Асосӣ › Сураҳо › Сураи Al-Anbiyaa
Сураи Al-Anbiyaa الأنبياء
112 оят · Макка · тартиби нузул 73
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ ٱقْتَرَبَ لِلنَّاسِ حِسَابُهُمْ وَهُمْ فِى غَفْلَةٍ مُّعْرِضُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Замони ҳисоби мардум наздик шудааст ва онон дар ноогоҳӣ [аз бозхости охират] рӯй гардонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَا يَأْتِيهِم مِّن ذِكْرٍ مِّن رَّبِّهِم مُّحْدَثٍ إِلَّا ٱسْتَمَعُوهُ وَهُمْ يَلْعَبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳеҷ панди тозае аз Парвардигорашон барои онон намеояд, магар он ки бозикунон ба он гӯш медиҳанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَاهِيَةً قُلُوبُهُمْ وَأَسَرُّوا۟ ٱلنَّجْوَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ هَلْ هَٰذَآ إِلَّا بَشَرٌ مِّثْلُكُمْ أَفَتَأْتُونَ ٱلسِّحْرَ وَأَنتُمْ تُبْصِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Паёми илоҳиро дар ҳоле мешунаванд, ки] дилҳояшон ғофил аст ва касоне, ки [кофир ва] ситамгор буданд, наҷвоҳояшонро пинҳон карданд [ва гуфтанд]: «Оё ин [муддаии паёмбарӣ] ҷуз башаре ҳамчун шумост? Оё дар ҳоле ки [ҳақиқатро] мебинед, ба ҷоду рӯй меоваред?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ رَبِّى يَعْلَمُ ٱلْقَوْلَ فِى ٱلسَّمَآءِ وَٱلْأَرْضِ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلْعَلِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Паёмбар] гуфт: «Парвардигорам ҳар суханеро, ки дар осмон ва замин бошад медонад ва Ӯ шунавову доност»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
بَلْ قَالُوٓا۟ أَضْغَٰثُ أَحْلَٰمٍۭ بَلِ ٱفْتَرَىٰهُ بَلْ هُوَ شَاعِرٌ فَلْيَأْتِنَا بِـَٔايَةٍ كَمَآ أُرْسِلَ ٱلْأَوَّلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Балки [кофирон дар ситез бо Қуръон] гуфтанд: «[Он чи Муҳаммад мегӯяд] хобҳое ошуфта аст, балки онро ба дурӯғ [ба Аллоҳ таоло] нисбат медиҳад. [На] Балки ӯ шоир аст. Пас, [агар рост мегӯяд] бароямон муъҷизае биёварад, чунон ки паёмбарони пешин [низ бо муъҷизот] фиристода шуданд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
مَآ ءَامَنَتْ قَبْلَهُم مِّن قَرْيَةٍ أَهْلَكْنَٰهَآ أَفَهُمْ يُؤْمِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пеш аз онон [низ сокинони ҳар] шаҳре, ки нобудаш мекардем, [ба оёт ва муъҷизоти Мо] имон наоварда буданд. Пас, оё [инҳо] имон меоваранд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَآ أَرْسَلْنَا قَبْلَكَ إِلَّا رِجَالًا نُّوحِىٓ إِلَيْهِمْ فَسْـَٔلُوٓا۟ أَهْلَ ٱلذِّكْرِ إِن كُنتُمْ لَا تَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй Паёмбар] пеш аз ту ҷуз мардоне, ки ба онон ваҳй мекардем [барои ҳидояти мардум] нафиристодем, пас, [эй кофирон] агар намедонед, аз аҳли китоб бипурсед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا جَعَلْنَٰهُمْ جَسَدًا لَّا يَأْكُلُونَ ٱلطَّعَامَ وَمَا كَانُوا۟ خَٰلِدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [мо] ононро пайкарҳое, ки ғизо нахӯранд, қарор надодем ва [дар дунё низ] ҷовидон набуданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ صَدَقْنَٰهُمُ ٱلْوَعْدَ فَأَنجَيْنَٰهُمْ وَمَن نَّشَآءُ وَأَهْلَكْنَا ٱلْمُسْرِفِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Сипас ваъдаеро, ки [дар бораи пирӯзӣ ва наҷот] ба онон дода будем, таҳаққуқ бахшидем ва ононро ба ҳамроҳи ҳар ки хостем, наҷот додем ва исрофкорон [-и кофир]-ро нобуд кардем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَقَدْ أَنزَلْنَآ إِلَيْكُمْ كِتَٰبًا فِيهِ ذِكْرُكُمْ أَفَلَا تَعْقِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бе тардид, китобе ба сӯятон нозил кардем, ки иззат [-у шарафи дунё ва охират]-и шумо дар он аст. Оё намеандешед?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَكَمْ قَصَمْنَا مِن قَرْيَةٍ كَانَتْ ظَالِمَةً وَأَنشَأْنَا بَعْدَهَا قَوْمًا ءَاخَرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Чи бисёр шаҳрҳоеро, ки [сокинонаш] ситамгор буданд, дар ҳам шикастем ва пас аз онон гурӯҳе дигар падид овардем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَمَّآ أَحَسُّوا۟ بَأْسَنَآ إِذَا هُم مِّنْهَا يَرْكُضُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, чун азоби Моро эҳсос мекарданд [ва ба чашм медиданд], ногоҳ аз он ҷо мегурехтанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَا تَرْكُضُوا۟ وَٱرْجِعُوٓا۟ إِلَىٰ مَآ أُتْرِفْتُمْ فِيهِ وَمَسَٰكِنِكُمْ لَعَلَّكُمْ تُسْـَٔلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ба тамасхур гуфтем] «Фирор накунед. Ба сӯйи хонаҳоятон ва неъматҳое, ки дар он осуда будед, бозгардед. Бошад, ки [фақат дар бораи умури дунявӣ] бозхост шавед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوا۟ يَٰوَيْلَنَآ إِنَّا كُنَّا ظَٰلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center гуфтанд: «Вой бар мо [, ки] ҳатман ситамгор будаем!»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَمَا زَالَت تِّلْكَ دَعْوَىٰهُمْ حَتَّىٰ جَعَلْنَٰهُمْ حَصِيدًا خَٰمِدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, гуфторашон пайваста ҳамин буд, то он ки ононро [чун гиёҳе] даравшуда [ва] беҷон сохтем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا خَلَقْنَا ٱلسَّمَآءَ وَٱلْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا لَٰعِبِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Мо осмону замин ва он чиро, ки миёни онҳост ба бозича наёфаридаем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَوْ أَرَدْنَآ أَن نَّتَّخِذَ لَهْوًا لَّٱتَّخَذْنَٰهُ مِن لَّدُنَّآ إِن كُنَّا فَٰعِلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Агар [ба фарз] мехостем, ки саргармие [монанди фарзанд ё ҳамсуҳбат барои худ] баргузинем, онро [на аз бутҳои шумо, балки] аз назди хеш бармегузидем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
بَلْ نَقْذِفُ بِٱلْحَقِّ عَلَى ٱلْبَٰطِلِ فَيَدْمَغُهُۥ فَإِذَا هُوَ زَاهِقٌ وَلَكُمُ ٱلْوَيْلُ مِمَّا تَصِفُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Балки Мо ҳақро бар ботил меафканем, пас, онро дар ҳам мешиканад ва ногоҳ он [ботил] нобуд мешавад ва [эй кофирон] вой бар шумо аз он чи тавсиф мекунед!
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَهُۥ مَن فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَمَنْ عِندَهُۥ لَا يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِهِۦ وَلَا يَسْتَحْسِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳар ки [ва ҳар чи] дар осмонҳо ва замин аст аз они Ӯст ва онон, ки назди Ӯ ҳастанд [фариштагон] аз ибодаташ саркашӣ намекунанд ва хаста намешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يُسَبِّحُونَ ٱلَّيْلَ وَٱلنَّهَارَ لَا يَفْتُرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Онон шабу рӯз [илоҳро] ба покӣ меситоянд ва сустӣ намеварзанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمِ ٱتَّخَذُوٓا۟ ءَالِهَةً مِّنَ ٱلْأَرْضِ هُمْ يُنشِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё [ин мушрикон] маъбудоне аз замин баргузидаанд, ки [мурдагонро] зинда мекунанд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَوْ كَانَ فِيهِمَآ ءَالِهَةٌ إِلَّا ٱللَّهُ لَفَسَدَتَا فَسُبْحَٰنَ ٱللَّهِ رَبِّ ٱلْعَرْشِ عَمَّا يَصِفُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Агар дар осмон ва замин маъбудоне ба ҷуз Аллоҳ таоло вуҷуд дошт, [дар асари носозгории онҳо] ҳатман, ҳар ду табоҳ мешуданд. Пас, Аллоҳ таоло – Парвардигори Арш – аз тавсифе, ки [мушрикон] мекунанд, поку муназзаҳ аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَا يُسْـَٔلُ عَمَّا يَفْعَلُ وَهُمْ يُسْـَٔلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ӯ ба хотири он чи мекунад, бозхост намешавад, вале онон [дар баробари рафторашон] масъуланд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمِ ٱتَّخَذُوا۟ مِن دُونِهِۦٓ ءَالِهَةً قُلْ هَاتُوا۟ بُرْهَٰنَكُمْ هَٰذَا ذِكْرُ مَن مَّعِىَ وَذِكْرُ مَن قَبْلِى بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ ٱلْحَقَّ فَهُم مُّعْرِضُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё [мушрикон] ба ҷуз Ӯ маъбудоне баргузидаанд? [Ба онон] Бигӯ: «Далелатонро биёваред. Ин [Қуръон] китобест, ки ҳамроҳи ман аст ва [инҳо низ] китобҳоест [мутааллиқ ба паёмбароне], ки пеш аз ман буданд [ва дар ҳеҷ кадом далеле бар ҳаққонияти шумо вуҷуд надорад]», балки бештарашон ҳақро намедонанд ва [аз он] рӯйгардонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَآ أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ مِن رَّسُولٍ إِلَّا نُوحِىٓ إِلَيْهِ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنَا۠ فَٱعْبُدُونِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Мо пеш аз ту ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар он ки ба ӯ ваҳй кардем, ки [ба мардум бигӯяд]: «Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ман нест, пас, танҳо Маро бипарастед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالُوا۟ ٱتَّخَذَ ٱلرَّحْمَٰنُ وَلَدًا سُبْحَٰنَهُۥ بَلْ عِبَادٌ مُّكْرَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Мушрикон бо ин тасаввур, ки фариштагон духтарони Аллоҳ таоло ҳастанд] гуфтанд: «[Аллоҳи] Раҳмон фарзанде [барои хеш] баргузидааст». Ӯ муназзаҳ аст [чунин нест, ки мепиндоранд], балки фариштагон бандагони гиромиаш ҳастанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَا يَسْبِقُونَهُۥ بِٱلْقَوْلِ وَهُم بِأَمْرِهِۦ يَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Онон ҳаргиз дар сухан бар Ӯ пешӣ намегузинад ва [пайваста] ба фармонаш амал мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَلَا يَشْفَعُونَ إِلَّا لِمَنِ ٱرْتَضَىٰ وَهُم مِّنْ خَشْيَتِهِۦ مُشْفِقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Аллоҳ таоло] Гузашта ва ояндаи ононро медонад ва эшон ҷуз барои касе, ки Ӯ писандад, шафоат намекунанд ва худ аз бими Ӯ ҳаросонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَن يَقُلْ مِنْهُمْ إِنِّىٓ إِلَٰهٌ مِّن دُونِهِۦ فَذَٰلِكَ نَجْزِيهِ جَهَنَّمَ كَذَٰلِكَ نَجْزِى ٱلظَّٰلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ҳар касе аз онон бигӯяд: «Ба ҷуз ӯ ман [низ] маъбуд ҳастам», пас, вайро ба дузах кайфар медиҳем. [Оре] Ситамгоронро чунин кайфар медиҳем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَوَلَمْ يَرَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ أَنَّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ كَانَتَا رَتْقًا فَفَتَقْنَٰهُمَا وَجَعَلْنَا مِنَ ٱلْمَآءِ كُلَّ شَىْءٍ حَىٍّ أَفَلَا يُؤْمِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё касоне, ки куфр варзиданд, надиданд, ки [дарҳои неъмати] осмонҳо ва замин баста буд [на бороне меборид ва на гиёҳе мерӯид], пас, он дуро боз кардем ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем? Пас, оё имон намеоваранд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَجَعَلْنَا فِى ٱلْأَرْضِ رَوَٰسِىَ أَن تَمِيدَ بِهِمْ وَجَعَلْنَا فِيهَا فِجَاجًا سُبُلًا لَّعَلَّهُمْ يَهْتَدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва дар замин кӯҳҳое устувор ниҳодем, то мабодо ононро биларзонад ва дар он роҳҳое [васеъ] падид овардем, бошад, ки [дар сафарҳояшон ба мақсад] роҳ ёбанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَجَعَلْنَا ٱلسَّمَآءَ سَقْفًا مَّحْفُوظًا وَهُمْ عَنْ ءَايَٰتِهَا مُعْرِضُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва осмонро сақфе маҳфуз қарор додем ва онон [мушрикон] аз [тафаккур дар] нишонаҳояш рӯйгардонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَهُوَ ٱلَّذِى خَلَقَ ٱلَّيْلَ وَٱلنَّهَارَ وَٱلشَّمْسَ وَٱلْقَمَرَ كُلٌّ فِى فَلَكٍ يَسْبَحُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ӯст, ки шабу рӯз ва хуршеду моҳро офарид [ва чунон муназзам сохт, ки] ҳар як [аз инҳо] дар мадоре [муайян] шиноваранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا جَعَلْنَا لِبَشَرٍ مِّن قَبْلِكَ ٱلْخُلْدَ أَفَإِي۟ن مِّتَّ فَهُمُ ٱلْخَٰلِدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар] Мо пеш аз ту барои ҳеҷ башаре ҷовидонагӣ қарор надодем. Оё агар ту бимирӣ, онон ҷовидонанд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
كُلُّ نَفْسٍ ذَآئِقَةُ ٱلْمَوْتِ وَنَبْلُوكُم بِٱلشَّرِّ وَٱلْخَيْرِ فِتْنَةً وَإِلَيْنَا تُرْجَعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳар касе чашандаи [таъми] марг аст ва [эй мардум] шуморо бо бадӣ ва некӣ меозмоем ва [саранҷом] ба сӯйи Мо бозгарданда мешавед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا رَءَاكَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ إِن يَتَّخِذُونَكَ إِلَّا هُزُوًا أَهَٰذَا ٱلَّذِى يَذْكُرُ ءَالِهَتَكُمْ وَهُم بِذِكْرِ ٱلرَّحْمَٰنِ هُمْ كَٰفِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Касоне, ки куфр варзиданд, ҳар гоҳ ки туро мебинанд, фақат ба масхараат мегиранд [ва мегӯянд]: «Оё ин ҳамон касест, ки аз маъбудонатон [ба бадӣ] ёд мекунад»? Ва ҳол он ки онон худ ёди [Аллоҳи] Раҳмонро инкор мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
خُلِقَ ٱلْإِنسَٰنُ مِنْ عَجَلٍ سَأُو۟رِيكُمْ ءَايَٰتِى فَلَا تَسْتَعْجِلُونِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Инсон [зотан] шитобкор офарида шудааст [ва ҳама чизро пеш аз замони муқаррараш мехоҳад]. Ба зудӣ нишонаҳо [-и азоб]-и хешро нишонатон хоҳем дод, пас, [нузули азобро] ба шитоб нахоҳед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلْوَعْدُ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Кофирон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда [қиёмат] кай хоҳад буд?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَوْ يَعْلَمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ حِينَ لَا يَكُفُّونَ عَن وُجُوهِهِمُ ٱلنَّارَ وَلَا عَن ظُهُورِهِمْ وَلَا هُمْ يُنصَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Касоне, ки куфр варзиданд, агар медонистанд замоне, ки [ба дузах меафтанд] наметавонанд [шуълаҳои] оташро аз чеҳраҳо ва пуштҳояшон боздоранд ва [аз сӯйи ҳеҷ кас] ёрӣ намешаванд [ҳаргиз ин гуна шитобон азобро намехостанд]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
بَلْ تَأْتِيهِم بَغْتَةً فَتَبْهَتُهُمْ فَلَا يَسْتَطِيعُونَ رَدَّهَا وَلَا هُمْ يُنظَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Балки [оташ чунон] ногаҳонӣ ба онон мерасад ва эшонро [чунон саргашта ва] мабҳут мекунад, ки на метавонанд онро [аз худ] дафъ кунанд ва на муҳлати [тавба] ба онон дода мешавад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدِ ٱسْتُهْزِئَ بِرُسُلٍ مِّن قَبْلِكَ فَحَاقَ بِٱلَّذِينَ سَخِرُوا۟ مِنْهُم مَّا كَانُوا۟ بِهِۦ يَسْتَهْزِءُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Яқинан, паёмбарон пеш аз ту [низ] мавриди тамасхур қарор гирифта буданд, пас, бар сари касоне, ки онҳо [азобҳои илоҳӣ]-ро ба ришханд мегирифтанд, ҳамон чизе омад, ки масхарааш мекарданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ مَن يَكْلَؤُكُم بِٱلَّيْلِ وَٱلنَّهَارِ مِنَ ٱلرَّحْمَٰنِ بَلْ هُمْ عَن ذِكْرِ رَبِّهِم مُّعْرِضُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Чи касе шуморо дар шабу рӯз аз [азоби Аллоҳи] Раҳмон нигоҳ медорад? Балки [ҳақ ин аст, ки] онон аз ёди Парвардигорашон рӯйгардонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَمْ لَهُمْ ءَالِهَةٌ تَمْنَعُهُم مِّن دُونِنَا لَا يَسْتَطِيعُونَ نَصْرَ أَنفُسِهِمْ وَلَا هُم مِّنَّا يُصْحَبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё онон маъбудоне доранд, ки [метавонанд] дар баробари Мо аз эшон дифоъ кунанд? [Ҳаргиз!] Онон на метавонанд худро ёрӣ диҳанд ва на аз [азоби] Мо дар амонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
بَلْ مَتَّعْنَا هَٰٓؤُلَآءِ وَءَابَآءَهُمْ حَتَّىٰ طَالَ عَلَيْهِمُ ٱلْعُمُرُ أَفَلَا يَرَوْنَ أَنَّا نَأْتِى ٱلْأَرْضَ نَنقُصُهَا مِنْ أَطْرَافِهَآ أَفَهُمُ ٱلْغَٰلِبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Балки [Мо] онон ва падаронашонро [аз неъматҳои дунявӣ] баҳраманд сохтем, то умрашон ба дарозо кашид [ва мағрур шуданд]. Оё намебинанд, ки Мо [ҳамвора] ба суроғи замин меоем ва онро аз ҳар тараф мекоҳем [ва мардумашро нобуд мекунем]? Пас, оё онон [бар қудрати Аллоҳ таоло] пирӯзанд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ إِنَّمَآ أُنذِرُكُم بِٱلْوَحْىِ وَلَا يَسْمَعُ ٱلصُّمُّ ٱلدُّعَآءَ إِذَا مَا يُنذَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: “Ман фақат шуморо ба василаи ваҳй [аз азоби илоҳӣ] бим медиҳам” ва [-ле] чун ба карон бим дода шавад, даъвати [ҳақ]-ро намешунаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَئِن مَّسَّتْهُمْ نَفْحَةٌ مِّنْ عَذَابِ رَبِّكَ لَيَقُولُنَّ يَٰوَيْلَنَآ إِنَّا كُنَّا ظَٰلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Агар андаке аз азоби Парвардигорат ба онон бирасад, ҳатман, мегӯянд: “Эй вой бар мо [ки], яқинан, ситамгор будаем!”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَنَضَعُ ٱلْمَوَٰزِينَ ٱلْقِسْطَ لِيَوْمِ ٱلْقِيَٰمَةِ فَلَا تُظْلَمُ نَفْسٌ شَيْـًٔا وَإِن كَانَ مِثْقَالَ حَبَّةٍ مِّنْ خَرْدَلٍ أَتَيْنَا بِهَا وَكَفَىٰ بِنَا حَٰسِبِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Рӯзи қиёмат Мо тарозуҳои адлро [барои ҳисобрасӣ дар миён] мениҳем, пас, ба ҳеҷ кас [камтарин] ситаме намешавад ва агар [кирдорашон] ҳамсанги донаи хардале бошад, онро [ба ҳисоб] меоварем ва кофист, ки Мо ҳисобрас бошем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ ءَاتَيْنَا مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ ٱلْفُرْقَانَ وَضِيَآءً وَذِكْرًا لِّلْمُتَّقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ба ростӣ, Мо ба Мӯсо ва Ҳорун китоб [Таврот] додем ва [ин китоб] барои парҳезкорон равшанӣ ва андарзе аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ٱلَّذِينَ يَخْشَوْنَ رَبَّهُم بِٱلْغَيْبِ وَهُم مِّنَ ٱلسَّاعَةِ مُشْفِقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ҳамон] касоне, ки дар ниҳон аз Парвардигорашон метарсанд ва аз қиёмат бимноканд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَهَٰذَا ذِكْرٌ مُّبَارَكٌ أَنزَلْنَٰهُ أَفَأَنتُمْ لَهُۥ مُنكِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ин [Қуръон] панди мубораке аст, ки онро нозил кардем. Оё [боз ҳам] инкораш мекунед?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ ءَاتَيْنَآ إِبْرَٰهِيمَ رُشْدَهُۥ مِن قَبْلُ وَكُنَّا بِهِۦ عَٰلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва бе тардид, пеш аз он Мо ба Иброҳим [рушди фикрӣ ва] ҳидояташро ато кардем ва ба [шоистагиҳои] ӯ доно будем;
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِذْ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوْمِهِۦ مَا هَٰذِهِ ٱلتَّمَاثِيلُ ٱلَّتِىٓ أَنتُمْ لَهَا عَٰكِفُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Он гоҳ ки ба падари худ ва қавмаш гуфт: “Ин муҷассамаҳо чист, ки ба парастиши онҳо истодаед?”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوا۟ وَجَدْنَآ ءَابَآءَنَا لَهَا عَٰبِدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Онон гуфтанд: “Мо падаронамонро дидем, ки онҳоро мепарастиданд”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ لَقَدْ كُنتُمْ أَنتُمْ وَءَابَآؤُكُمْ فِى ضَلَٰلٍ مُّبِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Иброҳим] Гуфт: “Ҳатман, шумо ва падаронатон дар гумроҳии ошкор будаед”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوٓا۟ أَجِئْتَنَا بِٱلْحَقِّ أَمْ أَنتَ مِنَ ٱللَّٰعِبِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Онон гуфтанд: “Оё [сухани] ҳақ бароямон овардаӣ ё шухӣ мекунӣ?”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ بَل رَّبُّكُمْ رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ ٱلَّذِى فَطَرَهُنَّ وَأَنَا۠ عَلَىٰ ذَٰلِكُم مِّنَ ٱلشَّٰهِدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ӯ гуфт: “Балки [суханам ҳақ аст] Парвардигоратон парвардигори осмонҳо ва замин аст, ҳамон ки онҳоро падид овардааст ва ман бар ин [сухан] гувоҳам”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَتَٱللَّهِ لَأَكِيدَنَّ أَصْنَٰمَكُم بَعْدَ أَن تُوَلُّوا۟ مُدْبِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [бо худ гуфт] “Ба Аллоҳ таоло савганд, пас аз он ки пушт кардед ва [ба ҷашн] рафтед, барои [нобудии] бутҳоятон тадбире меандешам”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَجَعَلَهُمْ جُذَٰذًا إِلَّا كَبِيرًا لَّهُمْ لَعَلَّهُمْ إِلَيْهِ يَرْجِعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас [дар ғиёби бутпарастон] ҳамаи онҳоро ба ҷуз [бути] бузургашон бишкаст, шояд, ба суроғи он бираванд [то ҳақоиқро барояшон бозгӯ кунад]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوا۟ مَن فَعَلَ هَٰذَا بِـَٔالِهَتِنَآ إِنَّهُۥ لَمِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Вақте онон бутхонаро чунин диданд] Гуфтанд: “Чи касе бо маъбудони мо чунин кардааст? Ҳатман, ӯ ситамгор аст”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوا۟ سَمِعْنَا فَتًى يَذْكُرُهُمْ يُقَالُ لَهُۥٓ إِبْرَٰهِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Бархе] Гуфтанд: “Мо шунидем ҷавоне, ки ӯро Иброҳим мегӯянд, аз онҳо [ба бадӣ] ёд мекунад”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوا۟ فَأْتُوا۟ بِهِۦ عَلَىٰٓ أَعْيُنِ ٱلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَشْهَدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Гуфтанд: “Пас ӯро дар баробари дидагони мардум биёваред, бошад, ки [бар эътирофаш ба гуноҳ] гувоҳ бошанд”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوٓا۟ ءَأَنتَ فَعَلْتَ هَٰذَا بِـَٔالِهَتِنَا يَٰٓإِبْرَٰهِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Вақте Иброҳимро оварданд] Гуфтанд: “Эй Иброҳим, оё ту ин [кор] -ро бо маъбудони мо кардаӣ?”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ بَلْ فَعَلَهُۥ كَبِيرُهُمْ هَٰذَا فَسْـَٔلُوهُمْ إِن كَانُوا۟ يَنطِقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ӯ гуфт: “Балки [бути] бузургашон чунин кардааст. Агар сухан мегӯянд, аз онҳо бипурсед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَرَجَعُوٓا۟ إِلَىٰٓ أَنفُسِهِمْ فَقَالُوٓا۟ إِنَّكُمْ أَنتُمُ ٱلظَّٰلِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Он гоҳ [онон] ба худ омаданд ва [ба якдигар] гуфтанд: “Воқеан, шумо [мушрику] ситамгоред”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ثُمَّ نُكِسُوا۟ عَلَىٰ رُءُوسِهِمْ لَقَدْ عَلِمْتَ مَا هَٰٓؤُلَآءِ يَنطِقُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Сипас [боз ҳам] сар ба душманӣ ва инкор бардоштанд [ва гуфтанд] “Ту хуб медонӣ, ки инҳо сухан намегӯянд”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ أَفَتَعْبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَنفَعُكُمْ شَيْـًٔا وَلَا يَضُرُّكُمْ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Иброҳим] гуфт: “Оё ба ҷойи Аллоҳ таоло чизҳоеро мепарастед, ки на суде бароятон дорад ва на зиёне ба шумо мерасонад?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أُفٍّ لَّكُمْ وَلِمَا تَعْبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَفَلَا تَعْقِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Вой бар шумо ва бар он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед! Оё намеандешед?”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوا۟ حَرِّقُوهُ وَٱنصُرُوٓا۟ ءَالِهَتَكُمْ إِن كُنتُمْ فَٰعِلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Онон гуфтанд: “Агар мехоҳед [барои муҷозоташ] коре кунед, ӯро бисӯзонед ва маъбудонатонро ёрӣ диҳед”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْنَا يَٰنَارُ كُونِى بَرْدًا وَسَلَٰمًا عَلَىٰٓ إِبْرَٰهِيمَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Саранҷом ӯро дар оташ андохтанд, вале Мо] Гуфтем: “Эй оташ, бар Иброҳим сард ва саломат бош”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَرَادُوا۟ بِهِۦ كَيْدًا فَجَعَلْنَٰهُمُ ٱلْأَخْسَرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва хостанд барои [нобудии ӯ найранге ба кор баранд, вале Мо ононро зиёнкортарин [мардум] сохтем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَنَجَّيْنَٰهُ وَلُوطًا إِلَى ٱلْأَرْضِ ٱلَّتِى بَٰرَكْنَا فِيهَا لِلْعَٰلَمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ӯ ва Лутро [бо ҳиҷрат] ба сарзамине, ки барои ҷаҳониён дар он баракат ниҳодаем [Шом], наҷот додем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَوَهَبْنَا لَهُۥٓ إِسْحَٰقَ وَيَعْقُوبَ نَافِلَةً وَكُلًّا جَعَلْنَا صَٰلِحِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Исҳоқ ва [навааш] Яъқубро [низ ба унвони бахшиш] афзунӣ ба ӯ бахшидем ва ҳамагиашонро [афроде] шоиста гардонидем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَجَعَلْنَٰهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا وَأَوْحَيْنَآ إِلَيْهِمْ فِعْلَ ٱلْخَيْرَٰتِ وَإِقَامَ ٱلصَّلَوٰةِ وَإِيتَآءَ ٱلزَّكَوٰةِ وَكَانُوا۟ لَنَا عَٰبِدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ононро пешвоёне қарор додем, ки ба фармони Мо [мардумро] ҳидоят мекарданд ва анҷоми корҳои нек ва барпо доштани намоз ва адои закотро ба эшон ваҳй кардем ва онон [ҳама] парастишгари Мо буданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلُوطًا ءَاتَيْنَٰهُ حُكْمًا وَعِلْمًا وَنَجَّيْنَٰهُ مِنَ ٱلْقَرْيَةِ ٱلَّتِى كَانَت تَّعْمَلُ ٱلْخَبَٰٓئِثَ إِنَّهُمْ كَانُوا۟ قَوْمَ سَوْءٍ فَٰسِقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Мо ба Лут [иҷозати] қазоват ва илм [-и дин] додем ва ӯро аз шаҳре, ки [сокинонаш] аъмоли зишт [-у палид] анҷом медоданд, наҷот бахшидем. Ба ростӣ, ки онон гурӯҳе палид ва нофармон буданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَدْخَلْنَٰهُ فِى رَحْمَتِنَآ إِنَّهُۥ مِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ӯро дар раҳмати худ ворид кардем. Бе гумон, ӯ аз шоистагон буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَنُوحًا إِذْ نَادَىٰ مِن قَبْلُ فَٱسْتَجَبْنَا لَهُۥ فَنَجَّيْنَٰهُ وَأَهْلَهُۥ مِنَ ٱلْكَرْبِ ٱلْعَظِيمِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Нуҳро [ёд кун] ҳангоме ки пештар [аз соири паёмбарон моро] нидо дод. Пас, Мо [низ дуои] вайро иҷобат кардем, он гоҳ ӯ ва хонадонашро аз андуҳи бузург наҷот додем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَنَصَرْنَٰهُ مِنَ ٱلْقَوْمِ ٱلَّذِينَ كَذَّبُوا۟ بِـَٔايَٰتِنَآ إِنَّهُمْ كَانُوا۟ قَوْمَ سَوْءٍ فَأَغْرَقْنَٰهُمْ أَجْمَعِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва дар баробари қавме, ки оёти Моро дурӯғ ангошта буданд, ёриаш кардем. Бе тардид, онон гурӯҳи бадкирдоре буданд, пас, ҳамагиашонро ғарқ кардем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَدَاوُۥدَ وَسُلَيْمَٰنَ إِذْ يَحْكُمَانِ فِى ٱلْحَرْثِ إِذْ نَفَشَتْ فِيهِ غَنَمُ ٱلْقَوْمِ وَكُنَّا لِحُكْمِهِمْ شَٰهِدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ёд кун аз] Довуд ва Сулаймон он гоҳ ки дар бораи киштзоре доварӣ мекарданд, ки гӯсфандони қавм шабона дар он чарида буданд ва Мо бар доварии онон гувоҳ будем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَفَهَّمْنَٰهَا سُلَيْمَٰنَ وَكُلًّا ءَاتَيْنَا حُكْمًا وَعِلْمًا وَسَخَّرْنَا مَعَ دَاوُۥدَ ٱلْجِبَالَ يُسَبِّحْنَ وَٱلطَّيْرَ وَكُنَّا فَٰعِلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, он [ҳақиқат]-ро ба Сулаймон фаҳмонидем ва ба ҳар як аз онон паёмбарӣ ва дониш [-и амал ба аҳкоми дин] ато кардем ва кӯҳҳо ва парандагон дар хидмати Довуд гумоштем, ки [ҳамроҳ бо ӯ Парвардигорро] тасбеҳ мегуфтанд ва Мо будем, ки ин [ҳама]-ро анҷом додем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَعَلَّمْنَٰهُ صَنْعَةَ لَبُوسٍ لَّكُمْ لِتُحْصِنَكُم مِّنۢ بَأْسِكُمْ فَهَلْ أَنتُمْ شَٰكِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ба ӯ сохтани зиреҳро омӯхтем, то шуморо аз [осеби] ҷангҳоятон ҳифз кунад. Пас, оё шукр мегузоред?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلِسُلَيْمَٰنَ ٱلرِّيحَ عَاصِفَةً تَجْرِى بِأَمْرِهِۦٓ إِلَى ٱلْأَرْضِ ٱلَّتِى بَٰرَكْنَا فِيهَا وَكُنَّا بِكُلِّ شَىْءٍ عَٰلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва тундбодро барои Сулаймон [ба хидмат гумоштем], ки ба фармони ӯ ба сӯйи сарзамине, ки дар он баракат ниҳода будем [Шом], равон буд ва мо бар ҳар чиз доно будем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمِنَ ٱلشَّيَٰطِينِ مَن يَغُوصُونَ لَهُۥ وَيَعْمَلُونَ عَمَلًا دُونَ ذَٰلِكَ وَكُنَّا لَهُمْ حَٰفِظِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [низ] аз шаётин касонеро [гумоштем], ки барояш ғаввосӣ мекарданд [ва ҷавоҳир меоварданд] ва корҳое ғайр аз ин [низ] анҷом медоданд ва мо муроқиби [рафтор ва теъдоди] онон будем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَيُّوبَ إِذْ نَادَىٰ رَبَّهُۥٓ أَنِّى مَسَّنِىَ ٱلضُّرُّ وَأَنتَ أَرْحَمُ ٱلرَّٰحِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва Аюбро [ёд кун] он гоҳ ки Парвардигорашро [чунин нидо дод: “Ранҷ [-у беморӣ] ба ман расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱسْتَجَبْنَا لَهُۥ فَكَشَفْنَا مَا بِهِۦ مِن ضُرٍّ وَءَاتَيْنَٰهُ أَهْلَهُۥ وَمِثْلَهُم مَّعَهُمْ رَحْمَةً مِّنْ عِندِنَا وَذِكْرَىٰ لِلْعَٰبِدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, Мо [дуои] ӯро иҷобат кардем ва ранҷеро, ки ба ӯ расида буд, бартараф сохтем ва хонаводааш ва [низ теъдоде] ҳаммонандашонро ба ҳамроҳи онон ба вай бозгардонидем, [то] раҳмате аз ҷониби Мо ва панде барои парастишгарон бошад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِسْمَٰعِيلَ وَإِدْرِيسَ وَذَا ٱلْكِفْلِ كُلٌّ مِّنَ ٱلصَّٰبِرِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ёд кун аз] Исмоил ва Идрис ва Зу-л-кифл, ки ҳамагӣ аз шикебоён буданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَأَدْخَلْنَٰهُمْ فِى رَحْمَتِنَآ إِنَّهُم مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [Мо] ононро дар раҳмати хеш ворид кардем. Бе тардид, онон аз шоистагон буданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَذَا ٱلنُّونِ إِذ ذَّهَبَ مُغَٰضِبًا فَظَنَّ أَن لَّن نَّقْدِرَ عَلَيْهِ فَنَادَىٰ فِى ٱلظُّلُمَٰتِ أَن لَّآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنتَ سُبْحَٰنَكَ إِنِّى كُنتُ مِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ёд кун аз] Зу-н-нун [Юнус] он гоҳ ки хашмгин [аз миёни қавмаш] рафт ва чунин пиндошт, ки Мо ҳаргиз бар ӯ танг намегирем [ва ба хотири ин кор муҷозоташ намекунем]. Пас, [вақте моҳӣ ӯро фурӯ бурд] дар торикиҳо нидо дод, ки: “[Парвардигоро] Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз ту нест. Ту муназзаҳӣ. Бе тардид, ман аз ситамгорон будаам”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱسْتَجَبْنَا لَهُۥ وَنَجَّيْنَٰهُ مِنَ ٱلْغَمِّ وَكَذَٰلِكَ نُـۨجِى ٱلْمُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас дуояшро иҷобат кардем ва аз андуҳ наҷоташ додем ва муъминонро [низ] ин чунин наҷот медиҳем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَزَكَرِيَّآ إِذْ نَادَىٰ رَبَّهُۥ رَبِّ لَا تَذَرْنِى فَرْدًا وَأَنتَ خَيْرُ ٱلْوَٰرِثِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ёд кун аз] Закариё, он гоҳ ки Парвардигорашро [ин гуна] нидо дод: “Парвардигоро, маро танҳо [ва бефарзанд] магзор ва ту беҳтарин бозмондаӣ [ворисонӣ]”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱسْتَجَبْنَا لَهُۥ وَوَهَبْنَا لَهُۥ يَحْيَىٰ وَأَصْلَحْنَا لَهُۥ زَوْجَهُۥٓ إِنَّهُمْ كَانُوا۟ يُسَٰرِعُونَ فِى ٱلْخَيْرَٰتِ وَيَدْعُونَنَا رَغَبًا وَرَهَبًا وَكَانُوا۟ لَنَا خَٰشِعِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, дуояшро иҷобат кардем ва Яҳёро ба ӯ бахшидем ва ҳамсарашро [ки нозо буд] барояш шоиста [ва омодаи бордорӣ] намудем. Онон ҳамвора дар корҳои хайр мешитофтанд ва дар ҳоли биму умед Моро мехонданд ва пайваста барои Мо [фармонбардор ва] фурӯтан буданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّتِىٓ أَحْصَنَتْ فَرْجَهَا فَنَفَخْنَا فِيهَا مِن رُّوحِنَا وَجَعَلْنَٰهَا وَٱبْنَهَآ ءَايَةً لِّلْعَٰلَمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ёд кун аз Марям] зане, ки домани худро пок нигоҳ дошт ва [Мо] аз руҳи хеш дар [вуҷуди] ӯ дамидем ва ӯ ва писарашро барои ҷаҳониён нишонае [аз қудрати илоҳӣ] қарор додем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ هَٰذِهِۦٓ أُمَّتُكُمْ أُمَّةً وَٰحِدَةً وَأَنَا۠ رَبُّكُمْ فَٱعْبُدُونِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй мардум] Ба ростӣ, ин оини шумо оини ягона [ва асосёфта бар яктопарастӣ] аст ва Ман Парвардигоратон ҳастам, пас, Маро бипарастед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَتَقَطَّعُوٓا۟ أَمْرَهُم بَيْنَهُمْ كُلٌّ إِلَيْنَا رَٰجِعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [мардум] миёни худ дар амри [дин]-ашон фирқа-фирқа шуданд; [вале саранҷом] ҳамагӣ ба сӯи Мо бозмегарданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَمَن يَعْمَلْ مِنَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَلَا كُفْرَانَ لِسَعْيِهِۦ وَإِنَّا لَهُۥ كَٰتِبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, ҳар ки корҳои шоиста анҷом диҳад ва муъмин бошад, дар баробари кӯшиши ӯ носипосӣ нахоҳад шуд ва Мо корҳояшро менависем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَحَرَٰمٌ عَلَىٰ قَرْيَةٍ أَهْلَكْنَٰهَآ أَنَّهُمْ لَا يَرْجِعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [мардуми] ҳар шаҳреро, ки [бар асари куфру гуноҳ] нобудаш кардем, маҳол аст, ки [битавонанд ба қасди тавба ба дунё] бозгарданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
حَتَّىٰٓ إِذَا فُتِحَتْ يَأْجُوجُ وَمَأْجُوجُ وَهُم مِّن كُلِّ حَدَبٍ يَنسِلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center То замоне, ки [садди] Яъҷуҷу Маъҷуҷ кушода шавад ва онон аз ҳар баландӣ [ва тепае] шитобон сарозер гарданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱقْتَرَبَ ٱلْوَعْدُ ٱلْحَقُّ فَإِذَا هِىَ شَٰخِصَةٌ أَبْصَٰرُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ يَٰوَيْلَنَا قَدْ كُنَّا فِى غَفْلَةٍ مِّنْ هَٰذَا بَلْ كُنَّا ظَٰلِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ваъдаи ҳақ [қиёмат] наздик гардад. Пас, дар он ҳангом чашмҳои касоне, ки куфр варзиданд, [аз шиддати ваҳшат] хира мемонад [ва мегӯянд]: “Эй вой бар мо! Ҳатман, мо аз ин [ҳодиса] дар ғафлат будем! Балки [кофиру] ситамгор будем”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّكُمْ وَمَا تَعْبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ حَصَبُ جَهَنَّمَ أَنتُمْ لَهَا وَٰرِدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ба онон гуфта мешавад] “Ҳатман, шумо ва он чи ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед, ҳезуми дузахед, [ва ҳамагӣ] дар он ворид хоҳед шуд”
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَوْ كَانَ هَٰٓؤُلَآءِ ءَالِهَةً مَّا وَرَدُوهَا وَكُلٌّ فِيهَا خَٰلِدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Агар ин бутҳо маъбудоне [ба ҳақ] буданд, ҳаргиз вориди он намешуданд ва ҳол он ки ҳамагӣ дар он [азоби сӯзон] ҷовидонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَهُمْ فِيهَا زَفِيرٌ وَهُمْ فِيهَا لَا يَسْمَعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Дар он ҷо нолаҳое [дарднок] доранд ва [аз шиддати дарду тарс] чизе намешунаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱلَّذِينَ سَبَقَتْ لَهُم مِّنَّا ٱلْحُسْنَىٰٓ أُو۟لَٰٓئِكَ عَنْهَا مُبْعَدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Касоне, ки пештар аз ҷониби Мо ба эшон ваъдаи наку [биҳишт] дода шудааст, яқинан, аз он [азоб] дур нигаҳ дошта мешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَا يَسْمَعُونَ حَسِيسَهَا وَهُمْ فِى مَا ٱشْتَهَتْ أَنفُسُهُمْ خَٰلِدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Онон садои он [оташи ҳавлнок ва фарёдҳои дузахиён]-ро намешунаванд ва дар он чи майл дошта бошанд, ҷовидона [дар осоиш] ҳастанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَا يَحْزُنُهُمُ ٱلْفَزَعُ ٱلْأَكْبَرُ وَتَتَلَقَّىٰهُمُ ٱلْمَلَٰٓئِكَةُ هَٰذَا يَوْمُكُمُ ٱلَّذِى كُنتُمْ تُوعَدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ваҳшати бузурги [қиёмат] андуҳгинашон намесозад ва фариштагон ба истиқболашон меоянд [ва мегӯянд]: «Ин ҳамон рӯзест, ки ба шумо ваъда дода мешуд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَوْمَ نَطْوِى ٱلسَّمَآءَ كَطَىِّ ٱلسِّجِلِّ لِلْكُتُبِ كَمَا بَدَأْنَآ أَوَّلَ خَلْقٍ نُّعِيدُهُۥ وَعْدًا عَلَيْنَآ إِنَّا كُنَّا فَٰعِلِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Рӯзе, ки осмонро чун туморе навишташуда дар ҳам мепечем, [ва] ҳамон гуна ки нахустин [бор] офаринишро оғоз кардем, [бори дигар] онро бозмегардонем. [Ин] Ваъдае аст бар уҳдаи Мо, ки ҳатман, анҷомаш хоҳем дод
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ كَتَبْنَا فِى ٱلزَّبُورِ مِنۢ بَعْدِ ٱلذِّكْرِ أَنَّ ٱلْأَرْضَ يَرِثُهَا عِبَادِىَ ٱلصَّٰلِحُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ба ростӣ, пас аз Таврот дар Забур навиштем, ки: «Заминро бандагони шоистаам ба ирс мебаранд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ فِى هَٰذَا لَبَلَٰغًا لِّقَوْمٍ عَٰبِدِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бе гумон, дар ин [сухан ибрату] паёми равшане барои парастишгарон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَآ أَرْسَلْنَٰكَ إِلَّا رَحْمَةً لِّلْعَٰلَمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [эй Муҳаммад] туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ إِنَّمَا يُوحَىٰٓ إِلَىَّ أَنَّمَآ إِلَٰهُكُمْ إِلَٰهٌ وَٰحِدٌ فَهَلْ أَنتُم مُّسْلِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Дар ҳақиқат, ба ман ваҳй мешавад, ки: «Бе тардид, маъбуди шумо маъбуде ягона аст. Пас, оё таслим [-и даъвати ҳақ] мешавед?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَإِن تَوَلَّوْا۟ فَقُلْ ءَاذَنتُكُمْ عَلَىٰ سَوَآءٍ وَإِنْ أَدْرِىٓ أَقَرِيبٌ أَم بَعِيدٌ مَّا تُوعَدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, агар рӯйгардон шуданд, бигӯ: «Ман [ҳамаи] шуморо ба таври яксон огоҳ кардам [ва дар бораи азоби илоҳӣ ҳушдор додам] ва намедонам, он чи ки ба шумо ваъда дода мешавад, наздик аст ё дур»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّهُۥ يَعْلَمُ ٱلْجَهْرَ مِنَ ٱلْقَوْلِ وَيَعْلَمُ مَا تَكْتُمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Яқинан, ӯ сухани ошкоро медонад ва он чиро [дар дили хеш] пинҳон мекунед, [низ] медонад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِنْ أَدْرِى لَعَلَّهُۥ فِتْنَةٌ لَّكُمْ وَمَتَٰعٌ إِلَىٰ حِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва намедонам, шояд ин [таъхири азоб мояи] озмоиш ва баҳрамандии шумо то муддате [муайян] бошад»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَٰلَ رَبِّ ٱحْكُم بِٱلْحَقِّ وَرَبُّنَا ٱلرَّحْمَٰنُ ٱلْمُسْتَعَانُ عَلَىٰ مَا تَصِفُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Паёмбар] Гуфт: «Парвардигоро, [байни мо ва кофирон] ба ҳақ доварӣ кун ва Парвардигори мо [Аллоҳи] Раҳмон аст, ки дар баробари он чи [аз куфру ширк] мегӯед, аз ӯ ёрӣ мехоҳем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
← Сураи Taa-Haa
Сураи Al-Hajj →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→
Матни арабӣ ва тарҷумаҳо тавассути Tanzil ва QuranEnc — айнан, бетағйир · Тарҷумаҳо ба тарҷумонҳояшон тааллуқ доранд ва худи Қуръон нестанд
Ин ёрирасони таҳқиқотист, на манбаи фатво.