caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Jumu'a الجمعة

11 оят · Мадина · тартиби нузул 110

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ يُسَبِّحُ لِلَّهِ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ ٱلْمَلِكِ ٱلْقُدُّوسِ ٱلْعَزِيزِ ٱلْحَكِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, тасбеҳи Аллоҳ таоло мегӯянд; [Аллоҳ таоло] ки фармонраво, муназзаҳ [ва] пирӯзманду ҳаким аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُوَ ٱلَّذِى بَعَثَ فِى ٱلْأُمِّيِّـۧنَ رَسُولًا مِّنْهُمْ يَتْلُوا۟ عَلَيْهِمْ ءَايَٰتِهِۦ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ ٱلْكِتَٰبَ وَٱلْحِكْمَةَ وَإِن كَانُوا۟ مِن قَبْلُ لَفِى ضَلَٰلٍ مُّبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮст, ки аз миёни бесаводон Паёмбаре аз миёни худашон барангехт, ки оятҳояшро бар онҳо бихонад ва эшонро пок гардонад ва ба онон Китоб [Қуръон] ва ҳикмат биёмӯзад; агарчи пеш аз ин дар гумроҳии ошкор буданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَءَاخَرِينَ مِنْهُمْ لَمَّا يَلْحَقُوا۟ بِهِمْ وَهُوَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ин Паёмбар] бар гурӯҳи дигаре аз онон [низ мабъус шудааст], ки ҳанӯз ба онҳо [наслҳои пешин] напайвастаанд; ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَٰلِكَ فَضْلُ ٱللَّهِ يُؤْتِيهِ مَن يَشَآءُ وَٱللَّهُ ذُو ٱلْفَضْلِ ٱلْعَظِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн фазли Аллоҳ таоло аст, ки онро ба ҳар кас, ки бихоҳад, мебахшад; ва Аллоҳ таоло дорои фазли азим аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَثَلُ ٱلَّذِينَ حُمِّلُوا۟ ٱلتَّوْرَىٰةَ ثُمَّ لَمْ يَحْمِلُوهَا كَمَثَلِ ٱلْحِمَارِ يَحْمِلُ أَسْفَارًۢا بِئْسَ مَثَلُ ٱلْقَوْمِ ٱلَّذِينَ كَذَّبُوا۟ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَٱللَّهُ لَا يَهْدِى ٱلْقَوْمَ ٱلظَّٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterМасали касоне, ки [амал ба] Таврот ба онон таклиф шуд, вале онро [чунончи бояду шояд] риоя накарданд, ҳамчун харест, ки китобҳоеро ҳамл мекунад [аммо аз он чизе намефаҳмад]. Чи бад аст масали гурӯҳе, ки оёти илоҳиро такзиб карданд! Ва Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро ҳидоят намекунад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ هَادُوٓا۟ إِن زَعَمْتُمْ أَنَّكُمْ أَوْلِيَآءُ لِلَّهِ مِن دُونِ ٱلنَّاسِ فَتَمَنَّوُا۟ ٱلْمَوْتَ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Эй яҳудиён, агар гумон доред, ки [танҳо] шумо дӯстони Аллоҳ таоло ҳастед, на мардуми дигар, пас, агар рост мегӯед, орзуи марг кунед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا يَتَمَنَّوْنَهُۥٓ أَبَدًۢا بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ وَٱللَّهُ عَلِيمٌۢ بِٱلظَّٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВале онҳо ба хотири он чи аз пеш фиристодаанд, ҳаргиз он орзуро нахоҳанд кард; ва Аллоҳ таоло [аз ҳоли] ситамгорон огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ إِنَّ ٱلْمَوْتَ ٱلَّذِى تَفِرُّونَ مِنْهُ فَإِنَّهُۥ مُلَٰقِيكُمْ ثُمَّ تُرَدُّونَ إِلَىٰ عَٰلِمِ ٱلْغَيْبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Он марге, ки аз он фирор мекунед, яқинан, ба шумо хоҳад расид, сипас ба сӯйи [Аллоҳ таоло он] донои ғайб ва ошкор бозгардонда мешавед; он гоҳ шуморо аз он чи анҷом медодед, огоҳ месозад»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ إِذَا نُودِىَ لِلصَّلَوٰةِ مِن يَوْمِ ٱلْجُمُعَةِ فَٱسْعَوْا۟ إِلَىٰ ذِكْرِ ٱللَّهِ وَذَرُوا۟ ٱلْبَيْعَ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌ لَّكُمْ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки дар рӯзи ҷумъа барои намоз азон гуфта шавад, ба сӯйи [намозу] зикри Аллоҳ таоло бишитобед ва хариду фурӯшро раҳо кунед. Агар бидонед, ин барои шумо беҳтар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِذَا قُضِيَتِ ٱلصَّلَوٰةُ فَٱنتَشِرُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ وَٱبْتَغُوا۟ مِن فَضْلِ ٱللَّهِ وَٱذْكُرُوا۟ ٱللَّهَ كَثِيرًا لَّعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳангоме ки намоз поён ёфт, [барои касби ризқу рӯзӣ] дар замин пароканда шавед ва аз фазли Аллоҳ таоло талаб кунед; ва Аллоҳро бисёр ёд кунед, то растагор шавед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا رَأَوْا۟ تِجَٰرَةً أَوْ لَهْوًا ٱنفَضُّوٓا۟ إِلَيْهَا وَتَرَكُوكَ قَآئِمًا قُلْ مَا عِندَ ٱللَّهِ خَيْرٌ مِّنَ ٱللَّهْوِ وَمِنَ ٱلتِّجَٰرَةِ وَٱللَّهُ خَيْرُ ٱلرَّٰزِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, бархе аз ин мардум] Ҳангоме ки тиҷорат ё саргармие бубинанд, [аз атрофи ту] ба сӯйи он пароканда мешаванд ва туро истода [бар минбар] раҳо мекунанд. Бигӯ: «Он чи дар назди Аллоҳ таоло аст, беҳтар аз саргармӣ ва тиҷорат аст; ва Аллоҳ таоло беҳтарин рӯзидиҳанда аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70