caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Muminoon المؤمنون

118 оят · Макка · тартиби нузул 74

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ قَدْ أَفْلَحَ ٱلْمُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, ки муъминон растагор шуданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ هُمْ فِى صَلَاتِهِمْ خَٰشِعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамон касоне, ки дар намозашон фурӯтан ҳастанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِينَ هُمْ عَنِ ٱللَّغْوِ مُعْرِضُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа онон, ки аз [гуфтору рафтори] беҳуда рӯйгардонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِينَ هُمْ لِلزَّكَوٰةِ فَٰعِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа онон, ки закот мепардозанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِينَ هُمْ لِفُرُوجِهِمْ حَٰفِظُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа онон, ки шармгоҳашонро ҳифз мекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَّا عَلَىٰٓ أَزْوَٰجِهِمْ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَٰنُهُمْ فَإِنَّهُمْ غَيْرُ مَلُومِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМагар дар мавриди ҳамсарон ё канизонашон, ки [дар баҳрагирии ҷинсӣ аз онҳо] накуҳише бар онон нест

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَمَنِ ٱبْتَغَىٰ وَرَآءَ ذَٰلِكَ فَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْعَادُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳар ки фаротар аз ин бихоҳад, ононанд, ки аз ҳад даргузаштаанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِينَ هُمْ لِأَمَٰنَٰتِهِمْ وَعَهْدِهِمْ رَٰعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [дар зумраи муъминонанд] касоне, ки амонатҳо ва аҳди худро риоят мекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِينَ هُمْ عَلَىٰ صَلَوَٰتِهِمْ يُحَافِظُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касоне, ки бар [адои] намозҳояшон муроқибат мекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْوَٰرِثُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИнонанд, ки ворисон ҳастанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ يَرِثُونَ ٱلْفِرْدَوْسَ هُمْ فِيهَا خَٰلِدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳамон] Касоне, ки биҳишти баринро ба ирс мебаранд [ва] дар он ҷовидонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ خَلَقْنَا ٱلْإِنسَٰنَ مِن سُلَٰلَةٍ مِّن طِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар ҳақиқат, инсонро аз чакидае аз гил офаридем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ جَعَلْنَٰهُ نُطْفَةً فِى قَرَارٍ مَّكِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас ӯро ба шакли нутфае дар қароргоҳе устувор [раҳим] ниҳодем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ خَلَقْنَا ٱلنُّطْفَةَ عَلَقَةً فَخَلَقْنَا ٱلْعَلَقَةَ مُضْغَةً فَخَلَقْنَا ٱلْمُضْغَةَ عِظَٰمًا فَكَسَوْنَا ٱلْعِظَٰمَ لَحْمًا ثُمَّ أَنشَأْنَٰهُ خَلْقًا ءَاخَرَ فَتَبَارَكَ ٱللَّهُ أَحْسَنُ ٱلْخَٰلِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас нутфаро [Ба шакли] хуни баста сохтем ва он гоҳ хуни бастаро [ба сурати] порагӯште сохтем, сипас порагӯштро [ба шакли] устухон даровардем ва он гоҳ бар устухонҳо гӯшт пӯшонидем. Сипас он [ҷанин]-ро офаринише дигар бахшидем. Пас, [пурбаракату] бузургвор аст Аллоҳ таоло, ки накутарин офаринанда аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ إِنَّكُم بَعْدَ ذَٰلِكَ لَمَيِّتُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас шумо [пас аз тайи мароҳили зиндагӣ] ҳатман, хоҳед мурд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ إِنَّكُمْ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ تُبْعَثُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ бе тардид, дар рӯзи қиёмат барангехта мешавед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ خَلَقْنَا فَوْقَكُمْ سَبْعَ طَرَآئِقَ وَمَا كُنَّا عَنِ ٱلْخَلْقِ غَٰفِلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба яқин Мо бар фарозатон ҳафт осмон офаридем ва [ҳаргиз] аз офариниш ғофил набудаем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَنزَلْنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءًۢ بِقَدَرٍ فَأَسْكَنَّٰهُ فِى ٱلْأَرْضِ وَإِنَّا عَلَىٰ ذَهَابٍۭ بِهِۦ لَقَٰدِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз осмон ба андозае муайян [барои ниёзи махлуқот] обе фиристодем ва онро дар замин ҷой додем ва ҳатман, барои аз байн бурданаш [низ] комилан тавоноем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَنشَأْنَا لَكُم بِهِۦ جَنَّٰتٍ مِّن نَّخِيلٍ وَأَعْنَٰبٍ لَّكُمْ فِيهَا فَوَٰكِهُ كَثِيرَةٌ وَمِنْهَا تَأْكُلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас тавассути он [об] бароятон боғҳое аз дарахтони хурмо ва ангур падид овардем, ки дар он [боғҳо] барои шумо меваҳое бисёре аст ва аз он [маҳсулот] мехӯред

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَشَجَرَةً تَخْرُجُ مِن طُورِ سَيْنَآءَ تَنۢبُتُ بِٱلدُّهْنِ وَصِبْغٍ لِّلْـَٔاكِلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дарахте [офаридем], ки аз Тӯри Сино бармеояд ва равғани [зайтун] медиҳад ва хӯрише барои хӯрандагон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّ لَكُمْ فِى ٱلْأَنْعَٰمِ لَعِبْرَةً نُّسْقِيكُم مِّمَّا فِى بُطُونِهَا وَلَكُمْ فِيهَا مَنَٰفِعُ كَثِيرَةٌ وَمِنْهَا تَأْكُلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бе тардид, барои шумо дар [вуҷуди] чаҳорпоён ибрате [аз қудрати Аллоҳ таоло] аст: аз он чи дар шиками онҳост ба шумо [шир] менӯшонем ва дар [вуҷуди] онҳо бароятон судҳои бисёре вуҷуд дорад ва аз [гӯшти] онҳо мехӯред

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَعَلَيْهَا وَعَلَى ٱلْفُلْكِ تُحْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Дар хушкӣ] Бар онҳо савор мешавед ва [дар об] бар киштиҳо

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوْمِهِۦ فَقَالَ يَٰقَوْمِ ٱعْبُدُوا۟ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنْ إِلَٰهٍ غَيْرُهُۥٓ أَفَلَا تَتَّقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бе тардид, Мо Нуҳро ба сӯйи қавмаш фиристодем, пас, [ба онон] гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед [ки] ҷуз Ӯ маъбуде [ба ҳақ] надоред. Оё парво намекунед?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَقَالَ ٱلْمَلَؤُا۟ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ مِن قَوْمِهِۦ مَا هَٰذَآ إِلَّا بَشَرٌ مِّثْلُكُمْ يُرِيدُ أَن يَتَفَضَّلَ عَلَيْكُمْ وَلَوْ شَآءَ ٱللَّهُ لَأَنزَلَ مَلَٰٓئِكَةً مَّا سَمِعْنَا بِهَٰذَا فِىٓ ءَابَآئِنَا ٱلْأَوَّلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ашроф ва бузургони қавмаш, ки куфр варзида буданд, гуфтанд: «Ин [мард касе] нест, магар башаре ҳамчун шумо, [ки] мехоҳад бар шумо бартарӣ ҷӯяд. Агар Аллоҳ таоло мехост, фариштагоне [ба сӯятон] нозил мекард. Мо инро [ки Нуҳ мегӯяд] дар миёни ниёгони худ нашнидаем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنْ هُوَ إِلَّا رَجُلٌۢ بِهِۦ جِنَّةٌ فَتَرَبَّصُوا۟ بِهِۦ حَتَّىٰ حِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ марди девонае беш нест. Пас, то муддате мунтазир бошед [ки ё дурӯғаш ошкор гардад ва даст аз даъваташ бардорад ё маргаш фаро расад]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ رَبِّ ٱنصُرْنِى بِمَا كَذَّبُونِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Нуҳ] Гуфт: «Парвардигоро, маро дар баробари такзиби онон ёрӣ кун»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَوْحَيْنَآ إِلَيْهِ أَنِ ٱصْنَعِ ٱلْفُلْكَ بِأَعْيُنِنَا وَوَحْيِنَا فَإِذَا جَآءَ أَمْرُنَا وَفَارَ ٱلتَّنُّورُ فَٱسْلُكْ فِيهَا مِن كُلٍّ زَوْجَيْنِ ٱثْنَيْنِ وَأَهْلَكَ إِلَّا مَن سَبَقَ عَلَيْهِ ٱلْقَوْلُ مِنْهُمْ وَلَا تُخَٰطِبْنِى فِى ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓا۟ إِنَّهُم مُّغْرَقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ба ӯ ваҳй кардем: «Киштиро таҳти назари Мо ва ба ваҳйи Мо бисоз ва ҳангоме ки фармони [азоби] Мо фаро расад ва [ба нишонаи расидани тӯфон об аз] танӯр ҷӯшад, аз ҳар навъи [ҳайвон] як ҷуфти [нару мода] дар киштӣ савор кун ва хонаводаатро [низ ҳамроҳи худ бубар], магар касоне, ки пештар ваъда [-и ҳалок] бар онон муқаррар шудааст ва дар бораи [наҷоти] касоне, ки ситам кардаанд, бо Ман сухан нагӯ, [чаро ки] онон ҳатман, ғарқ хоҳанд шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِذَا ٱسْتَوَيْتَ أَنتَ وَمَن مَّعَكَ عَلَى ٱلْفُلْكِ فَقُلِ ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ ٱلَّذِى نَجَّىٰنَا مِنَ ٱلْقَوْمِ ٱلظَّٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳангоме ки ту ва ҳамроҳонат бар киштӣ савор шудед, бигӯ: «Сипос махсуси Аллоҳ таоло аст, ки моро аз [чанги] гурӯҳи ситамгор наҷот дод»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقُل رَّبِّ أَنزِلْنِى مُنزَلًا مُّبَارَكًا وَأَنتَ خَيْرُ ٱلْمُنزِلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [низ] бигӯ: «Парвардигоро, моро дар манзилгоҳе пурбаракат фуруд овар, ки Ту беҳтарин фурудоварандаӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَٰتٍ وَإِن كُنَّا لَمُبْتَلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, дар ин [моҷаро] нишонаҳое [аз қудрати Аллоҳ таоло дар наҷоти муъминон ва азоби кофирон] аст ва яқинан, Мо озмоишгар [-и имон ва куфри мардум] будаем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ أَنشَأْنَا مِنۢ بَعْدِهِمْ قَرْنًا ءَاخَرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ гурӯҳи дигареро пас аз онон падид овардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَرْسَلْنَا فِيهِمْ رَسُولًا مِّنْهُمْ أَنِ ٱعْبُدُوا۟ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنْ إِلَٰهٍ غَيْرُهُۥٓ أَفَلَا تَتَّقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз худашон паёмбаре дар [миёни] онон фиристодем [то бигӯяд]: «Аллоҳро бипарастед, [ки] ҷуз Ӯ маъбуде [ба ҳақ] надоред. Оё парво намекунед?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالَ ٱلْمَلَأُ مِن قَوْمِهِ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَكَذَّبُوا۟ بِلِقَآءِ ٱلْـَٔاخِرَةِ وَأَتْرَفْنَٰهُمْ فِى ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا مَا هَٰذَآ إِلَّا بَشَرٌ مِّثْلُكُمْ يَأْكُلُ مِمَّا تَأْكُلُونَ مِنْهُ وَيَشْرَبُ مِمَّا تَشْرَبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterГурӯҳе аз ашроф ва бузургони қавмаш, ки куфр варзида буданд ва дидори охиратро дурӯғ меангоштанд ва дар зиндагии дунё ба онон неъмату осоиш дода будем, гуфтанд: «Ин [мард касе] нест, магар башаре ҳамчун шумо. Аз он чи [шумо] мехӯред, [ӯ низ] мехӯрад ва аз он чи ки шумо менӯшед, [ӯ низ] менӯшад [пас, бартарие надорад, ки паёмбар бошад]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَئِنْ أَطَعْتُم بَشَرًا مِّثْلَكُمْ إِنَّكُمْ إِذًا لَّخَٰسِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар аз башаре ҳамчун худ итоат кунед, дар он сурат яқинан, зиёнкоред

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَيَعِدُكُمْ أَنَّكُمْ إِذَا مِتُّمْ وَكُنتُمْ تُرَابًا وَعِظَٰمًا أَنَّكُم مُّخْرَجُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё ӯ ба шумо ваъда медиҳад, ки вақте мурдед ва хоку устухон шудед, [дар қиёмат аз гӯр] берун оварда мешавед?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هَيْهَاتَ هَيْهَاتَ لِمَا تُوعَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн чи ба шумо ваъда медиҳад, чи дур аст, чи дур!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنْ هِىَ إِلَّا حَيَاتُنَا ٱلدُّنْيَا نَمُوتُ وَنَحْيَا وَمَا نَحْنُ بِمَبْعُوثِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Зиндагонӣ] Ҷуз ҳамин зиндагии дунёии мо нест. [Гурӯҳе] Мемирем [ва гурӯҳе ба ҷойи онҳо] зинда мешавем ва ҳаргиз [пас аз марг] барангехта нахоҳем шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنْ هُوَ إِلَّا رَجُلٌ ٱفْتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا وَمَا نَحْنُ لَهُۥ بِمُؤْمِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ [касе] нест, магар мардест, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад ва мо ба ӯ имон намеоварем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ رَبِّ ٱنصُرْنِى بِمَا كَذَّبُونِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПаёмбарашон] Гуфт: «Парвардигоро, маро дар баробари такзиби онон ёрӣ кун»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ عَمَّا قَلِيلٍ لَّيُصْبِحُنَّ نَٰدِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Пас аз андак замоне, [аз кори худ] сахт пушаймон мешаванд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَخَذَتْهُمُ ٱلصَّيْحَةُ بِٱلْحَقِّ فَجَعَلْنَٰهُمْ غُثَآءً فَبُعْدًا لِّلْقَوْمِ ٱلظَّٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, бонг [-и маргбор]-е ононро ба ҳақ фуру гирифт ва [ҳамчун] хору хошокашон намудем. Пас, қавми ситамгор [аз раҳмати Аллоҳ таоло] дур бод!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ أَنشَأْنَا مِنۢ بَعْدِهِمْ قُرُونًا ءَاخَرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас баъд аз онон наслҳое дигар падид овардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَا تَسْبِقُ مِنْ أُمَّةٍ أَجَلَهَا وَمَا يَسْتَـْٔخِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲеҷ уммате на аз аҷали худ пешӣ мегирад ва на таъхир мекунад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا تَتْرَا كُلَّ مَا جَآءَ أُمَّةً رَّسُولُهَا كَذَّبُوهُ فَأَتْبَعْنَا بَعْضَهُم بَعْضًا وَجَعَلْنَٰهُمْ أَحَادِيثَ فَبُعْدًا لِّقَوْمٍ لَّا يُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас паёмбарони худро паёпай фиристодем. Ҳар гоҳ паёмбаре барои [ҳидояти] уммате меомад, ӯро дурӯғгӯ меангоштанд, пас, [Мо низ] ононро яке пас аз дигаре ҳалок кардем ва ононро достонҳо [-и ибратомӯзе барои ояндагон] қарор додем. Пас, нобуд бод, қавме, ки имон намеоваранд!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ أَرْسَلْنَا مُوسَىٰ وَأَخَاهُ هَٰرُونَ بِـَٔايَٰتِنَا وَسُلْطَٰنٍ مُّبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас Мӯсо ва бародараш Ҳорунро бо оёти [нуҳгонаи] хеш ва далоили ошкор фиристодем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَىٰ فِرْعَوْنَ وَمَلَإِي۟هِۦ فَٱسْتَكْبَرُوا۟ وَكَانُوا۟ قَوْمًا عَالِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа сӯйи Фиръавн ва ашрофи [қавми] ӯ, вале онон гарданкашӣ карданд ва гурӯҳе бартарихоҳ буданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَقَالُوٓا۟ أَنُؤْمِنُ لِبَشَرَيْنِ مِثْلِنَا وَقَوْمُهُمَا لَنَا عَٰبِدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа гуфтанд: «Оё ба ду инсони монанди худ имон биёварем, ҳол он ки қавмашон бардагони мо ҳастанд?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَكَذَّبُوهُمَا فَكَانُوا۟ مِنَ ٱلْمُهْلَكِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас он дуро дурӯғгӯ ангоштанд, [ва] саранҷом ҳалок шуданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ ءَاتَيْنَا مُوسَى ٱلْكِتَٰبَ لَعَلَّهُمْ يَهْتَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бе тардид, ба Мӯсо китоби [Таврот] додем, бошад, ки [Бани Исроил] ҳидоят шаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَعَلْنَا ٱبْنَ مَرْيَمَ وَأُمَّهُۥٓ ءَايَةً وَءَاوَيْنَٰهُمَآ إِلَىٰ رَبْوَةٍ ذَاتِ قَرَارٍ وَمَعِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа писари Марям ва модарашро нишонае [аз қудрати илоҳӣ] карор додем ва ононро дар маконе баланд ва ҳамворе, ки дорои амният ва обе [зулолу] ҷорӣ буд, ҷой додем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلرُّسُلُ كُلُوا۟ مِنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَٱعْمَلُوا۟ صَٰلِحًا إِنِّى بِمَا تَعْمَلُونَ عَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй паёмбарон, аз [ғизоҳои] покиза бихӯред ва кори шоиста анҷом диҳед. Яқинан, ман ба он чи мекунед, огоҳам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّ هَٰذِهِۦٓ أُمَّتُكُمْ أُمَّةً وَٰحِدَةً وَأَنَا۠ رَبُّكُمْ فَٱتَّقُونِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар ҳақиқат, ин дини шумо дини воҳид [ба номи ислом] аст ва ман Парвардигоратон ҳастам. Пас, аз ман парво кунед [битарсед]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَتَقَطَّعُوٓا۟ أَمْرَهُم بَيْنَهُمْ زُبُرًا كُلُّ حِزْبٍۭ بِمَا لَدَيْهِمْ فَرِحُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАммо [пайравонашон ихтилоф карданд ва] дар кори динашон миёни худ фирқа-фирқа ва пароканда гаштанд ва ҳар гурӯҳе ба он чи наздашон аст, дилхушанд [чаро ки худро бар ҳақ медонанд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَذَرْهُمْ فِى غَمْرَتِهِمْ حَتَّىٰ حِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [эй Паёмбар] ононро то вақте [ки азоб фаро мерасад] дар ҷаҳлу нодонишон раҳо кун

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَيَحْسَبُونَ أَنَّمَا نُمِدُّهُم بِهِۦ مِن مَّالٍ وَبَنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё гумон мекунанд, он чи аз сарвату фарзандон, ки ба онон медиҳем,

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

نُسَارِعُ لَهُمْ فِى ٱلْخَيْرَٰتِ بَل لَّا يَشْعُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[барои ин аст, ки] шитобон некиҳоро ба эшон бирасонем? [На, ҳаргиз чунин нест] Балки онон [ҳақиқатро] дарнамеёбанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ هُم مِّنْ خَشْيَةِ رَبِّهِم مُّشْفِقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки аз бими Парвардигорашон тарсонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِينَ هُم بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمْ يُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касоне, ки ба оёти Парвардигорашон имон меоваранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِينَ هُم بِرَبِّهِمْ لَا يُشْرِكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касоне, ки ба Парвардигорашон ширк намеварзанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِينَ يُؤْتُونَ مَآ ءَاتَوا۟ وَّقُلُوبُهُمْ وَجِلَةٌ أَنَّهُمْ إِلَىٰ رَبِّهِمْ رَٰجِعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касоне, ки дар анҷоми корҳои хайр мекӯшанд ва аз ин ки ба сӯйи Парвардигори хеш бозмегарданд, [ва аз ин ки корҳои некашон мақбули даргоҳи ҳақ воқеъ нашавад] дилҳояшон ҳаросон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أُو۟لَٰٓئِكَ يُسَٰرِعُونَ فِى ٱلْخَيْرَٰتِ وَهُمْ لَهَا سَٰبِقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИнон дар некиҳо шитоб мекунанд ва дар анҷоми он [аз якдигар] пешӣ мегиранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا نُكَلِّفُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا وَلَدَيْنَا كِتَٰبٌ يَنطِقُ بِٱلْحَقِّ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [Мо] ба ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавонаш таклиф намекунем ва назди Мо китобест, ки [дар бораи аъмоли бандагон] ба ҳақ сухан мегӯяд ва ба онон ситам намешавад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَلْ قُلُوبُهُمْ فِى غَمْرَةٍ مِّنْ هَٰذَا وَلَهُمْ أَعْمَٰلٌ مِّن دُونِ ذَٰلِكَ هُمْ لَهَا عَٰمِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[На] Балки дилҳояшон аз ин [китоб] дар ғафлат аст ва онон ба ҷуз ин [гуноҳи куфр] корҳое [дигар низ] анҷом медиҳанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

حَتَّىٰٓ إِذَآ أَخَذْنَا مُتْرَفِيهِم بِٱلْعَذَابِ إِذَا هُمْ يَجْـَٔرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо ҳангоме ки сарватмандонашонро ба азоб гирифтор кунем, ногаҳон фарёди зорӣ сар медиҳанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَا تَجْـَٔرُوا۟ ٱلْيَوْمَ إِنَّكُم مِّنَّا لَا تُنصَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ба онон гуфта мешавад] «Имрӯз нола ва зорӣ накунед, [ки] ҳаргиз аз сӯйи мо ёрӣ нахоҳед шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَدْ كَانَتْ ءَايَٰتِى تُتْلَىٰ عَلَيْكُمْ فَكُنتُمْ عَلَىٰٓ أَعْقَٰبِكُمْ تَنكِصُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, оёти Ман пайваста бар шумо хонда мешуд, вале [аз ҳақ] рӯй мегардонед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مُسْتَكْبِرِينَ بِهِۦ سَٰمِرًا تَهْجُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳоле ки дар баробараш такаббур мекардед [ва дар маҷолиси шабонаи худ] ба бадгӯӣ мепардохтед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَفَلَمْ يَدَّبَّرُوا۟ ٱلْقَوْلَ أَمْ جَآءَهُم مَّا لَمْ يَأْتِ ءَابَآءَهُمُ ٱلْأَوَّلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё онон дар ин гуфтор [Қуръон] наяндешидаанд ё [магар] чизе барояшон омада, ки барои ниёгонашон наёмадааст?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمْ لَمْ يَعْرِفُوا۟ رَسُولَهُمْ فَهُمْ لَهُۥ مُنكِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЁ паёмбарашонро нашинохтаанд ва [аз ин рӯст, ки] инкораш мекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمْ يَقُولُونَ بِهِۦ جِنَّةٌۢ بَلْ جَآءَهُم بِٱلْحَقِّ وَأَكْثَرُهُمْ لِلْحَقِّ كَٰرِهُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЁ мегӯянд, ӯ ҷунун дорад? [На, чунин нест] Балки [ӯ дини] ҳақро барояшон овардааст, вале бештарашон аз [пазириши] ҳақ нохушнуданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوِ ٱتَّبَعَ ٱلْحَقُّ أَهْوَآءَهُمْ لَفَسَدَتِ ٱلسَّمَٰوَٰتُ وَٱلْأَرْضُ وَمَن فِيهِنَّ بَلْ أَتَيْنَٰهُم بِذِكْرِهِمْ فَهُمْ عَن ذِكْرِهِم مُّعْرِضُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар Аллоҳ таоло аз ҳавасҳои онон пайравӣ кунад [ва умури ҳастӣ ба майли кофирон идора шавад], осмонҳо ва замин ва ҳар ки дар онҳост, табоҳ мегардад, балки барои онон пандашон [Қуръон]-ро овардаем [ки мояи иззату шарафашон аст], вале онон аз пандашон рӯйгардонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَمْ تَسْـَٔلُهُمْ خَرْجًا فَخَرَاجُ رَبِّكَ خَيْرٌ وَهُوَ خَيْرُ ٱلرَّٰزِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Оё ту аз онон [барои таблиғи дин] подоше металабӣ? Ва ҳол он ки подоши Парвардигорат [басе] беҳтар аст ва Ӯ беҳтарин рӯзидиҳанда аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّكَ لَتَدْعُوهُمْ إِلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسْتَقِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бе тардид, ту ононро ба роҳе рост даъват мекунӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِٱلْـَٔاخِرَةِ عَنِ ٱلصِّرَٰطِ لَنَٰكِبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки ба охират имон надоранд, ҳатман аз ин роҳи [рост] мунҳариф шудаанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ رَحِمْنَٰهُمْ وَكَشَفْنَا مَا بِهِم مِّن ضُرٍّ لَّلَجُّوا۟ فِى طُغْيَٰنِهِمْ يَعْمَهُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар ба онон раҳм кунем ва балову ранҷеро, ки [аз қаҳтӣ ва гуруснагӣ] дидаанд, аз эшон бартараф созем, бар саркашӣ [ва гумроҳии] хеш пофишорӣ мекунанд [ва ҳамчунон] ба бероҳа мераванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ أَخَذْنَٰهُم بِٱلْعَذَابِ فَمَا ٱسْتَكَانُوا۟ لِرَبِّهِمْ وَمَا يَتَضَرَّعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterДар ҳақиқат, [Мо] ононро ба азоб [-у бало] гирифтор сохтем [то бедор шаванд], аммо дар баробари Парвардигорашон фурӯтанӣ нанамуданд ва [ба даргоҳаш тазарруъ ва] зорӣ накарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

حَتَّىٰٓ إِذَا فَتَحْنَا عَلَيْهِم بَابًا ذَا عَذَابٍ شَدِيدٍ إِذَا هُمْ فِيهِ مُبْلِسُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Онон пайваста чунин ҳастанд] То он гоҳ ки даре аз азоби сахт бар онон мекушоем [ва чунон гирифтор шаванд], ки [аз ҳама ҷо] маъюс гарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُوَ ٱلَّذِىٓ أَنشَأَ لَكُمُ ٱلسَّمْعَ وَٱلْأَبْصَٰرَ وَٱلْأَفْـِٔدَةَ قَلِيلًا مَّا تَشْكُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй мункирони қиёмат] Аллоҳ таоло аст, ки барои шумо гӯшу чашм ва дил падид овард. Чи андак сипос мегузоред!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُوَ ٱلَّذِى ذَرَأَكُمْ فِى ٱلْأَرْضِ وَإِلَيْهِ تُحْشَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Ӯст, ки шуморо дар замин [офарид ва] пароканда кард ва [рӯзи қиёмат] ба сӯйи Ӯ ҷамъ мешавед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُوَ ٱلَّذِى يُحْىِۦ وَيُمِيتُ وَلَهُ ٱخْتِلَٰفُ ٱلَّيْلِ وَٱلنَّهَارِ أَفَلَا تَعْقِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Ӯст, ки зинда мекунад ва мемиронад ва ихтилофи шабу рӯз аз тадбири Ӯст. Оё намеандешед?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَلْ قَالُوا۟ مِثْلَ مَا قَالَ ٱلْأَوَّلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Чунин накарданд] Балки онон низ ҳамон [суханонеро] гуфтанд, ки пешиниён мегуфтанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوٓا۟ أَءِذَا مِتْنَا وَكُنَّا تُرَابًا وَعِظَٰمًا أَءِنَّا لَمَبْعُوثُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterГуфтанд: «Оё ҳангоме ки мурдему хоку устухон шудем, барангехта хоҳем шуд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَقَدْ وُعِدْنَا نَحْنُ وَءَابَآؤُنَا هَٰذَا مِن قَبْلُ إِنْ هَٰذَآ إِلَّآ أَسَٰطِيرُ ٱلْأَوَّلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, ин ваъдаро пеш аз ин низ ба мо ва ниёгонамон додаанд. Ин [сухан чизе] нест, магар [дурӯғҳо ва] афсонаҳои пешиниён»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُل لِّمَنِ ٱلْأَرْضُ وَمَن فِيهَآ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба мункирони меод] бигӯ: «Агар медонед, [бигӯед], замин ва ҳар ки дар он аст, аз они кист?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

سَيَقُولُونَ لِلَّهِ قُلْ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterХоҳанд гуфт: «[Ҳама] Аз они Аллоҳ таоло аст». Бигӯ: «Пас, оё панд намегиред?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ مَن رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ ٱلسَّبْعِ وَرَبُّ ٱلْعَرْشِ ٱلْعَظِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Парвардигори ҳафт осмон ва Парвардигори Арши бузург кист?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

سَيَقُولُونَ لِلَّهِ قُلْ أَفَلَا تَتَّقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterХоҳанд гуфт: «[Ҳама] Аз они Аллоҳ таоло аст». Бигӯ: «Пас, оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ مَنۢ بِيَدِهِۦ مَلَكُوتُ كُلِّ شَىْءٍ وَهُوَ يُجِيرُ وَلَا يُجَارُ عَلَيْهِ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Агар медонед, [бигӯед] фармонравоии ҳама чиз ба дасти кист? Ва [кист, ки] паноҳ медиҳад ва касе дар баробари [азоби] ӯ паноҳ надорад?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

سَيَقُولُونَ لِلَّهِ قُلْ فَأَنَّىٰ تُسْحَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterХоҳанд гуфт: «[Фармонравоии ҳама чиз] Аз они Аллоҳ таоло аст». Бигӯ: «Пас, чи гуна афсун мешавед [ва намеандешед]?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَلْ أَتَيْنَٰهُم بِٱلْحَقِّ وَإِنَّهُمْ لَكَٰذِبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Чунин нест, ки кофирон гумон мекунанд] Балки Мо ҳақро барояшон овардем ва яқинан, онон дурӯғгӯ ҳастанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَا ٱتَّخَذَ ٱللَّهُ مِن وَلَدٍ وَمَا كَانَ مَعَهُۥ مِنْ إِلَٰهٍ إِذًا لَّذَهَبَ كُلُّ إِلَٰهٍۭ بِمَا خَلَقَ وَلَعَلَا بَعْضُهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ سُبْحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يَصِفُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАллоҳ таоло ҳаргиз фарзанде барнагузидааст ва ҳеҷ маъбуде бо Ӯ нест. [Агар чунин буд] Он гоҳ ҳар маъбуде он чиро офарида буд, [бо худ] мебурд ва мусалламан, бархе бар бархе дигар бартарӣ меҷустанд [ва низоми ҳастӣ табоҳ мегашт]. Аллоҳ таоло аз он чи [мушрикон] тавсиф мекунанд, муназзаҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

عَٰلِمِ ٱلْغَيْبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ فَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشْرِكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ донои ниҳону ошкор аст ва аз он чи бо Вай шарик месозанд, бартар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُل رَّبِّ إِمَّا تُرِيَنِّى مَا يُوعَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Парвардигоро, агар он [азобе]-ро, ки ба онон ваъда дода мешавад, ба ман нишон медиҳӣ [ки шоҳидаш бошам],

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

رَبِّ فَلَا تَجْعَلْنِى فِى ٱلْقَوْمِ ٱلظَّٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, Парвардигоро маро дар [ҳангоми азоб дар канори ин] гурӯҳи ситамгор қарор мадеҳ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّا عَلَىٰٓ أَن نُّرِيَكَ مَا نَعِدُهُمْ لَقَٰدِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳатман, Мо тавоноем, ки он чиро ба онон ваъда медиҳем, ба ту нишон диҳем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱدْفَعْ بِٱلَّتِى هِىَ أَحْسَنُ ٱلسَّيِّئَةَ نَحْنُ أَعْلَمُ بِمَا يَصِفُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] бадиро ба шевае, ки беҳтар аст, дафъ кун [ва бубахшу шикебо бош]. Мо ба он чи [мушрикон дар бораи ту] тавсиф мекунанд, донотарем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقُل رَّبِّ أَعُوذُ بِكَ مِنْ هَمَزَٰتِ ٱلشَّيَٰطِينِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бигӯ: «Парвардигоро, ман аз васвасаҳои шаётин ба Ту паноҳ мебарам

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَعُوذُ بِكَ رَبِّ أَن يَحْضُرُونِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Парвардигоро, аз ин ки онҳо назди ман ҳозир шаванд, [низ] ба Ту паноҳ мебарам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَ أَحَدَهُمُ ٱلْمَوْتُ قَالَ رَبِّ ٱرْجِعُونِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Кофирон пайваста бар ақидаи ботилашон ҳастанд] То ҳангоме ки марги яке аз онон фаро расад, [он гоҳ дар ҳоле ки] назди Парвардигори [худ нолаву зорӣ мекунад, ба фариштагон] мегӯяд: «Маро [ба дунё] бозгардонед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَعَلِّىٓ أَعْمَلُ صَٰلِحًا فِيمَا تَرَكْتُ كَلَّآ إِنَّهَا كَلِمَةٌ هُوَ قَآئِلُهَا وَمِن وَرَآئِهِم بَرْزَخٌ إِلَىٰ يَوْمِ يُبْعَثُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterШояд дар он чи [кӯтоҳӣ намуда ва] тарк кардам, кори шоистае анҷом диҳам». Ҳаргиз чунин нест. Бе тардид, ин фақат сухане аст, ки ӯ ба забон мегӯяд [ва ҳаргиз рафтораш тағйир намекунад] ва рӯзе, ки барангехта шаванд, пушти сарашон барзахест

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِذَا نُفِخَ فِى ٱلصُّورِ فَلَآ أَنسَابَ بَيْنَهُمْ يَوْمَئِذٍ وَلَا يَتَسَآءَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterРӯзе, ки дар сур дамида мешавад, ҳеҷ як аз [ ифтихороти хонаводагӣ ва] пайвандҳои хешовандӣ миёнашон [барқарор] нахоҳад буд ва [аз ваҳшати азоб] аз [ҳоли] якдигар намепурсанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَمَن ثَقُلَتْ مَوَٰزِينُهُۥ فَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْمُفْلِحُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳар ки вазнаи аъмолаш сангин бошад, ононанд, ки растагоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَنْ خَفَّتْ مَوَٰزِينُهُۥ فَأُو۟لَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓا۟ أَنفُسَهُمْ فِى جَهَنَّمَ خَٰلِدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳар ки вазнаи аъмолаш сабук бошад, ононанд, ки ба хеш зиён задаанд ва дар дузах ҷовидонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

تَلْفَحُ وُجُوهَهُمُ ٱلنَّارُ وَهُمْ فِيهَا كَٰلِحُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОташ чеҳраҳояшонро месӯзонад ва дар он ҷо рӯйтурш ва зиштманзаранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَمْ تَكُنْ ءَايَٰتِى تُتْلَىٰ عَلَيْكُمْ فَكُنتُم بِهَا تُكَذِّبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ба онон гуфта мешавад] «Магар на ин буд, ки оётам бар шумо хонда мешуд ва онҳоро дурӯғ меангоштед?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ رَبَّنَا غَلَبَتْ عَلَيْنَا شِقْوَتُنَا وَكُنَّا قَوْمًا ضَآلِّينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Дар посух] Мегӯянд: «Парвардигоро, бадбахтӣ бар мо чира шуд ва гурӯҳе гумроҳ будем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

رَبَّنَآ أَخْرِجْنَا مِنْهَا فَإِنْ عُدْنَا فَإِنَّا ظَٰلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПарвардигоро, моро аз ин [дузах] берун овар. Пас, агар [ба куфру нофармонӣ] бозгаштем, ҳатман, ситамгорем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالَ ٱخْسَـُٔوا۟ فِيهَا وَلَا تُكَلِّمُونِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Дар он [оташ] гум шавед ва бо Ман сухан нагӯед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّهُۥ كَانَ فَرِيقٌ مِّنْ عِبَادِى يَقُولُونَ رَبَّنَآ ءَامَنَّا فَٱغْفِرْ لَنَا وَٱرْحَمْنَا وَأَنتَ خَيْرُ ٱلرَّٰحِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterГурӯҳе аз бандагонам мегуфтанд: «Парвардигоро, имон овардем, пас, моро бибахшо ва бар мо раҳм кун, [ки] бе тардид, Ту беҳтарин бахшояндаӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱتَّخَذْتُمُوهُمْ سِخْرِيًّا حَتَّىٰٓ أَنسَوْكُمْ ذِكْرِى وَكُنتُم مِّنْهُمْ تَضْحَكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВале шумо ононро масхара мекардед, то ҷойе, ки [саргарм шудан ба тамасхури эшон] зикр [-у ибодати] Маро аз ёдатон бурд ва ҳамчунон ба онон механдидед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنِّى جَزَيْتُهُمُ ٱلْيَوْمَ بِمَا صَبَرُوٓا۟ أَنَّهُمْ هُمُ ٱلْفَآئِزُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИмрӯз Ман ононро аз он ҷиҳате, ки шикебоӣ карданд, подош медиҳам. Оре, эшонанд, ки растагоранд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَٰلَ كَمْ لَبِثْتُمْ فِى ٱلْأَرْضِ عَدَدَ سِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аллоҳ таоло ба дузахиён] Мегӯяд: «Чанд сол дар замин ба сар бурдед»?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَالُوا۟ لَبِثْنَا يَوْمًا أَوْ بَعْضَ يَوْمٍ فَسْـَٔلِ ٱلْعَآدِّينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМегӯянд: «Як рӯз ё бахше аз як рӯзро ба сар бурдем. Аз ҳисобгарон [ки ҳисоби рӯзу солро нигаҳ медоранд] бипурс»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَٰلَ إِن لَّبِثْتُمْ إِلَّا قَلِيلًا لَّوْ أَنَّكُمْ كُنتُمْ تَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ мегӯяд: «[Оре] Агар медонистед, ҷуз андаке [дар дунё] ба сар набурдед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَفَحَسِبْتُمْ أَنَّمَا خَلَقْنَٰكُمْ عَبَثًا وَأَنَّكُمْ إِلَيْنَا لَا تُرْجَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё пиндоштаед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва ба сӯйи Мо бозгардонида намешавед?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَتَعَٰلَى ٱللَّهُ ٱلْمَلِكُ ٱلْحَقُّ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ رَبُّ ٱلْعَرْشِ ٱلْكَرِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, баландмартаба [ва бузург] аст Аллоҳ таоло [ки] фармонравои ҳақ аст. Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест [ва] Парвардигори Арши гаронқадр аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَن يَدْعُ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ لَا بُرْهَٰنَ لَهُۥ بِهِۦ فَإِنَّمَا حِسَابُهُۥ عِندَ رَبِّهِۦٓ إِنَّهُۥ لَا يُفْلِحُ ٱلْكَٰفِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳар ки бо Аллоҳ таоло маъбуди дигареро бихонад, яқинан, ҳеҷ далеле бар [ҳаққонияти] он нахоҳад дошт ва ҳисоби ӯ бо Парвардигораш хоҳад буд. Бе тардид, кофирон растагор намешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقُل رَّبِّ ٱغْفِرْ وَٱرْحَمْ وَأَنتَ خَيْرُ ٱلرَّٰحِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй Паёмбар] бигӯ: «Парвардигоро, [гуноҳонамро] бибахшой ва раҳм кун ва Ту беҳтарин бахшандаӣ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70