Асосӣ › Сураҳо › Сураи Al-Ankaboot
Сураи Al-Ankaboot العنكبوت
69 оят · Макка · тартиби нузул 85
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ الٓمٓ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Алиф, лом, мим.[1]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَحَسِبَ ٱلنَّاسُ أَن يُتْرَكُوٓا۟ أَن يَقُولُوٓا۟ ءَامَنَّا وَهُمْ لَا يُفْتَنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё мардум пиндоштаанд, ҳамин ки [ба забон] бигӯянд: «Имон овардем», ононро [ба ҳоли худ] вомегузоранд ва озмуда намешаванд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ فَتَنَّا ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ فَلَيَعْلَمَنَّ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ صَدَقُوا۟ وَلَيَعْلَمَنَّ ٱلْكَٰذِبِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ба ростӣ касонеро, ки пеш аз онон буданд, низ озмудем ва то Аллоҳ таоло касонеро, ки [дар бораи имонашон] рост гуфтаанд, бозшиносад ва дурӯғгӯёнро [низ] маълум гардонад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ حَسِبَ ٱلَّذِينَ يَعْمَلُونَ ٱلسَّيِّـَٔاتِ أَن يَسْبِقُونَا سَآءَ مَا يَحْكُمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё касоне, ки корҳои ношоиста кардаанд, пиндоштаанд, ки метавонанд аз Мо пешӣ бигиранд [ва аз азобамон бигурезанд]? Чи бад доварӣ мекунанд!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَن كَانَ يَرْجُوا۟ لِقَآءَ ٱللَّهِ فَإِنَّ أَجَلَ ٱللَّهِ لَـَٔاتٍ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلْعَلِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳар ки ба дидори Аллоҳ таоло умед дорад, [бидонад, ки] ваъдаи Аллоҳ таоло, ҳатман, хоҳад омад ва ӯ шунавову доност
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَن جَٰهَدَ فَإِنَّمَا يُجَٰهِدُ لِنَفْسِهِۦٓ إِنَّ ٱللَّهَ لَغَنِىٌّ عَنِ ٱلْعَٰلَمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ҳар ки [дар роҳи ҳақ] бикӯшад, ба суди хеш кӯшидааст. Бе тардид, Аллоҳ таоло аз ҷаҳониён бениёз аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَنُكَفِّرَنَّ عَنْهُمْ سَيِّـَٔاتِهِمْ وَلَنَجْزِيَنَّهُمْ أَحْسَنَ ٱلَّذِى كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, яқинан гуноҳонашонро мезудоем ва ононро ба беҳтар аз он чи кардаанд, подош медиҳем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَوَصَّيْنَا ٱلْإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيْهِ حُسْنًا وَإِن جَٰهَدَاكَ لِتُشْرِكَ بِى مَا لَيْسَ لَكَ بِهِۦ عِلْمٌ فَلَا تُطِعْهُمَآ إِلَىَّ مَرْجِعُكُمْ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ба инсон супориш кардем, ки ба падару модараш некӣ намояд ва [гуфтем]: «Агар он ду кӯшиданд, то чизеро, ки ту ба он донише надорӣ шарики Ман созӣ, пас, аз онҳо итоат макун. Бозгаштатон ба сӯи Ман аст, он гоҳ шуморо аз [ҳақиқати] он чи мекардед, огоҳ хоҳам кард
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَنُدْخِلَنَّهُمْ فِى ٱلصَّٰلِحِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, албатта, ононро дар [зумраи] шоистагон дармеоварем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَقُولُ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ فَإِذَآ أُوذِىَ فِى ٱللَّهِ جَعَلَ فِتْنَةَ ٱلنَّاسِ كَعَذَابِ ٱللَّهِ وَلَئِن جَآءَ نَصْرٌ مِّن رَّبِّكَ لَيَقُولُنَّ إِنَّا كُنَّا مَعَكُمْ أَوَلَيْسَ ٱللَّهُ بِأَعْلَمَ بِمَا فِى صُدُورِ ٱلْعَٰلَمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва бархе аз мардум ҳастанд, ки мегӯянд «ба Аллоҳ таоло имон овардем». Аммо ҳангоме ки дар роҳи Аллоҳ таоло озор мебинанд, озори кофиронро ҳамчун азоби Аллоҳ таоло [сахту ҷонкоҳ] медонанд [ва аз имонашон даст мекашанд] ва агар аз сӯйи Парвардигорат пирӯзӣ [ва кушоише бароятон] пеш ояд, мегӯянд: «Бе тардид, мо [низ] бо шумо ҳамроҳ будем». Оё Аллоҳ таоло ба он чи дар дилҳои ҷаҳониён аст, донотар нест?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَيَعْلَمَنَّ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَلَيَعْلَمَنَّ ٱلْمُنَٰفِقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ба ростӣ, Аллоҳ таоло касонеро, ки имон овардаанд, ба хубӣ мешиносад ва яқинан, мунофиқонро [низ] мешиносад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ لِلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ٱتَّبِعُوا۟ سَبِيلَنَا وَلْنَحْمِلْ خَطَٰيَٰكُمْ وَمَا هُم بِحَٰمِلِينَ مِنْ خَطَٰيَٰهُم مِّن شَىْءٍ إِنَّهُمْ لَكَٰذِبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки куфр варзиданд, ба касоне, ки имон оварданд, мегуфтанд: «Аз роҳи мо пайравӣ кунед, ва ҳатман, бори гуноҳонатонро ба уҳда мегирем», вале онон ҳаргиз чизе аз гуноҳони эшонро бар уҳда нахоҳанд гирифт. Ба ростӣ, ки онон дурӯғгӯ ҳастанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَيَحْمِلُنَّ أَثْقَالَهُمْ وَأَثْقَالًا مَّعَ أَثْقَالِهِمْ وَلَيُسْـَٔلُنَّ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ عَمَّا كَانُوا۟ يَفْتَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва, ҳатман, бори сангини [гуноҳи] худ ва борҳои сангин [-и гуноҳи пайравон]-ашонро ҳамроҳи бори сангини худ ба дӯш хоҳанд кашид ва яқинан, рӯзи қиёмат дар мавриди дурӯғҳое, ки мебофтанд, бозхост хоҳанд шуд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوْمِهِۦ فَلَبِثَ فِيهِمْ أَلْفَ سَنَةٍ إِلَّا خَمْسِينَ عَامًا فَأَخَذَهُمُ ٱلطُّوفَانُ وَهُمْ ظَٰلِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Мо Нуҳро ба сӯи қавмаш фиристодем ва ӯ нуҳсаду панҷоҳ сол дар миёни онон буд. Он гоҳ, дар ҳоле ки ситамгор [-у кофир] буданд, тӯфон [-и сангин] ононро фаро гирифт
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَنجَيْنَٰهُ وَأَصْحَٰبَ ٱلسَّفِينَةِ وَجَعَلْنَٰهَآ ءَايَةً لِّلْعَٰلَمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас ӯ [Нуҳ] ва сарнишинони киштиро наҷот додем ва он [киштӣ]-ро нишонае барои [ибрат гирифтани] ҷаҳониён қарор додем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِبْرَٰهِيمَ إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِ ٱعْبُدُوا۟ ٱللَّهَ وَٱتَّقُوهُ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَّكُمْ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ёд кун аз] Иброҳим он гоҳ ки ба қавмаш гуфт: «Аллоҳро бипарастед ва аз Ӯ парво кунед, [ки] агар бидонед, ин кор бароятон беҳтар аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّمَا تَعْبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَوْثَٰنًا وَتَخْلُقُونَ إِفْكًا إِنَّ ٱلَّذِينَ تَعْبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ لَا يَمْلِكُونَ لَكُمْ رِزْقًا فَٱبْتَغُوا۟ عِندَ ٱللَّهِ ٱلرِّزْقَ وَٱعْبُدُوهُ وَٱشْكُرُوا۟ لَهُۥٓ إِلَيْهِ تُرْجَعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҷуз ин нест, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло шумо фақат бутҳое [аз сангу чӯб]-ро мепарастед ва [бо ин кор ба Аллоҳ таоло] дурӯғ мебандед. Дар ҳақиқат, касонеро, ки шумо ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед, ихтиёри рӯзиатонро надоранд, пас, [неъмату] рӯзиро танҳо аз пешгоҳи Аллоҳ таоло талаб кунед ва Ӯро бипарастед ва шукри Ӯро ба ҷо оваред [ки] ба сӯйи Ӯ бозгардонда мешавед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِن تُكَذِّبُوا۟ فَقَدْ كَذَّبَ أُمَمٌ مِّن قَبْلِكُمْ وَمَا عَلَى ٱلرَّسُولِ إِلَّا ٱلْبَلَٰغُ ٱلْمُبِينُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй мушрикон] агар шумо [Муҳаммадро] дурӯғгӯ бидонед, [аҷиб нест] бе тардид, бархе аз умматҳои пеш аз шумо низ [паёмбарони илоҳиро] дурӯғгӯ ангоштанд. Ва паёмбар вазифае ҷуз расонидани ошкори [ваҳй] надорад»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَوَلَمْ يَرَوْا۟ كَيْفَ يُبْدِئُ ٱللَّهُ ٱلْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥٓ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё надиданд, ки Аллоҳ таоло чи гуна офаринишро оғоз мекунад, сипас онро [пас аз маргаш] бозмегардонад? Ҳатман, ин кор барои Аллоҳ таоло осон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ سِيرُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ فَٱنظُرُوا۟ كَيْفَ بَدَأَ ٱلْخَلْقَ ثُمَّ ٱللَّهُ يُنشِئُ ٱلنَّشْأَةَ ٱلْـَٔاخِرَةَ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар, ба кофирон] бигӯ: «Дар замин гардиш кунед ва бингаред, ки Аллоҳ таоло чи гуна офаринишро оғоз кард, пас, [ба ҳамин сурат низ] зиндагии дигарро падид меоварад. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳар коре тавоност
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يُعَذِّبُ مَن يَشَآءُ وَيَرْحَمُ مَن يَشَآءُ وَإِلَيْهِ تُقْلَبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ӯ ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва бар ҳар ки бихоҳад, раҳмат меоварад ва [ҳамагӣ] ба сӯяш бозгардонда мешавед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَآ أَنتُم بِمُعْجِزِينَ فِى ٱلْأَرْضِ وَلَا فِى ٱلسَّمَآءِ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِن وَلِىٍّ وَلَا نَصِيرٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Шумо - [на] дар замин ва на дар осмон – ҳаргиз нотавонкунандаи Ӯ нестед ва ҷуз Аллоҳ таоло ҳеҷ корсозу ёваре надоред»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَلِقَآئِهِۦٓ أُو۟لَٰٓئِكَ يَئِسُوا۟ مِن رَّحْمَتِى وَأُو۟لَٰٓئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки ба оёти Аллоҳ таоло ва дидори Ӯ куфр варзиданд, ононанд, ки аз раҳмати Ман маъюсанд ва азоби дардноке барояшон [дар пеш] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوْمِهِۦٓ إِلَّآ أَن قَالُوا۟ ٱقْتُلُوهُ أَوْ حَرِّقُوهُ فَأَنجَىٰهُ ٱللَّهُ مِنَ ٱلنَّارِ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَٰتٍ لِّقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Он гоҳ ҷавоби қавми ӯ [Иброҳим] ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Ӯро бикушед, бисӯзонед». Пас, Аллоҳ таоло аз оташ наҷоташ дод. Бе тардид, дар ин [раҳоӣ аз оташ] барои гурӯҳе, ки имон меоваранд, нишонаҳое [барои ибрат гирифтан] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ إِنَّمَا ٱتَّخَذْتُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ أَوْثَٰنًا مَّوَدَّةَ بَيْنِكُمْ فِى ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا ثُمَّ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ يَكْفُرُ بَعْضُكُم بِبَعْضٍ وَيَلْعَنُ بَعْضُكُم بَعْضًا وَمَأْوَىٰكُمُ ٱلنَّارُ وَمَا لَكُم مِّن نَّٰصِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [Иброҳим] гуфт: «Шумо ба ҷойи Аллоҳ таоло бутҳое барои худ баргузидаед, ки [мояи дӯстӣ ва] муҳаббат миёни шумо дар зиндагии дунё бошад. Он гоҳ рӯзи қиёмат мункири якдигар мешавед ва ҳамдигарро лаънат мекунед ва ҷойгоҳатон оташ аст ва ҳеҷ ёригаре нахоҳед дошт»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَـَٔامَنَ لَهُۥ لُوطٌ وَقَالَ إِنِّى مُهَاجِرٌ إِلَىٰ رَبِّىٓ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, Лут ба ӯ имон овард ва [Иброҳим] гуфт: «Ман ба сӯйи Парвардигорам [ба сарзамини Шом] ҳиҷрат мекунам. Бе тардид, Ӯ шикастнопазири ҳаким аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَوَهَبْنَا لَهُۥٓ إِسْحَٰقَ وَيَعْقُوبَ وَجَعَلْنَا فِى ذُرِّيَّتِهِ ٱلنُّبُوَّةَ وَٱلْكِتَٰبَ وَءَاتَيْنَٰهُ أَجْرَهُۥ فِى ٱلدُّنْيَا وَإِنَّهُۥ فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ لَمِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Исҳоқу Яъқубро ба ӯ бахшидем ва миёни фарзандонаш нубувват ва китоб [-и осмонӣ] қарор додем ва подошашро дар ин дунё додем ва яқинан, ӯ дар охират [низ] аз шоистагон хоҳад буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلُوطًا إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِۦٓ إِنَّكُمْ لَتَأْتُونَ ٱلْفَٰحِشَةَ مَا سَبَقَكُم بِهَا مِنْ أَحَدٍ مِّنَ ٱلْعَٰلَمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ёд кун аз] Лут ҳангоме ки ба қавмаш гуфт: «Воқеан, кори бисёр зиште мекунед, ки пеш аз шумо ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳон анҷом надодааст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَئِنَّكُمْ لَتَأْتُونَ ٱلرِّجَالَ وَتَقْطَعُونَ ٱلسَّبِيلَ وَتَأْتُونَ فِى نَادِيكُمُ ٱلْمُنكَرَ فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوْمِهِۦٓ إِلَّآ أَن قَالُوا۟ ٱئْتِنَا بِعَذَابِ ٱللَّهِ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё бо мардон меомезед ва [ба қасди таҷовуз ба мусофирон] роҳро мебандед ва дар маҷолиси худ муртакиби корҳои нописанд мешавед»? Пас, посухи қавмаш ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Агар ростгӯӣ, азоби илоҳиро пеш овар»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ رَبِّ ٱنصُرْنِى عَلَى ٱلْقَوْمِ ٱلْمُفْسِدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Лут] Гуфт: «Парвардигоро, маро дар баробари муфсидон ёрӣ кун»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَمَّا جَآءَتْ رُسُلُنَآ إِبْرَٰهِيمَ بِٱلْبُشْرَىٰ قَالُوٓا۟ إِنَّا مُهْلِكُوٓا۟ أَهْلِ هَٰذِهِ ٱلْقَرْيَةِ إِنَّ أَهْلَهَا كَانُوا۟ ظَٰلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ҳангоме ки фиристодагони мо ба Иброҳим башорати [таваллуди писарашро] доданд, ба ӯ гуфтанд: «Мо сокинони шаҳри [Садум]-ро нобуд хоҳем кард, [чаро ки] бе тардид, мардуми он ҷо ситамгоранд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ إِنَّ فِيهَا لُوطًا قَالُوا۟ نَحْنُ أَعْلَمُ بِمَن فِيهَا لَنُنَجِّيَنَّهُۥ وَأَهْلَهُۥٓ إِلَّا ٱمْرَأَتَهُۥ كَانَتْ مِنَ ٱلْغَٰبِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Иброҳим] Гуфт: «Лут низ дар он ҷост». Фариштагон гуфтанд: «Мо беҳтар медонем чи касоне дар он ҷо ҳастанд. Ӯ ва хонаводаашро, ҳатман, наҷот хоҳем дод, магар ҳамсараш, ки аз бозмондагон [дар азоб] хоҳад буд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَمَّآ أَن جَآءَتْ رُسُلُنَا لُوطًا سِىٓءَ بِهِمْ وَضَاقَ بِهِمْ ذَرْعًا وَقَالُوا۟ لَا تَخَفْ وَلَا تَحْزَنْ إِنَّا مُنَجُّوكَ وَأَهْلَكَ إِلَّا ٱمْرَأَتَكَ كَانَتْ مِنَ ٱلْغَٰبِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва чун фариштагони мо назди Лут омаданд, аз [тасаввури бешармии қавмаш нисбат ба] онон нигарон ва дилтанг шуд ва [фариштагон] гуфтанд: Натарс ва андуҳгин набош. Мо ту ва хонаводаатро, ҳатман, наҷот медиҳем, магар ҳамсаратро, ки аз бозмондагон [дар азоб] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّا مُنزِلُونَ عَلَىٰٓ أَهْلِ هَٰذِهِ ٱلْقَرْيَةِ رِجْزًا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ بِمَا كَانُوا۟ يَفْسُقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Мо бар сокинони ин шаҳр – ба кайфари он ки нофармонӣ [ва гуноҳ] кардаанд – азобе аз осмон фуруд меоварем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَد تَّرَكْنَا مِنْهَآ ءَايَةًۢ بَيِّنَةً لِّقَوْمٍ يَعْقِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва дар ҳақиқат, мо аз он шаҳр [-и вайроншуда] барои касоне, ки меандешанд, нишона [ва ибрати] ошкоре боқӣ гузоштем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِلَىٰ مَدْيَنَ أَخَاهُمْ شُعَيْبًا فَقَالَ يَٰقَوْمِ ٱعْبُدُوا۟ ٱللَّهَ وَٱرْجُوا۟ ٱلْيَوْمَ ٱلْـَٔاخِرَ وَلَا تَعْثَوْا۟ فِى ٱلْأَرْضِ مُفْسِدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ба сӯйи [сокинони] Мадян бародарашон Шуайб [-ро фирситодем]. Ӯ гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед ва ба рӯзи бозпасин умедвор бошед ва дар замин ба фасод [ва табоҳӣ] накӯшед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَتْهُمُ ٱلرَّجْفَةُ فَأَصْبَحُوا۟ فِى دَارِهِمْ جَٰثِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Вале ӯро дурӯғгӯ ангоштанд ва зилзила ононро фаро гирифт. Пас, дар хонаҳои худ ба рӯй афтоданд ва ҳалок шуданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَعَادًا وَثَمُودَا۟ وَقَد تَّبَيَّنَ لَكُم مِّن مَّسَٰكِنِهِمْ وَزَيَّنَ لَهُمُ ٱلشَّيْطَٰنُ أَعْمَٰلَهُمْ فَصَدَّهُمْ عَنِ ٱلسَّبِيلِ وَكَانُوا۟ مُسْتَبْصِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [қавми] Од ва Самудро [низ ҳалок кардем] ва яқинан бархе аз хонаҳои [вайроншудаи] онон бароятон намоён аст. Ва шайтон корҳояшонро дар назарашон биёрост ва ононро аз роҳи [ҳақ] боздошт, дар ҳоле ки [нисбат ба ҳаққу ботил] бино буданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَٰرُونَ وَفِرْعَوْنَ وَهَٰمَٰنَ وَلَقَدْ جَآءَهُم مُّوسَىٰ بِٱلْبَيِّنَٰتِ فَٱسْتَكْبَرُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ وَمَا كَانُوا۟ سَٰبِقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Қорун ва Фиръавн ва Ҳомонро [низ нобуд кардем] ва ба ростӣ, Мӯсо бо далоили равшан наздашон омад, пас, онон дар сарзамин [-и Миср] саркашӣ карданд, вале [аз азоби илоҳӣ] пешӣ нагирифтанд [ва роҳи фирор надоштанд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَكُلًّا أَخَذْنَا بِذَنۢبِهِۦ فَمِنْهُم مَّنْ أَرْسَلْنَا عَلَيْهِ حَاصِبًا وَمِنْهُم مَّنْ أَخَذَتْهُ ٱلصَّيْحَةُ وَمِنْهُم مَّنْ خَسَفْنَا بِهِ ٱلْأَرْضَ وَمِنْهُم مَّنْ أَغْرَقْنَا وَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيَظْلِمَهُمْ وَلَٰكِن كَانُوٓا۟ أَنفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, ҳар яке аз эшонро ба [кайфари] гуноҳашон азоб кардем. Пас, ба бархе аз онон борони санг фиристодем ва бархе дигарро бонги маргбор фурӯ гирифт ва бархеро дар замин фурӯ бурдем ва бархеро ғарқ кардем. Аллоҳ таоло ҳаргиз ба онон ситам накард, балки онон [худ] ба хештан ситам мекарданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَثَلُ ٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُوا۟ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَوْلِيَآءَ كَمَثَلِ ٱلْعَنكَبُوتِ ٱتَّخَذَتْ بَيْتًا وَإِنَّ أَوْهَنَ ٱلْبُيُوتِ لَبَيْتُ ٱلْعَنكَبُوتِ لَوْ كَانُوا۟ يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Масали касоне, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло дӯстоне [аз сангу чӯб ва мурдагонро ба унвони шафоатгар] барои худ баргузидаанд, ҳамчун масали анкабут аст, ки хонаи [бедавомро паноҳгоҳи хеш] баргузидааст ва бе тардид, сусттарин хонаҳо хонаи анкабут аст. Агар [мушрикон ин ҳақиқатро] медонистанд, [бутҳоро ба парастиш намегирифтанд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱللَّهَ يَعْلَمُ مَا يَدْعُونَ مِن دُونِهِۦ مِن شَىْءٍ وَهُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Яқинан, Аллоҳ таоло ҳар он чиро ба ҷойи Ӯ [ба парастиш] мехонанд медонад ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَتِلْكَ ٱلْأَمْثَٰلُ نَضْرِبُهَا لِلنَّاسِ وَمَا يَعْقِلُهَآ إِلَّا ٱلْعَٰلِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ин масалҳоро барои мардум мезанем ва ҷуз доноён касе онҳоро дарнамеёбад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
خَلَقَ ٱللَّهُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ بِٱلْحَقِّ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَةً لِّلْمُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аллоҳ таоло осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид. Бе тардид, дар ин [офариниш] барои муъминон нишонае [аз қудрати илоҳӣ] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱتْلُ مَآ أُوحِىَ إِلَيْكَ مِنَ ٱلْكِتَٰبِ وَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ إِنَّ ٱلصَّلَوٰةَ تَنْهَىٰ عَنِ ٱلْفَحْشَآءِ وَٱلْمُنكَرِ وَلَذِكْرُ ٱللَّهِ أَكْبَرُ وَٱللَّهُ يَعْلَمُ مَا تَصْنَعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар] Он чиро аз ин китоб бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун ва намоз барпо дор. Ба ростӣ, ки намоз инсонро аз гуноҳ ва зишткорӣ бозмедорад ва, албатта, ёди Аллоҳ таоло [аз ҳар коре] болотар аст ва Аллоҳ таоло медонад, ки чи мекунед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَا تُجَٰدِلُوٓا۟ أَهْلَ ٱلْكِتَٰبِ إِلَّا بِٱلَّتِى هِىَ أَحْسَنُ إِلَّا ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ مِنْهُمْ وَقُولُوٓا۟ ءَامَنَّا بِٱلَّذِىٓ أُنزِلَ إِلَيْنَا وَأُنزِلَ إِلَيْكُمْ وَإِلَٰهُنَا وَإِلَٰهُكُمْ وَٰحِدٌ وَنَحْنُ لَهُۥ مُسْلِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй муъминон] Бо аҳли китоб ҷуз ба беҳтарин шева баҳсу мунозира накунед, магар касоне аз онон, ки ситам карданд [ва бо шумо ба ҷанг бархостанд] ва бигӯед: «Мо ба тамоми он чи [аз сӯйи Аллоҳ таоло] бар мо ва шумо нозил шудааст, имон овардаем ва маъбуди мо ва шумо якест ва мо таслими [фармони] Ӯ ҳастем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَكَذَٰلِكَ أَنزَلْنَآ إِلَيْكَ ٱلْكِتَٰبَ فَٱلَّذِينَ ءَاتَيْنَٰهُمُ ٱلْكِتَٰبَ يُؤْمِنُونَ بِهِۦ وَمِنْ هَٰٓؤُلَآءِ مَن يُؤْمِنُ بِهِۦ وَمَا يَجْحَدُ بِـَٔايَٰتِنَآ إِلَّا ٱلْكَٰفِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва бад-ин гуна [ки ба паёмбарони пешин китоби осмонӣ фурӯ фиристодем] ин китобро [низ] бар ту нозил кардем, пас, касоне, ки [пеш аз ту] ба онон китоб [-и осмонӣ] додем, ба ин [Қуръон низ] имон меоваранд ва аз инон [мушрикон] касоне ҳастанд, ки ба он имон меоваранд ва ҷуз кофирон [касе] оёти Моро инкор намекунад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا كُنتَ تَتْلُوا۟ مِن قَبْلِهِۦ مِن كِتَٰبٍ وَلَا تَخُطُّهُۥ بِيَمِينِكَ إِذًا لَّٱرْتَابَ ٱلْمُبْطِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва пеш аз [нузули] Қуръон ту [ҳаргиз] ҳеҷ китобе намехондӣ ва бо дасти худ чизе наменавиштӣ, вагарна, ҳатман, ботиландешон [дар бораи ҳақиқати паёмбариат] тардид мекарданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
بَلْ هُوَ ءَايَٰتٌۢ بَيِّنَٰتٌ فِى صُدُورِ ٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْعِلْمَ وَمَا يَجْحَدُ بِـَٔايَٰتِنَآ إِلَّا ٱلظَّٰلِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Балки он [китоб муштамил бар] оёти равшанест, ки дар синаи донишварон [-и муъмин] ҷой дорад ва ҷуз ситамгорон [-и мушрик касе] оёти Моро инкор намекунад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالُوا۟ لَوْلَآ أُنزِلَ عَلَيْهِ ءَايَٰتٌ مِّن رَّبِّهِۦ قُلْ إِنَّمَا ٱلْـَٔايَٰتُ عِندَ ٱللَّهِ وَإِنَّمَآ أَنَا۠ نَذِيرٌ مُّبِينٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [мушрикон] гуфтанд: «Чаро муъҷизоте аз сӯи Парвардигораш бар ӯ нозил нашудааст»? Бигӯ: «Муъҷизот назди Аллоҳ таоло аст [ва ба фармони Ӯ нозил мешавад] ва ман фақат бимдиҳандаи ошкорам»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَوَلَمْ يَكْفِهِمْ أَنَّآ أَنزَلْنَا عَلَيْكَ ٱلْكِتَٰبَ يُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَرَحْمَةً وَذِكْرَىٰ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё барояшон кофӣ нест, ки Мо Қуръонро бар ту нозил кардем, ки [пайваста] бар онон хонда мешавад? Бе гумон, дар ин [Қуръон] барои мардуме, ки имон меоваранд, раҳмату панд аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ كَفَىٰ بِٱللَّهِ بَيْنِى وَبَيْنَكُمْ شَهِيدًا يَعْلَمُ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ بِٱلْبَٰطِلِ وَكَفَرُوا۟ بِٱللَّهِ أُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْخَٰسِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Ҳамин бас, ки Аллоҳ таоло миёни ману шумо гувоҳ аст. Ӯ он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, медонад ва касоне, ки ба ботил гаравидаанд ва ба Аллоҳ таоло куфр варзидаанд, ононанд, ки зиёнкоранд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَسْتَعْجِلُونَكَ بِٱلْعَذَابِ وَلَوْلَآ أَجَلٌ مُّسَمًّى لَّجَآءَهُمُ ٱلْعَذَابُ وَلَيَأْتِيَنَّهُم بَغْتَةً وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [мушрикон] ба шитоб аз ту дархости азоб мекунанд ва агар мавъиди муқарраре [дар кор] набуд, яқинан, азоби [илоҳӣ] ба [суроғи] онон меомад ва [саранҷом] дар ҳоле ки ғофиланд, ногаҳон ба суроғашон хоҳад омад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَسْتَعْجِلُونَكَ بِٱلْعَذَابِ وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحِيطَةٌۢ بِٱلْكَٰفِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [мушрикон] ба шитоб аз ту дархости азоб мекунанд, ва яқинан, дузах бар кофирон иҳота дорад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَوْمَ يَغْشَىٰهُمُ ٱلْعَذَابُ مِن فَوْقِهِمْ وَمِن تَحْتِ أَرْجُلِهِمْ وَيَقُولُ ذُوقُوا۟ مَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Рӯзе, ки азоб аз болои сару зери пояшон ононро фаро мегирад ва [Аллоҳ таоло ба онон] мефармояд: «[Кайфари] Он чиро анҷом медодед, бичашед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَٰعِبَادِىَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِنَّ أَرْضِى وَٰسِعَةٌ فَإِيَّٰىَ فَٱعْبُدُونِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Эй бандагони ман, ки имон овардаед, бе гумон, замини Ман густарда аст [пас, барои раҳоӣ аз фишори мушрикон ҳиҷрат кунед] ва танҳо Маро парастед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
كُلُّ نَفْسٍ ذَآئِقَةُ ٱلْمَوْتِ ثُمَّ إِلَيْنَا تُرْجَعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳар касе чашандаи [таъми] марг аст; он гоҳ ба сӯи Мо бозгардонда мешавед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَنُبَوِّئَنَّهُم مِّنَ ٱلْجَنَّةِ غُرَفًا تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَا نِعْمَ أَجْرُ ٱلْعَٰمِلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ҳатман, ононро дар ғурфаҳое аз биҳишт ҷой медиҳем, ки ҷӯйборҳо аз зери он ҷорӣ аст. Ҷовидона дар он хоҳанд монд. Чи накуст подоши амалкунандагон!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلَّذِينَ صَبَرُوا۟ وَعَلَىٰ رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ҳамон] Касоне, ки шикебоӣ варзиданд ва танҳо бар Парвардигорашон таваккал мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَكَأَيِّن مِّن دَآبَّةٍ لَّا تَحْمِلُ رِزْقَهَا ٱللَّهُ يَرْزُقُهَا وَإِيَّاكُمْ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلْعَلِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва чи бисёр ҷондороне, ки [наметавонанд] рӯзии худро ҳамл [ё захира] кунанд. Аллоҳ таоло ба онҳо ва шумо рӯзӣ медиҳад ва Ӯ шунавову доност
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَئِن سَأَلْتَهُم مَّنْ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ وَسَخَّرَ ٱلشَّمْسَ وَٱلْقَمَرَ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُ فَأَنَّىٰ يُؤْفَكُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва агар аз онон [мушрикон] бипурсӣ: «Чи касе осмонҳо ва заминро офарида ва хуршеду моҳро ба хидмат [-и инсон] гумоштааст?». Мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло. Пас, чи гуна [аз ҳақ] рӯйгардон мешаванд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱللَّهُ يَبْسُطُ ٱلرِّزْقَ لِمَن يَشَآءُ مِنْ عِبَادِهِۦ وَيَقْدِرُ لَهُۥٓ إِنَّ ٱللَّهَ بِكُلِّ شَىْءٍ عَلِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аллоҳ таоло [неъмату] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад густурда медорад ва [ё] танг мегирад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَئِن سَأَلْتَهُم مَّن نَّزَّلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً فَأَحْيَا بِهِ ٱلْأَرْضَ مِنۢ بَعْدِ مَوْتِهَا لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُ قُلِ ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва агар аз онон бипурсӣ: «Чи касе аз осмон борон фиристод ва ба василаи он заминро – пас аз хушкӣ ва хазонаш – зинда кард»? Мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло». Бигӯ: «Ҳамду ситоиш махсуси Аллоҳ таоло аст», балки бештарашон [дар ин нишонаҳо] намеандешанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا هَٰذِهِ ٱلْحَيَوٰةُ ٱلدُّنْيَآ إِلَّا لَهْوٌ وَلَعِبٌ وَإِنَّ ٱلدَّارَ ٱلْـَٔاخِرَةَ لَهِىَ ٱلْحَيَوَانُ لَوْ كَانُوا۟ يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ин зиндагии дунё [чизе] ҷуз саргармӣ ва бозича нест ва бе тардид, сарои охират зиндагонӣ [-и ростин] аст. Агар [кофирон ин ҳақиқатро] медонистанд [ба дунё дилбаста намебуданд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَإِذَا رَكِبُوا۟ فِى ٱلْفُلْكِ دَعَوُا۟ ٱللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ فَلَمَّا نَجَّىٰهُمْ إِلَى ٱلْبَرِّ إِذَا هُمْ يُشْرِكُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Вақте [мушрикон] дар киштӣ савор мешаванд, Аллоҳро бо ихлос мехонанд, аммо чун ононро ба хушкӣ мерасонад ва [аз хатари ғарқ шудан] мераҳонад, он гоҳ [боз ҳам] ширк меварзанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لِيَكْفُرُوا۟ بِمَآ ءَاتَيْنَٰهُمْ وَلِيَتَمَتَّعُوا۟ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Чунин мекунанд] То нисбат ба неъматҳое, ки ба эшон додаем, носипосӣ кунанд ва [аз лаззатҳои зиндагии дунё] баҳраманд бошанд. Пас, ба зудӣ [саранҷоми дарднокашонро] хоҳанд донист
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَوَلَمْ يَرَوْا۟ أَنَّا جَعَلْنَا حَرَمًا ءَامِنًا وَيُتَخَطَّفُ ٱلنَّاسُ مِنْ حَوْلِهِمْ أَفَبِٱلْبَٰطِلِ يُؤْمِنُونَ وَبِنِعْمَةِ ٱللَّهِ يَكْفُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё надидаанд, дар ҳоле ки мардум перомунашон [гирифтори қатлу ғорат ҳастанд ва] мавриди дастбурд қарор мегиранд, Мо ҳарами амне [барои мардуми Макка] падид овардем? Оё [боз ҳам] ба [бутҳои] ботил имон меоваранд ва нисбат ба неъмати Аллоҳ таоло носипосӣ мекунанд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ ٱفْتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوْ كَذَّبَ بِٱلْحَقِّ لَمَّا جَآءَهُۥٓ أَلَيْسَ فِى جَهَنَّمَ مَثْوًى لِّلْكَٰفِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва кист ситамгортар аз он ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад ё ҳақро – он гоҳ ба ӯ мерасад – дурӯғ меангорад? Оё дар дузах ҷойгоҳе барои кофирон нест?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ جَٰهَدُوا۟ فِينَا لَنَهْدِيَنَّهُمْ سُبُلَنَا وَإِنَّ ٱللَّهَ لَمَعَ ٱلْمُحْسِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Касоне, ки дар роҳи [хушнудии] Мо мекӯшанд, ҳатман, ба роҳҳои хеш ҳидояташон мекунем ва бе тардид, Аллоҳ таоло бо накукорон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
← Сураи Al-Qasas
Сураи Ar-Room →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→
Матни арабӣ ва тарҷумаҳо тавассути Tanzil ва QuranEnc — айнан, бетағйир · Тарҷумаҳо ба тарҷумонҳояшон тааллуқ доранд ва худи Қуръон нестанд
Ин ёрирасони таҳқиқотист, на манбаи фатво.