварат нишастаанд, пас, бедиранг [аз шаҳр] хориҷ шав, [ки] ман ҳатман, хайрхоҳат ҳастам»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَخَرَجَ مِنْهَا خَآئِفًا يَتَرَقَّبُ قَالَ رَبِّ نَجِّنِى مِنَ ٱلْقَوْمِ ٱلظَّٰلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, Мӯсо бо тарсу нигаронӣ аз шаҳр берун рафт ва гуфт: «Парвардигоро, маро аз [осеби] ситамгорон наҷот бидеҳ»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَمَّا تَوَجَّهَ تِلْقَآءَ مَدْيَنَ قَالَ عَسَىٰ رَبِّىٓ أَن يَهْدِيَنِى سَوَآءَ ٱلسَّبِيلِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва чун ба шаҳри Мадян рӯ овард, гуфт: «Умед аст, Парвардигорам маро ба роҳи рост ҳидоят кунад»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَمَّا وَرَدَ مَآءَ مَدْيَنَ وَجَدَ عَلَيْهِ أُمَّةً مِّنَ ٱلنَّاسِ يَسْقُونَ وَوَجَدَ مِن دُونِهِمُ ٱمْرَأَتَيْنِ تَذُودَانِ قَالَ مَا خَطْبُكُمَا قَالَتَا لَا نَسْقِى حَتَّىٰ يُصْدِرَ ٱلرِّعَآءُ وَأَبُونَا شَيْخٌ كَبِيرٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ҳангоме ки ба [чоҳи] оби Мадян расид, бар сари чоҳ гурӯҳе аз мардумро дид, ки [чаҳорпоёни худро] об медиҳанд ва наздики онон ду занро дид, ки [гӯсфандонашонро] канор мекашиданд [ва аз дигарон фосила мегирифтанд. Мӯсо] гуфт: «Шумо чи мекунед? [Чаро гӯсфандони худро об намедиҳед.] Онон гуфтанд: «Мо [ба рамаи худ] об намедиҳем, то ин чӯпонҳо бозгарданд [ва музоҳимамон набошанд]. Падарамон пирамарде куҳансол аст [ва тавоноии ин корро надорад]»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَسَقَىٰ لَهُمَا ثُمَّ تَوَلَّىٰٓ إِلَى ٱلظِّلِّ فَقَالَ رَبِّ إِنِّى لِمَآ أَنزَلْتَ إِلَىَّ مِنْ خَيْرٍ فَقِيرٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Мӯсо барои он ду нафар [гӯсфандонашонро] об дод, он гоҳ сӯйи соя бозгашт ва гуфт: «Парвардигоро, ба ҳар хайре, ки бароям бифиристӣ, сахт ниёзмандам»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَجَآءَتْهُ إِحْدَىٰهُمَا تَمْشِى عَلَى ٱسْتِحْيَآءٍ قَالَتْ إِنَّ أَبِى يَدْعُوكَ لِيَجْزِيَكَ أَجْرَ مَا سَقَيْتَ لَنَا فَلَمَّا جَآءَهُۥ وَقَصَّ عَلَيْهِ ٱلْقَصَصَ قَالَ لَا تَخَفْ نَجَوْتَ مِنَ ٱلْقَوْمِ ٱلظَّٰلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Он гоҳ яке аз он ду [зан], дар ҳоле ки бо шарму ҳаё гом бармедошт, наздаш омаду гуфт: «Падарам даъватат мекунад [ки наздаш биравӣ], то музди он ки [гӯсфандон]-ро бароямон об додӣ, ба ту пардохт кунад». Чун [Мӯсо] назди ӯ рафту саргузашташро барои ӯ ҳикоят кард, вай гуфт: «Натарс, ки аз гурӯҳи ситамгор наҷот ёфтаӣ»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَتْ إِحْدَىٰهُمَا يَٰٓأَبَتِ ٱسْتَـْٔجِرْهُ إِنَّ خَيْرَ مَنِ ٱسْتَـْٔجَرْتَ ٱلْقَوِىُّ ٱلْأَمِينُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Яке аз он ду [духтар] гуфт: «Падарҷон, ӯро истихдом кун, [зеро] бе тардид, беҳтарин касе, ки метавонӣ ба кор бигирӣ он аст, ки неруманду амонатдор бошад [ва ӯ чунин аст]»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ إِنِّىٓ أُرِيدُ أَنْ أُنكِحَكَ إِحْدَى ٱبْنَتَىَّ هَٰتَيْنِ عَلَىٰٓ أَن تَأْجُرَنِى ثَمَٰنِىَ حِجَجٍ فَإِنْ أَتْمَمْتَ عَشْرًا فَمِنْ عِندِكَ وَمَآ أُرِيدُ أَنْ أَشُقَّ عَلَيْكَ سَتَجِدُنِىٓ إِن شَآءَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Пирамард ба Мӯсо] Гуфт: «Мехоҳам яке аз ду духтарамро ба ҳамсариат дароварам, ба ин [шарт] ки ҳашт сол бароям кор кунӣ ва агар [ин корро] то даҳ сол идома диҳӣ, лутфу муҳаббате аз сӯйи туст. Ман намехоҳам бар ту сахтгирӣ кунам. Ин шоал-л-лоҳ маро шоиста [ва накукор] хоҳӣ ёфт»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ ذَٰلِكَ بَيْنِى وَبَيْنَكَ أَيَّمَا ٱلْأَجَلَيْنِ قَضَيْتُ فَلَا عُدْوَٰنَ عَلَىَّ وَٱللَّهُ عَلَىٰ مَا نَقُولُ وَكِيلٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Мӯсо] Гуфт: «Ин [қарордод] миёни ману ту бошад, ки ҳар кадом аз ин ду муддат [ҳашт ё даҳ сол]-ро, ки анҷом додам, [ба аҳди худ вафо кардаам], пас, ситаме бар ман набошад [ва нахоҳӣ, ки бештар бимонам] ва Аллоҳ таоло бар он чи мегӯем, гувоҳ аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَمَّا قَضَىٰ مُوسَى ٱلْأَجَلَ وَسَارَ بِأَهْلِهِۦٓ ءَانَسَ مِن جَانِبِ ٱلطُّورِ نَارًا قَالَ لِأَهْلِهِ ٱمْكُثُوٓا۟ إِنِّىٓ ءَانَسْتُ نَارًا لَّعَلِّىٓ ءَاتِيكُم مِّنْهَا بِخَبَرٍ أَوْ جَذْوَةٍ مِّنَ ٱلنَّارِ لَعَلَّكُمْ تَصْطَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳангоме ки Мӯсо [он] муддат [-и муайян]-ро ба поён расонд ва ҳамроҳи хонаводааш [аз Мадян ба сӯйи Миср] ҳаракат кард, [ногаҳон дар торикии шаб] аз сӯйи [кӯҳи] Тӯр оташе дид, ба хонаводааш гуфт: «Биистед, ки ман оташе [аз дур] дидам. Шояд хабаре аз он бароятон биёварам ё шуълаи оташе [биёварам], то гарм шавед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَمَّآ أَتَىٰهَا نُودِىَ مِن شَٰطِئِ ٱلْوَادِ ٱلْأَيْمَنِ فِى ٱلْبُقْعَةِ ٱلْمُبَٰرَكَةِ مِنَ ٱلشَّجَرَةِ أَن يَٰمُوسَىٰٓ إِنِّىٓ أَنَا ٱللَّهُ رَبُّ ٱلْعَٰلَمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, вақте ба он оташ наздик шуд, дар канораи рости он сарзамини дар минтақаи пурбаракат [-и Тӯр] аз [миёни] як дарахт нидо дода шуд, ки: «Эй Мӯсо, бе тардид, ман Аллоҳ таоло–Парвардигори ҷаҳониёнам
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَنْ أَلْقِ عَصَاكَ فَلَمَّا رَءَاهَا تَهْتَزُّ كَأَنَّهَا جَآنٌّ وَلَّىٰ مُدْبِرًا وَلَمْ يُعَقِّبْ يَٰمُوسَىٰٓ أَقْبِلْ وَلَا تَخَفْ إِنَّكَ مِنَ ٱلْـَٔامِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва асоятро биафкан». Пас, чун [Мӯсо чунин карду] онро дид, ки ҳамчун море [босуръат] мехазад, [аз тарс] пушт карду гурехт ва бознагашт. [Нидо омад] «Эй Мӯсо, пеш о ва натарс. Ҳатман, ту аз [осеби хатарҳо] эмин шудаӣ
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱسْلُكْ يَدَكَ فِى جَيْبِكَ تَخْرُجْ بَيْضَآءَ مِنْ غَيْرِ سُوٓءٍ وَٱضْمُمْ إِلَيْكَ جَنَاحَكَ مِنَ ٱلرَّهْبِ فَذَٰنِكَ بُرْهَٰنَانِ مِن رَّبِّكَ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ وَمَلَإِي۟هِۦٓ إِنَّهُمْ كَانُوا۟ قَوْمًا فَٰسِقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва дастро дар гиребонат фурӯ бар [то] сапеду бидуни айб [ва бемории песӣ] хориҷ шавад ва [барои раҳоӣ] аз ин тарс дастонатро ба самти худ ҷамъ кун [ва ба синаат бичаспон]. Ин ду [муъҷизаи асо ва яди байзо] ду далели [равшан] аз сӯи Парвардигорат барои Фиръавн ва бузургони [қавми] ӯст. Ба ростӣ, ки онон гурӯҳе нофармонанд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ رَبِّ إِنِّى قَتَلْتُ مِنْهُمْ نَفْسًا فَأَخَافُ أَن يَقْتُلُونِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Мӯсо] Гуфт: «Парвардигоро, ман яке аз ононро [бидуни амд] куштаам, метарсам, ки [ба қасоси он қатл] маро бикушанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَخِى هَٰرُونُ هُوَ أَفْصَحُ مِنِّى لِسَانًا فَأَرْسِلْهُ مَعِىَ رِدْءًا يُصَدِّقُنِىٓ إِنِّىٓ أَخَافُ أَن يُكَذِّبُونِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва бародарам – Ҳорун – забонаш аз ман шевотар аст, пас, ӯро ҳамроҳам бифирист, то ёварам бошад ва ростгӯиямро таъйид кунад, зеро метарсам, маро дурӯғгӯ ангоранд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ سَنَشُدُّ عَضُدَكَ بِأَخِيكَ وَنَجْعَلُ لَكُمَا سُلْطَٰنًا فَلَا يَصِلُونَ إِلَيْكُمَا بِـَٔايَٰتِنَآ أَنتُمَا وَمَنِ ٱتَّبَعَكُمَا ٱلْغَٰلِبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Туро бо [пайвастани] бародарат тақвият хоҳем намуд ва бароятон тасаллуте қарор медиҳем, ки [фиръавниён ҳаргиз] ба шумо даст наёбанд ва ба [баракати] муъҷизотамон [ки дар ихтиёр доред] шумо ва ҳар ки аз шумо пайравӣ кунад, пирӯзед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَمَّا جَآءَهُم مُّوسَىٰ بِـَٔايَٰتِنَا بَيِّنَٰتٍ قَالُوا۟ مَا هَٰذَآ إِلَّا سِحْرٌ مُّفْتَرًى وَمَا سَمِعْنَا بِهَٰذَا فِىٓ ءَابَآئِنَا ٱلْأَوَّلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, чун Мӯсо бо муъҷизоти равшани Мо ба сӯяшон омад, гуфтанд: «Ин [чизе] нест, магар ҷодуе сохта ва мо ҳаргиз ин [иддаои яктопарастӣ]-ро аз падаронамон нашнидаем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ مُوسَىٰ رَبِّىٓ أَعْلَمُ بِمَن جَآءَ بِٱلْهُدَىٰ مِنْ عِندِهِۦ وَمَن تَكُونُ لَهُۥ عَٰقِبَةُ ٱلدَّارِ إِنَّهُۥ لَا يُفْلِحُ ٱلظَّٰلِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Мӯсо гуфт: «Парвардигорам беҳтар медонад, чи касе ҳидоятро аз назди Ӯ овардааст ва [огоҳтар аст, ки] оқибати неки он саро барои кист. Бе тардид, ситамгорон росткор намешаванд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ فِرْعَوْنُ يَٰٓأَيُّهَا ٱلْمَلَأُ مَا عَلِمْتُ لَكُم مِّنْ إِلَٰهٍ غَيْرِى فَأَوْقِدْ لِى يَٰهَٰمَٰنُ عَلَى ٱلطِّينِ فَٱجْعَل لِّى صَرْحًا لَّعَلِّىٓ أَطَّلِعُ إِلَىٰٓ إِلَٰهِ مُوسَىٰ وَإِنِّى لَأَظُنُّهُۥ مِنَ ٱلْكَٰذِبِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Фиръавн гуфт: «Эй бузургон, маъбуде ба ҷуз худ бароятон намешиносам, пас, эй Ҳомон, бароям оташе бар гил барафрӯз [ва хишт бипаз], он гоҳ бурҷи баланде бисоз, бошад, ки аз маъбуди Мӯсо бохабар шавам. Ҳар чанд ки ҳатман, ӯро дурӯғгӯ мепиндорам»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱسْتَكْبَرَ هُوَ وَجُنُودُهُۥ فِى ٱلْأَرْضِ بِغَيْرِ ٱلْحَقِّ وَظَنُّوٓا۟ أَنَّهُمْ إِلَيْنَا لَا يُرْجَعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ӯ [Фиръавн] ва лашкариёнаш ба ноҳақ дар сарзамин [-и Миср] саркашӣ карданд ва пиндоштанд, ки ба сӯйи Мо бозгардонда намешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَخَذْنَٰهُ وَجُنُودَهُۥ فَنَبَذْنَٰهُمْ فِى ٱلْيَمِّ فَٱنظُرْ كَيْفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلظَّٰلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, [мо] ӯ ва лашкариёнашро [ба азоб] фурӯ гирифтем ва ононро ба дарё андохтем. Пас, бингар, ки оқибати ситамгорон чи гуна буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَجَعَلْنَٰهُمْ أَئِمَّةً يَدْعُونَ إِلَى ٱلنَّارِ وَيَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ لَا يُنصَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ононро пешвоёне қарор додем, ки [пайравонашонро] ба оташи [дузах] даъват мекарданд ва рӯзи қиёмат ёрӣ намешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَتْبَعْنَٰهُمْ فِى هَٰذِهِ ٱلدُّنْيَا لَعْنَةً وَيَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ هُم مِّنَ ٱلْمَقْبُوحِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Дар ин дунё ба дунболашон лаънат равон кардем ва рӯзи қиёмат [низ] зиштманзаранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ ءَاتَيْنَا مُوسَى ٱلْكِتَٰبَ مِنۢ بَعْدِ مَآ أَهْلَكْنَا ٱلْقُرُونَ ٱلْأُولَىٰ بَصَآئِرَ لِلنَّاسِ وَهُدًى وَرَحْمَةً لَّعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ба ростӣ, пас аз он ки умматҳои пешинро нобуд намудем, ба Мӯсо китоб [Таврот] додем, ки [муштамил бар] равшангариҳо ва ҳидоят ва раҳмате барои мардум буд, бошад, ки панд пазиранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا كُنتَ بِجَانِبِ ٱلْغَرْبِىِّ إِذْ قَضَيْنَآ إِلَىٰ مُوسَى ٱلْأَمْرَ وَمَا كُنتَ مِنَ ٱلشَّٰهِدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ту [эй Паёмбар] он гоҳ ки фармони [нубувват]-ро ба Мӯсо медодем, дар доманаи ғарбӣ [-и кӯҳи Тӯр] ҳузур надоштӣ ва аз гувоҳон [низ] набудӣ
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَٰكِنَّآ أَنشَأْنَا قُرُونًا فَتَطَاوَلَ عَلَيْهِمُ ٱلْعُمُرُ وَمَا كُنتَ ثَاوِيًا فِىٓ أَهْلِ مَدْيَنَ تَتْلُوا۟ عَلَيْهِمْ ءَايَٰتِنَا وَلَٰكِنَّا كُنَّا مُرْسِلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [Мо пас аз Мӯсо] наслҳое офаридем ва солҳои тӯлонӣ бар онон гузашт [ва паймони илоҳиро фаромӯш карданд]. Ва ту дар миёни аҳли Мадян иқомат надоштӣ [ки аз достони Мӯсо бохабар бошӣ ва] оёти Моро бар онон [мардуми Макка] бихонӣ, балки Мо будем, ки [ин оётро ба сӯят] мефиристодем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا كُنتَ بِجَانِبِ ٱلطُّورِ إِذْ نَادَيْنَا وَلَٰكِن رَّحْمَةً مِّن رَّبِّكَ لِتُنذِرَ قَوْمًا مَّآ أَتَىٰهُم مِّن نَّذِيرٍ مِّن قَبْلِكَ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва он гоҳ ки [ба Мӯсо] нидо додем, ту дар канори кӯҳи Тӯр набудӣ, вале ба унвони раҳмате аз сӯйи Парвадигорат [ба ту ваҳй намудем], то гурӯҳеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае ба суроғашон наомадааст, [бо ин оёт] бим диҳӣ, бошад, ки панд пазиранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَوْلَآ أَن تُصِيبَهُم مُّصِيبَةٌۢ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ فَيَقُولُوا۟ رَبَّنَا لَوْلَآ أَرْسَلْتَ إِلَيْنَا رَسُولًا فَنَتَّبِعَ ءَايَٰتِكَ وَنَكُونَ مِنَ ٱلْمُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Бо кофирон итмоми ҳуҷҷат кардем] То вақте ба кайфари корҳое, ки дар гузашта муртакиб шудаанд, мусибате ба онҳо мерасад, нагӯянд: «Парвардигоро, чаро паёмбаре бар мо нафиристодӣ, то аз оётат пайравӣ кунем ва аз муъминон бошем»?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَمَّا جَآءَهُمُ ٱلْحَقُّ مِنْ عِندِنَا قَالُوا۟ لَوْلَآ أُوتِىَ مِثْلَ مَآ أُوتِىَ مُوسَىٰٓ أَوَلَمْ يَكْفُرُوا۟ بِمَآ أُوتِىَ مُوسَىٰ مِن قَبْلُ قَالُوا۟ سِحْرَانِ تَظَٰهَرَا وَقَالُوٓا۟ إِنَّا بِكُلٍّ كَٰفِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Вале ҳангоме ки [Паёмбари] ҳақ аз ҷониби Мо ба суроғашон омад, [яҳудиён аз сари лаҷоҷат] гуфтанд: «Чаро муъҷизоте ҳаммонанд Мӯсо ба ӯ дода нашудааст»? [Дар посухашон бигӯ] «Магар [яҳудиён] дар гузашта муъҷизоти Мӯсоро инкор накарданд»? Онон гуфтанд: «[Қуръону Таврот] ду ҷоду ҳастанд, ки якдигарро таъйид мекунанд» ва гуфтанд: «Мо тамоми [матолиби] онҳоро инкор мекунем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ فَأْتُوا۟ بِكِتَٰبٍ مِّنْ عِندِ ٱللَّهِ هُوَ أَهْدَىٰ مِنْهُمَآ أَتَّبِعْهُ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Агар ростгӯед, аз ҷониби Аллоҳ таоло китобе ҳидоятбахштар аз ин ду [китоб] биёваред, то ман низ аз он пайравӣ кунам»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَإِن لَّمْ يَسْتَجِيبُوا۟ لَكَ فَٱعْلَمْ أَنَّمَا يَتَّبِعُونَ أَهْوَآءَهُمْ وَمَنْ أَضَلُّ مِمَّنِ ٱتَّبَعَ هَوَىٰهُ بِغَيْرِ هُدًى مِّنَ ٱللَّهِ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهْدِى ٱلْقَوْمَ ٱلظَّٰلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, агар [Қурайш] ба дархостат посухе надоданд, бидон, ки онон фақат аз ҳавои нафсашон пайравӣ мекунанд ва кист гумроҳтар аз он ки бидуни раҳнамуде аз сӯи Аллоҳ таоло аз ҳавои нафсаш пайравӣ мекунад? Бе тардид, Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгорро ҳидоят намекунад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ وَصَّلْنَا لَهُمُ ٱلْقَوْلَ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ба ростӣ, Мо ин оёт [ва ҳикоёт]-ро яке пас аз дигаре барои онон [мушрикону яҳудиён] нозил кардем, бошад, ки панд гиранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلَّذِينَ ءَاتَيْنَٰهُمُ ٱلْكِتَٰبَ مِن قَبْلِهِۦ هُم بِهِۦ يُؤْمِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Касоне, ки пеш аз ин [оёти илоҳӣ] ба онон китоб [Таврот] додаем, ба ин [Қуръон] низ имон меоваранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا يُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ قَالُوٓا۟ ءَامَنَّا بِهِۦٓ إِنَّهُ ٱلْحَقُّ مِن رَّبِّنَآ إِنَّا كُنَّا مِن قَبْلِهِۦ مُسْلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва чун [оёташ] бар онон хонда мешавад, мегӯянд: «Ба он имон овардем. Яқинан, сухани ҳаққе аст аз ҷониби Парвардигорамон. Ба ростӣ, ки Мо пеш аз [нузули] он низ таслим [-и фармони Парвардигор] будаем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أُو۟لَٰٓئِكَ يُؤْتَوْنَ أَجْرَهُم مَّرَّتَيْنِ بِمَا صَبَرُوا۟ وَيَدْرَءُونَ بِٱلْحَسَنَةِ ٱلسَّيِّئَةَ وَمِمَّا رَزَقْنَٰهُمْ يُنفِقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Инонанд, ки ба поси он ки шикебоӣ карданд, подошашонро ду бор мегиранд ва бо корҳои нек [гуноҳон ва] бадиҳоро дафъ мекунанд ва аз он чи ба онон рӯзӣ додаем, инфоқ менамоянд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا سَمِعُوا۟ ٱللَّغْوَ أَعْرَضُوا۟ عَنْهُ وَقَالُوا۟ لَنَآ أَعْمَٰلُنَا وَلَكُمْ أَعْمَٰلُكُمْ سَلَٰمٌ عَلَيْكُمْ لَا نَبْتَغِى ٱلْجَٰهِلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ҳар гоҳ сухане беҳуда [ва ношоиста аз аҳли китоб] мешунаванд, [бо бетаваҷҷуҳӣ] аз он рӯй мегардонанд ва мегӯянд: «[Подоши] Корҳои мо барои мост ва [кайфари] корҳои шумо аз они шумост, [шумо аз озору носозии мо] дар амонед. Мо ба дунболи [ҳамсуҳбатӣ бо] ҷоҳилон нестем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّكَ لَا تَهْدِى مَنْ أَحْبَبْتَ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يَهْدِى مَن يَشَآءُ وَهُوَ أَعْلَمُ بِٱلْمُهْتَدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар] Бе тардид, ту ҳар киро дӯст дошта бошӣ, наметавонӣ [ба иҷбор ба роҳи рост] ҳидоят кунӣ, балки Аллоҳ таоло аст, ки ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва ٕӮ ба [ҳоли] роҳёфтагон донотар аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالُوٓا۟ إِن نَّتَّبِعِ ٱلْهُدَىٰ مَعَكَ نُتَخَطَّفْ مِنْ أَرْضِنَآ أَوَلَمْ نُمَكِّن لَّهُمْ حَرَمًا ءَامِنًا يُجْبَىٰٓ إِلَيْهِ ثَمَرَٰتُ كُلِّ شَىْءٍ رِّزْقًا مِّن لَّدُنَّا وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [мушрикон] гуфтанд: «Агар ҳамроҳи ту аз ҳидоят пайравӣ кунем, моро аз сарзаминамон мерабоянд». Оё мо ононро дар ҳарами амне ҷой надодем, ки анвои маҳсулот – ба унвони рӯзие аз ҷониби Мо – ба сӯяшон сарозер мегардад? Вале бештарашон [қадри неъматҳои илоҳиро] намедонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَكَمْ أَهْلَكْنَا مِن قَرْيَةٍۭ بَطِرَتْ مَعِيشَتَهَا فَتِلْكَ مَسَٰكِنُهُمْ لَمْ تُسْكَن مِّنۢ بَعْدِهِمْ إِلَّا قَلِيلًا وَكُنَّا نَحْنُ ٱلْوَٰرِثِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва чи бисёр [мардуми] шаҳрҳоеро нобуд сохтем, ки дар ҳаққи неъматҳои илоҳӣ носипосӣ карда буданд. Ин хонаҳои [вайроншудаи] онон аст, ки пас аз эшон ҷуз андаке - [касе] дар онҳо сукунат накардааст ва Мо вориси онон будем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا كَانَ رَبُّكَ مُهْلِكَ ٱلْقُرَىٰ حَتَّىٰ يَبْعَثَ فِىٓ أُمِّهَا رَسُولًا يَتْلُوا۟ عَلَيْهِمْ ءَايَٰتِنَا وَمَا كُنَّا مُهْلِكِى ٱلْقُرَىٰٓ إِلَّا وَأَهْلُهَا ظَٰلِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Парвардигорат ҳаргиз [мардуми] шаҳрҳоро нобуд намекунад, магар он ки дар шаҳри бузурге аз онҳо [ҳамчун Макка] паёмбаре бифиристад, ки оёти Моро бар онон бихонад. Ва Мо ҳаргиз шаҳрҳоро нобуд накардем, магар он ки сокинонаш [кофиру] ситамгор будаанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَآ أُوتِيتُم مِّن شَىْءٍ فَمَتَٰعُ ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا وَزِينَتُهَا وَمَا عِندَ ٱللَّهِ خَيْرٌ وَأَبْقَىٰٓ أَفَلَا تَعْقِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва он чи ба шумо дода шудааст, баҳра [-и гузаро] ва зинати зиндагии дунёст ва он чи назди Аллоҳ таоло аст, беҳтар ва пойдортар аст. Оё намеандешед?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَفَمَن وَعَدْنَٰهُ وَعْدًا حَسَنًا فَهُوَ لَٰقِيهِ كَمَن مَّتَّعْنَٰهُ مَتَٰعَ ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا ثُمَّ هُوَ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ مِنَ ٱلْمُحْضَرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё касе, ки ба ӯ ваъдаи наку додаем ва ба он хоҳад расид, ҳамчун касест, ки ӯро аз баҳраи зиндагии дунё бархӯрдор сохтаем ва рӯзи қиёмат аз [ҷумлаи] эҳзоршудагон [дар оташи дузах] аст?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَوْمَ يُنَادِيهِمْ فَيَقُولُ أَيْنَ شُرَكَآءِىَ ٱلَّذِينَ كُنتُمْ تَزْعُمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки Аллоҳ таоло ба онон нидо медиҳад ва мегӯяд: «Афроде, ки шарикони ман [дар парастиш] мепиндоштед, куҷо ҳастанд?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ ٱلَّذِينَ حَقَّ عَلَيْهِمُ ٱلْقَوْلُ رَبَّنَا هَٰٓؤُلَآءِ ٱلَّذِينَ أَغْوَيْنَآ أَغْوَيْنَٰهُمْ كَمَا غَوَيْنَا تَبَرَّأْنَآ إِلَيْكَ مَا كَانُوٓا۟ إِيَّانَا يَعْبُدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Касоне [аз сарони кофирон], ки азоб барояшон ҳатмӣ аст, мегӯянд: «Парвардигоро, инҳо касоне ҳастанд, ки мо гумроҳашон кардем. [Оре] Ононро гумроҳ кардем, чунон ки [худ низ] гумроҳ шудем. Аз [ширку тавассули] эшон ба сӯят безорӣ меҷӯем. [Дар ҳақиқат] Онон моро намепарастиданд [балки шайтонро парастиш мекарданд]»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقِيلَ ٱدْعُوا۟ شُرَكَآءَكُمْ فَدَعَوْهُمْ فَلَمْ يَسْتَجِيبُوا۟ لَهُمْ وَرَأَوُا۟ ٱلْعَذَابَ لَوْ أَنَّهُمْ كَانُوا۟ يَهْتَدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ба мушрикон] гуфта мешавад: «Шариконатонро [ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастидед] фаро бихонед [то ёриатон кунанд]». Пас, ононро мехонанд, вале посухе ба эшон намедиҳанд ва азоби [дузах]-ро мебинанд [ва орзу мекунанд], кош ҳидоятёфта буданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَوْمَ يُنَادِيهِمْ فَيَقُولُ مَاذَآ أَجَبْتُمُ ٱلْمُرْسَلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва рӯзе, ки [Аллоҳ таоло] ононро нидо медиҳад ва мефармояд: «Ба [даъвати] паёмбарон чи посухе додед?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَعَمِيَتْ عَلَيْهِمُ ٱلْأَنۢبَآءُ يَوْمَئِذٍ فَهُمْ لَا يَتَسَآءَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Дар он рӯз ҳамаи далоил [ва баҳонаҳое, ки барои тавҷеҳ доранд] аз онон пинҳон мегардад ва аз [шиддати азоб аз ҳоли] якдигар намепурсанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَمَّا مَن تَابَ وَءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحًا فَعَسَىٰٓ أَن يَكُونَ مِنَ ٱلْمُفْلِحِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аммо касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, умед аст, ки аз растагорон бошад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَرَبُّكَ يَخْلُقُ مَا يَشَآءُ وَيَخْتَارُ مَا كَانَ لَهُمُ ٱلْخِيَرَةُ سُبْحَٰنَ ٱللَّهِ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشْرِكُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Парвардигорат ҳар чи бихоҳад, меофаринад ва [ҳар киро бихоҳад ба парастиш ва паёмбарӣ] бармегузинад. Мушрикон ихтиёре надоранд [ки дар ин маврид эътироз кунанд]. Аллоҳ таоло муназзаҳ ва бартар аст аз он чи бо Ӯ шарик медонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَرَبُّكَ يَعْلَمُ مَا تُكِنُّ صُدُورُهُمْ وَمَا يُعْلِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Парвардигорат он чи дар синаҳояшон пинҳон мекунанд ва он чи ошкор месозанд, [ҳамаро] медонад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَهُوَ ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ لَهُ ٱلْحَمْدُ فِى ٱلْأُولَىٰ وَٱلْـَٔاخِرَةِ وَلَهُ ٱلْحُكْمُ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Ӯ Аллоҳ таоло аст, ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳақ] ҷуз Ӯ нест. Ситоиш дар дунёву охират барои Ӯст ва ҳукм [-у фармонравоӣ низ] аз они Ӯст ва [ҳамагӣ] ба сӯйи Ӯ бозгарданда мешавед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ أَرَءَيْتُمْ إِن جَعَلَ ٱللَّهُ عَلَيْكُمُ ٱلَّيْلَ سَرْمَدًا إِلَىٰ يَوْمِ ٱلْقِيَٰمَةِ مَنْ إِلَٰهٌ غَيْرُ ٱللَّهِ يَأْتِيكُم بِضِيَآءٍ أَفَلَا تَسْمَعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ба мушрикон] бигӯ: «Ба ман бигӯед, агар Аллоҳ таоло [торикии] шабро то рӯзи қиёмат бар шумо поянда гардонад, кадом маъбуд ба ҷуз Аллоҳ таоло бароятон равшанӣ меоварад? Оё [сухани ҳақро] намешунавед?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ أَرَءَيْتُمْ إِن جَعَلَ ٱللَّهُ عَلَيْكُمُ ٱلنَّهَارَ سَرْمَدًا إِلَىٰ يَوْمِ ٱلْقِيَٰمَةِ مَنْ إِلَٰهٌ غَيْرُ ٱللَّهِ يَأْتِيكُم بِلَيْلٍ تَسْكُنُونَ فِيهِ أَفَلَا تُبْصِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ “Ба ман бигӯед, агар Аллоҳ таоло [рӯшноии] рӯзро то рӯзи қиёмат бар шумо поянда гардонад, кадом маъбуд ба ҷуз Аллоҳ таоло бароятон шабе меоварад, ки дар он ором бигиред? Оё [ин нишонаҳои қудрати илоҳиро] намебинед?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمِن رَّحْمَتِهِۦ جَعَلَ لَكُمُ ٱلَّيْلَ وَٱلنَّهَارَ لِتَسْكُنُوا۟ فِيهِ وَلِتَبْتَغُوا۟ مِن فَضْلِهِۦ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Аллоҳ таоло аз раҳмати хеш шабу рӯзро бароятон қарор дод, то дар шаб ором гиред ва дар рӯз [талош кунед ва] аз бахшиши Ӯ [рӯзӣ] биҷӯед ва бошад, ки сипос гузоред
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَوْمَ يُنَادِيهِمْ فَيَقُولُ أَيْنَ شُرَكَآءِىَ ٱلَّذِينَ كُنتُمْ تَزْعُمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки Аллоҳ таоло ба онон нидо медиҳад ва мегӯяд: «Афроде, ки шарикони ман [дар парастиш] мепиндоштед, куҷо ҳастанд?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَنَزَعْنَا مِن كُلِّ أُمَّةٍ شَهِيدًا فَقُلْنَا هَاتُوا۟ بُرْهَٰنَكُمْ فَعَلِمُوٓا۟ أَنَّ ٱلْحَقَّ لِلَّهِ وَضَلَّ عَنْهُم مَّا كَانُوا۟ يَفْتَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва аз ҳар уммате гувоҳе бармегузинем [ки паёмбари онон аст ва дар мавриди куфрашон шаҳодат медиҳад]. Сипас ба онон мегӯем: «Далели [куфру ширки] хешро биёваред», пас, медонанд, ки ҳақ аз они Аллоҳ таоло аст ва дурӯғҳое, ки мебофтанд [ва он чи мушрикона мепарастиданд], маҳву нобуд гаштааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ قَٰرُونَ كَانَ مِن قَوْمِ مُوسَىٰ فَبَغَىٰ عَلَيْهِمْ وَءَاتَيْنَٰهُ مِنَ ٱلْكُنُوزِ مَآ إِنَّ مَفَاتِحَهُۥ لَتَنُوٓأُ بِٱلْعُصْبَةِ أُو۟لِى ٱلْقُوَّةِ إِذْ قَالَ لَهُۥ قَوْمُهُۥ لَا تَفْرَحْ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلْفَرِحِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Қорун аз қавми Мӯсо буд, аммо бар онон фахрфурӯшӣ намуд ва аз ганҷина он қадар ба вай дода будем, ки [ҳатто] ҳамли калидҳояш барои гурӯҳе неруманд мушкил буд. Ҳангоме ки [мардуми] қавмаш ба ӯ гуфтанд: «[Ба хотири сарватат чунин мағруру] сармаст набош. Бе тардид, Аллоҳ таоло сармастонро дӯст намедорад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱبْتَغِ فِيمَآ ءَاتَىٰكَ ٱللَّهُ ٱلدَّارَ ٱلْـَٔاخِرَةَ وَلَا تَنسَ نَصِيبَكَ مِنَ ٱلدُّنْيَا وَأَحْسِن كَمَآ أَحْسَنَ ٱللَّهُ إِلَيْكَ وَلَا تَبْغِ ٱلْفَسَادَ فِى ٱلْأَرْضِ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلْمُفْسِدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва бо он чи Аллоҳ таоло ба ту бахшидааст, [савоби] сарои охиратро биҷӯй ва [дар айни ҳол] баҳраатро аз [зиндагии] дунё низ фаромӯш накун ва чунон ки Аллоҳ таоло ба ту некӣ кардааст, ту низ [ба бандагонаш] некӣ кун ва ҳаргиз дар пайи табаҳкорӣ [ва фасод] дар замин набош. Бе тардид, Аллоҳ таоло муфсидонро дӯст намедорад»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ إِنَّمَآ أُوتِيتُهُۥ عَلَىٰ عِلْمٍ عِندِىٓ أَوَلَمْ يَعْلَمْ أَنَّ ٱللَّهَ قَدْ أَهْلَكَ مِن قَبْلِهِۦ مِنَ ٱلْقُرُونِ مَنْ هُوَ أَشَدُّ مِنْهُ قُوَّةً وَأَكْثَرُ جَمْعًا وَلَا يُسْـَٔلُ عَن ذُنُوبِهِمُ ٱلْمُجْرِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Қорун] гуфт: «Он чи ба ман дода шуда, дар натиҷаи [қудрату] донишест, ки назди ман аст». Оё намедонист, ки Аллоҳ таоло наслҳоеро пеш аз вай нобуд карда буд, ки аз ӯ нерумандтар ва сарватмандтар буданд? Ва [рӯзи қиёмат] аз муҷримон дар бораи гуноҳонашон суол намешавад [зеро Аллоҳ таоло ҳамаро медонад]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَخَرَجَ عَلَىٰ قَوْمِهِۦ فِى زِينَتِهِۦ قَالَ ٱلَّذِينَ يُرِيدُونَ ٱلْحَيَوٰةَ ٱلدُّنْيَا يَٰلَيْتَ لَنَا مِثْلَ مَآ أُوتِىَ قَٰرُونُ إِنَّهُۥ لَذُو حَظٍّ عَظِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Он гоҳ Қорун бо [таҷаммулоту] зинатҳояш дар баробари қавмаш зоҳир шуд. Афроде [аз атрофиёни ӯ], ки хостори зиндагии дунё буданд, гуфтанд: «Эй кош, ҳаммонанди он чи ба Қорун дода шудааст, мо низ доштем. Воқеан, ӯ баҳраи бузурге [аз моли дунё] дорад»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ ٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْعِلْمَ وَيْلَكُمْ ثَوَابُ ٱللَّهِ خَيْرٌ لِّمَنْ ءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحًا وَلَا يُلَقَّىٰهَآ إِلَّا ٱلصَّٰبِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аммо касоне, ки дониш [-и ҳақиқӣ] ёфта буданд, гуфтанд: «Вой бар шумо! Барои касе, ки имон овардааст ва корҳои шоиста мекунад, савоби илоҳӣ беҳтар аст ва ин [сухан]-ро касоне ба ҷуз шикебоён намепазиранд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَخَسَفْنَا بِهِۦ وَبِدَارِهِ ٱلْأَرْضَ فَمَا كَانَ لَهُۥ مِن فِئَةٍ يَنصُرُونَهُۥ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَمَا كَانَ مِنَ ٱلْمُنتَصِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Он гоҳ Қорунро ҳамроҳи [хонааш дар замин фуру бурдем, пас, ҳеҷ гурӯҳе надошт, ки дар баробари [азоби] Аллоҳ таоло ёриаш кунанд ва [худ низ] натавонист ба хештан ёрӣ расонад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَصْبَحَ ٱلَّذِينَ تَمَنَّوْا۟ مَكَانَهُۥ بِٱلْأَمْسِ يَقُولُونَ وَيْكَأَنَّ ٱللَّهَ يَبْسُطُ ٱلرِّزْقَ لِمَن يَشَآءُ مِنْ عِبَادِهِۦ وَيَقْدِرُ لَوْلَآ أَن مَّنَّ ٱللَّهُ عَلَيْنَا لَخَسَفَ بِنَا وَيْكَأَنَّهُۥ لَا يُفْلِحُ ٱلْكَٰفِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки дирӯз орзу мекарданд, ба ҷойи ӯ бошанд, бомдод [-и рӯзи баъд] мегуфтанд: «Вой бар мо! Гӯӣ Аллоҳ таоло аст, ки [неъмату] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад густурда медорад ва [ё] танг мегирад. Агар Аллоҳ таоло бар мо миннат наниҳода буд, ҳатман, моро [низ ба сазои суханонамон ба жарфои замин] фурӯ мебурд. Эй вой! Гӯӣ кофирон ҳаргиз растагор намешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
تِلْكَ ٱلدَّارُ ٱلْـَٔاخِرَةُ نَجْعَلُهَا لِلَّذِينَ لَا يُرِيدُونَ عُلُوًّا فِى ٱلْأَرْضِ وَلَا فَسَادًا وَٱلْعَٰقِبَةُ لِلْمُتَّقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ин сарои охиратро [фақат] барои касоне қарор медиҳем, ки хоҳони гарданкашӣ ва фасод дар замин нестанд ва саранҷоми нек аз они парҳезкорон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَن جَآءَ بِٱلْحَسَنَةِ فَلَهُۥ خَيْرٌ مِّنْهَا وَمَن جَآءَ بِٱلسَّيِّئَةِ فَلَا يُجْزَى ٱلَّذِينَ عَمِلُوا۟ ٱلسَّيِّـَٔاتِ إِلَّا مَا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Рӯзи қиёмат] Ҳар ки некӣ биёварад, [подоше] беҳтар аз он хоҳад дошт ва ҳар ки бадӣ биёварад, [бидонад, ки] касоне, ки корҳои ношоиста кардаанд, ҷуз [ба миқдори] он чи мекарданд, кайфар намебинанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱلَّذِى فَرَضَ عَلَيْكَ ٱلْقُرْءَانَ لَرَآدُّكَ إِلَىٰ مَعَادٍ قُل رَّبِّىٓ أَعْلَمُ مَن جَآءَ بِٱلْهُدَىٰ وَمَنْ هُوَ فِى ضَلَٰلٍ مُّبِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳамон [Парвардигоре], ки Қуръонро [нозил намуд ва таблиғашро] бар ту воҷиб кард, ҳатман, туро ба ҷойгоҳат [дар Макка] бозмегардонад. Бигӯ: «Парвардигорам беҳтар медонад, чи касе ҳидоят овардааст ва чи касе дар гумроҳии ошкор аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا كُنتَ تَرْجُوٓا۟ أَن يُلْقَىٰٓ إِلَيْكَ ٱلْكِتَٰبُ إِلَّا رَحْمَةً مِّن رَّبِّكَ فَلَا تَكُونَنَّ ظَهِيرًا لِّلْكَٰفِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [пеш аз биъсат] ту орзу надоштӣ, ки ин китоб [-и осмонӣ] бар ту нозил шавад. [Ин набуд] Магар раҳмате аз ҷониби Парвардигорат. Пас, ҳаргиз пуштибони кофирон набош
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَا يَصُدُّنَّكَ عَنْ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ بَعْدَ إِذْ أُنزِلَتْ إِلَيْكَ وَٱدْعُ إِلَىٰ رَبِّكَ وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلْمُشْرِكِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва мабодо [кофирон] туро аз [таблиғи] оёти илоҳӣ – пас аз он ки бар ту нозил шуд – боздоранд! Ва [мардумро] ба сӯйи Парвардигорат даъват кун ва ҳаргиз аз мушрикон набош
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَا تَدْعُ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ كُلُّ شَىْءٍ هَالِكٌ إِلَّا وَجْهَهُۥ لَهُ ٱلْحُكْمُ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло [ба ниёиш] нахон. Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест. Ҳама чиз фанопазир аст, магар [зоти ҷовид ва] рӯйи Ӯ. Фармонравоӣ [танҳо] аз они Ӯст ва [рӯзи қиёмат ҳамагӣ] ба пешгоҳаш бозгардонда мешавед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
← Сураи An-Naml
Сураи Al-Ankaboot →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→
Матни арабӣ ва тарҷумаҳо тавассути Tanzil ва QuranEnc — айнан, бетағйир · Тарҷумаҳо ба тарҷумонҳояшон тааллуқ доранд ва худи Қуръон нестанд
Ин ёрирасони таҳқиқотист, на манбаи фатво.