caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Ar-Room الروم

60 оят · Макка · тартиби нузул 84

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ الٓمٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАлиф, лом, мим.[1]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

غُلِبَتِ ٱلرُّومُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterРумиён [дар ҷанг бо Форс] шикаст хӯрданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فِىٓ أَدْنَى ٱلْأَرْضِ وَهُم مِّنۢ بَعْدِ غَلَبِهِمْ سَيَغْلِبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар наздиктарин сарзамин [марзи Шом бо Форс] ва онон пас аз шикасташон [дар набарди дигаре] пирӯз хоҳанд шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فِى بِضْعِ سِنِينَ لِلَّهِ ٱلْأَمْرُ مِن قَبْلُ وَمِنۢ بَعْدُ وَيَوْمَئِذٍ يَفْرَحُ ٱلْمُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар чанд соли [оянда]. Чи қабл ва чи баъд ин [пирӯзӣ сарриштаи] кор дар ихтиёри Аллоҳ таоло аст ва дар он рӯз муъминон шодмон мегарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بِنَصْرِ ٱللَّهِ يَنصُرُ مَن يَشَآءُ وَهُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ин шодӣ] ба хотири ёрӣ расонидани Аллоҳ таоло [ба аҳли китоб] аст ва Ӯ ҳар киро бихоҳад, ёрӣ мекунад ва Ӯ шикастнопазири меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَعْدَ ٱللَّهِ لَا يُخْلِفُ ٱللَّهُ وَعْدَهُۥ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ин пирӯзӣ] Ваъдаи Аллоҳ таоло аст [ва] Аллоҳ таоло ҳаргиз аз ваъдаи худ тахаллуф намекунад, вале бештари мардум намедонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَعْلَمُونَ ظَٰهِرًا مِّنَ ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا وَهُمْ عَنِ ٱلْـَٔاخِرَةِ هُمْ غَٰفِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон фақат зоҳире аз зиндагии дунёро медонанд ва аз охират ғофиланд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوَلَمْ يَتَفَكَّرُوا۟ فِىٓ أَنفُسِهِم مَّا خَلَقَ ٱللَّهُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَآ إِلَّا بِٱلْحَقِّ وَأَجَلٍ مُّسَمًّى وَإِنَّ كَثِيرًا مِّنَ ٱلنَّاسِ بِلِقَآئِ رَبِّهِمْ لَكَٰفِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё бо худ намеандешанд, ки Аллоҳ таоло осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ҷуз ба ҳақ ва барои муддати муайяне наофаридааст? Бе тардид, бисёре аз мардум ба дидори Парвардигорашон [дар қиёматро] бовар надоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوَلَمْ يَسِيرُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ فَيَنظُرُوا۟ كَيْفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ كَانُوٓا۟ أَشَدَّ مِنْهُمْ قُوَّةً وَأَثَارُوا۟ ٱلْأَرْضَ وَعَمَرُوهَآ أَكْثَرَ مِمَّا عَمَرُوهَا وَجَآءَتْهُمْ رُسُلُهُم بِٱلْبَيِّنَٰتِ فَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيَظْلِمَهُمْ وَلَٰكِن كَانُوٓا۟ أَنفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [мушрикон] дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон буданд, чи гуна будааст? Онҳо бисёр нерумандтар аз инон буданд ва заминро [барои кишоварзӣ ва ободкорӣ] беш аз инон дигаргун сохтанд ва обод карданд ва паёмбаронашон бо далоили равшан ба суроғашон омаданд [аммо онон инкор карданд ва нобуд шуданд]. Аллоҳ таоло ҳаргиз бар он набуд, ки ба эшон ситам кунад, балки онон худ ба хештан ситам мекарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ كَانَ عَٰقِبَةَ ٱلَّذِينَ أَسَٰٓـُٔوا۟ ٱلسُّوٓأَىٰٓ أَن كَذَّبُوا۟ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَكَانُوا۟ بِهَا يَسْتَهْزِءُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ саранҷоми касоне, ки бадӣ карда буданд, бисёр бадтар шуд, чаро ки оёти Аллоҳро дурӯғ меангоштанд ва онҳоро ба тамасхур мегирифтанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱللَّهُ يَبْدَؤُا۟ ٱلْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ ثُمَّ إِلَيْهِ تُرْجَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло офаринишро оғоз мекунад, сипас онро [пас аз маргаш] бозмегардонад, он гоҳ [дар қиёмат ҳамагӣ] ба сӯяш бозгардонда мешавед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَوْمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ يُبْلِسُ ٱلْمُجْرِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterРӯзе, ки қиёмат барпо гардад, гунаҳгорон [аз раҳмати илоҳӣ] ноумед мешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَمْ يَكُن لَّهُم مِّن شُرَكَآئِهِمْ شُفَعَٰٓؤُا۟ وَكَانُوا۟ بِشُرَكَآئِهِمْ كَٰفِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Дар он рӯз] Мушрикон аз байни маъбудони худ [ки мепарастиданд] ҳеҷ шафоатгаре нахоҳанд дошт ва нисбат ба маъбудонашон [ки онҳоро ҳамтои Аллоҳ таоло қарор дода буданд] куфр меварзанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَوْمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ يَوْمَئِذٍ يَتَفَرَّقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterРӯзе, ки қиёмат барпо гардад, [мардум бар асоси корҳояшон] аз якдигар ҷудо мешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فَهُمْ فِى رَوْضَةٍ يُحْبَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАммо касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, дар бӯстоне [аз биҳишт] шодмон мегарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَمَّا ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَكَذَّبُوا۟ بِـَٔايَٰتِنَا وَلِقَآئِ ٱلْـَٔاخِرَةِ فَأُو۟لَٰٓئِكَ فِى ٱلْعَذَابِ مُحْضَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аммо онон, ки куфр варзиданд ва оёти Мо ва дидорамон дар охиратро дурӯғ ангоштанд, инон эҳзоршудагон дар азобанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَسُبْحَٰنَ ٱللَّهِ حِينَ تُمْسُونَ وَحِينَ تُصْبِحُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, Аллоҳро ба покӣ ситоиш кунед, он гоҳ ки ба шаб дармеоед ва он дам, ки ба субҳ мерасед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَهُ ٱلْحَمْدُ فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَعَشِيًّا وَحِينَ تُظْهِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Centerва асргоҳон ва ҳангоме ки ба нимрӯз мерасед ва ҳамду ситоиш дар осмонҳо ва замин аз они Ӯст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يُخْرِجُ ٱلْحَىَّ مِنَ ٱلْمَيِّتِ وَيُخْرِجُ ٱلْمَيِّتَ مِنَ ٱلْحَىِّ وَيُحْىِ ٱلْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَكَذَٰلِكَ تُخْرَجُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ [мавҷуди] зиндаро аз [моддаи] беҷон [нутфа] падид меоварад ва [моддаи] беҷонро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозад ва заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш – зинда месозад ва [шумо низ рӯзи қиёмат] инчунин барангехта мешавед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمِنْ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنْ خَلَقَكُم مِّن تُرَابٍ ثُمَّ إِذَآ أَنتُم بَشَرٌ تَنتَشِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки шуморо аз хок офарид, сипас инсонҳое шудед [ки таваллуди мисл кардед ва дар замин] пароканда гаштед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمِنْ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنْ خَلَقَ لَكُم مِّنْ أَنفُسِكُمْ أَزْوَٰجًا لِّتَسْكُنُوٓا۟ إِلَيْهَا وَجَعَلَ بَيْنَكُم مَّوَدَّةً وَرَحْمَةً إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَٰتٍ لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то дар канорашон ором гиред ва миёнатон муҳаббату меҳрубонӣ падид овард. Бе гумон, дар ин [неъмат] барои хирадварзон нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمِنْ ءَايَٰتِهِۦ خَلْقُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَٱخْتِلَٰفُ أَلْسِنَتِكُمْ وَأَلْوَٰنِكُمْ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَٰتٍ لِّلْعَٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз нишонаҳои Ӯ офариниши осмонҳо ва замин ва ихтилофи забонҳо ва рангҳои шумост. Бе тардид, дар ин [умур] барои донишварон нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمِنْ ءَايَٰتِهِۦ مَنَامُكُم بِٱلَّيْلِ وَٱلنَّهَارِ وَٱبْتِغَآؤُكُم مِّن فَضْلِهِۦٓ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَٰتٍ لِّقَوْمٍ يَسْمَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз нишонаҳои Ӯ хоби шумо дар шаб ва рӯз ва талошатон барои баҳрагирӣ аз бахшиши Парвардигор [ва таъмини маош] аст. Бе гумон, дар ин умур барои онон, ки гӯши шунаво доранд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمِنْ ءَايَٰتِهِۦ يُرِيكُمُ ٱلْبَرْقَ خَوْفًا وَطَمَعًا وَيُنَزِّلُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً فَيُحْىِۦ بِهِ ٱلْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَآ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَٰتٍ لِّقَوْمٍ يَعْقِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки соиқаро барои биму умед нишонатон медиҳад ва аз осмон обе мефиристад ва заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш – бо он зинда месозад. Бе гумон, дар ин умур барои онон, ки меандешанд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمِنْ ءَايَٰتِهِۦٓ أَن تَقُومَ ٱلسَّمَآءُ وَٱلْأَرْضُ بِأَمْرِهِۦ ثُمَّ إِذَا دَعَاكُمْ دَعْوَةً مِّنَ ٱلْأَرْضِ إِذَآ أَنتُمْ تَخْرُجُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки осмонҳо ва замин ба фармонаш барпост ва [рӯзи қиёмат] ҳангоме ки бо нидое шуморо аз замин фаро мехонад, ногаҳон [ҳамагӣ аз гӯрҳо] берун меоед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَهُۥ مَن فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ كُلٌّ لَّهُۥ قَٰنِتُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар ки [ва ҳар чи] дар осмонҳо ва замин аст аз они Аллоҳ таоло аст ва ҳамагӣ [таслиму] фармонбари Ӯ ҳастанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُوَ ٱلَّذِى يَبْدَؤُا۟ ٱلْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ وَهُوَ أَهْوَنُ عَلَيْهِ وَلَهُ ٱلْمَثَلُ ٱلْأَعْلَىٰ فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَهُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮст, ки офаринишро оғоз мекунад, сипас онро [пас аз маргаш] бозмегардонад ва ин кор барояш осонтар [аз офариниши нахустин] аст ва бартарин васф дар осмонҳо ва замин барои Ӯст ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ضَرَبَ لَكُم مَّثَلًا مِّنْ أَنفُسِكُمْ هَل لَّكُم مِّن مَّا مَلَكَتْ أَيْمَٰنُكُم مِّن شُرَكَآءَ فِى مَا رَزَقْنَٰكُمْ فَأَنتُمْ فِيهِ سَوَآءٌ تَخَافُونَهُمْ كَخِيفَتِكُمْ أَنفُسَكُمْ كَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ ٱلْـَٔايَٰتِ لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй мушрикон] Аллоҳ таоло барои шумо аз худатон мисоле меоварад: «Оё аз бардагонатон касе ҳаст, ки дар амволе ба шумо додаем, шарикатон бошад, чунон ки ҳар ду [дар бархӯрдорӣ аз он амвол] яксон бошед ва ҳамон тавр ки [ба хотири тасарруфи мол] аз якдигар бим доред, аз онон низ бим дошта бошед? [Ҳол ки чунин нест, пас, чаро бандагон ва махлуқоти Аллоҳро бо Ӯ шарик медонед]? Мо оятамонро барои касоне, ки меандешанд, ин чунин ба равшани баён мекунем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَلِ ٱتَّبَعَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓا۟ أَهْوَآءَهُم بِغَيْرِ عِلْمٍ فَمَن يَهْدِى مَنْ أَضَلَّ ٱللَّهُ وَمَا لَهُم مِّن نَّٰصِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Далели ширк камбуди далоили тавҳидӣ нест] Балки ситамгорон бидуни илму огоҳӣ аз ҳавою ҳаваси худ пайравӣ мекунанд, пас онро, ки Аллоҳ таоло гумроҳ кардааст, чи касе ҳидоят мекунад? Ва онон [дар баробари азоби илоҳӣ] ҳеҷ ёваре нахоҳанд дошт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَتَ ٱللَّهِ ٱلَّتِى فَطَرَ ٱلنَّاسَ عَلَيْهَا لَا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ ٱللَّهِ ذَٰلِكَ ٱلدِّينُ ٱلْقَيِّمُ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [эй Паёмбар,] ҳақгароёна ва холисона ба ин дин рӯ овар. [Ин оини пок] Ислом аст, ки Аллоҳ таоло фитрати мардумро бар асоси он сиришта аст. Ҳеҷ тағйире дар офариниши Аллоҳ таоло нест. Ин аст [роҳи рост ва] дини устувор, вале бештари мардум [ҳақиқатро] намедонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مُنِيبِينَ إِلَيْهِ وَٱتَّقُوهُ وَأَقِيمُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَلَا تَكُونُوا۟ مِنَ ٱلْمُشْرِكِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй муъминон, ба даргоҳи Парвардигор тавба кунед ва] Ба сӯи Ӯ бозгардед ва аз Ӯ парво кунед ва намоз барпо доред ва аз мушрикон набошед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مِنَ ٱلَّذِينَ فَرَّقُوا۟ دِينَهُمْ وَكَانُوا۟ شِيَعًا كُلُّ حِزْبٍۭ بِمَا لَدَيْهِمْ فَرِحُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАз касоне [набошед], ки дар динашон тафриқа эҷод карданд ва даста-даста шуданд ва ҳар гурӯҳе ба он чи назди хеш доранд хушнуданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا مَسَّ ٱلنَّاسَ ضُرٌّ دَعَوْا۟ رَبَّهُم مُّنِيبِينَ إِلَيْهِ ثُمَّ إِذَآ أَذَاقَهُم مِّنْهُ رَحْمَةً إِذَا فَرِيقٌ مِّنْهُم بِرَبِّهِمْ يُشْرِكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲангоме ки ба мардум [ранҷу] зиёне бирасад, зорикунон Парвардигорашонро мехонанд, сипас чун [Аллоҳ таоло] раҳмате аз ҷониби хеш ба онон бичашонад [ва гиреҳ аз корашон бикшояд], он гоҳ гурӯҳе аз онон ба Парвардигорашон ширк меоваранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لِيَكْفُرُوا۟ بِمَآ ءَاتَيْنَٰهُمْ فَتَمَتَّعُوا۟ فَسَوْفَ تَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо ба он чи ки ба онон додаем, носипосӣ кунанд. Пас, [аз лаззатҳои дунявӣ] баҳра бигиред, ки ба зудӣ [натиҷаи кирдоратонро] хоҳед донист

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمْ أَنزَلْنَا عَلَيْهِمْ سُلْطَٰنًا فَهُوَ يَتَكَلَّمُ بِمَا كَانُوا۟ بِهِۦ يُشْرِكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [дар китобҳои осмонӣ] далели муҳкаме бар онон нозил кардаем, ки аз [дурустии] он чи ба Ӯ [Аллоҳ таоло] ширк варзиданд, сухан мегӯяд [ва ин корро таъйид мекунад]?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَآ أَذَقْنَا ٱلنَّاسَ رَحْمَةً فَرِحُوا۟ بِهَا وَإِن تُصِبْهُمْ سَيِّئَةٌۢ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ إِذَا هُمْ يَقْنَطُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВақте раҳмате ба мардум бичашонем, аз он хушнуд мегарданд ва агар ба сазои корҳое, ки мекарданд, ранҷу мусибате ба эшон бирасад, [аз раҳмати илоҳӣ] ноумед мешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوَلَمْ يَرَوْا۟ أَنَّ ٱللَّهَ يَبْسُطُ ٱلرِّزْقَ لِمَن يَشَآءُ وَيَقْدِرُ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَٰتٍ لِّقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё надиданд, ки Аллоҳ таоло [неъмату] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад густурда медорад ва [ё] танг мегирад? Бе гумон, дар ин [кушоишу сахтӣ] барои муъминон нишонаҳое [аз лутфу раҳмати Парвардигор] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَـَٔاتِ ذَا ٱلْقُرْبَىٰ حَقَّهُۥ وَٱلْمِسْكِينَ وَٱبْنَ ٱلسَّبِيلِ ذَٰلِكَ خَيْرٌ لِّلَّذِينَ يُرِيدُونَ وَجْهَ ٱللَّهِ وَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْمُفْلِحُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳаққи [силаи раҳими] хешованд ва [садақа ва закоти] мустаманду дармондаро адо кун. Ин [кор] барои касоне, ки [хушнудии] Аллоҳро металабанд, беҳтар аст ва ононанд, ки растагоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَآ ءَاتَيْتُم مِّن رِّبًا لِّيَرْبُوَا۟ فِىٓ أَمْوَٰلِ ٱلنَّاسِ فَلَا يَرْبُوا۟ عِندَ ٱللَّهِ وَمَآ ءَاتَيْتُم مِّن زَكَوٰةٍ تُرِيدُونَ وَجْهَ ٱللَّهِ فَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْمُضْعِفُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн чи аз амвол [-и худ, ки ба қасд]-и рибо ба мардум медиҳед, то [бо пас гирифтани он ба мизони бештаре бар амволатон] афзун гардад, назди Аллоҳ таоло афзоиш намеёбад, ва[-ле] он чи барои хушнудии Аллоҳ таоло [ба унвони] закот мепардозед, [баракату афзоиш меёбад] ва [касоне, ки чунин мекунанд] инонанд, ки подошашон [назди Аллоҳ таоло] чанд баробар мегардад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱللَّهُ ٱلَّذِى خَلَقَكُمْ ثُمَّ رَزَقَكُمْ ثُمَّ يُمِيتُكُمْ ثُمَّ يُحْيِيكُمْ هَلْ مِن شُرَكَآئِكُم مَّن يَفْعَلُ مِن ذَٰلِكُم مِّن شَىْءٍ سُبْحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشْرِكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло аст, ки шуморо офарид ва рӯзӣ дод, он гоҳ шуморо мемиронад ва боз [дар қиёмат] зинда мекунад. Оё дар миёни шариконатон касе ҳаст, ки чизе аз ин [корҳо]-ро анҷом диҳад? Муназзаҳ аст Ӯ ва аз он чи бо Вай шарик месозанд, бартар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ظَهَرَ ٱلْفَسَادُ فِى ٱلْبَرِّ وَٱلْبَحْرِ بِمَا كَسَبَتْ أَيْدِى ٱلنَّاسِ لِيُذِيقَهُم بَعْضَ ٱلَّذِى عَمِلُوا۟ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа сабаби гуноҳоне, ки мардум муртакиб шудаанд, фасод [-у табоҳӣ] дар хушкӣ ва дарё ошкор гаштааст, то [Аллоҳ таоло] ҷазои бархе аз аъмолашонро ба эшон бичашонад, бошад, ки [ба сӯйи ҳақ] бозгарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ سِيرُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ فَٱنظُرُوا۟ كَيْفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلُ كَانَ أَكْثَرُهُم مُّشْرِكِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Дар замин гардиш кунед, то бубинед саранҷоми касоне, ки пеш аз шумо буданд, чи гуна будааст. Бештари онон мушрик буданд [ва ба ҳамин сабаб ҳалок шуданд]»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ ٱلْقَيِّمِ مِن قَبْلِ أَن يَأْتِىَ يَوْمٌ لَّا مَرَدَّ لَهُۥ مِنَ ٱللَّهِ يَوْمَئِذٍ يَصَّدَّعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ба сӯйи дини мустақим [ва пойдор] рӯй овар, пеш аз он ки рӯзе аз ҷониби Аллоҳ таоло фаро расад, ки бозгаште надорад. Дар он рӯз [мардум] пароканда мешаванд [гурӯҳе ба биҳишт мераванд ва гурӯҳе ба дузах]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَن كَفَرَ فَعَلَيْهِ كُفْرُهُۥ وَمَنْ عَمِلَ صَٰلِحًا فَلِأَنفُسِهِمْ يَمْهَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар ки куфр биварзад, куфраш ба зиёни [худи] ӯст ва ҳар ки коре шоиста анҷом диҳад, [биҳиштро] барои худ омода месозад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لِيَجْزِىَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ مِن فَضْلِهِۦٓ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلْكَٰفِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо [Аллоҳ таоло] касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, аз фазли худ подош диҳад. Бе тардид, Ӯ кофиронро дӯст намедорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمِنْ ءَايَٰتِهِۦٓ أَن يُرْسِلَ ٱلرِّيَاحَ مُبَشِّرَٰتٍ وَلِيُذِيقَكُم مِّن رَّحْمَتِهِۦ وَلِتَجْرِىَ ٱلْفُلْكُ بِأَمْرِهِۦ وَلِتَبْتَغُوا۟ مِن فَضْلِهِۦ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАз нишонаҳои [қудрати] Ӯ ин аст, ки бодҳои башоратбахшро [бо муждаи борон] мефиристад, то аз раҳмати хеш ба шумо бичашонад ва киштиҳо ба фармонаш равон шаванд, то аз бахшиши Ӯ [рӯзӣ] биҷӯед, бошад, ки сипос гузоред

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ رُسُلًا إِلَىٰ قَوْمِهِمْ فَجَآءُوهُم بِٱلْبَيِّنَٰتِ فَٱنتَقَمْنَا مِنَ ٱلَّذِينَ أَجْرَمُوا۟ وَكَانَ حَقًّا عَلَيْنَا نَصْرُ ٱلْمُؤْمِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар ҳақиқат, пеш аз ту [низ]паёмбаронеро ба сӯйи қавмашон фиристодем ва онон ба далоили равшан наздашон омаданд [вале онҳоро дурӯғ ангоштанд]. Сипас аз онон, ки муртакиби гуноҳ шуда буданд, интиқом гирифтем [ва муъминонро наҷот додем] ва ёрӣ додани [муъминон [ҳаққе] бар уҳдаи Мо буд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱللَّهُ ٱلَّذِى يُرْسِلُ ٱلرِّيَٰحَ فَتُثِيرُ سَحَابًا فَيَبْسُطُهُۥ فِى ٱلسَّمَآءِ كَيْفَ يَشَآءُ وَيَجْعَلُهُۥ كِسَفًا فَتَرَى ٱلْوَدْقَ يَخْرُجُ مِنْ خِلَٰلِهِۦ فَإِذَآ أَصَابَ بِهِۦ مَن يَشَآءُ مِنْ عِبَادِهِۦٓ إِذَا هُمْ يَسْتَبْشِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло аст, ки бодҳоро равон мекунад ва [онҳо низ тудаи] абреро ба ҳаракат дармеоваранд ва [Аллоҳ таоло] онҳоро чунон ки мехоҳад дар [паҳнои] осмон мегустаронад ва ба сурати пораҳое дармеоварад ва боронро мебинӣ, ки аз миёни он [абрҳо] берун меояд ва чун [Парвардигори меҳрубон] ин [борони ҳаётбахш]-ро ба ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад фурӯ борад, он гоҳ аст, ки шодмон мешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِن كَانُوا۟ مِن قَبْلِ أَن يُنَزَّلَ عَلَيْهِم مِّن قَبْلِهِۦ لَمُبْلِسِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳатман, пеш аз он ки бар эшон биборад. [Оре] Пеш аз он ноумед буданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱنظُرْ إِلَىٰٓ ءَاثَٰرِ رَحْمَتِ ٱللَّهِ كَيْفَ يُحْىِ ٱلْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَآ إِنَّ ذَٰلِكَ لَمُحْىِ ٱلْمَوْتَىٰ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ба осори раҳмати илоҳӣ бингар, ки чи гуна заминро пас аз хушкӣ ва хазонаш зинда мекунад. Ба ростӣ, Ӯст, ки яқинан зиндагибахши мурдагон аст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَئِنْ أَرْسَلْنَا رِيحًا فَرَأَوْهُ مُصْفَرًّا لَّظَلُّوا۟ مِنۢ بَعْدِهِۦ يَكْفُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар бод [-и сӯзон]-е бифиристем ва он [киштзорҳояшон]-ро зард [-у пажмурда] бубинанд, ҳатман, аз он пас носипосӣ мекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِنَّكَ لَا تُسْمِعُ ٱلْمَوْتَىٰ وَلَا تُسْمِعُ ٱلصُّمَّ ٱلدُّعَآءَ إِذَا وَلَّوْا۟ مُدْبِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [эй Паёмбар] ту ҳаргиз наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ ва овои даъват [-и ҳақ]-ро ба гӯши карон бирасонӣ, он гоҳ ки онон пушт мекунанд ва рӯй мегардонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَآ أَنتَ بِهَٰدِ ٱلْعُمْىِ عَن ضَلَٰلَتِهِمْ إِن تُسْمِعُ إِلَّا مَن يُؤْمِنُ بِـَٔايَٰتِنَا فَهُم مُّسْلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ту роҳнамои кӯрдилон аз гумроҳияшон нестӣ. Ту танҳо [сухани ҳақро] ба гӯши касоне мерасонӣ, ки ба оёти Мо имон доранд ва [дар баробари фармони Аллоҳ таоло] таслиманд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱللَّهُ ٱلَّذِى خَلَقَكُم مِّن ضَعْفٍ ثُمَّ جَعَلَ مِنۢ بَعْدِ ضَعْفٍ قُوَّةً ثُمَّ جَعَلَ مِنۢ بَعْدِ قُوَّةٍ ضَعْفًا وَشَيْبَةً يَخْلُقُ مَا يَشَآءُ وَهُوَ ٱلْعَلِيمُ ٱلْقَدِيرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло аст, ки шуморо аз [оби] беарзише офарид, сипас баъд аз нотавонӣ [даврони хурдсолӣ] нерумандӣ бахшид, он гоҳ пас аз нерумандӣ заъфу куҳансолӣ падид овард. Ӯ ҳар чи бихоҳад, меофаринад ва Ӯ донову тавоност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَوْمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ يُقْسِمُ ٱلْمُجْرِمُونَ مَا لَبِثُوا۟ غَيْرَ سَاعَةٍ كَذَٰلِكَ كَانُوا۟ يُؤْفَكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа рӯзе, ки қиёмат барпо гардад, гунаҳгорон савганд ёд мекунанд, ки ҷуз соате [дар гӯр] диранг накардаанд. Онон [дар дунё низ] ин гуна ба инҳироф кашида мешуданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالَ ٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْعِلْمَ وَٱلْإِيمَٰنَ لَقَدْ لَبِثْتُمْ فِى كِتَٰبِ ٱللَّهِ إِلَىٰ يَوْمِ ٱلْبَعْثِ فَهَٰذَا يَوْمُ ٱلْبَعْثِ وَلَٰكِنَّكُمْ كُنتُمْ لَا تَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касоне, ки ба онон дониш ва имон дода шудааст, [ба гунаҳгорон] мегӯянд: «Бе тардид, шумо [бар асоси он чи] дар китоби Аллоҳ таоло [муқаддар будааст], то рӯзи растохез диранг кардаед. Пас, ин рӯзи растохез аст, аммо шумо намедонистед [ва инкораш мекардед]»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَيَوْمَئِذٍ لَّا يَنفَعُ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ مَعْذِرَتُهُمْ وَلَا هُمْ يُسْتَعْتَبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар он рӯз узрхоҳии касоне, ки ситам кардаанд, суде надорад ва аз онон дархости пузиш намешавад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ ضَرَبْنَا لِلنَّاسِ فِى هَٰذَا ٱلْقُرْءَانِ مِن كُلِّ مَثَلٍ وَلَئِن جِئْتَهُم بِـَٔايَةٍ لَّيَقُولَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ إِنْ أَنتُمْ إِلَّا مُبْطِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, ки дар ин Қуръон барои мардум аз ҳар гуна масале овардем ва агар нишонае [дар мавриди ростгӯият] барояшон биёварӣ, касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «Шумо ботиландешоне беш нестед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كَذَٰلِكَ يَطْبَعُ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِ ٱلَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло бар дилҳои касоне, ки [сухани ҳақро] намефаҳманд, ин гуна муҳр [-и ғафлат] мениҳад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱصْبِرْ إِنَّ وَعْدَ ٱللَّهِ حَقٌّ وَلَا يَسْتَخِفَّنَّكَ ٱلَّذِينَ لَا يُوقِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар, бар озору такзиби мушрикон] Шикебо бош, [ки] ҳатман, ваъда [-и ёрӣ]-и Аллоҳ таоло ҳақ аст ва мабодо касоне, ки [ба растохез] бовар надоранд, туро аз шикебоӣ боздоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70