caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Fussilat فصلت

54 оят · Макка · тартиби нузул 61

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ حمٓ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲо, мим.[1]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

تَنزِيلٌ مِّنَ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ин Қуръон] Аз сӯи Аллоҳи бахшандаи меҳрубон нозил шудааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

كِتَٰبٌ فُصِّلَتْ ءَايَٰتُهُۥ قُرْءَانًا عَرَبِيًّا لِّقَوْمٍ يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКитобест, ки оёташ ба забони арабӣ барои мардуме, ки медонанд, ба шевоӣ ва равшанӣ баён шудааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَشِيرًا وَنَذِيرًا فَأَعْرَضَ أَكْثَرُهُمْ فَهُمْ لَا يَسْمَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Китобе] Башоратдиҳанда ва бимдиҳанда аст, вале бештари мардум рӯйгардонанд ва [ҳақоиқро] намешунаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوا۟ قُلُوبُنَا فِىٓ أَكِنَّةٍ مِّمَّا تَدْعُونَآ إِلَيْهِ وَفِىٓ ءَاذَانِنَا وَقْرٌ وَمِنۢ بَيْنِنَا وَبَيْنِكَ حِجَابٌ فَٱعْمَلْ إِنَّنَا عَٰمِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМушрикон гуфтанд: «Дилҳои мо нисбат ба он чи моро даъват мекунӣ, дар пӯшише [аз бетафовутӣ] қарор дорад ва дар гӯшҳоямон сангинӣ аст ва миёни мо ва ту фосила аст, пас, ту ба кори худ машғул бош ва мо низ ба кори худ»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ إِنَّمَآ أَنَا۠ بَشَرٌ مِّثْلُكُمْ يُوحَىٰٓ إِلَىَّ أَنَّمَآ إِلَٰهُكُمْ إِلَٰهٌ وَٰحِدٌ فَٱسْتَقِيمُوٓا۟ إِلَيْهِ وَٱسْتَغْفِرُوهُ وَوَيْلٌ لِّلْمُشْرِكِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба онон] бигӯ: «Ман фақат башаре ҳамчун шумо ҳастам [бо ин тафовут], ки ба ман ваҳй мешавад: «Маъбуди шумо маъбудест ягона, пас, ба Ӯ рӯй оваред ва аз Ӯ омурзиш бихоҳед ва вой ба ҳоли мушрикон!»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ لَا يُؤْتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَهُم بِٱلْـَٔاخِرَةِ هُمْ كَٰفِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон, ки закот намепардозанд ва охиратро инкор мекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمْ أَجْرٌ غَيْرُ مَمْنُونٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Вале] Муъминони некукор подоше бепоён доранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ أَئِنَّكُمْ لَتَكْفُرُونَ بِٱلَّذِى خَلَقَ ٱلْأَرْضَ فِى يَوْمَيْنِ وَتَجْعَلُونَ لَهُۥٓ أَندَادًا ذَٰلِكَ رَبُّ ٱلْعَٰلَمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: Оё он [Холиқи тавонманд]- еро, ки заминро дар ду рӯз офарид, инкор мекунед ва барояш ҳамтоёне қоил мешавед? Ин [Офаридгори яктост, ки] Парвардигори ҷаҳониён аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَعَلَ فِيهَا رَوَٰسِىَ مِن فَوْقِهَا وَبَٰرَكَ فِيهَا وَقَدَّرَ فِيهَآ أَقْوَٰتَهَا فِىٓ أَرْبَعَةِ أَيَّامٍ سَوَآءً لِّلسَّآئِلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮ тайи чаҳор рӯз бар рӯйи замин кӯҳҳои устуворро падид овард ва дар он хайру баракати фаровон ниҳод ва ризқу рӯзии онро дуруст ба андозаи ниёзи тақозокунандагон муқаддар намуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ ٱسْتَوَىٰٓ إِلَى ٱلسَّمَآءِ وَهِىَ دُخَانٌ فَقَالَ لَهَا وَلِلْأَرْضِ ٱئْتِيَا طَوْعًا أَوْ كَرْهًا قَالَتَآ أَتَيْنَا طَآئِعِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ба осмон пардохт, дар ҳоле ки [ҳанӯз] ба сурати газ [дуд] буд. Ва ба осмону замин гуфт: «Хоҳ- нохоҳ аз дари таслим дароед». Он ду гуфтанд: «Бо майл аз дари таслим даромадем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَقَضَىٰهُنَّ سَبْعَ سَمَٰوَاتٍ فِى يَوْمَيْنِ وَأَوْحَىٰ فِى كُلِّ سَمَآءٍ أَمْرَهَا وَزَيَّنَّا ٱلسَّمَآءَ ٱلدُّنْيَا بِمَصَٰبِيحَ وَحِفْظًا ذَٰلِكَ تَقْدِيرُ ٱلْعَزِيزِ ٱلْعَلِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас он тӯдаи газро ба сурати ҳафт осмон дар ду рӯз офарид ва ба ҳар осмоне барномаашро ваҳй кард ва осмони дунёро бо чароғҳое [аз ситорагон] оростем ва [аз шарри шаётин] ҳифз намудем. Ин аст тақдири [Парвардигори] шикастнопазири доно»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِنْ أَعْرَضُوا۟ فَقُلْ أَنذَرْتُكُمْ صَٰعِقَةً مِّثْلَ صَٰعِقَةِ عَادٍ وَثَمُودَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Агар онон [аз пазириши ислом] рӯй гардонанд, бигӯ: «Ба шумо дар бораи соиқае назири [он чи] қавми Оду Самуд [-ро аз пой даровард] ҳушдор медиҳам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِذْ جَآءَتْهُمُ ٱلرُّسُلُ مِنۢ بَيْنِ أَيْدِيهِمْ وَمِنْ خَلْفِهِمْ أَلَّا تَعْبُدُوٓا۟ إِلَّا ٱللَّهَ قَالُوا۟ لَوْ شَآءَ رَبُّنَا لَأَنزَلَ مَلَٰٓئِكَةً فَإِنَّا بِمَآ أُرْسِلْتُم بِهِۦ كَٰفِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ки паёмбарони илоҳӣ паёпай ба суроғашон меомаданд, [бо ин паём] ки: «Ҷуз Аллоҳро напарастед», онон [дар посух] мегуфтанд: «Агар Парвардигорамон мехост, [паёми ҳидоятгаре бифиристад] фариштагоне нозил мекард. Мо паёмеро, ки шумо маъмури [иблоғи] он ҳастед, бовар намекунем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَمَّا عَادٌ فَٱسْتَكْبَرُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ بِغَيْرِ ٱلْحَقِّ وَقَالُوا۟ مَنْ أَشَدُّ مِنَّا قُوَّةً أَوَلَمْ يَرَوْا۟ أَنَّ ٱللَّهَ ٱلَّذِى خَلَقَهُمْ هُوَ أَشَدُّ مِنْهُمْ قُوَّةً وَكَانُوا۟ بِـَٔايَٰتِنَا يَجْحَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАммо [қавми] Од ба ноҳақ дар замин такаббур меварзиданд ва мегуфтанд: «Чи касе нерумандтар аз мост»? Оё намедонистанд Аллоҳ таоло [он Холиқи якто]-е, ки ононро офарида, нерумандтар аз онон аст? Вале [бо ситезу гарданкашӣ] оёти Моро инкор мекарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ رِيحًا صَرْصَرًا فِىٓ أَيَّامٍ نَّحِسَاتٍ لِّنُذِيقَهُمْ عَذَابَ ٱلْخِزْىِ فِى ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا وَلَعَذَابُ ٱلْـَٔاخِرَةِ أَخْزَىٰ وَهُمْ لَا يُنصَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСаранҷом тундбоде сарду сахт дар рӯзҳое шум ба онон фиристодем, то азоби расвоӣ [ва сангин]-ро дар зиндагии дунё ба онон бичашонем, вале азоби охират расвокунандатар аст ва [аз ҳеҷ сӯ] ёрӣ нахоҳанд шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَمَّا ثَمُودُ فَهَدَيْنَٰهُمْ فَٱسْتَحَبُّوا۟ ٱلْعَمَىٰ عَلَى ٱلْهُدَىٰ فَأَخَذَتْهُمْ صَٰعِقَةُ ٱلْعَذَابِ ٱلْهُونِ بِمَا كَانُوا۟ يَكْسِبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аммо қавми Самудро низ ҳидоят кардем, вале онон кӯрдилиро ба ҳидоят тарҷеҳ доданд ва ба [сазои] дастовардашон соиқаи азоби хоркунанда ононро фаро гирифт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَنَجَّيْنَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَكَانُوا۟ يَتَّقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касонеро, ки имон оварда ва [аз гуноҳу нофармонӣ] парво мекарданд, наҷот додем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَوْمَ يُحْشَرُ أَعْدَآءُ ٱللَّهِ إِلَى ٱلنَّارِ فَهُمْ يُوزَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ёд кун аз] Рӯзе, ки душманони Аллоҳро ба сӯйи оташи дузах эҳзор мекунанд ва [аз парокандагӣ] бозмедоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

حَتَّىٰٓ إِذَا مَا جَآءُوهَا شَهِدَ عَلَيْهِمْ سَمْعُهُمْ وَأَبْصَٰرُهُمْ وَجُلُودُهُم بِمَا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТо чун ба дузах мерасанд, гӯшу чашму пусташон аъмолашонро гувоҳӣ медиҳанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوا۟ لِجُلُودِهِمْ لِمَ شَهِدتُّمْ عَلَيْنَا قَالُوٓا۟ أَنطَقَنَا ٱللَّهُ ٱلَّذِىٓ أَنطَقَ كُلَّ شَىْءٍ وَهُوَ خَلَقَكُمْ أَوَّلَ مَرَّةٍ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон ба пӯсти худ мегӯянд: «Чаро алайҳи мо гувоҳӣ додед»? [Дар ҷавоб] Мегӯянд: «Аллоҳ таоло [ҳамон Холиқи тавонманде], ки ҳама мавҷудотро гӯё карда, моро низ ба сухан даровардааст ва Ӯст, ки нахустин бор шуморо офарид ва [саранҷом ҳамагӣ] ба пешгоҳи Ӯ бозгардонда мешавед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا كُنتُمْ تَسْتَتِرُونَ أَن يَشْهَدَ عَلَيْكُمْ سَمْعُكُمْ وَلَآ أَبْصَٰرُكُمْ وَلَا جُلُودُكُمْ وَلَٰكِن ظَنَنتُمْ أَنَّ ٱللَّهَ لَا يَعْلَمُ كَثِيرًا مِّمَّا تَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterШумо, ки [гуноҳонатонро] пинҳон намекардед, на аз он бобат буд, ки тасаввур мекардед, гӯшу чашму пӯстатон алайҳи шумо гувоҳӣ намедиҳанд, балки гумон мекардед, ки Аллоҳ таоло бар бисёре аз аъмоле, ки мекунед, огоҳ нест

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَذَٰلِكُمْ ظَنُّكُمُ ٱلَّذِى ظَنَنتُم بِرَبِّكُمْ أَرْدَىٰكُمْ فَأَصْبَحْتُم مِّنَ ٱلْخَٰسِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн пиндори шумо дар бораи Парвардигоратон буд, ки муҷиби ҳалокати шумо гардид ва [саранҷом] зиёнкор шудед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِن يَصْبِرُوا۟ فَٱلنَّارُ مَثْوًى لَّهُمْ وَإِن يَسْتَعْتِبُوا۟ فَمَا هُم مِّنَ ٱلْمُعْتَبِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар шикебоӣ ва таҳаммул кунанд [ё накунанд], оташ ҷойгоҳашон аст ва агар талаби ризоят кунанд, пазируфта нахоҳанд шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَيَّضْنَا لَهُمْ قُرَنَآءَ فَزَيَّنُوا۟ لَهُم مَّا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَحَقَّ عَلَيْهِمُ ٱلْقَوْلُ فِىٓ أُمَمٍ قَدْ خَلَتْ مِن قَبْلِهِم مِّنَ ٱلْجِنِّ وَٱلْإِنسِ إِنَّهُمْ كَانُوا۟ خَٰسِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо ҳамнишиноне [аз шаётин] бар онон гумоштем, ки [корҳои] гузашта ва [орзуҳои] ояндаро дар назарашон оростаанд ва [бад-ин сон] фармони муҷозот дар мавриди онон таҳаққуқ ёфт ва ба азоби ақвоми гумроҳе аз ҷину инс, ки пеш аз онон буданд, гирифтор шуданд. Бе гумон, онон зиёнкор буданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ لَا تَسْمَعُوا۟ لِهَٰذَا ٱلْقُرْءَانِ وَٱلْغَوْا۟ فِيهِ لَعَلَّكُمْ تَغْلِبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКофирон [ки дар баробари ҳақ оҷиз гашта буданд] гуфтанд: «Ба ин Қуръон гӯш накунед ва [ҳангоми тиловати] он ҷанҷол кунед [ва суханони беҳуда бигӯед], бошад, ки пирӯз гардед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَنُذِيقَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ عَذَابًا شَدِيدًا وَلَنَجْزِيَنَّهُمْ أَسْوَأَ ٱلَّذِى كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, яқинан, ба кофирон азоби сахте мечашонем ва ононро бар асоси [ҷазои] бадтарини корҳояшон кайфар медиҳем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَٰلِكَ جَزَآءُ أَعْدَآءِ ٱللَّهِ ٱلنَّارُ لَهُمْ فِيهَا دَارُ ٱلْخُلْدِ جَزَآءًۢ بِمَا كَانُوا۟ بِـَٔايَٰتِنَا يَجْحَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн аст сазои душманони Аллоҳ таоло: оташе, ки дар он сукунати ҷовидон доранд, ба кайфари он ки оёти Моро инкор мекарданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ رَبَّنَآ أَرِنَا ٱلَّذَيْنِ أَضَلَّانَا مِنَ ٱلْجِنِّ وَٱلْإِنسِ نَجْعَلْهُمَا تَحْتَ أَقْدَامِنَا لِيَكُونَا مِنَ ٱلْأَسْفَلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКофирон [ба ҳангоми азоб] мегӯянд: «Парвардигоро, [афроде] аз ду гурӯҳ: ҷин ва инсро, ки омили гумроҳиямон буданд, ба мо нишон бидеҳ, ки лагадкӯбашон кунем, то аз ҳама залилтар шаванд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ قَالُوا۟ رَبُّنَا ٱللَّهُ ثُمَّ ٱسْتَقَٰمُوا۟ تَتَنَزَّلُ عَلَيْهِمُ ٱلْمَلَٰٓئِكَةُ أَلَّا تَخَافُوا۟ وَلَا تَحْزَنُوا۟ وَأَبْشِرُوا۟ بِٱلْجَنَّةِ ٱلَّتِى كُنتُمْ تُوعَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Аммо] Касоне, ки гуфтанд: «Парвардигори мо Аллоҳ таоло аст», он гоҳ [аз бандагии ғайри Ӯ сар боз заданд ва бар эътиқоди худ] пой фишурданд, фариштагон бар онон фуруд меоянд [ва мегӯянд]: «Натарсед ва андуҳ надошта бошед ва башорат бод бар шумо он биҳишти мавъудатон!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

نَحْنُ أَوْلِيَآؤُكُمْ فِى ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا وَفِى ٱلْـَٔاخِرَةِ وَلَكُمْ فِيهَا مَا تَشْتَهِىٓ أَنفُسُكُمْ وَلَكُمْ فِيهَا مَا تَدَّعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМо дар зиндагии дунё ва охират дӯстдори шумоем ва дар биҳишт ҳар чи дилатон бихоҳад ва дархост кунед, дар ихтиёри шумост

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

نُزُلًا مِّنْ غَفُورٍ رَّحِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа унвони пазироӣ аз ҷониби омурзгоре меҳрубон»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَنْ أَحْسَنُ قَوْلًا مِّمَّن دَعَآ إِلَى ٱللَّهِ وَعَمِلَ صَٰلِحًا وَقَالَ إِنَّنِى مِنَ ٱلْمُسْلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКист хушгуфтортар аз он ки ба сӯйи Аллоҳ таоло даъват кунад ва ба шоистагӣ амал менамояд ва мегӯяд: «Таслим [-и авомири илоҳӣ] ҳастам»?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَسْتَوِى ٱلْحَسَنَةُ وَلَا ٱلسَّيِّئَةُ ٱدْفَعْ بِٱلَّتِى هِىَ أَحْسَنُ فَإِذَا ٱلَّذِى بَيْنَكَ وَبَيْنَهُۥ عَدَٰوَةٌ كَأَنَّهُۥ وَلِىٌّ حَمِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳаргиз] Некӣ ва бадӣ яксон нест. Ҳамвора ба шевае, ки беҳтар аст, посух бидеҳ, ки дар он сурат касе, ки байни ту ва ӯ душманист, ҳамчун дӯсти меҳрубон гардад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا يُلَقَّىٰهَآ إِلَّا ٱلَّذِينَ صَبَرُوا۟ وَمَا يُلَقَّىٰهَآ إِلَّا ذُو حَظٍّ عَظِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterТанҳо шикебоён ва онон, ки баҳраи бузурге [аз имону ахлоқ] доранд, ба чунин мақоме мерасанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِمَّا يَنزَغَنَّكَ مِنَ ٱلشَّيْطَٰنِ نَزْغٌ فَٱسْتَعِذْ بِٱللَّهِ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلْعَلِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳар гоҳ аз ҷониби шайтон васвасае туро фаро гирифт, ба Аллоҳ таоло паноҳ бибар, ки яқинан, Ӯ шунавову доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمِنْ ءَايَٰتِهِ ٱلَّيْلُ وَٱلنَّهَارُ وَٱلشَّمْسُ وَٱلْقَمَرُ لَا تَسْجُدُوا۟ لِلشَّمْسِ وَلَا لِلْقَمَرِ وَٱسْجُدُوا۟ لِلَّهِ ٱلَّذِى خَلَقَهُنَّ إِن كُنتُمْ إِيَّاهُ تَعْبُدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАз нишонаҳои [тавону тадбири] Ӯ шабу рӯз ва хуршеду моҳ аст. Дар баробари хуршеду моҳ саҷда накунед, балки агар танҳо Ӯро мепарастед, бар Аллоҳ таоло, ки онҳоро офаридааст, саҷда кунед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِنِ ٱسْتَكْبَرُوا۟ فَٱلَّذِينَ عِندَ رَبِّكَ يُسَبِّحُونَ لَهُۥ بِٱلَّيْلِ وَٱلنَّهَارِ وَهُمْ لَا يَسْـَٔمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар [гурӯҳҳое аз ниёиши Ӯ] такаббур варзанд, [фариштагон ва] муқаррабони даргоҳи Парвардигорат шабу рӯз бидуни хастагӣ Ӯро ба покӣ меситоянд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمِنْ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنَّكَ تَرَى ٱلْأَرْضَ خَٰشِعَةً فَإِذَآ أَنزَلْنَا عَلَيْهَا ٱلْمَآءَ ٱهْتَزَّتْ وَرَبَتْ إِنَّ ٱلَّذِىٓ أَحْيَاهَا لَمُحْىِ ٱلْمَوْتَىٰٓ إِنَّهُۥ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАз ҷумлаи нишонаҳои [қудрати] илоҳӣ ин аст, ки замини хушку фарсударо мебинӣ, ки чун борон бар он фурӯ мерезем, ба ҷунбиш дармеояд ва [гиёҳонаш] рушд мекунад. Он [Парвардигори тавонманде], ки заминро зинда мекунад, мурдагонро низ зинда хоҳад кард. Ба ростӣ, ки Ӯ бар ҳар коре тавоност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ يُلْحِدُونَ فِىٓ ءَايَٰتِنَا لَا يَخْفَوْنَ عَلَيْنَآ أَفَمَن يُلْقَىٰ فِى ٱلنَّارِ خَيْرٌ أَم مَّن يَأْتِىٓ ءَامِنًا يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ ٱعْمَلُوا۟ مَا شِئْتُمْ إِنَّهُۥ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Гуфтору рафтори] Касоне, ки дар мавриди оёти Мо каҷравӣ [ва онро таҳриф] мекунанд, бар Мо пӯшида нахоҳанд буд. Оё касе, ки ба оташи [дузах] меафтад, беҳтар аст ё он ки дар рӯзи растохез эмин [аз азоб] аст? Ҳар чи мехоҳед, амал кунед, ки бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, биност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ بِٱلذِّكْرِ لَمَّا جَآءَهُمْ وَإِنَّهُۥ لَكِتَٰبٌ عَزِيزٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки ин Қуръонро, ки барои [ҳидоят] – ашон омадааст, инкор кардаанд [дар қиёмат азоб хоҳанд шуд]. Ин [каломи илоҳӣ] китобе аст шикастнопазир

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَّا يَأْتِيهِ ٱلْبَٰطِلُ مِنۢ بَيْنِ يَدَيْهِ وَلَا مِنْ خَلْفِهِۦ تَنزِيلٌ مِّنْ حَكِيمٍ حَمِيدٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСухани ботил аз пешу пас ба он роҳ намеёбад ва аз ҷониби [Парвардигори] ҳакими сутуда нозил шудааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَّا يُقَالُ لَكَ إِلَّا مَا قَدْ قِيلَ لِلرُّسُلِ مِن قَبْلِكَ إِنَّ رَبَّكَ لَذُو مَغْفِرَةٍ وَذُو عِقَابٍ أَلِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, кофирон] Ба ту ҳамон [суханони ботиле] –ро мегӯянд, ки ба паёмбарони пеш аз ту низ мегуфтанд. Бе гумон, Парвардигорат омурзиш ва [дар айни ҳол] кайфаре дарднок дорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ جَعَلْنَٰهُ قُرْءَانًا أَعْجَمِيًّا لَّقَالُوا۟ لَوْلَا فُصِّلَتْ ءَايَٰتُهُۥٓ ءَا۬عْجَمِىٌّ وَعَرَبِىٌّ قُلْ هُوَ لِلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ هُدًى وَشِفَآءٌ وَٱلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ فِىٓ ءَاذَانِهِمْ وَقْرٌ وَهُوَ عَلَيْهِمْ عَمًى أُو۟لَٰٓئِكَ يُنَادَوْنَ مِن مَّكَانٍۭ بَعِيدٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterАгар Қуръонро [ба забони] ғайриарабӣ нозил карда будем, кофирон мегуфтанд: «Чаро оёташ [арабӣ нест ва] ба равшанӣ баён нашудааст? Китобе ғайриарабиву паёмбаре араб»? [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Ин китоб барои муъминон мояи ҳидояту шифост ва онон, ки имон намеоваранд, дар гӯшҳояшон сангинӣ аст ва Қуръон барояшон номафҳум аст. [Гӯё] Ононро аз роҳи дур садо мезананд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ ءَاتَيْنَا مُوسَى ٱلْكِتَٰبَ فَٱخْتُلِفَ فِيهِ وَلَوْلَا كَلِمَةٌ سَبَقَتْ مِن رَّبِّكَ لَقُضِىَ بَيْنَهُمْ وَإِنَّهُمْ لَفِى شَكٍّ مِّنْهُ مُرِيبٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба ростӣ, [Мо] ба Мӯсо китоб додем, пас, дар он ихтилоф шуд.Ва агар пештар [дар мавриди муҳлат ба гунаҳгорон ва ҳисобрасӣ дар қиёмат] сухане аз ҷониби Парвардигорат баён нашуда буд, яқинан, [дар ҳамин дунё] миёнашон доварӣ мешуд [ва азоб нозил мегашт] ва ба ростӣ, ки онон [яҳудиён ва мушрикон] дар бораи [ҳаққонияти] ин [Қуръон] сахт дар тардиданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَّنْ عَمِلَ صَٰلِحًا فَلِنَفْسِهِۦ وَمَنْ أَسَآءَ فَعَلَيْهَا وَمَا رَبُّكَ بِظَلَّٰمٍ لِّلْعَبِيدِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар ки ба шоистагӣ амал кунад, ба суди худи ӯст ва ҳар ки бадӣ кунад, ба зиёни хеш бад кардааст ва Парвардигори ту ҳаргиз ба бандагон ситам намекунад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِلَيْهِ يُرَدُّ عِلْمُ ٱلسَّاعَةِ وَمَا تَخْرُجُ مِن ثَمَرَٰتٍ مِّنْ أَكْمَامِهَا وَمَا تَحْمِلُ مِنْ أُنثَىٰ وَلَا تَضَعُ إِلَّا بِعِلْمِهِۦ وَيَوْمَ يُنَادِيهِمْ أَيْنَ شُرَكَآءِى قَالُوٓا۟ ءَاذَنَّٰكَ مَا مِنَّا مِن شَهِيدٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОгоҳӣ аз [лаҳзаи вуқуи] қиёмат танҳо марбут ба Аллоҳ таоло аст ва хуруҷи ҳар мевае аз шукуфааш ва бордориву вазъи ҳамли ҳар моддае бо огоҳии Ӯст ва он рӯз, ки Аллоҳ таоло ба мушрикон нидо медиҳад, ки: «Афроде, ки [дар қудрат] шарики Ман тасаввур мекардед, [ва ба он тавассул меҷустед] куҷо ҳастанд»? Онон мегӯянд: «Акнун дар баробари ту эътироф мекунем, ки ҳеҷ як аз мо [ба дурустии эътиқоди мушриконаи худ] гувоҳ нест»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَضَلَّ عَنْهُم مَّا كَانُوا۟ يَدْعُونَ مِن قَبْلُ وَظَنُّوا۟ مَا لَهُم مِّن مَّحِيصٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн чи дар гузашта [такягоҳи худ] мехонданд, аз назарашон нопадид мешавад ва дармеёбанд, ки [аз оташи азоби илоҳӣ] ҳеҷ роҳи гурезе нахоҳанд дошт

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَّا يَسْـَٔمُ ٱلْإِنسَٰنُ مِن دُعَآءِ ٱلْخَيْرِ وَإِن مَّسَّهُ ٱلشَّرُّ فَيَـُٔوسٌ قَنُوطٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИнсон дар таманнои хайр хастанопазир аст, ва [-ле] агар бадӣ ба ӯ бирасад, маъюсу дилсард хоҳад шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَئِنْ أَذَقْنَٰهُ رَحْمَةً مِّنَّا مِنۢ بَعْدِ ضَرَّآءَ مَسَّتْهُ لَيَقُولَنَّ هَٰذَا لِى وَمَآ أَظُنُّ ٱلسَّاعَةَ قَآئِمَةً وَلَئِن رُّجِعْتُ إِلَىٰ رَبِّىٓ إِنَّ لِى عِندَهُۥ لَلْحُسْنَىٰ فَلَنُنَبِّئَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ بِمَا عَمِلُوا۟ وَلَنُذِيقَنَّهُم مِّنْ عَذَابٍ غَلِيظٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар пас аз ранҷе, ки ба инсон мерасад, раҳмате аз ҷониби хеш ба ӯ бирасонем, [мағрурона] мегӯяд: «Ин ҳаққи ман аст ва гумон намекунам қиёмат барпо шавад ва агар [ҳам бошад ва] ба сӯйи Парвардигорам бозгардонда шавам, назди Ӯ [сарвату подошҳоии] некуе хоҳам дошт». Мусаламан, кофиронро аз амалкардашон огоҳ хоҳем сохт ва азобе сахт ба онон мечашонем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَآ أَنْعَمْنَا عَلَى ٱلْإِنسَٰنِ أَعْرَضَ وَنَـَٔا بِجَانِبِهِۦ وَإِذَا مَسَّهُ ٱلشَّرُّ فَذُو دُعَآءٍ عَرِيضٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар гоҳ ба инсон неъмате мебахшем, [бо сармастӣ] рӯй мегардонад ва мутакаббирона [аз ҳақ] дур мешавад ва ҳангоме ки ранҷе [ҳамчун фақру беморӣ] ба суроғаш меояд, [ба даргоҳи илоҳӣ] дуо ва дархости фаровон дорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ أَرَءَيْتُمْ إِن كَانَ مِنْ عِندِ ٱللَّهِ ثُمَّ كَفَرْتُم بِهِۦ مَنْ أَضَلُّ مِمَّنْ هُوَ فِى شِقَاقٍۭ بَعِيدٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Ба ман бигӯед, [агар Қуръон] аз ҷониби Аллоҳ таоло [расида] бошад ва шумо инкораш кунед, кист гумроҳтар аз он ки [бо вуҷуди ошкор будани ҳақ] дар ситези бепоён ба он қарор дорад?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

سَنُرِيهِمْ ءَايَٰتِنَا فِى ٱلْـَٔافَاقِ وَفِىٓ أَنفُسِهِمْ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُ ٱلْحَقُّ أَوَلَمْ يَكْفِ بِرَبِّكَ أَنَّهُۥ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ شَهِيدٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Дар ин дунё ва ҳангомаи қиёмат] нишонаҳои [тавону тадбири] худро дар офоқи [ҷаҳон] ва дар [вуҷуди] худашон ба онон нишон хоҳем дод, то барояшон равшан шавад, ки Қуръон ҳақ аст. Оё кофӣ нест, ки Парвардигорат бар ҳар чизе гувоҳ аст?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَآ إِنَّهُمْ فِى مِرْيَةٍ مِّن لِّقَآءِ رَبِّهِمْ أَلَآ إِنَّهُۥ بِكُلِّ شَىْءٍ مُّحِيطٌۢ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОгоҳ бошед, ки онон дар мавриди дидори Парвардигорашон [дар қиёмат] тардид доранд! [Ва] Огоҳ бошед, ки Аллоҳ таоло бар ҳар чизе иҳота дорад!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70