caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи An-Naml, ояти 40

Макка · тартиби нузул 48 · 27:40

قَالَ ٱلَّذِى عِندَهُۥ عِلْمٌ مِّنَ ٱلْكِتَٰبِ أَنَا۠ ءَاتِيكَ بِهِۦ قَبْلَ أَن يَرْتَدَّ إِلَيْكَ طَرْفُكَ فَلَمَّا رَءَاهُ مُسْتَقِرًّا عِندَهُۥ قَالَ هَٰذَا مِن فَضْلِ رَبِّى لِيَبْلُوَنِىٓ ءَأَشْكُرُ أَمْ أَكْفُرُ وَمَن شَكَرَ فَإِنَّمَا يَشْكُرُ لِنَفْسِهِۦ وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ رَبِّى غَنِىٌّ كَرِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасе, ки донише аз китоб [-и илоҳӣ] дошт, гуфт: «Пеш аз он ки чашм бар ҳам бизанӣ, онро бароят меоварам». Пас, чун [Сулаймон] он [тахт]-ро назди худ мустақар дид, гуфт: «Ин аз фазли Парвардигори ман аст, то биозмоядам, ки оё сипос медорам ё носипосӣ мекунам. Пас, ҳар ки сипос гузорад, танҳо ба суди хеш сипос мегузорад ва ҳар ки носипосӣ кунад, пас, [ба зиёни худ носипосӣ кардааст, чаро ки] бе тардид, Парвардигорам бениёзи карим аст
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70