Асосӣ › Сураҳо › Сураи Al-Jaathiya
Сураи Al-Jaathiya الجاثية
37 оят · Макка · тартиби нузул 65
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ حمٓ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳо, мим.[1]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
تَنزِيلُ ٱلْكِتَٰبِ مِنَ ٱللَّهِ ٱلْعَزِيزِ ٱلْحَكِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Нузули [ин] китоб аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазири ҳаким аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ لَـَٔايَٰتٍ لِّلْمُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ба ростӣ, ки дар осмонҳо ва замин нишонаҳое [аз қудрати илоҳӣ] барои муъминон [падидор] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَفِى خَلْقِكُمْ وَمَا يَبُثُّ مِن دَآبَّةٍ ءَايَٰتٌ لِّقَوْمٍ يُوقِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [низ] дар офариниши худатон ва мавҷудоти зиндае, ки [дар замин] пароканда месозад, барои аҳли яқин нишонаҳое [аз тавон ва тадбири Аллоҳ таоло ошкор] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱخْتِلَٰفِ ٱلَّيْلِ وَٱلنَّهَارِ وَمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مِن رِّزْقٍ فَأَحْيَا بِهِ ٱلْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَتَصْرِيفِ ٱلرِّيَٰحِ ءَايَٰتٌ لِّقَوْمٍ يَعْقِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва дар гардиши паёпайи шабу рӯз ва ризқе, ки Аллоҳ таоло [ба сурати борон] аз осмон мефиристад ва бо он заминро пас аз хазон ва хушкиаш зинда месозад ва [низ] дар гардиши бодҳо барои хирадварзон, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
تِلْكَ ءَايَٰتُ ٱللَّهِ نَتْلُوهَا عَلَيْكَ بِٱلْحَقِّ فَبِأَىِّ حَدِيثٍۭ بَعْدَ ٱللَّهِ وَءَايَٰتِهِۦ يُؤْمِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар] Инҳо оёт [ва нишонаҳо]-и илоҳист, ки ба ҳақ бар ту мехонем [Ба ростӣ, мушрикон] пас аз [сухани] Аллоҳ таоло ва оёташ кадом суханро бовар мекунанд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيْلٌ لِّكُلِّ أَفَّاكٍ أَثِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Вой бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَسْمَعُ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ تُتْلَىٰ عَلَيْهِ ثُمَّ يُصِرُّ مُسْتَكْبِرًا كَأَن لَّمْ يَسْمَعْهَا فَبَشِّرْهُ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Он кофире] ки оёти илоҳиро, ки бар ӯ хонда мешавад, мешунавад, вале мутакаббирона бар мухолифат исрор дорад. Гӯӣ онҳоро нашунидааст. Пас, ӯро ба азобе дарднок башорат бидеҳ
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا عَلِمَ مِنْ ءَايَٰتِنَا شَيْـًٔا ٱتَّخَذَهَا هُزُوًا أُو۟لَٰٓئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ مُّهِينٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ҳамон ки] чун бар гӯшае аз оёти Мо воқиф шавад, онро ба масхара мегирад. Онон азобе сангину дарднок [дар пеш] доранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مِّن وَرَآئِهِمْ جَهَنَّمُ وَلَا يُغْنِى عَنْهُم مَّا كَسَبُوا۟ شَيْـًٔا وَلَا مَا ٱتَّخَذُوا۟ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَوْلِيَآءَ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пешопеши эшон [дар охират] дузах аст ва дастовардашон ва [ёварону] корсозоне, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло баргузидаанд, ҳеҷ суде ба ҳолашон нахоҳанд дошт ва азобе саҳмгин [дар пеш] доранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هَٰذَا هُدًى وَٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمْ لَهُمْ عَذَابٌ مِّن رِّجْزٍ أَلِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ин [Қуръон муҷиби] ҳидоят аст ва касоне, ки оёти Парвардигорашонро инкор мекунанд, азобе аз сахттарин азобҳои дардноки [дузахро дар пеш] доранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱللَّهُ ٱلَّذِى سَخَّرَ لَكُمُ ٱلْبَحْرَ لِتَجْرِىَ ٱلْفُلْكُ فِيهِ بِأَمْرِهِۦ وَلِتَبْتَغُوا۟ مِن فَضْلِهِۦ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аллоҳ таоло аст, ки дарёҳоро дар хидмати шумо гумошт, то киштиҳо ба фармонаш дар он равон шаванд ва [шумо битавонед] аз фазли Ӯ [рӯзи] биҷӯед, бошад, ки сипос гузоред
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَسَخَّرَ لَكُم مَّا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ جَمِيعًا مِّنْهُ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَٰتٍ لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз [раҳмати] хеш дар хидмати шумо гумошт, ки дар ин [амр] барои андешамандон нишонаҳое [аз лутф ва қудрати илоҳӣ] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُل لِّلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ يَغْفِرُوا۟ لِلَّذِينَ لَا يَرْجُونَ أَيَّامَ ٱللَّهِ لِيَجْزِىَ قَوْمًۢا بِمَا كَانُوا۟ يَكْسِبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар] ба муъминон бигӯ: «Аз касоне, ки ба рӯзҳои Аллоҳ таоло [рӯзҳои пирӯзӣ бар куфру интиқом аз мушрикон] умеде надоранд, даргузаранд, то [Аллоҳ таоло ба мавқеи худ ҳар] гурӯҳеро дар баробари он чи ки анҷом додаанд, сазо диҳад»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَنْ عَمِلَ صَٰلِحًا فَلِنَفْسِهِۦ وَمَنْ أَسَآءَ فَعَلَيْهَا ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّكُمْ تُرْجَعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳар ки кори шоистае анҷом диҳад, ба суди худ ва ҳар ки кори баде кунад, ба зиёни худ кардааст. Он гоҳ [барои муҳосиба ва ҷазо] ба пешгоҳи Парвардигоратон бозгардонида мешавед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ ءَاتَيْنَا بَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ ٱلْكِتَٰبَ وَٱلْحُكْمَ وَٱلنُّبُوَّةَ وَرَزَقْنَٰهُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَفَضَّلْنَٰهُمْ عَلَى ٱلْعَٰلَمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ба Бани Исроил Таврот ва [илму] доварӣ [байни мардум] ва нубувват бахшидем ва аз неъматҳои покиза рӯзиашон додем ва ононро [ба мавҳибати тавҳид] бар мардуми замона бартарӣ бахшидем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَءَاتَيْنَٰهُم بَيِّنَٰتٍ مِّنَ ٱلْأَمْرِ فَمَا ٱخْتَلَفُوٓا۟ إِلَّا مِنۢ بَعْدِ مَا جَآءَهُمُ ٱلْعِلْمُ بَغْيًۢا بَيْنَهُمْ إِنَّ رَبَّكَ يَقْضِى بَيْنَهُمْ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُوا۟ فِيهِ يَخْتَلِفُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва дар амри [бозшиносии ҳақ аз ботил], оёти равшане дар ихтиёрашон қарор додем, вале онон ба далели ҳасад ва бартарихоҳӣ, ки байнашон буд, ихтилоф варзиданд ва бе тардид, Парвардигорат рӯзи қиёмат дар мавориди ихтилофашон миёни онон доварӣ хоҳад кард
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ جَعَلْنَٰكَ عَلَىٰ شَرِيعَةٍ مِّنَ ٱلْأَمْرِ فَٱتَّبِعْهَا وَلَا تَتَّبِعْ أَهْوَآءَ ٱلَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Он гоҳ туро бар равише [равшан ва комил] аз амри [дин] қарор додем, пас, пайрави ҳамон роҳ бош ва аз ҳавасҳои нодонон пайравӣ накун
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّهُمْ لَن يُغْنُوا۟ عَنكَ مِنَ ٱللَّهِ شَيْـًٔا وَإِنَّ ٱلظَّٰلِمِينَ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَآءُ بَعْضٍ وَٱللَّهُ وَلِىُّ ٱلْمُتَّقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Онон дар баробар [-и азоб]-и Аллоҳ таоло барои ту ҳеҷ фоидае надоранд. Ситамгорон [ёвару] корсози якдигаранд ва Аллоҳ таоло корсози парҳезкорон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هَٰذَا بَصَٰٓئِرُ لِلنَّاسِ وَهُدًى وَرَحْمَةٌ لِّقَوْمٍ يُوقِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ин [Қуръон] мояи басирати мардум аст ва ҳидояту раҳматест барои аҳли яқин
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ حَسِبَ ٱلَّذِينَ ٱجْتَرَحُوا۟ ٱلسَّيِّـَٔاتِ أَن نَّجْعَلَهُمْ كَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ سَوَآءً مَّحْيَاهُمْ وَمَمَاتُهُمْ سَآءَ مَا يَحْكُمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё касоне, ки муртакиби корҳои ношоиста шуданд, пиндоштаанд, ки ҳамтирози муъминони некукор қарорашон медиҳем, ба гунае ки зиндагӣ ва маргашон [бо онон] яксон бошад? Чи бад доварӣ мекунанд!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَخَلَقَ ٱللَّهُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ بِٱلْحَقِّ وَلِتُجْزَىٰ كُلُّ نَفْسٍۭ بِمَا كَسَبَتْ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аллоҳ таоло осмонҳо ва заминро [ҳадафманд ва] ба ҳақ офарид, то [ҳама озмоиш шаванд] ва ҷазои дастовардҳои ҳама [бандагон] дода шавад, бидуни он ки зулме ба онон шавад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَفَرَءَيْتَ مَنِ ٱتَّخَذَ إِلَٰهَهُۥ هَوَىٰهُ وَأَضَلَّهُ ٱللَّهُ عَلَىٰ عِلْمٍ وَخَتَمَ عَلَىٰ سَمْعِهِۦ وَقَلْبِهِۦ وَجَعَلَ عَلَىٰ بَصَرِهِۦ غِشَٰوَةً فَمَن يَهْدِيهِ مِنۢ بَعْدِ ٱللَّهِ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё он касеро дидаӣ, ки огоҳона ҳавои нафсашро ба ҷойи маъбуди худ нишонда [ва таслими он шуда] аст? Аллоҳ таоло низ ӯро гумроҳ сохт ва бар гӯшу дилаш муҳри [ғафлат] ниҳод ва бар дидааш пардае кашид. [Агар Аллоҳ таоло ҳидояташ накунад] пас, аз Аллоҳ таоло чи касе ҳидояташ хоҳад кард? Оё панд намегиред?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالُوا۟ مَا هِىَ إِلَّا حَيَاتُنَا ٱلدُّنْيَا نَمُوتُ وَنَحْيَا وَمَا يُهْلِكُنَآ إِلَّا ٱلدَّهْرُ وَمَا لَهُم بِذَٰلِكَ مِنْ عِلْمٍ إِنْ هُمْ إِلَّا يَظُنُّونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Мушрикон] мегӯянд: «Ҷуз зиндагии дунёи мо ҳеҷ [хабаре] нест. Зиндагӣ мекунем ва мемирем ва ин гардиши рӯзгор аст, ки моро ба коми марг мебарад». Онон дар мавриди ин [амр] бе иттилоанд ва фақат аз ҳадсу гумон пайравӣ мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ ءَايَٰتُنَا بَيِّنَٰتٍ مَّا كَانَ حُجَّتَهُمْ إِلَّآ أَن قَالُوا۟ ٱئْتُوا۟ بِـَٔابَآئِنَآ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва чун оёти равшангари Мо [дар мавриди қиёмат] бар онон хонда мешавад, далели [инкор]- ашон фақат ин аст, ки мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ниёгонамонро [зинда кунед ва] бозгардонед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلِ ٱللَّهُ يُحْيِيكُمْ ثُمَّ يُمِيتُكُمْ ثُمَّ يَجْمَعُكُمْ إِلَىٰ يَوْمِ ٱلْقِيَٰمَةِ لَا رَيْبَ فِيهِ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар, ба онон] бигӯ: «Аллоҳ таоло аст, ки шуморо ҳаёт мебахшад ва марг медиҳад. Он гоҳ шуморо дар рӯзи қиёмат, ки ҳеҷ тардид дар он нест, ҷамъ мекунад, вале бештари мардум [ин ҳақиқатро] намедонанд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلِلَّهِ مُلْكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَيَوْمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ يَوْمَئِذٍ يَخْسَرُ ٱلْمُبْطِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, аҳли ботил зиёнкор хоҳанд буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَتَرَىٰ كُلَّ أُمَّةٍ جَاثِيَةً كُلُّ أُمَّةٍ تُدْعَىٰٓ إِلَىٰ كِتَٰبِهَا ٱلْيَوْمَ تُجْزَوْنَ مَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Дар он рӯз] ҳар гурӯҳеро [аз ваҳшати ҳисобу ҷазо хору] ба зонударомада мебинӣ, ҳамаро барои [гирифтани] номаи аъмолашон фаро мехонанд [ва ба онон хитоб мешавад]: «Имрӯз шумо дар баробари он чи кардаед, ҷазо мебинед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
هَٰذَا كِتَٰبُنَا يَنطِقُ عَلَيْكُم بِٱلْحَقِّ إِنَّا كُنَّا نَسْتَنسِخُ مَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ин номаи [аъмоли шумо назди] мост, ки ба ҳақ бар шумо гувоҳӣ медиҳад. Мо [тамоми] амалкардатонро [дақиқан] сабт мекардем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فَيُدْخِلُهُمْ رَبُّهُمْ فِى رَحْمَتِهِۦ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلْفَوْزُ ٱلْمُبِينُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Муъминони некукорро Парвардигорашон фарогирифтаи раҳмати хеш қарор хоҳад дод. Ин ҳамон комёбии ошкор аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَمَّا ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ أَفَلَمْ تَكُنْ ءَايَٰتِى تُتْلَىٰ عَلَيْكُمْ فَٱسْتَكْبَرْتُمْ وَكُنتُمْ قَوْمًا مُّجْرِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Вале [ба] кофирон [хитоб мешавад]: «Магар на ин буд, ки дар баробари оёти Ман, ки бар шумо арза мешуд, гарданкашӣ мекардед ва гурӯҳе базаҳкор будед?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا قِيلَ إِنَّ وَعْدَ ٱللَّهِ حَقٌّ وَٱلسَّاعَةُ لَا رَيْبَ فِيهَا قُلْتُم مَّا نَدْرِى مَا ٱلسَّاعَةُ إِن نَّظُنُّ إِلَّا ظَنًّا وَمَا نَحْنُ بِمُسْتَيْقِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва чун гуфта мешуд: «Ваъдаи Аллоҳ таоло ҳақ аст ва [дар вуқуи] қиёмат ҳеҷ тардиде нест», мегуфтед: Намедонем қиёмат чист, фақат тасаввуре [дар] ин маврид] дорем, ва [-ле] ба яқин нарасидаем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَبَدَا لَهُمْ سَيِّـَٔاتُ مَا عَمِلُوا۟ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُوا۟ بِهِۦ يَسْتَهْزِءُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Рафтори зишташон бар онон ошкор мешавад ва азобе, ки масхарааш мекарданд, домангирашон хоҳад шуд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقِيلَ ٱلْيَوْمَ نَنسَىٰكُمْ كَمَا نَسِيتُمْ لِقَآءَ يَوْمِكُمْ هَٰذَا وَمَأْوَىٰكُمُ ٱلنَّارُ وَمَا لَكُم مِّن نَّٰصِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ба онон] гуфта мешавад: «Имрӯз [дар азоби дузах] раҳоятон мекунем, чунонки шумо [низ дар дунё нисбат] ба дидори имрӯз беэътино будед ва ҷойгоҳатон оташ аст ва ҳеҷ ёваре нахоҳед дошт
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ذَٰلِكُم بِأَنَّكُمُ ٱتَّخَذْتُمْ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ هُزُوًا وَغَرَّتْكُمُ ٱلْحَيَوٰةُ ٱلدُّنْيَا فَٱلْيَوْمَ لَا يُخْرَجُونَ مِنْهَا وَلَا هُمْ يُسْتَعْتَبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ин [гирифторӣ] аз он рӯст, ки оёти илоҳиро масхара мекардед ва зиндагии дунё фиребатон дода буд». Имрӯз [кофиронро] аз оташ берун нахоҳанд овард ва аз онон дархости пузиш намешавад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلِلَّهِ ٱلْحَمْدُ رَبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَرَبِّ ٱلْأَرْضِ رَبِّ ٱلْعَٰلَمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, ситоиш махсуси Аллоҳ таоло аст, Парвардигори осмонҳо ва замин ва тамоми ҷаҳониён
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَهُ ٱلْكِبْرِيَآءُ فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَهُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бузургӣ дар осмонҳо ва замин аз они Ӯст ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
← Сураи Ad-Dukhaan
Сураи Al-Ahqaf →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→
Матни арабӣ ва тарҷумаҳо тавассути Tanzil ва QuranEnc — айнан, бетағйир · Тарҷумаҳо ба тарҷумонҳояшон тааллуқ доранд ва худи Қуръон нестанд
Ин ёрирасони таҳқиқотист, на манбаи фатво.