caseriqҶустуҷӯи маъноӣ дар Қуръон

Сураи Al-An'aam, ояти 158

Макка · тартиби нузул 55 · 6:158

هَلْ يَنظُرُونَ إِلَّآ أَن تَأْتِيَهُمُ ٱلْمَلَٰٓئِكَةُ أَوْ يَأْتِىَ رَبُّكَ أَوْ يَأْتِىَ بَعْضُ ءَايَٰتِ رَبِّكَ يَوْمَ يَأْتِى بَعْضُ ءَايَٰتِ رَبِّكَ لَا يَنفَعُ نَفْسًا إِيمَٰنُهَا لَمْ تَكُنْ ءَامَنَتْ مِن قَبْلُ أَوْ كَسَبَتْ فِىٓ إِيمَٰنِهَا خَيْرًا قُلِ ٱنتَظِرُوٓا۟ إِنَّا مُنتَظِرُونَ

Tajiki Translation - Rowwad Translation CenterОё [кофирон] интизори ҷуз ин доранд, ки фариштагон [-и марг] наздашон биёянд ё Парвардигорат [худ барои доварӣ] биояд ё бархе аз нишонаҳои Парвардигорат [дар мавриди қиёмат] фаро расад? Рӯзе, ки бархе аз нишонаҳои Парвардигорат ошкор гардад, имон овардани касе, ки пештар имон наёварда ё бо имонаш хайре ҳосил накарда аст, суде ба ҳолаш надорад. [Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Мунтазир бошед. Бе гумон мо [низ] мунтазирем»
Мавзӯъе меҷӯед? Ҷустуҷӯи маъноиро санҷед — саволи шумо дар 6236 оят ҷустуҷӯ мешавад.
Забон — 70