Асосӣ › Сураҳо › Сураи Saba
Сураи Saba سبإ
54 оят · Макка · тартиби нузул 58
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ ٱلَّذِى لَهُۥ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِى ٱلْأَرْضِ وَلَهُ ٱلْحَمْدُ فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ وَهُوَ ٱلْحَكِيمُ ٱلْخَبِيرُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ситоиш махсуси Аллоҳ таоло, ки он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Ӯст ва дар охират [низ] ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ҳакиму огоҳ аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَعْلَمُ مَا يَلِجُ فِى ٱلْأَرْضِ وَمَا يَخْرُجُ مِنْهَا وَمَا يَنزِلُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ وَمَا يَعْرُجُ فِيهَا وَهُوَ ٱلرَّحِيمُ ٱلْغَفُورُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳар чи дар замин фурӯ меравад ва ҳар чи аз он бармеояд ва он чи аз осмон фуруд меояд ва он чи ба сӯйи он боло меравад [ҳамаро Аллоҳ таоло] медонад ва Ӯ меҳрубони омурзанда аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ لَا تَأْتِينَا ٱلسَّاعَةُ قُلْ بَلَىٰ وَرَبِّى لَتَأْتِيَنَّكُمْ عَٰلِمِ ٱلْغَيْبِ لَا يَعْزُبُ عَنْهُ مِثْقَالُ ذَرَّةٍ فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَلَا فِى ٱلْأَرْضِ وَلَآ أَصْغَرُ مِن ذَٰلِكَ وَلَآ أَكْبَرُ إِلَّا فِى كِتَٰبٍ مُّبِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «Қиёмат ҳаргиз ба суроғи мо нахоҳад омад». Бигӯ: «Оре, савганд ба Парвардигорам, ки донои ғайб аст, ҳатман, ба суроғатон меояд. ҳамсанги заррае дар осмонҳо ва замин аз Ӯ пӯшида нест ва кучактар ва бузургтар аз он зарра чизе нест, магар он ки дар китобе ошкор [Лавҳи маҳфуз] сабт аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لِّيَجْزِىَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أُو۟لَٰٓئِكَ لَهُم مَّغْفِرَةٌ وَرِزْقٌ كَرِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center То касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд подош диҳад. Эшонанд, ки бахшоиш ва рӯзии арзишманде [дар пеш] доранд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ سَعَوْ فِىٓ ءَايَٰتِنَا مُعَٰجِزِينَ أُو۟لَٰٓئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ مِّن رِّجْزٍ أَلِيمٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки дар [роҳи инкор ва такзиби] оёти Мо кӯшиданд, то [ба пиндори хеш] Моро дармонда кунанд, азобе сахт ва дарднок [дар пеш] доранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَرَى ٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْعِلْمَ ٱلَّذِىٓ أُنزِلَ إِلَيْكَ مِن رَّبِّكَ هُوَ ٱلْحَقَّ وَيَهْدِىٓ إِلَىٰ صِرَٰطِ ٱلْعَزِيزِ ٱلْحَمِيدِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аҳли дониш [донишмандони саҳоба ва уламои муъмини аҳли китоб] медонанд он чи ки аз сӯйи Парвардигорат бар ту нозил шуда, ҳақ аст ва ба роҳи [Аллоҳ таоло] шикастнопазири сутуда ҳидоят мекунад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ هَلْ نَدُلُّكُمْ عَلَىٰ رَجُلٍ يُنَبِّئُكُمْ إِذَا مُزِّقْتُمْ كُلَّ مُمَزَّقٍ إِنَّكُمْ لَفِى خَلْقٍ جَدِيدٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Касоне, ки куфр вазиданд [бо тамасхур ба якдигар] мегӯянд: «Мехоҳед мардеро нишонатон диҳем, ки иддио мекунад вақте [пас аз марг] комилан муталошӣ шудед, [бори дигар] дар офаринише нав дархоҳед омад?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَفْتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَم بِهِۦ جِنَّةٌۢ بَلِ ٱلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِٱلْـَٔاخِرَةِ فِى ٱلْعَذَابِ وَٱلضَّلَٰلِ ٱلْبَعِيدِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё [ин мард] бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад ё девона аст?» [ҳаргиз чунин нест] балки касоне, ки ба охират имон надоранд, дар азоб [шадиди охират] ва гумроҳии дуру дароз [дунё] гирифторанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَفَلَمْ يَرَوْا۟ إِلَىٰ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلْأَرْضِ إِن نَّشَأْ نَخْسِفْ بِهِمُ ٱلْأَرْضَ أَوْ نُسْقِطْ عَلَيْهِمْ كِسَفًا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَةً لِّكُلِّ عَبْدٍ مُّنِيبٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Оё [кофирон] ба осмону замине, ки пеши рӯ ва пушти сарашон аст, нанигаристаанд? Агар бихоҳем, ононро [монанди Қорун] дар замин фурӯ мебарем ё [ҳамчун қавми Шуайб] тиккае аз осмонро бар сарашон меафканем. Бе гумон, дар ин [ҳушдор] барои ҳар бандаи тавбакор, нишонае [аз қудрати Аллоҳ таоло] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ ءَاتَيْنَا دَاوُۥدَ مِنَّا فَضْلًا يَٰجِبَالُ أَوِّبِى مَعَهُۥ وَٱلطَّيْرَ وَأَلَنَّا لَهُ ٱلْحَدِيدَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Мо аз ҷониби хеш ба Довуд фазилате [ҳукмронӣ ва нубувват] бахшидем [ва гуфтем] «Эй кӯҳсорон ва эй парандагон, [дар ситоиш ва ниёиш] бо ӯ ҳамовоз шавед» ва оҳанро барояш нарм кардем [то ҳар чи мехоҳад бисозад]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
أَنِ ٱعْمَلْ سَٰبِغَٰتٍ وَقَدِّرْ فِى ٱلسَّرْدِ وَٱعْمَلُوا۟ صَٰلِحًا إِنِّى بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Ба ӯ дастур додем] ки: «Зиреҳҳои баланд [ва фарох] бисоз ва дар бофтан [ва пайвастани ҳалқаҳои зиреҳ] санҷида ва дақиқ кор кун ва [шумо эй мардум] некукорӣ кунед, [ки] бе тардид, Ман ба он чи мекунед, бино ҳастам»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلِسُلَيْمَٰنَ ٱلرِّيحَ غُدُوُّهَا شَهْرٌ وَرَوَاحُهَا شَهْرٌ وَأَسَلْنَا لَهُۥ عَيْنَ ٱلْقِطْرِ وَمِنَ ٱلْجِنِّ مَن يَعْمَلُ بَيْنَ يَدَيْهِ بِإِذْنِ رَبِّهِۦ وَمَن يَزِغْ مِنْهُمْ عَنْ أَمْرِنَا نُذِقْهُ مِنْ عَذَابِ ٱلسَّعِيرِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва барои Сулаймон бодро [ба хидмат гумоштем], ки [дар вазиш] субҳгоҳон, масири як моҳаро тай мекард ва шомгоҳон [низ] масири як моҳаро мепаймуд; ва чашмаи миси [гудохта]-ро барояш равон сохтем ва гурӯҳе аз ҷинниён, ба фармони Парвардигораш, назди ӯ кор мекарданд ва ҳар як аз онон, ки аз фармони Мо сарпечӣ мекард, ба ӯ аз азоби сӯзон мечашондем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
يَعْمَلُونَ لَهُۥ مَا يَشَآءُ مِن مَّحَٰرِيبَ وَتَمَٰثِيلَ وَجِفَانٍ كَٱلْجَوَابِ وَقُدُورٍ رَّاسِيَٰتٍ ٱعْمَلُوٓا۟ ءَالَ دَاوُۥدَ شُكْرًا وَقَلِيلٌ مِّنْ عِبَادِىَ ٱلشَّكُورُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Онҳо барои ӯ ҳар чи мехост месохтанд: аз [кох ва] ибодатгоҳ ва муҷассама ва косаҳое [ки аз бузургӣ] ҳамчун ҳавз [буданд] ва дегҳое бисёр бузург ва собит. [Ба онон гуфтем] «Эй оли Довуд, сипоси [неъматҳои Маро] ба ҷой оваред» ва [-ле] андаке аз бандагонам сипосгузоранд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَلَمَّا قَضَيْنَا عَلَيْهِ ٱلْمَوْتَ مَا دَلَّهُمْ عَلَىٰ مَوْتِهِۦٓ إِلَّا دَآبَّةُ ٱلْأَرْضِ تَأْكُلُ مِنسَأَتَهُۥ فَلَمَّا خَرَّ تَبَيَّنَتِ ٱلْجِنُّ أَن لَّوْ كَانُوا۟ يَعْلَمُونَ ٱلْغَيْبَ مَا لَبِثُوا۟ فِى ٱلْعَذَابِ ٱلْمُهِينِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, чун маргро бар Сулаймон муқаррар доштем, [ҳеҷ кас] ононро аз маргаш огоҳ насохт, магар мӯриёна [кирмак]-е, ки асояшро хӯрд. Пас, чун [пайкари Сулаймон] фурӯ афтод, ҷинниён дарёфтанд, ки агар аз ғайб огоҳ буданд, ҳаргиз дар он азоби сангин [ва кори тоқатфарсо] боқӣ намемонданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
لَقَدْ كَانَ لِسَبَإٍ فِى مَسْكَنِهِمْ ءَايَةٌ جَنَّتَانِ عَن يَمِينٍ وَشِمَالٍ كُلُوا۟ مِن رِّزْقِ رَبِّكُمْ وَٱشْكُرُوا۟ لَهُۥ بَلْدَةٌ طَيِّبَةٌ وَرَبٌّ غَفُورٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Дар маҳалли сукунати [қавми] «Сабаъ» ду боғ [бузург] аз рост ва чап [қарор дошт], ки нишонае [аз қудрат ва бахшиши илоҳӣ] буд. [Ба онон гуфтем] «Аз рӯзии Парвардигоратон бихӯред ва шукргузораш бошед, [ки] сарзамине пок ва Парвардигоре омурзанда [доред]
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَأَعْرَضُوا۟ فَأَرْسَلْنَا عَلَيْهِمْ سَيْلَ ٱلْعَرِمِ وَبَدَّلْنَٰهُم بِجَنَّتَيْهِمْ جَنَّتَيْنِ ذَوَاتَىْ أُكُلٍ خَمْطٍ وَأَثْلٍ وَشَىْءٍ مِّن سِدْرٍ قَلِيلٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аммо онон [аз шукр ва имон] рӯй гардонданд; пас, Мо сели вайронгар ба сӯяшон равон кардем ва ду боғи [пурмаҳсули] ононро ба ду боғи [беарзиш] табдил намудем, [ки танҳо] меваҳои талх ва дарахти шӯрагаз ва андаке дарахти сидр дошт
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
ذَٰلِكَ جَزَيْنَٰهُم بِمَا كَفَرُوا۟ وَهَلْ نُجَٰزِىٓ إِلَّا ٱلْكَفُورَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Мо ононро ба сазои носипосиашон, инчунин, кайфар додем ва оё ҷуз носипосро кайфар медиҳем?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَجَعَلْنَا بَيْنَهُمْ وَبَيْنَ ٱلْقُرَى ٱلَّتِى بَٰرَكْنَا فِيهَا قُرًى ظَٰهِرَةً وَقَدَّرْنَا فِيهَا ٱلسَّيْرَ سِيرُوا۟ فِيهَا لَيَالِىَ وَأَيَّامًا ءَامِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ҳамчунин] миёни онҳо [қавми Сабаъ дар Яман] ва сарзаминҳое, ки ба онҳо баракат дода будем, [Шом] шаҳрҳое [хуррам ва] ба ҳам пайваста қарор додем ва сайру сафаре [осон] дар он муқаррар намудем [ва ба онон гуфтем] «Шабу рӯз байни онҳо эмин [ва осуда] сафар кунед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَقَالُوا۟ رَبَّنَا بَٰعِدْ بَيْنَ أَسْفَارِنَا وَظَلَمُوٓا۟ أَنفُسَهُمْ فَجَعَلْنَٰهُمْ أَحَادِيثَ وَمَزَّقْنَٰهُمْ كُلَّ مُمَزَّقٍ إِنَّ فِى ذَٰلِكَ لَـَٔايَٰتٍ لِّكُلِّ صَبَّارٍ شَكُورٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Аммо онон [бо носипосӣ] гуфтанд: «Парвардигоро, миёни сафарҳои мо фосила [-и бештаре] эҷод кун [то арзиши аспҳо ва шутурҳоямон намоён гардад ва бенавоён натавонанд ҳамчун сарватмандон ба роҳати сафар кунанд]» ва ба хештан ситам карданд; пас, Мо [низ саргузашти] ононро достоне [ибратомӯз] барои дигарон сохтем ва сахт [муталошӣ ва] парокандаашон намудем. Ба ростӣ, ки дар ин [моҷаро] барои ҳар шикебоӣ сипосгузор, нишонаҳое [аз қудрати илоҳӣ] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَقَدْ صَدَّقَ عَلَيْهِمْ إِبْلِيسُ ظَنَّهُۥ فَٱتَّبَعُوهُ إِلَّا فَرِيقًا مِّنَ ٱلْمُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва яқинан, иблис гумони худро дар мавриди онон ба таҳаққуқ расонд; пас, ҷуз гурӯҳе [андак] аз муъминон, [ҳамагӣ] аз ӯ пайравӣ карданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا كَانَ لَهُۥ عَلَيْهِم مِّن سُلْطَٰنٍ إِلَّا لِنَعْلَمَ مَن يُؤْمِنُ بِٱلْـَٔاخِرَةِ مِمَّنْ هُوَ مِنْهَا فِى شَكٍّ وَرَبُّكَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ حَفِيظٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Шайтон] бар онон ҳеҷ тасаллуте надошт; балки [Мо мехостем] касеро, ки ба охират имон дорад, аз касе, ки дар бораи он тардид дорад, боз шиносем; ва Парвардигорат бар ҳар чизе нигаҳбон аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلِ ٱدْعُوا۟ ٱلَّذِينَ زَعَمْتُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ لَا يَمْلِكُونَ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَلَا فِى ٱلْأَرْضِ وَمَا لَهُمْ فِيهِمَا مِن شِرْكٍ وَمَا لَهُۥ مِنْهُم مِّن ظَهِيرٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Касонеро, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло [ёвар ва шафоатгари худ] мепиндоред, [ба фарёд] бихонед. Онон ҳатто ҳамсанги заррае дар осмонҳо ва замин молики чизе нестанд ва на дар [офариниш ва тадбири] он ду [замину осмон] ширкате доранд ва на Ӯ [ Аллоҳ таоло] аз ҷониби онон ҳеҷ пуштибоне дорад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَا تَنفَعُ ٱلشَّفَٰعَةُ عِندَهُۥٓ إِلَّا لِمَنْ أَذِنَ لَهُۥ حَتَّىٰٓ إِذَا فُزِّعَ عَن قُلُوبِهِمْ قَالُوا۟ مَاذَا قَالَ رَبُّكُمْ قَالُوا۟ ٱلْحَقَّ وَهُوَ ٱلْعَلِىُّ ٱلْكَبِيرُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Шафоат [ҳеҷ кас] назди Ӯ [Аллоҳ таоло] суде надорад; магар барои он ки [Аллоҳ таоло] ба ӯ иҷозат дода бошад. [Дар он рӯз фариштагон аз хавф ва ҳайбати илоҳӣ тарсонанд] то онгоҳ, ки изтироб [ва ташвиш] аз дилҳояшон бартараф мегардад, [гурӯҳе аз онон ба гурӯҳи дигар] мегӯянд: «Парвардигоратон чӣ гуфт?» [Онон дар посух] мегӯянд: «ҳақро [фармуд] ва Ӯ баланмартабаи бузург аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ مَن يَرْزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ قُلِ ٱللَّهُ وَإِنَّآ أَوْ إِيَّاكُمْ لَعَلَىٰ هُدًى أَوْ فِى ضَلَٰلٍ مُّبِينٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Чи касе аз осмонҳо ва замин ба шумо рӯзӣ медиҳад?» [Дар посух] бигӯ: «Аллоҳ таоло; ва яқинан [як гурӯҳ аз байни] мо ва шумост ё бар [роҳи] ҳидоят ё дар гумроҳии ошкор»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُل لَّا تُسْـَٔلُونَ عَمَّآ أَجْرَمْنَا وَلَا نُسْـَٔلُ عَمَّا تَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «[Рӯзи қиёмат] Шумо аз гуноҳе, ки мо муртакиб шудаем, бозхост намешавед ва моро [низ] ба хотири он чи шумо анҷом медиҳед, бозхост намекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ يَجْمَعُ بَيْنَنَا رَبُّنَا ثُمَّ يَفْتَحُ بَيْنَنَا بِٱلْحَقِّ وَهُوَ ٱلْفَتَّاحُ ٱلْعَلِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «[Он рӯз] Парвардигорамон [ҳамаи] моро гирд меоварад, сипас миёни мо ба ҳақ [ва адолат] доварӣ мекунад ва Ӯ довари доност»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ أَرُونِىَ ٱلَّذِينَ أَلْحَقْتُم بِهِۦ شُرَكَآءَ كَلَّا بَلْ هُوَ ٱللَّهُ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Касонеро, ки [дар қудрат ва тадбир] шарики Ӯ [Аллоҳ таоло] сохтаед, нишонам диҳед. Ҳаргиз [чунин нест, ки мепиндоред], балки Ӯ шикастнопазири ҳаким аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَآ أَرْسَلْنَٰكَ إِلَّا كَآفَّةً لِّلنَّاسِ بَشِيرًا وَنَذِيرًا وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар] Мо туро ҷуз башоратбахш ва бимдиҳандае барои ҳамаи мардум нафиристодаем; аммо бештари мардум [ин ҳақиқатро] намедонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلْوَعْدُ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [кофирон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда [қиёмат] кай хоҳад буд?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُل لَّكُم مِّيعَادُ يَوْمٍ لَّا تَسْتَـْٔخِرُونَ عَنْهُ سَاعَةً وَلَا تَسْتَقْدِمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Ваъдагоҳатон рӯзест, ки на соате аз он таъхир мекунед ва на [бар он] пешӣ мегиред»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ لَن نُّؤْمِنَ بِهَٰذَا ٱلْقُرْءَانِ وَلَا بِٱلَّذِى بَيْنَ يَدَيْهِ وَلَوْ تَرَىٰٓ إِذِ ٱلظَّٰلِمُونَ مَوْقُوفُونَ عِندَ رَبِّهِمْ يَرْجِعُ بَعْضُهُمْ إِلَىٰ بَعْضٍ ٱلْقَوْلَ يَقُولُ ٱلَّذِينَ ٱسْتُضْعِفُوا۟ لِلَّذِينَ ٱسْتَكْبَرُوا۟ لَوْلَآ أَنتُمْ لَكُنَّا مُؤْمِنِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки куфр варзиданд мегӯянд: «Мо ҳаргиз ба ин Қуръон ва ба он [китобҳое], ки пеш аз он будааст, имон намеоварем». Кош медидӣ он вақтро, ки ин ситамгорон дар пешгоҳи Парвардигорашон нигоҳ дошта мешаванд [ва] сухани якдигарро рад мекунанд [ва ҳар як гуноҳро ба гардани дигаре меандозад]. Онон, ки [дар дунё] ба нотавонӣ кашида шуда буданд ба касоне, ки гарданкашӣ мекарданд, мегӯянд: «Агар шумо набудед, мо ҳатман, имон меовардем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالَ ٱلَّذِينَ ٱسْتَكْبَرُوا۟ لِلَّذِينَ ٱسْتُضْعِفُوٓا۟ أَنَحْنُ صَدَدْنَٰكُمْ عَنِ ٱلْهُدَىٰ بَعْدَ إِذْ جَآءَكُم بَلْ كُنتُم مُّجْرِمِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Онон, ки гарданкашӣ мекарданд, [дар посух ба] касоне, ки ба нотавонӣ кашида шуда буданд, мегӯянд: «Оё мо [будем, ки] шуморо аз ҳидоят-пас аз он ки ба сӯятон омад- боздоштем? [Ҳаргиз] Балки шумо худ гунаҳгор [ва аҳли фасод] будед»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالَ ٱلَّذِينَ ٱسْتُضْعِفُوا۟ لِلَّذِينَ ٱسْتَكْبَرُوا۟ بَلْ مَكْرُ ٱلَّيْلِ وَٱلنَّهَارِ إِذْ تَأْمُرُونَنَآ أَن نَّكْفُرَ بِٱللَّهِ وَنَجْعَلَ لَهُۥٓ أَندَادًا وَأَسَرُّوا۟ ٱلنَّدَامَةَ لَمَّا رَأَوُا۟ ٱلْعَذَابَ وَجَعَلْنَا ٱلْأَغْلَٰلَ فِىٓ أَعْنَاقِ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ هَلْ يُجْزَوْنَ إِلَّا مَا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Онон, ки ба нотавонӣ кашида шуда баданд, ба касоне, ки гарданкашӣ мекарданд, мегӯянд: «[Чунин нест] балки найранги шабу рӯз [-и шумо сабаб шуд, ки аз ҳидоят бозмонем] онгоҳ, ки ба мо дастур медодед, ба Аллоҳ таоло кофир шавем ва барояш [дар қудрат ва парастиш] ҳамтоёне қарор диҳем». Онон ҳангоме ки азоб [-и илоҳӣ]-ро мебинанд, пушаймонии худро [дар дил] пинҳон мекунанд ва Мо ғулу занҷирҳоро дар гардани ононе, ки куфр варзидаанд, меандозем. Оё ҷуз [ба кайфари] он чи мекарданд, муҷозот мешаванд?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَآ أَرْسَلْنَا فِى قَرْيَةٍ مِّن نَّذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتْرَفُوهَآ إِنَّا بِمَآ أُرْسِلْتُم بِهِۦ كَٰفِرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва дар ҳеҷ шаҳре бимдиҳандае нафиристодем, магар ин ки сарватмандони саркаши онҷо гуфтанд: «Паёмеро, ки маъмур ба [расидани] он шудаед, ҳатман, инкор мекунем»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالُوا۟ نَحْنُ أَكْثَرُ أَمْوَٰلًا وَأَوْلَٰدًا وَمَا نَحْنُ بِمُعَذَّبِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Онон мегуфтанд: «Амвол ва фарзандони мо [аз шумо] бештар аст ва ҳаргиз муҷозот нахоҳем шуд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ إِنَّ رَبِّى يَبْسُطُ ٱلرِّزْقَ لِمَن يَشَآءُ وَيَقْدِرُ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар] бигӯ: «Бе тардид, Парвардигорам [барои озмоиши мардум, неъмат ва] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад, густурда медорад ва [ё] танг мегирад; вале бештари мардум намедонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَآ أَمْوَٰلُكُمْ وَلَآ أَوْلَٰدُكُم بِٱلَّتِى تُقَرِّبُكُمْ عِندَنَا زُلْفَىٰٓ إِلَّا مَنْ ءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحًا فَأُو۟لَٰٓئِكَ لَهُمْ جَزَآءُ ٱلضِّعْفِ بِمَا عَمِلُوا۟ وَهُمْ فِى ٱلْغُرُفَٰتِ ءَامِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва амволу фарзандонатон [фазилате] нест, ки шуморо ба пешгоҳи Мо наздик созад, магар касе, ки имон оварда ва коре шоиста анҷом додааст; пас, онон дар баробари он чи кардаанд, подоши дучандон доранд ва дар хонаҳои баланди биҳишт дар амну осоишанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَٱلَّذِينَ يَسْعَوْنَ فِىٓ ءَايَٰتِنَا مُعَٰجِزِينَ أُو۟لَٰٓئِكَ فِى ٱلْعَذَابِ مُحْضَرُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва касоне, ки дар [дур кардани мардум аз] оёти Мо мекӯшанд, то [ба пиндори хеш] Моро дармонда кунанд, ононанд, ки [ба азоби дузах] фаро хонда мешаванд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ إِنَّ رَبِّى يَبْسُطُ ٱلرِّزْقَ لِمَن يَشَآءُ مِنْ عِبَادِهِۦ وَيَقْدِرُ لَهُۥ وَمَآ أَنفَقْتُم مِّن شَىْءٍ فَهُوَ يُخْلِفُهُۥ وَهُوَ خَيْرُ ٱلرَّٰزِقِينَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Бе тардид, Парвардигорам [неъмат ва] рӯзиро бар ҳар ки бихоҳад, густурда медорад ва [ё] танг мегирад; ва ҳар чизеро [ки дар роҳи Аллоҳ таоло] инфоқ кунед, Ӯ ба ҷойи он [мол- ва беҳтар аз он –ба шумо] бозпас медиҳад; ва Ӯ беҳтарин рӯзидиҳанда аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَيَوْمَ يَحْشُرُهُمْ جَمِيعًا ثُمَّ يَقُولُ لِلْمَلَٰٓئِكَةِ أَهَٰٓؤُلَآءِ إِيَّاكُمْ كَانُوا۟ يَعْبُدُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки Аллоҳ таоло ҳамаи ононро бармеангезад, онгоҳ ба фариштагон мегӯяд: «Оё инҳо шуморо мепарастиданд?»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قَالُوا۟ سُبْحَٰنَكَ أَنتَ وَلِيُّنَا مِن دُونِهِم بَلْ كَانُوا۟ يَعْبُدُونَ ٱلْجِنَّ أَكْثَرُهُم بِهِم مُّؤْمِنُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Фариштагон] мегӯянд: «Ту муназзаҳӣ; [дӯст ва] корсози мо Ту ҳастӣ, на онон; балки [ин мушрикон] шаётинро мепарастиданд ва бештарашон ба онҳо имон доштанд»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فَٱلْيَوْمَ لَا يَمْلِكُ بَعْضُكُمْ لِبَعْضٍ نَّفْعًا وَلَا ضَرًّا وَنَقُولُ لِلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ ذُوقُوا۟ عَذَابَ ٱلنَّارِ ٱلَّتِى كُنتُم بِهَا تُكَذِّبُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Пас, имрӯз ҳеҷ як аз шумо суд ва зиёне барои дигаре надорад; ва ба касоне, ки [бо ширк варзидан] ба худ ситам мекарданд, мегӯем: «Бичашед азоби оташеро, ки дурӯғаш меангоштед
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَإِذَا تُتْلَىٰ عَلَيْهِمْ ءَايَٰتُنَا بَيِّنَٰتٍ قَالُوا۟ مَا هَٰذَآ إِلَّا رَجُلٌ يُرِيدُ أَن يَصُدَّكُمْ عَمَّا كَانَ يَعْبُدُ ءَابَآؤُكُمْ وَقَالُوا۟ مَا هَٰذَآ إِلَّآ إِفْكٌ مُّفْتَرًى وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ لِلْحَقِّ لَمَّا جَآءَهُمْ إِنْ هَٰذَآ إِلَّا سِحْرٌ مُّبِينٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва ҳангоме ки оёти равшани Мо бар онон [кофирон] хонда мешавад, мегӯянд: «Ин ҷуз марде нест, ки мехоҳад шуморо аз он чи падаронатон мепарастиданд, боздорад»; ва [низ] мегӯянд: «Ин [Қуръон] ҷуз дурӯғе барбофта нест»; ва касоне, ки куфр варзиданд, дар бораи ҳақ – вақте ба сӯяшон омад – гуфтанд: «Ин [Қуръон, чизе] нест, магар ҷодуе ошкор»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَآ ءَاتَيْنَٰهُم مِّن كُتُبٍ يَدْرُسُونَهَا وَمَآ أَرْسَلْنَآ إِلَيْهِمْ قَبْلَكَ مِن نَّذِيرٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Мо [пеш аз ин Қуръон] ҳеҷ китобе ба онон [мушрикон] надодаем, ки онро бихонанд [ва бо истинод ба матолибаш туро дурӯғгӯ бидонанд] ва пеш аз ту ҳеҷ бимдиҳандае ба сӯяшон нафиристодаем
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَكَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ وَمَا بَلَغُوا۟ مِعْشَارَ مَآ ءَاتَيْنَٰهُمْ فَكَذَّبُوا۟ رُسُلِى فَكَيْفَ كَانَ نَكِيرِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Касоне, ки пеш аз онон буданд [низ паёмбарони илоҳиро] дурӯғгӯ ангоштанд ва [ин дар ҳоле аст, ки мушрикони қавми ту, ҳатто] ба даҳяки он чи [аз қудрату сарват] ба онон дода будем, нарасидаанд, вале [он кофирон] паёмбаронамро дурӯғгӯ ангоштанд; пас, [бингар, ки] кайфари Ман чи гуна буд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ إِنَّمَآ أَعِظُكُم بِوَٰحِدَةٍ أَن تَقُومُوا۟ لِلَّهِ مَثْنَىٰ وَفُرَٰدَىٰ ثُمَّ تَتَفَكَّرُوا۟ مَا بِصَاحِبِكُم مِّن جِنَّةٍ إِنْ هُوَ إِلَّا نَذِيرٌ لَّكُم بَيْنَ يَدَىْ عَذَابٍ شَدِيدٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center [Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Ман фақат шуморо ба як [сухан] панд медиҳам, ки: ду-ду ва як-як [гурӯҳ-гурӯҳ ё инфиродӣ] барои Аллоҳ таоло бархезед, сипас [дар аҳвол ва зиндагии паёмбар] бияндешед, [то бидонед, ки] ин ҳамнишини шумо [Муҳаммад] девона нест; ӯ бимдиҳандаест, ки пеш аз [фаро расидани] азоби сахт, барои [ҳидояти] шумо омадааст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ مَا سَأَلْتُكُم مِّنْ أَجْرٍ فَهُوَ لَكُمْ إِنْ أَجْرِىَ إِلَّا عَلَى ٱللَّهِ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ شَهِيدٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Ҳар подоше, ки [барои рисолатам] аз шумо хостаам, барои худатон бошад. Подоши ман ҷуз бар [уҳдаи] Аллоҳ таоло нест ва Ӯ бар ҳар чизе гувоҳ аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ إِنَّ رَبِّى يَقْذِفُ بِٱلْحَقِّ عَلَّٰمُ ٱلْغُيُوبِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Яқинан Парвардигорам, ки донои розҳои ниҳон аст, [истидлолҳои] ҳақро бар ботил фурӯ меафканад [ва онро нобуд месозад]»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ جَآءَ ٱلْحَقُّ وَمَا يُبْدِئُ ٱلْبَٰطِلُ وَمَا يُعِيدُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Ҳақ [Ислом] фаро расид ва ботил наметавонад [таъсир ва қудрати ҷадиде] оғоз кунад ва на [нуфузи гузаштаашро] бозгардонад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
قُلْ إِن ضَلَلْتُ فَإِنَّمَآ أَضِلُّ عَلَىٰ نَفْسِى وَإِنِ ٱهْتَدَيْتُ فَبِمَا يُوحِىٓ إِلَىَّ رَبِّىٓ إِنَّهُۥ سَمِيعٌ قَرِيبٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Бигӯ: «Агар [ман бо расондани ин паём] гумроҳ шуда бошам, ҷуз ин нест, ки ба зиёни хеш гумроҳ шудаам ва агар ҳидоят ёфта бошам, ба сабаби он [сухане] аст, ки Парвардигорам бар ман ваҳй мекунад. Бе тардид, Ӯ шунаво [ва] наздик аст»
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَلَوْ تَرَىٰٓ إِذْ فَزِعُوا۟ فَلَا فَوْتَ وَأُخِذُوا۟ مِن مَّكَانٍ قَرِيبٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Кош ҳангомеро медидӣ, ки [кофирон аз мушоҳидаи азоб] ваҳшатзада мешаванд ва [ҳеҷ роҳи] гурезе нест ва ононро аз ҷойи наздике [ки интизорашро надоранд] дастгир мекунанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَالُوٓا۟ ءَامَنَّا بِهِۦ وَأَنَّىٰ لَهُمُ ٱلتَّنَاوُشُ مِن مَّكَانٍۭ بَعِيدٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Онон [дар ин ҳол] мегӯянд: «Ба ин [қиёмат] имон овардем»; ва [акнун, ки мурдаанд] чи гуна аз ҷойи [чунин] дур дастрасӣ [ба имон] барояшон мумкин аст?
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَقَدْ كَفَرُوا۟ بِهِۦ مِن قَبْلُ وَيَقْذِفُونَ بِٱلْغَيْبِ مِن مَّكَانٍۭ بَعِيدٍ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ҳол он ки онон дар дунё ин [қиёмат]-ро инкор мекарданд ва аз дур [ва бидуни дониш ва огоҳӣ, ба Паёмбар] нисбатҳои нораво медонанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَحِيلَ بَيْنَهُمْ وَبَيْنَ مَا يَشْتَهُونَ كَمَا فُعِلَ بِأَشْيَاعِهِم مِّن قَبْلُ إِنَّهُمْ كَانُوا۟ فِى شَكٍّ مُّرِيبٍۭ
Tajiki Translation - Rowwad Translation Center Ва [саранҷом] миёни онон ва он чи [аз лаззатҳои дунявӣ] ки хуш доранд, ҷудоӣ афтод; чунонки пеш аз ин низ бо амсоли [ва ҳамфикрони] эшон низ чунин рафторе шуд [чаро ки] яқинан онон [низ нисбат ба қиёмат] сахт дар тардид буданд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
← Сураи Al-Ahzaab
Сураи Faatir →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→
Матни арабӣ ва тарҷумаҳо тавассути Tanzil ва QuranEnc — айнан, бетағйир · Тарҷумаҳо ба тарҷумонҳояшон тааллуқ доранд ва худи Қуръон нестанд
Ин ёрирасони таҳқиқотист, на манбаи фатво.