caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Aadiyaat العاديات

11 оят · Макка · тартиби нузул 14

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ وَٱلْعَٰدِيَٰتِ ضَبْحًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСавганд ба аспҳои даванда, ки нафасзанон [ба сӯйи майдони ҷиҳод] пеш мерафтанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱلْمُورِيَٰتِ قَدْحًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа савганд ба аспҳое, ки [бо бархӯрди сумҳояшон ба сангҳо] шарораи [оташ] эҷод карданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَٱلْمُغِيرَٰتِ صُبْحًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБоз савганд ба аспҳое, ки дар субҳгоҳон [бар душман] юриш баранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَأَثَرْنَ بِهِۦ نَقْعًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, дар он ҳангом гарду ғубор барангезанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَوَسَطْنَ بِهِۦ جَمْعًا

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ба миёни [сипоҳи душман] дароянд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلْإِنسَٰنَ لِرَبِّهِۦ لَكَنُودٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан, инсон дар баробари [неъматҳои] Парвардигораш бисёр носипос аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّهُۥ عَلَىٰ ذَٰلِكَ لَشَهِيدٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа бе гумон, ӯ бар ин [носипосӣ] гувоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِنَّهُۥ لِحُبِّ ٱلْخَيْرِ لَشَدِيدٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳамоно ӯ алоқаи фаровоне ба мол [-и дунё] дорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَفَلَا يَعْلَمُ إِذَا بُعْثِرَ مَا فِى ٱلْقُبُورِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё ӯ намедонад, ки дар он рӯз он чи дар гурҳост, [ҳама зинда ва] барангехта шаванд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَحُصِّلَ مَا فِى ٱلصُّدُورِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа он чи дар синаҳост, [ҳама] ошкор гардад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ رَبَّهُم بِهِمْ يَوْمَئِذٍ لَّخَبِيرٌۢ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЯқинан, дар он рӯз Парвардигорашон ба [вазъу ҳоли] эшон комилан огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70