caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Az-Zukhruf الزخرف

89 оят · Макка · тартиби нузул 63

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ حمٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲо, мим.[1]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلْكِتَٰبِ ٱلْمُبِينِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСавганд ба китоби равшангар

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّا جَعَلْنَٰهُ قُرْءَٰنًا عَرَبِيًّا لَّعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо онро Қуръоне ба забони арабӣ падид овардем, бошад, ки хирадварзӣ кунед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّهُۥ فِىٓ أُمِّ ٱلْكِتَٰبِ لَدَيْنَا لَعَلِىٌّ حَكِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн китоб, ки баландмартаба ва ҳикматомӯз аст, дар Лавхи маҳфуз назди Мо сабт шудааст [ва дастхуши тағйир нахоҳад шуд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَفَنَضْرِبُ عَنكُمُ ٱلذِّكْرَ صَفْحًا أَن كُنتُمْ قَوْمًا مُّسْرِفِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё ба сирфи ин ки шумо [мушрикон] гурӯҳе исрофкоред [ва паёми илоҳиро инкор мекунед, нузули] Қуръонро аз шумо боздорем?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَمْ أَرْسَلْنَا مِن نَّبِىٍّ فِى ٱلْأَوَّلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЧи бисёр паёмбароне, ки дар миёни пешиниён фиристодем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا يَأْتِيهِم مِّن نَّبِىٍّ إِلَّا كَانُوا۟ بِهِۦ يَسْتَهْزِءُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВале ҳар паёмбаре ба сӯйи онон меомад, масхарааш мекарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَهْلَكْنَآ أَشَدَّ مِنْهُم بَطْشًا وَمَضَىٰ مَثَلُ ٱلْأَوَّلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо афроди нерумандтар аз мушрикони Маккаро ҳалок кардаем ва достони [ибратангези] пешиниён гузашт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَئِن سَأَلْتَهُم مَّنْ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ لَيَقُولُنَّ خَلَقَهُنَّ ٱلْعَزِيزُ ٱلْعَلِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Агар аз мушрикон бипурсӣ: «Осмонҳо ва заминро чи касе офардиааст?» Ҳатман, мегӯянд: «[Аллоҳи] Шикастнопазири доно»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِى جَعَلَ لَكُمُ ٱلْأَرْضَ مَهْدًا وَجَعَلَ لَكُمْ فِيهَا سُبُلًا لَّعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамон [Парвардигоре] ки заминро маҳалли озмоиши шумо қарор дод ва бароятон дар он роҳҳое падид овард, то роҳ ёбед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِى نَزَّلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءًۢ بِقَدَرٍ فَأَنشَرْنَا بِهِۦ بَلْدَةً مَّيْتًا كَذَٰلِكَ تُخْرَجُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳамон касе, ки аз осмон боронро ба миқдори муайяне фиристод, он гоҳ сарзамини хазонзада ва хушкро ба василаи он ҳаёт бахшидем. Шумо низ ҳамин гуна [аз гӯрҳо] берун оварда мешавед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِى خَلَقَ ٱلْأَزْوَٰجَ كُلَّهَا وَجَعَلَ لَكُم مِّنَ ٱلْفُلْكِ وَٱلْأَنْعَٰمِ مَا تَرْكَبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПарвардигоре, ки тамоми махлуқотро офарид ва бароятон аз киштиҳо ва чаҳорпоён василаи саворӣ падид овард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لِتَسْتَوُۥا۟ عَلَىٰ ظُهُورِهِۦ ثُمَّ تَذْكُرُوا۟ نِعْمَةَ رَبِّكُمْ إِذَا ٱسْتَوَيْتُمْ عَلَيْهِ وَتَقُولُوا۟ سُبْحَٰنَ ٱلَّذِى سَخَّرَ لَنَا هَٰذَا وَمَا كُنَّا لَهُۥ مُقْرِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо бар пушти онҳо қарор гиред ва он гоҳ ки бар онҳо қарор гирифтед, неъмати Парвардигоратонро ёд кунед ва бигӯед: «Поку муназзаҳ аст касе, ки ин [васила]-ро дар хидмати мо гумошт ва мо худ тавони ин корро надоштем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّآ إِلَىٰ رَبِّنَا لَمُنقَلِبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа мо ба пешгоҳи Парвардигорамон бозмегардем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَعَلُوا۟ لَهُۥ مِنْ عِبَادِهِۦ جُزْءًا إِنَّ ٱلْإِنسَٰنَ لَكَفُورٌ مُّبِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМушрикон аз миёни бандагони Аллоҳ таоло барояш саҳме [аз фарзанд] қарор доданд. Ба ростӣ, ки инсон ошкоро носипос аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمِ ٱتَّخَذَ مِمَّا يَخْلُقُ بَنَاتٍ وَأَصْفَىٰكُم بِٱلْبَنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [мепиндоред] Аллоҳ таоло аз миёни офаридагонаш духтаронро интихоб карда ва писаронро ба шумо ихтисос додааст?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا بُشِّرَ أَحَدُهُم بِمَا ضَرَبَ لِلرَّحْمَٰنِ مَثَلًا ظَلَّ وَجْهُهُۥ مُسْوَدًّا وَهُوَ كَظِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАммо ҳар гоҳ ба яке аз онон ҳамон чизеро, ки башорат диҳанд, ки барои Аллоҳи раҳмон қоил ҳастанд [таваллуди духтар], дар ҳоле ки хашми худро фурӯ мехӯрад, чеҳрааш [аз андуҳ] тира мегардад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوَمَن يُنَشَّؤُا۟ فِى ٱلْحِلْيَةِ وَهُوَ فِى ٱلْخِصَامِ غَيْرُ مُبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё касеро, ки дар зевар [ва роҳатӣ] парвариш меёбад ва дар [ҳангоми] ҷидол [қодир ба] баёни мақсудаш нест [ба Аллоҳ таоло нисбат медиҳед]?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَعَلُوا۟ ٱلْمَلَٰٓئِكَةَ ٱلَّذِينَ هُمْ عِبَٰدُ ٱلرَّحْمَٰنِ إِنَٰثًا أَشَهِدُوا۟ خَلْقَهُمْ سَتُكْتَبُ شَهَٰدَتُهُمْ وَيُسْـَٔلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМушрикон фариштагонро, ки бандагони [Аллоҳи] Раҳмонанд, муаннас [зан] пиндоштанд. Оё ба ҳангоми офариниши онон ҳузур доштанд? Суханонашон сабт мегардад ва [дар рӯзи қиёмат] бозхост хоҳанд шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوا۟ لَوْ شَآءَ ٱلرَّحْمَٰنُ مَا عَبَدْنَٰهُم مَّا لَهُم بِذَٰلِكَ مِنْ عِلْمٍ إِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Онон барои тавҷеҳи ширки худ] мегӯянд: «Агар [Аллоҳи] Раҳмон мехост, мо фариштагонро парастиш намекардем». Онон дар мавриди ин [сухан] беиттилоанд ва ҷуз сухани дурӯғ намегӯянд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمْ ءَاتَيْنَٰهُمْ كِتَٰبًا مِّن قَبْلِهِۦ فَهُم بِهِۦ مُسْتَمْسِكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё пеш аз Қуръон китобе ба онон додаем, ки бад-он истидлол кунанд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَلْ قَالُوٓا۟ إِنَّا وَجَدْنَآ ءَابَآءَنَا عَلَىٰٓ أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِم مُّهْتَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБалки мегӯянд: «Ниёгонамон низ ҳамин оинро доштанд ва мо [низ] роҳи ононро дунбол мекунем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَذَٰلِكَ مَآ أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ فِى قَرْيَةٍ مِّن نَّذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتْرَفُوهَآ إِنَّا وَجَدْنَآ ءَابَآءَنَا عَلَىٰٓ أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِم مُّقْتَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПеш аз ту низ ҳар [паёмбари] ҳушдордиҳандаеро ба ҳар шаҳре фиристодем, сарватмандони саркаши он шаҳр мегуфтанд: «Ниёгонамон низ ҳамин оинро доштанд ва мо [низ] роҳи ононро дунбол мекунем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَٰلَ أَوَلَوْ جِئْتُكُم بِأَهْدَىٰ مِمَّا وَجَدتُّمْ عَلَيْهِ ءَابَآءَكُمْ قَالُوٓا۟ إِنَّا بِمَآ أُرْسِلْتُم بِهِۦ كَٰفِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Паёмбарашон] Мегуфт: «Агар оине ҳидоятбахштар аз он чи ниёгонатон доштанд, оварда бошам [боз ҳам аз онон пайравӣ мекунед]? Онон [дар посух] мегуфтанд: «[Оре] паёмеро, ки маъмури [иблоғи] он шудаед, инкор мекунем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱنتَقَمْنَا مِنْهُمْ فَٱنظُرْ كَيْفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلْمُكَذِّبِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо низ аз онон интиқом гирифтем, пас, бингар, ки саранҷоми такзибкунандагон чи гуна буд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذْ قَالَ إِبْرَٰهِيمُ لِأَبِيهِ وَقَوْمِهِۦٓ إِنَّنِى بَرَآءٌ مِّمَّا تَعْبُدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ёд кун] Ҳангомеро, ки Иброҳим ба падар ва қавмаш гуфт: «Аз он чи шумо мепарастед, безорам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَّا ٱلَّذِى فَطَرَنِى فَإِنَّهُۥ سَيَهْدِينِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар аз касе, ки маро офаридааст, ки Ӯ ҳидоятам хоҳад кард»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَعَلَهَا كَلِمَةًۢ بَاقِيَةً فِى عَقِبِهِۦ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИброҳим, яктопарастиро дар миёни наслҳои пас аз худ сухане мондагор қарор дод, бошад, ки [ба пешгоҳи илоҳӣ] бозгарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَلْ مَتَّعْتُ هَٰٓؤُلَآءِ وَءَابَآءَهُمْ حَتَّىٰ جَآءَهُمُ ٱلْحَقُّ وَرَسُولٌ مُّبِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн мушрикони Макка ва падаронашонро [аз неъматҳои дунё] бархӯрдор кардам, то ин ки Қуръон ва паёмбаре равшангар ба суроғашон омад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَمَّا جَآءَهُمُ ٱلْحَقُّ قَالُوا۟ هَٰذَا سِحْرٌ وَإِنَّا بِهِۦ كَٰفِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он гоҳ ки Қуръон бар онон ироа шуд, гуфтанд: «Ин ҷодуст ва онро инкор мекунем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوا۟ لَوْلَا نُزِّلَ هَٰذَا ٱلْقُرْءَانُ عَلَىٰ رَجُلٍ مِّنَ ٱلْقَرْيَتَيْنِ عَظِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа гуфтанд: «Чаро ин Қуръон бар марде бузург аз ду шаҳр [Макка ва Тоиф] нозил нашудааст?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَهُمْ يَقْسِمُونَ رَحْمَتَ رَبِّكَ نَحْنُ قَسَمْنَا بَيْنَهُم مَّعِيشَتَهُمْ فِى ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا وَرَفَعْنَا بَعْضَهُمْ فَوْقَ بَعْضٍ دَرَجَٰتٍ لِّيَتَّخِذَ بَعْضُهُم بَعْضًا سُخْرِيًّا وَرَحْمَتُ رَبِّكَ خَيْرٌ مِّمَّا يَجْمَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё онон раҳмати Парвардигоратро тақсим мекунанд? Моем, ки рӯзӣ [ва маишати] ононро дар зиндагии дунё миёнашон тақсим кардаем ва ононро нисбат ба ҳам ба дараҷоте бартарӣ бахшидаем, то аз хадамоти [мутақобили] якдигар истифода кунанд ва раҳмати Парвардигорат аз амволе, ки ҷамъ мекунанд, беҳтар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْلَآ أَن يَكُونَ ٱلنَّاسُ أُمَّةً وَٰحِدَةً لَّجَعَلْنَا لِمَن يَكْفُرُ بِٱلرَّحْمَٰنِ لِبُيُوتِهِمْ سُقُفًا مِّن فِضَّةٍ وَمَعَارِجَ عَلَيْهَا يَظْهَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар [нигаронӣ аз онон] набуд, ки ҳама мардум [дар дунёталабӣ ва инкори Аллоҳ таоло] як гурӯҳ шаванд, сақфи хонаи касонеро, ки ба Аллоҳи раҳмон имон надоранд, аз нуқра қарор медодем ва низ паллаҳое [дар он мениҳодем], ки битавонанд аз [табақоти] он [хона] боло раванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلِبُيُوتِهِمْ أَبْوَٰبًا وَسُرُرًا عَلَيْهَا يَتَّكِـُٔونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа барои хонаҳояшон дарҳое [аз тилло] мегузоштем ва тахтҳое [қарор медодем], ки бар он такя зананд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَزُخْرُفًا وَإِن كُلُّ ذَٰلِكَ لَمَّا مَتَٰعُ ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا وَٱلْـَٔاخِرَةُ عِندَ رَبِّكَ لِلْمُتَّقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа таҷаммул [ва зинатҳое] фаровон [барояшон фароҳам мекардем] ва тамоми инҳо баҳраи [ночизи] зиндагии дунёст ва охират назди Парвардигорат барои парҳезкорон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَن يَعْشُ عَن ذِكْرِ ٱلرَّحْمَٰنِ نُقَيِّضْ لَهُۥ شَيْطَٰنًا فَهُوَ لَهُۥ قَرِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар ки аз ёди [Аллоҳи] раҳмон дил бигардонад, шайтоне бар ӯ мегуморем, то ҳамнишинаш бошад [ва ҳамвора фиребаш диҳад]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّهُمْ لَيَصُدُّونَهُمْ عَنِ ٱلسَّبِيلِ وَيَحْسَبُونَ أَنَّهُم مُّهْتَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterШаётин ин гурӯҳро аз роҳи [Аллоҳ таоло] бозмедоранд, вале онон гумон мекунанд, ки ҳидоят ёфтаанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَنَا قَالَ يَٰلَيْتَ بَيْنِى وَبَيْنَكَ بُعْدَ ٱلْمَشْرِقَيْنِ فَبِئْسَ ٱلْقَرِينُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо он гоҳ ки [дар қиёмат] назди Мо биёяд, [ба шайтони ҳамнишинаш] мегӯяд: Эй кош, миёни ману ту фосилае ба дурии шарқу ғарб буд! Чи ҳамнишини баде будӣ!»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَن يَنفَعَكُمُ ٱلْيَوْمَ إِذ ظَّلَمْتُمْ أَنَّكُمْ فِى ٱلْعَذَابِ مُشْتَرِكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло мефармояд] «Имрӯз [пушаймонӣ] суде ба ҳолатон нахоҳад дошт; зеро ситам кардаед ва ҳамагӣ дар азоб шарикед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَفَأَنتَ تُسْمِعُ ٱلصُّمَّ أَوْ تَهْدِى ٱلْعُمْىَ وَمَن كَانَ فِى ضَلَٰلٍ مُّبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Оё метавонӣ [паёми худро] ба гӯши ношунавоён бирасонӣ ё нобиноён ва гумроҳони ошкорро [ба роҳи рост] ҳидоят кунӣ?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِمَّا نَذْهَبَنَّ بِكَ فَإِنَّا مِنْهُم مُّنتَقِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар ҳам туро пеш аз азоби онон аз дунё [бибарем] дар ҳар ҳол [аз эшон интиқом хоҳем гирифт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوْ نُرِيَنَّكَ ٱلَّذِى وَعَدْنَٰهُمْ فَإِنَّا عَلَيْهِم مُّقْتَدِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЁ азоберо, ки ба онон ваъда додаем, [дар даврони ҳаётат] ба ту менамоем. Бе тардид, Мо бар онон иқтидор [-и комил] дорем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱسْتَمْسِكْ بِٱلَّذِىٓ أُوحِىَ إِلَيْكَ إِنَّكَ عَلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسْتَقِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ба он чи ба ту ваҳй мешавад, тамассук биҷӯ, ки бе гумон, бар роҳи рост қарор дорӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّهُۥ لَذِكْرٌ لَّكَ وَلِقَوْمِكَ وَسَوْفَ تُسْـَٔلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТардиде нест, ки Қуръон барои ту ва қавмат мояи андарз [ ва сарбаландӣ] аст ва [дар рӯзи қиёмат дар бораи имону амал ба он] бозхост хоҳед шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَسْـَٔلْ مَنْ أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ مِن رُّسُلِنَآ أَجَعَلْنَا مِن دُونِ ٱلرَّحْمَٰنِ ءَالِهَةً يُعْبَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАз паёмбароне, ки пеш аз ту фиристодем, бипурс, ки оё ғайр аз [Аллоҳи] Раҳмон маъбудоне барои парастиш қарор додаем [мусалламан, чунин нест]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مُوسَىٰ بِـَٔايَٰتِنَآ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ وَمَلَإِي۟هِۦ فَقَالَ إِنِّى رَسُولُ رَبِّ ٱلْعَٰلَمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо Мӯсоро бо муъҷизоти хеш ба сӯи Фиръавн ва сарони қавмаш фиристодем ва ба онон гуфт: «Ман фиристодаи Парвардигори ҷаҳониёнам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا جَآءَهُم بِـَٔايَٰتِنَآ إِذَا هُم مِّنْهَا يَضْحَكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чун оёт [ва муъҷизоти] Моро бар онон ироа кард, ҳамагӣ ба онҳо хандиданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا نُرِيهِم مِّنْ ءَايَةٍ إِلَّا هِىَ أَكْبَرُ مِنْ أُخْتِهَا وَأَخَذْنَٰهُم بِٱلْعَذَابِ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар муъҷизае ба онон ироа додем, яке аз дигаре бузургтар буд ва [чун ҳамаро такзиб карданд] ба азоб гирифторашон кардем, бошад, ки [аз куфр] бозгарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوا۟ يَٰٓأَيُّهَ ٱلسَّاحِرُ ٱدْعُ لَنَا رَبَّكَ بِمَا عَهِدَ عِندَكَ إِنَّنَا لَمُهْتَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Пас, ҳангоме ки гӯшаҳое аз азоби илоҳиро чашиданд] гуфтанд: «Эй ҷодугар, аз Парвардигорат бинобар аҳде, ки бо ту дорад, бихоҳ [то азобро аз мо дур кунад], ки мо [дигар] роҳёфтаем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا كَشَفْنَا عَنْهُمُ ٱلْعَذَابَ إِذَا هُمْ يَنكُثُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чун азобро аз онон бардоштем, паймон шикастанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَنَادَىٰ فِرْعَوْنُ فِى قَوْمِهِۦ قَالَ يَٰقَوْمِ أَلَيْسَ لِى مُلْكُ مِصْرَ وَهَٰذِهِ ٱلْأَنْهَٰرُ تَجْرِى مِن تَحْتِىٓ أَفَلَا تُبْصِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterФиръавн дар миёни қавми худ нидо сар дод ва гуфт: «Эй қавми ман, оё фармонравоии Миср дар ихтиёри ман нест ва ин наҳрҳо аз доманаи қасри ман ҷараён надорад? Оё [қудрату азаматамро] намебинед?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمْ أَنَا۠ خَيْرٌ مِّنْ هَٰذَا ٱلَّذِى هُوَ مَهِينٌ وَلَا يَكَادُ يُبِينُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМан аз ин марди бемиқдор, ки [ҳатто] наметавонад ба равшанӣ сухан бигӯяд, шоистатарам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَوْلَآ أُلْقِىَ عَلَيْهِ أَسْوِرَةٌ مِّن ذَهَبٍ أَوْ جَآءَ مَعَهُ ٱلْمَلَٰٓئِكَةُ مُقْتَرِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЧаро [ба нишонаи сарварӣ] дастбандҳои зарин [аз осмон] бар ӯ афканда нашудааст [то собит шавад, ки паёмбар аст]? Ё чаро фариштагон ҳамроҳаш наёмадаанд?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱسْتَخَفَّ قَوْمَهُۥ فَأَطَاعُوهُ إِنَّهُمْ كَانُوا۟ قَوْمًا فَٰسِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ қавми худро ба [бехирадӣ ва] сабуксарӣ кашонд ва ҳамагӣ мутеаш шуданд. Ҳаққо, ки онон [нисбат ба авомири илоҳӣ] нофармон буданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّآ ءَاسَفُونَا ٱنتَقَمْنَا مِنْهُمْ فَأَغْرَقْنَٰهُمْ أَجْمَعِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, чун моро ба хашм оварданд, аз онон интиқом гирифтем ва ҳамагиро [дар дарё] ғарқ кардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَجَعَلْنَٰهُمْ سَلَفًا وَمَثَلًا لِّلْـَٔاخِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ононро дар шумори пешгомони [куфру нофармонӣ] ва ибрате [барои ояндагон] қарор додем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَمَّا ضُرِبَ ٱبْنُ مَرْيَمَ مَثَلًا إِذَا قَوْمُكَ مِنْهُ يَصِدُّونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чун достони [таваллуди] писари Марям матраҳ шуд, қавми ту [ки гумон карданд, метавонанд монанди масеҳиён чанд маъбуд дошта бошанд] ба ногоҳ шодӣ ва ҳаёҳу ба роҳ андохтанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوٓا۟ ءَأَٰلِهَتُنَا خَيْرٌ أَمْ هُوَ مَا ضَرَبُوهُ لَكَ إِلَّا جَدَلًۢا بَلْ هُمْ قَوْمٌ خَصِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа гуфтанд: «Маъбудони мо беҳтаранд ё Исо»? Онон ин суханро танҳо барои ҷидол бо ту унвон кардаанд. Ба ростӣ, ки гурӯҳе ситезаҷӯ ҳастанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنْ هُوَ إِلَّا عَبْدٌ أَنْعَمْنَا عَلَيْهِ وَجَعَلْنَٰهُ مَثَلًا لِّبَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИсо фақат бандаест, ки бар ӯ неъмат [-и рисолат] арзонӣ доштем ва ӯро намунае [аз қудрати илоҳӣ] барои Бани Исроил қарор додем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ نَشَآءُ لَجَعَلْنَا مِنكُم مَّلَٰٓئِكَةً فِى ٱلْأَرْضِ يَخْلُفُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар мехостем, [ҳамаи шумо инсонҳоро нобуд мекардем ва] ба ҷоятон фариштагоне падид меовардем, ки дар замин ҷонишин [-и шумо] шаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّهُۥ لَعِلْمٌ لِّلسَّاعَةِ فَلَا تَمْتَرُنَّ بِهَا وَٱتَّبِعُونِ هَٰذَا صِرَٰطٌ مُّسْتَقِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Таваллуди] Исо [ба муъҷизаи ҳаёт бахшиданаш] далеле барои қиёмат аст. Пас, ҳаргиз дар мавриди қиёмат шак накунед ва пайрави ман бошед, ки роҳи рост ҳамин аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا يَصُدَّنَّكُمُ ٱلشَّيْطَٰنُ إِنَّهُۥ لَكُمْ عَدُوٌّ مُّبِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Огоҳ бошед, ки] Шайтон шуморо [аз роҳи Аллоҳ таоло] бознадорад, чаро ки ӯ душмани ошкори шумост

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَمَّا جَآءَ عِيسَىٰ بِٱلْبَيِّنَٰتِ قَالَ قَدْ جِئْتُكُم بِٱلْحِكْمَةِ وَلِأُبَيِّنَ لَكُم بَعْضَ ٱلَّذِى تَخْتَلِفُونَ فِيهِ فَٱتَّقُوا۟ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чун Исо [муъҷизоту] нишонаҳои равшан бар онон ироа кард, гуфт: «Ман барои шумо ҳикмат овардаам, то [бад-он роҳ ёбед] ва бархе аз мавориди ихтилофатонро равшан кунам, пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеъи [дастурҳои] ман бошед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ رَبِّى وَرَبُّكُمْ فَٱعْبُدُوهُ هَٰذَا صِرَٰطٌ مُّسْتَقِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло Парвардигори ман ва шумост, пас, Ӯро бипарастед, ки роҳи рост ҳамин аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱخْتَلَفَ ٱلْأَحْزَابُ مِنۢ بَيْنِهِمْ فَوَيْلٌ لِّلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ مِنْ عَذَابِ يَوْمٍ أَلِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ гурӯҳҳои [мухталифи] Бани Исроил миёни худ [дар бораи Исо] дучори ихтилоф шуданд, пас, вой бар ситамгорон аз азоби рӯзи дарднок!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هَلْ يَنظُرُونَ إِلَّا ٱلسَّاعَةَ أَن تَأْتِيَهُم بَغْتَةً وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё ҷуз ин интизор доранд, ки қиёмат, дар ҳоле ки ғофиланд, ногаҳон бар онон фаро расад?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلْأَخِلَّآءُ يَوْمَئِذٍۭ بَعْضُهُمْ لِبَعْضٍ عَدُوٌّ إِلَّا ٱلْمُتَّقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДӯстон [-и дунёӣ] дар он рӯз душмани якдигаранд, магар парҳезкорон

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰعِبَادِ لَا خَوْفٌ عَلَيْكُمُ ٱلْيَوْمَ وَلَآ أَنتُمْ تَحْزَنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло ба онон мефармояд] «Эй бандагони [парҳезкори] Ман имрӯз тарсу андуҳе нахоҳед дошт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ بِـَٔايَٰتِنَا وَكَانُوا۟ مُسْلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамон бандагоне, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва таслим [-и фармони Мо] буданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱدْخُلُوا۟ ٱلْجَنَّةَ أَنتُمْ وَأَزْوَٰجُكُمْ تُحْبَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterШумо ва дигар муъминоне, ки ҳамчун шумо ҳастанд, ба биҳишт дароед, то [аз неъматҳои ҷовидонаш баҳраманд гардед ва] шодмон шавед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يُطَافُ عَلَيْهِم بِصِحَافٍ مِّن ذَهَبٍ وَأَكْوَابٍ وَفِيهَا مَا تَشْتَهِيهِ ٱلْأَنفُسُ وَتَلَذُّ ٱلْأَعْيُنُ وَأَنتُمْ فِيهَا خَٰلِدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЗарфҳо ва ҷомҳои зарин перомунашон мегардонанд ва ҳар чи дилҳо бихоҳад ва дидаҳо лаззат барад, дар он ҷо ҳаст ва шумо дар биҳишт ҷовидонаед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَتِلْكَ ٱلْجَنَّةُ ٱلَّتِىٓ أُورِثْتُمُوهَا بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн ҳамон биҳиштест, ки дар барорбари рафторатон ба шумо додаанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَكُمْ فِيهَا فَٰكِهَةٌ كَثِيرَةٌ مِّنْهَا تَأْكُلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар онҷо меваҳои фаровоне дар ихтиёр доред, ки аз онҳо мехӯред

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلْمُجْرِمِينَ فِى عَذَابِ جَهَنَّمَ خَٰلِدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, муҷримон дар азоби дузах ҷовидонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَا يُفَتَّرُ عَنْهُمْ وَهُمْ فِيهِ مُبْلِسُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Дар ҳоле ки азоб] аз онон коста намешавад ва дар яъсу ноумедӣ фурӯ рафтаанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا ظَلَمْنَٰهُمْ وَلَٰكِن كَانُوا۟ هُمُ ٱلظَّٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо ба онон ситам накардаем, балки онҳо худ ба хештан ситам мекарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَنَادَوْا۟ يَٰمَٰلِكُ لِيَقْضِ عَلَيْنَا رَبُّكَ قَالَ إِنَّكُم مَّٰكِثُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Дузахиён] Нигаҳбони оташро садо мезананд ва фарёд бар меоранд: «Эй Молик [кош] Парвардигорат кори моро яксара кунад [ва бимиронад]» Ӯ мегӯяд: «На, шумо [дар ин азоб] мондагоред»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَقَدْ جِئْنَٰكُم بِٱلْحَقِّ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَكُمْ لِلْحَقِّ كَٰرِهُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, ҳақро барои шумо овардем, вале бештаратон аз он кароҳат доштед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمْ أَبْرَمُوٓا۟ أَمْرًا فَإِنَّا مُبْرِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон азми [худро барои тавтеа алайҳи ту] ҷазм карданд, Мо низ иродаи муҳкаме [бар ноком гузоштани эшон] дорем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمْ يَحْسَبُونَ أَنَّا لَا نَسْمَعُ سِرَّهُمْ وَنَجْوَىٰهُم بَلَىٰ وَرُسُلُنَا لَدَيْهِمْ يَكْتُبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё мепиндоранд, ки Мо суханони сиррӣ ва наҷвояшонро намешунавем? Оре, фариштагони Мо дар канорашон [ҳастанд ва ҳама чизро] сабт мекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ إِن كَانَ لِلرَّحْمَٰنِ وَلَدٌ فَأَنَا۠ أَوَّلُ ٱلْعَٰبِدِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Агар [ба фарзи маҳол Аллоҳи] Раҳмон фарзанде дошт, ман нахустин парастишгар [-и Ӯ] будам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

سُبْحَٰنَ رَبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ رَبِّ ٱلْعَرْشِ عَمَّا يَصِفُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Маъбуди яктое, ки] Парвардигори осмонҳо ва замин ва Арш аст, аз тавсифи [ҷоҳилонаи] онон муназзаҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَذَرْهُمْ يَخُوضُوا۟ وَيَلْعَبُوا۟ حَتَّىٰ يُلَٰقُوا۟ يَوْمَهُمُ ٱلَّذِى يُوعَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [эй Паёмбар] ононро [ба ҳоли худ] бигузор, то ёвагӯӣ кунанд ва ба бозӣ саргарм бошанд, то саранҷом бо рӯзи мавъуд [қиёмат] мувоҷеҳ шаванд [ва сазои аъмолашонро бубинанд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُوَ ٱلَّذِى فِى ٱلسَّمَآءِ إِلَٰهٌ وَفِى ٱلْأَرْضِ إِلَٰهٌ وَهُوَ ٱلْحَكِيمُ ٱلْعَلِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮст, ки дар осмон ва замин маъбуд аст ва Ӯ ҳакими доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَتَبَارَكَ ٱلَّذِى لَهُۥ مُلْكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا وَعِندَهُۥ عِلْمُ ٱلسَّاعَةِ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПурбаракат ва бузургвор аст касе, ки фармонравоии осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост, аз они Ӯст ва огоҳӣ аз [лаҳзаи барпоии] растохез танҳо дар ихтиёри Ӯст ва [ҳамагӣ] ба пешгоҳи Ӯ бозгардонда мешавед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا يَمْلِكُ ٱلَّذِينَ يَدْعُونَ مِن دُونِهِ ٱلشَّفَٰعَةَ إِلَّا مَن شَهِدَ بِٱلْحَقِّ وَهُمْ يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонанд, қодир ба шафоат нестанд, магар афроде, ки ба [калимаи тавҳид ва] ҳақ аз руи илм гувоҳӣ медиҳанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَئِن سَأَلْتَهُم مَّنْ خَلَقَهُمْ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُ فَأَنَّىٰ يُؤْفَكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар аз мушрикон бипурсӣ, чи касе ононро офаридааст, мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло». Пас, чи гуна [аз ҳақ] бар мегарданд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقِيلِهِۦ يَٰرَبِّ إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ قَوْمٌ لَّا يُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Шикоят ва] Сухани паёмбар [ин буд]: «Парвардигоро, инон қавме ҳастанд, ки имон намеоваранд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱصْفَحْ عَنْهُمْ وَقُلْ سَلَٰمٌ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [эй Паёмбар] аз онон даргузар ва [барои раҳоӣ аз шаррашон] бигӯ: «Салом бар Шумо»! Ба зудӣ хоҳанд донист [ки азобашон чи гуна аст]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70