caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-An'aam, ояти 152

Макка · тартиби нузул 55 · 6:152

وَلَا تَقْرَبُوا۟ مَالَ ٱلْيَتِيمِ إِلَّا بِٱلَّتِى هِىَ أَحْسَنُ حَتَّىٰ يَبْلُغَ أَشُدَّهُۥ وَأَوْفُوا۟ ٱلْكَيْلَ وَٱلْمِيزَانَ بِٱلْقِسْطِ لَا نُكَلِّفُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا وَإِذَا قُلْتُمْ فَٱعْدِلُوا۟ وَلَوْ كَانَ ذَا قُرْبَىٰ وَبِعَهْدِ ٱللَّهِ أَوْفُوا۟ ذَٰلِكُمْ وَصَّىٰكُم بِهِۦ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterВа ба моли ятим наздик нашавед, магар ба беҳтарин шакл [ки ба суду салоҳи ӯ бошад], то ба синни [булуғ ва] рушди худ бирасад ва [санҷиши] паймона ва тарозуро ба адолат комил кунед.Мо ҳеҷ касеро ҷуз ба андозаи тавонаш мукаллаф намесозем ва ҳангоме ки сухан мегӯед [ё гувоҳӣ медиҳед], пас, адолатро риоя кунед, ҳарчанд, [дар бораи] хешованд бошад ва ба аҳду паймони Аллоҳ таоло вафо кунед. Ин аст [он чи Аллоҳ таоло] шуморо ба [пайравӣ аз] он супориш кардааст, бошад, ки панд гиред
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70