caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-Munaafiqoon المنافقون

11 оят · Мадина · тартиби нузул 104

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ إِذَا جَآءَكَ ٱلْمُنَٰفِقُونَ قَالُوا۟ نَشْهَدُ إِنَّكَ لَرَسُولُ ٱللَّهِ وَٱللَّهُ يَعْلَمُ إِنَّكَ لَرَسُولُهُۥ وَٱللَّهُ يَشْهَدُ إِنَّ ٱلْمُنَٰفِقِينَ لَكَٰذِبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲангоме ки мунофиқон назди ту оянд, [савганд мехӯранд ва] мегӯянд: «Мо гувоҳӣ медиҳем, ки, яқинан, ту фиристодаи Аллоҳ таоло ҳастӣ»; ва Аллоҳ таоло медонад, ки бе гумон, ту фиристодаи Ӯ ҳастӣ ва Аллоҳ таоло гувоҳӣ медиҳад, ки мунофиқон, яқинан, дурӯғгӯ ҳастанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱتَّخَذُوٓا۟ أَيْمَٰنَهُمْ جُنَّةً فَصَدُّوا۟ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ إِنَّهُمْ سَآءَ مَا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнҳо савгандҳои худро сипар қарор доданд, пас, [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд. Ростӣ, ки онон чи бад мекунанд!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ ءَامَنُوا۟ ثُمَّ كَفَرُوا۟ فَطُبِعَ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ فَهُمْ لَا يَفْقَهُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн бад-он хотир аст, ки онҳо имон оварданд, сипас кофир шуданд, он гоҳ бар дилҳояшон муҳр ниҳода шуда, пас, дарнамеёбанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا رَأَيْتَهُمْ تُعْجِبُكَ أَجْسَامُهُمْ وَإِن يَقُولُوا۟ تَسْمَعْ لِقَوْلِهِمْ كَأَنَّهُمْ خُشُبٌ مُّسَنَّدَةٌ يَحْسَبُونَ كُلَّ صَيْحَةٍ عَلَيْهِمْ هُمُ ٱلْعَدُوُّ فَٱحْذَرْهُمْ قَٰتَلَهُمُ ٱللَّهُ أَنَّىٰ يُؤْفَكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳангоме ки онҳоро бубинӣ, ҷисм [ва чеҳра]-ашон туро ба шигифт оварад ва агар [сухан] гӯянд, [ба хотири фасоҳати каломашон] ба суханонашон гӯш медиҳӣ. Гӯё, онҳо чӯбҳои такядода ба деворанд, ҳар бонгеро алайҳи худ мепиндоранд. Онон душман [-и ҳақиқӣ] ҳастанд; пас, аз онон бар ҳазар бош. Аллоҳ таоло онҳоро бикушад! Чи гуна [аз ҳақ] мунҳариф мешаванд?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ تَعَالَوْا۟ يَسْتَغْفِرْ لَكُمْ رَسُولُ ٱللَّهِ لَوَّوْا۟ رُءُوسَهُمْ وَرَأَيْتَهُمْ يَصُدُّونَ وَهُم مُّسْتَكْبِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳангоме ки ба онҳо гуфта шавад: «Биёед, то расулуллоҳ барои шумо омурзиш бихоҳад», сарҳои худро такон медиҳанд ва онҳоро мебинӣ, ки [аз суханони ту] рӯйгардон мешаванд ва такаббур меварзанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

سَوَآءٌ عَلَيْهِمْ أَسْتَغْفَرْتَ لَهُمْ أَمْ لَمْ تَسْتَغْفِرْ لَهُمْ لَن يَغْفِرَ ٱللَّهُ لَهُمْ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهْدِى ٱلْقَوْمَ ٱلْفَٰسِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБарои онҳо яксон аст, ки барояшон омурзиш бихоҳӣ ё нахоҳӣ; Аллоҳ таоло ҳаргиз ононро намебахшад. Бе гумон, Аллоҳ таоло қавми нофармонро ҳидоят намекунад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُمُ ٱلَّذِينَ يَقُولُونَ لَا تُنفِقُوا۟ عَلَىٰ مَنْ عِندَ رَسُولِ ٱللَّهِ حَتَّىٰ يَنفَضُّوا۟ وَلِلَّهِ خَزَآئِنُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَلَٰكِنَّ ٱلْمُنَٰفِقِينَ لَا يَفْقَهُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнҳо касоне ҳастанд, ки мегӯянд: «Ба онон, ки назди Расулуллоҳ ҳастанд, [чизе] инфоқ накунед, то [аз гирди ӯ] пароканда шаванд; ҳоло онки ганҷинаҳои осмон ва замин аз они Аллоҳ таоло аст, вале мунофиқон дарнамеёбанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَقُولُونَ لَئِن رَّجَعْنَآ إِلَى ٱلْمَدِينَةِ لَيُخْرِجَنَّ ٱلْأَعَزُّ مِنْهَا ٱلْأَذَلَّ وَلِلَّهِ ٱلْعِزَّةُ وَلِرَسُولِهِۦ وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَلَٰكِنَّ ٱلْمُنَٰفِقِينَ لَا يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнҳо мегӯянд: «Агар ба Мадина бозгардем, яқинан соҳибони иззат фурумоягонро аз он ҷо берун мекунанд»; дар ҳоле ки иззат аз они Аллоҳ таоло ва фиристодаи Ӯ ва муъминон аст; вале мунофиқон намедонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ لَا تُلْهِكُمْ أَمْوَٰلُكُمْ وَلَآ أَوْلَٰدُكُمْ عَن ذِكْرِ ٱللَّهِ وَمَن يَفْعَلْ ذَٰلِكَ فَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْخَٰسِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй касоне, ки имон овардаед, амволу фарзандонатон шуморо аз ёди Аллоҳ таоло ғофил накунад; ва ҳар кас, ки чунин кунад, онон зиёнкоранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَنفِقُوا۟ مِن مَّا رَزَقْنَٰكُم مِّن قَبْلِ أَن يَأْتِىَ أَحَدَكُمُ ٱلْمَوْتُ فَيَقُولَ رَبِّ لَوْلَآ أَخَّرْتَنِىٓ إِلَىٰٓ أَجَلٍ قَرِيبٍ فَأَصَّدَّقَ وَأَكُن مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз он чи ба шумо рӯзӣ додаем, [дар роҳи Аллоҳ таоло] инфоқ кунед, пеш аз он ки марг ба суроғи яке аз шумо ояд ва бигӯяд: «Парвардигоро, эй кош [марги] маро муддати каме ба таъхир меандохтӣ, то [дар роҳи ту] садақа диҳам ва аз накукорон бошам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَن يُؤَخِّرَ ٱللَّهُ نَفْسًا إِذَا جَآءَ أَجَلُهَا وَٱللَّهُ خَبِيرٌۢ بِمَا تَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа[-ле] ҳар кас аҷалаш фаро расад, ҳаргиз Аллоҳ таоло [онро] ба таъхир намеандозад, ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70