وَلَا تَدْعُ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ كُلُّ شَىْءٍ هَالِكٌ إِلَّا وَجْهَهُۥ لَهُ ٱلْحُكْمُ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа маъбуди дигаре бо Аллоҳ таоло [ба ниёиш] нахон. Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест. Ҳама чиз фанопазир аст, магар [зоти ҷовид ва] рӯйи Ӯ. Фармонравоӣ [танҳо] аз они Ӯст ва [рӯзи қиёмат ҳамагӣ] ба пешгоҳаш бозгардонда мешавед