caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-An'aam الأنعام

165 оят · Макка · тартиби нузул 55

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ ٱلَّذِى خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ وَجَعَلَ ٱلظُّلُمَٰتِ وَٱلنُّورَ ثُمَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ بِرَبِّهِمْ يَعْدِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСитоиш Аллоҳ таолорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва торикиҳо ва рӯшноӣ [шабу рӯз]-ро падид овард. Бо ин ҳама, касоне, ки куфр варзидаанд, [дигаронро дар тавону тадбир] бо Парвардигори худ баробар медонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هُوَ ٱلَّذِى خَلَقَكُم مِّن طِينٍ ثُمَّ قَضَىٰٓ أَجَلًا وَأَجَلٌ مُّسَمًّى عِندَهُۥ ثُمَّ أَنتُمْ تَمْتَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮст, ки шуморо аз гил офарид, он гоҳ муддатеро [барои ҳаётатон] муқаррар дошт ва аҷал, ҳатман, назди Ӯст. Бо ин ҳама шумо [дар қудрати Ӯ барои барпо шудани қиёмат] тардид мекунед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُوَ ٱللَّهُ فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَفِى ٱلْأَرْضِ يَعْلَمُ سِرَّكُمْ وَجَهْرَكُمْ وَيَعْلَمُ مَا تَكْسِبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Ӯст Аллоҳ таоло [Маъбуди ягона] дар осмонҳо ва замин, ниҳону ошкоратонро медонад ва он чиро ба даст меоваред,[ва анҷом медиҳед низ] медонад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا تَأْتِيهِم مِّنْ ءَايَةٍ مِّنْ ءَايَٰتِ رَبِّهِمْ إِلَّا كَانُوا۟ عَنْهَا مُعْرِضِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳеҷ нишонае аз нишонаҳои Парвардигорашон ба инон [кофирон] намеояд, магар ин ки аз он рӯйгардон мешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَقَدْ كَذَّبُوا۟ بِٱلْحَقِّ لَمَّا جَآءَهُمْ فَسَوْفَ يَأْتِيهِمْ أَنۢبَٰٓؤُا۟ مَا كَانُوا۟ بِهِۦ يَسْتَهْزِءُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲамоно онон ҳақро, ҳангоме ки ба сӯяшон омад, дурӯғ шумурданд, пас, ба зудӣ хабарҳои он чиро, ки масхарааш мекарданд, ба онон хоҳад расид

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَلَمْ يَرَوْا۟ كَمْ أَهْلَكْنَا مِن قَبْلِهِم مِّن قَرْنٍ مَّكَّنَّٰهُمْ فِى ٱلْأَرْضِ مَا لَمْ نُمَكِّن لَّكُمْ وَأَرْسَلْنَا ٱلسَّمَآءَ عَلَيْهِم مِّدْرَارًا وَجَعَلْنَا ٱلْأَنْهَٰرَ تَجْرِى مِن تَحْتِهِمْ فَأَهْلَكْنَٰهُم بِذُنُوبِهِمْ وَأَنشَأْنَا مِنۢ بَعْدِهِمْ قَرْنًا ءَاخَرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [кофирон] надиданд, ки пеш аз онон чи [бисёр] гурӯҳҳое аз мардумро нобуд кардем? [Умматҳое] Ки дар замин ба эшон чунон иқтидор [ва неруе] дода будем, ки [ҳаргиз] ба шумо чунон имконоте надодаем ва борони осмонро паёпай бар онон фиристодем ва наҳрҳо падид овардем, ки зери [хонаҳои] онон ҷорӣ буд. Пас, [ҳангоме ки носипосӣ карданд, Мо] эшонро ба [сазои] гуноҳҳояшон нобуд кардем ва пас аз онҳо гурӯҳи дигаре падид овардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ نَزَّلْنَا عَلَيْكَ كِتَٰبًا فِى قِرْطَاسٍ فَلَمَسُوهُ بِأَيْدِيهِمْ لَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ إِنْ هَٰذَآ إِلَّا سِحْرٌ مُّبِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй паёмбар, ҳатто] агар китобе [навишта] бар коғаз бар ту нозил мекардем ва эшон он [китоб]-ро бо дастони хеш ламс мекарданд, ҳатман, касоне, ки куфр варзидаанд мегуфтанд: «Ин [китоб чизе] нест, магар ҷодуи ошкор»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوا۟ لَوْلَآ أُنزِلَ عَلَيْهِ مَلَكٌ وَلَوْ أَنزَلْنَا مَلَكًا لَّقُضِىَ ٱلْأَمْرُ ثُمَّ لَا يُنظَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [кофирон] гуфтанд: «Чаро фариштае ба ӯ нозил нашудааст [то гувоҳи ростгӯияш бошад]»? Ва агар фариштае мефиристодем [ва имон намеоварданд], ҳатман, кор ба поён мерасид ва муҳлате [барои тавба] намеёфтанд [ва ҳалок мешуданд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ جَعَلْنَٰهُ مَلَكًا لَّجَعَلْنَٰهُ رَجُلًا وَلَلَبَسْنَا عَلَيْهِم مَّا يَلْبِسُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар он [фиристода]-ро фариштае қарор медодем, ҳатман, вайро ба шакли марде дармеовардем [то битавонанд ӯро бубинанд ва суханонашро бифаҳманд] ва яқинан, ононро дучори ҳамон иштибоҳе мекардем, ки қаблан дар он буданд [зеро ӯ низ сурати инсон дошт]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدِ ٱسْتُهْزِئَ بِرُسُلٍ مِّن قَبْلِكَ فَحَاقَ بِٱلَّذِينَ سَخِرُوا۟ مِنْهُم مَّا كَانُوا۟ بِهِۦ يَسْتَهْزِءُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Ҳатман, паёмбароне пеш аз ту [низ аз сӯйи кофирон] мавриди тамасхур воқеъ шуданд, пас, он чи ки масхарааш мекарданд, домонашонро гирифт [ва гирифтори азоб шуданд]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ سِيرُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ ثُمَّ ٱنظُرُوا۟ كَيْفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلْمُكَذِّبِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Дар замин гардиш кунед ва бингаред, ки саранҷоми такзибкунандагон [-и оёти илоҳӣ] чигуна будааст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُل لِّمَن مَّا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ قُل لِّلَّهِ كَتَبَ عَلَىٰ نَفْسِهِ ٱلرَّحْمَةَ لَيَجْمَعَنَّكُمْ إِلَىٰ يَوْمِ ٱلْقِيَٰمَةِ لَا رَيْبَ فِيهِ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓا۟ أَنفُسَهُمْ فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они кист»? Бигӯ: «Аз они Аллоҳи мутаол аст, ки раҳматро бар хеш воҷиб гардонидааст, [ва] ҳатман, шуморо дар рӯзи қиёмат, ки дар он шакке нест, [назди худ] ҷамъ хоҳад кард. Ва касоне, ки ба хеш зиён расонидаанд, имон намеоваранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَهُۥ مَا سَكَنَ فِى ٱلَّيْلِ وَٱلنَّهَارِ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلْعَلِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳарчи дар шабу рӯз ором [-у қарор] дорад аз они Ӯст ва Ӯ шуновову доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ أَغَيْرَ ٱللَّهِ أَتَّخِذُ وَلِيًّا فَاطِرِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَهُوَ يُطْعِمُ وَلَا يُطْعَمُ قُلْ إِنِّىٓ أُمِرْتُ أَنْ أَكُونَ أَوَّلَ مَنْ أَسْلَمَ وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلْمُشْرِكِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Оё ғайри Аллоҳи мутаолро [барои худ дӯст ва] корсоз гирам? [Парвардигоре] Ки падидоварандаи осмонҳо ва замин аст ва Ӯст, ки рӯзӣ медиҳад ва худ рӯзӣ дода намешавад». Бигӯ: «Ман фармон ёфтаам, ки нахустин касе [аз ин уммат] бошам, ки таслим [-и амри илоҳӣ] шудааст ва [Аллоҳ таоло бар ман фармон дод, ки]: “Ҳаргиз аз мушрикон набошам”

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ إِنِّىٓ أَخَافُ إِنْ عَصَيْتُ رَبِّى عَذَابَ يَوْمٍ عَظِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Агар ман аз [ҳукми] парвардигорам нофармонӣ кунам, бе тардид аз азоби рӯзи бузург метарсам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَّن يُصْرَفْ عَنْهُ يَوْمَئِذٍ فَقَدْ رَحِمَهُۥ وَذَٰلِكَ ٱلْفَوْزُ ٱلْمُبِينُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар ки дар он рӯз ба вай азоб нарасад, ҳатман, [Аллоҳ таоло] ба ӯ раҳм кардааст ва ин ҳамон пирӯзии ошкор аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِن يَمْسَسْكَ ٱللَّهُ بِضُرٍّ فَلَا كَاشِفَ لَهُۥٓ إِلَّا هُوَ وَإِن يَمْسَسْكَ بِخَيْرٍ فَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй инсон] Агар Аллоҳ таоло [бихоҳад] зиёне ба ту расонад, ҳеҷ касе ҷуз Ӯ бартарафкунандаи он нест; ва агар [ирода кунад, ки] хайре ба ту расонад, [касе боздорандаи он нест] пас, Ӯ бар ҳама чиз тавоност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُوَ ٱلْقَاهِرُ فَوْقَ عِبَادِهِۦ وَهُوَ ٱلْحَكِيمُ ٱلْخَبِيرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Ӯст, ки бар бандагони худ чира [ва мусаллат] аст ва Ӯ ҳакими огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ أَىُّ شَىْءٍ أَكْبَرُ شَهَٰدَةً قُلِ ٱللَّهُ شَهِيدٌۢ بَيْنِى وَبَيْنَكُمْ وَأُوحِىَ إِلَىَّ هَٰذَا ٱلْقُرْءَانُ لِأُنذِرَكُم بِهِۦ وَمَنۢ بَلَغَ أَئِنَّكُمْ لَتَشْهَدُونَ أَنَّ مَعَ ٱللَّهِ ءَالِهَةً أُخْرَىٰ قُل لَّآ أَشْهَدُ قُلْ إِنَّمَا هُوَ إِلَٰهٌ وَٰحِدٌ وَإِنَّنِى بَرِىٓءٌ مِّمَّا تُشْرِكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар, бар мушрикон] Бигӯ: «Гувоҳии чи касе аз ҳама беҳтар аст»? Бигӯ: «Аллоҳ таоло [ки] миёни ману шумо гувоҳ аст ва ин Қуръон [аз ҷониби Ӯ] бар ман ваҳй шудааст, то ба василаи он ба шумо ва ҳар ки [ин паём ба ӯ] мерасад, ҳушдор диҳам. Оё шумо ба ростӣ гувоҳӣ медиҳед, ки бо Аллоҳ таоло маъбудони дигаре ҳаст?» Бигӯ: «Ман [ҳаргиз ба чунин чизе] гувоҳӣ намедиҳам». Бигӯ: «Яқинан Ӯ танҳо маъбуди ягона аст ва ман аз он чи [бо Ӯ] шарик қарор медиҳед, безорам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ ءَاتَيْنَٰهُمُ ٱلْكِتَٰبَ يَعْرِفُونَهُۥ كَمَا يَعْرِفُونَ أَبْنَآءَهُمُ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓا۟ أَنفُسَهُمْ فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки ба онон китоб [-и осмонӣ] додаем, ҳамон гуна ки писарони худро мешиносанд, [паёмбар]-ро мешиносанд. Онон ки [бо пайравӣ аз ҳавои нафс] ба хеш зиён расонидаанд, имон намеоваранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ ٱفْتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوْ كَذَّبَ بِـَٔايَٰتِهِۦٓ إِنَّهُۥ لَا يُفْلِحُ ٱلظَّٰلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа кист ситамгортар аз он ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад [ва барояш шарик мепиндорад] ё оёташро дурӯғ меангорад? Яқинан, ситамгорони [мушрик] растагор намешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَوْمَ نَحْشُرُهُمْ جَمِيعًا ثُمَّ نَقُولُ لِلَّذِينَ أَشْرَكُوٓا۟ أَيْنَ شُرَكَآؤُكُمُ ٱلَّذِينَ كُنتُمْ تَزْعُمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ёд кун аз қиёмат] рӯзе, ки ҳамаи ононро ҷамъ мекунем ва ба касоне, ки ширк варзидаанд, мегӯем: «Маъбудонатон, ки [шарики Аллоҳ таоло] мепиндоштед, куҷо ҳастанд»?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ لَمْ تَكُن فِتْنَتُهُمْ إِلَّآ أَن قَالُوا۟ وَٱللَّهِ رَبِّنَا مَا كُنَّا مُشْرِكِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнгоҳ [посух ва] узрашон ҷуз ин нест, ки мегӯянд: «Ба Аллоҳ таоло –Парвардигорамон– савганд, ки мо мушрик набудем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱنظُرْ كَيْفَ كَذَبُوا۟ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمْ وَضَلَّ عَنْهُم مَّا كَانُوا۟ يَفْتَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Бингар,чигуна бар худ дурӯғ бастанд ва он чи [дар мавриди шафоати маъбудонашон] ба дурӯғ мегуфтанд, [ҳама] маҳву нобуд шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمِنْهُم مَّن يَسْتَمِعُ إِلَيْكَ وَجَعَلْنَا عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ أَكِنَّةً أَن يَفْقَهُوهُ وَفِىٓ ءَاذَانِهِمْ وَقْرًا وَإِن يَرَوْا۟ كُلَّ ءَايَةٍ لَّا يُؤْمِنُوا۟ بِهَا حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءُوكَ يُجَٰدِلُونَكَ يَقُولُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ إِنْ هَٰذَآ إِلَّآ أَسَٰطِيرُ ٱلْأَوَّلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа афроде аз онон [мушрикон] ҳастанд, ки [ҳангоми тиловати Қуръон] ба ту гӯш месупоранд ва [-ле] мо бар дилҳояшон парда афкандаем, то онро нафаҳманд ва дар гӯшҳояшон сангинӣ [қарор додаем] ва агар тамоми муъҷизот [ва далоили тавҳид]-ро бубинанд, [боз ҳам] ба он имон намеоваранд, то наздат биёянд ва бо ту муҷодала кунанд. Касоне, ки куфр варзидаанд, мегӯянд: «Ин [Қуръон, чизе] Нест магар афсонаҳои пешиниён»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُمْ يَنْهَوْنَ عَنْهُ وَيَنْـَٔوْنَ عَنْهُ وَإِن يُهْلِكُونَ إِلَّآ أَنفُسَهُمْ وَمَا يَشْعُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа онон [мардум]-ро аз пайравии ӯ [паёмбар] бозмедоранд ва худ [низ] аз ӯ дур мешаванд ва [касе] ҷуз хештанро ҳалок намекунанд ва [-ле] намедонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ تَرَىٰٓ إِذْ وُقِفُوا۟ عَلَى ٱلنَّارِ فَقَالُوا۟ يَٰلَيْتَنَا نُرَدُّ وَلَا نُكَذِّبَ بِـَٔايَٰتِ رَبِّنَا وَنَكُونَ مِنَ ٱلْمُؤْمِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар [ононро] ҳангоме ки дар баробари оташ [-и дузах] нигаҳ доштаанд, бубинӣ, [аз ҳолашон шигифтзада мешавӣ, ки] мегӯянд: «Эй кош, [ба дунё] бозгардонда мешудем ва оёти Парвардигорамонро такзиб намекардем ва аз муъминон будем»!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَلْ بَدَا لَهُم مَّا كَانُوا۟ يُخْفُونَ مِن قَبْلُ وَلَوْ رُدُّوا۟ لَعَادُوا۟ لِمَا نُهُوا۟ عَنْهُ وَإِنَّهُمْ لَكَٰذِبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Чунин нест, ки мегӯянд] Балки он чи пеш аз ин пинҳон мекарданд, барояшон ошкор шудааст ва агар [ҳам ба дунё] бозгардонда шаванд, бе тардид ба он чи аз он наҳй шуда буданд, бозмегарданд ва инон дурӯғгӯ ҳастанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوٓا۟ إِنْ هِىَ إِلَّا حَيَاتُنَا ٱلدُّنْيَا وَمَا نَحْنُ بِمَبْعُوثِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [мушрикон] гуфтанд: «Ҷуз зиндагии мо дар дунё ҳеҷ [зиндагии дигаре] нест ва ҳаргиз барангехта нахоҳем шуд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ تَرَىٰٓ إِذْ وُقِفُوا۟ عَلَىٰ رَبِّهِمْ قَالَ أَلَيْسَ هَٰذَا بِٱلْحَقِّ قَالُوا۟ بَلَىٰ وَرَبِّنَا قَالَ فَذُوقُوا۟ ٱلْعَذَابَ بِمَا كُنتُمْ تَكْفُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар ононро ҳангоме ки дар пешгоҳи Парвардигорашон нигоҳ дошта мешаванд, бубинӣ, [шигифтзада мешавӣ. Аллоҳ таоло ба онон] мегӯяд: «Оё ин [зиндагии пас аз марг] ҳақ нест?» Онон мегӯянд: «Бале, қасам ба Парвардигорамон [ки ҳақ аст]. [Аллоҳ таоло] мегӯяд: «Пас, ба сазои он ки куфр меварзидед, ин азобро бичашед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَدْ خَسِرَ ٱلَّذِينَ كَذَّبُوا۟ بِلِقَآءِ ٱللَّهِ حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَتْهُمُ ٱلسَّاعَةُ بَغْتَةً قَالُوا۟ يَٰحَسْرَتَنَا عَلَىٰ مَا فَرَّطْنَا فِيهَا وَهُمْ يَحْمِلُونَ أَوْزَارَهُمْ عَلَىٰ ظُهُورِهِمْ أَلَا سَآءَ مَا يَزِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки дидори Парвардигорро дурӯғ ангоштаанд, ҳатман, зиён диданд, [пас] ҳангоме ки ногаҳон қиёмат бар онон фаро расад, дар ҳоле ки бори [сангини] гуноҳҳони хешро бар пушташон ҳамл мекунанду мегӯянд: «Эй дареғ, бар мо аз он чи дар бораи он [дар дунё] кӯтоҳӣ кардем»! Ҳон! Чи бад аст боре, ки [бар дӯш] мекашанд!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا ٱلْحَيَوٰةُ ٱلدُّنْيَآ إِلَّا لَعِبٌ وَلَهْوٌ وَلَلدَّارُ ٱلْـَٔاخِرَةُ خَيْرٌ لِّلَّذِينَ يَتَّقُونَ أَفَلَا تَعْقِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЗиндагии дунё [чизе] ҷуз бозича ва саргармӣ нест, ва ҳатман, сарои охират барои касоне, ки парво пеша мекунанд, беҳтар аст. Оё намеандешед?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَدْ نَعْلَمُ إِنَّهُۥ لَيَحْزُنُكَ ٱلَّذِى يَقُولُونَ فَإِنَّهُمْ لَا يُكَذِّبُونَكَ وَلَٰكِنَّ ٱلظَّٰلِمِينَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ يَجْحَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] ба яқин мо медонем, ки ончи [мушрикон] мегӯянд, туро сахт ғамгин мекунад. Дар воқеъ, онон туро[дар дил] такзиб намекунанд, балки ситамгорон [бо он ки ҳақиқатро медонанд] оёти Аллоҳ таолоро инкор мекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ كُذِّبَتْ رُسُلٌ مِّن قَبْلِكَ فَصَبَرُوا۟ عَلَىٰ مَا كُذِّبُوا۟ وَأُوذُوا۟ حَتَّىٰٓ أَتَىٰهُمْ نَصْرُنَا وَلَا مُبَدِّلَ لِكَلِمَٰتِ ٱللَّهِ وَلَقَدْ جَآءَكَ مِن نَّبَإِى۟ ٱلْمُرْسَلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа пеш аз ту низ паёмбароне такзиб шудаанд, вале бар он чи такзиб шуданд ва озор диданд, шикебоӣ карданд, то [саранҷом] ёрии мо бар онон фаро расид ва суханони Аллоҳ таоло [дар мавриди пирӯзии паёмбаронаш]-ро ҳеҷ тағйирдиҳандае нест [ки монеъ гардад] ва мусалламан, ахбори паёмбарони [пешин ва достони шикасти душманонашон] ба ту расидааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِن كَانَ كَبُرَ عَلَيْكَ إِعْرَاضُهُمْ فَإِنِ ٱسْتَطَعْتَ أَن تَبْتَغِىَ نَفَقًا فِى ٱلْأَرْضِ أَوْ سُلَّمًا فِى ٱلسَّمَآءِ فَتَأْتِيَهُم بِـَٔايَةٍ وَلَوْ شَآءَ ٱللَّهُ لَجَمَعَهُمْ عَلَى ٱلْهُدَىٰ فَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلْجَٰهِلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй паёмбар] агар рӯйгардонии онон [аз Қуръон] бар ту ногувор [ва душвор] аст, агар метавонӣ нақбе (тунел) дар замин ё нардбоне дар осмон биҷӯӣ, то муъҷиза [дигар] барояшон биёварӣ [пас, чунон кун, вале суде надорад].Ва агар Аллоҳ таоло мехост, ҳатман, ононро бар [масири] ҳидоят ҷамъ мекард, пас, ҳаргиз аз нодонон мабош

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّمَا يَسْتَجِيبُ ٱلَّذِينَ يَسْمَعُونَ وَٱلْمَوْتَىٰ يَبْعَثُهُمُ ٱللَّهُ ثُمَّ إِلَيْهِ يُرْجَعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, танҳо касоне [даъвати ҳақро] мепазиранд, ки мешунаванд [ва дарк мекунанд] ва Аллоҳ таоло мурдагонро [рӯзи қиёмат] бармеангезад, сипас ба сӯйи Ӯ бозгардонда мешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوا۟ لَوْلَا نُزِّلَ عَلَيْهِ ءَايَةٌ مِّن رَّبِّهِۦ قُلْ إِنَّ ٱللَّهَ قَادِرٌ عَلَىٰٓ أَن يُنَزِّلَ ءَايَةً وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [мушрикон] гуфтанд: «Чаро нишонае [дар бораи ҳаққонияти Муҳаммад] аз тарафи Парвардигораш бар ӯ нозил нашудааст?» [Эй паёмбар] бигӯ: «Бе гумон, Аллоҳ таоло тавоност, ки нишонае [мутобиқи хости онон] нозил кунад», вале бештарашон намедонанд, [ки нузули ваҳй, бар асоси ҳикмату тадбир аст]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا مِن دَآبَّةٍ فِى ٱلْأَرْضِ وَلَا طَٰٓئِرٍ يَطِيرُ بِجَنَاحَيْهِ إِلَّآ أُمَمٌ أَمْثَالُكُم مَّا فَرَّطْنَا فِى ٱلْكِتَٰبِ مِن شَىْءٍ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّهِمْ يُحْشَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест ва на ҳеҷ парандае, ки бо болҳои худ парвоз мекунад, магар он ки онҳо [низ дар офариниш ва зиндагӣ] гурӯҳҳое монанди шумо ҳастанд. Мо ҳеҷ чизеро дар китоб [Лавҳи маҳфуз] фуругузор накардаем, сипас [ҳамаро рӯзи қиёмат] назди Парвардигорашон гирд меоваранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِينَ كَذَّبُوا۟ بِـَٔايَٰتِنَا صُمٌّ وَبُكْمٌ فِى ٱلظُّلُمَٰتِ مَن يَشَإِ ٱللَّهُ يُضْلِلْهُ وَمَن يَشَأْ يَجْعَلْهُ عَلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسْتَقِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касоне, ки оёти моро дурӯғ ангоштаанд, кару гунг ва дар торикиҳо[-и ҷаҳл саргашта] ҳастанд. Аллоҳи мутаол ҳаркиро бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳаркиро бихоҳад, бар роҳи рост қарораш медиҳад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ أَرَءَيْتَكُمْ إِنْ أَتَىٰكُمْ عَذَابُ ٱللَّهِ أَوْ أَتَتْكُمُ ٱلسَّاعَةُ أَغَيْرَ ٱللَّهِ تَدْعُونَ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Агар рост мегӯед, ба ман хабар диҳед, ки агар азоби Аллоҳи мутаол ба суроғатон биояд ё [ногаҳон] қиёмат барпо шавад, оё ғайр аз Аллоҳ таолоро [ба ёрӣ] мехонед?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَلْ إِيَّاهُ تَدْعُونَ فَيَكْشِفُ مَا تَدْعُونَ إِلَيْهِ إِن شَآءَ وَتَنسَوْنَ مَا تُشْرِكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОре, танҳо Ӯро [ба дуо] мехонед ва агар Ӯ бихоҳад, он чиро ки ба хотираш ӯро фаро мехонед, аз байн мебарад ва шумо [низ аз тарси азоб] шарикеро, ки барояш қоил шудаед, аз ёд мебаред

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ أَرْسَلْنَآ إِلَىٰٓ أُمَمٍ مِّن قَبْلِكَ فَأَخَذْنَٰهُم بِٱلْبَأْسَآءِ وَٱلضَّرَّآءِ لَعَلَّهُمْ يَتَضَرَّعُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Бе тардид, пеш аз ту [низ паёмбароне] ба сӯйи умматҳо[-и пешин] фиристодем ва ононро ба тангдастӣ ва нохушӣ дучор сохтем, бошад, ки [ба даргоҳи илоҳӣ фурӯтанӣ ва] тазарруъ кунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَوْلَآ إِذْ جَآءَهُم بَأْسُنَا تَضَرَّعُوا۟ وَلَٰكِن قَسَتْ قُلُوبُهُمْ وَزَيَّنَ لَهُمُ ٱلشَّيْطَٰنُ مَا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, чаро ҳангоме ки азоби мо ба онон расид, тазарруъ накарданд? Вале [дар ҳақиқат] дилҳояшон сахт шудааст ва шайтон он чиро анҷом медоданд, барояшон оростааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا نَسُوا۟ مَا ذُكِّرُوا۟ بِهِۦ فَتَحْنَا عَلَيْهِمْ أَبْوَٰبَ كُلِّ شَىْءٍ حَتَّىٰٓ إِذَا فَرِحُوا۟ بِمَآ أُوتُوٓا۟ أَخَذْنَٰهُم بَغْتَةً فَإِذَا هُم مُّبْلِسُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, вақте [мушрикон] ончиро, ки ба он панд дода шуда буданд, фаромӯш карданд, дарҳои ҳар чизе [аз неъматҳои илоҳӣ]-ро бар онон кушудем, то ба он чи ба эшон дода шуда буд, шод гардиданд. Ногаҳон ононро [ба куфр] гирифтем, пас, ҳамон дам [ҳамагӣ аз наҷоту раҳмат] маъюс шуданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَقُطِعَ دَابِرُ ٱلْقَوْمِ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ وَٱلْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلْعَٰلَمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, решаи он гурӯҳе, ки ситам карданд, барканда шуд ва ситоиш махсуси Аллоҳ таоло –Парвардигори ҷаҳониён– аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ أَرَءَيْتُمْ إِنْ أَخَذَ ٱللَّهُ سَمْعَكُمْ وَأَبْصَٰرَكُمْ وَخَتَمَ عَلَىٰ قُلُوبِكُم مَّنْ إِلَٰهٌ غَيْرُ ٱللَّهِ يَأْتِيكُم بِهِ ٱنظُرْ كَيْفَ نُصَرِّفُ ٱلْـَٔايَٰتِ ثُمَّ هُمْ يَصْدِفُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, агар Аллоҳ таоло гӯшу чашмҳоятонро бигирад ва бар дилҳоятон муҳр бизанад, кадом маъбуде ба ҷуз Аллоҳ таоло [метавонад] онҳоро ба шумо бозгардонад?» Бубин, чигуна оётро [ба шеваҳои] гуногун [баён] мекунем, онгоҳ онон рӯй мегардонанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ أَرَءَيْتَكُمْ إِنْ أَتَىٰكُمْ عَذَابُ ٱللَّهِ بَغْتَةً أَوْ جَهْرَةً هَلْ يُهْلَكُ إِلَّا ٱلْقَوْمُ ٱلظَّٰلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Биандешед, агар азоби илоҳӣ ба ногоҳ ё ошкоро ба суроғатон биояд, оё ҷуз гурӯҳи ситамгорон [касе] нобуд мешавад?»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا نُرْسِلُ ٱلْمُرْسَلِينَ إِلَّا مُبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَ فَمَنْ ءَامَنَ وَأَصْلَحَ فَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа мо паёмбаронро ҷуз башоратгар ва бимдиҳанда намефиристем, пас, ҳар ки имон биоварад ва [хештанро] ислоҳ кунад, на тарсе бар онон аст ва на андуҳгин мешаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَٱلَّذِينَ كَذَّبُوا۟ بِـَٔايَٰتِنَا يَمَسُّهُمُ ٱلْعَذَابُ بِمَا كَانُوا۟ يَفْسُقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касоне, ки оёти моро дурӯғ шуморидаанд, ба [сазои] он ки нофармонӣ мекарданд, азоб [-и илоҳӣ] домангирашон хоҳад шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُل لَّآ أَقُولُ لَكُمْ عِندِى خَزَآئِنُ ٱللَّهِ وَلَآ أَعْلَمُ ٱلْغَيْبَ وَلَآ أَقُولُ لَكُمْ إِنِّى مَلَكٌ إِنْ أَتَّبِعُ إِلَّا مَا يُوحَىٰٓ إِلَىَّ قُلْ هَلْ يَسْتَوِى ٱلْأَعْمَىٰ وَٱلْبَصِيرُ أَفَلَا تَتَفَكَّرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ман намегӯям, ки ганҷинаҳои Аллоҳ таоло назди ман аст ва ғайб [низ] намедонам ва ба шумо намегӯям, ки ман фариштаам. Ман аз чизе пайравӣ намекунам магар аз он чи ки ба ман ваҳй мегардад». Бигӯ: «Оё нобино ва бино [кофир ва муъмин] яксонанд? Оё намеандешед»?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَنذِرْ بِهِ ٱلَّذِينَ يَخَافُونَ أَن يُحْشَرُوٓا۟ إِلَىٰ رَبِّهِمْ لَيْسَ لَهُم مِّن دُونِهِۦ وَلِىٌّ وَلَا شَفِيعٌ لَّعَلَّهُمْ يَتَّقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй Паёмбар] бо ин [Қуръон] ба онон, ки метарсанд, ба сӯйи Парвардигорашон [барангехта] ва гирд оварда шаванд, ҳушдор деҳ, [чаро] ки ба ҷуз Ӯ барояшон на [дӯсту] корсозе ҳаст ва на шафоатгаре, бошад, ки парво кунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَطْرُدِ ٱلَّذِينَ يَدْعُونَ رَبَّهُم بِٱلْغَدَوٰةِ وَٱلْعَشِىِّ يُرِيدُونَ وَجْهَهُۥ مَا عَلَيْكَ مِنْ حِسَابِهِم مِّن شَىْءٍ وَمَا مِنْ حِسَابِكَ عَلَيْهِم مِّن شَىْءٍ فَتَطْرُدَهُمْ فَتَكُونَ مِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касонеро, ки [фақиранд ва ] бомдоду шомгоҳ Парвардигорашонро мехонанд [ва] хушнудии Ӯро металабанд [аз маҷолиси худ] тард накун [ки ба бузургони мушрикин таваҷҷуҳ кунӣ], на чизе аз ҳисоби онҳо бар туст ва на чизе аз ҳисоби ту бар онҳост, ки [бихоҳӣ аз перомунат] тардашон кунӣ ва аз ситамгорон шавӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَذَٰلِكَ فَتَنَّا بَعْضَهُم بِبَعْضٍ لِّيَقُولُوٓا۟ أَهَٰٓؤُلَآءِ مَنَّ ٱللَّهُ عَلَيْهِم مِّنۢ بَيْنِنَآ أَلَيْسَ ٱللَّهُ بِأَعْلَمَ بِٱلشَّٰكِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ин чунин бархе аз ишонро ба бархе дигар озмудем, то [кофирони сарватманд дар бораи муъминони мустаманд] бигӯянд: «Оё аз миёни мо инҳо ҳастанд, ки Аллоҳи таоло [бо бахшиши тавфиқи имон] бар онон миннат ниҳодааст?» Оё Аллоҳи мутаол ба [ҳоли] сипосгузорон донотар нест?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا جَآءَكَ ٱلَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِـَٔايَٰتِنَا فَقُلْ سَلَٰمٌ عَلَيْكُمْ كَتَبَ رَبُّكُمْ عَلَىٰ نَفْسِهِ ٱلرَّحْمَةَ أَنَّهُۥ مَنْ عَمِلَ مِنكُمْ سُوٓءًۢا بِجَهَٰلَةٍ ثُمَّ تَابَ مِنۢ بَعْدِهِۦ وَأَصْلَحَ فَأَنَّهُۥ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй Паёмбар] ҳар гоҳ касоне, ки ба оёти Мо имон доранд, назди ту оянд, бигӯ: «Салом бар шумо. Парвардигоратон [дар ҳаққи шумо бахшоиш ва] раҳматро бар худ муқаррар доштааст. Ҳар касе аз шумо, ки ба нодонӣ кори баде анҷом диҳад ва онгоҳ тавба намояд ва [гузаштаи хешро] ислоҳ кунад, пас, [бидон, ки] яқинан, Ӯ омурзандаи меҳрубон аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ ٱلْـَٔايَٰتِ وَلِتَسْتَبِينَ سَبِيلُ ٱلْمُجْرِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа инчунин оёти [худ]-ро шарҳ медиҳем, то роҳи гунаҳкорон равшан шавад [ва шумо аз он дурӣ кунед]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ إِنِّى نُهِيتُ أَنْ أَعْبُدَ ٱلَّذِينَ تَدْعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ قُل لَّآ أَتَّبِعُ أَهْوَآءَكُمْ قَدْ ضَلَلْتُ إِذًا وَمَآ أَنَا۠ مِنَ ٱلْمُهْتَدِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ман наҳй шудаам аз ин ки касонеро бипарастам, ки шумо ба ҷойи Аллоҳи мутаол мехонед». Бигӯ: «Ман аз ҳавасҳоятон пайравӣ намекунам, ки [агар чунин кунам] ҳатман, гумроҳ шудаам ва аз ҳидоятёфтагон нахоҳам буд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ إِنِّى عَلَىٰ بَيِّنَةٍ مِّن رَّبِّى وَكَذَّبْتُم بِهِۦ مَا عِندِى مَا تَسْتَعْجِلُونَ بِهِۦٓ إِنِ ٱلْحُكْمُ إِلَّا لِلَّهِ يَقُصُّ ٱلْحَقَّ وَهُوَ خَيْرُ ٱلْفَٰصِلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Ман далели равшане аз Парвардигорам дорам, ва [-ле] шумо онро дурӯғ пиндоштед.Ва он чи ба шитоб хостораш ҳастед, [азоби илоҳӣ] назди ман нест. Фармон, танҳо аз они Аллоҳ таолост, [ки] ҳақро баён мекунад ва Ӯ беҳтарин ҷудокунанда[-и ҳақ аз ботил] аст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُل لَّوْ أَنَّ عِندِى مَا تَسْتَعْجِلُونَ بِهِۦ لَقُضِىَ ٱلْأَمْرُ بَيْنِى وَبَيْنَكُمْ وَٱللَّهُ أَعْلَمُ بِٱلظَّٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Агар он чи ки ба шитоб хостораш ҳастед, назди ман буд, [бар саратон фуруд меовардам ва] кори миёни ману шумо ба поён мерасид, ва [-ле] Аллоҳ таоло ба [ҳоли] ситамгорон донотар аст [ва ба онон муҳлат медиҳад]»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَعِندَهُۥ مَفَاتِحُ ٱلْغَيْبِ لَا يَعْلَمُهَآ إِلَّا هُوَ وَيَعْلَمُ مَا فِى ٱلْبَرِّ وَٱلْبَحْرِ وَمَا تَسْقُطُ مِن وَرَقَةٍ إِلَّا يَعْلَمُهَا وَلَا حَبَّةٍ فِى ظُلُمَٰتِ ٱلْأَرْضِ وَلَا رَطْبٍ وَلَا يَابِسٍ إِلَّا فِى كِتَٰبٍ مُّبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа калидҳо [ганҷинаҳо]-и ниҳон назди Ӯст [ва] ҷуз Ӯ [ҳеҷ кас] онро намедонад ва [Ӯст, ки] он чиро дар хушкӣ ва дарёст медонад ва ҳеҷ барге [аз дарахт] намеафтад, магар ин ки онро медонад ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин ва ҳеҷ тару хушке нест, магар ин ки дар китоби равшан [Лавҳи маҳфуз] қарор дорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُوَ ٱلَّذِى يَتَوَفَّىٰكُم بِٱلَّيْلِ وَيَعْلَمُ مَا جَرَحْتُم بِٱلنَّهَارِ ثُمَّ يَبْعَثُكُمْ فِيهِ لِيُقْضَىٰٓ أَجَلٌ مُّسَمًّى ثُمَّ إِلَيْهِ مَرْجِعُكُمْ ثُمَّ يُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Ӯст, ки шабонгоҳ рӯҳатонро [ҳангоми хоб] мегирад ва [ҳам Ӯст, ки] ончиро дар рӯз ба даст овардаед, медонад. Сипас шуморо дар он [рӯз] бедор мекунад, то он ки замони муайяне сипарӣ гардад,; онгоҳ [ки вафот кардед, дар қиёмат] бозгаштатон ба сӯйи Ӯст. Сипас шуморо аз ончи анҷом медодед, огоҳ мекунад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُوَ ٱلْقَاهِرُ فَوْقَ عِبَادِهِۦ وَيُرْسِلُ عَلَيْكُمْ حَفَظَةً حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَ أَحَدَكُمُ ٱلْمَوْتُ تَوَفَّتْهُ رُسُلُنَا وَهُمْ لَا يُفَرِّطُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Ӯ бар бандагонаш чира аст ва нигаҳбононе [аз фариштагон] бар шумо мефиристад, то замоне, ки марги яке аз шумо фаро расад, фиристодагони мо [бо ҳамроҳи фариштаи марг] ҷонашро мегиранд ва онон [дар маъмурияти худ] кӯтоҳӣ намекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ رُدُّوٓا۟ إِلَى ٱللَّهِ مَوْلَىٰهُمُ ٱلْحَقِّ أَلَا لَهُ ٱلْحُكْمُ وَهُوَ أَسْرَعُ ٱلْحَٰسِبِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОн гоҳ ба сӯйи Аллоҳ таоло, ки [ёру] корсози ростинашон аст, бозгардонда мешаванд. Огоҳ бошед! Ҳукм аз они Ӯст ва Ӯ сареътарин ҳисобрас аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ مَن يُنَجِّيكُم مِّن ظُلُمَٰتِ ٱلْبَرِّ وَٱلْبَحْرِ تَدْعُونَهُۥ تَضَرُّعًا وَخُفْيَةً لَّئِنْ أَنجَىٰنَا مِنْ هَٰذِهِۦ لَنَكُونَنَّ مِنَ ٱلشَّٰكِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Кист, ки шуморо аз торикиҳо [ва сахтиҳои] хушкӣ ва дарё наҷот медиҳад? [Дар ҳоле ки] Ӯро ба зорӣ ва пинҳонӣ мехонед [ва мегӯед] “Агар моро аз ин [вартаи марг] наҷот диҳад, ҳатман, аз сипосгузорон хоҳем буд”»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلِ ٱللَّهُ يُنَجِّيكُم مِّنْهَا وَمِن كُلِّ كَرْبٍ ثُمَّ أَنتُمْ تُشْرِكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Аллоҳи мутаол шуморо аз инҳо ва аз тамоми сахтиҳо наҷот медиҳад,он гоҳ шумо [боз ҳам] ширк меварзед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ هُوَ ٱلْقَادِرُ عَلَىٰٓ أَن يَبْعَثَ عَلَيْكُمْ عَذَابًا مِّن فَوْقِكُمْ أَوْ مِن تَحْتِ أَرْجُلِكُمْ أَوْ يَلْبِسَكُمْ شِيَعًا وَيُذِيقَ بَعْضَكُم بَأْسَ بَعْضٍ ٱنظُرْ كَيْفَ نُصَرِّفُ ٱلْـَٔايَٰتِ لَعَلَّهُمْ يَفْقَهُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Ӯ тавоност, ки бар шумо азобе [ҳамчун соиқа ва тӯфон] аз болои саратон ё [ҳамчун хушксолӣ ва зилзила] аз зери пойҳоятон бифиристад ё шуморо ба сурати гурӯҳҳои пароканда [ва ҷудо аз ҳам] дароварад ва азоби бархе аз шуморо ба бархе [дигар] бичашонад». Бингар чигуна оёт [-и худ]-ро гуногун баён мекунем, бошад, ки дарёбанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَذَّبَ بِهِۦ قَوْمُكَ وَهُوَ ٱلْحَقُّ قُل لَّسْتُ عَلَيْكُم بِوَكِيلٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Қавми ту он [Қуръон]-ро дурӯғ шумурданд, дар ҳоле ки он [китоб] ҳақ аст. [Ба кофирони қавмат] Бигӯ: «Ман [муроқибу] коргузори шумо нестам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لِّكُلِّ نَبَإٍ مُّسْتَقَرٌّ وَسَوْفَ تَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲар хабаре саррасиде [барои вуқуъ] дорад ва [ба зудӣ] хоҳед донист [ки саранҷоматон чигуна аст]»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا رَأَيْتَ ٱلَّذِينَ يَخُوضُونَ فِىٓ ءَايَٰتِنَا فَأَعْرِضْ عَنْهُمْ حَتَّىٰ يَخُوضُوا۟ فِى حَدِيثٍ غَيْرِهِۦ وَإِمَّا يُنسِيَنَّكَ ٱلشَّيْطَٰنُ فَلَا تَقْعُدْ بَعْدَ ٱلذِّكْرَىٰ مَعَ ٱلْقَوْمِ ٱلظَّٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳаргоҳ касонеро дидӣ, ки дар оёти Мо [бо душманӣ ва тамасхур] гуфтугӯ мекунанд, аз онон рӯ бигардон, то ба сухани дигаре бипардозанд.Ва агар шайтон туро ба фаромӯшӣ андохт, пас, аз он ки ёд овардӣ, бо қавми ситамгор [мушрик] манишин

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا عَلَى ٱلَّذِينَ يَتَّقُونَ مِنْ حِسَابِهِم مِّن شَىْءٍ وَلَٰكِن ذِكْرَىٰ لَعَلَّهُمْ يَتَّقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ҳарчанд] чизе аз ҳисоб [ ва гуноҳи] онон бар [уҳдаи] парҳезгорон нест, вале ёдоварӣ [ва иршод лозим] аст, бошад, ки парво кунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَذَرِ ٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُوا۟ دِينَهُمْ لَعِبًا وَلَهْوًا وَغَرَّتْهُمُ ٱلْحَيَوٰةُ ٱلدُّنْيَا وَذَكِّرْ بِهِۦٓ أَن تُبْسَلَ نَفْسٌۢ بِمَا كَسَبَتْ لَيْسَ لَهَا مِن دُونِ ٱللَّهِ وَلِىٌّ وَلَا شَفِيعٌ وَإِن تَعْدِلْ كُلَّ عَدْلٍ لَّا يُؤْخَذْ مِنْهَآ أُو۟لَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ أُبْسِلُوا۟ بِمَا كَسَبُوا۟ لَهُمْ شَرَابٌ مِّنْ حَمِيمٍ وَعَذَابٌ أَلِيمٌۢ بِمَا كَانُوا۟ يَكْفُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа касонеро, ки динашонро ба бозӣ ва саргармӣ гирифтаанд ва зиндагии дунё ононро фирефтааст, раҳо кун ва [мардумро] бо ин [Қуръон] андарз деҳ, то мабодо касе ба [кайфари] ончи ба даст овардааст, ба ҳалокат биафтад, дар ҳоле ки дар баробари Аллоҳи мутаол барои [раҳоӣ аз азоби] он на [дӯст ва] корсозе дорад ва на шафоатгаре.Ва[ҳатто] агар [бихоҳад барои наҷоти хеш] ҳар фидяе диҳад, аз ӯ пазируфта намешавад. Инҳо ҳастанд, ки ба [кайфари] он чи ба даст овардаанд, ҳалок гаштаанд ва ба [сазоӣ] он ки куфр меварзиданд, шаробе аз оби ҷӯшон ва азобе пурдард [дар пеш] доранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ أَنَدْعُوا۟ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَنفَعُنَا وَلَا يَضُرُّنَا وَنُرَدُّ عَلَىٰٓ أَعْقَابِنَا بَعْدَ إِذْ هَدَىٰنَا ٱللَّهُ كَٱلَّذِى ٱسْتَهْوَتْهُ ٱلشَّيَٰطِينُ فِى ٱلْأَرْضِ حَيْرَانَ لَهُۥٓ أَصْحَٰبٌ يَدْعُونَهُۥٓ إِلَى ٱلْهُدَى ٱئْتِنَا قُلْ إِنَّ هُدَى ٱللَّهِ هُوَ ٱلْهُدَىٰ وَأُمِرْنَا لِنُسْلِمَ لِرَبِّ ٱلْعَٰلَمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Оё ба ҷойи Аллоҳи мутаол чизеро бихонем, ки на ба мо суд медиҳад ва на зиён мерасонад? Ва оё пас аз он ки Аллоҳ таоло моро ҳидоят кардааст, [ба сӯйи гумроҳӣ] ба ақиб бозгардем? Ҳамчун касе, ки шаётин ӯро [фиреб дода ва аз роҳи рост] бадар бурдаанд ва ӯ дар замин ҳайрону саргашта мондааст, дар ҳоле ки ӯ ёрон [-и дилсӯз] дорад, ки ба ҳидоят даъваташ мекунанд [ва мегӯянд]: “Ба сӯйи мо биё”»!Бигӯ: «Бе тардид, ҳидояти [ростин] ҳидояти Аллоҳ таолост ва мо фармон ёфтаем, ки таслими Парвардигори ҷаҳониён бошем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَنْ أَقِيمُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَٱتَّقُوهُ وَهُوَ ٱلَّذِىٓ إِلَيْهِ تُحْشَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ин ки намоз барпо доред ва аз ӯ парво кунед ва Ӯст, ки ба пешгоҳаш ҳашр хоҳед шуд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُوَ ٱلَّذِى خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ بِٱلْحَقِّ وَيَوْمَ يَقُولُ كُن فَيَكُونُ قَوْلُهُ ٱلْحَقُّ وَلَهُ ٱلْمُلْكُ يَوْمَ يُنفَخُ فِى ٱلصُّورِ عَٰلِمُ ٱلْغَيْبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ وَهُوَ ٱلْحَكِيمُ ٱلْخَبِيرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Ӯст, ки осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид ва рӯзе, ки [Аллоҳ таоло ба ҳар чизе] бигӯяд: «Мавҷуд шав», пас, бедиранг мавҷуд мешавад. Сухани Ӯ ҳақ аст. Ва рӯзе, ки дар сур дамида мешавад, фармонравоӣ аз они Ӯст. Ӯ донои пинҳону пайдост ва Ӯст, ки ҳакими огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذْ قَالَ إِبْرَٰهِيمُ لِأَبِيهِ ءَازَرَ أَتَتَّخِذُ أَصْنَامًا ءَالِهَةً إِنِّىٓ أَرَىٰكَ وَقَوْمَكَ فِى ضَلَٰلٍ مُّبِينٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ёд кун аз] ҳангоме ки Иброҳим ба падараш –Озар– гуфт: «Оё бутҳоро маъбуди [хеш] мегирӣ? Ба ростӣ, ки ман ту ва қавматро дар гумроҳии ошкоре мебинам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَذَٰلِكَ نُرِىٓ إِبْرَٰهِيمَ مَلَكُوتَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَلِيَكُونَ مِنَ ٱلْمُوقِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ин гуна фармондиҳии [шукӯҳманди] осмонҳо ва заминро ба Иброҳим нишон додем, то [ягонагии Аллоҳ таоло ва гумроҳии Озар ва қавмашро дарёбад ва] аз аҳли яқин бошад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا جَنَّ عَلَيْهِ ٱلَّيْلُ رَءَا كَوْكَبًا قَالَ هَٰذَا رَبِّى فَلَمَّآ أَفَلَ قَالَ لَآ أُحِبُّ ٱلْـَٔافِلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳангоме ки [торикии] шаб Ӯро дарбар гирифт, ситорае дид, [ва] гуфт: «Ин Парвардигори ман аст».Ва чун ғуруб кард, гуфт: «Ғурубкунандагонро дӯст надорам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا رَءَا ٱلْقَمَرَ بَازِغًا قَالَ هَٰذَا رَبِّى فَلَمَّآ أَفَلَ قَالَ لَئِن لَّمْ يَهْدِنِى رَبِّى لَأَكُونَنَّ مِنَ ٱلْقَوْمِ ٱلضَّآلِّينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳангоме ки моҳро тобанда дид, гуфт: «Ин Парвардигори ман аст».Ва чун ғуруб кард, гуфт: «Агар Парвардигорам маро ҳидоят накарда буд, ҳатман, аз гумроҳон будам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَلَمَّا رَءَا ٱلشَّمْسَ بَازِغَةً قَالَ هَٰذَا رَبِّى هَٰذَآ أَكْبَرُ فَلَمَّآ أَفَلَتْ قَالَ يَٰقَوْمِ إِنِّى بَرِىٓءٌ مِّمَّا تُشْرِكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳангоме ки хуршедро дурахшанда дид, гуфт: «Ин Парвардигори ман аст. Ин бузургтар аст». Он гоҳ вақте ки ғуруб кард, гуфт: «Эй қавм, ман аз он чи [барои Аллоҳ таоло] шарик қарор медиҳед, безорам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنِّى وَجَّهْتُ وَجْهِىَ لِلَّذِى فَطَرَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ حَنِيفًا وَمَآ أَنَا۠ مِنَ ٱلْمُشْرِكِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБа ростӣ, ки ман ҳақгароёна дин [-у ибодат]-и хешро барои касе холис кардам, ки осмонҳо ва заминро падид овардааст ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон нестам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَحَآجَّهُۥ قَوْمُهُۥ قَالَ أَتُحَٰٓجُّوٓنِّى فِى ٱللَّهِ وَقَدْ هَدَىٰنِ وَلَآ أَخَافُ مَا تُشْرِكُونَ بِهِۦٓ إِلَّآ أَن يَشَآءَ رَبِّى شَيْـًٔا وَسِعَ رَبِّى كُلَّ شَىْءٍ عِلْمًا أَفَلَا تَتَذَكَّرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа қавми ӯ бо вай ба муҷодала пардохтанд, [ва ӯро аз хашми бутҳо тарсонданд. Иброҳим] гуфт: «Оё дар бораи Аллоҳи мутаол бо ман муҷодала мекунед, дар ҳоле ки Ӯ маро [ба роҳи рост] ҳидоят кардааст ва аз он чи бо Ӯ шарик мепиндоред, ҳеҷ наметарсам, магар он ки Парвардигорам чизе [аз суд ва зиён бароям] хоста бошад. Илми Парвардигорам ҳама чизро фаро гирифтааст. Оё панд намегиред?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَيْفَ أَخَافُ مَآ أَشْرَكْتُمْ وَلَا تَخَافُونَ أَنَّكُمْ أَشْرَكْتُم بِٱللَّهِ مَا لَمْ يُنَزِّلْ بِهِۦ عَلَيْكُمْ سُلْطَٰنًا فَأَىُّ ٱلْفَرِيقَيْنِ أَحَقُّ بِٱلْأَمْنِ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа чигуна аз он чи шарик [-и Аллоҳ таоло] мепиндоред битарсам бо он ки шумо худ намеҳаросед аз ин ки чизеро шарики Аллоҳи мутаол сохтаед, ки Ӯ [ҳеҷ] далеле дар бораи [ҳаққонияти] он бар шумо нозил накардааст? Пас, агар медонед, [бигӯед] кадом як аз ин ду гурӯҳ [муваҳҳид ва мушрик] ба амният [ва дурӣ аз азоб] сазовортар аст?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَلَمْ يَلْبِسُوٓا۟ إِيمَٰنَهُم بِظُلْمٍ أُو۟لَٰٓئِكَ لَهُمُ ٱلْأَمْنُ وَهُم مُّهْتَدُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки имон овардаанд ва имонашонро ба [ҳеҷ] ширке наолудаанд, ононанд, ки амн [-у оромиш] доранд ва роҳёфтагонанд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَتِلْكَ حُجَّتُنَآ ءَاتَيْنَٰهَآ إِبْرَٰهِيمَ عَلَىٰ قَوْمِهِۦ نَرْفَعُ دَرَجَٰتٍ مَّن نَّشَآءُ إِنَّ رَبَّكَ حَكِيمٌ عَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ин [истидлол] ҳуҷҷати мо буд, ки ба Иброҳим дар баробари қавмаш додем. [Дар дунё ва охират мақоми] Ҳар киро, ки биҳоҳем, ба дараҷоти болое мебарем. [Эй паёмбар] Бе тардид, Парвардигорат ҳакиму доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَوَهَبْنَا لَهُۥٓ إِسْحَٰقَ وَيَعْقُوبَ كُلًّا هَدَيْنَا وَنُوحًا هَدَيْنَا مِن قَبْلُ وَمِن ذُرِّيَّتِهِۦ دَاوُۥدَ وَسُلَيْمَٰنَ وَأَيُّوبَ وَيُوسُفَ وَمُوسَىٰ وَهَٰرُونَ وَكَذَٰلِكَ نَجْزِى ٱلْمُحْسِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба ӯ [Иброҳим] Исҳоқ ва Яъқубро бахшидем ва ҳамаро [ба роҳи рост] ҳидоят кардем.Ва пештар Нуҳро [низ] ҳидоят карда будем ва аз насли ӯ Довуд, Сулаймон, Аюб, Юсуф, Мӯсо ва Ҳорунро [ба роҳи ҳақ раҳнамун гаштем] ва накукоронро ингуна подош медиҳем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَزَكَرِيَّا وَيَحْيَىٰ وَعِيسَىٰ وَإِلْيَاسَ كُلٌّ مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ҳамчунин] Закариё, Яҳё, Исо ва Илёс[-ро роҳ намудем, ки] ҳама аз шоистагон буданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِسْمَٰعِيلَ وَٱلْيَسَعَ وَيُونُسَ وَلُوطًا وَكُلًّا فَضَّلْنَا عَلَى ٱلْعَٰلَمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Исмоил, Ясаъ, Юнус ва Лут[-ро низ ҳидоят кардем] ва ҷумлагиро бар ҷаҳониён бартарӣ додем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمِنْ ءَابَآئِهِمْ وَذُرِّيَّٰتِهِمْ وَإِخْوَٰنِهِمْ وَٱجْتَبَيْنَٰهُمْ وَهَدَيْنَٰهُمْ إِلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسْتَقِيمٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [низ] аз падарон ва фарзандону бародаронашон [бархеро бартарӣ додем ва] ононро баргузидем ва ба роҳи рост ҳидояташон кардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَٰلِكَ هُدَى ٱللَّهِ يَهْدِى بِهِۦ مَن يَشَآءُ مِنْ عِبَادِهِۦ وَلَوْ أَشْرَكُوا۟ لَحَبِطَ عَنْهُم مَّا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн ҳидояти Аллоҳи мутаол аст, ки ҳар касе аз бандагонашро, ки бихоҳад, бо он ҳидоят мекунад ва агар ширк меварзиданд, он чи [аз аъмоли нек] ки анҷом дода буданд, табоҳ мешуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أُو۟لَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ ءَاتَيْنَٰهُمُ ٱلْكِتَٰبَ وَٱلْحُكْمَ وَٱلنُّبُوَّةَ فَإِن يَكْفُرْ بِهَا هَٰٓؤُلَآءِ فَقَدْ وَكَّلْنَا بِهَا قَوْمًا لَّيْسُوا۟ بِهَا بِكَٰفِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИнон касоне ҳастанд, ки ба эшон китобу ҳикмат ва нубувват бахшидем. Пас, [эй паёмбар] агар инон [ мушрикон] ба ин [паёмбарон ва китобҳои илоҳӣ] куфр биварзанд, ҳатман, гурӯҳ [-и муҳоҷирин ва ансор ва тобеин]-ро бар [ҳифзу нигаҳбонии] он [усулу ақоид] мегуморем, ки нисбат ба он кофир набошанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أُو۟لَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ هَدَى ٱللَّهُ فَبِهُدَىٰهُمُ ٱقْتَدِهْ قُل لَّآ أَسْـَٔلُكُمْ عَلَيْهِ أَجْرًا إِنْ هُوَ إِلَّا ذِكْرَىٰ لِلْعَٰلَمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОнон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло ҳидояташон кардааст, пас, [эй паёмбар] аз ҳидоят [-у роҳи рост]-и эшон пайравӣ кун, [ва ба қавмат] бигӯ: «Ман дар баробари ин [рисолат] подоше аз шумо намехоҳам. Ин [Қуръон чизе] нест, магар [ёдоварӣ ва] панде барои ҷаҳониён»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا قَدَرُوا۟ ٱللَّهَ حَقَّ قَدْرِهِۦٓ إِذْ قَالُوا۟ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ عَلَىٰ بَشَرٍ مِّن شَىْءٍ قُلْ مَنْ أَنزَلَ ٱلْكِتَٰبَ ٱلَّذِى جَآءَ بِهِۦ مُوسَىٰ نُورًا وَهُدًى لِّلنَّاسِ تَجْعَلُونَهُۥ قَرَاطِيسَ تُبْدُونَهَا وَتُخْفُونَ كَثِيرًا وَعُلِّمْتُم مَّا لَمْ تَعْلَمُوٓا۟ أَنتُمْ وَلَآ ءَابَآؤُكُمْ قُلِ ٱللَّهُ ثُمَّ ذَرْهُمْ فِى خَوْضِهِمْ يَلْعَبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [мушрикон бузургӣ ва мақоми] Аллоҳ таолоро чунон ки сазовори Ӯст нашинохтанд, чаро ки гуфтанд: «Аллоҳ таоло бар [ҳеҷ] башаре чизе нозил накардааст». [Эй паёмбар] Бигӯ: «Он китоберо, ки Мӯсо овард, чи касе нозил кардааст? [Ҳамон китобе, ки] барои мардум рӯшноӣ ва раҳнамуде буд [ва шумо яҳудиён] онро ба сурати [пароканда бар] туморҳо дармеоваред [ва ҳар чиро ки мехоҳед] аз он ошкор месозед ва бисёреро пинҳон мекунед.Ва [акнун, эй қавми араб] чизҳое [аз оёт ва ахбори Қуръон] ба шумо омӯхта шуд, ки на худ медонистед ва на падаронатон». [Эй паёмбар] Бигӯ: «Аллоҳ таоло [онро нозил кардааст». Онгоҳ [дар ҷаҳлу гумроҳӣ] раҳояшон кун, то дар жарфо [-и ақоиди ботил]-и худ саргарми бозӣ бошанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهَٰذَا كِتَٰبٌ أَنزَلْنَٰهُ مُبَارَكٌ مُّصَدِّقُ ٱلَّذِى بَيْنَ يَدَيْهِ وَلِتُنذِرَ أُمَّ ٱلْقُرَىٰ وَمَنْ حَوْلَهَا وَٱلَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِٱلْـَٔاخِرَةِ يُؤْمِنُونَ بِهِۦ وَهُمْ عَلَىٰ صَلَاتِهِمْ يُحَافِظُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ин [Қуръон] китоби мубораке аст, ки онро нозил кардем, [то] тасдиқкунандаи чизе бошад, ки пеш аз он нозил шудааст ва [ҳамчунин] барои он аст, ки ба [сокинони] Умму-л-қуро [Макка] ва [мардуми] перомунаш ҳушдор диҳӣ.Ва касоне, ки ба охират имон меоваранд, ба ин [китоб] низ имон меоваранд ва бар намози хеш мувозибат мекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ ٱفْتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوْ قَالَ أُوحِىَ إِلَىَّ وَلَمْ يُوحَ إِلَيْهِ شَىْءٌ وَمَن قَالَ سَأُنزِلُ مِثْلَ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ وَلَوْ تَرَىٰٓ إِذِ ٱلظَّٰلِمُونَ فِى غَمَرَٰتِ ٱلْمَوْتِ وَٱلْمَلَٰٓئِكَةُ بَاسِطُوٓا۟ أَيْدِيهِمْ أَخْرِجُوٓا۟ أَنفُسَكُمُ ٱلْيَوْمَ تُجْزَوْنَ عَذَابَ ٱلْهُونِ بِمَا كُنتُمْ تَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ غَيْرَ ٱلْحَقِّ وَكُنتُمْ عَنْ ءَايَٰتِهِۦ تَسْتَكْبِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа кист ситамгортар аз он ки дурӯғе ба Аллоҳ таоло бибандад ё бигӯяд: «Ба ман [низ] ваҳй шудааст», дар ҳоле ки ҳеҷ ваҳйе ба ӯ нарасидааст ва [ё] касе, ки бигӯяд: «Ман [ҳам] монанди он чи ки Аллоҳ таоло нозил кардааст, [бароятон] нозил мекунам»? Ва [эй паёмбар, саҳнаи ҳавлноке аст] агар ҳангомеро бубинӣ, ки [ин] ситамгорон дар [тарсу] сахтиҳои марг фурӯ рафтаанд ва фариштагон [-и қабзи рӯҳ] дастҳояшонро [ба сӯйи онон] кушудаанд [ва фарёд мезананд]: «Ҷонҳои хешро [аз бадан] берун диҳед. Имрӯз ба [сазои] он чи ба ноҳақ бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебастед ва дар баробари оёташ такаббур мекардед, ба азоби хоркунанда муҷозот мешавед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَقَدْ جِئْتُمُونَا فُرَٰدَىٰ كَمَا خَلَقْنَٰكُمْ أَوَّلَ مَرَّةٍ وَتَرَكْتُم مَّا خَوَّلْنَٰكُمْ وَرَآءَ ظُهُورِكُمْ وَمَا نَرَىٰ مَعَكُمْ شُفَعَآءَكُمُ ٱلَّذِينَ زَعَمْتُمْ أَنَّهُمْ فِيكُمْ شُرَكَٰٓؤُا۟ لَقَد تَّقَطَّعَ بَيْنَكُمْ وَضَلَّ عَنكُم مَّا كُنتُمْ تَزْعُمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [рӯзи қиёмат Аллоҳи мутаол мефармояд] «ҳамон гуна ки шуморо нахустин бор [бидуни молу мақом] офаридем, [акнун низ] ҳатман, танҳо ба сӯйи мо омадаед ва он чиро ба шумо арзонӣ карда будем, пушти сари худ [дар дунё] вогузоштед ва [маъбудону] шафоатгаронеро, ки дар [кори] хеш шарикони [Аллоҳ таоло] мепиндоштед, ҳамроҳатон намебинем. Ба ростӣ, пайванди миёни шумо гусаста аст ва он чи [шарики мо ва шафеъи худ] мепиндоштед, гум гаштааст»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱللَّهَ فَالِقُ ٱلْحَبِّ وَٱلنَّوَىٰ يُخْرِجُ ٱلْحَىَّ مِنَ ٱلْمَيِّتِ وَمُخْرِجُ ٱلْمَيِّتِ مِنَ ٱلْحَىِّ ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ فَأَنَّىٰ تُؤْفَكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид Аллоҳ таоло шикофандаи дона[-и гиёҳҳо] ва ҳаста[-и хурмо дар дили замин] аст. [Мавҷуди] Зиндаро аз [моддаи] беҷон берун меоварад [равиши гиёҳ аз дона] ва [моддаи ба зоҳир] беҷонро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозад [берун омадани тухм ё нутфа аз ҳайвонот]. Ин Аллоҳ таолост, [ки чунин қудрати мутлақе дорад].Пас, чигуна [аз роҳи бандагии Ӯ] бозгарданда мешавед?

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَالِقُ ٱلْإِصْبَاحِ وَجَعَلَ ٱلَّيْلَ سَكَنًا وَٱلشَّمْسَ وَٱلْقَمَرَ حُسْبَانًا ذَٰلِكَ تَقْدِيرُ ٱلْعَزِيزِ ٱلْعَلِيمِ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ӯ] Шикофандаи сапедадам аст ва шабро [мояи] оромиш қарор дод ва хуршеду моҳро [низ] бо ҳисоб [ва назми дақиқ падид овард]. Тақдири [Парвардигори] шикастнопазири доно чунинаст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُوَ ٱلَّذِى جَعَلَ لَكُمُ ٱلنُّجُومَ لِتَهْتَدُوا۟ بِهَا فِى ظُلُمَٰتِ ٱلْبَرِّ وَٱلْبَحْرِ قَدْ فَصَّلْنَا ٱلْـَٔايَٰتِ لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй фарзандони Одам] Ӯст, ки ситорагонро бароятон қарор дод,то дар торикиҳои хушкӣ ва дарё ба [кумаки] онҳо роҳ ёбед. Ба ростӣ, ки мо нишонаҳо [-и тавону тадбири хеш]-ро барои мардуме, ки медонанд, ба тафсил баён кардаем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُوَ ٱلَّذِىٓ أَنشَأَكُم مِّن نَّفْسٍ وَٰحِدَةٍ فَمُسْتَقَرٌّ وَمُسْتَوْدَعٌ قَدْ فَصَّلْنَا ٱلْـَٔايَٰتِ لِقَوْمٍ يَفْقَهُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Ӯст, ки шуморо аз як тан офарид, пас, барои шумо [дар раҳими модар] қароргоҳе аст ва [дар пушти падар] амонатгоҳе. Мо оёт [-и худ]-ро барои мардуме, ки [каломи илоҳиро] мефаҳманд, ба тафсил баён кардаем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُوَ ٱلَّذِىٓ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً فَأَخْرَجْنَا بِهِۦ نَبَاتَ كُلِّ شَىْءٍ فَأَخْرَجْنَا مِنْهُ خَضِرًا نُّخْرِجُ مِنْهُ حَبًّا مُّتَرَاكِبًا وَمِنَ ٱلنَّخْلِ مِن طَلْعِهَا قِنْوَانٌ دَانِيَةٌ وَجَنَّٰتٍ مِّنْ أَعْنَابٍ وَٱلزَّيْتُونَ وَٱلرُّمَّانَ مُشْتَبِهًا وَغَيْرَ مُتَشَٰبِهٍ ٱنظُرُوٓا۟ إِلَىٰ ثَمَرِهِۦٓ إِذَآ أَثْمَرَ وَيَنْعِهِۦٓ إِنَّ فِى ذَٰلِكُمْ لَـَٔايَٰتٍ لِّقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Ӯст, ки аз осмон обе фурӯ рехт ва аз он [борон] ҳар гуна рӯйидание баровардем ва аз он [низ ҳар кишту гиёҳи] сабзеро рӯёнидем, [ки] аз он [гиёҳҳо низ барои тағзияи шумо] донаҳои мутарокиме [ҳамчун гандуму ҷав] падид меоварем ва [ҳамчунин] аз шукуфтаи нахл хӯшаҳои наздик ба якдигар [рӯёнидем] ва боғҳое аз ангур ва зайтуну анор [офаридем меваҳое, ки] бархе ҳаммонанд ва бархе ноҳаммонанд ҳастанд. Вақте ба бор нишаст ба меваҳои он ва [тарзи] расиданаш бингаред. Дар ин [офариниш] барои мардуме, ки имон доранд, нишонаҳои [равшану қудрати илоҳӣ] аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَعَلُوا۟ لِلَّهِ شُرَكَآءَ ٱلْجِنَّ وَخَلَقَهُمْ وَخَرَقُوا۟ لَهُۥ بَنِينَ وَبَنَٰتٍۭ بِغَيْرِ عِلْمٍ سُبْحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يَصِفُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [мушрикон] барои Аллоҳ таоло шариконе аз ҷин қоил шудаанд, ҳол онки [Аллоҳ таоло худ] онҳоро офаридааст.Ва[ҳамчунин] аз рӯйи нодонӣ барояш [фарзандон] писару духтар месозанд. Ӯ аз он чи васф мекунанд, поку бартар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

بَدِيعُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ أَنَّىٰ يَكُونُ لَهُۥ وَلَدٌ وَلَمْ تَكُن لَّهُۥ صَٰحِبَةٌ وَخَلَقَ كُلَّ شَىْءٍ وَهُوَ بِكُلِّ شَىْءٍ عَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ӯ] падидоварандаи осмонҳо ва замин аст, чигуна мумкин аст фарзанд дошта бошад, дар ҳоле ки ҳамсаре надорад? Ва ҳама чизро офарида ва Ӯ ба ҳар чизе доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمْ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ خَٰلِقُ كُلِّ شَىْءٍ فَٱعْبُدُوهُ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ وَكِيلٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн аст Аллоҳ таоло-Парвардигори шумо, ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, офаринандаи ҳама чиз аст, пас, Ӯро бипарастед ва [бидонед, ки] Ӯ [муроқибу] коргузори ҳама чиз аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَّا تُدْرِكُهُ ٱلْأَبْصَٰرُ وَهُوَ يُدْرِكُ ٱلْأَبْصَٰرَ وَهُوَ ٱللَّطِيفُ ٱلْخَبِيرُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЧашмҳо Ӯро дарнамеёбанд ва [-ле] Ӯ чашмҳоро дармеёбад ва Ӯст, ки борикбин ва огоҳ аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَدْ جَآءَكُم بَصَآئِرُ مِن رَّبِّكُمْ فَمَنْ أَبْصَرَ فَلِنَفْسِهِۦ وَمَنْ عَمِىَ فَعَلَيْهَا وَمَآ أَنَا۠ عَلَيْكُم بِحَفِيظٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар, ба мушрикон бигӯ] «Баростӣ далоили ошкоре аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо омадааст, пас, ҳар ки [бо басирату мантиқ дар бораи он] биандешад, ба суди ӯст ва ҳар ки чашм [бар ҳақиқат] бибандад, ба зиёни ӯст ва ман нигаҳбони шумо нестам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَذَٰلِكَ نُصَرِّفُ ٱلْـَٔايَٰتِ وَلِيَقُولُوا۟ دَرَسْتَ وَلِنُبَيِّنَهُۥ لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа инчунин нишонаҳо [ва далоили қудрати илоҳӣ]-ро гуногун баён мекунем, то мабодо [мушрикон] бигӯянд: «[Онҳоро аз аҳли китоб] омӯхтаӣ».Ва мо ин оятҳоро барои гурӯҳе, ки медонанд [ва мефаҳманд], ба равшанӣ баён мекунем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ٱتَّبِعْ مَآ أُوحِىَ إِلَيْكَ مِن رَّبِّكَ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ وَأَعْرِضْ عَنِ ٱلْمُشْرِكِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй паёмбар] Аз ончи ки аз ҷониби Парвардигорат ба ту ваҳй шудааст, пайравӣ кун, ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест ва аз мушрикон рӯй бигардон

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ شَآءَ ٱللَّهُ مَآ أَشْرَكُوا۟ وَمَا جَعَلْنَٰكَ عَلَيْهِمْ حَفِيظًا وَمَآ أَنتَ عَلَيْهِم بِوَكِيلٍ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар Аллоҳ таоло мехост, [онон ҳаргиз] ширк намеварзиданд.Ва мо туро бар онон нигаҳбон қарор надодаем ва ту [ҳаргиз муроқибу] коргузорашон нестӣ

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَسُبُّوا۟ ٱلَّذِينَ يَدْعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ فَيَسُبُّوا۟ ٱللَّهَ عَدْوًۢا بِغَيْرِ عِلْمٍ كَذَٰلِكَ زَيَّنَّا لِكُلِّ أُمَّةٍ عَمَلَهُمْ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّهِم مَّرْجِعُهُمْ فَيُنَبِّئُهُم بِمَا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй муъминон, ҳаргиз] ба онҳо [бутҳо], ки [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонанд, дашном надиҳед, [чаро ки] онон низ аз рӯйи душманӣ [ва] нодонӣ ба Аллоҳ таоло дашном медиҳанд. Ин гуна барои ҳар уммате кирдорашонро оростем.Сипас бозгашташон [дар қиёмат] ба сӯйи Парвардигорашон аст ва ононро аз ончи анҷом медоданд, огоҳ месозад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَقْسَمُوا۟ بِٱللَّهِ جَهْدَ أَيْمَٰنِهِمْ لَئِن جَآءَتْهُمْ ءَايَةٌ لَّيُؤْمِنُنَّ بِهَا قُلْ إِنَّمَا ٱلْـَٔايَٰتُ عِندَ ٱللَّهِ وَمَا يُشْعِرُكُمْ أَنَّهَآ إِذَا جَآءَتْ لَا يُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [мушрикон] бо сахттарин савгандҳояшон ба Аллоҳ таоло савганд хӯрданд, ки агар муъҷизае [ки хостаанд] бар эшон биояд, ҳатман, имон меоваранд. [Эй паёмбар] Бигӯ: «Муъҷизот фақат дар ихтиёри Аллоҳ таоло аст»ва шумо [эй муъминон] чи медонед, ки агар [муъҷизае ҳам] биёяд, имон намеоваранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَنُقَلِّبُ أَفْـِٔدَتَهُمْ وَأَبْصَٰرَهُمْ كَمَا لَمْ يُؤْمِنُوا۟ بِهِۦٓ أَوَّلَ مَرَّةٍ وَنَذَرُهُمْ فِى طُغْيَٰنِهِمْ يَعْمَهُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа мо дилҳо ва дидагонашонро [аз дарки ҳақоиқ] бармегардонем, чунончи нахустин бор ба он имон наёварданд ва ононро дар [нофармонӣ ва] туғёнашон саргашта раҳо мекунем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَوْ أَنَّنَا نَزَّلْنَآ إِلَيْهِمُ ٱلْمَلَٰٓئِكَةَ وَكَلَّمَهُمُ ٱلْمَوْتَىٰ وَحَشَرْنَا عَلَيْهِمْ كُلَّ شَىْءٍ قُبُلًا مَّا كَانُوا۟ لِيُؤْمِنُوٓا۟ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ يَجْهَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар мо фариштагонро ба сӯйи онон мефиристодем ва [ҳатто] агар мурдагон бо онон ба сухан меомаданд ва ҳар чизеро даста-даста дар баробарашон гирд меовардем, [то ростгӯии паёмбарро гувоҳӣ диҳанд], боз ҳам имон намеоварданд, магар ин ки Аллоҳ таоло бихоҳад, вале бештарашон нодонӣ мекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَذَٰلِكَ جَعَلْنَا لِكُلِّ نَبِىٍّ عَدُوًّا شَيَٰطِينَ ٱلْإِنسِ وَٱلْجِنِّ يُوحِى بَعْضُهُمْ إِلَىٰ بَعْضٍ زُخْرُفَ ٱلْقَوْلِ غُرُورًا وَلَوْ شَآءَ رَبُّكَ مَا فَعَلُوهُ فَذَرْهُمْ وَمَا يَفْتَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй Паёмбар- Муҳаммад, туро бо душмании мушрикон озмудем ва] ҳамчунин, барои ҳар паёмбаре душмане аз шаётини инс ва ҷин қарор додем, ки бархе аз онон дар ниҳон ба бархе дигар суханони фиребанда [ва беасос] илқо мекунанд ва агар Парвардигорат мехост, [ҳаргиз] чунин намекарданд.Пас, ононро ба дурӯғҳое, ки мебофанд, вогузор

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلِتَصْغَىٰٓ إِلَيْهِ أَفْـِٔدَةُ ٱلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِٱلْـَٔاخِرَةِ وَلِيَرْضَوْهُ وَلِيَقْتَرِفُوا۟ مَا هُم مُّقْتَرِفُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [чунин кардем, то ононро биозмоем, хостем] то дилҳои касоне, ки ба охират имон намеоваранд, ба он [сухани фиребанда] бигарояд ва онро биписандад ва ҳар гуноҳе, ки мехоҳанд муртакиб шаванд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَفَغَيْرَ ٱللَّهِ أَبْتَغِى حَكَمًا وَهُوَ ٱلَّذِىٓ أَنزَلَ إِلَيْكُمُ ٱلْكِتَٰبَ مُفَصَّلًا وَٱلَّذِينَ ءَاتَيْنَٰهُمُ ٱلْكِتَٰبَ يَعْلَمُونَ أَنَّهُۥ مُنَزَّلٌ مِّن رَّبِّكَ بِٱلْحَقِّ فَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلْمُمْتَرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба мушрикон бигӯ] «Оё [сазост, ки барои қазоват дар бораи ихтилофи ману шумо] доваре ҷуз Аллоҳ таоло биҷӯем? Ва ҳол он ки Ӯст, ки ин китобро бо тафсил ба сӯйи шумо нозил кардааст».Ва онҳо, ки китоб [-и осмонӣ] ба эшон додаем, медонанд, ки он [Қуръон] аз ҷониби Парвардигорат ба ҳақ нозил шудааст.Пас, ҳаргиз аз тардидкунандагон набош

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَتَمَّتْ كَلِمَتُ رَبِّكَ صِدْقًا وَعَدْلًا لَّا مُبَدِّلَ لِكَلِمَٰتِهِۦ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلْعَلِيمُ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа суханони Парвардигорат [Қуръон] бо ростӣ [ дар гуфтор] ва адл [дар аҳком] ба ҳадди тамом ба камол расид. Ҳеҷ тағйирдиҳандае барои суханонаш нест ва Ӯ шунавову доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِن تُطِعْ أَكْثَرَ مَن فِى ٱلْأَرْضِ يُضِلُّوكَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ إِن يَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа агар аз бештари мардуми замин итоат кунӣ, аз роҳи Аллоҳ таоло гумроҳат мекунанд. Онон ҷуз гумон [-и беасоси худ аз чизе] пайравӣ намекунанд ва ҷуз дурӯғ намебофанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعْلَمُ مَن يَضِلُّ عَن سَبِيلِهِۦ وَهُوَ أَعْلَمُ بِٱلْمُهْتَدِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБе тардид, Парвардигорат ба [ҳоли] касе, ки аз роҳи Ӯ мунҳариф мешавад, донотар аст ва Ӯ ба [ҳоли] роҳёфтагон [низ] донотар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَكُلُوا۟ مِمَّا ذُكِرَ ٱسْمُ ٱللَّهِ عَلَيْهِ إِن كُنتُم بِـَٔايَٰتِهِۦ مُؤْمِنِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [эй мардум] агар ба оёташ имон доред, [фақат] аз [гӯшти] он чи номи Аллоҳ таоло [ҳангоми забҳ] бар он бурдашудааст, бихӯред

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمَا لَكُمْ أَلَّا تَأْكُلُوا۟ مِمَّا ذُكِرَ ٱسْمُ ٱللَّهِ عَلَيْهِ وَقَدْ فَصَّلَ لَكُم مَّا حَرَّمَ عَلَيْكُمْ إِلَّا مَا ٱضْطُرِرْتُمْ إِلَيْهِ وَإِنَّ كَثِيرًا لَّيُضِلُّونَ بِأَهْوَآئِهِم بِغَيْرِ عِلْمٍ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعْلَمُ بِٱلْمُعْتَدِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй мусулмонон] шуморо чи мешавад, ки аз он чи номи Аллоҳ таоло бар он бурдашудааст, намехӯред? Ҳол он ки [Аллоҳ таоло] он чиро бар шумо ҳаром кардааст, ба тафсил бароятон баён доштааст [пас, аз онҳо дурӣ кунед] магар чизе, ки ба [хӯрдани] он ночор шавед ва бе тардид, бисёре [аз мардум дигаронро] аз рӯйи нодонӣ бо ҳавасҳои хеш гумроҳ мекунанд. [Эй паёмбар] Яқинан, Парвардигорат ба [ҳоли] таҷовузкорон [аз ҳудуди илоҳӣ] донотар аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَذَرُوا۟ ظَٰهِرَ ٱلْإِثْمِ وَبَاطِنَهُۥٓ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَكْسِبُونَ ٱلْإِثْمَ سَيُجْزَوْنَ بِمَا كَانُوا۟ يَقْتَرِفُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй мардум] гуноҳи ошкор ва пинҳонро раҳо кунед, [чаро ки] бе тардид, касоне, ки муртакиби гуноҳ мешаванд, ба зудӣ дар баробари ончи мекарданд, муҷозот хоҳанд шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَأْكُلُوا۟ مِمَّا لَمْ يُذْكَرِ ٱسْمُ ٱللَّهِ عَلَيْهِ وَإِنَّهُۥ لَفِسْقٌ وَإِنَّ ٱلشَّيَٰطِينَ لَيُوحُونَ إِلَىٰٓ أَوْلِيَآئِهِمْ لِيُجَٰدِلُوكُمْ وَإِنْ أَطَعْتُمُوهُمْ إِنَّكُمْ لَمُشْرِكُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй муъминон] аз он чи [ҳангоми забҳ] номи Аллоҳ таоло бар он бурданашудааст, нахӯред, чаро ки он [кори] ҳатман, нофармонӣ аст ва дар ҳақиқат шаётин ба дӯстони худ илқо мекунанд, ки бо шумо [дар ин маврид] муҷодала намоянд.Ва агар аз онон итоат кунед, ҳатман, шумо [низ дар зумраи] мушрикон ҳастед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوَمَن كَانَ مَيْتًا فَأَحْيَيْنَٰهُ وَجَعَلْنَا لَهُۥ نُورًا يَمْشِى بِهِۦ فِى ٱلنَّاسِ كَمَن مَّثَلُهُۥ فِى ٱلظُّلُمَٰتِ لَيْسَ بِخَارِجٍ مِّنْهَا كَذَٰلِكَ زُيِّنَ لِلْكَٰفِرِينَ مَا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё касе, ки [дилаш аз ҷаҳлу ширк] мурда буд ва мо [бо тавҳиду имон] зиндааш гардонидем ва нуре барояш падид овардем, то дар партави [ҳидоят] он миёни мардум гом бардорад, ҳамчун касест, ки гӯӣ дар торикиҳо [гирифтор] аст ва аз он берун омаданӣ нест? Он чи кофирон мекарданд, ин гуна барояшон ороста шудааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَذَٰلِكَ جَعَلْنَا فِى كُلِّ قَرْيَةٍ أَكَٰبِرَ مُجْرِمِيهَا لِيَمْكُرُوا۟ فِيهَا وَمَا يَمْكُرُونَ إِلَّا بِأَنفُسِهِمْ وَمَا يَشْعُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба ин гуна дар ҳар шаҳре бузургони гунаҳкорашро мегуморем, то дар он ба найранг бипардозанд [ва мардумро аз роҳи Аллоҳ таоло боздоранд], ва [-ле] онон ҷуз ба худ найранг намезананд ва [ин ҳақиқатро] дарк намекунанд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَإِذَا جَآءَتْهُمْ ءَايَةٌ قَالُوا۟ لَن نُّؤْمِنَ حَتَّىٰ نُؤْتَىٰ مِثْلَ مَآ أُوتِىَ رُسُلُ ٱللَّهِ ٱللَّهُ أَعْلَمُ حَيْثُ يَجْعَلُ رِسَالَتَهُۥ سَيُصِيبُ ٱلَّذِينَ أَجْرَمُوا۟ صَغَارٌ عِندَ ٱللَّهِ وَعَذَابٌ شَدِيدٌۢ بِمَا كَانُوا۟ يَمْكُرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [мушрикон] чун ояте [аз Қуръон] барояшон меояд мегӯянд: «Ҳаргиз ба он имон намеоварем, магар он ки ҳаммонанди он чи ба паёмбарони илоҳӣ додашудааст, ба мо низ дода шавад». Аллоҳ таоло беҳтар медонад, ки рисолати хешро куҷо [ва бар уҳдаи чи касе] қарор диҳад. Ба зудӣ бар онон, ки муртакиби [нофармонӣ ва] гуноҳ шуданд, ба сазои найранге, ки варзида буданд, аз ҷониби Аллоҳ таоло хорӣ ва азоби сахте хоҳад расид

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَمَن يُرِدِ ٱللَّهُ أَن يَهْدِيَهُۥ يَشْرَحْ صَدْرَهُۥ لِلْإِسْلَٰمِ وَمَن يُرِدْ أَن يُضِلَّهُۥ يَجْعَلْ صَدْرَهُۥ ضَيِّقًا حَرَجًا كَأَنَّمَا يَصَّعَّدُ فِى ٱلسَّمَآءِ كَذَٰلِكَ يَجْعَلُ ٱللَّهُ ٱلرِّجْسَ عَلَى ٱلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, ҳар киро Аллоҳ таоло бихоҳад, ҳидоят кунад, дилашро барои [пазириши] Ислом мекушояд ва ҳаркиро бихоҳад, дар гумроҳӣ вогузорад, дилашро танг [ва баста] месозад [ва пазириши ҳақро чунон барояш маҳол мегардонад, ки] гӯё мехоҳад аз осмон боло равад [ва наметавонад], Аллоҳ таоло ин чунин азобро бар касоне, ки имон намеоваранд, мегуморад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهَٰذَا صِرَٰطُ رَبِّكَ مُسْتَقِيمًا قَدْ فَصَّلْنَا ٱلْـَٔايَٰتِ لِقَوْمٍ يَذَّكَّرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [эй Паёмбар] ин [дини Ислом] роҳи рости Парвардигори туст. Ба ростӣ, ки мо оёт [-и худ]-ро барои гурӯҳе, ки панд мегиранд, ба тафсил баён кардем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَهُمْ دَارُ ٱلسَّلَٰمِ عِندَ رَبِّهِمْ وَهُوَ وَلِيُّهُم بِمَا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБарои онон назди Парвардигорашон сарои саломату амният аст ва Ӯ ба [подоши] корҳое, ки мекарданд, [дӯсту] корсозашон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَيَوْمَ يَحْشُرُهُمْ جَمِيعًا يَٰمَعْشَرَ ٱلْجِنِّ قَدِ ٱسْتَكْثَرْتُم مِّنَ ٱلْإِنسِ وَقَالَ أَوْلِيَآؤُهُم مِّنَ ٱلْإِنسِ رَبَّنَا ٱسْتَمْتَعَ بَعْضُنَا بِبَعْضٍ وَبَلَغْنَآ أَجَلَنَا ٱلَّذِىٓ أَجَّلْتَ لَنَا قَالَ ٱلنَّارُ مَثْوَىٰكُمْ خَٰلِدِينَ فِيهَآ إِلَّا مَا شَآءَ ٱللَّهُ إِنَّ رَبَّكَ حَكِيمٌ عَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [ёд кун аз қиёмат] рӯзе, ки ҳамаи онон [инсу ҷин]-ро гирд меоварад [ва мефармояд]: «Эй гурӯҳи ҷинниён, аз одамиён [бисёреро гумроҳ кардед ва пайравони] фаровон ёфтед».Ва дӯстони [мушрики] эшон аз [миёни] инсонҳо мегӯянд: «Парвардигоро, бархе аз мо аз бархе дигар баҳрабардорӣ карданд [ва дар куфру гуноҳ ба якдигар ёрӣ расониданд] ва [ин ки] мо ба поёне, ки бароямон муқаррар карда будӣ, расидаем» [Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Ҷойгоҳатон оташ аст [ва] дар он ҷовидон хоҳед буд, магар он чиро Аллоҳ таоло бихоҳад [ки аз он бикоҳад ё бибахшояд]. Бе тардид,Парвардигорат ҳакиму доност»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَذَٰلِكَ نُوَلِّى بَعْضَ ٱلظَّٰلِمِينَ بَعْضًۢا بِمَا كَانُوا۟ يَكْسِبُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа инчунин баъзе аз ситамгоронро ба баъзе дигар ба [сазои] он чи мекарданд, мусаллат мегардонем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

يَٰمَعْشَرَ ٱلْجِنِّ وَٱلْإِنسِ أَلَمْ يَأْتِكُمْ رُسُلٌ مِّنكُمْ يَقُصُّونَ عَلَيْكُمْ ءَايَٰتِى وَيُنذِرُونَكُمْ لِقَآءَ يَوْمِكُمْ هَٰذَا قَالُوا۟ شَهِدْنَا عَلَىٰٓ أَنفُسِنَا وَغَرَّتْهُمُ ٱلْحَيَوٰةُ ٱلدُّنْيَا وَشَهِدُوا۟ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمْ أَنَّهُمْ كَانُوا۟ كَٰفِرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЭй гурӯҳи ҷин ва инс, оё аз миёни шумо фиристодагоне бароятон наёмаданд, ки оёти Маро бар шумо бихонанд ва аз дидори ин рӯз ба шумо ҳушдор диҳанд? Онон мегӯянд: «[Оре] Мо алайҳи хеш гувоҳӣ медиҳем [ки омаданд]».Ва зиндагии дунё фиребашон дод ва ба зиёни худ гувоҳӣ доданд, ки кофир буданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ذَٰلِكَ أَن لَّمْ يَكُن رَّبُّكَ مُهْلِكَ ٱلْقُرَىٰ بِظُلْمٍ وَأَهْلُهَا غَٰفِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterИн [итмоми ҳуҷҷат] ба он хотир аст, ки Парвардигорат ҳеҷ гоҳ шаҳрҳоро, дар ҳоле ки мардумаш [аз паёми илоҳӣ бехабар ва] ғофиланд, ба ситам нобуд накардааст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلِكُلٍّ دَرَجَٰتٌ مِّمَّا عَمِلُوا۟ وَمَا رَبُّكَ بِغَٰفِلٍ عَمَّا يَعْمَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳамагон дар баробари он чи анҷом додаанд, дараҷоте доранд ва Парвардигорат аз он чи мекунанд, ғофил нест

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَرَبُّكَ ٱلْغَنِىُّ ذُو ٱلرَّحْمَةِ إِن يَشَأْ يُذْهِبْكُمْ وَيَسْتَخْلِفْ مِنۢ بَعْدِكُم مَّا يَشَآءُ كَمَآ أَنشَأَكُم مِّن ذُرِّيَّةِ قَوْمٍ ءَاخَرِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Парвардигорат бениёзу дорои раҳмат [-и бекарон] аст. [Эй бандагони гунаҳгор, Аллоҳ таоло] Агар бихоҳад, шуморо [бо азоб аз миён] мебарад ва пас аз шумо ҳаркиро бихоҳад, ҷойнишин месозад, ҳамчунонки шуморо низ аз насли гурӯҳи дигар офарид

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ مَا تُوعَدُونَ لَـَٔاتٍ وَمَآ أَنتُم بِمُعْجِزِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй кофирон] Он чи ба шумо ваъда дода мешавад, яқинан, хоҳад омад ва шумо наметавонед [Аллоҳ таолоро] нотавон созед [ва аз кайфараш бигурезед]

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ يَٰقَوْمِ ٱعْمَلُوا۟ عَلَىٰ مَكَانَتِكُمْ إِنِّى عَامِلٌ فَسَوْفَ تَعْلَمُونَ مَن تَكُونُ لَهُۥ عَٰقِبَةُ ٱلدَّارِ إِنَّهُۥ لَا يُفْلِحُ ٱلظَّٰلِمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Эй қавми ман, ба шеваи худ амал кунед [ва бар куфру гумроҳии худ бимонед, ки] бе тардид, ман [низ ба имони хеш] амал мекунам, пас, ба зудӣ хоҳед донист, ки [пирӯзии дунё ва] фарҷоми [некуи]он саро аз они кист. Бе гумон, ситамгорон [-и мушрик] растагор нахоҳанд шуд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَجَعَلُوا۟ لِلَّهِ مِمَّا ذَرَأَ مِنَ ٱلْحَرْثِ وَٱلْأَنْعَٰمِ نَصِيبًا فَقَالُوا۟ هَٰذَا لِلَّهِ بِزَعْمِهِمْ وَهَٰذَا لِشُرَكَآئِنَا فَمَا كَانَ لِشُرَكَآئِهِمْ فَلَا يَصِلُ إِلَى ٱللَّهِ وَمَا كَانَ لِلَّهِ فَهُوَ يَصِلُ إِلَىٰ شُرَكَآئِهِمْ سَآءَ مَا يَحْكُمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [мушрикон] барои Аллоҳ таоло аз он чи офаридааст, аз кишту чаҳорпоён, саҳме таъйин карданд ва ба гумони худ гуфтанд: «Ин махсуси Аллоҳ таолост ва ин махсуси шарикони мо [бутҳо]». Пас, он чи барои шариконашон буд, ба Аллоҳ таоло намерасад, ва [-ле] он чи барои Аллоҳ таоло буд, ба шарикони онҳо мерасад. Чи бад доварӣ мекунанд!

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَكَذَٰلِكَ زَيَّنَ لِكَثِيرٍ مِّنَ ٱلْمُشْرِكِينَ قَتْلَ أَوْلَٰدِهِمْ شُرَكَآؤُهُمْ لِيُرْدُوهُمْ وَلِيَلْبِسُوا۟ عَلَيْهِمْ دِينَهُمْ وَلَوْ شَآءَ ٱللَّهُ مَا فَعَلُوهُ فَذَرْهُمْ وَمَا يَفْتَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ин гуна буд, ки шарикони онҳо [аз шаётину бутҳо] дар назари бисёре аз мушрикон [ки фақир буданд] қатли фарзандонашонро оростанд [ва зебо ҷилва доданд], то ҳалокашон кунанд ва оинашонро бар онон [ошуфта ва] муштабаҳ созанд.Ва агар Аллоҳ таоло мехост, чунин намекарданд, пас, [эй паёмбар, ту низ] ононро бо [туҳмату] дурӯғҳояшон вогузор

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوا۟ هَٰذِهِۦٓ أَنْعَٰمٌ وَحَرْثٌ حِجْرٌ لَّا يَطْعَمُهَآ إِلَّا مَن نَّشَآءُ بِزَعْمِهِمْ وَأَنْعَٰمٌ حُرِّمَتْ ظُهُورُهَا وَأَنْعَٰمٌ لَّا يَذْكُرُونَ ٱسْمَ ٱللَّهِ عَلَيْهَا ٱفْتِرَآءً عَلَيْهِ سَيَجْزِيهِم بِمَا كَانُوا۟ يَفْتَرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба пиндори хеш гуфтанд: «[Истифода аз] Ин чаҳорпоён ва киштзор[-ҳое, ки вақфи бутҳо шуда] мамнуъ аст ва ҳеҷ кас аз он намехӯрад, магар он [гурӯҳ аз ходимони бутҳо] ки мо мехоҳем ва чаҳорпоёне ҳастанд, ки [савор шудан бар] пушташон ҳаром шудааст».Ва домҳое [доштанд], ки [ҳангоми забҳ] номи Аллоҳ таолоро бар онҳо намебурданд, [инҳо ҳама боварҳое буд, ки] ба дурӯғ ба Аллоҳ таоло нисбат медоданд [ва Аллоҳ таоло] ба хотири он чи ба дурӯғ мебофтанд, ҷазояшонро хоҳад дод

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَقَالُوا۟ مَا فِى بُطُونِ هَٰذِهِ ٱلْأَنْعَٰمِ خَالِصَةٌ لِّذُكُورِنَا وَمُحَرَّمٌ عَلَىٰٓ أَزْوَٰجِنَا وَإِن يَكُن مَّيْتَةً فَهُمْ فِيهِ شُرَكَآءُ سَيَجْزِيهِمْ وَصْفَهُمْ إِنَّهُۥ حَكِيمٌ عَلِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа гуфтанд: «Он чи дар шиками ин ҷаҳорпоён аст, [агар зинда мутавалид шавад] ба мардони мо ихтисос дорад ва бар ҳамсаронамон ҳаром шудааст, ва [-ле] агар [ҷанин] мурда бошад, ҳамаи онон [аз зану мард] дар он шариканд. Ба зудӣ [Аллоҳ таоло] ононро ба сазои ин тавсифашон кайфар хоҳад дод. Ба ростӣ, ки Ӯ ҳакими доност

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قَدْ خَسِرَ ٱلَّذِينَ قَتَلُوٓا۟ أَوْلَٰدَهُمْ سَفَهًۢا بِغَيْرِ عِلْمٍ وَحَرَّمُوا۟ مَا رَزَقَهُمُ ٱللَّهُ ٱفْتِرَآءً عَلَى ٱللَّهِ قَدْ ضَلُّوا۟ وَمَا كَانُوا۟ مُهْتَدِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки аз рӯйи [чаҳлу] бехирадӣ фарзандони худро [аз тарси фақр] куштанд ва бо дурӯғ бастан ба Аллоҳ таоло он чиро, ки Аллоҳ таоло рӯзияшон карда буд, [бар худ] ҳаром донистанд, сахт зиён карданд. Бе тардид, онон гумроҳ шуданд ва ҳидоятёфта набуданд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُوَ ٱلَّذِىٓ أَنشَأَ جَنَّٰتٍ مَّعْرُوشَٰتٍ وَغَيْرَ مَعْرُوشَٰتٍ وَٱلنَّخْلَ وَٱلزَّرْعَ مُخْتَلِفًا أُكُلُهُۥ وَٱلزَّيْتُونَ وَٱلرُّمَّانَ مُتَشَٰبِهًا وَغَيْرَ مُتَشَٰبِهٍ كُلُوا۟ مِن ثَمَرِهِۦٓ إِذَآ أَثْمَرَ وَءَاتُوا۟ حَقَّهُۥ يَوْمَ حَصَادِهِۦ وَلَا تُسْرِفُوٓا۟ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلْمُسْرِفِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterӮст, ки боғҳое [бо буттаҳои] дорбастдор ва [дарахтони] бедорбаст падид овард ва [низ] дарахти хурмо ва зироате, ки меваҳояш гуногун аст ва дарахти зайтун ва анор, ки [баргҳояшон] ҳаммонанд ва [меваҳояшон] ноҳаммонанд аст. [Эй мардум] Аз меваи он чун ба бор нишаст, бихӯред ва рӯзи чиданаш ҳаққи [закоти бенавоён аз] онро бипардозед, ва [-ле] исроф накунед, [чаро ки] бе тардид, Ӯ исрофкоронро дӯст намедорад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمِنَ ٱلْأَنْعَٰمِ حَمُولَةً وَفَرْشًا كُلُوا۟ مِمَّا رَزَقَكُمُ ٱللَّهُ وَلَا تَتَّبِعُوا۟ خُطُوَٰتِ ٱلشَّيْطَٰنِ إِنَّهُۥ لَكُمْ عَدُوٌّ مُّبِينٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа [низ] аз чаҳорпоён [ҳайвоноти] борбар ва [ҳайвоноти] ғайриборӣ [-ро офарид]. Аз он чи Аллоҳ таоло ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва аз гомҳои шайтон пайравӣ накунед. Бе гумон, ӯ душмани ошкоре барои шумост

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثَمَٰنِيَةَ أَزْوَٰجٍ مِّنَ ٱلضَّأْنِ ٱثْنَيْنِ وَمِنَ ٱلْمَعْزِ ٱثْنَيْنِ قُلْ ءَآلذَّكَرَيْنِ حَرَّمَ أَمِ ٱلْأُنثَيَيْنِ أَمَّا ٱشْتَمَلَتْ عَلَيْهِ أَرْحَامُ ٱلْأُنثَيَيْنِ نَبِّـُٔونِى بِعِلْمٍ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterҲашт [раъси] нару мода [барои истифодаи шумо офарид] аз меш як ҷуфт ва аз буз як ҷуфт, [эй паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Оё [Аллоҳ таоло] он ду нарро ҳаром кардааст ё модаҳоро? Ё он чи ки раҳимҳои [ин] ду мода дар бар дорад? Агар рост мегӯед [ва бар таҳримашон далеле доред], аз рӯйи илм [-у мантиқ] ба ман хабар диҳед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَمِنَ ٱلْإِبِلِ ٱثْنَيْنِ وَمِنَ ٱلْبَقَرِ ٱثْنَيْنِ قُلْ ءَآلذَّكَرَيْنِ حَرَّمَ أَمِ ٱلْأُنثَيَيْنِ أَمَّا ٱشْتَمَلَتْ عَلَيْهِ أَرْحَامُ ٱلْأُنثَيَيْنِ أَمْ كُنتُمْ شُهَدَآءَ إِذْ وَصَّىٰكُمُ ٱللَّهُ بِهَٰذَا فَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ ٱفْتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا لِّيُضِلَّ ٱلنَّاسَ بِغَيْرِ عِلْمٍ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهْدِى ٱلْقَوْمَ ٱلظَّٰلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа аз шутур як ҷуфт ва аз гов як ҷуфт [офарид].Бигӯ: «Оё Аллоҳ таоло] он ду нарро ҳаром кардааст ё ду модаро? Ё он чи ки раҳимҳои [ин] ду мода дар бар дорад? Оё вақте Аллоҳ таоло шуморо ба ин [таҳрим] супориш мекард, [онҷо] ҳозир будед? Пас, кист ситамгортар аз он ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад, то бидуни ҳеҷ [санаду] илме мардумро гумроҳ кунад? Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро ҳидоят намекунад»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُل لَّآ أَجِدُ فِى مَآ أُوحِىَ إِلَىَّ مُحَرَّمًا عَلَىٰ طَاعِمٍ يَطْعَمُهُۥٓ إِلَّآ أَن يَكُونَ مَيْتَةً أَوْ دَمًا مَّسْفُوحًا أَوْ لَحْمَ خِنزِيرٍ فَإِنَّهُۥ رِجْسٌ أَوْ فِسْقًا أُهِلَّ لِغَيْرِ ٱللَّهِ بِهِۦ فَمَنِ ٱضْطُرَّ غَيْرَ بَاغٍ وَلَا عَادٍ فَإِنَّ رَبَّكَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Дар он чи [аз аҳкоми илоҳӣ, ки] ба ман ваҳй шудааст, [ғизои] ҳаромеро, ки хӯрданаш барои хӯрандае ҳаром бошад, намеёбам, магар [гӯшти] мурдор ё хуни рехта ё гӯшти хук, ки ҳатман, палид [наҷасу ҳаром] аст, ё [қурбоние, ки ҳангоми забҳ] аз рӯйи нофармонӣ, номи ғайри Аллоҳ таоло бар он бурда бошанд». Пас, ҳар ки [барои ҳифзи ҷони худ, ба хӯрдани онҳо] ночор шавад, агар саркаш ва зиёдахоҳ набошад [бар ӯ гуноҳе нест]. Ба ростӣ, ки Парвардигорат омурзандаи меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَعَلَى ٱلَّذِينَ هَادُوا۟ حَرَّمْنَا كُلَّ ذِى ظُفُرٍ وَمِنَ ٱلْبَقَرِ وَٱلْغَنَمِ حَرَّمْنَا عَلَيْهِمْ شُحُومَهُمَآ إِلَّا مَا حَمَلَتْ ظُهُورُهُمَآ أَوِ ٱلْحَوَايَآ أَوْ مَا ٱخْتَلَطَ بِعَظْمٍ ذَٰلِكَ جَزَيْنَٰهُم بِبَغْيِهِمْ وَإِنَّا لَصَٰدِقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ҳар [ҳайвони] чанголдореро бар яҳудиён ҳаром кардем ва аз гову гӯсфанд, чарбҳои он дуро бар онон ҳаром кардем, магар чарбҳое, ки бар пушти онҳо ё даври рӯдаҳост ё он чи бо устухон даромехтааст. Ин гуна ононро ба сазои саркашияшон муҷозот кардем ва бе тардид, Мо ростгӯем

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

فَإِن كَذَّبُوكَ فَقُل رَّبُّكُمْ ذُو رَحْمَةٍ وَٰسِعَةٍ وَلَا يُرَدُّ بَأْسُهُۥ عَنِ ٱلْقَوْمِ ٱلْمُجْرِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterПас, [эй Паёмбар] агар туро такзиб карданд, бигӯ: «Парвардигоратон раҳмати густурда дорад, ва [-ле] азобаш аз гурӯҳи гунаҳкорон бозгардонда нахоҳад шуд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

سَيَقُولُ ٱلَّذِينَ أَشْرَكُوا۟ لَوْ شَآءَ ٱللَّهُ مَآ أَشْرَكْنَا وَلَآ ءَابَآؤُنَا وَلَا حَرَّمْنَا مِن شَىْءٍ كَذَٰلِكَ كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ حَتَّىٰ ذَاقُوا۟ بَأْسَنَا قُلْ هَلْ عِندَكُم مِّنْ عِلْمٍ فَتُخْرِجُوهُ لَنَآ إِن تَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّ وَإِنْ أَنتُمْ إِلَّا تَخْرُصُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterКасоне, ки ширк варзиданд, хоҳанд гуфт: «Агар Аллоҳ таоло мехост, на мо ширк меовардем ва на падаронамон ва [ҳамчунин] чизеро [худсарона] таҳрим намекардем». Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ ҳамин гуна [паёмбарони худро] такзиб карданд, то азоби моро чашанд. [Эй Паёмбар, ба ин мушрикон] Бигӯ: «Оё [донишу] далеле наздатон ҳаст, ки барои Мо ошкор кунед? [Дар ҳақиқат] шумо ҷуз пиндор [аз чизе] пайравӣ намекунед ва ҷуз дурӯғ намегӯед»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ فَلِلَّهِ ٱلْحُجَّةُ ٱلْبَٰلِغَةُ فَلَوْ شَآءَ لَهَدَىٰكُمْ أَجْمَعِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Далели расо ва равшан аз они Аллоҳ таолост ва агар мехост, ҳамаи шуморо ҳидоят мекард»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ هَلُمَّ شُهَدَآءَكُمُ ٱلَّذِينَ يَشْهَدُونَ أَنَّ ٱللَّهَ حَرَّمَ هَٰذَا فَإِن شَهِدُوا۟ فَلَا تَشْهَدْ مَعَهُمْ وَلَا تَتَّبِعْ أَهْوَآءَ ٱلَّذِينَ كَذَّبُوا۟ بِـَٔايَٰتِنَا وَٱلَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِٱلْـَٔاخِرَةِ وَهُم بِرَبِّهِمْ يَعْدِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Гувоҳони худро, ки гувоҳӣ медиҳанд, ки Аллоҳ таоло инҳоро ҳаром кардааст, биёваред». Пас, [ҳатто] агар гувоҳӣ доданд, ту бо онон [ба чунин дурӯғе] гувоҳӣ мадеҳ ва аз ҳавасҳои касоне, ки оёти Моро дурӯғ шумурданд ва касоне, ки ба охират имон намеоваранд ва [маъбудони ботилро] бо Парвардигорашон ҳамто қарор медиҳанд, пайравӣ накун

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ تَعَالَوْا۟ أَتْلُ مَا حَرَّمَ رَبُّكُمْ عَلَيْكُمْ أَلَّا تُشْرِكُوا۟ بِهِۦ شَيْـًٔا وَبِٱلْوَٰلِدَيْنِ إِحْسَٰنًا وَلَا تَقْتُلُوٓا۟ أَوْلَٰدَكُم مِّنْ إِمْلَٰقٍ نَّحْنُ نَرْزُقُكُمْ وَإِيَّاهُمْ وَلَا تَقْرَبُوا۟ ٱلْفَوَٰحِشَ مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَمَا بَطَنَ وَلَا تَقْتُلُوا۟ ٱلنَّفْسَ ٱلَّتِى حَرَّمَ ٱللَّهُ إِلَّا بِٱلْحَقِّ ذَٰلِكُمْ وَصَّىٰكُم بِهِۦ لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Биёед он чиро, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст, бароятон бихонам: Ин ки чизеро бо Ӯ шарик қарор надиҳед ва ба падару модар некӣ кунед ва фарзандони худро аз [тарси] тангдастӣ накушед. Мо ба шумо ва онон рӯзӣ медиҳем ва ба корҳои зишт, чи ошкор ва чи ниҳон, наздик нашавед ва касеро, ки Аллоҳ таоло [қатлашро] ҳаром кардааст ҷуз ба ҳақ накушед. Ин аст [он чи Аллоҳ таоло] шуморо ба [пайравӣ аз] он супориш кардааст, бошад, ки биандешед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَلَا تَقْرَبُوا۟ مَالَ ٱلْيَتِيمِ إِلَّا بِٱلَّتِى هِىَ أَحْسَنُ حَتَّىٰ يَبْلُغَ أَشُدَّهُۥ وَأَوْفُوا۟ ٱلْكَيْلَ وَٱلْمِيزَانَ بِٱلْقِسْطِ لَا نُكَلِّفُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا وَإِذَا قُلْتُمْ فَٱعْدِلُوا۟ وَلَوْ كَانَ ذَا قُرْبَىٰ وَبِعَهْدِ ٱللَّهِ أَوْفُوا۟ ذَٰلِكُمْ وَصَّىٰكُم بِهِۦ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба моли ятим наздик нашавед, магар ба беҳтарин шакл [ки ба суду салоҳи ӯ бошад], то ба синни [булуғ ва] рушди худ бирасад ва [санҷиши] паймона ва тарозуро ба адолат комил кунед.Мо ҳеҷ касеро ҷуз ба андозаи тавонаш мукаллаф намесозем ва ҳангоме ки сухан мегӯед [ё гувоҳӣ медиҳед], пас, адолатро риоя кунед, ҳарчанд, [дар бораи] хешованд бошад ва ба аҳду паймони Аллоҳ таоло вафо кунед. Ин аст [он чи Аллоҳ таоло] шуморо ба [пайравӣ аз] он супориш кардааст, бошад, ки панд гиред

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَأَنَّ هَٰذَا صِرَٰطِى مُسْتَقِيمًا فَٱتَّبِعُوهُ وَلَا تَتَّبِعُوا۟ ٱلسُّبُلَ فَتَفَرَّقَ بِكُمْ عَن سَبِيلِهِۦ ذَٰلِكُمْ وَصَّىٰكُم بِهِۦ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ин ки [огоҳ бошед] ин роҳи рости Ман аст, пас, аз он пайравӣ кунед ва аз [дигар] роҳҳо пайравӣ накунед, [чаро ки] шуморо аз роҳи Ӯ ҷудо месозад. Ин аст [он чи Аллоҳ таоло] шуморо ба [пайравӣ аз] он супориш кардааст, бошад, ки парво кунед

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

ثُمَّ ءَاتَيْنَا مُوسَى ٱلْكِتَٰبَ تَمَامًا عَلَى ٱلَّذِىٓ أَحْسَنَ وَتَفْصِيلًا لِّكُلِّ شَىْءٍ وَهُدًى وَرَحْمَةً لَّعَلَّهُم بِلِقَآءِ رَبِّهِمْ يُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterСипас ба Мӯсо китоб [Таврот] додем, то бар касе, ки некӣ кардааст, неъматро тамом кунем ва барои он ки [ҳукми] ҳар чизеро ба тафсил баён намоем ва раҳнамуду раҳмате гардад, бошад, ки ба дидори Парвардигорашон имон биёваранд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهَٰذَا كِتَٰبٌ أَنزَلْنَٰهُ مُبَارَكٌ فَٱتَّبِعُوهُ وَٱتَّقُوا۟ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ин [Қуръон] ки нозил кардем, китоби пурбаракат аст, аз он пайравӣ кунед ва парво намоед, бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَن تَقُولُوٓا۟ إِنَّمَآ أُنزِلَ ٱلْكِتَٰبُ عَلَىٰ طَآئِفَتَيْنِ مِن قَبْلِنَا وَإِن كُنَّا عَن دِرَاسَتِهِمْ لَغَٰفِلِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Онро нозил кардем] То нагӯед: «Китоб [-и осмонӣ] танҳо бар ду тоифаи пеш аз мо [ яҳудиён ва масеҳиён] нозил шуда буд ва мо аз қироату тиловати эшон бехабар будем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

أَوْ تَقُولُوا۟ لَوْ أَنَّآ أُنزِلَ عَلَيْنَا ٱلْكِتَٰبُ لَكُنَّآ أَهْدَىٰ مِنْهُمْ فَقَدْ جَآءَكُم بَيِّنَةٌ مِّن رَّبِّكُمْ وَهُدًى وَرَحْمَةٌ فَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن كَذَّبَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَصَدَفَ عَنْهَا سَنَجْزِى ٱلَّذِينَ يَصْدِفُونَ عَنْ ءَايَٰتِنَا سُوٓءَ ٱلْعَذَابِ بِمَا كَانُوا۟ يَصْدِفُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterЁ нагӯед: «Агар китоб [-и осмонӣ] бар мо нозил мешуд, аз онон роҳёфтатар будем». Пас, бе тардид, [ин ки] аз ҷониби Парвардигоратон далели равшан ва ҳидоят ва раҳмате бароятон омадааст. Пас, кист ситамгортар аз он ки оёти Аллоҳ таолоро дурӯғ ангорад ва аз он рӯ бигардонад? Ба зудӣ касонеро, ки аз оёти Мо рӯ мегардонанд, ба сазои он ки [ба каломи илоҳӣ] пушт мекарданд, ба азоби сахт [-у дардовар] муҷозот хоҳем кард

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

هَلْ يَنظُرُونَ إِلَّآ أَن تَأْتِيَهُمُ ٱلْمَلَٰٓئِكَةُ أَوْ يَأْتِىَ رَبُّكَ أَوْ يَأْتِىَ بَعْضُ ءَايَٰتِ رَبِّكَ يَوْمَ يَأْتِى بَعْضُ ءَايَٰتِ رَبِّكَ لَا يَنفَعُ نَفْسًا إِيمَٰنُهَا لَمْ تَكُنْ ءَامَنَتْ مِن قَبْلُ أَوْ كَسَبَتْ فِىٓ إِيمَٰنِهَا خَيْرًا قُلِ ٱنتَظِرُوٓا۟ إِنَّا مُنتَظِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [кофирон] интизори ҷуз ин доранд, ки фариштагон [-и марг] наздашон биёянд ё Парвардигорат [худ барои доварӣ] биояд ё бархе аз нишонаҳои Парвардигорат [дар мавриди қиёмат] фаро расад? Рӯзе, ки бархе аз нишонаҳои Парвардигорат ошкор гардад, имон овардани касе, ки пештар имон наёварда ё бо имонаш хайре ҳосил накарда аст, суде ба ҳолаш надорад. [Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Мунтазир бошед. Бе гумон мо [низ] мунтазирем»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

إِنَّ ٱلَّذِينَ فَرَّقُوا۟ دِينَهُمْ وَكَانُوا۟ شِيَعًا لَّسْتَ مِنْهُمْ فِى شَىْءٍ إِنَّمَآ أَمْرُهُمْ إِلَى ٱللَّهِ ثُمَّ يُنَبِّئُهُم بِمَا كَانُوا۟ يَفْعَلُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар] касоне, ки дини худро пароканда сохтанд ва фирқа-фирқа шуданд, бе тардид туро бо онон коре нест; онон корашон фақат бо Аллоҳ таолост.Онгоҳ [Аллоҳ таоло дар рӯзи қиёмат] аз он чи мекарданд, огоҳашон месозад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

مَن جَآءَ بِٱلْحَسَنَةِ فَلَهُۥ عَشْرُ أَمْثَالِهَا وَمَن جَآءَ بِٱلسَّيِّئَةِ فَلَا يُجْزَىٰٓ إِلَّا مِثْلَهَا وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Дар он рӯз] Ҳар [муъмине] ки кори неке биоварад, даҳ баробараш [подош] хоҳад дошт ва ҳар ки кори баде биоварад, ҷуз монандаш кайфар нахоҳад дид ва ба онон ситам нахоҳад шуд

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ إِنَّنِى هَدَىٰنِى رَبِّىٓ إِلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسْتَقِيمٍ دِينًا قِيَمًا مِّلَّةَ إِبْرَٰهِيمَ حَنِيفًا وَمَا كَانَ مِنَ ٱلْمُشْرِكِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Бе тардид, Парвардигорам маро ба роҳи рост ҳидоят кардааст: дини пойдор [ва] оини Иброҳим, ки ҳақгаро буд ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набуд»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ إِنَّ صَلَاتِى وَنُسُكِى وَمَحْيَاىَ وَمَمَاتِى لِلَّهِ رَبِّ ٱلْعَٰلَمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Бе тардид, намозам ва қурбониҳои ман ва зиндагӣ ва маргам ҳама барои Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

لَا شَرِيكَ لَهُۥ وَبِذَٰلِكَ أُمِرْتُ وَأَنَا۠ أَوَّلُ ٱلْمُسْلِمِينَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation Center[Ҳам Ӯ ки] Шарике надорад ва ба ин [яктопарастӣ холисона] дастур ёфтаам ва ман нахустин мусулмон аз ин қавм ҳастам»

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

قُلْ أَغَيْرَ ٱللَّهِ أَبْغِى رَبًّا وَهُوَ رَبُّ كُلِّ شَىْءٍ وَلَا تَكْسِبُ كُلُّ نَفْسٍ إِلَّا عَلَيْهَا وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرَىٰ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّكُم مَّرْجِعُكُمْ فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمْ فِيهِ تَخْتَلِفُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterБигӯ: «Оё ба ҷуз Аллоҳи мутаол парвардигореро биҷӯем ва ҳол он ки Ӯ Парвардигори ҳама чиз аст? Ва ҳеҷ касе [кори ношоистае] анҷом намедиҳад, магар он ки [бори гуноҳаш] бар худи ӯст ва ҳеҷ гунаҳгоре бори [гуноҳи] дигареро ба дӯш намекашад. Сипас бозгашти [ҳамаи] шумо ба сӯйи Парвардигоратон аст. Он гоҳ [дар рӯзи қиёмат, аз ҳақиқати] он чи дар он ихтилоф доштед, огоҳатон месозад

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

وَهُوَ ٱلَّذِى جَعَلَكُمْ خَلَٰٓئِفَ ٱلْأَرْضِ وَرَفَعَ بَعْضَكُمْ فَوْقَ بَعْضٍ دَرَجَٰتٍ لِّيَبْلُوَكُمْ فِى مَآ ءَاتَىٰكُمْ إِنَّ رَبَّكَ سَرِيعُ ٱلْعِقَابِ وَإِنَّهُۥ لَغَفُورٌ رَّحِيمٌۢ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Ӯст, ки шуморо ҷойнишини [пешиниён дар] замин қарор дод ва дараҷоти бархе аз шуморо [дар офариниш ва сарват] бар бархи дигар бартарӣ дод, то [ба василаи] он чи ба шумо додааст, озмоишатон кунад. Бе тардид, Парвардигорат зудкайфар аст ва яқинан Ӯ бисёр омурзанда [ва] меҳрубон аст

Ҳамаи тарҷумаҳои ин оятро бинед →

Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70