caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-An'aam, ояти 99

Макка · тартиби нузул 55 · 6:99

وَهُوَ ٱلَّذِىٓ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً فَأَخْرَجْنَا بِهِۦ نَبَاتَ كُلِّ شَىْءٍ فَأَخْرَجْنَا مِنْهُ خَضِرًا نُّخْرِجُ مِنْهُ حَبًّا مُّتَرَاكِبًا وَمِنَ ٱلنَّخْلِ مِن طَلْعِهَا قِنْوَانٌ دَانِيَةٌ وَجَنَّٰتٍ مِّنْ أَعْنَابٍ وَٱلزَّيْتُونَ وَٱلرُّمَّانَ مُشْتَبِهًا وَغَيْرَ مُتَشَٰبِهٍ ٱنظُرُوٓا۟ إِلَىٰ ثَمَرِهِۦٓ إِذَآ أَثْمَرَ وَيَنْعِهِۦٓ إِنَّ فِى ذَٰلِكُمْ لَـَٔايَٰتٍ لِّقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа Ӯст, ки аз осмон обе фурӯ рехт ва аз он [борон] ҳар гуна рӯйидание баровардем ва аз он [низ ҳар кишту гиёҳи] сабзеро рӯёнидем, [ки] аз он [гиёҳҳо низ барои тағзияи шумо] донаҳои мутарокиме [ҳамчун гандуму ҷав] падид меоварем ва [ҳамчунин] аз шукуфтаи нахл хӯшаҳои наздик ба якдигар [рӯёнидем] ва боғҳое аз ангур ва зайтуну анор [офаридем меваҳое, ки] бархе ҳаммонанд ва бархе ноҳаммонанд ҳастанд. Вақте ба бор нишаст ба меваҳои он ва [тарзи] расиданаш бингаред. Дар ин [офариниш] барои мардуме, ки имон доранд, нишонаҳои [равшану қудрати илоҳӣ] аст
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70