Сураи Al-Bayyina البينة
8 оят · Мадина · тартиби нузул 100
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ لَمْ يَكُنِ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ مِنْ أَهْلِ ٱلْكِتَٰبِ وَٱلْمُشْرِكِينَ مُنفَكِّينَ حَتَّىٰ تَأْتِيَهُمُ ٱلْبَيِّنَةُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне аз аҳли китоб ва мушрикон, ки кофир шуданд, [аз оини куфр] даст барнамедоранд, то ин ки барои онон далели равшане биёяд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
رَسُولٌ مِّنَ ٱللَّهِ يَتْلُوا۟ صُحُفًا مُّطَهَّرَةً
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПаёмбаре аз сӯи Аллоҳ таоло [биёяд], ки саҳифаҳои покро бихонад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
فِيهَا كُتُبٌ قَيِّمَةٌ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа дар он [саҳифаҳо] навиштаҳое устувор [ва дуруст] аст
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَا تَفَرَّقَ ٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْكِتَٰبَ إِلَّا مِنۢ بَعْدِ مَا جَآءَتْهُمُ ٱلْبَيِّنَةُ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касоне, ки ба онон китоб дода шуд, [аз ҷумлаи яҳудиён ва масеҳиён] пароканда нашуданд, [ва ихтилоф накарданд] магар баъд аз он ки далели равшан барои онон омад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
وَمَآ أُمِرُوٓا۟ إِلَّا لِيَعْبُدُوا۟ ٱللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ حُنَفَآءَ وَيُقِيمُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤْتُوا۟ ٱلزَّكَوٰةَ وَذَٰلِكَ دِينُ ٱلْقَيِّمَةِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа эшон фармон наёфтанд, ҷуз ин ки Аллоҳро бипарастанд, дар ҳоле ки дини худро барои ӯ холис гардонанд [ва аз ширку бутпарастӣ] ба тавҳид рӯ оваранд; ва намоз барпо доранд ва закот бипардозанд; ва ин аст оини ростин ва мустақим
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ مِنْ أَهْلِ ٱلْكِتَٰبِ وَٱلْمُشْرِكِينَ فِى نَارِ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أُو۟لَٰٓئِكَ هُمْ شَرُّ ٱلْبَرِيَّةِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе гумон, касоне аз аҳли китоб ва мушрикон, ки кофир шуданд, ҷовидона дар оташи ҷаҳаннам хоҳанд монд. Онон бадтарин офаридагон ҳастанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أُو۟لَٰٓئِكَ هُمْ خَيْرُ ٱلْبَرِيَّةِ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамоно касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, онон беҳтарини офаридагон ҳастанд
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
جَزَآؤُهُمْ عِندَ رَبِّهِمْ جَنَّٰتُ عَدْنٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدًا رَّضِىَ ٱللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا۟ عَنْهُ ذَٰلِكَ لِمَنْ خَشِىَ رَبَّهُۥ
Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПодоши эшон назди Парвардигорашон боғҳои [биҳишти] ҷовидон аст, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорист; ҳамеша дар он хоҳанд монд; Аллоҳ таоло аз [аъмоли] онҳо хушнуд аст ва онон [низ] аз [подоши] Ӯ хушнуданд; ва ин [мақом ва подош] барои касест, ки аз Парвардигораш битарсад
Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
→